ВАҲДАТ ВА ШАФҚАТИ САҲОБА ВА АҲЛИ БАЙТ БО ЯКДИГАР

Дар таърих собиқа надорад, ки шогирдон ва ҷоннисорони расул ва паёмбаре пас аз имон ва пухта шудан дар кўраи озмоишот бо хонадони мўъмини ў ба ситезу душманӣ бипардозанд. Аммо мутаассифона бо таҳрифи таърих ва дурўғпардозиҳои афсонавӣ чунин вонамуд шуда, ки гўё паёмбари мо ҳазрати Муҳаммад (с) дар тафҳим ва иҷрои рисолати худ (наъузу биллоҳ) ноком буда ва дар тамоми муддати бисту се соли даврони тиллоии таърихи башар, ки эшон натавониста ҷуз чанд нафар, ки ададашон аз ангуштони як даст бештар нест, шогирдонеро парвариш диҳад, ки пас аз вай ҳадди ақал бо хонаводаи эшон робитаи самимӣ дошта бошанд.
Бисёр аҷиб аст!
Китобчаи хурде, ки инак дар даст доред, умедворем битавонад ин воқеиятро равшан кунад.

Hv;ВАҲДАТ ВА ШАФҚАТИ САҲОБА ВА АҲЛИ БАЙТ БО ЯКДИГАР


[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]


        Шоҳкори: Шайх Солеҳ Дарвеш


Тарҷима ва нигориши: Абдуллоҳ Ҳайдарӣ



2013 - 1435
 
رحماء بينهم
التراحم بين آل بيت النبي صلى الله عليه و آله و  سلم و بين بقية الصحابة رضي الله عنهم أجمعين
«باللغة الطاجيكية»


صالح بن عبد الله الدريويش

ترجمة: عبد الله حيدري




2013 - 1435
 

 
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

ПЕШГУФТОРИ МУТАРҶИМ

Ба номи меҳрубон Илоҳе, ки раҳматаш ҳамаи ҳастиро фаро гирифта, дуруду салом бар Паёмбари раҳмате, бо қалби меҳрубонаш шафқату муҳаббат ва раҳматро ҳамчун шарбати гуворо ба умматаш нўшонд ва дуруду салом бар ёрон ва хонадонаш, ки аввалин шогирдони ин мактаби раҳмату шафқат буданд, то ҷое ки Худованди раҳмон ва меҳрубон ба далели зуҳури раҳмат дар миёнашон ба ҳамин сифат аз онон дар Қуръон ситоиш намуда фармуд: “Муҳаммад Расули Худост ва касоне, ки бо ўянд бар кофирон сахтгир ва дар миёни худ меҳрубонанд.”
(Сураи Фатҳ: 29)
Ҷомеаи башарӣ ҳамвора ниёзманди роҳбарон ва пешвоёне аст, ки битавонанд фасодҳо ва инҳирофҳои ақидатӣ, фикрӣ ва ахлоқии мардумро ислоҳ кунанд, то қатораи сайри ҷомеа ба тўфони мавонеъ бархўрд накунад ва дучори халал ва нобудӣ нагардад. Худованди ҳаким, ки холиқи мутлақ ва мудаббири кулли ин ҷаҳон аст бо илму ҳикмати худаш ташхис ва муайян мекунад, ки ҷомеа кадом вақт ба чӣ навъ раҳбарон ва ислоҳчиёне ниёзманд аст. Суннати ҳакимонаи он Зоти қудсӣ ин буд, ки ҳамвора паёмбарон ва расулонеро аз миёни худи мардум бармегузид ва паёми худашро тавассути онон ба мардум мерасонд ва роҳи солим зистан ва беҳтар зистанро ба онҳо талқин менамуд. Саранҷом дар фурсати поёнии имтиҳон дар ин ҷаҳони фонӣ ҳикматаш чунин тақозо намуд, ки охирин паёмбарашро бо охирин китобаш бифиристад ва бад-ин тартиб ба силсилаи паёмбарон ва расулонаш поён бахшад.

ИТТИФОҚИ УММАТ

Аммо рисолат ва масъулияти онҳо поённопазир аст, аз ин рў, ифтихори таҳаммул ва адои ин масъулияти илоҳӣ ба ин уммат супурда шуд. Бинобар ин, Паёмбари хотим (с) аввалин маҷмўаро аз миёни ин уммат барои даъват ва иҷрои ин масъулияти паёмбарона ба дасти мубораки худашон тарбият намуданд. Аз ҳамин ҷиҳат, уммати исломӣ тақрибан итифоқи назар дорад, ки чи тавре дар гузашта беҳтарину поктарини инсонҳои рўи замин пас аз паёмбарону расулон шогирдони онҳо будаанд, дар мадрасаи Муҳаммадӣ (с) низ ҳамин қоида ба шакли бисёр возеҳу равшан мутаҷаллӣ ва ошкор гардидааст.


СИТОИШИ ИЛОҲӢ

Бинобар ин, Худованди меҳрубон дар Қуръони карим борҳо аз ин шогирдони мухлиси мадрасаи нубувват изҳори хушҳолӣ ва ризоият намуда, ба онҳо ваъдаи биҳишт ва мағфират додааст: “Ва пешравони нахустин аз муҳоҷирин ва ансор ва касоне, ки ба некўкорӣ аз онон пайравӣ кардаанд, Худованд аз онҳо хушнуд шуд ва (онҳо низ) аз Ў хушнуд шуданд. Ва барояшон боғҳое, ки аз зери он наҳрҳо равон аст омода сохт, ки дар онҷо ҳамеша ҷовидонаанд, ин комёбии бузург аст.”
(Тавба: 100)
“Худованд аз мўъминон ҳангоме розӣ гардид, ки дар зери дарахт бо ту байъат карданд, Худо ончиро, ки дар даруни дилҳояшон (аз садоқат, имон, ихлос ва вафодорӣ ба Ислом) нуҳуфта буд медонист. Аз ҳамин ҷиҳат, ба дилҳояшон итминон ва хотирҷамъӣ дод ва фатҳи наздикеро подошашон кард.”
(Фатҳ:18)
Ин қабил оятҳо дар шаъни асҳоби Паёмбари Худо (с) бисёр аст, балки Худованд имон ва садоқати онҳоро барои дигар инсонҳо сармашқ ва намуна қарор додааст: “Агар онон ҳамчунон, ки шумо имон овардаед имон биёваранд, бе гумон ҳидоятшудаанд ва агар пуштгардонанд, пас роҳи ихтилофу душманиро (бо шумо) дар пеш гирифтаанд ва Худо туро басанда хоҳад буд ва Ў шунавову бино аст.”
(Бақара: 137)

ТАҲРИФИ ТАЪРИХ

Дар таърих собиқа надорад, ки шогирдон ва ҷоннисорони расул ва паёмбаре пас аз имон ва пухташудан дар кўраи озмоишот ва касби даҳҳо ва садҳо медали ифтихор бо хонадони мўъмини ў ба ситезу душманӣ бипардозанд. Аммо мутаассифона бо таҳрифи таърих ва дурўғпардозиҳои афсонавӣ чунин вонамуд шуда, ки гўё паёмбари мо ҳазрати Муҳаммад (с) дар тафҳим ва иҷрои рисолати худ (наъузу биллоҳ) ноком буда ва дар тамоми муддати бисёту се соли даврони тиллоии таърихи башар, ки эшон намунаи комил аз як инсони комил бо пуштибонии ваҳй ва назорати илоҳӣ раҳбарии ҷаҳони маънавиятро ба ўҳда дошта натавониста ҷуз чанд нафар, ки ададашон аз ангуштони як даст бештар нест, шогирдонеро парвариш диҳад, ки пас аз вай ҳадди ақал бо хонаводаи эшон робитаи самимӣ дошта бошанд.
Бисёр аҷиб аст! Чӣ тавр бояд ингуна афсонаҳоро бовар кард, дар ҳоле, ки тибқи далелҳои равшан ва бурҳонҳои қотеъ асҳоби Расули акрам (с) ва аҳли байти ў на танҳо ёру ёвари якдигар буданд, балки бо вуҷуди баъзе ранҷишҳои табиъӣ дар ҷомеаи башарӣ пайванди ногусастанӣ миёни онон вуҷуд дошт ва ба якдигар бисёр эҳтиром доштанд ва бо якдигар пайванди хешовандӣ барқарор мекарданд ва ба номҳои якдигар ифтихор меварзиданд.

СУХАНОНИ ТИЛЛОӢ

Агар чунин нест пас чаро амирулмўъминин Алии муртазо (ъ) аз асабоният ва ғазаб бар минбари Кўфа мушт мекўбад ва мефармояд: “Ба ман хабар расида, ки гўё иддае маро аз Абўбакр ва Умар бартар медонанд! Агар касе чунин идаое карда бошад ифтирокунанда (дурўғгў) аст, ки ҳадди ифтиро бояд бар ў ҷорӣ шавад.”  Ва дар ҷои дигаре мефармояд: “Мабодо бо касе рў ба рў шавам, ки маро аз Абўбакр ва Умар бартар медонад вагарна ўро монанди касе, ки дурўғ ва ифтиро мебандад, шаллоқ мезанам.”




ИН КИТОБ
Китобчаи хурде, ки инак дар даст доред, умедворем битавонад ин воқеиятро равшан кунад, гарчи ин мавзўъ бисёр густурдааст аммо мутмаинем, ки возеҳшавии ҳақиқат ва ихлосу ангезаи ваҳдатталабӣ ва баёни шевову қалами расои нависанда хоҳад тавонист ташнагии ҳар мусалмони ҳақиқатҷўро бартараф намуда ва ин воқеияти равшане, ки бо ақлу нақл ва фитрати солим мутобиқ аст, тавассути ҳамин саҳифаҳои андак ва бидуни ниёз ба китобҳо ва манобиъи бештар барои ҳамаи ҳақҷўён ва ваҳдатхоҳони воқеӣ равшан намуда, роҳи ваҳдат, муҳаббату ҳамзистии мусолиматомезро барои мусалмонон ҳамвор гардонд.

ОМИЛИ ТАФРИҚА ЧИСТ?

Мо мўътақидем бузургтарин омили тафриқа дар миёни уммати исломӣ лаъну нафрин ба поктарин инсонҳои рўи замин пас аз паёмбарон аст, ки бо далелҳои бисёр заъиф ва бо такя ба афсонаҳои пуч ва беасос сурат мегирад. Вақте мусалмонон бидонанд, ки саҳоба ва аҳли байт на танҳо якдигарро лаъну нафрин намекарда, балки бо якдигар ширу шакар будаанд ва борҳо дар миёни мардум аз якдигар ситоиш кардаанд, дигар далеле вуҷуд надорад, ки як фарди мусалмон онҳоро лаънат ва нафрин кунад ва худашро гирифтори хашму ғазаби илоҳӣ қарор диҳад, зеро Худованди муттаъол дар ҳадиси қудсӣ мефармояд: “Касе ки бо яке аз дўстони ман душманӣ кунад, ман бо ў эълони ҷанг мекунам...”
(Ривояти Бухорӣ)
Агар асҳоби Паёмбар (с), ки Қуръон борҳо аз онҳо ситоиш намуда авлиёи Худо набошанд дигар кӣ метавонад вали (дўсти) Худо бошад?! Ба умеди он ки рўзе уммати исломӣ битавонад бо донишу биниши ҳарчи амиқтар сабабҳои тафриқаву ҷудоиро шинохта хунсо ва маҳв намоянд ва роҳи ваҳдат ва иззату сарбаландиро бипаймоянд Парвардигоро, чунин бод. Аз ҳамаи шумо азизоне, ки муҳаббати Худои зулҷалол ва авлиёи ростинаш ба шумули аҳли байт ва саҳоба дар дилҳоятон мавҷ мезанад ва ҳамвора барои ваҳдати воқеъӣ ва иззату сарбаландии уммати исломӣ метапад, талаби дуои хайр дорам, Худо ёру ёваратон бод!

ҲАЙДАРӢ

 
МУҚАДДИМА

Ҳамду сипоси бекарон бар Маъбуди якто ва дуруду саломи ҷовидон бар ҳазрати Муҳаммади мустафо ва бар ёрони аброр ва хонадони атҳораш бод.

ЯК НУҚТАИ МУШТАРАК

Ногуфта пайдост, ки Расули акрам (с) сардори тамоми фарзандони Одам аст. Ин ҳақиқати мусалламест, ки ҳамаи мусалмонони ҷаҳон бар он иттифоқи назар доранд ва ин иттифоқ неъмати бузурге аз ҷониби Худованди муттаъол бар ин уммат аст, пас Худоро сипоси бепоён бод. Албатта андак касоне, ки бар хилофи уммати исломӣ роҳи дигар дар пеш гирифтаанд ва баъзе имомонро аз Расули Худо (с) дар илму дониш беҳтар муаррифӣ мекунанд. Ихтилофи онҳо бо тамоми уммати исломӣ ҳеҷ гуна арзиш ва эътиборе надорад, зеро ин ривоёт бо вуҷуди ин ки дар китобҳояшон мудавван шудаву сабт аст ва гўё иддае ба он мўътақиданд, дар муқобил касонеро меёбед, ки ингуна ривоётро таъвил ва ё тазъиф (заъиф ва беарзиш) мекунанд.
Ин ки мақом ва манзилати Паёмбари Худо (с) бисёр равшану ошкор аст ва инки эшон соҳиби шафоъати кубро ва Ҳавзи Кавсар аст ва инки эшон дар дунё ва охират дорои мақоми баланде ҳастанд, ҳамаи инҳо ҳақиқатҳое аст, ки касе наметавонад инкораш кунад. Ва табиъӣ аст касоне, ки хоҳ саҳоба бошад ё аҳли байт солҳо дар хидмати он Расули мукаррам (с) будаанд, аз файзу баракоти эшон баҳраманд шудаанд.

ФАЗОИЛИ АҲЛИ БАЙТ (Ъ)

Оре, манзилати аҳли байт бисёр воло ва фазоилашон бешумор аст, ки дар оёт ва ривоёти зиёде баён гардида ва ба тавотур (сиҳҳатудурустӣ) расидааст, хоҳ он силсилаи аҳли байт Расули Худо (с)-ро дида, бо эшон ҳамсўҳбат шуда ё ин ки (ба шарти имон ва тақво) аз он зуррияи тоҳираву пок бошанд. Аҳли байт ду навъ фазоил доранд, яке фазилатҳое, ки хос ба онҳо омада ва дигар фазоиле, ки дар бораи умуми саҳоба (р) омадааст. Ҳақиқатан он идда аз аҳли байт, ки ифтихори сўҳбати Расули Худо (с)-ро доштаанд, аввалин касоне хоҳанд буд, ки ин фазоил шомили ҳолашон мешавад.
Дар китоби қаблӣ дар бораи сўҳбат (ҳамсўҳбатшавӣ) бо Паёмбари Худо (с) сухан гуфтем, аммо дар ин китоб аз раҳмат ва шафқат миёни ин ёрони самимӣ сухан хоҳем гуфт. Ҳарчи аз сўҳбат бо Расули акрам (с) ва фазоили он сухан гуфта шавад, боиси малол ва хастагӣ намегардад, зеро ҳамсўҳбат будан бо Паёмбар (с) бахши ҷудонопазире аз зиндагии пурбаракати он хуршеди оламтоб ва соҳиббаракат аст, ки ба муҷарради имон ба эшон ва сўҳбат бо он ҳазрат (с) ёрони нозанинаш ифтихор ёфтанд, ки саҳобӣ номида шаванд.

ДАРАҶАҲОИ САҲОБА (Р)

Аммо мақому манзилат ва дараҷоти ҳар кадоме аз онҳо дар биҳишти ҷовидон бинобар аъмол ва ҷиҳодашон бо Расули акрам (с) тафовут дорад, ҳамчуноне ки дар дунё низ мақому дараҷаҳои онҳо мутафовит ва ҳархела аст. Баъзе аз эшон муҳоҷир ва баъзе ансоранд, баъзе қабл аз фатҳи Макка имон овардаанд ва бархе баъд аз он, вале аз сўи Худованд ба ҳамаи онҳо ваъдаи биҳишт дода шудааст: “Касоне аз шумо, ки пеш аз фатҳи (Макка) инфоқ (харч) карданд ва (бо кофирон) ҷангиданд (бо инфоқкунандагон ва ҷиҳодгарони пас аз фатҳи Макка) яксон нестанд. Онон дар манзилат аз касоне, ки пас аз (фатҳи Макка) инфоқу харч карданд ва (бо кофирон) ҷангиданд бузургтаранд ва Худованд ба ҳар яке (аз онҳо саранҷоми) нек (биҳишт)-ро ваъда додааст ва Худованд аз ончи мекунед бохабар аст.”
(Ҳадид: 10)
Оре, ҳамаи онҳо фазилат ва манзилати худашонро доранд ва мо бояд ин азаматро дарк кунем ва инки ин сўҳбат худ манзилату ифтихори мустақилле аст, илова бар он дараҷаҳои эшон ба эътибори амалҳояшон фарқ дорад. “Ва пешравони нахустин аз муҳоҷирин ва ансор ва касоне, ки ба некўкорӣ аз онон пайравӣ карданд, Худованд аз онҳо хушнуд шуд ва (онон низ) аз Ў хушнуд шуданд ва барояшон боғҳое, ки аз зери он наҳрҳо равон аст, омода сохт, ки дар онҷо ҳамеша ҷовидонаанд. Ин комёбии бузург аст.”
(Тавба: 100)
Пас инҳо дар болотарин дараҷа ҳастанд ва касоне, ки ҳарду ифтихорро доштаанд, яъне саҳобаи оли атҳор (р), ки ҳам мақоми сўҳбат ва ҳам мақоми қаробатро доранд, дараҷаҳои онон низ ба эътибори амалҳояшон тафовут ва фарқ мекунад.


ОСЕБШИНОСИИ ТАФРИҚА

Хонандаи азиз! Осебшиносӣ дар парокандагии уммат ва илоҷи он як матлаби шаръӣ аст, зеро ихтилофу тафриқа дар ҷомеаи исломӣ мушкили бузургест, ки паёмадҳои хатарноки он ҳамчун тўфоне дорад умматро ба ҳалокат мекашонад ва агар барои муолиҷаи он даст ба кор нашавем ҳар рўз, ки бигзарад хасорату зарари бештаре ба бор меоварад. Бинобар ин, ҷиҳати муолиҷаи ин саратони кушанда ҳарчи зудтар бояд иқдом намуд. Банда дар ин фурсати кўтоҳ ба мавзўъи муҳим ва сарнавиштсоз, вале ба бахши кўчаки он хоҳам пардохт. Ин мавзўъ робитаи самимонаи ёрон ва хонадони рисолат бо якдигар аст. Аммо дар инҷо мухтасаран пиромуни раҳмату шафқат миёни аҳли байти Паёмбар (с) бо дигар саҳобагони он ҳазрат (с) сухан хоҳам гуфт, ки бо таваҷҷўҳ ба ҷангҳое, ки миёни эшон даргирифт боз ҳам бо якдигар раҳим ва меҳрубон буданд.
Ин ҳақиқати инкорнопазир аст, гарчи достонсароён онро нодида гирифтаанд ва баъзе ровиёни муғриз аз он сукут кардаанд. Аммо ин ҳақиқат ҳамчун хуршеди дурахшон монда ва хоҳад монд ва дасисаи ровиёни муғриз ва хаёлпардозони ғофилро нақши бар об хоҳад кард. Бисёр касоне буданд, ки аз ин гуна афсонаҳову хаёлпардозиҳо ва ривоёти дурўғин ва бесанаду береша барои пешбурди ҳадафҳои хеш истифода мекарданд. Ҳавопарастон ва ошиқони бидъати дар дин аз як сў ва сиёсатмадорони динситез ва шикампарастону тоҷирони динӣ аз сўи дигар, ҳамаи инҳо дониста ё надониста ва хоста ё нахоста дар хидмати душманони Ислом қарор гирифтанд ва орзуи деринаи эшонро бароварда карданд ва бо эҷоди нифоқ ва ихтилоф дар миёни уммат тухми адовату душманӣ коштанд.
ПАЁМИ ВАҲДАТ

Бедор бошед, шумо эй муҳаққиқон ва пажўҳишгарон! Шумо эй нависандагон ва андешмандон, шумо эй таърихсозон ва таърихнависон, шумо эй даъватгарони ваҳдату иттиҳод, шумо эй касоне, ки аз хатари “ҷаҳонӣ шудан”, ҳушдор медиҳед ва барои рўёрўӣ бо паёмадҳои иҳтимолии он аз ваҳдату якпорчагӣ сухан меронед, балки ба шумо эй мусалмонони озода, ки ғайрати дин доред, ба ҳамаи шумо мегўям: Чаро ҷараёноти мурдаи таърихиро зинда мекунед, ки ҷуз паёмади манфӣ ва амиқ кардани душманӣ дар миёни уммат чизе ба дунбол надорад, мақсад чист? Чӣ мехоҳем, барои розӣ сохтани авом? Тақлиди кўркўрона, манофеъи модӣ, пас чӣ? Тааҷҷубовар аст, ки иддае вақти гаронбаҳояшонро сарфи кунҷковӣ дар масоили таърихӣ менамоянд ва ё андешаҳои сусту бепояро бовар мекунанд, ки асоси онҳо бар ривоятҳои заъиф ва дурўғин ва ё ҳавову ҳавас ниҳода шудааст ва хандаовар аст, ки инҳо воқиан мўътақиданд кори хуб анҷом медиҳанд ва ба ҳақоиқи илмӣ даст пайдо кардаанд.
Аммо агар бо чашми боз нигоҳ кунанд ба вузуҳу равшанӣ дарк мекунанд, ки ҷуз густурда кардани доманаи ихтилофу тафриқа ва амиқ кардани душманӣ миёни мусалмонон ҳунаре ба харҷ надодаанд ва ҷуз нештар задан ба захми чиркини уммат ва парвариши микроби ихтилоф ҳамосае наофаридаанд. Ва агар аз онон бипурсед, ки аз талошу заҳматашон чӣ натиҷае гирифтаанд? Ҷавобе нахоҳанд дошт, ҳадди аксар хоҳанд гуфт як баҳси илмӣ аст, ҳамин ва бас! Ростӣ куҷост он асосҳои илмие, ки эшон ба онҳо эътимод кардаву таҳқиқ намудаанд?! Ва куҷост рисолати муқаддаси ваҳдату якпорчагии мусалмонон?!

ИФТИХОРИ СЎҲБАТ

Дар китоби қаблӣ аз алоқаи сахт миёни Расули Худо (с) ва асҳоби ҷонбозаш сухан гуфтем ва инки яке аз масъулиятҳои Расули акрам (с) тазкияву поксозии касоне аст, ки ба эшон имон овардаанд, ки онҳо мардуми бесавод ва нохонда буданд ва Худованд онҳоро бо имон овардан ба Паёмбараш (с) ва сўҳбати нуронии он ҳазрат (с) ифтихор бахшид, чунончи Аллоҳ таъоло мефармояд: “Ў Зоте аст, ки дар миёни бесаводон расуле аз худи онҳо барангехт ки оёташро бар онон мехонад ва онҳоро пок месозад. Ба онон китоб ва ҳикмат меомўзад ва ба ростӣ пеш аз ин дар гумроҳии ошкор буданд.”
(Ҷумъа: 2)
Ҳаминҳо буданд, ки Расули раҳмат ва ҳидоят (с) ба тарбияву таълими онҳо пардохт. Аз зиндагии аҷиншудаи саҳобагони ҷонбоз бо он раҳбари дилбохтаашон (с) сухан гуфтем, аз робитаи шогирдони рашид ва фидокор бо он муаллим ва улгўи комилу пешвои маҳбуб (с) бо шефтагон ва ҷонбозони роҳи муҳаббати ў, ки илова бар раъият будан, асҳоб ва ёрону фидоиёни ў буданд, сухан рондем. Шамае аз ин робитаи гарму самимӣ, сўҳбат бо нубувват, шогирд бо муаллим, пайрав бо роҳбар ва мурид бо муршидро дар китоби аввалам бо номи “Сўҳбат бо Расули Худо (с)” баён намудем.

БЕҲТАРИН УММАТ

Хонандаи азиз, шумо низ ҳеҷ шакку шубҳае нахоҳед дошт, ки Расули акрам (с) рисолати бузургеро, ки Худованди меҳрубон ба эшон супурда буд, ба беҳтарину комилтарин ваҷҳи мумкин адо намудаанд, паёми илоҳиро ба мардум расонданд. Ва барои интишор ва идомаи ин дини ҳаниф асҳобу ёрону намунавиро тарбия ва таълим доданд ва комилан онҳоро тазкия намуданд. Аз самароти арзишманди ин таълиму тарбия ва тазкияи ботинӣ он сифатҳои воло ва арзишманде аст, ки ҷузъи ахлоқу одот ва тинату сиришти саҳобаи бузургвор (р) қарор гирифт. Ҳамин ифтихор кофӣ аст, ки онҳо беҳтарин уммат муаррифӣ шуданд, ки барои нафъи мардум фиристода шудаанд, чунончи Аллоҳ таъоло мефармояд: “Шумо беҳтарин уммат ҳастед, ки барои нафъи мардум берун оварда шудаед.”
(Оли Имрон: 110)
Дар калимаи “Ухриҷат” дар ояи карима диққат кунед, ки Ҳақ таъоло онҳоро фиристода ва ин мақому манзилати волоро ба онон бахшидааст, ин шабиҳи ояи каримаи дигар аст: “Ва ҳамчунин шуморо уммати миёна гардонда (баргузида)-ем, то бар мардум гувоҳ бошед ва (низ) то Расули (Худо) бар шумо гувоҳ бошад ва қиблаеро, ки пайрави он будӣ (фурў) нанҳодем, магар барои он ки касеро, ки аз Расули (Худо) пайравӣ мекунад аз касе, ки аз ақидааш бармегардад маълум намоем. Ва ба ростӣ он, ҷуз бар касоне, ки Худо онҳоро ҳидоят кардааст душвор аст (ва) Худованд (намехоҳад) имонатонро аз байн бибарад. Бегумон Худованд ба мардум ниҳоят меҳрубон (ва) бораҳм аст.”
(Бақара: 143)
Оятҳое, ки Худованд дар мадҳу ситоиш ва баёни сифоти онҳо нозил фармуда бисёр аст, ки мо дар ин китоб ба тавзеҳи яке аз он сифатҳо хоҳем пардохт.
ЯК ИСТИСНО ДАР ТАЪРИХ

Хонандагони азиз! Ба ёд дошта бошед, ки ин насл аз инсонҳо як истисно дар таърих аст, сифот ва вежагиҳое, ки онҳо касб карданд маҳол аст фарди дигаре битавонад ба онҳо дастрасӣ пайдо кунад ва шарафу ифтихори сўҳбати сарвари паёмбарон (с)-ро доштан, дигар куҷо ва барои кадом шахс мумкин аст, ки таҳаққуқ ёбад. Хушо ба саъодаташон. Муаллим ва мураббии онҳо ҳамон имоми раҳмат ва ҳидоят буд, ки ба онҳо илму адаб ва ҷиҳоду фидокорӣ омўхт, ки саранҷом Исломро ҳаминҳо ёрӣ карданд ва ба саросари ҷаҳон расонданд ва бо хунашон аз он дифоъ карданд. Мо дар инҷо ба яке аз сифатҳои онон таваҷҷўҳ хоҳем кард, ки шоистааст шарҳу тавзеҳ дода шавад ва ҳамаи уммати исломӣ бо он ошно шавад. Оё медонед манзури мо кадом сифат аст? Бале, дуруст аст, ҳамон сифати раҳмат.

АНГЕЗА ЧИСТ?

Шояд суоле пеш биояд, ки чаро аз ин сифат сухан мегўем? Хонандаи азиз, оё диққат кардаед, ки сирри ин сифати арзишманд чист? Мулоҳиза хоҳед фармуд, ки ангезаву сабаби сухан гуфтан аз ин сифат фаровон аст, вале мо дар инҷо ба таври кўтоҳ ба чанд сабаб ишора мекунем.

Сабаби аввал:
Ба далели маонии жарф ва амиқе, ки ин сифат дарбар дорад ва оёт ва ҳадисҳову осори фаровоне, ки аз Расули акрам (с) ва оли атҳор ва саҳобаи ахёраш дар ин маъне омадааст. Пеш аз ҳама вақте, ки Парвардигори бузург ва меҳрубонамон дар баробари инки худашро Раҳмон ва Раҳим хондааст дар васфи Паёмбари азизаш (с) низ фармудааст: “Ҳароина расуле аз худатон ба сўи шумо омад, ки ранҷатон бар ў душвор, бар шумо ҳарис (ва) бар мўъминон ғамхор ва меҳрубон аст.”
(Тавба: 120)
Ва худи Расули гиромӣ (с) фармудаанд: “Касе, ки раҳм накунад ба ў раҳм намешавад.”
(Бухорӣ ва Муслим)
Агар бихоҳем дар маънии ин сифат ва осоре, ки дар бораи он омада сухан бигўем матлаб тўлонӣ хоҳад шуд, ки феълан ниёзе ба он нест.

Сабаби дуввум:

Инки тавсифи онҳо ба ин сифат худ як эъҷози илмӣ аст, ки агар касе дар он диққат кунад, зуҳури ин эъҷозро ба рўшанӣ мебинад. Зеро ба иллати ин ки Худованд ба илми ғайбии худаш медонист, ки баъдҳо чӣ пеш хоҳад омад, гўё ин ояи карима ва дурахшиши сифати раҳмат дар он, пешопеши рад бар таънаҳо ва тавҳинҳоест, ки то он замон достонсароён ва дурўғфурўшон ва ровиёни дурўғини ҳадисҳои бофта ҳанўз корашонро шурўъ накарда буданд ва дурўғҳояшонро ба собит нарасонда буданд ва ҳанўз душманони саҳоба ва аҳли байт фурсати баҳонаҷўӣ ва хўрдагирӣ пайдо накарда буданд, диққат кунед: “Муҳаммад Расули Худост ва касоне, ки бо ў ҳастанд бар кофирон сахтгир ва дар миёни худ меҳрубонанд. Ононро дар ҳоли рукуъ ва саҷда мебинӣ, ки аз Худованд фазлу хушнудӣ меҷўянд. Нишонаи (дурусткории) онҳо аз асари саҷда дар чеҳраҳояшон пайдост.”
(Фатҳ: 29)

Сабаби саввум:

Баёни ин ҳақиқат, ки саҳоба бо якдигар меҳрубонанд ва ин шафқату меҳрубонӣ то аъмоқи дилҳояшон реша дошта, тамоми он ривоятҳои бофта ва афсонаҳои дурўғин ва ихтилофпарварро, ки саҳобаи Паёмбари Худо (с) ва самараи умри он ҳазрат (с)-ро ҳамчун ҳайвоноти ваҳшӣ ва даранда муаррифӣ мекунад, ки гўё бо якдигар душман будаанд, ҳамаи он авҳому афсонаҳоро нобуд мекунад. Оре, хонандаи азиз! Агар касе тавонист ин ҳақиқатро, ки Қуръони карим баён мекунад бипазирад, ки асҳоб воқеан бо ҳам меҳрубон будаанд (Рўҳамоъу байнаҳум) ва аз таги дил ба он эътироф намуд, қалбан мутмаин хоҳад шуд ва аҳёнан агар кинаву ҳасаде, ки ба василаи дурўғҳои дурўғпардозон дар баъзе дилҳо ҷой гирифта ва қалбҳои поку шаффофи мўъминонро мукаддар карда, ҳама аз дил берун хоҳад рафт ва тибқи ояи карима ин сифати мўъминонро низ ба дигар сифоти некўи худ хоҳад афзуд: “Ва (низ) ононе, ки пас аз инҳо омадаанд мегўянд: “Парвардигоро, моро ва он бародаронамонро, ки дар имон овардан аз мо пешӣ гирифтанд, биёмурз ва дар дилҳои мо ҳеҷ кинае дар ҳаққи касоне, ки имон овардаанд, қарор мадеҳ. Парвардигоро, Туики бахшояндаи меҳрубонӣ.”
(Ҳашр: 10)
Пас тибқи ин ояи карима ҳар мусалмон мукаллаф аст барои ҳамаи мўъминон дуои мағфират ва омурзиш кунад ва аз Худованд бихоҳад, ки нисбат ба ҳеҷ мўъмине кинаву адоват, душманӣ ва ҳатто кудурате дар дилаш ҷой надиҳад.

Сабаби чаҳорум:
Аз усули пазируфташуда дар назди муҳаққиқон ва пажўҳишгарон ин аст, ки “матн” ва “санад” ҳардуро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Ҳамчуноне уламои забардаст зимни онки матлаберо аз назари “санад” баррасӣ карданд ва онро собит ёфтанд, матни ривоятро бар нусуси Қуръони карим ва усули куллӣ ва мусаллами Ислом арза мекунанд ва ҳамчунин саъй мекунанд байни ривоятҳои аҳёнан, бо ҳам мутаноқиз (зид) тавофуқ ва интибоқ ба вуҷуд оваранд. Ривоятҳои таърихӣ низ аз ин қоида мустасно (берун) нест ва барои баррасии ривоятҳои таърихӣ низ ин равишро бояд ба кор бурд. Вале мутаассифона, бисёре аз нависандагон аз таҳқиқу баррасии “санад” сарфи назар карда, ба ҳамин иктифо намуданд, ки ривояте дар китобҳои таърих ва адабиёти Араб вуҷуд дорад ва аз сўи дигар агар касоне ба санад аҳамият доданд матнро баррасӣ накарда ва онро бар Қуръон арза нанамудаанд.
Хонандаи азиз, пеш аз инки шитобзада амал кунед ва сирфан бо такя ба маълумоти парокандаву бетаҳқиқ ва бар асоси эҳсосоту авотиф пешдоварӣ ва қазоват кунед, далелҳоеро, ки зикр кардем ба диққат мутолиа кунед. Ҳарчанд калимоти бисёр соддаву равшан ва қуввати маониву далолати он возеҳу ошкор аст, вале бо вуҷуди ин номаънус ва тоза ба назар мерасад. Хулоса ин ки матлаби мазкур ба ду унсури асосӣ такя дорад яке дарку эҳсос ва дигар ояи “Муҳаммадун расулуллоҳ...” Албатта ояи 10-и сураи Ҳашр низ қобили диққат ва тааммул аст: “Ва низ касоне, ки пас аз инҳо омадаанд, мегўянд: Парвардигоро, моро ва он бародаронамонро, ки дар имон овардан бар мо сабқат намуданд биёмурз ва дар дилҳои мо ҳеҷ кинае дар ҳаққи касоне, ки имон овардаанд, қарор мадеҳ. Парвардигоро, Туи, ки бахшояндаи меҳрубонӣ.” Ҳар ду ояро бихонед ва дар маънои он диққат кунед.

 
Матлаби аввал
НОМГУЗОРӢ

Исм ишора ба мусаммо ё соҳиби исм аст ва ин аломати махсусест, ки ўро аз дигарон фарқ ва ҷудо мекунад ва мардум ҳамеша ин аслро пазируфтаанду ба он амал мекунанд. Ҳеҷ оқиле нест, ки дар аҳамияти исм шакку тардид дошта бошад, зеро бо ҳамин нишони бориз аст, ки кўдак аз дигар бародарон ва кўдакон бозшинохта мешавад ва рафта-рафта ба василаи он дар хонавода ва ҷомеа маъруфу машҳур мегардад, то ин ки саранҷом инсон мемирад, аммо исмаш (бо хусусиятҳои хуб ё бади он) боқӣ мемонад. Калимаи исм аз решаи “сумувв”, яъне баландӣ ё аз решаи “васм” ба маънои нишон ва аломат гирифта шудааст. Ҳамаи ин умур далолат бар аҳамияти исм барои кўдак мекунад ва ин аҳамиятро ҳеҷ гоҳ наметавон нодида гирифт.
Аз боризтарин хусусиятҳои исм ин аст, ки далолат бар ақл ва мактаби эътиқодии шахс мекунад. Ба таври мисол душвор ва шояд номумкин аст, ки шумо шунида бошед, ки яҳуд ва насоро фарзандонашонро (Муҳаммад (с) биноманд, ё ин ки мусалмонон фарзандонашонро Лот ва Уззо ё Фиръавн ва Ҳомон ва Абўҷаҳл ва Абўлаҳаб биноманд. Бинобар ин, робитаи фарзанд бо падараш ба василаи исм барқарор мегардад ва падар ва дигар аъзои хонавода фарзандонро бо исм, балки бо исме, ки дўст доранду меписанданд, садо мекунанд. Аз ин рў, номҳои ҳар як афроди хонавода дар миёни онҳо ва дигар хешовандон такрор мегардад ва аз қадим гуфтаанд: “Аз рўи исмат шахсияти падаратро мешиносам.”

АҲАМИЯТИ ИСМ ДАР ИСЛОМ:

Барои шинохту ташхиси ин аҳамият ҳамин кофӣ аст бидонем, ки шариати поки Муҳаммадӣ (с) ба исм аҳамияти фавқулоддае қоил шудааст. Аз ҳамин ҷиҳат Расули акрам (с) исми баъзе саҳобаро аъам аз мард ва зан иваз карданд, балки исми шаҳрашонро аз Ясриб ба Мадина табдил карданд. Ҳамчуноне, ки он ҳазрат (с) монеъи номгузории баъзе исмҳо шуданд, аз ин рў, фармуданд: “Пасттарин шахс дар назди Худованд касе аст, ки худашро маликалмулук ё шоҳаншоҳ биномад.”
(Бухорӣ)
Ҳамчунин Расули гиромиамон (с) ба баъзе номҳо, монанди Абдуллоҳ, Абдураҳмон ва ғайра, ки дар он ишора ба мақоми бандагӣ барои Худованд аст, тарғиб фармуданд: “Маҳбубтарин номҳо дар назди Худованд Абдуллоҳ ва Абдураҳмон аст.”
(Ривояти Тирмизӣ ва Доримӣ)
Чунончи аз сирати Расули акрам (с) маълум мешавад, эшон аз исми хуб хушашон меомад ва онро ба фоли нек мегирифтанд. Аз назари уламои илми усул ва адабиёти араб исмҳо аз худашон мафҳуму маъниҳои дақиқ ва ҳисобшудае доранд. Тафсилоти ин мавзўъро дар китобҳои усули фиқҳ ва адабиёти Араб мулоҳиза мефармоед ва уламо дар заминаи масоили гуногуне, ки аз он гирифта мешавад, баҳс кардаанд.

ЯК ПУРСИШИ АҚЛОНӢ

Хонандаи азиз, саросема нашав ва қаблан тааҷҷуб накун? Бо ман идома бидеҳ, лутфан, ба ин пурсишҳо посух бидеҳ. Фарзандатро чӣ меномӣ? Оё исмеро барояш меписандӣ, ки аз диди шумо, ҳамсар ва хонаводаат маъневу далолати равшан ва дилкашу дўстдоштанӣ дорад, ё инки ҳарчи пеш омад, хуш омад, ҳатто агар номи душманонат бошад?! Субҳоналлоҳ, воқеан шигифтангез аст мо имрўз дар ин асри ҷаҳолату ғафлат аз дин барои фарзандонамон исми маънидор ва дилкашу ҷаззоб интихоб мекунем, вале ҳозир нестем ин аслро дар мавриди беҳтарин инсонҳои рўи замин, ки дар асри тиллоӣ зиндагӣ мекарданд бипазирем ва мегўем: на! Онҳо ба далелҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ маҷбур шуданд исми душманонашонро бар фарзандони худ бигзоранд бидуни инки эҳсос ва отифаашон онҳоро роҳнамоӣ кунад!

ҚАЗОВАТ БО ШУМО

Аҷиб аст, ки сарварони уммат ва оқилтарин инсонҳо ва соҳибони иззату ифтихор ва шуҷоат, ки илова бар шаҷараи тайиба (насаби шариф), шахсиятҳои онҳо низ ҳамчун нур медурахшад, аз оддитарин маонии инсоният маҳрум нигоҳ дошта мешаванд, то ҷое, ки ба онҳо иҷоза дода намешавад, ки фарзандонашонро ба номҳои писандида ва маҳбубашон номгузорӣ кунанд, балки маҷбур мешаванд номи душманонашонро бар фарзандонашон бигзоранд. Оё ин матлабро бовар карда мешавад? Шоёни зикр аст, ки ин номгузорӣ танҳо барои як фард набуд, балки аҳли байт маҷмўае аз фарзандонашонро ба ин номҳо ифтихор бахшиданд ва ин номгузорӣ пас аз сипарӣ шудану фаромўш кардани душманӣ набуда, балки ба иддаои онон дар авҷи душманӣ будааст, ки мо мегўем: на, балки дар авҷи муҳаббат буда, зеро душмание дар байни эшон набудааст.
Ин масъала муҳим ва қобили таваҷҷўҳ аст, ки бояд онро дақиқ мутолиа карду ба эътибор гирифт, зеро ки дар он далолатҳои фаровон ва низ рад бар тамоми достонҳои хаёлӣ ва афсонаҳои масмум ва хурофотӣ аст, ки дилҳои софи мусалмононро тира ва саффи маҳкам онҳоро пароканда кардааст. Ин ҳақиқат ба қадре равшан ва қобили фаҳм аст, ки ҳар инсони оқилу беғаразе ба осонӣ метавонад онро дарк кунад ва ҳар инсони бошуъуре, ки эҳсосу отифааш намурда бошад, хеле содда метавонад онро бифаҳмад ва маҳол аст, ки инсонҳои оқилу озода бипазиранд, ки ба ростӣ, ки ин номгузорӣ намоишӣ буда бошад ва имкони рад ва таъвиили он вуҷуд надорад.

НАТИҶАГИРӢ

Аз ин рў, дар поёни бунбаст бо хати дурушт навиштааст: ишқу муҳаббат ва эҳтироми саҳоба ва аҳли байт нисбат ба якдигар чунон дар раг ва хуни онҳо омехта шуда буд, ки бўи атру сафову самимияти он, то имрўз низ машоми ҷаҳониёнро атрогин мекунад. Вале бемороне, ки ҳисси бўйиданашон кор намекунад ва ҳамеша дучори зуком ва шамолхўрдагӣ ҳастанд, аз бўйидани ин неъмати бузург маҳруманд ва шояд даъво ҳам намоянд, ки бўи бад ба машомашон мерасад. Рост мегўянд, чун беморанд, зеро агар солиму тандуруст мебуданд, ташхис мекарданд, ки иддаои бўи бад дурўғ аст. Ҷаҳон атрогин аст, вале онҳо монанди кўре ҳастанд, ки асокаши эшон дигаронанд ва Худо накунад, ки худи асокаш ҳам кўр бошад!
ВА ИНАК АСЛИ МАТЛАБ

Алӣ (ъ) аз фарти муҳаббаташ ба се халифа Абўбакр, Умар ва Усмон (р) се фарзандашро бо номи гиромии онҳо номгузорӣ мекунад. Абўбакр (ъ) ибни Алӣ ибни Абўтолиб, ки бо бародари бузургвораш имом Ҳусайн (ъ) дар саҳнаи Карбало ба шаҳодат мерасад. Умар (ъ) ибни Алӣ ибни Абўтолиб, ки бо бародари бузургвораш имом Ҳусайн (ъ) дар ҳамосаи Карбало ширкат мекунад ва пас аз ҷиҳоду мубориза зинда бо имом Зайналобидин ба Мадина бармегардад ва наслаш идома пайдо мекунад.

Усмон (ъ) ибни Алӣ ибни Абитолиб, ки бо бародари бузургвораш имом Ҳусайн (ъ) дар Карбало ба шаҳодат мерасад. Имом Ҳасани муҷтабо (ъ) низ се фарзандашро Абўбакр (ъ), Умар (ъ), Талҳа (ъ) ном мегузорад, ки бо амакашон дар Карбало ба шаҳодат мерасанд. Имом Ҳусайн (ъ) низ фарзандашро Умар (ъ) ном мегузорад. Имом Зайналобидин (ъ) як духтарашро Оиша (с) ва як писарашро Умар (ъ) ном мегузорад, ки насли Умар ибни Зайналобидин идома пайдо мекунад.

Ҳамчунин бақияи аҳли байт аз насли Аббос ибни Абдулмуталлиб ва насли Ҷаъфар ибни Абўтолиб ва Муслим ибни Ақил ва дигарон, ки дар инҷо мо дар садади дарҷи тамоми ин исмҳо нестем, балки мақсуд фақат зикри намунаҳое аст, ки матлаби мавриди назарро равшан кунад.

МУНОҚИША

Баъзе шиъаён мункири ин ҳақиқат ҳастанд, ки Алӣ ва фарзандонаш (ъ) фарзандони худашонро ба ин номҳо номгузорӣ кардаанд. Албатта инҳо фақат касоне ҳастанд, ки ё иттилоъ надоранд, чун мутолиа намекунанд ва бо китобҳо сарукоре надоранд ё инки худро ба нодонӣ мезананд ва қасдан аз рўи иноду саркашӣ ин ҳақоиқи равшанро инкор мекунанд. Хушбахтона, бисёре аз имомон ва уламои бузурги шиъа ингуна ҷаҳолати мақсуд ё ғайри мақсудро рад кардаанд, зеро далелҳои вуҷуди ин номҳои муборак қатъӣ ва яқинӣ аст, чун наслҳои онҳо идома дорад. Балки худи китобҳои шиъа, ки ҷараёни ҳодисаи Карбалоро нақл мекунанд, гувоҳӣ медиҳанд, ки Абўбакр ибни Алӣ ибни Абўтолиб ва Абўбакр ибни Ҳасан ибни Алӣ ва Умар ибни Алӣ ва Усмон ибни Алӣ (ъ) дар канори имом Ҳусайн (ъ) ба шаҳодат расиданд.
Оре, инҳо шуҳадои саҳнаи Карбало ҳастанд, ин амрро худи бародарони шиъа дар китобҳояшон овардаанд. Шояд шумо бипурсед, пас чаро дар ҳусайнияҳо аз ин қабил шуҳадо исме бурда намешавад ва дар дастаҳои азодорӣ касе номи онҳоро намебарад?! Табиъӣ аст бояд ҳам бипурсед, аммо посухи ингуна пурсишҳоро набояд мо бидиҳем, аз касоне бипурсед, ки бештар аз мо иддаои ҳуби аҳли байт доранд, ки ба ростӣ чаро аз ин қаҳрамонони аҳли байт ҳеҷ хабаре нест дар ҳоле, ки Умар ибни Алӣ ибни Абўтолиб ва Умар ибни Ҳасан ибни Алӣ аз шуҷоътарин ва ҳамосаофаринтарини мардони он саҳнаи таърихӣ буданд.

ХУЛОСА

Хулоса ин ки масъалаи номгузории имомони аҳли байт фарзандонашонро ба номҳои ифтихорангези Абўбакр, Умар, Усмон, Оиша, Талҳа, Зубайр, Муовия ва дигар бузургони саҳоба (р) яке аз масоили муҳиме аст, ки дар қомуси ташаюъи навин ҳеҷ посухе барои он наметавон ёфт. Мумкин нест агар бигўем онҳо бидуни дар назар доштани маънову мафҳум исми фарзандонашонро ба ин номҳои гиромӣ ва фахрофарин номиданд, ҳеҷ ақли солиме бовар намекунад ва инро ҳам наметаовн гуфт, ки ин як дасиса ва созиши ҳисобшуда аз тарафи аҳли суннат аст, ки аз қадимулайём дар китобҳои шиъа даст бурдаанд ва ин гуна матолибро дар онҳо ҷой додаанд! Зеро маънои ин гуфта таън ва мавриди шубҳа қарор додани ривоёт ва китобҳои ташайюъ аст, бинобар ин, ҳар ривояте, ки шиаён аз он хушашон наёмад бигўянд, ин дасисаву созиш аз сўи аҳли суннат аст.
Дар ин сурат ҳар кас ҳар ривоятеро, ки мувофиқи майлаш набуд, метавонад ба ҳамин соддагӣ рад кунад ва бигўяд, ки тавтиа (найранг) аст, бахусус дар мактаби ташайюъ ҳар муҷтаҳиди зиндае хело ба осонӣ метавонад ҳар ривоятеро, ки хост рад кунад ва онро напазирад, чун худаш муҷтаҳид аст ва ҳеҷ қонун ва зобитае ҳам вуҷуд надорад, ки ўро боздорад. Кадом шахс бовар мекунад? Аз чизҳои бисёр хандаовар ин аст, ки мақсуд аз номгузорӣ ба номҳои асҳоби бузург дашному таҳқир ва лаъну нафрини онҳо будааст. Ҳамчуноне, ки фармуданд ҳадаф аз номгузорӣ ба исмҳои ин чеҳраҳои таърихсоз ба даст овардани дили ома (аҳли суннат) будааст, яъне имомон номи фарзандонашонро ба исми душманонашон гузоштаанд, то инки инҳоро тавҳин (таҳқир) кунанд ва дар ниҳоят душманонашон мавриди иҳонату таҳқир қарор гиранд ва ё инки мардум тасаввур кунанд, ки имом халифаҳои Расули Худо (с)-ро дўст медорад, яъне инки тақия кардааст, баҳ-баҳ!!!
Чӣ шахсияте аз имом месозем! Имом, яъне касе, ки ҳар кораш бар хилофи эътиқодоташ аст, то инки ёрони худаш ва дигар мардумонро бифиребад ва ба онҳо вонамуд кунад, ки душманонашро дўст медорад, дар ҳоле, ки душмани онҳо аст ва аз рўи тарс чунин мекунад! Чӣ гуна имом таърихи оянда ва наслҳои баъд аз худро ҳайрону сардаргум мегузорад ва наъузу биллоҳ бо ин ҳилаҳову тарфандҳо, ки бо иззату каромат ва шуҷоату ахлоқи хонадони нубувват мухолифат дорад, ба худаш ва хонадонаш иҳонату таҳқирро раво медорад чаро? Фақат барои инки Бани тамим ё Бани Адий ё Бани умайяро аз худаш розӣ нигоҳ дорад.
Касоне, ки бо сирати поки имомон (ъ) ошноӣ доранд, яқинан медонанд, ки аима (имомон) аз шуҷоътарини мардум буданд бар хилофи ривоёти дурўғин ва сохтае, ки аимаро мардони буздиле тарсў ва дурўғгў муаррифӣ мекунанд, ки на барои динашон интиқом мегиранд ва на обрў барояшон муҳим асту на иззату каромат барояшон маъное дорад. Мутаассифона, чӣ қадар зиёд аст ин қабил ривоятҳое, ки ба номи дин ба мардум тақдим шуду мардум бо чи ихлосу покдилӣ онҳоро пазируфтаанд.

НАТИҶА

Коре, ки аима (Алӣ ва фарзандонаш) (ъ) кардаанд, аз қавитарин далелҳои ақливу равонӣ ва ҳақиқӣ аст, ки сидқи муҳаббати оли байт (ъ) бо халифаҳои рошадин (р) ва дигар асҳоби Паёмбар (с)-ро баён менамояд. Шумо шахсан, ин ҳақиқатро мушоҳида карда истодаед ва аслан ҷои ҳеҷ гуна инкор ва шакку тардид вуҷуд надорад ва ин воқеият иршоди пок ва муназзаҳи Худовандро айният мебахшад, ки фармуд: Муҳаммад Расули Худост ва касоне, ки бо ўянд, бар кофирон сахтгир ва дар миёни худ меҳрубонанд. Онҳоро дар ҳоли рукўъ ва саҷда мебинӣ, ки аз Худованд фазл ва хушнудӣ меҷўянд. Нишонаи дурусткории онон аз асари саҷда дар чеҳраҳояшон пайдост.
(Фатҳ: 29)
Хонандаи азиз! Лутфан, оятро дубора бо диққат тиловат кунеду маънову мафҳуми онро тасаввур кунед ва дар сифати раҳмат, ки дар ояи карима омада (руҳамоу байнаҳум) бештар бияндешед бубинед, ки ба чӣ натиҷае мерасед.


Матлаби дуввум

МУСОҲАРА Ё ПАЙВАНД КАРДАН

Хонандаи гиромӣ, дўст медорӣ фарзандатро, ҷигаргўшаатро, пайванди қалбатро, духтари азизатро ба кадом шахсе, ки бошад медиҳӣ? Оё розӣ мешавӣ, ки ўро ба хонаи марди фосиқ ва ҷинояткор, балки ба хонаи қотили модараш ё бародараш бифиристӣ? Калимаи домод барои шумо чӣ маънӣ дорад? Шумо ҳозиред ҳар касро ба домодии худ интихоб кунед? Мусоҳара дар луғати арабӣ аз решаи соҳара аст, ки вақте ду хонавода барои барқарор кардани равобити иҷтимоӣ ва пайванди зашонўӣ байни писар ва духтар ё зан ва мард бо ҳам васлат ва хешовандӣ барқарор мекунанд, ин васлатро дар арабӣ мусоҳара мегўянд.
Сиҳр яъне домод, вале дар арабӣ маънои аз ин васеътар дорад. Сиҳри мард, яъне хешони занаш ва сиҳри зан, яъне хешони шавҳараш. Хулоса инки мусоҳара дар арабӣ ба хешони зан гуфта мешавад ва гоҳе ба хешони мард низ гуфта мешавад ва Худованд ин мусоҳараро ҷузъи нишонаҳои қудрати худаш қарор дода, чунончи мефармояд: “Ва Ў зотест, ки аз об башаре офарид. Он гоҳ онро дорои пайванди насабӣ ва сабабӣ қарор дод ва Парвардигорат тавоност.”
Дар ояи карима диққат кунед, ки чӣ гуна Худованд инсонро мавҷуде офарида, ки бо атрофиёни худаш аз рўи насаб ва мусоҳара робита дошта бошад ва хонавода ва иҷтимоъро ташкил диҳад. Пас мусоҳара робитаи шаръӣ аст, ки Худованд онро дар радифи насаб зикр кардааст. Насаб ба хешутабори падар низ гуфта мешавад. Баъзе донишмандон мўътақиданд, ки насаб мутлақи қаробат ва хешовандӣ аст, пас вақте мебинед, ки Худованд насаб ва сиҳр (домод)-ро дар радифи ҳам зикр карда, бидонед ки ин амр баёнгари матолиби бисёр амиқе аст, ки набояд аз он ғофил шуд.

МУСОҲАРАИ ПЕШ АЗ ИСЛОМ:

Мусоҳара дар назди арабҳо аз аҳамияти вежае бархўрдор аст. Онҳо ба насаб ифтихор мекунанд, ҳамчуноне ба домодҳо ва мавқеияту манзилати онҳо ифтихор мекунанд. Аз ҳамин ҷиҳат машҳур аст, ки арабҳо касеро, ки аз худашон шаъну манзилати комилтаре дошта бошад, ба домодии худ қабул намекунанд, балки дар бисёр миллиятҳову қавмҳои ғайри араб низ вазият ба ҳамин минвол аст. Бинобар ин, андешаҳои националистии имрўз яке аз душвортарин ва буғранҷтарин мушкилоти иҷтимоии ғарб ба шумор меравад. Бахусус, арабҳо дар бораи зан ғайрат ва ҳассосияти хосе доранд. Ҳамин амр боис шуда буд, ки духтарони навзод ва маъсумашонро зинда дар гўр кунанд, ки мабодо касе ба онҳо тавҳину таҳқир кунад. Бар сари ин мавзўъ чӣ басо ҷангҳо дармегирифт ва хунҳо мерехт, ки осори он то имрўз низ вуҷуд дорад. Гумон мекунам ин ишоратҳои кўтоҳ ҷиҳати баён ва фаҳмондани матлаб кофӣ аст.

МУСОҲАРА ДАР ИСЛОМ:

Вақте Ислом омад, ҳама хубиҳо ва сифоти ҳамидаро барқарор намуд ва аз ҳама зиштиҳо наҳй фармуд. Худованди муттаъол баён намуд, ки меъёри арзишҳо фақат тақво ва Худотарсӣ аст. “Гиромитарини шумо дар назди Худованд парҳезгортарини шумост.”
(Ҳуҷурот: 13)
Ин меъёр бахше аз дидгоҳи шариат аст, ҳамчуноне, ки фуқаҳои бузургвор мавзўъи қуфъ ё кафоат (ҳам сатҳ будан) дар дин, насаб, ҳирфаву касб ва матолиби мухталифе, ки ба он тааллуқ мегирадро мавриди баҳс қарор додаанд. Аз ҷумла, инки оё кафоат (мусовӣ будани зан ва шавҳар) аз шартҳои саҳеҳ шудани ақди никоҳ аст ё аз шартҳои лузуми он? Ва ин ки оё ин ҳаққи зан аст ё авлиёи умури ў (Падар, бародар, амаку тағо) низ дар он ҳаққи дахолат доранд? Ва матлабҳои дигаре, ки дар боби никоҳ матраҳ мегардад.

ШАҲИДИ ОБРЎ

Ва аммо дар масъалаи ҳифзу нигаҳдории ирз, обрў ва ғайрат нисбат ба занон, Расули акрам (с) касеро, ки дар дифоъ аз обрўи худаш кушта шавад, шаҳид гуфтаанд, балки ҷанги дифоъ аз обрў ва ҳайсиятро худи Паёмбари Худо (с) фармондиҳӣ кардаанд. Достони машҳуре, ки яҳудӣ Бани Қайнуқоъ бо ҳила ҳиҷоби зани мусалмонеро кашиданд ва бад-ин васила аҳдашонро шикастанд ва бо Расули Худо (с) эълони ҷанг карданд, хеле маъруф аст. Асли воқеа чунин буд, ки як зани мусалмон вақте мехост аз як марди яҳудӣ тилло бихарад, яҳудӣ аз ў хост, ки чеҳраашро боз кунад, зан напазируфт. Он яҳудӣ дар ҳоле, ки зан нишаста буд ва бидуни ин ки эҳсос кунад, гўшаи чодарашро ба чизе баст, ки вақте аз ҷояш баланд шуд, рўяш боз шуд. Зан фарёд кашид ва кўмак талабид. Ҷавони мусалмоне, ки дар он наздикӣ буд, омад ва марди яҳудиро кушт. Аз он сў ҳам яҳудиҳо ҷамъ шуданд ва ҷавони мусалмонро куштанд.
Ин достони воқеӣ ҳамин нуктаро бозгў менамояд, ки ҳимояи номус чи нақши муҳиме дар чомеаи исломӣ дошта ва дорад. Дар пайи ҳамин воқеа буд, ки Расули Худо (с) бар асари паймоншикании яҳуди Баниқайнуқоъ бо онон ба ҷанг пардохтанд. Оре, хонандаи гиромӣ! Илова бар ин, баъзе аҳкоми шаръӣ мисли шарт будани валӣ дар ақди никоҳ ва шоҳид гирифтан дар никоҳ, балки ҳадди қазф (тўҳмат) ва ҳадди зино ва дигар аҳкоме, ки ҳамагӣ баёнгари аҳамияти иззат ва обрўву ҳайсияти инсони мусалмон аст, нишон медиҳад, ки шариат чӣ қадар ба ҳифзи обрў ҳассос аст. Агар дар ин аҳком ва дар ҳикмат, фалсафа ва паёмадҳои онҳо бияндешед ва диққат кунед аҳамияти мавзўъ худ ба худ  барои шумо ошкор мешавад.

АҲАМИЯТИ ХОСТГОРӢ

Аҳкоми зиёде бар мусоҳара изофа мегардад. Аслан, дар худи машруияти ақди никоҳ (ки Қуръон аз он ба мисоқи ғализ таъбир фармуда) диққат кунед, ки мард чи гуна ва бо чӣ шароит ва одобе аз зане хостгорӣ мекунад ва чи аҳкоми зебову пандомезе бар он мураттаб мешавад; мумкин аст хостгории ў пазируфта ва мумкин аст рад шавад. Бубинед марди хостгор чи гуна аз хонавода ва хешону ошноёнаш барои барқарор намудани равобити расмӣ ва ба даст овардани мувофиқати хонаводаи арўс талош мекунад ва хонаводаи арўс бо чи диққате баррасӣ мекунанд, фикр мекунанд, машварат мекунанд, дар бораи домод таҳқиқ мекунанд? Ва дар ниҳоят ҳеҷ маҷбурияте ҳам надоранд, мумкин аст мувофиқат кунанд ва ё бо камоли ихтиёр ва ҷуръату шаҳомат мухолифати худашонро эълон мекунанд, ҳатто агар домод тўҳфаҳое фиристода бошад, ё миқдоре маҳри муқаддам пардохта бошад ё ҳар эҳсони дигаре низ ба онҳо карда бошад, эшон ихтиёр доранд ҳазор бор бияндешанд, ки оё шоистааст дасти азиз ва ҷигаргўшаашонро ба дасти ин мард бидиҳанд ё на?
Илова бар он, ақд бояд шоҳиду гувоҳ дошта бошад ва никоҳ бояд эълон шавад, чаро? Зеро аҳком ва паёмадҳои бисёр муҳиму сарнавиштсозе бар он мураттаб мегардад. Никоҳ дурҳоро наздик ва бегонаҳоро боҳам ошно мекунад ва ба муҷарради инки ақди издивоҷашон баста шавад, бисёри занони дигар бар домод ва бисёри мардони дигар бар арўс ҳаром мегардад. Ин китоби кўтоҳ зарфияти тафсилу шарҳи бештарро надорад, фақат мақсуд баёни аҳамияти мавзўъ аст ва заминасозӣ барои матлабе, ки ҳоло баён мегардад. Бинобар ин, ҳоло шумо ба матлаби зайл бияндешеду диққат кунед.

МУБОРАК БОД

Хоҳари имом Ҳасани муҷтабо ва имом Ҳусайн сайидушшуҳадо, духтари Фотимаи Заҳро Умми Гулсум (ъ)-ро падараш амири мўъминон Алӣ ибни Абўтолиб (р) ба издивоҷи Форуқи аъзам, Умар ибни Хаттоб (р) дармеоварад.

Оё шоиста аст бигўем, ки Алӣ аз тарси Умар ин корро кард? Пас шуҷоаташ куҷо буд? Дўстӣ ва муҳаббаташ бо духтари азизаш куҷо шуд? Оё Алии муртазо дасти духтарашро ба дасти золиме месупорад? Ғайраташ дар бораи дини Худо куҷо рафт? Пурсишҳои зиёде, ки поён надорад, ё ин ки ночор бояд эътироф кунем, ки чун Алӣ Уммаро хуб мешинохт ва ба ў эътимод дошт ва низ бо ў улфату муҳаббати зиёд дошт. Аз ҳамин ҷиҳат, хост ба ин тариқа шахсияти ўро қадрдонӣ кунад. Оре, бидуни шакку шубҳа Умар бо майлу рағбати худи Алӣ ва хонаводааш бо духтари духтари Расули Худо (с) издивоҷ кард ва издивоҷашон комилан шаръӣ, саҳеҳ, аланӣ ва ихтиёрӣ буд. Ин худ баёнгари матлаби зайл аст, ки ин ду хонавода чи қадар якдигарро дўст медоштанд ва ба якдигар эҳтирому қадрдонӣ қоил буданд ва фазои саршор аз улфату муҳаббат дар миёни онҳо ҳоким буд. Чаро чунин набошад, дар ҳоле, ки худи Расули акрам (с) домоди Умар (р) буд. Бинобар ин, робитаи гарми иҷтимоӣ байни хонаводаи Паёмбари Худо (с) ва хонаводаи Умар (р) қабл аз ин издивоҷ ҳам барқарор буд.
ИМОМ СОДИҚ НАБЕРАИ АБЎБАКР

Намунаи дуввум: фармудаи имом Ҷаъфари Содиқ (ъ) кофӣ аст, ки фармуданд: “Валаданӣ Абўбакрин марратайни”-яъне Абўбакр маро дубор таваллуд кардааст. Оё медонед модари имом Содиқ (ъ) кист? Умми фарва духтари Қосим ибни Муҳаммад ибни Абўбакри Сиддиқ (р) аст.

Оё аҳамият додаед, ки чаро имом Содиқ (ъ) фармуданд Абўбакр ва нагуфтанд Муҳаммад ибни Абўбакр? Оре, ин сароҳат ва бозгашт ба бобии бузургвори хонаводаи Сиддиқӣ (р) ба далели ин буд, ки баъзе шиъанамоён фазилати Абўбакри Сиддиқ (р)-ро инкор мекарданд, бар хилофи Муҳаммад писари ҳазрати Абўбакр, ки шиъаён дар бораи фазли ў муттафиқанд. Ба Худо, шумо фикр кунед ва бияндешед, ки инсон ба чӣ касе ифтихор мекунад?! Хонандаи гиромӣ, ҳар касе андак мутолиаву огоҳӣ дошта бошад, равобити хешовандии насабӣ байни саҳоба (р) аъам аз муҳоҷир ва ансорро дарк мекунад. Ин равобит ба қадре самимӣ ва густурда буд, ки ҳатто маволӣ ва бардагони саҳоба аз ашроф ва бузургони Қурайш зан гирифтанд. Зайд ибни Ҳориса (р) саҳобие, ки номаш дар Қуръони карим омада, ҳамсараш кист?
Зайнаб бинти Ҷаҳш (р), ки баъдҳо ифтихори уммулмўъмининро касб намуд. Усома ибни Зайд (р) ғуломи маъруф, ки Расули Худо (с) Фотима бинти Қайси қурайширо ба ҳамсарии ў доданд. Солим бардами Ҳузайфа (р), ки ҳазрати Ҳузайфа духтари бародараш Ҳинд бинти Валиди қурайширо ба ҳамсарии ў дод, дар ҳоле, ки падари вай аз сардорони Қурайш буд. Агар аз мусоҳараву хешовандӣ дар байни саҳоба сухан бигўем, мавзўъ бисёр тўлонӣ хоҳад шуд. Бинобар ин, ба овардани ҳамин чанд намунае аз издивоҷҳои самимона байни аҳли байт ва хулафои рошидин (р) иктифо мекунем. Чунончи гуфтем, ки Умари Форуқ (р) бо Уммикулсум духтари ҳазрати Фотимаи Заҳро, духтари гиромии Расули Худо (с) издивоҷ карда, чи тавре, ки модари имом Ҷаъфари Содиқ (ъ) аз ҳар ду тараф набераи Абўбакри Сиддиқ (р) аст.

РОҲБАРИИ АҚЛ

Пас хонандаи гиромӣ, беҳтар ин аст, ки аз васвасаи шайтон барҳазар бошем ва ҷиддиву амиқ бияндешем. Мо мусалмонем ва ҳар мусалмон мукаллаф аст, ки аз ақли худаш кор бигирад. Зеро оятҳои бисёр аст дар Қуръони карим, ки инсонро ба тафаккуру андеша кардан фаро мехонад, ки инҷо ҷои тафсилу баёни он нест. Аз ин рў, бояд аз ақл кор гирифту доираи тафаккуру андешаро густариш дод ва аз тақлиди кўркўрона парҳез намуд. Барои инсони оқил ва доно, ки Худованд ба ў ақли солим ато фармуда, зишт аст, ки бидуни тафаккуру тадаббур ҳар суханеро пеш аз таҳқиқу санҷиш бипазирад. Хусусан дар боби эътиқодот, ки набояд иҷоза диҳем сарнавишти доимӣ ва абадии мо насанҷида рақам бихўрад. Зиндагии охират ва эътиқодоте, ки бар асоси он масири саодат ё бадбахтии инсон муайян мешавад, шўхибардор нест. Пас Худоё, аз шарри ҳама шайтонҳои инс ва ҷин ба Зоти шунаво, доно ва ҳакиму тавонои Ту паноҳ меҷўем.
Хонандаи мўҳтарам, оё шумо розӣ мешавед, ки падарон ва падарбузургони шумо дашном дода шаванду мавриди иҳонату таҳқир қарор гиранд ва гуфта шавад духтари шуморо ба зўр ва бар хилофи майли хонавода ва оилаву хешовандонаш дар ҳоле, ки шумо (падараш) ҳозир ва зиндааст, издивоҷ намудаанд? Оё шумо инро барои худ меписандед, ки ба шумо гуфта шавад духтари шумо ё номуси шумо ба зўр ғасб шудааст. Пас вақте барои шумо ҳатто шунидани ин масъала душвор аст ва наметавонед онро таҳаммул кунед ва бисёр вақтҳо онро мухолифи иззату ғайрати худ медонед, пас нисбат ба беҳтарину поктарин инсонҳои рўи замин (баъд аз паёмбарон) чи гуна ин сафсатаҳоро шунид ва таҳаммул кард? Ин чӣ ақле аст, ки ин гуна суханони пуч ва ҳарзаро ба номи дин, дониш, Исломи ноб, мактаби аҳли байт ва ривоятҳои аимаи атҳор (ъ) мепазирад? Аз Худованд мехоҳем, ки дилҳоямонро аз кинаву адоват нисбат ба мўъминон пок бидорад. Парвардигоро, муҳаббати ҳама бандагони солеҳ ва некўкоратро дар дилҳоямон ҷой бидеҳ ва дилҳои харобамонро бо муҳаббати воқеии аҳли байт обод бигардон. Омин ё Раббалъоламин.

ДАЛЕЛҲОИ ИН ИЗДИВОҶИ ТАЪРИХӢ

Инак, қабл аз мабҳаси саввум нусус ва ривоятҳоеро аз китобҳои мўътамади бародарони ташайюъ ва аз уламои бисёр мўътабари эшон аз назари шумо мегузаронем, ки дар онҳо исботи издивоҷи Умари Форуқ бо Уммикулсум духтари гиромии Алӣ ва ҳазрати Заҳро (р) ба равшанӣ ба чашм мехўрад.

ЭЪТИРОФИ АВВАЛ

Сафиюддин Муҳаммад бин Тоҷуддин маъруф ба Ибнут-тақтақӣ ал-Ҳуснӣ (соли вафот 709 ҳиҷрӣ) насабшинос ва муаррихи маъруф дар китобе, ки таълифи онро ба Асилуддин Ҳасан писари Хоҷа Насируддин Тўсӣ вазири Ҳалокў тақдим намуда ва онро ба исми худаш номгузорӣ карда, дар поёни унвони “Баноти амирулмўъминин Алӣ (ъ) менависад.” Яке дигар аз духтарони амирулмўъминин Уммикулсум мебошад, ки модараш Фотима духтари Расули Худо (с) аст, ки Умар ибни Хаттоб бо вай издивоҷ кард ва фарзанде ба номи Зайд аз ў ба дунё овард ва пас аз Умар ба ақди Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар даромад.”

ЭЪТИРОФИ ДУВВУМ

Муҳаққиқ Сайид Маҳдии Раҷоӣ матолиби бисёре нақл карда, аз ҷумла таҳқиқи Абулҳасани ал-Амри аз набераҳои Умар писари имом Зайнулобидин (ъ) дар китобаш “алмаҷдӣ” менависад. “Ончи аз ин ривоёт метавон бад-он эътимод кард, матлабе аст, ки акнун аз назар гузашт, ки Аббос ибни Абдулмуталлиб Уммикулсумро бо ризоият ва иҷозаи падараш ба издивоҷи Умар даровард ва аз Умар фарзанде ба номи Зайд ба дунё овард.” Муҳаққиқи мазкур қавлҳои дигаре низ нақл карда, аз ҷумла: Зане ки Умар бо ў издивоҷ карда, шайтоне буда! Ё мумкин аст издивоҷ карда, вале бо ў ҳамбистарӣ накарда! Ё ин ки ба зўр ва бо ғасб бо ў издивоҷ кардааст!


ЭЪТИРОФИ САВВУМ

Мулло Боқири Маҷлисӣ менависад: “Ҳамчунин аст инкори шайх Муфид аз асли ҷараёни издивоҷ. Ин барои баёни ин матлаб аст, ки он (издивоҷ) аз тариқи онҳо собит нашудааст ва илло баъд аз вуруди он ривоятҳо ва ривоёти дигаре, ки бо санад хоҳад омад, ки Алӣ (ъ) ҳангоме, ки Умар вафот кард, назди Уммикулсум омад ва ўро бо худ ба хонаи худаш бурд ва ривоятҳои дигаре, ки аз Биҳоруланвор овардаам, ин инкор аҷиб менамояд. Асли ҷавоб ин аст, ки ин издивоҷ аз рўи тақия ва изтирор (маҷбурӣ) будааст.”
(Миръотулуқул, ҷилди 2, саҳ.45)

ЭЪТИРОФИ ЧАҲОРУМ

Инсоф ҳам хуб аст, соҳиби Усули кофӣ чандин ҳадис дар китобаш овардааст аз ҷумла “Муовия ибни Аммор мегўяд аз имом Содиқ (ъ) пурсидам зане, ки ҳамсараш вафот кунад, бояд дар хонааш (ида) биншинад, ё ҳар ҷое ки хост? Фармуд: балки ҳар ҷое, ки хост, Алӣ (ъ) ҳангоме, ки Умар вафот кард, Уммикулсумро бо худ ба хонаи худаш бурд.”

ЭЪТИРОФИ ПАНҶУМ

Хонандаи азиз, бо баъзе уламои муосири ташайюъ дар бораи ин издивоҷ сўҳбат кардам, аз беҳтарин рудуде, ки онҳо барои тавҷеҳи ин издивоҷ навиштаанд, ради қозии маҳкамаи авқоф ва маворис шайх Абдулҳамид ал-Хатӣ дар Қитифи Арабистон, ки намояндаи чандин марҷаъи бузурги тақлид дар Арабистони суъудӣ аст мегўяд: “Ва аммо инки қаҳрамони ислом имом Алӣ (ъ) духтараш Уммикулсумро ба издивоҷи Умар дароварда, ҷои тааҷҷуб надорад, зеро Расули акрам (с) барои ҳар фарде аз мусалмонон усваи ҳасана (намунаи хуб) ҳастанд. Эшон бо Умми Ҳабиба духтари Абўсуфён издивоҷ карданд, дар ҳоле, ки шахсияти Абўсуфён дар баробари Умар аслан қобили муқоиса нест! Инки дар бораи издивоҷи Умар бо духтари Алӣ изҳори шакку тардид мешавад, ҳеҷ тавҷиҳе надорад ва аммо ин гуфтаи шумо, ки Умар бо ҷинние издивоҷ карда ё ҷиннӣ ба шакли Уммикулсум дар хонаи Умар буда, ҳам хандаовар ва ҳам гиряовар аст ва ба қадре масхара аст, ки арзиши зикр кардан ҳам надорад. Агар қарор бошад, дунболи ингуна сафсатаҳо бигардем бисёр аст.”

Шайх пиромуни баҳси мазкур, яъне нақши мусоҳараву хешовандӣ дар пайвандҳои иҷтимоӣ чизе нагуфта ва ҳатто ишорае накарда, ки ингуна пайванди иҷтимоӣ дар воқеъ ҷуз бо қаноату боварӣ таҳаққуқ намеёбад ва дар он далолати рашану ошкоре бар муҳаббату улфат байни ду хонаводаи арўсу домод вуҷуд дорад. Хонандаи азиз, бар шумо пўшида нест, ки байни издивоҷи марди мусалмон бо зани аҳли китоб ва байни издивоҷи марди аҳли китоб бо зани мусалмон чи қадар фарқи ошкор вуҷуд дорад, ки аввалӣ ҷоиз ва дуввумӣ ноҷоиз аст, диққат кунед.

ХУЛОСА

Мусоҳараву хешовандӣ байни саҳобагони Паёмбари Худо (с) бисёр равшану ошкор аст, бахусус байни хонадони Алӣ (ъ) бо хонадони хулафои рашидин (р). Ҳамчуноне, ки мусоҳира байни Бани Умайя ва Бани Ҳошим қабл аз Ислом ва баъд аз Ислом бисёр маъруф аст, ки боризтарини он издивоҷи Расули акрам (с) бо духтари Абўсўфён аст. Мақсуди мо дар инҷо ишора ба дастовардҳои равонӣ ва иҷтимоии мусоҳара буд, ки аз бузургтарину боризтарини он муҳаббати байни ду тарафи хешу табор аст. Умедворем ҳамин миқдоре, ки ба арза расондем, кофӣ бошад.


Матлаби саввум

ДАЛОЛАТИ СИТОИШ

Хонандаи гиромӣ! Оё иттифоқ афтода, ки шумо дар ғурбат ва дур аз хонаводаву хешовандон ё аслан дур аз шаҳри худатон ба мардуми ҳамдард зиндагӣ карда бошед? Ин солҳои ғурбатро чи гуна гузарондед? Ё бо ин ёрони ҳамдард ва ҳамсафар, ки сирфан бар асоси ақида, яъне пайванди маҳками ақл ва отифа бо ҳам ҷамъ шуда будед, чи гуна зиндагӣ мекардед? Назари шумо дар бораи касе, ки тамоми ин шароити душворро гузаронида чист? Ҳоло биёед гурўҳеро тасаввур кунед, ки ҳама бо ҳам ёри самимӣ ва меҳрубон буда ва дар ҳар сахтӣ ва озмоиш дар канори ҳам будаанд, балки беҳтарин инсони намунаи таърих Муҳаммади Мустафо (с) бо онон ҳамсафар будааст. Оре, асҳоби Паёмбар (с) бахусус собиқини аввалин, яъне сабқатгирандагони дар имон чунин зиндагиеро озмудаанд. Зиндагии иҷтимоии онҳо як намунаи хос ба фард дар тамоми таърихи башар аст, касе ки ошноии андаке бо сирати муаттари Расули акрам (с) дошта бошад, ин ҳақиқатро ба равшанӣ дармеёбад.



НИГОҲЕ БА ГУЗАШТА

Хонандаи азиз, шумо дар ҳоле, ки ин саҳифаҳоро мехонед, тасаввур кунед дар он мақтаъ аз таърих ба сар мебаред. Ҳангоме, ки Паёмбар (с) дар Макка ва дар Дори Аркам буданд ва даъвати ислом пинҳонӣ буд. Сипас вақте, ки ислом по гирифт ва ошкор шуд, сипас ҳангоме, ки саҳобагони ҷонбозашон тибқи дастури набавӣ ва илоҳӣ озими сафари ҳиҷрат ва ғурбат ба Ҳабаша ва сипас ба Мадинаи тайиба шуданд ва тамоми молу дороӣ ва ватану хонаҳо ва бастагонашонро раҳо карданд. Тасаввур кунед, ки дар он шароити сахт, роҳҳои дур ё бо шутур ва ё пиёда, гуруснагӣ, тарс, муҳосира, ҳаштсад километр роҳи пиёда то Табук дар ҳавои гарму сўзон, набардҳои таърихсоз ва пирўзиофарини Бадр, Уҳуд, Хайбар, Хандақ, Ҳунайн, Табук ва пеш аз он Макка ва... Акнун осори равонии ин зиндагии пурмоҷароро тасаввур кунед, ба назари шумо чӣ фазое аз дўстиву муҳаббат ва ҷонфишониву самимият бар онҳо ҳукмфармо будааст. Фаромўш накунед, ки дар тамоми ин сафари тўлонӣ Расули акрам (с) бо онҳо ҳамроҳ буда, на танҳо ҳамроҳ, балки роҳбару фармондеҳ ва устоду муаллим ва мураббии онҳо буданд.
Ҳамчунин дар зеҳн дошта бошед, ки ваҳй аз сўи Парвардигори осмонҳо ва замин бар роҳбари ин гурўҳи намунаи таърих, Расули бузургвори Ислом (с) ҳамвора сарозер будааст. Дар бораи инҳо диққат кунед, дилҳояшон чи гуна бо қалби поку пурнури Паёмбари Худо (с) пайванд хўрда буд. Тасаввур кунед, гурўҳе, ҷамоате, дастае, ҷомеае, ки дилҳояшон бар асоси ҳубби Худо ва Паёмбар (с) бо ҳам ҷамъ шуда ва шахси гиромии Паёмбар (с) бо ёрии ваҳйи илоҳӣ ба тарбияту сарпарастии онҳо машғул буда ва ҳамвора бар суфраи ифтихори нузури Қуръон гирди ҳам менишастанд, чунин гурўҳе, чунин дастае, чунин анҷумане чи ҳолу ҳавое доштаанд. Бахше аз ин фазои оканда аз отифаву самимият ва саршор аз муҳаббату фидокорӣ ва ҷоннисориро дар аввали китоб овардем. Бидуни шак ончи, ки метавонад бар чунин ҷомеае ҳукмфармо бошад, муҳаббату хунгармӣ ва якдилӣ будааст.

ГУВОҲИИ ҚУРЪОН (1)

Чунончӣ Худованди муттаъол аз падид овардани ин лолазори ваҳдату муҳаббат чунин мефармояд: “Ба ёд оваред неъмати Худовандро бар худ, ҳангоме, ки бо ҳам душман будед ва Худованд дар миёни дилҳои шумо улфат андохт, ки дар натиҷаи (ин) неъмати Худованд бо ҳам бародар шудед.”
(Оли Имрон: 103)
Лутфан, каме диққат кунед, Худованди муттаъол гувоҳӣ медиҳад, ки дар миёни дилҳои саҳобагони Расули акрам (с) улфату муҳаббат андохтааст. Ин икрому инъом ва эҳсоне аз ҷониби Худованд бар саҳобагони нозанини Расули акрам (с) мебошад, ки ҳеҷ кас наметавонад монеъи ин фазлу эҳсон гардад. Оре, пеш аз боридани борони раҳмати Ислом ва сўҳбату ҳамнишинӣ бо Паёмбар (с) ду қабилаи Авс ва Хазраҷ бо ҳам душман буданд ва оташи ҷанг ҳамеша дар миёнашон забона мекашад. Аммо Худованди муттаъол ин душманиро аз байн бурд ва ба ҷояш муҳаббату ҳамдилӣ ва самимият нишонд.

ГУВОҲИИ ҚУРЪОН (2)

Фарз кунем агар шумо дар бораи саҳобагони Паёмбари Худо (с) чизе дар дил доред, чӣ зараре мекунед агар нисбат ба ин азизон ва покон ҳусни зан (гумони нек) пайдо кунед? Бахусус, инки гувоҳӣ аз тарафи Парвардигори донову тавонои онҳо мукарраран содир шуда ва борҳо Худованди субҳон ёдовар шуда, ки ў бар онҳо эҳсон фармудву дилҳои эшонро ба якдигар пайванди улфату муҳаббат дода, ки бар асари ин лутфу эҳсони Худованд бо якдигар бародар шудаанд, дилҳояшон софу пок ва саршор аз муҳаббату дўстӣ гардидааст. Бояд донист, ки умуми ҳоли саҳобагон (р) чи гуна будааст, ояти зерин бар ин умум далолат мекунад: “Ва агар бихоҳанд туро фиреб диҳанд (бидон), ки Худованд туро кофӣ аст. Ҳам Ўст, ки бо ёридоданаш ва бо мўъминон ба ту тавон дод.”
(Анфол: 62)
Хонандаи гиромӣ, ояи каримаро бори дигар тиловат кунеду диққат кунед Худованди муттаъол фазли худашро бар Паёмбараш (с) ба ёд меоварад, фазли Ҳақ таъоло чист? Таъйиду нусрат ва ёрӣ аз ҷониби худаш ва ба василаи мўъминҳо, кадом мўъминҳо, ҳамон касоне, ки Худованд дар миёни дилҳои эшон улфату муҳаббат андохта. Диққат кунед, хеле муҳим аст, ки агар Расули акрам (с) тамоми ончи дар замин аз молу сарват ва имконоти моддӣ вуҷуд дорад ба кор мебурд, ҳаргиз наметавонист дар миёни дилҳои эшон улфату муҳаббат бияндозад. Соҳиби фазлу эҳсон фақат Худованд аст, ки ин корро кард.
Аммо мутаассифона, бо вуҷуди даҳҳо ва садҳо оят, ҳадис ва далелҳои таърихӣ ва ақлӣ касоне ҳастанд, ки таҳаммули ин фазои самимӣ ва саршор аз ишқу отифаро дар миёни асҳоби Паёмбар (с) надоранд ва гўё қасам хўрдаанд, ки бояд бо тамоми ин нусуси сареҳи Қуръон мухолифат кунанд ва ба ҳар тариқе бошад, собит намоянд, ки фазои умумӣ дар ҷомеаи саҳобагон (р) фазои кинаву адоват ва душманӣ будааст! Аҷиб аст Худованди олимулғайб ва аз ҳама чиз хабардор такроран мефармояд, ки Ў дар миёни дилҳои онҳо улфату муҳаббат андохта, эшонро бо ҳам бародар гардонида, аз бародар ҳам наздиктар “руҳамоъу байнаҳум” шудаанд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, достонҳову афсонаҳои зиёде бофташуда ва то имрўз ҳам ба мўди рўз рангубор дода мешавад ва ба мусалмонон чунин нишон дода мешавад, ки онҳо (асҳоб) бо ҳам душман будаанд!

ГУВОҲИИ ҚУРЪОН (3)

Чи қадар бисёр аст оятҳое, ки аз саҳоба ситоиш мекунад ва чи бисёр аст оятҳое, ки авсофу афъоли эшонро баён мекунад. Аз ҷумла, и сору фидокорӣ, ки самараи табиъии улфату муҳаббати фавқулоддааст, дар ояти зайл инъикос ёфтааст, ки Худованди донову огоҳ мефармояд: “Он (ғанимат) хоси бенавоёни ҳиҷраткардаест, ки аз хонаҳояшон ва амволашон ронда шудаанд. Аз Худованд фазлу хушнудӣ меҷўянд ва (дини) Худо ва Расулашро ёрӣ медиҳанд. Ҳам инонанд, ки ростгўянд.”
(Ҳашр: 8)
Намунаҳое, ки зикр гардида метавонад, ишорае бошад ба нусуси фаровони Қуръон, ки аз саҳобагони Паёмбар (с) мадҳу ситоиш мекунад. Мо ба ҳамин миқдор, ки бар муҳаббату самимият байни онҳо далолат намуда ва вуҷуди онро собит мекунад, иктифо кардем. Возеҳу равшан аст, ки ин улфату муҳаббат ва ихлосу самимият дар аъмоқи дилҳои пурнури саҳобагон реша доштааст. Ҳамчуноне, ки медонед, ки сифоти волое, чун исору фидокорӣ, ухуввату бародарӣ, дўстиву самимият ва пайванди пур отифаи улфату муҳаббат ҳамагӣ бо оятҳои сареҳи Қуръон собит шуда, ки дар маҷмўъ фазои саршор аз муҳаббату дўстӣ байни саҳобагонро тарсим мекунад. Оятҳои фаровоне пиромуни сифатҳои мазкур омадааст. Дар ояти гузашта агар диққат кунед, мебинед ки дар он исботи муҳаббату дўстии ансор бо муҳоҷирин аст, ҳамин тавр дар ояти охири сураи Фатҳ диққат намоед.

ЯК ДОСТОНИ ҶОЛИБ

Инак достони зайлро, ки Алии Ардабилӣ дар китобаш “Кашфулғумма”  нақл карда, мулоҳиза фармоед, аз имом Зайнулобидин Алӣ ибни Ҳусайн (ъ) ривоят аст, ки фармуд: “Иддае аз мардуми Ироқ хидмати ҳазрат омаданд ва аз Абубакр ва Усмон дар маҳзари эшон накўҳиш карданд. Вақте сўҳбаташон тамом шуд, фармуд мумкин аст ба ман бигўед, ки оё шумо аз муҳоҷирини аввалин ҳастед, ки Худованд дар бораи онҳо фармуда: “Касоне, ки аз хонаҳояшон ва амволашон ронда шудаанд. (Ва) аз Худованд фазл ва хушнудӣ меҷўянд ва (дини) Худо ва Расулашро ёрӣ медиҳанд. Ҳам инонанд, ки ростгўянд.”
(Ҳашр: 8)

Гуфтанд: На. Фармуд: Пас шумо аз онҳое ҳастед, ки Худованд дар бораи эшон фармуда: “Касоне, ки пеш аз онҳо дар дори Ислом ҷой гирифтанд ва имон дар дилашон ҷой гирифт. Касонеро, ки ба сўи онҳо ҳиҷрат кунанд, дўст медоранд ва дар дилҳои худ аз ончи (ба муҳоҷирон) додаанд, эҳсоси ниёз намекунанд ва (дигаронро) бар худашон ва агарчанде мўҳтоҷ бошанд, тарҷиҳ медиҳанд ва касоне, ки аз ози нафси хеш маҳфуз бошанд, инонанд, ки растагоранд...”
Гуфтанд: На. Фармуд: Пас вақте эътироф кардед, ки аз ду гурўҳи аввалӣ нестед, ман гувоҳӣ медиҳам, ки шумо аз касоне ҳам нестед, ки Худованд дар бораи онҳо мефармояд: “Ва (низ) ононки пас аз инҳо омаданд мегўянд: Парвардигоро, моро ва он бародаронамонро, ки дар имон овардан аз мо пешӣ гирифтанд, биёмурз ва дар дилҳои мо ҳеҷ кинае дар ҳаққи касоне, ки имон оварданд, қарор мадеҳ. Парвардигоро, Туи ки бахшандаи меҳрубонӣ.”
Баланд шавед (хезед) аз пеши ман берун биравед, Худованд шуморо ба сазоятон бирасонад. Ин аст дониш ва дарки имом Зайнулобидин (ъ) ва мавқеъи эшон нисбат ба саҳобагон ва ёрони Расули Худо (с) ва эшон (имом Зайнулобидин) аз тобиъин ба шумор мераванд. Дар мавриди ситоиши саҳобагон аз якдигар китобҳои ҳам шиъа ва суннӣ фаровон аст.

ГУВОҲИИ “НАҲҶУЛБАЛОҒА”

Касоне, ки “Наҳҷулбалоға”-ро мутолиа карда бошанд медонанд, ки суханони бисёре бо сароҳат ва киноя дар бораи мадҳу ситоиши саҳобагони Паёмбар (с) вуҷуд дорад. Вале инак як мавридро интихоб кардем, чунки дар он аз Қуръони карим истидлол шуда буд. Ҳазрати Алии Муртазо (ъ) мефармояд: “Ҳамоно ёрони Паёмбар (с)-ро дидам, касеро намебинам, ки ҳамонанди онҳо бошад. Рўзро жўлидамў ва гардолуд ба шаб мерасонанд ва шабро ба навбат дар саҷда ё қиём ба сар мебурданд. Гоҳ пешонӣ бар замин месўданд ва гоҳ гуна бар хок. Аз ёди маъод (қиёмат) чунон ноором менамуданд, ки гўӣ бар пораи оташ истода буданд. Миёни ду чашмашон чун зонўи бузон пина баста буд, аз тўлонӣ мондани дар суҷуд. Агар номи Худо бурда мешуд, чандон мегиристанд, ки гиребонҳояшон тар мегардид ва аз кайфаре, ки бими он доштанд, ё умеде ки тухми он дар дил мекоштанд меларзиданд, чунончи дарахт рўзи тундбод ларзад.”
(Тарҷумаи доктор Ҷаъфари Шаҳидӣ, чопи чаҳордаҳум, 1378. Теҳрон)
Суханони Алӣ (ъ) пиромуни саҳобагон фаровон аст, агар нақл кунем, ба тўл меанҷомад. Набераи эшон имом Зайнулобидин китобҳое доранд, ки дар онҳо барои саҳобагон дуо шуда ва аз онҳо ситоиш ба амал омадааст: (зоҳиран ишора ба “Саҳифаи саҷҷодия” аст). Ҳар кадом аз имомони аҳли байт (ъ)-ро, ки мулоҳиза кунед, гуфтаҳои фаровоне дар бораи саҳобагон (р) ва мадҳу ситоиш аз эшон доранд. Ривоятҳои фаровоне омада, ки дар онҳо сароҳатан аз хулафои рошидин ва уммаҳотулмўъминин (занони Паёмбар (с)) ситоиш ба амал омадааст, ки агар ҷамъоварӣ шавад, “маснавии ҳафтод ман” хоҳад шуд.

СИҚЛИ АКБАР ВА АСҒАР

Хонандаи гиромӣ, бо ин ки саъй доштам, мухтасар бинависам, зоҳиран матлаб тўлонӣ шуд. Аз шумо пўзиш металабам ва аз Худованди меҳрубон мехоҳам, ки ба ҳамаамон тавфиқи истифода иноят фармояд. Лутфан, каме дигар ҳам таҳаммул кунед, матлаб дорад, тамом мешавад. Фақат баҳси кўчаке пиромуни манзилати аҳли байт аз дидгоҳи аҳли суннат боқӣ аст, то равшан шавад, ки онҳо чӣ қадар ҳарисанд, ки ба “сиқли акбар” яъне Қуръони карим чанг бизананд. Ҳамчуноне, ки ба “сиқли асғар” ё аҳли байти Расули Худо (с) чанг мезананд, ки ҳамон итрати тоҳира аст.
Мутаассифона, дар тўли қарнҳои гузашта тавре нишон дода шуда, ки гўё аҳли суннат натанҳо ҳеҷ алоқае ба аҳли байти Паёмбар (с) надоранд, балки наъузу биллоҳ бо онҳо душман ҳам ҳастанд! Нафрини Худо, Паёмбар ва фариштагон бар касе бод, ки худро мусалмон биномад ва дар айни ҳол душмани аҳли байти Паёмбар (с) ҳам бошад. Албатта фарқ аст байни инки инсон ба он улгўҳои (намунаҳои) имону тақво муҳаббат дошта бошад ва инки онҳоро аз мақоми баландашон поинтар биёварад ва Худои накарда дар бораи эшон дучори ғулув ва ифрот (азҳадгузарӣ) гардад. Ин масъала худ мавзўъи мустақиле аст, ки ниёз ба баҳс дорад, ҳамин миқдоре, ки зикр кардем, барои равшан намудани ин мавзўъ кофӣ аст. Бинобар ин, шафқату раҳмат ва улфату муҳаббат миёни тамоми саҳобагон, ки шомили худи эшон ва аҳли байти он ҳазрат (с) низ мешавад, ба вежа асҳоби кисо (або) (ъ) маъруфтар аз он аст, ки бар касе пинҳон бошад.
 
АҲЛИ СУННАТ ВА АҲЛИ БАЙТ (Ъ)

ТАЪРИФӢ АҲЛИ БАЙТ:

Вақте гуфта мешавад “аҳли байт” яъне аҳл ва хонаводаи шахс ва ат-тааҳҳул, яъне издивоҷ кардан ва олулбайт, яъне сокинони хона ва аҳли ислом, яъне пайравони дини Ислом. Вале калимаи аҳл чунончи дар қомуси “Мақойисуллуғат” омада “олурраҷули” яъне аҳли ў ва “олуллоҳ ва расулиҳи”, яъне авлиё ва дўстони Худо ва Паёмбар. “Байт”-и шахс иборат аз хона ва шарафи ўст. Агар мутлақо “албайт” гуфта шавад, манзур хонаи Каъба аст, зеро ки дилҳои мўъминон ба ў майл дорад ва нафсҳо дар он оромиш пайдо мекунад, зеро ки қибла аст. Агар ба истилоҳи асри ҷоҳилӣ аҳли байт гуфта шавад, манзур сокинони махсуси он хона аст. Вале баъд аз Ислом агар мутлақо аҳли байт гуфта шавад, манзур аҳли байти Паёмбар (с) аст.

ОЛИ РАСУЛ КИСТ?

Уламо дар бораи ташхиси дақиқи аҳли байти Расули Худо (с) ихтилофи назари зиёде доранд, ки машҳуртарини он иборат аст аз инки аҳли байт:
1. Касоне ҳастанд, ки садақа бар онон ҳаром гардидааст. Ин раъйи ҷумҳур (аксари фуқаҳои Ислом) аст.
2. Авлоди Паёмбар (с) ва ҳамсарони эшон аст. Ин раъйи Ибни ал-Арабӣ дар “Аҳкомул Қуръон” аст, ки аз он дифоъ кардааст. Баъзе бар ҳамин раъй ҳастанд, вале ҳамсарони он ҳазрат (с)-ро дохил намедонанд.
3. Оли Паёмбар (с) касоне ҳастанд, ки то рўзи қиёмат аз эшон пайравӣ мекунанд. Имом Наввавӣ дар шарҳи “Саҳеҳи Муслим” ва соҳиби “Инсоф” аз ин дидгоҳ дифоъ кардаанд.
4. Баъзе уламо ҳам олро махсус ба пайравони парҳезгори Мустафо (с) донистаанд.
Пурсиш: касоне, ки аз садақа маҳрум шудаанд, кадомҳоянд?
Посух: Бани Ҳошим ва Бани Абдулмуталлиб ин қавли роҷеҳ ва раъйи ҷумҳур аст.
5. Баъзе уламо онҳоро фақат мунҳасир ба Бани Ҳошим донистаанд.
6. Мурод аз Оли Расул (с) аз дидгоҳи шиаёни имомӣ фақат дувоздаҳ имом аст (ба иловаи ҳазрати Фотима (р) ҳеҷ каси дигареро дар он дохил намедонанд).
Гурўҳҳои мухталифи ташайюъ аз аҳли байт таърифҳову баёноти ҳархела доранд. Қавли роҷеҳ ва мўътамад ҳамон қавли аввал аст.
АҲЛИ СУННАТ ВА АҲЛИ БАЙТ

Ҳеҷ китобе аз китобҳои эътиқодии аҳли суннат нест, ки дар он зикре аз аҳли байт (р) набошад ба далели аҳамияте, ки дорад, уламо онро ҷузъи масоили эътиқодӣ шумурдаанд ва дар бораи он китобҳо навиштаанд. Хулосаи ақидаи аҳли суннатро дар ин замина шайхулислом Ибни Таймия дар “Ақидаи Восития” нигоштааст. Аз сабаби он, ки ин китоб бисёр мухтасар аст менависад: Аҳли суннат аҳли байти Паёмбар (с)-ро дўст медоранд ва бо онон муволат меварзанд ва васияту суфориши Расули акрам (с), ки фармудаанд: “Шуморо дар бораи аҳли байтам ба номи Худо суфориш мекунам, шуморо дар бораи аҳли байтам ба номи Худо суфориш мекунам,”-ро дар бораи онҳо ба ҷой меоваранд.
Ҳамчунин Расули Худо (с) ҳангоме, ки амакашон Аббос хидмати эшон шикоят кард, ки баъзе қурайшиҳо бо Бани Ҳошим ҷафо мекунанд фармуданд: “Қасам ба Зоте, ки ҷонам дар дасти Ўст, ҳаргиз мўъмин намешаванд, то инки шуморо ба хотири Худо ва ба хотири хешовандии бо ман дўст бидоранд.” Ва фармуданд: “Худованд аз миёни ҳамаи мардум хонадони Исмоъил ва аз миёни онҳо Канона ва аз Канона Қурайш ва аз Қурайш Бани Ҳошим ва аз миёни Бани Ҳошим маро баргузид.” Ба ҳамин нас иктифо мекунем он ҳам аз имоме, ки баъзе бародарони шиъа бо ў адовати хосе доранд. Аз китоби “Минҳоҷу-с-суна”-и ў, ки рад бар яке аз уламои шиъа ба номи Ибни Мутаҳҳари Ҳалӣ навиштааст.

ҲУҚУҚИ АҲЛИ БАЙТ

1. Ҳаққи муҳаббат ва муволот:

Хонандаи гиромӣ, ҳамчуноне, ки хабар доред, муҳаббати ҳар мусалмон як воҷиби шаръӣ аст. Вале ҳар он чи ки дар бораи муҳаббати аҳли байти Паёмбар (с) ба арз расондем, махсуси ин зуррияи тоҳира тааллуқ мегирад, ки ҳеҷ каси дигар бо эшон шарик нест, зеро он ҳазрат (ъ) фармуданд: “Лиқаробатӣ.” Муҳаббати умумӣ, ки бо ҳамаи мусалмонон воҷиб аст, ҳамон бародароии имонӣ ва дўстӣ бар асоси имону ақида аст, ки ҷанбаи умумӣ дорад. Зеро ҳар мусалмон бо мусалмонони дигар бародар аст, ки аҳли байтро низ шомил мешавад. Аммо Паёмбар (с) барои хешовандони худашон як навъ муҳаббати хос дар назар гирифтанд, фақат ба хотири қаробату хешовандияшон бо он ҳазрат. Чунончӣ Ҳақ таъоло мефармояд: “Бигў, бар расондани он музде аз шумо дархост намекунам, вале бояд дар миёни хешовандон дўстӣ пеша кунед (ва ҳаққи хешовандии маро ба ҷой оваред)”.
(Шўро: 23)
Маънои ҳадиси гузашта маънеи ҳамин ояи карима аст, ки албатта баъзе муфассирин гуфтаанд: “Маро ба хотири хешовандие, ки дар миёни шумо дорам, дўст дошта бошед.” Зеро Паёмбари Худо (с) бо ҳама қабилаҳои Қурайш хешовандӣ доштанд, манзур ин ки муҳаббату дўстӣ ва эҳтироми аҳли байт аз ҷиҳати қаробати онҳо бо Расули акрам (с) собит аст ва ин ғайр аз муҳаббату дўстии умумӣ бо дигар мусалмонон аст.

2. Ҳаққи дуруд бар онҳо:

Ҳамчунин аст дуруд фиристодан бар эшон, чи тавре, ки Аллоҳ таъоло мефармояд: “Ҳамоно Худованд ва фариштагонаш бар Паёмбар дуруд мефиристанд. Эй мўъминон (шумо низ) бар ў дуруд бифиристед ва чунончи бояд салом бигўед.”
(Аҳзоб: 56)
Имом Муслим дар “Саҳеҳаш” аз Абўмасъуди Ансорӣ (р) ривоят мекунад, ки фармуд: “Дар маҷлиси Саъд ибни Убода будем, ки Паёмбар (с) пеши ман омад. Бишр ибни Саъд аз эшон пурсид, эй Расули Худо (с), Худованди муттаъол ба мо дастур дода, ки бар шумо дуруд бифиристем, чи гуна дуруд бифиристем? Расули акрам (с) хомўш монданд, то ҷое, ки орзу кардем, ки кош намепурсидем. Сипас фармуданд, бигўед: “Аллоҳумма салли ъало Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммадин камо саллайта ъало Иброҳима ва борик ъало Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммад камо боракта ъало Иброҳима ъалалъоламина иннака ҳамидуммаҷид. Албатта саломро медонед.” Ҳадиси Абўҳумайди Соъидӣ, ки муттафақун алайҳ аст, низ шабиҳи ҳамин ҳадис аст. Далелҳо дар ин замина бисёр аст. Ибни Қайим (р) мефармояд: ин ҳаққе аст, ки махсусан ба онҳо (аҳли байт) таъаллуқ мегирад. Дар ин бора байни имомҳои шаръ ихтилофе нест.
(Ҷилоъулафҳом)

3. Ҳаққи хумс :

Ҳамчунин аз ҳуқуқи онҳо хумс аст, чунончӣ Ҳақ таъоло мефармояд: “Ва бидонед, ки ончи аз ҳар ғанимате, ки ба даст овардед, агар ба Худованд ва ончи рўзи фурқон, рўзе ки ду гурўҳ ба ҳам расиданд, бар бандаи худ нозил кардем, имон доред, панҷ якаш аз они Худо ва Расули (Ў) ва хешовандон ва ятимон ва бенавоён ва дар роҳмондагон аст. Ва Худованд бар ҳар коре тавоност.”
(Анфол: 41)

Ҳадисҳо дар ин бора зиёд аст, зиёд аст. Ин саҳм хос ба Завилқурбо аст, ки баъд аз вафоти Расули Худо (с) низ бинобар қавли ҷумҳур барои онҳо собит аст.  Ҳуқуқи аҳли байт бисёр аст, ки ба муҳимтарини он ишора кардем. Мустаҳиқи ин ҳуқуқ касе аст, ки дорои шароити он бошад, аз ҷумла инки мусалмон бошад, насабаш собит бошад ва некўкор бошад. Расули Худо (с) ҳамвора аз ин ки фақат ба насаб такя шавад, барҳазар медоштанд. Аз ин рў, Паёмбар (с) фармуданд: “Эй қурайшиён? Худро аз Худо бихаред, ки ман наметавонам заррае азоби Худоро аз шумо дафъ кунам. Эй Аббос ибни Абдулмуталлиб, ман наметавонам заррае аз азоби илоҳиро аз ту дафъ кунам. Эй Сафия амаи Расули Худо! Ман наметавонам чизе аз азоби Худоро аз ту дур кунам. Эй Фотима духтари Муҳаммад, аз моли дунёи ман ҳарчи металабӣ, аз ман талаб кун, вале чизе аз азоби Худоро наметавонам аз ту дур кунам.”
(Бухорӣ ва Муслим)
Ва ончи дар бораи Абўлаҳаб нозил шуда низ маъруф аст.
АҲЛИ СУННАТ ВА НАВОСИБ

Аз дидгоҳи мо аҳли суннат ҳаргоҳ бихоҳем аз мақому манзилати Расули Худо (с) сухан бигўем, ҳатман бояд аз навосиб сухан бигўем. “Насб” дар луғат бар по доштану баланд кардани чизеро гўянд. Аз ҳамин боб аст носибаи ҷанг ва бадиҳо, яъне ҷангафрўз. Дар қомус омадааст навосиб ва носиба ва аҳли насб касоне ҳастанд, ки буғзи Алӣ (ъ)-ро дин медонанд, зеро ки “насабўлаҳу” яъне бо ў душманӣ карданд. Ин ба эътибори асл аст, бинобар ин, ҳар касе, ки бо аҳли байт (ъ) душманӣ кунад, навосиб ба шумор меравад. Хонандагони гиромӣ, сухани уламои Ислом дар мавриди мадҳу ситоиш аз амирулмўъминин Алӣ ва фарзандонаш (р) сареҳу ошкор аст ва ақидаи мо ин аст, ки иншоъаллоҳ Алӣ, Ҳасан ва Ҳусайн (ъ) дар биҳишт ҷовидон хоҳанд буд. Ин амр биҳамдиллоҳ бисёр равшану ошкор аст.

НАСБ БАҲОНАИ ИХТИЛОФ

Дар инҷо бояд ба мавқеъи аҳли суннат дар баробари навосиб ишора кунем ва инки аҳли суннат ҳамвора аз навосиб эълони безорӣ кардаанд ва мекунанд, ин масъалаи бисёр муҳиме аст. Зеро ҳамеша яке аз бузургтарин ва муассиртарин асбоби ихтилоф дар миёни уммати исломӣ будааст, мутаассифона гурўҳе вуҷуд дорад, ки аз ин гуна шароит суъистифода мекунанд. Бинобар ин, дар ҳар фурсате аз ин масъала ба тавре сухан мегўянд, ки ихтилоф амиқтар ва васеътар мешавад дар ҳоле, ки ҳамаи ин бофтаҳо ва сохтаҳо ҷуз дурўғ ва тўҳмату бўҳтон чизе нест. Масалан, яке аҳли суннатро муттаҳам мекунад, ки нисбат ба Алӣ ва фарзандонаш дидгоҳи хубе надоранд ва онгоҳ лаҷоми забонашро бозмегузорад, то ҳарчи метавонад дурўғ бибофад ва достонҳову афсонаҳои тахайюлиро бар асоси буғзу бадбинии аҳли суннат нисбат ба Алӣ (ъ) ихтироъ кунад.

ЯК АФСОНАИ ТАФРИҚААНГЕЗ

Аҷибтар ин ки ахиран афсонаи шаҳодати ҳазрати Фотимаро бофтаанд ва парубол медиҳанд. Воқеан, хандаовар аст ва баъид нест, ки мардумони мўъмин ва мухлис ба аҳли байт (ъ) ин сафсатаҳоро бовар кунанд, ростӣ ҳам ҳақ доранд. Вақте касе мутолиа надорад ва ба манобиъу сарчашмаҳои илмӣ дастрасӣ надорад, бо олимон ва рўшанфикрони тарафи муқобил ё ҳадди аққал бетараф ошноиву робита надорад, аз куҷо медонад, ки ин достонҳову афсонаҳо як мушти дурўғ аст? Дар ҳоле, ки аҳли суннат дар бораи фазоили аҳли байт ҳадисҳои зиёде ривоят мекунанд. Шояд ҳеҷ китобе аз китобҳои ҳадиси аҳли суннат набошад, ки дар он аз фазоил ва манзилати аҳли байт ҳадис ривоят нашуда бошад.

ДИДГОҲИ ШАЙХУЛИСЛОМ

Хонандаи гиромӣ, дидгоҳи аҳли суннат дар бораи навосиб равшан аст. Мо дар инҷо фақат ба нақли дидгоҳи яке аз олимони аҳли суннат, ки баъзе шиъаён ўро бадтарин душмани худ медонанд, иктифо мекунем. Шояд китоби эшон бузургтарин доиратулмаорифи аҳли суннат дар мавзўъи ихтилофи шиъа ва суннӣ бошад. Олими мазкур мефармояд: “Дашном ва лаънати Алӣ чунон бағовату саркашии бузурге буд, ки касоне ки муртакиби он шуданд, ба онҳо гурўҳи ёғӣ гуфта шуд.”

РИВОЯТИ ИМОМ БУХОРӢ

Чунончи имом Бухорӣ дар “Саҳеҳ”-аш аз Холид ал-Ҳазои аз Икрима ривоят мекунанд, ки гуфт Абдуллоҳ ибни Аббос ба ман ва писараш Алӣ фармуд: Назди Абўсаъид биравед ва ҳадисашро гўш кунед. Дидем ў дар боғе аст, ки дорад, онро тармим мекунад, ридояшро ба худ печонд. Сипас ба ҳадис гуфтан шурўъ намуд, то вақте ки сухан ба сохтани масҷид расид фармуд: Мо ҳар кадом як хишт мебурдем, Аммор дуто-дуто мебурд, то Паёмбар (с) ўро диданд, шурўъ ба такидани хок аз ў карданд ва фармуданд: “Афсўс, ки гурўҳи ёғӣ Амморро мекушад, ў онҳоро ба биҳишт мехонад ва онҳо ўро ба дўзах мехонанд.” Ровӣ мегўяд Аммор мегуфт: Аъузу биллоҳи миналфитани” яъне аз шарри фитнаҳо ба Худованд паноҳ меҷўям.

РИВОЯТИ ИМОМ МУСЛИМ

Имом Муслим низ онро аз Абўсаъид ривоят карда мефармояд: “Касе ба ман ҳадис гуфтааст, ки аз ман беҳтар аст. Абўқатода мегўяд: Паёмбари Худо (с) ҳангоме, ки Аммор хандақ меканд дар ҳоле, ки дасташонро бар сараш мекашиданд фармуданд: “Афсўс, ки гурўҳи ёғӣ Ибни Сумайяро мекушад.” Ҳамчунин имом Муслим аз Умми Салама (р) ривоят карда, ки Паёмбар (с) фармуданд: “Гурўҳи ёғӣ Амморро хоҳад кушт.”

АЛӢ БАР ҲАҚ БУД

Ин ҳадис бар сиҳҳати имоматӣ Алӣ ва вуҷуби итоат аз ў низ далолат мекунад ва инки ҳар кас ба тоати ў даъват мекунад, ба сўи биҳишт даъват мекунад ва ҳар кас ба ҷанги ў даъват мекунад, ҳатто агар таъвил кунад, ба дўзах даъват мекунад. Ҳамчуноне ин далели он аст, ки ҷанг бо Алӣ ҷоиз набуд. Бинобар ин, касоне, ки бо ў ҷандидаанд, агар таъвил кардаанд, хатокор ва агар таъвил накардаанд, ёғӣ ҳастанд ва саҳеҳтарин қавл аз ду қавли асҳоби (уламои) мост, яъне ҳукм ба хато рафтани касоне, ки бо Алӣ ҷангидаанд ва ин мазҳаби имомону пешвоёни фиқҳ аст, ки бар ин асос, масоили ҷанг бо боғиёни таъвилкунанда (буғотулмутааввилин)-ро истинбот кардаанд.

ЛАЪНАТ БАР ҚОТИЛИ ҲУСАЙН

Дар ин ҷумлаи Шайхулислом диққат кунед, баъд аз ин ки дидгоҳҳои аҳли суннатро дар бораи Язид баён мекунад ва масъаларо ботафсил шарҳ медиҳад ва ихтилофи назарҳоро баён мекунад менависад: “Ҳар кас Ҳусайнро ба шаҳодат расонида ё дар қатли ў кўмак карда ё ба он розӣ буда, лаънати Худо ва фариштагон ва ҳамаи мардум бар ў бод.”
Оё бо вуҷуди ин дидгоҳҳои возеҳу равшани аҳли суннат бозҳам идаи олимнамо ҳақ доранд аҳли суннатро муттаҳам кунанд, ки навосиб ҳастанд?

ИЛОҶИ ВАСВАСА

Бародари азиз ва хоҳари гиромӣ! Мумкин аст бо хондани ин китоб суолҳои зиёде дар зеҳни шумо пайдо шуда бошад, ки дар таърих сабт шуда, монанди ҷанги “Сиффин” ва “Ҷамал”, ки миёни саҳобагон иттифоқ афтод. Зеро дар ҳар ду тараф иддае аз онон вуҷуд дошт, вале бештари онҳо бо Алӣ буданд ба иловаи афроди хонаводаи эшон. Банда худам ва шуморо ба хондану андеша кардан дар ин ояи карима даъват мекунам: “Ва агар ду гурўҳ аз мўъминон бо якдигар биҷанганд, байни он ду гурўҳ оштӣ барқарор кунед. Онгоҳ агар яке аз он ду гурўҳ бар дигаре таҷовуз кард, бо гурўҳи таҷовузгар то вақте, ки ба ҳукми Худо баргардад биҷангед. Пас агар баргашт, ба адл байни он ду гурўҳ оштӣ барқарор кунед ва ба дод бикўшед. Бегумон Худованд додгаронро дўст медорад. Ҷуз ин нест, ки мўъминон бародаранд. Пас байни ду бародари худ сулҳ барқарор кунед ва аз Худованд битарсед, то мавриди раҳмати Ў қарор гиред.”
(Ҳуҷурот:9-10)
Дар оятҳои мазкур Худованд бо вуҷуди ҷанг миёни онҳо ҳамаро мўъмин хонда, оят сареҳу равшан аст ва ниёзе ба ҳошия ва тафсир надорад. Бинобар ин, бо вуҷуди ин, ки байни онҳо ҷанг даргирифта тибқи гувоҳии Қуръон ҳамаи онҳо натанҳо мусалмон, балки мўъмин ҳастанд. Ҳамчунин ояти каримаи зайл: “Пас агар шахси ҷинояткор аз тарафи бародари (диниаш) чизе барояш бахшида шуд, бояд рафтори нек кунад.”
(Бақара: 178)
Дар ҳоле, ки ин оят дар бораи қатли амд (боқасд) аст, Худованди муттаъол ухуввату бародариро байни қотил ва соҳибони мақтул собит кардааст, ҳоло онки ҷинояти қотил як ҷинояти хатарнок аст ва шадидтарин уқубату сазо барои он дар назар гирифташуда, аммо онҳоро аз доираи имон хориҷ накардааст. Бинобар ин, ба гувоҳии Қуръон қотил ва соҳибони мақтул бо ҳам бародаранд: “Ҷуз ин нест, ки мусалмонон бо ҳам бародаранд.” Ин мавзўъ ниёз ба китоби мустақиле дорад, ки иншоаллоҳ умедворам Худованд ҳарчи зудтар тавфиқи итмоми онро иноят фармояд.

АРЗИ ОХИР

Хонандаи мўҳтарам! Пас аз он, ки лаҳзаҳоеро дар фазои атрогин ва дар ҳолу ҳавои саршор аз меҳру муҳаббат бо саҳобагон ва аҳли байти Расули акрам (с) гузарондем ва робитаву алоқаи самимонаи он гурўҳи атҳор ва ахёрро бо якдигар ташхис кардем ва фаҳмидем, ки онҳо чи қадар бо якдигар меҳрубону самимӣ будаанд ва чи қадар улфату муҳаббат ва ухуввату бародарӣ дар миёни онҳо ҳукмфармо буда ва чи андоза бо якдигар робитаи хешовандӣ доштаанд, то ҷое, ки муҳаббату дўстии фавқулоддаи онҳоро Қуръони карим ба равшанӣ тарсим кардааст. Пас бояд бикўшем ва аз Парвардигори ҷаҳониён бихоҳем, ки моро ба роҳе, ки дўст дораду меписандад, тавфиқ иноят фармояд ва моро дар зумраи касоне қарор диҳад, ки худаш пас аз ситоиши муҳоҷирин ва ансор дар бораи онҳо фармуда: “Ва онон, ки пас аз инҳо омадаанд, мегўянд: Парвардигоро, моро ва он бародаронамонро, ки дар имон овардан аз мо пешӣ гирифтанд биёмурз ва дар дилҳои мо ҳеҷ кинае дар ҳаққи касоне, ки имон овардаанд, қарор мадеҳ. Парвардигоро, Туи ки бахшандаи меҳрубонӣ.”
(Ҳашр: 10)

ДАСТИ НИЁЗ

Ба ростӣ ҳарчанд далелу бурҳон қоим шавад ва ҳуҷҷатҳои возеҳу равшан оварда шавад, инсон ҳаргиз аз Парвардигор ва Мавлои худаш бениёз намегардад. Худованди муттаъол бо ин ки Паёмбар (с)-ро бо мўъҷизоти равшан, бо Қуръони карим, бо ахлоқи накў ва қуввати баёну фасоҳати фавқулодда пироставу мунаввар фармуда ва бо ин ки аҳли Макка он ҳазрат (с)-ро аз кўдакӣ то биъсат (паёмбарӣ) мешинохтанд, бо вуҷуди ҳамаи ин, бисёре аз онҳо бар куфру ширки худашон боқӣ монданд, то инки фатҳи мубин (фатҳи Макка) омад ва Худованд бадтарин душманонашро ҳидоят кард ва дилҳои торики онҳоро бо нури имон мунаввар намуд. Бинобар ин, мо бояд ҳамвора дуо кунем ва бо илтиҷову зорӣ аз Ў тавфиқи суботи бар ҳақ ва пайравӣ аз ҳақро бихоҳем, ки ҳидоят фақат аз ҷониби Зоти меҳрубони Ўст.
Бародар ва хоҳари гиромӣ! Ба ёд дошта бошед, ки шумо ба ончи Худованд аз шумо хоста мукаллаф ҳастед ва Худованд ҳатман аз шумо ҳисоб хоҳад гирифт, мабодо каломи каси дигареро бар каломи Худованди субҳон муқаддам бидоред. Худованд Қуръонро ба забони арабии мубин (равшан ва ошкор) нозил фармуда ва онро сабаби ҳидоят ва шифо барои мўъминон ва сабаби кўрӣ ва залолат барои дигарон қарор додааст. Чӣ тавре, ки Ҳақ таъоло мефармояд: “Бигў, Қуръон барои мўъминон ҳидоят ва шифост. Ва касоне, ки имон намеоранд, дар гўшҳояшон сангинӣ (вазнинӣ) аст ва он (Қуръон) бар эшон мояи бебасиратӣ (кўрӣ) аст.”
(Фуссилат: 44)
Худованд шуморо муваффақ бидорад, саъйу кўшиш кунед, ки бо ҳидояти Қуръон роҳ ёбеду раҳнамун шавед ва ҳамвора Қуръонро пеши рўи худ қарор бидиҳед. Хонандаи арҷманд! Дар поён ҳамин нуктаро мегўем, ки ҳисобу китоби ҳамаи махлуқот бар Худованди муттаъол аст. Ҳеҷ инсоне наметавонад дар ин кор нақш дошта бошад, бинобар ин, бедалел алайҳи бандагонаш ҳукм содир накунем. Ҳадди аққал ҳуқуқе, ки ол ва асҳоби ҷонбози Расули Худо (с), ки дар Қуръони карим аз онҳо ситоиш ба амал омада ва дар ривоятҳои саҳеҳ низ нақл гардида, бар мо доранд, ин аст, ки бо онҳо муҳаббат дошта бошем ва аз ҳар гуна кинаву адоват ва Худои накарда лаън ва нафрин нисбат ба он улгўҳои имону тақво бипарҳезем. Дар ин бора бояд ҷиддӣ фикр кард. Аз Худованди муттаъол оҷизона мехоҳем, ки ҳар гуна кудуратеро нисбат ба ол ва асҳоби Паёмбараш (с) аз дилҳоямон бизудояд ва ҳақро бар мо ошкор гардонад ва моро бар шайтон ва бар нафсҳоямон ғолибу пирўз бигардонад, ба ростӣ, ки Ў бар ҳар коре тавоност.

Поёни тарҷима:
Панҷшанбе, шаби 19 Раҷаби 1423-и ҳиҷрӣ
Ҳарами мутаҳҳари Мадинаи тайиба

ЗАМИМА:
Ҷадвали хешовандии хонадони Ҳошимӣ бо даҳ ёри биҳиштӣ

Хонадони Ҳошимӣ    Дигарон    Сарчашмаҳо
Расули Худо (с)    Оиша бинти Абўбакр, Ҳафса бинти Умар, Рамла бинти Абўсуфён    Ҳамаи сарчашмаҳои таърих
Уммикулсум бинти Алӣ (ъ)    Умар ибни Хаттоб (р)    Манобиъ дар матни китоб нақл шуд
Фотима бинти Ҳусайн ибни Алӣ (ъ)    Абдуллоҳ ибни Амр ибни Усмон ибни Аффон    Ансобу-т-толибин ва Умдат уттолиб
Сафия (ъ) амаи Расули Худо (с)    Аввом ибни Хувайлид, фарзандашон Зубайр ибни Аввом    Тамоми сарчашмаҳои шиъа ва суннӣ
Умми Ҳасан (ъ) духтари Ҳасан ибни Алӣ ибни Абўтолиб    Ибни Зубайр ва пас аз кушта шуданаш бо бародараш Язид    Мунтаҳаломол ва Тароҷимуннисои Ҳоирӣ
Руқия (ъ) духтари Ҳасан ибни Алӣ ибни Абўтолиб    Амр ибни Зубайр ибни Аввом    Мунтаҳаломол ва Тароҷиму-н-нисои Ҳоирӣ ва дигарон
Ҳусайн ал-Асғар бин Зайнулобидин (ъ)    Холида бинти Ҳамза бин Мусъаб бини Зубайр    Тароҷиму-н-нисои Ҳоирӣ, саҳ.361

Илова бар ончи зикр гардид, ингуна издивоҷҳо бисёр аст ва достони издивоҷи Сакина бинти Ҳусайн бо Мусъаб ибни Зубайр машҳуртар аз он аст, ки низе ба тавзеҳ дошта бошад. Агар касе бихоҳад ингуна қаробатҳоро ҷамъ кунад “маснавии ҳафтод ман” хоҳад шуд.

РИВОЯТЕ АЗ ИМОМ СОДИҚ (Ъ)

Аз Мансур ибни Ҳозим ривоят аст, ки гуфт: Хидмати имом Содиқ (ъ) арз кардам оё саҳобагони Расули Худо (с) ростгў буданд ё бар он ҳазрат (с) дурўғ мегуфтанд? Фармуд: балки ростгў буданд. Гуфтам: пас чаро боҳам ихтилофи назар доштанд? Фармуд: магар намедонӣ шахсе хидмати Расули акрам (с) меомад ва масъалае мепурсид ва он ҳазрат ҷавоб медоданд. Сипас бар ҳасби (тибқи) ниёз ҷавоби дигаре мефармуданд, ки ҷавоби аввалро мансўхт мекард, бинобар ин, баъзе ривоятҳо баъзеи дигарро мансух кардааст.
(Усули Кофӣ, ҷилди 1, саҳ.65, Китоби фазлулъилм)

ШЕЪРЕ АЗ ИМОМ ШОФИЪӢ (Ъ)

Эй аҳли байти Расули Худо муҳаббати шумо,
Фарзест аз Худованд, ки дар Қуръон нозил фармуда.
Ҳамин ифтихори бузург барои шумо кофӣ аст, ки
Касе ки бар шумо дуруд нафристад, намозаш дуруст нест.
(Девони имом Шофиъӣ (ъ), саҳ.106. Биҳоруланвор, ҷилди 23, саҳ.235)
 
МАНОБЕЪ ВА САРЧАШМАҲО

- Қуръони карим;
- Биҳоруланвор аз Мулло Боқири Маҷлисӣ;
- Усули Кофӣ Муҳаммад ибни Яъқуби Қулайнӣ;
- Тасмиятулмавлуд Аллома Бакр ибни Абдуллоҳ Абўзайд;
- Саҳеҳи Бухорӣ Муҳаммад ибни Исмоъили Бухорӣ;
- ал-Муҳалло имом Ибни Ҳазми Зоҳирӣ;
- Мавсуъаи фиқҳи Алӣ ибни Абўтолиб. Аз доктор Равоси Қалъачӣ, чопи Дору-н-нафоис;
- Маноқиби оли Абўтолиб. Аз Ибни Шаҳрошўб, таҳқиқи Юсуфи ал-Биқоъӣ, интишороти Завилқурбо 1421-и ҳиҷрӣ;
- Албидоя ва-н-ниҳоя, аз Ибни Қосими Димашқӣ;
- Таҳзибулкамол, чопи аввал 1413-и ҳиҷрӣ; Муассисаи аррисола, таҳқиқи доктор Башшор;  Авводи Маъруф;
- Кашфулғумма, чопи Теҳрон;
- Алфусулулмуҳимма;
- Аъломулваро, Табрисӣ;
- Иршод, аз шайх Муфид;
- Таърихи Яъқубӣ;
- Таърихи алумам валмулук, аз Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ;
- Умдату-т-толибин, чопи Теҳрон;
- Миръотулуқул, Аллома Маҷлисӣ;
- Сияри аълому-н-нубало, имом Шамсуддин Заҳабӣ;
- Фуруъи кофӣ, Муҳаммад ибни Яъқуби Кулайнӣ;
- Канзулуммол;
- Китоби алъайн, аз Халил ибни Аҳмади Фароҳидӣ;
- Ассиҳоҳ, Ҷавҳарӣ;
- Лисонулъараб, Ибни Манзур;
- Мўъҷами мақоисуллуға;
- Саҳеҳи Муслим, Ибни Ҳаҷҷоҷи Нишопурӣ;
- Ҷилоъулафҳом, Ибни Қайими Ҷавзӣ;
- Алмуғнӣ, Ибни Қудома;
- Ҳуқуқи олулбайт, Шайхулислом;
- Маҷмуъулфатово, Шайхулислом;
- Девони имом Шофиъӣ.
 
МУНДАРИҶА

Пешгуфтори мутарҷим..................................................    3
Иттифоқи уммат..............................................................    4
Ситоиши илоҳӣ................................................................    5
Таҳрифи таърих...............................................................    6
Суханони тиллоӣ.............................................................    7
Ин китоб.............................................................................    8
Омили тафриқа чист?.....................................................    8
Муқаддима.......................................................................    10
Як нуқтаи муштарак.......................................................    10
Фазоили аҳли байт (ъ).....................................................    11
Дараҷаҳои саҳоба (р).......................................................    12
Осебшиносии тафриқа...................................................    13
Паёми ваҳдат.....................................................................    15
Ифтихори сўҳбат.............................................................    16
Беҳтарин уммат................................................................    17
Як истисно дар таърих....................................................    18
Ангеза чист?......................................................................    19
Матлаби аввал.................................................................    25
Номгузорӣ.........................................................................    25
Аҳамияти исм дар ислом:..............................................    26
Як пурсиши ақлонӣ........................................................    27
Қазоват бо шумо..............................................................    28
Натиҷагирӣ.......................................................................    29
Ва инак асли матлаб........................................................    30
Муноқиша..........................................................................    31
Хулоса.................................................................................    32
Натиҷа................................................................................    35
Матлаби дуввум.............................................................    36
Мусоҳара ё пайванд кардан...........................................    36
Мусоҳараи пеш аз ислом...............................................    37
Мусоҳара дар ислом........................................................    38
Шаҳиди обрў.....................................................................    39
Аҳамияти хостгорӣ..........................................................    40
Муборакбод.......................................................................    41
Имом Содиқ набераи Абўбакр....................................    43
Роҳбарии ақл.....................................................................    44
Далелҳои ин издивоҷи таърихӣ...................................    46
Эътирофи аввал................................................................    46
Эътирофи дуввум............................................................    47
Эътирофи саввум.............................................................    48
Эътирофи чаҳорум..........................................................    48
Эътирофи панҷум............................................................    48
Хулоса.................................................................................    50
Матлаби саввум..............................................................    51
Далолати ситоиш.............................................................    51
Нигоҳе ба гузашта............................................................    52
Гувоҳии Қуръон (1)..........................................................    53
Гувоҳии Қуръон (2)..........................................................    54
Гувоҳии Қуръон (3)..........................................................    56
Як достони ҷолиб.............................................................    57
Гувоҳии “Наҳҷу-л-балоға”.............................................    59
Сиқли (дастовез) акбар ва асғар...................................    60
Аҳли суннат ва аҳли байт (ъ).....................................    62
Таърифи аҳли байт:.........................................................    62
Оли расул кист?................................................................    62
Аҳли суннат ва аҳли байт...............................................    64
Ҳуқуқи аҳли байт.............................................................    65
Аҳли суннат ва навосиб..................................................    69
Насб баҳонаи ихтилоф...................................................    69
Як афсонаи тафриқаангез..............................................    70
Дидгоҳи Шайхулислом..................................................    71
Ривояти имом Бухорӣ....................................................    71
Ривояти имом Муслим...................................................    72
Алӣ барҳақ буд.................................................................    72
Лаънат бар қотили Ҳусайн............................................    73
Илоҷи васваса...................................................................    73
Арзи охир..........................................................................    75
Дасти ниёз..........................................................................    76
Замима:...............................................................................    78
Ривояте аз имом Содиқ (ъ)............................................    80
Шеъре аз имом Шофиъӣ (ъ).........................................    80
Манобеъ ва сарчашмаҳо.............................................    81
Мундариҷа.......................................................................    83