About the article

Author :

جماعة من العلماء

Date :

Thu, Aug 25 2016

Category :

Doctrine & Sects

Download

Баъзе дуъоҳои ихтиёр шуда ки бар, беморон хонда мешаванд, аз Қурону Суннат ва одоби хондани онҳо


Баъзе дуъоҳои ихтиёр шуда ки бар, беморон хонда мешаванд, аз Қурону Суннат ва одоби хондани онҳо
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [

2011 - 1432
 


﴿ الرقية الشرعية ﴾
« باللغة الطاجيكية »

2011 - 1432
 
 

 
Баъзе дуъоҳои ихтиёр шуда ки бар, беморон хонда мешаванд, аз Қурону Суннат ва одоби хондани онҳо
                               
 Касе, ки дар иртибот бо суннат ва қавонини Илоҳӣ ба андеша мепардозад дар меёбад, ки мавриди озмоиш воқеъ шудан ё ибтилои яке аз суннатҳои муқаддари Худованд аст, зеро мефармояд:
ﭽ ﭠ  ﭡ  ﭢ  ﭣ  ﭤ   ﭥ  ﭦ  ﭧ  ﭨ  ﭩﭪ  ﭫ   ﭬ    ﭭ  ﭼ البقرة: ١٥٥
 “Қатъан шуморо бо порае аз умур монанди тарс ва гуруснагӣ ва зиёни молӣ ва ҷонӣ ва камбуди мева (маводи ғизоӣ) мавриди озмоиш қарор медиҳем ва ба собирон мужда бидеҳ”. (Ал Бақара 155)
Касоне, ки дар гумонанд инсонҳои солеҳ ва парҳезкор аз ибтило дур ва масун мемонанд дар иштибоҳанд, зеро мавриди озмоиш қарор гирифтан нишонаи имон аст, зеро аз Расулаллоҳ (с) суол шуда, ки “Кадом инсонҳо бештар мавриди ибтило қарор мегиранд?” Ў посух дод:
 “Паёмбарон ва пас аз эшон солеҳон ва пас аз онҳо касоне, ки бештар ба эшон наздиканд”.
Ҳар кас ба андозаи мизони диндориаш мавриди озмоиш қарор мегирад. Агар дар дини ў устуворӣ бошад, ба мизони озмоиши ў афзуда мегардад ва агар дар диндории ў заъф ва нармӣ бошад, аз он коста мешавад. Дар воқеъ, ибтило аломати муҳаббати Худованд дар мавриди бандаи худаш аст.
Расулаллоҳ (с) фармудаанд: “Худованд ҳаргоҳ миллатеро дўст бидорад, ононро мавриди ибтило қарор медиҳад”.
Ҳамчунин бало ва ибтило нишонаи он аст, ки Худованд ба бандааш иродаи хайр дорад, зеро Расули Худо (с) фармудаанд: “Агар Худованд нисбат ба бандааш иродаи хайр дошта бошад, зудтар ўро дар дунё дучори муҷозот ва уқубат менамояд ва дар сурате, ки нисбат ба ў иродаи шарр дошта бошад, ўро бо гуноҳонаш ба ҳоли худ мегузорад, то дар қиёмат ба тамом ва камол муҷозот кунад” (Тирмизи).
Бало ва ибтило ҳарчанд андак ва кам бошанд, сабаби маҳви гуноҳонанд. Расули гиромии Ислом (с) мефармояд: “Ҳеҷ мусулмоне нест, ки ба хотири фуру рафтани хор ё бештар аз он дучори азият ва дард шавад, магар ин ки Худованд ҳамчун резиши барги дарахтон онҳоро сабаби резиши гуноҳонаш мегардонад” (мутафақун алайҳи). Ин ба он хотир аст, ки агар он инсон мусулмони солеҳ бошад, бало ва ибтило сабаби пок шудани гуноҳони гузашта ё баланд гардидани мартабааш мешавад, ва дар сурате, ки гуноҳкор бошад, каффораи гуноҳонаш мешавад ва ўро ба аҳамияти он ёдоварӣ менамояд. Ҳамон гуна, ки Худованд мефармояд:
ﭽ ﯾ  ﯿ        ﰀ  ﰁ    ﰂ  ﰃ  ﰄ               ﰅ  ﰆ   ﰇ       ﰈ  ﰉ   ﰊ  ﰋ  ﰌ  ﰍ   ﭼ الروم: ٤١
 “Фасод ва табоҳӣ дар хушкӣ ва дарё бар асари амалкарди (нописанд) мардум падид омада аст”.
Бало ва ибтило бар ду гунаанд: Яке озмоиш аз тариқи хайр аст, монанди афзоиши сарват ва сармоя. Дувум озмоиш ба василаи шарр ва бадӣ аст, монандӣ гуруснагӣ ва мушкилоти молӣ.
 Худованди мутаъол мефармояд:
ﭽ ﯿ  ﰀ  ﰁ  ﰂﰃ  ﰆ   ﭼ الأنبياء: ٣٥
 “Мо шуморо ба василаи мубтало кардан ба хайр ва шарр меозмоем”.
Ҳамчунин гоҳе бало ва ибтило аз тариқи беморӣ ва марг аст, ки муҳимтарин омили онҳо чашмзанӣ ва ҷодугарӣ ношӣ аз ҳасадварзӣ аст, зеро аз Расулаллоҳ (с) ривоят шуда, ки: “Баъд аз қазо ва қадари Худованд яке аз авомили марги уммати ман чашми бад аст” (Таёлиси).
Ҷилавгирӣ (пешгирӣ). Лозим аст бо васоили ҷилавгирӣ аз чашмзадагӣ ва ҷодугарӣ қабл аз воқеъ шудани онҳо ошно шавем, ва онҳоро ба кор бигирем, зеро ҷилавгирӣ аз муолиҷа беҳтар аст. Ҷилавгирӣ аз онҳо ба васоили мухталифи бисёре аст, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:
Қави сохтани нафс ба василаи тавҳид ва имон ба ин ҳақиқат, ки дахолат ва тасмимгири дар низоми ҳастӣ танҳо кори Худованд аст ва ҳамчунин иқдом ба умури нек ва писандида зарурат дорад.
Гумони нек аз Худованд ва таваккал бар у, ва ба хотири ҳар гуна чашми бад ва пешоянде гумон накунад, ки бемор мегардад, зеро ваҳму хаёл худ навъе беморӣ аст .
Ҳар гоҳ касе бар ҳасад ва чашми бад доштан шўҳрат дошта бошад бояд аз боби парҳез аз сабабҳо ва василаҳо  аз ў парҳез карда шавад, на аз рўи тарсу ҳарос.
Зикри Худованд ва қудрати Худованд дар мавриде, ки чизи ҳайратовареро мебинад, зарур аст. Зеро расули Худо (с) мефармояд: “Ва табрик монанди ин гуфта: "Боракаллоҳу лак", на ин ки бигўяд: Таборакаллоҳу”.
Ҳар гоҳ яке аз шумо дар мавриди нафси худ ё дороии бародари диниатон чизеро дидед, "Мошоаллоҳ" гуфта, онро табрик гўяд, зеро захми чашм ҳақиқат дорад, яъне бигўяд: Худованд онро бароят муборак бигардонад.
Яке аз сабабҳои пешгири аз чашми бад оғоз кардани рўз бо ҳафт дона хурмои Аҷваҳ аз боғҳои хурмои  Мадинаи Мунаввара аст, мебошад.
Рўйоварӣ ба Худованд ва таваккал ва гумони нек аз у ва паноҳ бурдан аз чашми бад ва ҷодугарӣ ва иқдом ба зикр ва паноҳ бурдан аз бадиҳо бо хондани дуъоҳо дар ҳар бомдод ва шомгоҳ . Он зикру дуоҳо ба хости Худованд таъсир доранд.
Имон ба ин ки ҳар чи дар он омада, ҳақ асту ҳақиқат дорад ва бо иродаи Худованд муфид воқеъ мегардад.
Онро ба забон биёварад ё ба он гўш фаро бидиҳад ва дилро ба он биспорад, зеро онҳо дуо ҳастанд ва бинобар ривоёт дуои дили ғофил пазируфта намешавад.
Замони зикр ва дуъоҳо. Зикр ва авроди субҳгоҳро баъд аз намози бомдод ва авроди баъд аз зўҳрро баъд аз намози аср бояд хонд. Ҳар гоҳ мусулмоне онҳоро фаромўш кард ё ба коре машғул буд, ҳар гоҳ ба ёд овард, онҳоро бигўяд.                                                                             
Аломатҳои мубтало шудан ба чашми бад ва ғайра. Миёни кори пизишкӣ ва дуъохонии шаръӣ зидияте вуҷуд надорад, зеро Қуръон барои беҳбудии бемориҳои чашмӣ шифо дорад ва ҳам барои бемориҳои рўҳӣ ва маънавӣ, аммо ҳаргоҳ инсон аз бемориҳои чашмӣ солим бошад, пешомдаҳо гоҳе ба василаи садо ва сардардиҳо нобаҳангом, зардии чеҳра, арақ ва идрори бисёр, камиштиҳоӣ, беҳолӣ ё таб ва ларза, тапиши қалб, дарду аламе, ки дар қисмати поёнии шонаҳо ва пушт нақлу интиқол меёбад. Андўҳу ғам, хастагӣ ва кўфтагии шабона, феъл ва кирдорҳои аз тарс ба вуҷудомада, бепарвоию ғофилии аз ҳад зиёд, афсурдагӣ, гўшагирӣ, танбалӣ ва афсурдагии алоқа ба хобидан ва мушкилоту аворизи дигар, ки аз назари пизишкӣ ғолибан асбоби онҳо шинохташуда нест ва гоҳе бо таваҷҷўҳ ба шиддату заъфи беморӣ он алоим вуҷуд дорад.
Инсони мусулмон бояд аз имони устувор ва қалби қавӣ бархурдор бошад, ки васвасаҳо ба он роҳ пайдо накунад ва танҳо бо эҳсоси яке аз авориз (нишонаҳо) худро бемор гумон набарад, зеро муолиҷаи бемории хаёлпардозӣ худ кори бисёр сахт ва печида аст, зеро гоҳе баъзе ашхос дар ҳоле, ки солиманд, яке аз он пешомадҳо дар онҳо вуҷуд дорад ва мумкин аст бемории эшон бемории чашмӣ бошад, гоҳе мумкин пешомадҳое монанди афсурдагӣ ва андўҳ, беҳолӣ нишонаҳои заъфи имон бошад. Дар ин лозим аст чигунагии иртиботи худро бо Худованд мавриди баррасӣ ва бозбинӣ қарор бидиҳад.
Дар сурате, ки беморӣ аз чашми бад бошад бо хости Худованд аз ду роҳ метавон онро муолиҷа кард:
1. Агар чашмзананда шинохта шавад, ба ў гуфта мешавад, ки ғусл кунад ва чашмзадашуда бо оби он ё бо миқдоре аз он об ғусл кунад.
2. Агар чашмзананда шинохташуда набуд, аз тариқи дуо ва ҳиҷомат бояд ба муолиҷаи он пардохт.
Аммо агар беморӣ бар асари сеҳр ҳосил шуда бошад, муолиҷаи он бо хости Худованд аз яке аз роҳҳои зер мумкин хоҳад буд:
1. Агар маҳали сеҳрро медонист ва онро ёфт, дар ҳоле ки ду сураи маъузатайн (Фалақ ва Нос)-ро мехонад, гиреҳҳои онро бикушояд ва сипас онро бисўзонад.
2. Аз тариқи  таъвизи шаръӣ ва оёти Қуръон ба вижа ду сураи маъузатайн ва Бақара ва дуоҳое, ки дар поён хоҳад омад, барои муолиҷаи он талош намояд.
3. Ботил кардани чоду ду навъ аст:
А) Навъе аз он ки ботил гардонидани сеҳр ба василаи сеҳр ва рафтан ба назди соҳирон барои боз ва ботил намудани он аст,  ки ҳаром мебошад.
Б) Навъи дигар раво мебошад, монанди пайдо намудани ҳафт дона барг аз дарахти сидр ва куфтани миёни ду санг ва сипас хондани сураҳои “Алкофирун”, “Алихлос”, “Алфалақ”, ва-“Нос” се бори ва сипас гузоштани он дар об ва баъд аз он нўшидан ва ғусл кардан аз он, ва ин корро чанд бор то шифо пайдо кардан ба хости Худованд ба чо биёрад (Абдурраззоқ дар китоби «Мусанниф»).
4. Берун сохтани сеҳр аз роҳи хўрдани маводи исҳоловар, агар сеҳр дар шикам қарор дошта бошад ва агар дар қисматҳои дигар бошад аз тариқи ҳиҷомат  (навъи хун гирифтан) барои муолиҷаи он иқдом шавад.
Шартҳои дуъохони (дуои шаръӣ) иборатанд аз:
1. Ба василаи номҳо ва сифатҳои Худованд бошад.
2. Ба василаи забони арабӣ ё забони фаҳмо анҷом шавад. 3. Ин эътиқод, ки дуъохони дар зоти худ таъсирбахш нест ва шифои ин беморӣ бо хост ва иродаи Худованд аст.
Шартҳое ки дуъохон бояд дорои он бошад:
1. Мустаҳаб аст, ки дуъохон мусалмони солеҳу парҳезкор бошад, зеро ба ҳар мизоне, ки парҳезкор бошад, таъсири кори ў бештар хоҳад буд.
2. Ба ҳангоми иқдом ба дуъохони содиқона ба сўйи Худованд рўй биоварад, ба гунае ки қалб ва забони ў як шаванд. Аммо беҳтар он аст, ки ҳар кас барои худ иқдом ба дуъохони намояд, зеро дигарон ғолибан қалбашон ба чизи дигар машғул аст ва ҳеҷ кас ба андозаи худи ў мушкил ва ниёзмандии ўро эҳсос намекунад ва Худованд худ иҷобати дуои ниёзмандонро ваъда дода аст.

Шартҳои беморе ки дуъо хонда мешавад:
1. Мустаҳаб аст, ки муъмин ва солеҳ бошад ва мизони таъсири он ва қуввату заъфи имон ва парҳезкорӣ дар иртибот аст. Худованди мутаъол мефармояд: “Ва аз Қуръон, он чи шифо ва раҳмат аст, барои муъминон нозил мекунем ва ситамгаронро ҷуз хусрон (ва зиён) намеафзояд”.
2. Рўй овардани содиқона ба пешгоҳи Худованд ва талаби шифо аз ҷониби у.
3. Дар ба таъхир афтодани шифо ва беҳбудӣ изҳори гиламандӣ накунад, зеро таъвиз дуост ва чунончӣ дар мавриди шифо аҷала кунад, мумкин аст ҳеҷ гоҳ дуои ў пазируфта нашавад. Расулаллоҳ (с) фармудаанд: “Чунончӣ аҷала накунед дуъоятон мустаҷоб мешавад, нагўед дуъо намудем, аммо мавриди қабул воқеъ нашуд.”
Дуъохони дорои равишҳое аст, ки иборатанд аз:
1. Хондани дуъоҳо ҳамроҳ бо дамидан.
2. Хондани дуъоҳо бидуни дамидан.
3. Гирифтани оби даҳон ба василаи ангушт ва омехтани он бо хок ва сипас молидани он бар рўи маҳалли дард.
4. Хондани дуъоҳо бо молидан бар рўи маҳалли дард.

Оятҳо ва ҳадисҳое, ки ба василаи онҳо барои бемор дуъо хонда  мешавад иборатанд аз:

Сура
Ва
оят    Оятҳои Қурон    Оятҳо бо хати тоҷики    Тарҷума
Сураи Бақара
Ояти 255    ﮣ  ﮤ  ﮥ  ﮦ   ﮧ   ﮨ  ﮩﮪ  ﮫ  ﮬ  ﮭ  ﮮ  ﮯﮰ  ﮱ  ﯓ  ﯔ  ﯕ  ﯖ     ﯗ  ﯘﯙ  ﯚ  ﯛ  ﯜ  ﯝ  ﯞ  ﯟ   ﯠﯡ  ﯢ  ﯣ  ﯤ   ﯥ  ﯦ  ﯧﯨ  ﯩ  ﯪ  ﯫ  ﯬ  ﯭ  ﯮ    ﯯ    ﯰﯱ  ﯲ  ﯳ           ﯴ  ﯵﯶ  ﯷ     ﯸ     ﯹﯺ   ﯻ  ﯼ   ﯽ  ﯾ    Аллоҳу ла илоҳа иллa ҳувал ҳаюул қайюм ла тахузуҳу синатун ва ла наумун лаҳу ма фис самавати ва ма филь арзи ман заллази яшфаъу ъиндаҳу илла биизниҳи яъламу ма байна айдиҳим ва ма хальфаҳум ва ла .ҳитуна бишайим мин ъилмиҳи илла бима шаа васиъа курси.ҳ ус самавати валь-арза ва ла  яудуҳу ҳифзуҳума ва ҳувал ъали.ль ъазим    Нест маъбуде чуз Худо, Худое ки ҳамеша зинда аст, ва тадбир кунандаи олам аст, муназаҳ аз хобу пинак аст. Аз уст ончи дар осмону замин аст, кист  онеки шафоъат кунад назди у магар ба ҳукми у.
Медонад ончиро ки дар гузашта ва ояндаи мардумон аст.
Касе аз мардум наметавонанд чизеро бидонанд магар бо хости Худованд.
Фаро гирифтааст подшоҳии у осмонҳо ва заминро ва мушкил ҳам нест бар зоти пок у ки осмону заминро нигаҳбон бошад, ва у баланд мартабаву бузург аст.

 

 

 

 

 

 

 

 


Сураи Бақара ояти
285-286    ﮗ  ﮘ  ﮙ  ﮚ   ﮛ   ﮜ  ﮝ  ﮞﮟ  ﮠ      ﮡ  ﮢ  ﮣ  ﮤ   ﮥ  ﮦ  ﮧ  ﮨ  ﮩ  ﮪ  ﮫﮬ  ﮭ  ﮮ   ﮯﮰ  ﮱ  ﯓ  ﯔ  ﯕ  ﯖ  ﯗ  ﯘ   ﯙ  ﯚ  ﯛ  ﯜﯝ  ﯞ  ﯟ  ﯠ  ﯡ  ﯢ  ﯣﯤ   ﯥ  ﯦ  ﯧ  ﯨ    ﯩ  ﯪ  ﯫﯬ  ﯭ  ﯮ  ﯯ   ﯰ   ﯱ  ﯲ    ﯳ    ﯴ  ﯵ  ﯶ  ﯷﯸ  ﯹ  ﯺ   ﯻ  ﯼ  ﯽ    ﯾ  ﯿ  ﰀﰁ  ﰂ  ﰃ  ﰄ   ﰅ  ﰆﰇ   ﰈ  ﰉ  ﰊ  ﰋ  ﰌ  ﰍ    Ааманар-расулу бима унзила илайҳи мин раббиҳи вал муъминуна, куллун амана биллаҳи ва малаикатиҳи ва кутубиҳи ва русулиҳи, ла нуфариқу байна аҳадин мин русулиҳи, ва қолу самиъна ва атаъно ғуфронака роббана ва илайкал масир. Ла юкаллифуллоҳу нафсан илла вусъаҳа лаҳа ма касабат ва ъалайҳи  мактасабат, раббана ла туахизна ин насийна ав ахтаъна, раббана ва ла таҳмил ъалайна исран кама ҳамалтаҳу алал-лазина мин қаблина раббана ва ла туҳаммилна ма ла
Тақата лана биҳи, фаъфу ъанна вағфирлана варҳамна, анта мавлана фансурна ъалал -қавмил кафирин    Паёмбар худ ба он чӣ аз ҷониби Парвардигораш ба ӯ нозил шуда, имон дорад. Ва ҳамаи мӯъминон ба Худову фариштагонаш ва китобҳояш ва паёмбаронаш имон доранд. Миёни ҳеҷ як паёмбаронаш фарқе намениҳем. Гуфтанд: «Шунидем ва итоъат кардем, эй Парвардигори мо, омурзиши туро хосторем, ки бозгашти ҳама ба сӯи туст!»
Худо ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тоқаташ амр намекунад. Некиҳои ҳар кас аз они худи уст ва бадиҳояш аз они худи ӯст. «Эй Парвардигори мо, агар фаромӯш кардаем ё хатое кардаем, моро бозхост макун! Эй Парвардигори мо, он гуна ки бар умматҳои пеш аз мо таклифи вазнин ниҳодӣ, таклифи вазнин бар мо манеҳ ва он чиро, ки тоқати он надорем, бар мо таклиф макун! Гуноҳони моро бубахш ва моро биёмурз ва бар мо раҳмат овар! Ту сарвари мо хастӣ. Пас моро бар гурӯҳи кофирон ғолиб гардон!»

Сураи Аъроф ояти
117-119    ﯫ  ﯬ  ﯭ  ﯮ  ﯯ  ﯰﯱ  ﯲ  ﯳ  ﯴ  ﯵ   ﯶ  ﯷ  ﯸ  ﯹ  ﯺ  ﯻ  ﯼ          ﯽ  ﯾ  ﯿ   ﰀ  ﰁ   ﰂ    Ва авҳайна ило Мусо ан алқи ъасока фаизо ҳия талқафу ма яъфикун.
Фавақаъал ҳақу ва батала мо кану яъмалун.
Фағулибу ҳуналика ванқалабу соғирин.                           “Мо ба Мусо ваҳй кардем, ки “Асои худро бияфкан!” Ногаҳон ба сурати мори азиме даромад, ки васоили дурўғини онҳоро ба суръат бармегирифт. (Дар ин ҳангом) ҳақ ошкор шуд ва он чи онҳо сохта буданд, ботил шуд ва дар он ҷо (ҳамагӣ) мағлуб шуданд ва хору кўчак гаштанд”.

Сураи Нисо ояти
54    ﭩ   ﭪ  ﭫ   ﭬ  ﭭ  ﭮ  ﭯ  ﭰ  ﭱﭲ    Ам яҳсудунан-наса ъала ма атаҳумул-Лоҳу мин фазлиҳи    Оё ҳасад мебаранд бар мардумон,(бар Муҳаммад (с) бар он паёмбарие ки Худованд бар онон додааст аз фазлу карами худ
Сураи Шуъаро ояти
 80    ﯰ  ﯱ  ﯲ  ﯳ    Ва изо маризту фаҳува яшфини    Ва ҳаргоҳ ки мариз шудам пас уст ки манро шифо мебахшад
Сураи Тавба ояти
14    ﭘ  ﭙ  ﭚﭛ    Ва яшфи судура қавми муъминин    Ва шифо мебахшад дилҳои муъминонро
Сураи Тоҳо ояти
 65 то  69
    ﭑ  ﭒ  ﭓ    ﭔ  ﭕ  ﭖ   ﭗ  ﭘ  ﭙ  ﭚ  ﭛ  ﭜ  ﭝ   ﭞ   ﭟﭠ  ﭡ  ﭢ  ﭣ  ﭤ  ﭥ  ﭦ  ﭧ  ﭨ  ﭩ   ﭪ  ﭫ  ﭬ  ﭭ  ﭮ  ﭯ  ﭰ  ﭱ  ﭲ  ﭳ  ﭴ       ﭵ  ﭶ     ﭷ  ﭸ  ﭹ  ﭺ  ﭻ  ﭼ  ﭽ  ﭾﭿ  ﮀ   ﮁ   ﮂ           ﮃﮄ  ﮅ   ﮆ  ﮇ           ﮈ  ﮉ    Қолу яа Мусо иммо ан тулқия ва иммо ан накуна аввала ман алқа.
Қола бал алқу, фаизо ҳиболуҳум ва ъисиюҳум юхаялу илайҳи мин сеҳриҳим аннаҳа тасъа.
Фа,авчаса фи нафсиҳи хифатан Муса.
Қулна ла тахаф иннака анта л аъла.
Ва алқи мо фи яминика талқафу мо санаъу, иннама санаъу кайду соҳирин, ва ла юфлиҳу с соҳиру ҳайсу ата    “(Соҳирон) гуфтанд: “Эй Мусо! Оё ту аввал (асои худро) меафкани, ё мо касоне бошем, ки аввал бияфканем?!” Дар ин ҳангом танобҳо ва асоҳои онон бар асари сеҳрашон чунон ба назар мерасид, ки ҳаракат мекунанд! Мусо тарси хафифе дар дил эҳсос кард ки(мабодо мардум гумроҳ шаванд)! Гуфтем: “Натарс! Ту мусаламан (пирўз ва) бартари! Ва он чиро дар дасти рост дори, бияфкан, тамоми он чиро сохтаанд мебалъид! Он чи сохтаанд танҳо макри соҳир аст ва соҳир ҳар ҷо равад, растагор нахоҳад шуд!”.

Сураи    Исро ояти 82
    ﮤ  ﮥ  ﮦ  ﮧ  ﮨ  ﮩ   ﮪ  ﮫﮬ  ﮭ  ﮮ  ﮯ  ﮰ    ﮱ    Ва нуназилу минал қурони ма ҳува шифоун ва раҳматун лилмуъминина ва ла язиди золимина илла хасоро    “Ва аз Қуръон он чӣ шифо ва раҳмат аст барои мўъминон нозил мекунем ва ситамгоронро ҷуз хусрон (ва зиён) намеафзояд”.
Сураи Фусилат ояти 44
    ﯢ  ﯣ  ﯤ  ﯥ  ﯦ  ﯧ    Қул ҳува лилазина оману ҳудан ва шифоун    “Бигў: “Ин (китоб) барои касоне, ки имон овардаанд, ҳидоят ва дармон аст”.
Сураи Ҳашр ояти 21
    ﮉ  ﮊ  ﮋ   ﮌ  ﮍ  ﮎ  ﮏ  ﮐ  ﮑ  ﮒ  ﮓ     ﮔﮕ    Лав анзално ҳазал қурона ъала чабалин ларайтаҳу хошиъан мутасаддиъан мин хашятил лаҳ    “Агар ин Қуръонро бар кўҳе нозил мекардем, медидӣ, ки дар баробари он хошеъ мешуд ва аз хавфи Худо мешикофт”.

Сураи Мулк ояти 3
    ﭶ  ﭷ           ﭸ  ﭹ  ﭺ  ﭻ    Фарчиъил басара ҳал таро мин футур    Ду бора бингар (ба осмон) оё мебини дар он ҳеч рахнае (ё шикастагиеро?)
Сураи Қалам ояти 51                                       ﮜ  ﮝ  ﮞ  ﮟ        ﮠ  ﮡ   ﮢ  ﮣ  ﮤ          ﮥ  ﮦ     ﮧ    Ва ин якадул лазина кафару лаюзлиқунака биабсориҳим ламма самиъу зикра ва яқулуна инаҳу ламачнун    “Наздик аст кофирон ҳангоме, ки оёти Қуръонро мешунаванд, бо чашмзахми худ туро аз байн бибаранд ва мегўянд: “Ў девона аст!”.
Сураи Тавба ояти 26    ﯙ  ﯚ  ﯛ  ﯜ   ﯝ  ﯞ  ﯟ  ﯠ  ﯡ  ﯢ  ﯣ  ﯤ    Сумма анзалаллоҳу сакинатаҳу ъала расулиҳи ва ъалал муъминина ва анзала чунудан лам таравҳа    Боз фиристод Худованд таскину оромии худро бар паёмбари худ ва бар муъминон ва фиристод ба мадади шумо лашкарҳоеро ки онҳоро шумо надидед

Сураи Фатҳ ояти 26
    ﮛ  ﮜ  ﮝ   ﮞ  ﮟ  ﮠ  ﮡ  ﮢ  ﮣ  ﮤ   ﮥ  ﮦ  ﮧ   ﮨﮩ    Фа анзалаллоҳу сакинатаҳу ъала расулиҳи ва ъалал муъминина ва алзамаҳум калимата тақва ва кану аҳаққа биҳа ва аҳлаҳа    Худованд итминону оромиро дар қалби паёмбару муъминон нозил кард ва собит кард бар онҳо сухани парҳезгориро (ки калимаи шаҳодат аст) ва онҳо сазовори он калима буданд.

 

Сураи Фатҳ ояти 18
    ﮏ  ﮐ  ﮑ  ﮒ   ﮓ  ﮔ  ﮕ  ﮖ  ﮗ  ﮘ  ﮙ  ﮚ  ﮛ   ﮜ  ﮝ  ﮞ  ﮟ  ﮠ  ﮡ    Лақад разияллоҳу ъанил муъминина из юбойъунака таҳта шачарати фаъалима ма фи қулубиҳим фа анзала сакината ъалайҳим ва асобаҳум фатҳан қариба    Бе шубҳа Худованд рози шуд аз муъминон ҳангоме ки бо ту дар зери дарахт байъат карданд.
Донист Худо ончиро ки дар дилҳои муъминон аст (аз вафо ва садоқат) пас фуруд овард итминону оромиро дар дилҳояшон ва башорат дод онҳоро ба фатҳу ғалабаи наздике.

Сураи Фатҳ ояти 4
    ﭬ  ﭭ    ﭮ  ﭯ  ﭰ  ﭱ   ﭲ  ﭳ  ﭴ   ﭵ  ﭶ    Ҳувал лази анзала сакината фи қулубил муъминин лияздоду имаанан  маъа имониҳим    Худованд зотест ки фуруд овард итминону оромишро дар дилҳои муъминон то зиёд шавад имонашон бо имони собиқ.
Сураи Фотиҳа ояти 1то7
    ﭑ       ﭒ  ﭓ  ﭔ  ﭕ   ﭖ  ﭗ  ﭘ  ﭙ  ﭚ   ﭛ  ﭜ  ﭝ  ﭞ  ﭟ    ﭠ  ﭡ   ﭢ  ﭣ  ﭤ  ﭥ  ﭦ  ﭧ   ﭨ  ﭩ  ﭪ  ﭫ  ﭬ  ﭭ   ﭮ  ﭯ  ﭰ  ﭱ   ﭲ  ﭳ  ﭴ    Сураи ФОТИҲА
1 Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон!
2 Ситоиш Худоро, ки Парвардигори ҷаҳониён аст
3 Бахшояндаи меҳрубон
4 Фармонравои рӯзи ҷазо
5 Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёри меҷӯем
6 Моро ба роҳи рост ҳидоят кун
7 Роҳи касоне, ки онҳоро неъмат додаи, на хашмгирифтагонӣ бар онҳо ва на гумроҳон.
 
Сураи Кофирун ояти 1то5

    ﭑ  ﭒ  ﭓ  ﭔ  ﭕ  ﭖ  ﭗ  ﭘ  ﭙ   ﭚ  ﭛ     ﭜ  ﭝ  ﭞ  ﭟ  ﭠ  ﭡ  ﭢ  ﭣ  ﭤ  ﭥ   ﭦ   ﭧ     ﭨ  ﭩ  ﭪ  ﭫ  ﭬ  ﭭ  ﭮ  ﭯ    Сураи КОФИРУН
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1  Бигӯ: «Эй кофирон!
2  Ман чизеро, ки шумо мепарастед, намепарастам
3  Ва шумо низ чизеро, ки ман мепарастам,намепарастед
4  Ва ман парастандаи чизе, ки шумо мепарастед, нестам
5  Ва шумо парастандаи чизе, ки ман мепарастам, нестед,
6  Шуморо дини худ ва маро дини худ!»

Сураи Ихлос ояти 1то4    ﭑ  ﭒ  ﭓ  ﭔ  ﭕ  ﭖ  ﭗ  ﭘ    ﭙ  ﭚ   ﭛ  ﭜ  ﭝ  ﭞ  ﭟ  ﭠ  ﭡ  ﭢ  ﭣ    Сураи ИХЛОС
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1  Бигӯ: «Ӯст Худои якто,
2  Худое, ки дар ҳоҷат ба Ӯ рӯй кунанд,
3  На зоида аст ва на зоида шуда
4  Ва на ҳеҷ кас ҳамтои Ӯст!»

Сураи Фалақ ояти 1то5    ﭤ  ﭥ  ﭦ  ﭧ  ﭨ  ﭩ  ﭪ   ﭫ  ﭬ  ﭭ  ﭮ   ﭯ  ﭰ  ﭱ  ﭲ  ﭳ  
ﭴ  ﭵ  ﭶ  ﭷ   ﭸ  ﭹ  
ﭺ  ﭻ     ﭼ  ﭽ  ﭾ ﭫ    Сураи Фалақ
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон
1 Бигу (эй Муҳаммад) паноҳ мебарам ба парвардигори субҳ.
2 Аз бадии ҳар чизе ки офаридааст.
3 Аз бадии шаби торик, чун торикияш паҳну мугташир гардад.
4 Ва аз бадии занони ҷодугар, ки (суфу куф мекунанд) дар гиреҳҳо.
5 Ва аз бадии ҳасадхур чун ҳасад кунад.

Сураи Нос ояти 1то5

    ﮀ  ﮁ   ﮂ  ﮃ  ﮄ  ﮅ  ﮆ  ﮇ  ﮈ   ﮉ  ﮊ  ﮋ  ﮌ  ﮍ  ﮎ  ﮏ  ﮐ   ﮑ  ﮒ  ﮓ  ﮔ  ﮕ   ﮖ  ﮗ  ﮘ    Сураи НОС
(мардум)
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1  Бигӯ: «Ба Парвардигори мардум паноҳ мебарам,
2 Фармонравои мардум,
3  Худои мардум,
4   Аз бадиву васвасагари пинҳоншаванда,
5  Он кӣ дар дилҳои мардум васваса мекунад,
6  Хоҳ аз ҷинниён бошад ё аз одамиён!»

Сураи Бақара ояти 137     ﮒ  ﮓ  ﮔﮕ  ﮖ  ﮗ  ﮘ      ﮙ      Фасаякфикаҳумул лоҳу ва ҳувас самиъул ъалим.    Пас зуд бошад ки кифоят кунад Худо бо интиқоми ту (эй Муҳаммад) ононро ва уст шунавову доно.

 

Сураи Аҳқоф ояти 31
    ﭽ ﭹ  ﭺ  ﭻ  ﭼ  ﭽ  ﭾ   ﭿ    ﮀ  ﮁ   ﮂ  ﮃ  ﮄ  ﮅ  ﮆ  ﮇ  ﭼ     Яа қавмана ачибу доъияллоҳи ва омину биҳи яғфир лакум мин зунубикум ва ючиркум мин ъазабин алим.    Эй қавми мо, ин даъваткунанда ба Худоро қабул кунед ва ба ӯ имон биёваред, то Худо гуноҳонатонро бибахшояд ва шуморо аз азобе дардовар дар амон дорад.

Ин чунин барои хондани дуъоҳо аз ривоёти зер истифода мешавад:
أَسْأَلُ اللهَ العَظِيْمَ رَبَّ العَرْشِ العَظِيْمِ أَنْ يَشْفِِيَكَ
“Асалу-уллоҳа ал-азим раба-ал-арши аъзими ан яшфика” - Аз Худованди аъзим Парвардигори Арши бузург мехоҳам, ки туро шифо диҳад (7 бор)..
أُعِيْذُكَ بِكَلِمَاتِ اللهِ التَّامَةِ مِنْ كُلِّ شَيْطَانٍ وَهَامَّةٍ وَمِنْ كُلِّ عَيْنٍ لامَّةٍ
“Уъиpука би калимоти-иллоҳ-иттоммати мин кули шайтони ва ҳомматин ва мин кулли ъайнин ло-амматин” (3 бор).
 
الَّلهُمَّ رَبَّ النَّاسِ أَذْهِبِ البَأسِ اِشْفِ أَنْتَ الشَّافِيْ لا شِفَاءَ إِلا شِفَاؤُكَ شِفَاءً لايُغَادِرُ سَقَمَاً
Аллоҳумма раббан-носи азҳибин-,fъса ишфи анташ-шофии ло шифоа илло шифоука шифоан ло юғадур cақаман” (3 бор)
Бор Худоё! Эй маъбуди мардум ва нобудкунандаи маразҳо, шифо бидеҳ, ки Ту шифодиҳандаӣ. Ҷуз Ту шифодиҳандае нест, шифое, ки маразҳоро боқӣ намегузорад.
الَّلهُمَّ أَذْهِبْ عَنْهُ حَرَّهَا وَبَرْدَهَا وَوَصَبَهَا
“Аллоҳумvа fзҳbби анҳу ҳарраҳо ва бардаҳо ва васабаҳа”.
حَسْبِيَ اللهُ لا إِلَهَ إِلا هُوْ عَلَيْهِ تَوَكَّلْتُ وَهُوَ رَبُّ العَرْشِ العَظِيْمِ
 “Ҳасбияллоҳу ло илоҳа илло ҳува алайҳи таваккалту ва ҳува рабб-ил-арши аъзим” (7 бор)
 
بِسْمِ اللهِ أَرْقِيْكَِ مِنْ كُلِّ دَاءٍ يُؤْذِيْكَِ وَمِنْ شَرِّ كُلِّ نَفْسٍ أَوْ عَيْنِ حَاسِدٍ، اللهُ يَشْفِيْكَِ بِسْمِ اللهِ أَرْقِِيْكَِ
“Бисмиллоҳи арқиика мин кулла доин ювазика ва мин шарри кулла нафсин ав аъйнин ҳосидин аллоҳу яшфику бисмиллоҳи арқиика” (7 бор)
 
Ман шумо ду нафар - Ҳасан ва Ҳусайн (р)-ро ба василаи калимоти комили Аллоҳ аз бадии ҳар шайтон ва ҷонвари заҳрдор ва захми чашм ба ҳифзи Худо месупорам.
Дасти худро ба рўи маҳалли дард қарор диҳад ва се бор бигўяд “Бисмиллоҳӣ” ва ҳафт бор бигўяд:
أَعُوْذُ بِعِزَّةِ اللهِ وَقُدْرَتهِِ مِنْ شَرِّ مَا أَجِدُ وَأُحَاذِرُ  
“Аъузу бииззатиллоҳи ва қудратиҳи мин шарри мо аҷиду ва уҳозиру” - ман ба иззати Худо ва қудраташ паноҳ мебарам аз шарри он чи ба он дучор мешавам ва аз он бим дорам ва метарсам.
Чанд ёддошт:
Чоиз нест рост шумурдани хурофотҳои марбут ба чашмгари бад мисли ин гуё бо нушидани пешоби ў, ё ин ки агар у бимирад гуё асари чашмаш аз байн мерафта бошад … ин гуна хурофотҳо ҳаргиз ҳақиқат надоранд.
Чоиз нест гузоштани туморҳои пустин ё дастбанд ё гарданбанд дар чойҳое ки имкон дорад ки дучори чашми бад гарданд.
Расулаллоҳ (с) мефармояд: “Ҳар касе чизеро бар худ биёвезад сарнавишташ дар ихтиёри он чиз қарор дода мешавад”. Аммо агар оятҳое аз Қуръон бошад дар мавриди он ихтилофи назар вуҷуд дорад ва беҳтар он  аст, ки тарк шавад.
Навиштани ҷумлаҳое монанди: мошоаллоҳ, таборакаллоҳ ё наққошии шамшер, чоқу, чашм ё қарор додани Қуръон дар автомобил ё овехтани оёте аз Қуръон дар манзил аз ҳеҷ кадом чашмкунӣ пешгирӣ намекунанд, ҳатто мумкин аст ҷузъи тилисм ва афсуни ҳаром ба шумор биёянд.
Шахси мариз бояд ба қабули дуъохони мутмаъин бошад ва аз таъхири беҳбудӣ эҳсоси нигаронӣ накунад, зеро агар гоҳе ба бемор гуфта шавад, ки дар тўли умр бояд дору масраф кунӣ, изҳори норизоият намекунад, аммо агар натиҷаи дуъохони ба тўл анҷомад, изҳори норизоият менамояд, дар ҳоле ки дар баробари хондани ҳар ҳарфе аҷру подош дорад ва подоши он даҳ баробар аст. Лозим аст мудом дуъо ва истиғфорашро қатъ накунад ва садақаву эҳсонашро бештар кунад, зеро эҳсон ва садақа ҷузъи умури шифобахш ба шумор меоянд.
 Хондани дастаҷамъӣ бар хилофи суннат аст ва асари он заъиф мебошад. Ҳамчунин басанда кардан ба навори косет кофӣ нест, зеро дар мавриди он ният, ки дар дуъохони шарт аст, таҳақуқ пайдо намекунад, ҳарчанд гўш фаро додан ба он муфид аст. Такрори дуъохони то беҳбудии комил суннат аст, магар ин ки сабаби заҳмат ва машақати мариз шавад, дар ин сурат барои костан аз малол онро кам кунад, аммо такрори оятҳо ва дуъоҳо ба теъдоди мушаххас, ки дар суннат ворид нашуда аст, ҷоиз нест.
 Нишонаҳои бар ин ки дуъохоне ки бо сеҳр сарукор дорад на бо Қуръон вуҷуд дорад, ки ба онҳо ё баъзе аз онҳо истидлол мешавад, ва набояд фиреби диндории зоҳирии ўро хўрд, зеро гоҳе мумкин аст хондани дуъоро бо оятҳое аз Қуръон оғоз кунад, аммо билофосила чизҳои дигареро ҷойгузини он кунад, ҳатто мумкин аст барои фиреб додани мардум мураттаб ба масҷид рафтуомад дошта бошад ва гоҳе дар пеши рўи шумо мудом аҳли зикр ва аврод бошад, бояд ҳушёр буд ва дучори фиреб нашуд.
Бархе нишонаҳои ҷодугарон ва фиребгарон иборатанд аз пурсидани номи бемор ё модари ў, зеро донистан ё надонистани ном дар мавриди муолиҷа чизеро тағйир намедиҳад.  Қитъае аз либоси беморро монанди: пероҳан, жакет… талаб мекунад.  Шояд аз шахси бемор ҳайвон ё парандаеро бо сифати муаян талаб кунад ва уро фармоиш бидиҳад ки он ҳайвон ё парандаро забҳ намояд ба хотири ибодат ва наздик шудан бо шайтонаш,  ва бемор талаб мекунад ки хуни уро дар баданаш бимолад.  Хондани дуоҳо ва тилисмҳои номафҳум ва бемаъно.  Додани саҳифаҳое ба бемор, ки дар он хоначаҳое, ки дар миёни онҳо ҳарфҳо ва рақамҳое навишта шудаанд – ки ҳиҷоб ном доранд.  Беморро ба канорагири аз мардум ва зиндонӣ шудан дар утоқи торик барои муддати мушаххас,  - ки ҳиҷоба ном дорад – водор кардан.  Амр кардан ба бемор, ки муддате аз истеъмоли об худдорӣ кунад.  Додани чизе ба бемор, то онро дар замине дафн кунад ё қоғазеро ба ў бидиҳад, то онро бисўзонад ва аз дуди он ба унвони бухур истифода намояд.  Хабар додан ба бемор аз сифот ва вижагиҳое, ки дигарон аз он хабар надоранд, ё хабар додан аз исм ва маҳали сукунат ва бемории ў пеш аз он ки худи ў чизеро ба забон биёварад.  Хабар додан аз навъи бемории ў аз тариқи телефон ё почта ва … ё билофосила пас аз ворид шудан ба утоқи ў.
Аз назари уламои аҳли суннат ва ҷамоъат  ҷиннҳо метавонанд худро ба дохили ҷисми инсон дароваранд ва ба ин оят истидлол менамоянд, ки “Касоне ки рибо мехўранд, барнамехезанд магар монанди касе, ки шайтон ўро сахт дучори девонагӣ карда бошад”. Муфассирон дар ин маврид иттифоқи назар доранд, ки манзур аз калимаи   مس"Масс" дар он оят ҷунуни шайтонӣ аст, ки барои одаме, ки ҷинне дар қолаби ў рафта аст, пеш меояд.