РӮҲИ ИСЛОМ (Қисми чаҳорум)

Китоби «Рӯҳи ислом» асосҳои дини мубини исломро дар партави Қуръону ҳадис ва пажӯҳишҳои илмии нав баён намуда, каломи илоҳӣ будани Қуръони карим ва ҳаққонияти паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с)-ро бо далоили илмӣ бозгӯ менамояд.

РӮҲИ ИСЛОМ   (Қисми чаҳорум)
(Таҳқиқ ва баррасӣ дар усули Ислом, одоб ва аҳкоми он бо равишу услуби илм ва фалсафа)

روح الدين الإسلامي (القسم الرابع)
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

        
АФИФ АБДУЛФАТТОҲ ТАББОРА
عفيف عبد الفتاح طباره

Абӯбакри Ҳасанзода

Таҳия, тадвин, тахриҷи оёту аҳодис, баргардонӣ бо хатти  кириллӣ ва пешгуфтори
Абдулҳалим  ОРИФӢ
ترجمة : عبد الحليم عارفي  

 

Душанбе
«Ирфон»
2011
ББК 86.38+87.717
А-90
Бо ташхиси Кумита оид ба корҳои динӣ назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16.06.2011 таҳти рақами 275 ба чоп пешниҳод шуд.

Аз забони арабӣ тарҷумаи
Абӯбакри Ҳасанзода

Таҳия, тадвин, тахриҷи оёту аҳодис,
баргардонӣ бо хатти  кириллӣ ва пешгуфтори
Абдулҳалим  ОРИФӣ

Муқарриз
академик Мӯсо ДИНОРШОЕВ

Муҳаррирон
Абдушариф БОҚИЗОДА, Сироҷиддин ИКРОМӢ

 

 

 

 

Афиф Абдулфаттоҳ Таббора
А-90     Рӯҳи ислом. –  Душанбе: «Ирфон»,  2011. – 600 саҳ.

Китоби «Рӯҳи ислом» асосҳои дини мубини исломро дар партави Қуръону ҳадис ва пажӯҳишҳои илмии нав баён намуда, каломи илоҳӣ будани Қуръони карим ва ҳаққонияти паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с)-ро бо далоили илмӣ бозгӯ менамояд
Ҳамчунин, эродҳо ва шубҳаҳоеро, ки дар атрофи Ислом ангехта шудаанд, баррасӣ намуда, бо санаду далелҳои илмӣ бутлони онҳоро собит менамояд.
Азбаски китоби мавриди назар бо забони илм ва услуби равон таълиф гардидааст, мутолиаи он барои олимон, муҳаққиқони адён, рӯшанфикрон ва оммаи васеи хонандагон ғановати фар¬ҳангӣ ва дарёфти бесобиқа хоҳад буд.

А    0401000000-013    -2009
    М501 (12) - 2009    

ISBN 978-99947-63-33-7                      ББК 86.38+87.717

© таҳия аз Орифӣ А., 2011

 

 


 

 

 


Ба ифтихори бузургдошти
олими оламшумул, фақеҳи тавоно, нобиғаи замон, пешвои аввалин мазҳаби аҳли суннату ҷамоат Имоми Аъзам Нӯъмон ибни Собит
(раҳматуллоҳи алайҳ)  ба нашр расид

 

 

 

    
 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ДЕБОЧА
Дар ин ҷо душманон эродҳое бар дини Ислом ворид намуда, аз ҷумла мегӯянд: “Ислом аз ҷанбаи мавънавӣ ва рӯҳӣ ноқис аст ва ба маънавиёт ва рӯҳ таваҷҷӯҳ надорад, балки дине аст моддӣ ва ҳадафаш расидан ба  моддиёт аст” Ва ё мегӯянд: “Ислом бештар як низом ва қонуни илмӣ ва иҷтимоии хушку берӯҳ аст, бештар аз он ки низоми маънавӣ ва ахлоқию рӯҳӣ бошад”.
Баростӣ, ин тӯҳматҳо ҷуз аз хубси ният ношӣ намегардад ва норавотарин ва беинсофтарин тӯҳматҳо ба дини Ислом мебошанд, зеро Ислом чунон усул ва мабонии маънавӣ ва рӯҳии муҳкаму равшанеро доро мебошад, ки ҳар нафсе ба онҳо моил аст ва ба суръат онҳоро мепазирад, зеро дар болотарин дараҷаи камол қарор доранд ва назири онҳо дар ҳеҷ як аз динҳои дигар дида намешавад ва мо ба тафсил дар фаслҳои «Иртиботи инсон бо дунё», «Иртиботи инсон бо Худо», «Ахлоқ ва ибодат» дар ин бора баҳс хоҳем кард.

ИНСОН АЗ РӮҲ ВА ҶИСМ БА ВУҶУД ОМАДААСТ
Инсон аз ду унсур: яке моддӣ, ки дорои рушду ҳаракат аст, ва дигаре маънавӣ, ки аз хусусиятҳои модда ба дур аст ва тафаккур, илм, ирода, ҳубб ва дигар ахлоқи писандидаю нописандида аз мазоҳири он аст, ташкил гардидааст. Ҳар як аз ин ду унсур дорои хостаҳо ва тамоюлоте аст, ки мехоҳад ба беҳтарин ва комилтарин ваҷҳи мумкин ба он дастрасӣ пайдо намояд. Ҷисм ниёз ба хӯрдану нӯшидан ва баровардани тамоюлоти ҷинсӣ дорад, рӯҳ низ маротиби бешуморе аз камолот дорад, ки метавонад бар ҳасби талошу кӯшише, ки анҷом медиҳад, ба сӯйи онҳо уруҷ намояд.
Хости Худо ин буд, ки рӯҳро бо ҷисм пайванд диҳад ва ин амр боиси ба вуҷуд омадани балоҳои гуногун шуд, зеро аксари мардум таслими ҳаво ва ҳаваспарастӣ шуданд ва ба сурати бандаи тамоюлоти нафсонии худ даромаданд ва инсонияти онҳо то марҳалаи ҳайвонот суқут кард, чун ҳадафу хостае ҷуз хӯрдану нӯшидан ва баровардани шаҳавоти нафсонӣ надоштанд ва ба андозае аз фитрати худ ҷудо шуданд, ки аз мартабаи ҳайвонот ҳам поинтар рафтанд ва истеъдодҳои худододии худро аз қабили ақлу тафаккур зоеъ карданд.
Ба манзури наҷоти башар аз ин инҳитот Қуръон шариат ва рӯҳеро бо худ овард, ки асоси он имон ба Худо аст. Имони қатъӣ ва яқинӣ, ки шакку тардид набояд ба он роҳ ёбад, ин имон инсонро ба сӯйи саодату хушбахтӣ ҳаракат медиҳад ва ӯро ба сурати фарди солиму солеҳ ва муфид таҳвили ҷомеа медиҳад ва ӯро аз шарри ташаннуҷот ва изтироботи рӯҳӣ, ки дар асари ноогоҳӣ ба асрори ҳастӣ ҳосил мешавад, наҷот мебахшад.
Он гоҳ Қуръон инсонро ба мубориза бо нафс даъват мекунад ва мехоҳад ӯро ба анҷоми корҳои хайр одат диҳад ва ба тазкияи нафс бипардозад ва олудагӣ ба фасоду шаҳват, буғзу ҳасад ва дигар бемориҳои рӯҳиро аз чеҳраи ӯ ба оби тақвою имон пок намояд, то дилҳо бар пояи муҳаббату бародарӣ ва итминону оромиш ба даври ҳам ҷамъ шаванд.

ҶАҲОН НИЁЗ БА ЯК ФАРҲАНГ
ВА ТАМАДДУНИ РӮҲӢ ДОРАД
Ҷаҳони имрӯз ниёзи шадиде ба як фарҳанги маънавӣ ва рӯҳӣ дорад. Иддае мепиндоштанд, ки бо пешрафти сареъ, чашмгир ва доимии модда дар заминаи илму санъат ҷаҳон ба авҷи камол худ расидааст ва чизи дигаре ҷуз модда ва пешрафти он вуҷуд надорад, аммо ба воситаи ҳаводис ва мушкилоте, ки дар сӣ соли ахир ба вуқӯъ пайвастааст, ақидаи худро тағйир дода ва мӯътақид шудаанд, ки саодату камол танҳо бо пешрафти моддӣ ҳосил намешавад. Ҳатто пешрафти моддӣ, ки дар қарни ахир ба он ноил шудаем, натавонистааст саодату хушбахтӣ ва камоли матлубро бо худ ба армуғон оварад, балки баръакс,  дар асари ҷангҳои пай дар пай ва бурузи кинаю ҳасад ва адоват дар байни миллатҳо бадбахтиҳо, вайрониҳо ва қатлу ғоратҳои фаровонро мушоҳида мекунем ва мебинем, ки қавитарҳо бар ҷони заифтарҳо афтодаанд ва даррандавор онҳоро пора-пора мекунанд. Давлатҳои истеъморгар чанголи худро дар қалби давлатҳои фақир бурдаанд ва оташи душманӣ дар байни миллатҳо ва халқиятҳо забона мекашад. Инҳо ҳама ба мо нишон медиҳад, ки ин тамаддуни моддӣ ва пешрафт дар моддиёт холӣ аз арзишҳои маънавию рӯҳӣ аст.
Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки  шоири ҳиндӣ Тагорро мебинем, ки забон ба шиква мекушояд ва аз тамаддуни ҳозир, ки танҳо бар илму модда бино ёфтааст ва аҳамияте ба арзишҳои рӯҳию маънавӣ намедиҳад, ба шиддат интиқод мекунад ва чанд лаҳза пеш аз маргаш ба яке аз шогирдонаш чунин мегӯяд: «Ба ростӣ, ислоҳот ва тараққӣ аз лиҳози илмию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ боиси тасфия дар умури модда ва табиат мешавад ва ба он лутфу ҷило мебахшад ва моддаро зеботар ҷилвагар месозад, вале таъсир бар инсонияти инсон надоштааст ва ба сурати худ балки ноқистар аз гузашта боқӣ мондааст ва фардро раҳо сохтаю роҳи равшан ва дурусте, ки ӯро ба камолоти маънавӣ бирасонад, дар пеши роҳи ӯ қарор надодааст. Дигар ӯ наметавонад бо ин тамаддун ин роҳро ба даст оварад, чаро ки ба ақидаи ман камолоти рӯҳӣ муқайяд ба пешрафти моддӣ нест. Ин камолот гавҳаре аст абадӣ, ки дар ниҳоди инсон қарор дода шудааст, хоҳ мо аз лиҳози моддӣ пеш рафта ё ақиб монда бошем. Ин гавҳар вуҷуд дорад  ва бар мо лозим аст, то он ҷо, ки метавонем, ба баҳсу таҳқиқ ва ҷустуҷӯ дар рӯҳи худ бипардозем, то ба он дастрасӣ пайдо кунем ва лозим аст осору ҷилвагоҳҳои онро дар нафс ҷустуҷӯ кунем ва ҷаҳони муштараки ин гавҳар ва осорашро дар худ ва дигарон шиносоӣ намоем ва фақат ба мизони эҳсосу ташхис, ки дар ин замина ба даст меоварем, ба сӯйи камоли маънавӣ таваҷҷӯҳ ва пешрафт хоҳем кард.
Албатта, афроди фаровоне қабл аз мо ин ҳақиқатро дарк карда ва ба сурати намунаи зинда ва таҷассуми фазилат ва камоли рӯҳӣ даромадаанд, бидуни ин ки аз тамаддуне монанди тамаддуни мо ва аз илме монанди илми мо ва аз тараққии моддие монанди тараққии мо бархурдор буда бошанд. Онҳо худро мулзам ба тарбия ва парвариши нерӯҳои ҳамешагию абадӣ ва истеъдодҳои рӯҳии худ карда буданд. Бинобар ин, тааҳҳуду пойбандии онҳо ба ахлоқ ва маънавиёт пурхайр ва баракаттарин самари худро ба бор овард. Вале ба ростӣ, ин нерӯҳо ва қувваҳи абадӣ кадомҳо ҳастанд? Инҳо покӣ, муҳаббат, фидокорию ҷонбозӣ ва ҳар сифати дигаре аст, ки вақте дар қалби мо вуҷуд дошта бошад, эҳсос мекунем бо вуҷуди онҳо дигар ниёзе ба қонуну муқаррароти идорӣ ва иҷтимоӣ надорем, то ба василаи онҳо адолату дӯстиро барқарор намоем. Аз ҳама аҷибтар ин аст, ки тамаддуни феълии мо барои ислоҳу пешрафти ҷомеа бар ислоҳи қонуну назми иҷтимоӣ такя менамояд, вале мутаассифона, ин ислоҳро ҳамгом ва ҳамроҳ бо таблиғоти саҳеҳ ва ба дур аз таассуботи мазҳабӣ барои рӯй овардани мардум ба ин истеъдодҳо ва қувваҳои рӯҳӣ қарор намедиҳад. Лозим аст аз ин қувваҳои маънавӣ ба унвони як маҷмӯаи муштарак ҳамеша баҳрабардорӣ шавад, ҳамон гуна, ки аз лиҳози моддӣ зуғолсангу оҳан ва бухору барқ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд...
Ба назари ман лозим аст ҳангоме, ки дар мадраса фавоиди барқ ба шогирд ёд дода мешавад, фоидаи муҳаббату покӣ ва садоқат ҳам ба ӯ ёд дода шавад, лозим аст истеъдодҳо ва фазоили ахлоқиро дар канори маориф ва татбиқоти илмӣ дар дили шогирд ҷой диҳем, то фарҳанги моддию маънавӣ ҳамгом ва ҳамоҳанг бо ҳам тараққӣ намоянд ва илло танҳо тараққии моддӣ ва татбиқоти илмӣ кофӣ нахоҳад буд ва натиҷаи маъкус ва ғайри матлуб хоҳад дод ва авотифу фазоилро аз байн мебарад ва инсонро ба ҳолати ваҳшигарии ибтидоӣ бармегардонад».
Ва ба гуфтаи донишманди шаҳир Андру Конвойэфи, ки дар улуми табиӣ маъруфияти басазое дорад ва дар ҳоли ҳозир устоди физиобиологӣ ва раиси идораи клиникии донишгоҳи пизишкии Чикаго аст, таваҷҷӯҳ фармоед, ки мегӯяд: «Таъсири ҷанбаи маънавию ахлоқии зиндагии инсон дар ҳифзу нигаҳдории ӯ аз гирифториҳои ҷисмию рафоҳӣ бештар аз ҷанбаи моддии он аст ва тасаллуту таваҷҷӯҳ ба қувваҳои нафсонӣ ба маротиб муҳимтар аз тасаллут бар табиату модда аст. Тасаллут бар табиату модда боиси пешрафти илмӣ дар бораи ҷаҳони моддие, ки дар он зиндагӣ мекунем, мешавад ва васоили тавлиду тавзеъро беҳтар менамояд, аз нороҳатиҳои зиндагӣ мекоҳад ва васоили рафоҳро фаровон мекунад ва бар тӯли умр меафзояд, вале мушкилоти фаровоне ҳанӯз лоянҳал боқӣ аст ва бузургтарин мушкилоти ҷаҳони феълӣ риоят нашудани масоили динию ахлоқӣ аст. Ахлоқ мегӯяд атомро дар хидмати саодату хушбахтӣ гиред, на ин ки инсонҳоро ба василаи он дар як лаҳза ба коми марг бикашонед. Оре, бузургтарин мушкилоти ҷомеаҳои имрӯзӣ ношӣ аз мушкилоти ахлоқӣ аст, ки инсон ба воситаи он наметавонад роҳи дурустро ташхис диҳад».

ҶАМЪИЯТИ ТАСАЛЛУҲИ АХЛОҚӢ
Хушбахтона, имрӯз дар Шветсия ҷамъиятҳое ба тарафдорӣ ва эҳёи фазоили ахлоқӣ пардохтаанд, аз ҷумла ҷамъияте ба номи «Ҷамъияти тасаллуҳи ахлоқӣ», ки доктор Франк Бекмон муассиси он аст. Ин ҷамъият дар назар дорад, то бо тағйиру дигаргунӣ ва ислоҳи ахлоқи афрод ҷомеаро дигаргун созад ва барои расидан ба ин ҳадаф ақида дорад, ки тамоми афрод бояд ба усул, шароит ва асосномаи ҷамъият мусаллаҳ бошанд ва бо имони комил ба он бидуни каму кост онро амалӣ намоянд. Яке аз усул ва маводи асоснома рӯй овардан ба сӯйи Худо ва фармонбардорӣ аз ӯст, яъне ба авомири илоҳӣ амал шавад ва аз он чи ки наҳй намудааст, дурӣ ба амал ояд. Ҳамчунин хар гоҳ инсон дучори гуноҳ гардид, бояд нафси худро ба муҳокима бикашад ва тасмим бигирад, ки аз фасод ва разоил дурӣ ҷӯяд. Афроди ҷамъият барои иҷрои ин усул бояд бо ҳам камоли ҳамкориро амалӣ бинамоянд, то дар ҷомеа сарафрозу саодатманд бошанд. Ҳамчунон дар асосномаи эшон омадааст, ки тафриқаю ҷудоӣ аз хусусиятҳои ҷаҳони ҳозир аст ва иттиҳоду пайвастагии ҷомеа аввалин ҳадафи онҳо аст. Тафриқа натиҷаи худхоҳию кина ва ҳавою тамаъ аст ва ин сифоти нописанд аз асароти номатлуби модда аст ва бо ин хусусиятҳои шум аст, ки ашёи олами модда ва моркагузорӣ шинохта мешавад.
Бо вуҷуди ин ки Қуръон усул ва мабонии ахлоқӣ ва рӯҳии чунон устуворе бо худ овардааст, ки  итминону оромиш, дӯстию бародарӣ ва баробариро дар ҷомеа тазмин менамояд, вале бо камоли таассуф ин усули ахлоқӣ ва мабонии рӯҳӣ ҳанӯз барои аксари миллатҳо ва инсонҳои хайрандеш ношинохта боқӣ мондааст, инсонҳое, ки ҳадафашон танҳо расидан ба васоиле аст, ки хайру ислоҳро  дар ҷомеа густариш медиҳад ва муҳаббату дӯстиро дар байни инсонҳо ба вуҷуд меоварад ва аз ташаннуҷоту изтироботи рӯҳии онҳо мекоҳад. Ва ин амр маро водор намуд, то ба навиштани матолибе бипардозам, ки дар фаслҳои баъд онҳоро мулоҳиза хоҳед кард ва мутаваҷҷеҳ хоҳед шуд, ки бо далелу бурҳони қотеъ собит кардаем, ки  дар ояндаи наздик Ислом ба сурати як дини ҳамагонӣ ва ҷаҳонӣ дархоҳад омад.

НИЗОМИ РӮҲӢ ДАР НАЗДИ АКСАРИ ДИНҲО
Низоми рӯҳӣ ва маънавӣ дар Ислом чӣ гуна аст? Ва касоне, ки  барои тараққӣ дар зинаҳои камолоти маънавӣ худро омода менамоянд, бояд ба чӣ шеваҳое рафтор намоянд? Албатта, ин масъалае аст бисёр муҳим ва зарурат дорад, ки  ба хубӣ фаҳмида шавад ва ба хубӣ ба маънои низоми рӯҳӣ дар Ислом ва маънои он дар дигар динҳо  ва ё мактабҳои фалсафии дигар огоҳу мусаллат бошем. Тафаккуре, ки ҳанӯз бар эътиқодоти динӣ ва фалсафӣ мусаллат ва ҳукмфармо аст, ин аст, ки рӯҳу ҷисм тазоди манофеъ доранд ва нафъи ҳар як ба зиёни дигаре тамом мешавад. Барои ҳамин, бар асоси ин тафаккур мумкин нест, ки рӯҳу ҷисм ҳар ду бо ҳам ва дар тавозун бо ҳамдигар пешрафт намоянд. Ҷисм ва дунёи моддӣ зиндоне аст, барои рӯҳ, тамоюлот ва алоқаҳои дунявӣ ва касби лазоизи моддӣ ва хушиҳои он занҷире аст муҳкам, ки дасту пойи рӯҳро баста ва онро аз тараққӣ боз медорад.
Албатта, натиҷаи ин тарзи тафаккур ин буд, ки дар байни ҷанбаҳои моддӣ ва маънавии зиндагии инсон тафриқа ва ҷудоӣ афканда шавад. Касоне, ки ҷанбаи моддиро интихоб мекарданд, ба куллӣ аз ҷанбаи маънавӣ дур мешуданд ва дар моддапарастӣ ғарқ мегаштанд ва баръакс, касоне, ки ҷанбаи маънавии зиндагиро тарҷеҳ медоданд, роҳҳое барои тараққӣ ва ба камол расидани рӯҳ интихоб мекарданд, ки ба таври куллӣ онҳоро аз олами модда дур месохт, чаро ки ба назари эшон муҳол буд аз тариқи ҷаҳони модда битавон ба камолоти рӯҳӣ расид. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки иддаеро мебинем барои расидан ба камоли рӯҳӣ ба куллӣ аз ниёзҳои ҷисмӣ ғофил мондаанд ва барои таъзиби ҷисми худ шеваҳои аҷиберо ихтироъ кардаанд ва аз тамоми орзуҳо ва тамоюлоти нафсӣ ба куллӣ дурӣ ҷустаанд. Бараҳманҳо ва буддоиҳои  ҳинд ва ғайра аз пайравони ин тарзи тафаккур мебошанд. Бархе аз онҳо то андозае аз хӯрданиҳо ва нӯшиданиҳои мавриди ниёзи бадан мекоҳанд, ки қиёфаи онҳо ба хотири заифию лоғарӣ ба сурати шабаҳ дармеояд ва баъзе дигар илова бар ин занҷирҳои сангине бар дӯш ва гардани худ қарор медиҳанд, то бештар ҷисмро дар азоб қарор диҳанд, ҳатто иддае аз онҳо бар неши мехҳои кӯбидашуда бар тахтае менишинанд ва мехобанд.
Ва агар ба диёнати масеҳӣ таваҷҷӯҳ намоем, мебинем, ки масеҳият ҳам дини зӯҳду парҳез аз тамоюлот ва алоқаҳои дунёӣ аст ва танҳо ба рӯҳ таваҷҷӯҳ мекунад ва ҷисмро фаромӯш кардааст, дар ҳоле ки Ислом рӯҳу ҷисмро такмилкунандаи якдигар медонад.
Ва саллаллоҳу ало саййидино Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин.

 

 


1. Риояи ҳадди миёна дар байни хостаҳои рӯҳу ҷисм. 2. Тафзил ва бартарии охират бар дунё. 3. Барҳазар доштани инсон аз мағрур шудан ба неъматҳои зиндагӣ. 4. Дунё майдони озмоиши инсон аст. 5. Накӯҳиши хушгузаронӣ. 6. Қуръон хатароти ношӣ аз сарвату молро коҳиш медиҳад.

РИОЯИ ЭЪТИДОЛ ДАР БАЙНИ ХОСТАҲОИ РӮҲУ ҶИСМ
Ислом бо риояи ҳадди васат ва эътидол дар байни ниёзҳои рӯҳӣ ва хостаҳои ҷисмӣ аз дигар динҳо ва мактабҳои фалсафии маъруфи ҷаҳон мутамоиз мегардад ва бартарии худро нишон медиҳад. Ислом аз пайравони худ дархост намекунад нафси худро аз неъматҳои моддӣ ва лазоизи ҷисмӣ маҳрум созанд, балки то замоне, ки истифода аз неъматҳои моддӣ ва лазоизи ҷисмӣ аз тариқи машрӯъ ва дар ҳадди эътидол бошад, ҳеҷ гуна мухолифате бо он надорад. Муҳимтар аз инҳо мо аксари оятҳои Қуръонро мебинем, ки мусулмонҳоро бар таваҷҷӯҳ ба дунё ва охират ва истифода аз ҷанбаи моддию маънавии зиндагӣ бо ҳам тарғибу ташвиқ мекунад ва мефармояд:
﴿وَٱبۡتَغِ فِيمَآ ءَاتَىٰكَ ٱللَّهُ ٱلدَّارَ ٱلۡأٓخِرَةَۖ وَلَا تَنسَ نَصِيبَكَ مِنَ ٱلدُّنۡيَاۖ وَأَحۡسِن كَمَآ أَحۡسَنَ ٱللَّهُ إِلَيۡكَۖ وَلَا تَبۡغِ ٱلۡفَسَادَ فِي ٱلۡأَرۡضِۖ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ ٱلۡمُفۡسِدِينَ ٧٧﴾ [القصص: ٧٧]
«Ба василаи он чи Худо ба ту додааст, сазои охиратро биҷӯй (ва биҳиштро ба даст ор) ва баҳраи худро низ аз дунё фаромӯш накун (ва бидон, ки ту ҳам ҳаққи ҳаёт дорӣ ва бояд аз матоъ ва лаззатҳои ҳалол истифода бикунӣ ва ба ҷисми хештан бирасӣ), ҳамон гуна ки Худо дар ҳаққи ту некӣ кардааст, ту низ ба дигарон некӣ кун ва ба онҳо бибахш» (Қасас, 77).
Ислом ба пайравони худ иҷозат додааст, то худро ба анвоъи таҷаммулу зиннат дар ҳадди машрӯъ ва ороста музайян намоянд ва аз тамоми лазоизи нафсонӣ ба шарти ҳалол будани онҳо ва риояти ҳадди васат истифода намоянд ва мефармояд: «Эй одамизодагон! Дар ҳар намозгоҳ ва ибодатгоҳе худро (бо либоси моддӣ, ки авратро мепӯшонад ва бо либоси маънавӣ, ки тақво ном дорад), биороед ва бихӯред ва бинӯшед, вале исроф ва зиёдаравӣ накунед, ки Худо мусрифон ва зиёдаравикунандагонро дӯст намедорад... Эй Муҳаммад (с), ба онҳо бигӯ, чӣ касе зинатҳои илоҳиро, ки барои бандагонаш офаридааст ва ҳамчунин мавоҳибу рӯзиҳои покизаро таҳрим кардааст? Бигӯ: «Ин чизҳои покиза барои афроди боимон дар ин ҷаҳон офарида шудааст (ва дигарон намебоист аз онҳо истифода кунанд, вале дар дунё бар ин хони яғмо, чи душман, чи дӯст, ин ҳам аз раҳмати фарогири Худо ва лутфи ӯ аст, аммо) дар рӯзи қиёмат инҳо ҳама дар ихтиёри мӯъминон қарор мегиранд (ва кофирон ба куллӣ аз он маҳруманд). Инчунин оятҳоро барои касоне тавзеҳу ташреҳ мекунем, ки огоҳанд ва мефаҳманд» (Аъроф, 31-32).
Худованд мусулмонҳоро роҳнамоӣ мекунад, то ба ҳангоми дуо ва розу ниёзи худ бо Парвардигорашон аз Худованд дархост намоянд, то ниёзҳои моддию маънавӣ ва дунявию охирати онҳоро бароварда намояд ва мефармояд: «(Мардумон ду гурӯҳанд:) касоне ҳастанд, ки мегӯянд: Парвардигоро, ба мо дар дунё некӣ кун ва неъмат бирасон. Чунин касоне (ки ҳадафашон танҳо дунё аст) дар охират баҳра ва саҳме аз саодату ризояти илоҳӣ надоранд ва бархе дигар мегӯянд: Парвардигоро, дар дунё ба мо некӣ расон ва дар охират низ ба мо некӣ ато фармо ва моро аз азоби оташ дур нигоҳ дор. Инон, ки ҷӯёи саодати дунё ва охиратанд, аз дастранҷи худ баҳраманд хоҳанд шуд ва Худованд сареъуҳисоб аст» (Бақара, 200-202).
Боз Худованд мефармояд: «Эй мӯъминон! Чизҳои покизаро, ки Худованд барои шумо ҳалол кардааст, бар худ ҳаром накунед ва аз ҳақ таҷовуз нанамоед, зеро Худованд мутаҷовизонро дӯст намедорад ва аз неъматҳои ҳалолу покизае, ки Худованд ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва аз Худованде бипарҳезед, ки шумо ба ӯ имон доред» (Моида, 87-88).
Он чи, ки боиси ҷалби таваҷҷӯҳ дар ин оят аст, ин аст, ки Худованд маҳрум сохтани нафсро аз неъматҳои ҳалол эътидол номидааст, ки ба маънои таҷовуз аз ҳақ ва мунҳариф шудан аз ҳадди эътидоли мавҷуд дар байни табиат ва хусусиятҳои моддию маънавӣ мебошад.
Вақте Қуръон бо сароҳат эълом менамояд, ки Худованд заминро офаридааст, то инсон онро дар ҷиҳати баҳрабардорӣ ва манофеи худ мусаххар ва ром намояд, мутаваҷҷеҳ мешавем, ки Ислом болотарин аҳамиятро ба ҷанбаи модии зиндагии инсон додааст ва мефармояд: «ӯ Худое аст, ки тамоми он чи бар рӯйи замин аст, ба хотири истифодаи шумо аз онҳо офаридааст» (Бақара, 2).
«Он чи, ки дар осмонҳо ва замин аст, ҳамаро аз ҷониби Худ барои шумо мусаххар сохтааст. Яқинан дар ин тасхир нишонаҳои муҳиме аст барои касоне, ки меандешанд» (Ҷосия, 13).
Ин ду оят нишон медиҳанд, ки майдони тасаллут ва қудрати инсон бар олами модда то чӣ андоза васеъ аст ва бояд яқин дошта бошем, ки баёни чунин матлабе аз ҷониби Қуръон дар чаҳордаҳ қарн пеш яке аз мӯъҷизоти фалсафии Қуръон аст, чаро ки то қарни 19 касе намедонист, ки рӯзе инсон бар осмонҳо ва замин тасаллут  пайдо хоҳад кард. Ҷаҳон то он замон ба куллӣ ношинохта боқӣ буд ва имрӯз, баъд аз ин ки инсон бар модда ғалаба пайдо карда ва онро мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст, боз метавонем бигӯем, ки Ислом қабл аз ин ки илм ба он огоҳӣ пайдо кунад, ин ҳақиқатро кашф ва эълом кардааст.
Дар  ростои риояи эътидол дар дин хостаҳои рӯҳӣ ва моддии Расули Худо – Муҳаммад, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, мегӯяд: «Тарки дунё кардан ва гӯша гирифтан аз он дар Ислом вуҷуд надорад ва ҷоиз нест», чаро ки тарки дунё намудан боис мешавад, ки афроди дурусткор ҷуз ба наҷоти нафси худ ба чизи дигаре аҳамият надиҳанд ва дар ибодатгоҳҳое ба дур аз мардум паноҳ бибаранд ва ҷомеаро раҳо созанд ва саранҷом зимоми корҳо ба дасти афроди нодуруст ва ғайрисолеҳ, ки ҷуз фасод дар замин ҳадафе надоранд, афтад.
Назари Қуръон дар бораи раҳбоният ва тарки дунё дар назди масеҳиён ин аст, ки мефармояд:
﴿ثُمَّ قَفَّيۡنَا عَلَىٰٓ ءَاثَٰرِهِم بِرُسُلِنَا وَقَفَّيۡنَا بِعِيسَى ٱبۡنِ مَرۡيَمَ وَءَاتَيۡنَٰهُ ٱلۡإِنجِيلَۖ وَجَعَلۡنَا فِي قُلُوبِ ٱلَّذِينَ ٱتَّبَعُوهُ رَأۡفَةٗ وَرَحۡمَةٗۚ وَرَهۡبَانِيَّةً ٱبۡتَدَعُوهَا مَا كَتَبۡنَٰهَا عَلَيۡهِمۡ إِلَّا ٱبۡتِغَآءَ رِضۡوَٰنِ ٱللَّهِ فَمَا رَعَوۡهَا حَقَّ رِعَايَتِهَاۖ فَ‍َٔاتَيۡنَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مِنۡهُمۡ أَجۡرَهُمۡۖ وَكَثِيرٞ مِّنۡهُمۡ فَٰسِقُونَ ٢٧﴾ [الحديد: ٢٧]
 «Пайравони Исо раҳбоният ва зӯҳди сахте падид оварданд, ки Мо онро бар эшон воҷиб накарда будем, валекин худашон онро барои ба даст овардани хушнудии Худо падид оварда буданд, аммо онҳо, чунонки бояд, онро риоя накарданд. Мо ба касоне аз эшон, ки (ба Муҳаммад (с) имон оварданд, подош додем, вале бештарашон аз роҳи рост мунҳариф ва хориҷ шуданд» (Ҳадид, 27).
Яъне раҳбоният бар миллати Масеҳ дар ибтидо аз тарафи Худо воҷиб нашуда буд, вале эшон онро бар худ назру воҷиб намуданд, он гоҳ Худованд ҳам онро  бар эшон воҷиб намуд, чаро ки ҳар касе чизеро бар худ воҷиб ва назр кунад, аз ҷониби Худо бар ӯ воҷиб мешавапд ва бояд ба назри худ вафо кунад. Раҳбоният дар асл калимае аст, ки аз раҳбат гирифта шудааст, ки ба маънои хавф аз Худо аст ва ин амр дар ҳадди зоти худ амре аст писандида, вале иддае аз роҳибон ин хавфу хашяро олуда намуданд ва ончунон ки лозим буд, онро риоя накарданд.
Бинобар ин, касоне, ки ба дурустӣ, онро муроот карданд ва ба Худо ва Расули Худо Муҳаммад (с) имон оварданд, дорои аҷри азиме ҳастанд ва аммо касоне, ки онро олуда намуданд, ҷузъи мунҳарифонанд. Бетаассуб бояд эътироф кард, ки Ислом вақте мегӯяд лозим аст эътидол дар байни рӯҳ ва  модда барқарор шавад ва ҳаққи машрӯи ҳар ду муроот гардад, ҳақиқате аст мувофиқ бо сиришт ва фитрати инсонӣ, чаро ки Худованд тамоюлоти нафсонӣ ва табиӣ аз қабили майл ба хӯрдану нӯшидан ва тамоси ҷинсӣ ва алоқа ба зебоию зинат, сарват ва ғайраро беҳуда дар инсон наофаридааст ва ё онҳоро наофарида, то ба василаи риёзату зӯҳд ва тарки дунё ба куллӣ саркӯб шаванд. Худованд инсонро бо ин кайфият ва сурат офаридааст, то бо риояи ҳаққи ҷисму рӯҳ ва қарор гирифтани ҷисм дар хидмати рӯҳ ба зинаҳои олии камолот бирасад.
Зиндагии шарофатмандона ва табиӣ танҳо дар ҷомеае имконпазир аст, ки аз моддапарастии маҳз ва ё раҳбоният ба дур бошад. Ҷомеае ки дар партави нури имон ва риояи маънавият ба фаъолият ва талоши бевақфа дар масири машрӯъ идома диҳад.

ТАФЗИЛ ВА БАРТАРИИ ОХИРАТ БАР ДУНЁ
Ислом бо вуҷуди ин ки эълом медорад, ки лозим аст дар ҳадди эътидол ҳаққи ҷисму рӯҳ риоя шавад ва ба ҷанбаи моддию маънавии зиндагӣ ҳар ду таваҷҷӯҳ гардад, вале ҳаргиз ин ду ҷанбаро дар як сатҳ қарор надодааст, балки ҳамеша рӯҳро ба унвони асл ва ҷисмро ба унвони васила муаррифӣ кардааст, чаро ки ҳикмат ва машияти илоҳӣ тақозо дорад, ки тамоми корҳо ва умур  бар асоси низому қоида ва суннат бошад ва суннати Худо ин аст, ки ақлу рӯҳи солим дар бадани солим аст ва ҳаракати рӯҳ ба сӯйи камолот дар ҷасаде, ки қудрати таҳаррук надошта бошад ва ниёзҳои он бароварда нашуда бошад, имконпазир нест. Бинобар ин, бояд дар ҳадди эътидол ҳаққи ҷисм муроот шавад, то битавонад фаъолона дар хидмати рӯҳ қарор гирад. Аз ин рӯ, Ислом ҳамеша дар таълимоти худ ҷаҳони моддиро василае барои расидан ба ҷаҳони охират  қарор додааст ва мардумро ба сабру истиқомат даъват карда, то дар ҳар шароите имону эътиқод ва садоқату амонати худро ҳифз кунанд ва даст ёфтан ба имон ва камолоти рӯҳиро ҳадафи ҳар инсони мӯъмин қарор додааст. Ба ҳамин далел аст, ки Худованд касонеро, ки танҳо ба зиндагии дунё  таваҷҷӯҳ доранд ва аз омода сохтани худ ба корҳои нек барои охират ғофиланд, таҳдид мекунад ва онҳоро аз ин амали нописандида барҳазар медорад ва мефармояд: «Касоне, ки танҳо хостори зиндагии дунё ва зинати он бошанд ва чашмдоште ба охират надошта бошанд, бар асоси суннати Аллоҳ подоши дастранҷ ва аъмолашонро дар ин ҷаҳон бидуни каму кост ба тамом ва камол ба онҳо медиҳем. Онҳо касонеанд, ки дар охират ба ҷуз оташи дӯзах саҳме надоранд ва корҳои дунёашон пучу бесуд мегардад» (Ҳуд, 15-16).
Ва Худованди мутаол суханони бандагони муқарраби боргоҳашро бозгӯ мекунад ва мефармояд:
﴿وَقِيلَ لِلَّذِينَ ٱتَّقَوۡاْ مَاذَآ أَنزَلَ رَبُّكُمۡۚ قَالُواْ خَيۡرٗاۗ لِّلَّذِينَ أَحۡسَنُواْ فِي هَٰذِهِ ٱلدُّنۡيَا حَسَنَةٞۚ وَلَدَارُ ٱلۡأٓخِرَةِ خَيۡرٞۚ وَلَنِعۡمَ دَارُ ٱلۡمُتَّقِينَ ٣٠﴾ [النحل: ٣٠]
«Ҳангоме ки ба парҳезкорон гуфта мешавад: Худованд чӣ чизеро бар Муҳаммад (с) нозил кардааст, мегӯянд: Хайру хубиро (ки Қуръон ном дорад ва шомили саодати дунё ва охират аст, онҳо ба ин васила аз зумраи некӯкоронанд) ва ба некӯкорон дар ин ҷаҳон некӣ мерасад (ва зиндагии хуше насибашон мегардад) ва сарои охирати (эшон аз ин саро) беҳтар хоҳад буд ва ҷаҳони (ҷовидони) парҳезкорон беҳтарин ҷаҳон мебошад» (Наҳл, 30).
Дар мавриди тафзили қиёмат бар дунё оятҳои зиёде вуҷуд дорад, аз ҷумла мефармояд: «Зиндагии ин дунё ҷуз лаҳву лаъб нест ва зиндагии сарои охират зиндагӣ аст, агар фаҳму шуур дошта бошанд» (Анкабут, 64).
«Шумо танҳо матои нопойдори дунёро мехоҳед, дар сурате, ки Худованд сарои ҷовидони охиратро мехоҳад» (Анфол, 67).
﴿ بَلۡ تُؤۡثِرُونَ ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَا ١٦ وَٱلۡأٓخِرَةُ خَيۡرٞ وَأَبۡقَىٰٓ ١٧ ﴾ [الاعلى: ١٦،  ١٧]  
 «Шумо (эй кофирон) зиндагии нопойдори дунёро интихоб мекунед, дар ҳоле ки зиндагии охират беҳтару бодавомтар аст» (Аъло, 16-17).
Бояд пазируфт, ки имон ба зиндагии охират ва тафзилу бартарии он бар зиндагии дунё боис мешавад, ки ба ҳангоми дучор шудан ба мусибату мушкилоти зиндагӣ нафси инсон ором ва босабру истиқомат ва дар муқобили шикастҳову нокомиҳо устувор ва бурдбор бошад.

БАРҲАЗАР ДОШТАНИ ИНСОН АЗ МАҒРУР ШУДАН
БА НЕЪМАТҲОИ ДУНЁ
Қуръони карим дар бораи дунё ба баҳс мепардозад ва онро мавриди мазаммат қарор медиҳад ва моҳияти онро равшан мекунад ва мардумро аз фирефта шудан ва фиреб хӯрдан ба он барҳазар медорад ва мефармояд: «Бидонед, зиндагии дунё танҳо бозӣ, саргармӣ, ороишу пероиш, нозиш дар миёни ҳамдигар ва мусобиқа дар амволу авлод асту бас. Дунё ҳамчун борон аст, ки гиёҳонро сабз мекунад ва ин гиёҳон кишоварзонро ба шигифт меоварад, сипас гиёҳон рушду нумӯ мекунанд ва баъд зарду пажмурда мешаванд, он гоҳ хурд ва парпар мегарданд. Дар охират азоби сахте барои дунёпарастон ва раҳмату хушнудии Худо барои худопарастон аст. Аслан зиндагии дунё ҷуз фиреб чизи дигаре нест» (Ҳадид, 20).
Худованди мутаол дунёро бо бозӣ, саргармӣ ва ороишу ифтихор кардан бо ҳам ва мусобиқа дар афзоиши молу авлод тавсиф кардааст, то ин ки баъдан бигӯяд: Тамоми он чи шумо ба он дил бастаед ва Худоро ба хотири он фаромӯш кардаед, ҳамаи ин чизҳо нопойдор ва аз байн рафтанӣ ва ғайри қобили эътимод мебошанд ва ба бороне шабоҳат доранд, ки кишоварзро ба сарсабзии киштзораш мағрур мегардонад, вале баъд аз чанде  киштзораш зард ва хушку нобуд мешавад. Боз Қуръон дар оятҳои зер дунёро ба ин сурат нишон медиҳад: «Эй Муҳаммад (с), барои онҳо намунаи зиндагии дуёнро баён кун, ки ҳамчун обе аст, ки аз абри осмон мефиристем, сипас гиёҳони замин аз он сероб мегарданд ва рушд мекунанд ва қабат ба қабат мешаванд, сипас хушку пар-пар мешаванд ва бодҳо онҳоро пахшу пароканда месозанд ва Худо бар ҳама чиз тавоно аст. Дороӣ ва фарзандон зинати зиндагии дунёанд, аммо аъмоли шоиста, ки натоиҷи онҳо ҷовидона аст, беҳтарин подошро дар пешгоҳи Парвардигор дорад ва  беҳтарин умеду орзу аст» (Каҳф, 45-46).
Худованд  дунёро ба гиёҳе ташбеҳ кардааст, ки ибтидо сабзу хуррам аст, вале баъд аз чанде зарду хушк мегардад ва бод онро пар-пар менамояд. Пас набояд ба чизе, ки нобуд мешавад, дилбастагӣ пайдо кард ва ба он мағрур гашт ва молу авлод, ки аз дигари  мазоҳири дунё фиребандатар ҳастанд, ҳам зинате нобудшуданӣ ва фанопазир мебошанд ва танҳо осори аъмолу рафтор ва ният хайр аст, ки ҷовидона мемонад ва Худованд ба он подош медиҳад.
Ва Худованд хитоб ба тамоми мардумон мефармояд: «Эй мардумон! Ваъдаи Худо ҳақ аст, пас зиндагии дунё шуморо  фиреб надиҳад ва шайтон шуморо гӯл назанад» (Фотир, 5).
Яъне ваъдаи Худо, ки бар омадани қиёмат ва додани ҷазои аъмоли хуб ё бад мебошад, ҳақ аст. Бинобар ин, машғулият ба дунё шуморо аз аъмоли нек, ки дар қиёмат ба фарёдатон мерасад, боз надорад ва шайтон шуморо фиреб надиҳад, дар ҳоле ки шумо бар гуноҳ исрор доред, ба дурӯғ ба шумо мегӯяд: «Натарсед, чун Худо раҳим аст».

ДУНЁ МАЙДОНИ ОЗМОИШИ ИНСОН АСТ
Қуръон зиндагии дунёро ба унвони майдони имтиҳон тавсиф карда, онро василаи расидан ба саодати охират муаррифӣ намудааст. Тамоми саҳнаҳои зиндагӣ – хонавода, бозор, коргоҳу мағоза, маҷлиси намояндагон озмоишгоҳҳое ҳастанд барои имтиҳон ва озмоиши инсон.
«Оё мардум гумон бурдаанд, ҳамин, ки бигӯянд: Имон овардаем, ба ҳоли худ раҳо мешаванд ва озмоиш намегарданд? Мо касонеро, ки қабл аз эшон будаанд, озмоиш кардаем, охир бояд Худо бидонад чи касоне рост мегӯянд ва чӣ касоне дурӯғ мегӯянд» (Анкабут, 2-3).
Яъне, танҳо бо гуфтани калимаи «Мо имон овардаем» инсон ҷузъи мӯъминони воқеӣ маҳсуб намешавад, балки лозим аст мавриди озмоиш қарор гирад то маълум шавад, ки ростгӯ ва ё дурӯғгӯ мебошад ва Худованди мутаол умматҳои пешинро бо таколиф ва балоҳои гуногун имтиҳон мекард, то равшан гардад чӣ касе ростгӯ ва чӣ касе дурӯғгӯ аст.
Танҳо нисбат додани шахс ба Ислом боиси наҷот ва саодати ӯ намешавад, балки ҳар кас бояд дар амал собит кунад, ки мусулмон аст ва ба ҳангоми мушкилоту гирифториҳои зиндагӣ осори имон дар ӯ зоҳир бошад ва дар вақти шодию рафоҳ низ Худоро фаромӯш накунад. Бинобар ин, хайру шарре ки барои инсон пеш меояд, имтиҳоне аст барои равшан шудани ҳақиқати ӯ. Ба ҳамин хотир Худованд мефармояд:
﴿وَلَنَبۡلُوَنَّكُمۡ حَتَّىٰ نَعۡلَمَ ٱلۡمُجَٰهِدِينَ مِنكُمۡ وَٱلصَّٰبِرِينَ وَنَبۡلُوَاْ أَخۡبَارَكُمۡ ٣١﴾ [محمد : ٣١]
 «Мо ҳамаи шуморо яқинан озмоиш мекунем, то маълум шавад муҷоҳидону собирони шумо киёнанд ва ахбори шуморо биозмоем (ки оё дар роҳи Ислом) содиқона сухан гуфтаед ё не?» (Муҳаммад, 31).
«Мо шуморо ба хайру шар ва хубиҳою бадиҳо меозмоем ва саранҷом ба сӯйи Мо баргардонида мешавед» (Анбиё, 35).
«Бузургворию баракати бисёр сазовори касе аст, ки фармонравоии ҷаҳон аз они ӯ аст ва ӯ бар ҳар чизе қодиру тавоно аст, ҳамон Зоте, ки маргу зиндагиро падид овардааст, то шуморо биёзмояд, кори кадоматон беҳтар ва некӯтар хоҳад буд» (Мулк, 1-2).
Ин тафаккури Исломӣ дар бораи зиндагӣ бузургтарин муҳаррик барои тараққӣ дар заминаи адабу ахлоқ аст ва бузургтарин омил барои талоши нафс барои ғалаба бар шарру фасоде, ки нафс ба онҳо тамоюл дорад, ба ҳисоб меояд. Ва аз тарафе ин тарзи тафаккури исломӣ комилан муғойир бо тафаккури баъзе аз динҳое аст, ки мегӯянд: Худованд пайравони динро дӯст медорад ва онҳоро аз талошу кӯшиш муоф менамояд.

НАКӮҲИШ ВА ИНТИҚОД АЗ ХУШГУЗАРОНӢ
Пояҳо ва усули маънавию рӯҳии Ислом ва пойбандӣ ба онҳо  мусталзими ин аст, ки инсон миқдори бештар аз лазоизи ҷисмониро дар роҳи он фидо намояд, ки албатта, ин гузашт ва фидокорӣ аз инсонҳои хушгузарон ва нозпарвар сохта нест, зеро хушгузаронию нозпарварӣ онҳоро шадидан бар идомаи чунин зиндагӣ ҳарису вобаста кардааст ва ҳеҷ гоҳ ҳозир нестанд ба уфуқи ҷадиде аз таолим ва барномаҳои дуруст, ки боиси тараққию пешрафти миллат аст, нигоҳе биандозанд. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Худованд хушгузаронон, нозпарварон ва айёшонро дар Қуръон ба унвони душмани ҳар пешрафту ислоҳе муаррифӣ менамояд ва мефармояд, ки онҳо душманони ҳаққанд ва дар ҳар замоне дар баробари он меистанд ва ин гурӯҳ ба даъвати пайғамбарони Худо, ки барои ислоҳ фириситода шуда буданд, ҷавоб намедонад.
«Ба ҳар шаҳру диёре, ки пайғамбареро фиристодаем, сарони мутанаъими он ҷо гуфтаанд: «Мо ба он чи бо худ овардаед, имон надорем ва гуфтаанд: мо дар дунё амволу авлоди бештаре дорем. Мо ҳаргиз азоб намебинем ва шиканҷа намешавем» (Сабаъ, 34-35).
Худованд онҳоро ба карахтии фикрӣ, камшуурӣ ва тақлид аз гузаштагон тавсиф мекунад, ки ба суханон ва даъватҳои ҷадиди ислоҳӣ таваҷҷӯҳ намекунанд ва мефармояд: «Ҳамин гуна дар ҳеҷ шаҳр ва диёре пеш аз ту (пайғамбари) бимдиҳандае нафиристодаем, магар ин ки хушгузаронон ва мағрурони сарвату қудрати он ҷо гуфтаанд: Мо падарону ниёкони худро бар ойине ёфтаем (ки бутпарастиро бар ҳамагон воҷиб кардааст) ва мо ҳам яқинан ба шеваи эшон мондагор мешавем ва ба дунболи онҳо меравем, пайғамбарашон ба эшон мегуфт: «Оё агар ман ойинеро барои шумо оварда бошам, ки аз ойине ҳидоятбахштар бошад, ки падарон ва ниёкони худро  бар он ёфтаед, боз ҳам аз онҳо пайравӣ намекунед?» Мегуфтанд: «Оре, аслан ба чизе, ки шумо ба он маъмур ва мабъус шудаед, бовар надорем» (Зухруф, 23-24).
Инсонҳои хушгузарон аз ҳар каси дигаре барои фурӯ рафтан дар ботлоқи шарру фасод омодатар мебошанд, зеро онҳо ба хотири пур кардани шикамашон ва расидан ба лаззатҳои ҷисмии фаровонтар ва бештар барои ҳар пастие омода мебошанд.
Ҳадафашон дар зиндагӣ танҳо ин аст, ки ҷайбашон пур бошад, то ба хушгузаронии худ идома диҳанд ва ин ҳадаф бар ҳар қимате ба даст ояд, барояшон биломонеъ аст.
Мантескию – адиб ва нависандаи фаронсавӣ чунин мегӯяд: «Хушгузаронӣ боиси ба фасод кашидани ҳар ду қисми ҷомеа ба таври яксон мебошад, чаро ки хушгузаронӣ дар ҷомеаи демократӣ мардумро аз ҳуббу ишқ ба ватан бозмедорад ва дар ҷомеаи аристократӣ ва девонсолорӣ инсонҳои наҷиб ва бошахсиятро водор месозад, ки ба дунболи ниёзу тамаъи шахсии худ бошанд ва ҷомеаро фаромӯш созанд. Дар ин ҳолат аст, ки бадбахтӣ домангири ҳама хоҳад шуд».
Қуръони карим ақида дорад, ки хушгузаронӣ миллатро ба куллӣ аз байн мебарад. Бинобар ин, воҷиб аст бо табақаи хушгузарон ва ашрофу фосид ба мубориза пардохт ва онҳоро дар ҳадди эътидол нигаҳ дошт, чаро ки танҳо айёшон нестанд, ки нобуд мешаванд, балки ҷамоате, ки иҷозат додаанд табақаи айёшу хушгузарон дар миёнашон ба вуҷуд биёянд, низ нобуд мегарданд ва Худованд мефармояд:
 «Ҳар гоҳ бихоҳем шаҳру диёреро нобуд гардонем, афроди сарватманд ва хушгузарону айёши он ҷоро дастур ба итоат медиҳем, вале онҳо дар шаҳру диёр ба фисқу фуҷур мепардозанд, пас фармони Худо ва вуқӯи азоб бар он ҷо воҷиб ва қатъӣ мегардад, он гоҳ он маконро сахт дарҳам мекӯбем» (Исро, 16).
Яъне, ҳар гоҳ иродаи Худо бар ин бошад, ки ҷоеро ба воситаи фасоде, ки дар он ҷо анҷом мегирад, вайрон намояд, фавран мавриди уқубат қарор намедиҳад, балки ба авлоди мутраф ва хушгузарон дастур медиҳад, то ба итоати амри Худо бипардозанд, вале онҳо аз дастури Худо сарпечӣ мекунанд ва бо идомаи фисқу фаҳшо мустаҳаққи азоби илоҳӣ хоҳанд шуд.
Айёшию хушгузаронии иддаи кам ҳамеша боиси фақру бадбахтии  аксари миллат мебошад. Камбуди маводи ғизоӣ ва дигар ниёзҳои зарурӣ дар ҷомеа ба иллати айёшии иддаи сарватманд мебошад ва аз тарафе ин амр боиси душманию адоват дар байни фақирон ва сарватмандон мегардад ва ихтилофу муборизаро  ба авҷ мерасонад ва дар ниҳоят боиси нобудии ҷомеа мешавад. Ба ҳамин далел аст, ки Худованд айёшону мутрафонро ба ду сифат – золиму муҷрим  тавсиф мекунад ва мефармояд: «Онҳо, ки даст ба зулм зада буданд, аз хушгузаронӣ ва лаззатҷӯӣ пайравӣ мекарданд, ки онҳоро мағруру фосид карда буд ва доимо гуноҳ меварзиданд» (Ҳуд, 116).

ҚУРЪОН ХАТАРОТИ НОШӢ АЗ САРВАТУ
МОЛРО КОҲИШ МЕДИҲАД
Мубориза барои дастёбӣ ба сарвату мол дар асри ҳозир ба авҷи худ расидааст ва мардумро аз Худо ва риояи арзишҳои ахлоқӣ боз доштааст ва боиси ба вуҷуд омадани мушкилоти фаровон ва хатарноке шудааст, ки ҷаҳон имрӯз аз онҳо ранҷ мебарад. Ба ҳамин далел аст, ки Қуръони карим дастуроти худро мутаваҷҷеҳи костани хатароти ношӣ аз афзоиши молу сарват кардааст ва зиёнҳои ношӣ аз онро баён намуда ва мардумро аз онҳо барҳазар доштааст, то мол онҳоро аз дин мунҳариф накунад ва аз ёди Худо ғофил насозад. Худо дар тавсифи мӯъминони воқеӣ чунин мефармояд:
 ﴿رِجَالٞ لَّا تُلۡهِيهِمۡ تِجَٰرَةٞ وَلَا بَيۡعٌ عَن ذِكۡرِ ٱللَّهِ وَإِقَامِ ٱلصَّلَوٰةِ وَإِيتَآءِ ٱلزَّكَوٰةِ يَخَافُونَ يَوۡمٗا تَتَقَلَّبُ فِيهِ ٱلۡقُلُوبُ وَٱلۡأَبۡصَٰرُ ٣٧﴾ [النور : ٣٧]
 «Мардоне, ки ҳеҷ бозаргонӣ ва муомилае онҳоро аз ёди Худо ва хондани намозу додани закот ғофил намесозад, аз рӯзе метарсанд, ки дилҳо ва чашмҳо дар он дигаргун ва парешон мегардад» (Нур, 37).
Оре, байъу муомила мардони Худоро аз зикри Худо ва анҷоми корҳои хайр махсусан намозу закот боз намедорад, зеро онҳо аз рӯзи қиёмат метарсанд ва аз шиддати хавф чашмҳо ва дилҳояшон ҳаросонанд.
Худованд ба мусулмонҳо ҳушдор медиҳад, ки хушнудию раҳмати ӯ беҳтар аз ҷамъи мол аст: «Раҳмату хушнудии Парвардигорат беҳтар аст аз он чи онҳо ба дунболи ҷамъ карданаш мебошад» (Зухруф, 32).
Сипас Қуръон ҳақиқати сарвату молро баён медорад ва зиёнҳоеро, ки аз ҷиҳатҳои мухталиф аз он ба вуҷуд меояд, мушаххас мекунад.

САРВАТМАНДӢ НИШОНАИ РИЗОИЯТИ ХУДО НЕСТ
Қуръони карим мефармояд, ки молу сарват далел бар ризояти Худо аз соҳиби он нест, балки имону амали солеҳ аст, ки инсонро ба Худо наздик месозад ва мефармояд: «Ва мегуфтанд, мо дар дунё молу авлоди бештаре дорем (ва ин нишонаи муҳаббати Худо нисбат ба мо аст ва дар охират ҳам) мо ҳаргиз азоб намебинем ва шиканҷа намешавем. Бигӯ: «Парвардигорам рӯзиро барои ҳар касе, ки худ бихоҳад, фарох ва ё танг мегардонад, валекин бештари мардум намедонанд. Амволу авлоди шумо чизҳое нестанд, ки шуморо ба мо наздик ва муқарраб созанд, балки касоне, ки имон оваранд ва корҳои шоиста анҷом диҳанд, онҳо муқарраби даргоҳи илоҳӣ буда ва дар баробари аъмоле, ки анҷом додаанд, подоши музоаф доранд» (Сабаъ, 35-37).

САРВАТУ МОЛ ВАСИЛАИ ОЗМОИШ
ВА АЗ БАЙН РАФТАНӢ АСТ
Мол василаи озмоиши башар дар зиндагии дунявӣ аст ва монанди ҳар василаи дигар метавон некию бадӣ ба василаи он анҷом дода шавад. Бар инсон лозим аст, ки молро дар роҳи хайр ва ба даст овардани ризои Худо ба кор гирад ва мефармояд: «Бидонед, ки сарвату авлоди шумо василаи озмоиши (шумо аст, ки оё дар роҳи Худо онҳоро ба кор мегиред ё дар роҳи фасод) ва бидонед подоши бузург дар пешгоҳи Худо аст» (Анфол, 28).
Қуръон эълом медорад, ки сарват яке аз неъматҳои дунявӣ аст, ки бо аз байн рафтани дунё аз байн меравад, вале ҳаққу некӯӣ ҷовидона мемонад ва Худованд ба касоне, ки дар роҳи ҳаққ ва хайру некӯӣ қадам бармедоранд, аҷру савоб медиҳад ва мефармояд: «Барои инсон алоқаю муҳаббат ва шаҳавот ҷилва дода шудааст, аз қабили алоқа ба зану фарзандон, сарвати бисёр ва ҳазорҳо ҳазор сиккаи тиллою нуқра ва аспҳои соҳибнишону мумтоз ва чаҳорпоёну кишту заръ, ин ҳама матоъ ва колои дунёии паст аст ва саранҷоми нек дар пешгоҳи Худо аст. Бигӯ, оё шуморо аз чизе огоҳ созам, ки аз ҳамаи инҳо беҳтар аст? Барои касоне, ки парҳезкорӣ пеша кунанд, дар назди Парвардигорашон боғҳое аст, ки наҳрҳои об аз доманаи онҳо мегузарад, онҳо дар он ҷо ҷовидон хоҳанд буд ва ҳамчунин барои онҳо ҳамсарони покиза аз ҳар айбе вуҷуд дорад ва Худованд аз онҳо розӣ аст. Ва Худованд огоҳ аз ҳоли бандагон аст» (Оли Имрон, 14-15).


МАЗАММАТИ ТУҒЁНИ ИНСОН
БА ВАСИЛАИ МОЛУ САРВАТ
Худованд нафси инсонро ба туғён ва хориҷ шудан аз ҳадди эътидол ва роҳи рост ба ҳангоми дастёбӣ ба молу сарват тавсиф менамояд ва мефармояд: «Яқинан, инсонҳо саркашӣ ва тамарруд мекунанд, агар худро сарватманду бениёз бинанд. Мусалламан, бозгашти ҳама ба сӯйи Парвардигори ту хоҳад буд» (Алақ, 6-8).
Яъне, инсон аз ҳадди ақлу эътидол  хориҷ мешавад, вақте ки худро бениёз мебинад. Худованд мехоҳад онҳоро аз ин туғён боз дорад ва азхудхоҳии онҳоро бикоҳад. Аз ин рӯ, эшонро аз заъфу нотавонӣ ва ниёзмандии худ огоҳ месозад, то мутаваҷҷеҳи иштибоҳи худ шаванд ва аз ин туғён боз гарданд. «Ҳама ба сӯйи Парвардигори ту бармегарданд» ва ҳеҷ паноҳи дигаре надоранд.
Худованд мефармояд бисёрии ризқу сарват мардумро ба зулму таҷовуз аз ҳақ водор месозад. Бинобар ин, Худованд тибқи хостаи худ ба онҳо ризқ медиҳад ва аз ҳоли эшон огоҳтар аст.
﴿وَلَوۡ بَسَطَ ٱللَّهُ ٱلرِّزۡقَ لِعِبَادِهِۦ لَبَغَوۡاْ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَٰكِن يُنَزِّلُ بِقَدَرٖ مَّا يَشَآءُۚ إِنَّهُۥ بِعِبَادِهِۦ خَبِيرُۢ بَصِيرٞ ٢٧﴾ [الشورى: ٢٧]
 «Агар Худованд ризқу рӯзиро барои ҳамаи бандагонаш тавсиа ва густариш диҳад, яқинан, дар замин саркашию  ситамгарӣ мекунанд. Аз ин рӯ, ба он андоза ки худ мехоҳад, ба онҳо рӯзӣ мерасонад, чаро ки ӯ огоҳ ба ҳоли бандагонаш мебошад ва онҳоро мебинад» (Шӯро, 27).

АЗ ИФТИХОР КАРДАН ВА МАҒРУР ШУДАН
БА МОЛ НАҲЙ ШУДААСТ
Қуръони карим инсонро аз масрур шудан ба сарвату моле, ки ӯро ба ғуруру такаббур бикашонад, манъ мекунад ва ӯро тарғиб менамояд, ки дар муқобили он Худоро шукру сипос гӯяд, чун ишқ ба мол ва худнамоӣ бо он боиси азияти фақирон ва мустамандон мегардад. Ин худнамоӣ аз як тараф боис мешавад, ки он мол дар назари мардум қарор гирад ва дар фурсати муносиб осебе ба он ворид гардад ва аз тарафи дигар боиси ғуруру такаббур мешавад. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Қуръон мефармояд: «Ҳамоно, Худованд афроди шод (ба мулку сарват ва мақоми дунёро) дӯст намедорад» (Қасас, 76).
Балки шоистаи мақоми инсон он аст, ки ба молу колои ин дунё шод набошад ва ҳадафи бисёр бузургтареро дунбол кунад, ки суруру шодӣ ба фазлу раҳмати Парвардигор аст. Ин аст, ки Қуръон мефармояд: «Бигӯ, ба фазлу раҳмати Худо бояд мардум шодмон шаванд ва ин беҳтар аз чизҳое аст, ки (аз баҳраи дунё) гирд меоваранд» (Юнус, 58).
НАҲЙ АЗ БУХЛ
Қуръони карим бухлро мазмум дониста ва мусулмонҳоро аз он барҳазар доштааст, чаро ки бухл боиси аз байн рафтани муҳаббат дар байни мардум мегардад ва инсони бахилу молпараст ҳамкорию таовун дар ҷомеаро дӯст намедорад ва нафсаш ба ӯ иҷоза намедиҳад, ки миқдоре аз сарвату молашро дар роҳи хидмат ба фақирон ва ниёзҳои зарурии онҳо бибахшад. Баръакс, дили ӯ пур аз буғзу кина мегардад. Бухлу молпарастӣ, ки дар байни мардум шоеъ гардид, рӯҳи кӯмаку таовун дар байни афроди ҷомеа аз байн меравад. Ба ҳамин далел аст, ки Худованд нафрату инзиҷори худро аз афроди бахилу молпараст эълом медорад ва мефармояд: «Онҳо, ки нисбат ба он чи Худованд аз фазлу раҳмати худ ба эшон ато кардааст, бухл меварзанд, гумон накунанд, ки ин кор барои онҳо хуб аст, балки ин кор барои онҳо бисёр бад ва ба зиёни онон аст ва дар рӯзи қиёмат ҳамон чизе ки ба он бухл варзидаанд, тавқе бар гардани эшон мегардад» (Оли Имрон, 180).
Баръакс, Худованд афроди сахию бахшандаро, ки аз сифати разилаи бухл ба дуранд, ба растагорӣ ва наҷот дар қиёмат мужда медиҳад ва мефармояд:
﴿وَمَن يُوقَ شُحَّ نَفۡسِهِۦ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ ٩﴾ [الحشر: ٩]
«Касоне, ки аз бухли нафси худ маҳфуз бошанд, онҳо яқинан растагоранд» (Ҳашр, 9).
Шахси бахил алоқаи шадиде ба сарвату молаш дорад ва намехоҳад  ҳаргиз чизе аз он  кам шавад. Аз ин рӯ, бо вуҷуди ин ки дорои сарвати фаровон аст, вале дар фақру тангдастии шадидтар аз афроди бебизоат қарор мегирад ва дар байни мардум пасту залил ва беарзиш ба ҳисоб меояд. Барои ин аст, ки Қуръон мефармояд: «Ҳар кас бухл биварзад, дар ҳаққи худ бухл меварзад, зеро Худо бениёз аст ва шумо ниёзмандед» (Муҳаммад, 38).
Эй касоне, ки ба дунболи оромиши рӯҳӣ ва саодат ҳастед,  аз бухлу молпарастӣ ва алоқаи шадид ба он парҳез дошта бошед. Аз тарафи дигар, аз беҳудахарҷию исроф ва зиёдаравӣ дурӣ кунед ва ҳамон гунна, ки Худованд дар таърифи мӯъминони комил мефармояд, ҳадди васатро риоя кунед. «Мӯъминони комил касоне ҳастанд, ки ба ҳангоми харҷу бахшиш аз исроф парҳез мекунанд ва аз бухлу адами бахшиш  ҳам дурӣ меҷӯянд ва дар байни ин ду ҳолат ҳадди васатро риоя менамоянд» (Фурқон, 67).
Ва саллаллоҳу ало саййидино Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин.

 

 


1. Ҳадаф аз робитаи инсон бо Худо. 2. Имон ба Худо. 3. Зикри Худо. 4. Муҳаббат байни Худо ва мардум. 5. Хавф аз Худо. 6. Талаби мағфират аз Худо. 7. Тавба. 8. Талаби раҳмати Худо. 9. Ибодат. 10. Шукри Худо. 11. Таваккул ба Худо. 12. Ихлос ва таслим дар баробари Худо. 13. Дуо.

ҲАДАФ АЗ РОБИТАИ ИНСОН БО ХУДО
Аз назари Қуръон робитаи асосӣ дар назди Парвардигор ва бандагонаш бар пояи имон ба Худо ва муҳаббату ихлос ва сипосу шукри неъматҳои бешумори ӯ устувор аст. Аммо дар канори ин ҳадафи аслӣ Қуръон аз иртиботи инсон бо Парвардигораш се ҳадафи дигарро дунбол мекунад:
Ҳадафи аввал, парвариш ва тарбияти рӯҳи инсон ва файзу дастёбӣ ба саодати рӯҳӣ ва наҷот аз бемориҳои равонӣ ва он чи ки  марбут ба равондармонӣ аст. Тарбия ва парвариши рӯҳ, рӯҳ ё нафс ё равон як муҳаррики бисёр нерӯманде аст, ки ба манзалаи муршид ва роҳнамои инсон дар масири зиндагӣ аст ва авоқиби корҳоро ба ӯ нишон медиҳад. Ин нафс ва равон гоҳе ба  заъф мегарояд ва гоҳе ба василаи тарбияи фардӣ ва иҷтимоӣ тақвият мешавад. Тарбияи рӯҳ бар ҳасби тафовути афрод ва ҷомеа мутафовит мебошад ва қудрату заъфи он низ ба ҳамин ҷиҳат мутафовит аст. Бояд эътироф намуд, ки бузургтарин ва муҳимтарин омил барои тарбия, тақвият ва нигаҳдории равон имону эътиқод ба Парвардигори қодиру тавоно ва огоҳ аст, ки инсонро ба гуноҳи сағир ва кабир ба муҳосиба мекашад ва ба он чи дар жарфои қалб пинҳон аст, огоҳ мебошад. Ба ростӣ, яке аз файласуфони бисёр хуб мегӯяд: «Рӯҳ бидуни ақида монанди додгоҳи бидуни қозӣ аст». Худованд мефармояд:
﴿وَلَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ وَنَعۡلَمُ مَا تُوَسۡوِسُ بِهِۦ نَفۡسُهُۥۖ وَنَحۡنُ أَقۡرَبُ إِلَيۡهِ مِنۡ حَبۡلِ ٱلۡوَرِيدِ ١٦﴾ [ق: ١٦]
 «Ҳамоно, Мо инсонро офаридаем ва медонем ба хотираш чӣ мегузарад ва нафсаш ба чӣ чизе ӯро васваса мекунад ва Мо аз шоҳраги гардан ба ӯ наздиктарем» (Қоф, 16).
Васваса, ки дар даруни инсон аст, ҳамон садои виҷдон ва равон мебошад, ки бар Худо  пинҳон нест.
Дувум, саодати рӯҳӣ ва нафсӣ аст. Саодати рӯҳӣ аз назари Қуръон самара ва натиҷаи иртиботи инсон бо Парвардигор аст, вале инсони имрӯз, ки дар гумроҳӣ қадам бармедорад, гумон мекунад саодаташ дар пайравӣ аз баровардани тамоюлоти нафсонию шаҳвонӣ аст ва то ҷое ки мумкин аст, дар ин бероҳа пеш меравад. Аммо ба ҳақиқат, саодати воқеӣ дар пайравӣ аз орзуҳои нафсонӣ нест, чаро ки ҳеҷ як аз онҳо пойдор намемонад. Сарват аз байн меравад, саломати ҷисмӣ нобуд мегардад, васоили манзил ва ирси падарӣ ҳеҷ кадоме монданӣ нест. Бо вуҷуди ин, мусибатҳо ва фоҷиаҳои моддӣ гоҳу ногоҳ пеш меоянд ва зиндагии дунявии моро музтарибу ошуфта месозанд, вале набояд ҳаводису мушкилот саодати рӯҳиро аз мо бигирад ва моро дучори тазалзули рӯҳӣ ва маънавӣ намояд, зеро ба солим монанди қудрати рӯҳ, имон ва таваккул ба Худо ҳар мушкиле қобили ҳал ва ҳатто фаромӯш шуданӣ аст. Оре, муҳимтарин омил барои ҳифзи қудрати рӯҳ ва саодати нафс имони инсон ба Худо ва ҳифзи робита бо ӯ аст, ки ҳамеша ва дар ҳама аҳвол Худо бо мо аст  ва ҳаргиз моро дар баробари мушкилот танҳо намегузорад ва моро ба кӯмаку раҳмати худ ёрӣ мерасонад. Бо чунин эътиқоде саодати рӯҳии инсон маҳфуз мемонад ва дар баробари ҳеҷ чиз заиф ва нотавон нахоҳад шуд.
Сеюм муолиҷаи рӯҳӣ аст. Робитаи инсон бо Худо мӯҷиб мегардад, ки нороҳатиҳои рӯҳии инсон шифо ёбанд. Муолиҷаи рӯҳӣ, ки имрӯз ба равондармонӣ (психиатрия) маъруф аст, мавзӯе аст бисёр муҳим. Уламо ва пизишкони имрӯзӣ кашф кардаанд, ки дилтангӣ ва изтироби рӯҳӣ, ғаму саркӯфтагӣ таъсири мустақим бар вазоиф ва аъмоли аъзои бадан дорад ва ин навъ беморӣ дар донишгоҳҳои зиёди Ғарб аз ҷавониби мухталиф мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтааст. Доктор Пол Эрнест Оделф – устодёри донишгоҳи Сантяго ва узви ҷамъияти ҷарроҳони Амрико мегӯяд: «Ман яқин ҳосил кардам, ки муолиҷаи воқеӣ бояд шомили муолиҷаи рӯҳӣ ва ҷисмӣ бо ҳам ва дар они воҳид бошад ва фаҳмидаам, ки бар ман лозим аст маълумоти ҷарроҳию пизишкии худро бо имонам ба Худо ҳамгому ҳамоҳанг кунам, танҳо дар ин ҳолат аст, ки метавонам бигӯям муолиҷаи рӯҳию ҷисмии беморро бар пояи муҳкаме қарор додам ва танҳо аз ин роҳ аст, ки метавонам муолиҷаи комили беморонамро анҷом диҳам ва баъд аз тафаккури амиқ дарёфтаам, ки маълумоти пизишкӣ ва илмии ман ҳамроҳ бо ақидаи устуворе, ки ба Худо дорам, лозим аст ба унвони пояю асоси пизишкии ҷадид қарор гирад. Дар аснои таҳқиқоти пизишкии худ ба ин натиҷа расидаам, ки имони ман ба Худо ҳамроҳ бо маълумоти пизишкие, ки дорам, ба ман кӯмак кард, то муолиҷоте анҷом медиҳам, бо хайру баракат ва шифои комил бошад. Аммо чун инсон Худоро аз муҳити муолиҷоти пизишкии худ дур созад, маълумоти пизишкии ӯ танҳо нисфи муолиҷоти воқеӣ, балки камтар аз онро натиҷа медиҳад. Оё иллатҳои асосии беморие, ки мо онро нороҳатии асабҳо меномем, чист? Муҳимтарин омили бемории аъсоб эҳсоси гуноҳ, иштибоҳу хато, кина, тарс, изтироб, сархӯрдагӣ ва шикасту шакку тардид, ғайрат, эхсоси лаккаи номус ва ноумедӣ  аст. Ҷойи таассуф аст, ки бо вуҷуди ин ки пизишкон бо таҳқиқи равишҳои усулӣ метавонанд ба иллату маншаи бемориҳо даст ёбанд, вале дар наҳваи мудово ва муолиҷаи онҳо бо шикаст рӯ ба рӯ мешаванд, чаро ки дар муолиҷоти равонӣ аз нерӯи имон ва тақвияти он дар бемор истифода намекунанд.
Мехоҳам ин авомил, изтиробот ва нороҳатиҳои рӯҳиро, ки боиси нороҳатии аъсоб мешаванд, шиносоию муаррифӣ намоям ва бигӯям, ки чӣ ҳастанд. Инҳо айни ҳамон нороҳатӣ ва изтироботе ҳастанд, ки динҳои осмонӣ барои муолиҷаи онҳо омадаанд, то моро аз шаррашон наҷот диҳанд. Худованди мутаол бо ҳикмат ва илму қудрати худ ниёзҳои рӯҳӣ ва гирифториҳои онро дониста ва бо дастуроти осмонии худ комилан онҳоро илоҷ намудааст».
Лозим ба ёдоварист, ки Қуръон бемориҳои равонӣ ва рӯҳиро муолиҷа менамояд, чи тавре, ки Худованд эълон намуда:
 ﴿وَنُنَزِّلُ مِنَ ٱلۡقُرۡءَانِ مَا هُوَ شِفَآءٞ وَرَحۡمَةٞ لِّلۡمُؤۡمِنِينَ وَلَا يَزِيدُ ٱلظَّٰلِمِينَ إِلَّا خَسَارٗا ٨٢﴾ [الاسراء: ٨٢]
«Мо оятҳое аз Қуръонро фурӯ мефиристем, ки боиси шифои рӯҳӣ ва раҳмат барои мӯъминон аст» (Исро, 82).
Дар бахшҳое, ки дар ин фасл меояд, оятҳоеро, ки иртиботи байни инсон ва Парвардигорашро  тасбит менамояд, нишон медиҳем ва дар бораи онҳо баҳс хоҳем кард.

ИМОН БА ХУДО ВА ТАЪСИРИ ОН БА ИНСОН
Имон ба Худо поя ва асоси маънавиёт ва олами рӯҳӣ ва манбаъ ва сарчашмаи ҳамаи оромишҳои дарунӣ аст ва мояи тамоми саодату хушбахтӣ мебошад. Аммо имон ба Худо танҳо бо эътиқод ба вуҷуди Худованди тавоною мусаллат бар олам ҳосил намешавад, балки бо имони қадимият ва азамати Зоти Аллоҳ, ки маншаи тамоми некию хайр аст ва зуҳури осору рафтори ношӣ аз он ин имон ҳосил мегардад. Имон ба Худо нафси инсонро аз бандҳои моддӣ озод месозад ва ӯро аз пайравии ҳавои нафс маҳфуз медорад ва худпарастию нафъпарастии шахсиро аз ӯ дур месозад ва ӯро ба сифати хидматгузори фаъол таҳвили ҷомеа медиҳад.
Хулоса, инсони мӯъмин ба Худо тамоми сифоти некро, аз қабили хайрхоҳӣ, наҷобат, фидокорӣ ва гузашту бурдборӣ дар худ ҷамъ дорад ва ҳамаи онҳоро аз имон ба Худо касб кардааст. Ин ҳақиқате аст собиту равшан, ки таҷриба онро нишон додааст, дар ҳар асру замоне ва дар байни миллатҳои гуногун инсонҳое будаанд, ки дар асари имон ба Худо ва дар партави амал ба Қуръон намунаи фазилату ахлоқ ва каромату шарофат будаанд ва тамоми зиндагии худро вақфи хайру салоҳи дигарон кардаанд. Оре, имони воқеӣ инсонро ба чунин сифоту рафторе даъват менамояд.
Барои ин аст, ки мо дар Қуръон дар ҳар ҷо, ки мебинем Худованд мефармояд: «Касоне, ки имон овардаанд», ҳатман (ва амалҳои некӯ анҷом додаанд)-ро ба ҳамроҳ дорад, яъне агар исме аз имон дар он бибарад, мефармояд бояд амали солеҳро анҷом диҳанд».
Яъне, имон бояд ҳатман бо амали солеҳ ҳамроҳ бошад ва касоне, ки мегӯянд имон дорем, вале амали солеҳ анҷом намедиҳанд, бояд бидонанд ҳар чизе хусусиятҳое дорад, ки аз он ҷудо ношуданӣ аст. Масалан, сардӣ аз барф ва гармӣ аз оташ ҷудо шуданӣ намебошад ва амали солеҳ ҳам аз имон ҷудо шуданӣ нест. Имон ба Худо ва амали солеҳ мӯҷиби ризои ӯ ва подоши нек дар қиёмат аст ва мефармояд: «Касоне, ки ба Худо имон доранд ва аъмоли хайру некӯ анҷом медиҳанд, беҳтарин касоне ҳастанд, ки бар рӯйи замин мебошанд» (Баййина, 7).
«Эй пайғамбар, ба касоне, ки имон овардаанд ва амали некӯ анҷом додаанд, мужда бидеҳ, ки дар қиёмат дорои боғҳои биҳиштҳое мебошанд» (Бақара, 25).
«Касоне, ки имон овардаанд ва аъмоли некӯ анҷом додаанд, (бояд бидонанд), ки аҷру подоши некӯкоронро зоеъ намегардонем» (Каҳф, 30).
Имон дорои қудрати фавқулода аст ва дар байни инсон ва гуноҳ бузургтарин парда ва монеъ ба ҳисоб меояд, чаро ки инсон таҳти тасаллути ақидааш қарор дорад ва ба фармони ақида ҳаракат мекунад, барои ҳамин Пайғамбар (с) мефармояд: «Зинокор зино намекунад, дар ҳоле ки имон дошта бошад ва дузд дуздӣ намекунад, дар ҳоле ки имон дошта бошад ва шаробхор шароб намехӯрад, дар ҳоле ки  имон дошта бошад» (Бухорӣ ва Муслим).
Яъне, касоне, ки муртакиби чунин гуноҳони кабирае мешаванд, дар он ҳолат имон надоранд ва илло имонашон ба онҳо иҷозат намедод, ки муртакиби ин гуноҳон  шаванд. Имон ба Худо нуқоти торики зиндагиро равшан месозад. Дар ҳолати яъсу ноумедӣ, ки ҳамаи дарҳо баста мешавад ва ҳеҷ равзанаи умеде боқӣ намемонад, инсони мӯъмин бузургтарин умед, муҳкамтарин паноҳгоҳро дорад, ба Худо паноҳ мебарад ва яқин дорад, ки ӯ қодиру мусаллат ва тавоною меҳрубон аст, ҳатман ба фарёдаш мерасад ва ӯро ёрӣ медиҳад. Бинобар ин, яъсу ноумедӣ барои инсони мӯъмин вуҷуд надорад, имон нафсро мутмаин ва ором месозад ва мушкилотро осон менамояд, чун Худованд худ ба мӯъминон ваъдаи кӯмаку таъйид медиҳад ва мефармояд: «Касе, ки ба Худо имон дошта бошад, Худованд қалбашро ба сӯйи Ҳақ раҳнамоӣ мекунад» (Тағобун, 19).
«Бидуни шак, Худованд мӯъминонро ба роҳи рост ҳидоят медиҳад» (Ҳаҷ, 54).
«Худованд валӣ ва сарпарасти мӯъминон аст, онҳоро аз торикии ҷаҳлу куфр берун меоварад ва ба нури имон дохил менамояд» (Бақара, 257).
Имон ҳамроҳ бо аъмоли солеҳ василаи саодат дар дунё ва расидан ба неъматҳои он мегардад. Худованд мефармояд: «Мо ба ҳар марду зани мӯъмин ва дурусткор зиндагии покизаю хушоянде дар дунё мебахшем, подоши корҳои (мутавассит, хуб ва олӣ) онҳоро бар тибқи беҳтарин корҳояшон хоҳем дод» (Наҳл, 97).
Дар ин ҷаҳони моддӣ, ки инсон дар амвоҷи тӯфони балою мушкилот гирифтор аст, чун ба Худо имон надошта бошад, то дар ҳангоми балою гирифторӣ ба ӯ паноҳ барад ва аз ӯ талаби кӯмак кунад, бадбахттарини инсонҳо аст, ба хилофи он қалби инсони мӯъмин дар ҳар шароите бо имон ба Худо ором аст.

ЗИКРУ ЁДИ ХУДО ВА АСАРИ ОН БАР НАФСИ ИНСОН
Яке аз ҳадафҳои имон ва олами маънавӣ ин аст, ки итминон ва оромишро дар нафси инсонӣ тасбиту таҳким намояд ва андӯҳу изтиробро, ки аз бадтарин душманони нафс мебошанд, аз он бадар созад. Зикру ёди Худо беҳтарин васила барои расидан ба ин итминон ва аз байн бурдани изтироб мебошад. Бинобар ин, ба маротиби зер таваҷҷӯҳ фармоед.
Парокандагии фикр ба масоили моддӣ ё маънавӣ, ташаттути ақл дар асари изтиробу нигаронӣ аз оянда ва дигар масоили зиндагӣ ва дучор шудан дар гирдоби васваса ва таваҳҳумот инсонро гиҷ месозад ва иродаи ӯро мутазалзил менамояд ва ба сурати мавҷуди нотавон, ки қудрат надорад ба вазоифи худ амал намояд, дархоҳад омад. Баъзе гумон мекунанд, ки фурӯ рафтан дар андӯҳу нигаронӣ танҳо як ҳолати рӯҳӣ аст ва рабте ба бадан надорад, вале таҷрибаҳои илмӣ собит карда, ки андӯҳу изтироб ба суръат бар ҷисм таъсир мегузоранд ва онро заиф мегардонанд ва ба бемориҳои гуногун мубтало месозанд. Маншаи андӯҳу изтироб, эҳсоси заъф дар баробари мушкилоти зиндагӣ аст. Аммо имони қавӣ ва росих ба Худое, ки тамоми корҳо дар дасти ӯ аст ва таваккулу эътимод ба ӯ итминону оромишро дар дил ҷой медиҳад ва ба он қудрат мебахшад ва нерӯе ба он медиҳад, ки тамоми мушкилоти зиндагӣ дар баробараш ҷузъӣ ва беаҳамият мебошад.
Доктор Брел ба ин ҳақиқат эътироф мекунад ва мегӯяд: «Инсони мӯъмин ҳаргиз аз нороҳатӣ ва бемориҳои амрози равонӣ ранҷ намебарад».
Дайл Морнегӣ мегӯяд: «Равонпизишкон ба ин ҳақиқат огоҳанд, ки имони қавӣ ва устувор ва тамассук ба дин инсонро аз мубтало шудан ба изтиробу нороҳатиҳои равонӣ тазмин ва маҳфуз медорад».
Зикри Худо яке аз осори пурбаракати имон ба Худо ва ғизои рӯҳ мебошад ва ба он қудрат мебахшад ва ниёзҳои маънавиро бартараф месозад ва инсонро орому мутмаин мегардонад.
Худованд мефармояд:
﴿ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَتَطۡمَئِنُّ قُلُوبُهُم بِذِكۡرِ ٱللَّهِۗ أَلَا بِذِكۡرِ ٱللَّهِ تَطۡمَئِنُّ ٱلۡقُلُوبُ ٢٨﴾ [الرعد: ٢٨]
 «Он касоне, ки ба Худо имон меоваранд, дилҳояшон бо ёди Худо сукун ва оромиш пайдо мекунад, ҳамоно, дилҳо бо зикри Худо ва ёди ӯ ором мегиранд» (Раъд, 28).
Ёду зикри Худо нишонаи худошиносӣ ва ҳамду санои ӯ аст. Ба ҳамин хотир аст, ки Қуръон мефармояд: зикри Худо василаи тақарруб ва наздикӣ ба боргоҳи Ҳақ таоло аст ва касоне, ки ёди Худо мекунанд, машмули муҳаббату раҳми ӯ қарор мегиранд. Ба ояти зер таваҷҷӯҳ фармоед: «Эй мӯъминон, Худоро бисёр ёд кунед, бомдодону шомгоҳон ба тасбеҳу тақдиси ӯ бипардозед, ӯ касе аст, ки ба шумо инояту муҳаббат мекунад ва фариштагон барои шумо тақозои бахшишу омурзиш менамоянд, то Парвардигор шуморо аз торикиҳои куфру залолат берун оварад ва ба нури имону ҳидоят бирасонад, чаро ки ӯ пайваста ба мӯъминон меҳрубон аст» (Аҳзоб, 41-43).
«Мардону заноне, ки Худоро бисёр ёд мекунанд, Худованд барои ҳамаи онҳо подоши бисёр бузурге фароҳам сохтааст» (Аҳзоб, 35).
Худованд барои касоне, ки зикри ӯро менамоянд, подоши бузурге карор додааст ва баръакс, касонеро ки аз ёди ӯ ғофиланд, мавриди интиқод қарор медиҳад ва мефармояд ин амр боиси бадбахтии онҳо хоҳад шуд.
﴿وَمَن يَعۡشُ عَن ذِكۡرِ ٱلرَّحۡمَٰنِ نُقَيِّضۡ لَهُۥ شَيۡطَٰنٗا فَهُوَ لَهُۥ قَرِينٞ ٣٦ وَإِنَّهُمۡ لَيَصُدُّونَهُمۡ عَنِ ٱلسَّبِيلِ وَيَحۡسَبُونَ أَنَّهُم مُّهۡتَدُونَ ٣٧﴾ [الزخرف: ٣٦،  ٣٧]
 «Ҳар кас аз ёди Худо ғофил ва рӯгардон шавад, шайтонеро маъмури ӯ месозем ва ин шайтон ҳамеша ҳамдаму ҳамроҳи ӯ хоҳад буд. Шаётин ин гурӯҳро аз роҳи Худо боз медоранд ва ба гунае гумроҳ мешаванд, ки гумон мекунанд танҳо онҳо ҳидоят ёфтаанд» (Зухруф, 36-37).
Яъне, шайтон бар касе, ки аз зикри Худо ва ҳидояти ӯ ғофил бошад, мусаллат мегардад ва ӯро гумроҳ месозад ва гуноҳу фасодро дар назараш зебо ва ороста медорад.
Худованд инсонро аз ғофил мондан аз ёди Парвардигор барҳазар медорад ва мефармояд: «Монанди касоне набошед, ки Худоро аз ёд бурданд ва Худо ҳам худашонро аз ёди худашон бурд! Чунин касоне фосиқ ва берунрафта аз роҳи Ҳақ мебошанд» (Ҳашр, 19).
Ёд ва зикри Худо дорои таъсири фаровон дар парвариш ва тарбияи нафс мебошад. Инсон бо ёд ва зикри Худо азамату бузургвории ӯро  дар қалби худ тасаввур мекунад ва дар баробари ӯ таслим ва гардан каҷ мегардад, қалбаш ором ва ахлоқи ӯ солим мешавад ва ҷуз корҳои хайр чизе аз ӯ содир намегардад, чаро ки медонад Парвардигораш бар тамоми корҳо огоҳ ва мусаллат аст. Баръакс, касоне ки аз зикри Худо дурӣ мекунанд, аз роҳи рост мунҳариф ва ба домани тамоюлоти нафсонӣ ва орзуҳои моддӣ суқут менамоянд. Ин амр боиси сангдилии онҳо ва маншаи шарру фасод мегардад. Ва ба ҳамин далел аст, ки Худованд инсонро аз ғафлату дурӣ аз ёди худ барҳазар медорад ва мефармояд: «Оё барои мӯъминон вақти он нарасидааст, ки дилҳояшон ба ҳангоми зикри Худо ва дар баробари ҳақ ва ҳақиқате, ки  Худо фурӯ фиристода аст, биларзад ва ҳошеъ гардад, шумо ҳамчун касоне нашавед, ки барои онҳо қаблан китоб фиристода шуда буд ва сипас замони тӯлонӣ бар онҳо сипарӣ гашта ва дилҳояшон сахт шуда ва бештарашон фосиқ ва хориҷ аз ҳақ гаштанд» (Ҳадид, 16).
Ислом ба хотири аҳамият ва инояти зиёди ёду зикри Худо намозро, ки шомили анвоъи зикр ва ёди Худост ва василаи тақарруб ба боргоҳи илоҳӣ аст, дар шабу рӯз панҷ бор воҷиб кардааст ва илова бар он дархост карда, ки намозҳои суннати бештаре дар шабу рӯз хонда шавад, то инсон бештар ба ёди Худо бошад ва ба тазкияю тасфияи рӯҳӣ бипардозад ва бо муноҷот дар дили шаб ва таваҷҷӯҳ ба Худо ҳангоми саҳар қалби худро бо нури имон равшан созад. Худованд мефармояд: «Намозро чунон ки бояд, бихон ба ҳангоми заволи офтоб аз васати осмон то торикии шаб (ки намозҳои зуҳру аср ва шому хуфтанро дар бар мегирад) ва намози субҳро ба ҳангоми тулӯъи фаҷр бихон. Бегумон, намози субҳ тавассути фариштагон мавриди пурсиш қарор мегирад. Дар посе аз шаб аз хоб бархез ва дар он намози таҳаҷҷуд бихон. Ин як фаризаи изофӣ ва афзун бар намози панҷгона бар ту аст, бошад ки дар партави ин амал Худованд туро ба мақоми сутудае дар дунё ва охират бирасонад. Бигӯ, Парвардигоро, маро содиқона ба ҳар коре ворид кун ва содиқона аз он берун овар ва аз ҷониби Худ қудрате ба ман ато фармо, ки ёру мададгор бошад» (Исро, 78-80).


МУҲАББАТИ БАЙНИ МАРДУМ ВА ПАРВАРДИГОР
Яке аз эродҳои ботиле, ки аз  дини Ислом гирифта шуда, ин аст, ки Ислом дине аст хушку дурунӣ ва дар назари Ислом дар байни Худованд ва мардум робитаи муҳаббат мавҷуд нест. Дар китоби «Фалсафаи дин» таълифи Эдвор Рус, ки ба забони англисӣ аст, омадааст, ки «ҳамоно, калимаи Ислом ба маънои таслим дар баробари иродаи Худо аст. Ислом бо маъно ва мафҳуме, ки дорад, заминае ба вуҷуд овардааст, ки нишон медиҳад Худованд як қозӣ ва ҳокими дурушт ва худхоҳе аст, ки ба ҳақку ноҳақ қазоват мекунад ва касе ҷуръат надорад дар баробараш эътирозе дошта бошад, мисли ин ки қадосату меҳрубонӣ ҷузъи сифоти Худо нест. Ба ҳамин далел аст, ки мусулмонон ба ин дини хушку дурушт тамоюл надоранд. Пайдоиши фирқаи сӯфия дар байни мусулмонҳо беҳтарин далел бар ин аст, ки ниёзу шавқ ба робитаи муҳкамтару устувортар бо Худои зиндае, ки муҳаббати фаровоне нисбат ба бандагонаш дорад, вуҷуд дорад».
Бидуни шак, ҷаҳлу ноогоҳӣ ва суинияти нависанда  нисбат ба дини Ислом боис шуда, ки ин иттиҳоми беасосро ворид намояд, то ба гумони худ аз ҳақоният Ислом бикоҳад. Мусалламан, радди ин иттиҳом осон аст ва барои равшан шудани сӯинияти  нависандаи мазкур кофӣ аст, ки ба Қуръон муроҷиат шавад, то маълум гардад калимаи муҳаббат то чи андоза дар он такрор шудааст. Тамоми сураҳои Қуръон бо «Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим» шурӯъ мегардад, ки камоли меҳру муҳаббати Аллоҳро дар аввали ҳар сура ба мусулмонҳо эълом менамояд, шояд сифати раҳмати илоҳӣ дар зимни калимоте чун раҳмон, раҳим, арҳам ва... бештар аз сифоти дигари ӯ дар Қуръон зикр шуда бошад. Муҳаббат дар байни Худо ва бандагони ӯ дар Қуръон ба ду қисмат тақсим мешавад: муҳаббати инсон нисбат ба Худо ва муҳаббати Худо нисбат ба банда.
Аввал, муҳаббати инсон нисбат ба Худо. Мӯъмини воқеӣ касе аст, ки ҷамолу ҷалоли Худоро бишиносад ва лутфу бахшиши ӯро дарк намояд ва яқин дошта бошад, ки валинеъматаш танҳо ӯ аст. Мусалламан, инсони мӯъмин бо чунин идроке, ки аз Парвардигори худ дорад, ӯро дӯст хоҳад дошт ва қалбаш ҳамеша мутаваҷҷеҳи валинеъмати ҳақиқии худ хоҳад буд ва аз итоату  фармонбардории ӯ лаззат мебарад ва ҳаргиз ба мухолифи амри ӯ коре анҷом намедиҳад ва дар роҳ бо камоли майл ҳар амреро мепазирад ва бо итминони хотир қадам бармедорад. Муҳаббати инсон нисбат ба Худо танҳо як алоқаи нафсӣ нест, балки яке аз аркони имони ростин ба Худо аст ва имони ҳақиқӣ он аст. Касоне, ки Худоро дӯст медоранд, ӯро бар худ тарҷеҳ медиҳанд ва ҷони худро дар роҳи муҳаббати ӯ фидо менамоянд ва ин муҳаббат дар тамоми рафтору гуфтори онҳо ошкор ва мушоҳида мешавад. Аммо имони тақлидӣ, ки танҳо як алоқаи нафсӣ аст, асаре барои он ҳосил намегардад ва нақше дар рафтору гуфтори инсон надорад ва имоне нест, ки Худованд онро аз бандагонаш дархост менамояд:
﴿قُلۡ إِن كَانَ ءَابَآؤُكُمۡ وَأَبۡنَآؤُكُمۡ وَإِخۡوَٰنُكُمۡ وَأَزۡوَٰجُكُمۡ وَعَشِيرَتُكُمۡ وَأَمۡوَٰلٌ ٱقۡتَرَفۡتُمُوهَا وَتِجَٰرَةٞ تَخۡشَوۡنَ كَسَادَهَا وَمَسَٰكِنُ تَرۡضَوۡنَهَآ أَحَبَّ إِلَيۡكُم مِّنَ ٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَجِهَادٖ فِي سَبِيلِهِۦ فَتَرَبَّصُواْ حَتَّىٰ يَأۡتِيَ ٱللَّهُ
بِأَمۡرِهِۦۗ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡفَٰسِقِينَ ٢٤﴾ [التوبة: 24]
«Бигӯ, агар падарон, фарзандон, бародарон, ҳамсарон ва қавму қабилаи шумо ва он амволе, ки ба даст овардаед ва бозаргонию тиҷорате, ки аз бебозорию беравнақии он метарсед ва манозиле, ки мавриди алоқаи шумо аст, инҳо дар назаратон аз Худо ва пайғамбараш ва ҷиҳод дар роҳи ӯ маҳбубтар бошанд, дар интизор бошед, ки Худованд кори худро бикунад. Худованд инсонҳои саркашро, ки аз итоати ӯ рӯй мегардонанд, ҳидоят намедиҳад» (Тавба, 24).
Худованд тамоми масоили мавриди алоқаи инсонро дар ин оят зикр карда ва ҳамаи онҳоро дар як паллаи тарозу қарор додааст ва муҳаббати Парвардигор ва Расули Худо ва ҷиҳод дар роҳи Худоро дар паллаи дигари он ниҳодааст. Нафсе, ки худро аз тамоюлот ва дилбастагиҳои дунявӣ озод кунад ва муҳаббату итоати Худо ва Расули Худоро бар онҳо тарҷеҳ диҳад, ҳамон нафсе аст, ки Ислом онро мехоҳад ва ба он арҷ мениҳад.
Қуръон сифоти мӯъминони воқеиеро, ки Худованд онҳоро дӯст медорад ва эшон ҳам Худоро дӯст медоранд, баён мекунад ва хитоб ба мӯъминон мефармояд: «Эй мӯъминон, ҳар кас аз шумо ба ойини худ бозгардад, Худованд ҷамъиятеро ба ҷойи онҳо хоҳад овард, ки дӯсташон медорад ва эшон ҳам Худоро дӯст медоранд, нисбат ба мӯъминон нарму фурӯтан буда ва дар баробари кофирон сахту нерӯманданд ва дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд ва ба талош меистанд ва аз сарзаниши ҳеҷ сарзанишкунандае ба худ ҳарос роҳ намедиҳанд. Ин ҳама фазли Худо аст, Худованд онро ба ҳар касе, ки бихоҳад, ато мекунад» (Моида, 54).
Ишқу муҳаббат ба Худо аз хусусиятҳо ва сифоти мӯъминоне аст, ки маззаи ширини онро чашидаанд, ҳаргиз аз он дур намешаванд ва бо ҳеҷ чизе онро иваз нахоҳанд кард. Ба ҳамин далел аст, ки Пайғамбар (с) мефармояд: «Се сифат аст, ҳар кас ин се сифат дар ӯ вуҷуд дошта бошад, маззаи ширини имонро дарк кардааст, аввал, Худою Расули Худо аз ҳар чизи дигаре дар назди ӯ маҳбубтар бошад. Дувум, дӯстию муҳаббаташ бо дигарон  фақат ба хотири Худо бошад. Сеюм, аз куфр ва баргашт аз дин безор бошад, ҳамон гуна, ки безор аст ӯро дар оташ андозанд» (Ривояти Бухорӣ).
Бинобар ин, муҳаббати Худо аз муҳимтарин усул ва қавоиди низоми ахлоқӣ аст ва мӯъминро ба таври чашмгир дигаргун ва мунқалиб месозад ва чунон рӯҳи поку латифе дар ӯ ба вуҷуд меоварад, ки аз ҳар шарру фасоде ба дур ва маҳфуз мебошад ва ба сурати мазҳари ишқу муҳаббат дармеояд, чун нисбат ба ҳеҷ чизе кинаю бадбинӣ надорад ва ҳама чизро ба унвони махлуқ ва офаридаи Парвардигораш муфид медонад ва дӯст медорад, кинаю ҳасад ва ҳисси интиқомҷӯиро фаромӯш кунад ва ҳар дасиса, васваса ва ахлоқи нописанде, ки зебоӣ ва ҳусну ҷамоли ҳастиро халалдор созад, аз худ дур медорад.
Дувум, муҳаббати Худо нисбат ба инсон аст. Худованд муҳаббати худро махсуси мӯъминоне намуда, ки корҳои бисёр нек анҷом медиҳанд ва дар масири ислоҳ қадам бармедоранд ва ҷомеаи инсонӣ аз файзи вуҷуди онҳо баҳраманд аст. Баръакс, муҳаббати худро аз касоне дур месозад, ки дорои сифоти нописанду паст мебошанд ва дар анҷоми корҳои шар ғарқ шудаанд ва фитнаю фасодро дар ҷомеа густариш медиҳанд.
Қуръони карим муҳаббати Худованд нисбат ба мӯъминонро исбот ва эълом медорад ва дӯстони маҳбуби Худоро ба авсофе тавсиф мекунад, ки усулу пояи ахлоқ, сарчашмаи фазоил, шарофат ва каромати нафсӣ ҳастанд. Ба ин оятҳо таваҷҷӯҳ фармоед: «Ҳар гоҳ дар байни онҳо доварӣ кардӣ, ба адолат ва ҳақ қазовату доварӣ кун, чаро ки Худованд касонеро, ки ба адолат доварӣ мекунанд ва одил ҳастанд, дӯст дорад» (Моида, 76).
«Оре, касе ба аҳду паймони худ вафо кунад ва парҳезкорӣ пеша кунад. (ба муҳаббати Худо даст ёфтааст), чаро ки Худованд парҳезкоронро дӯст дорад» (Оли Имрон, 76).
«Ҳангоме ки тасмим ба анҷоми коре гирифтӣ, бар Худо таваккул кун, чаро ки Худованд таваккулкунандагонро дӯст дорад» (Оли Имрон, 159).
«Заиф нашуда ва забунӣ нишон надодаанд, балки сабуру шикебо буданд ва Худо шикебоёнро дӯст дорад» (Оли Имрон, 146).
«Худованд бозгаштагон ба роҳи Ҳақро дӯст медорад, чаро ки пок ҳастанд ва Худованд поконро дӯст дорад» (Бақара, 222).
Аз тарафи дигар, Худованд муҳаббати худро аз касоне, ки дорои сифоти нописандида ва аъмоли зишт ҳастанд ва ҷомеаро ба шарру фасод мекашонанд, боз медорад ва нисбат ба онҳо изҳори танаффур мекунад. Ба оятҳои зер таваҷҷӯҳ фаромед: «Дар замин табоҳӣ наҷӯй, ки Худо табоҳкоронро дӯст намедорад» (Қасас, 77).
«Аммо касоне, ки имон меоваранд ва корҳои шоиста анҷом медиҳанд, Худованд подоши онҳоро ба таври комил хоҳад дод ва Худованд ситамкоронро дӯст намедорад» (Оли Имрон, 57).
«Бихӯред ва бинӯшед, вале исроф накунед, чаро ки Худованд исрофкунандагонро дӯст надорад» (Аъроф, 31).
«То Худованд аз фазл ва лутфи худ подоши имондорон ва некӯкоронро бидиҳад, вале Худованд кофиронро дӯст надорад» (Рум, 45).
«Яқинан, Худованд аз он чи пинҳон месозанд ва аз он чи ошкор менамоянд, огоҳ аст ва Худованд мустакбиронро дӯст намедорад» (Наҳл, 23).
«Бегумон, Худованд касеро дӯст намедорад, ки худхоҳу худсито бошад» (Нисо, 36).
«Ҳар гоҳ аз ҳаёти гурӯҳе бим дошта бошӣ, ҳамчун эшон паймонашонро лағв кун. Бегумон, Худованд хиёнаткоронро дӯст намедорад» (Анфол, 58).
«Биҷангед дар роҳи Худо бо касоне, ки бо шумо меҷанганд, вале аз ҳақ таҷовуз накунед, зеро Худованд мутаҷовизони аз ҳаққу адолатро дӯст намедорад» (Бақара, 190).
Бинобар ин, меҳру муҳаббати Худо нисбат ба инсон сарчашмаи саодат аст ва боиси эҷоди дӯстӣ байни Худо ва инсони мӯъмин мешавад ва ӯро ёрӣ медиҳад ва аз ӯ ба дифоъ мепардозад ва дар муқобили он буғзу душмании Худо нисбат ба инсон мояи бадбахтии ӯ аст. Пайғамбар (с) ба ин матлаб ишора мекунад ва мефармояд: «Ҳар гоҳ Худованд яке аз бандагонашро дӯст дошта бошад, ба Ҷабраил мефармояд, ки ман фалониро дӯст дорам, ту ҳам ӯро дӯст бидор. Ҷабраил ӯро дӯст медорад ва Ҷабраил дар байни сокинони осмон эълом менамояд, ки Худованд фалониро дӯст медорад, шумо ҳам ӯро дӯст бидоред, онҳо ҳам ӯро дӯст медоранд, сипас дар замин ҳам мавриди қабули покон қарор мегирад ва ҳар гоҳ Худованд касеро мавриди ғазаб қарор диҳад, Ҷабраилро фаро мехонад ва ба ӯ мегӯяд: Ман фалониро дӯст намедорам, ту ҳам ӯро дӯст надор, Ҷабраил ӯро дӯст намедорад ва Ҷабраил ба сокинони осмон эълом менамояд, ки фалонӣ мавриди ғазаби Худо аст, бояд шумо ҳам ӯро мавриди ғазаб қарор диҳед. Он гоҳ Худованд ӯро дар замин ҳам мавриди ғазаби покон қарор медиҳад» (Ривояти Муслим)

ХАВФ АЗ ХУДО ВА АСАРИ ОН ДАР МУБОРИЗА БО ФАСОД
Имрӯза, ки мебинем балои азиме домангири ҷомеа шуда ва усули ахлоқӣ поймол гардида ва аксари мардум дар сарошеби бадбахтӣ ва пайравӣ аз тамоюлот ва ҳавои нафсонӣ суқут карданд ва ҷурму ҷиноят густариш ёфтааст, ҳамаи ин мусибатҳо дар натиҷаи ғафлати инсон аз Парвардигораш ва бетаваҷҷӯҳӣ ба азамату қудрати ӯст. Танҳо имон ва огоҳӣ ба илм ва тасаллути Худо дар қалби мӯъмин аст, ки ҳайбату шарм ва парворо дар дили ӯ ба вуҷуд меоварад ва ӯро аз шарру фасод дур медорад.
Хавфу парво аз Худо яке аз пояҳое аст, ки ҷаҳони маънавият ва ҳаёти рӯҳӣ бар он уствор аст, чаро ки инсонро ба сӯйи он чи ки хайру фазилат аст, мекашонад. Барои ҳамин тамоми динҳо омадаанд, то ин эҳсосро дар даруни афрод тақвият намоянд ва баён доштаанд, ки хашму ғазаби Худо мӯҷиби бадбахтӣ ва азоб дар дунё ва охират мебошад. Агар хавфу парво аз Худо набошад, инсон худро дар анҷоми ҳар шарру фасоде  озод мебинад ва дар баровардани хавои нафс ба ҳар амре даст мезанад. Дар чунин ҳолате қавонин ва муқаррароти давлатию иҷтимоӣ, ҳам ки барои ҳифзи ҳуқуқи ашхос вазъ мешаванд, фоидаи чандоне надоранд ва ин балое аст, ки ҷаҳони муосир аз он ранҷ мебарад ва қодир ба гирифтани пеши ҷиноятҳо нест.
Ислом ҳамзамон бо вазъи қонун ва муқаррароти боздоранда аз фасод ва қарор додани кайфару муҷозот барои ҷинояткорону фосидон аз тақвияти ҷанбаи маънавӣ ҳам ғофил нашуда ва ба бедор сохтани нафс ва виҷдони инсон пардохтааст ва онро мутаваҷҷеҳи қудрату азамат ва илми фарогири Худо сохтааст, то аз мухолифати амр парҳез кунад ва аз қаҳру ғазабаш хавф дошта бошад. Бинобар ин, хавфу парво аз Худо яке аз омилҳои асосии таваҷҷӯҳ ба Ҳақ, парҳез аз гуноҳ, итоат аз Худо ва дар пеш гирифтани роҳе аст, ки мӯҷиби ризои ӯ мебошад. Ва барои тасдиқи ин мавзӯъ ба оятҳои зер таваҷҷӯҳ фармоед: «Ҳар касе аз Худо ва пайғамбараш пайравӣ кунад ва аз Худо битарсад ва аз ӯ бипарҳезад, чунин одамоне ба мақсуди худ расидаанд» (Нур, 52).
﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ يَخۡشَوۡنَ رَبَّهُم بِٱلۡغَيۡبِ لَهُم مَّغۡفِرَةٞ وَأَجۡرٞ كَبِيرٞ ١٢﴾ [الملك: ١٢]
«Касоне, ки дар пинҳон аз Парвардигори худ метарсанд, омурзишу подоши фаровон ва бисёр бузурге доранд» (Мулк, 12).
«Худо аз эшон розӣ аст ва эшон хам аз Худо розӣ ҳастанд. Ин саодату неъмат аз он касе аст, ки аз мухолифат бо Парвардигори хеш битарсад ва ҳарос дошта бошад» (Баййина, 8).
Биму парво аз мухолифат бо амри Худо боиси пайдоиши шуҷоат, дастнорасӣ ва шахсият дар инсон мегардад. Шуҷоат яке аз сифоти писандидае аст, ки шахсияти инсон ба он музайян мешавад ва бо доштани он инсон ба чунон мақоме мерасад, ки батамом афкор ва ақоиди худро эълом медорад ва боке надорад, ки мардум дар борааш чӣ чиз мегӯянд ва ё ибрози ин ақоид хашми қудратмандонро бармеангезад ё не ва аз иқдом ба корҳое, ки хилофи ақидааш аст, дурӣ меҷӯяд, ҳарчанд хашму нороҳатии мардумро ба дунбол дошта бошад. Худованди мутаол мӯъминонро ташвиқ ва роҳнамоӣ мекунад, то дорои чунин сифате бошанд ва  мефармояд: «Аз онҳо натарсед ва аз Ман битарсед, агар воқеан ҳам, мӯъмин ҳастед» (Оли Имрон, 175).
«Оё аз эшон метарсед, дар ҳоле ки сазовортар он аст, ки аз Худо битарсед» (Тавба, 13).
Худованд ба баёни сифоти мӯъминон мепардозад ва мефармояд: «Дӯстони Худо касоне ҳастанд, ки дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд ва ба талош мепардозанд ва аз сарзаниши ҳеҷ сарзанишкунандае ҳаросе ба худ роҳ намедиҳанд» (Моида, 54).
Таърих ба саргузашти бузургмардону қаҳрамонҳои фаровоне ороста шудааст, ки тамоми сарвату ҳастӣ ва ҷони худро дар роҳи таблиғи Ҳақ ва пирӯзии он саховатмандона фидо карданд ва бар балою мусибатҳо сабр намуда, шиканҷаҳою зиндонҳоро ба хотири Ҳақ бар худ осон гирифтаанд, чаро ки Ҳақро аз ҷони худ дӯсттар  доштаанд. Анбиё ва уламои барҷаста дар садри ин ҷамоат қарор доранд, барои ҳамин Қуръон дар мавриди пайғамбарон мефармояд: «Касоне, ки рисолатҳои Худоро ба мардум мерасонданд, аз ӯ метарсиданд ва аз касе дигаре ҷуз Худо наметарсиданд» (Аҳзоб, 39).
Умед ва хавфи Худо бо ҳам. Қуръони карим хавф аз Худоро ҳамроҳи умед бо раҳматаш зикр мекунад, зеро гуноҳкоре, ки аз раҳмати Худо ноумед шавад ва ин умедро надошта бошад, ки бо тавба ва пушаймонӣ ва бозгашт ба даргоҳаш аз гуноҳони худ пок мегардад, ба  худ мегӯяд, болои сиёҳӣ ранги дигар нест, он гоҳ ба ҳар ҷинояте даст мезанад ва ба сурати мавҷуди хатарноке дархоҳад омад, ки ҳеҷ умеде ба ислоҳ ва бозгашти ӯ боқӣ нахоҳад монд. Бидуни шак, қатъи иртибот дар байни инсон ва Парвардигораш бузургтарин фоҷиа ва бадбахтӣ аст.
Тарсу бим аз Худо дорои ҳадде аст, ба тавре ки набояд он ба яъсу навмедӣ аз раҳматаш табдил гардад. Касоне, ки мехоҳанд фақат бар хавфи мутлақ аз Худо такя кунанд ва мардумро ба ин шева тарбият намоянд ва онҳоро аз гуноҳ боз доранд, кори дурусте анҷом намедиҳанд, зеро ин шеваи нодуруст нури умедро аз дилҳо дур менамояд ва монеи нуфузи хайру баракат ба дарунҳо мешавад.
Дар даруни ҳар инсоне ангезаю тамоюл ба анҷоми корҳои писандида ба умеди расидан ба фазлу неъмати Худо вуҷуд дорад ва дар ин бора, ки бояд хавф аз азоби Худо ҳамроҳи умед ба раҳматаш бошад, Қуръон мефармояд: «Дар замин баъд аз ислоҳи он фасоду табоҳӣ накунед ва Худоро бимнокона ва умедворона ба фарёд хонед. Бегумон, раҳмати Аллоҳ ба некӯкорон наздик аст» (Аъроф, 56).
Худованд дар тавсифи мӯъминони содиқ мефармояд: «Аз бистари хобу истироҳат дур мешаванд ва ба ибодати Парвардигорашон мепардозанд ва Парвардигори худро бо умеду бим фаро мехонанд» (Саҷда, 16).
Ва дар тавсифи  баъзе анбиёи худ мефармояд: «Онҳо дар анҷоми корҳои хайр бар якдигар сабқат мегирифтанд ва дар ҳоли умеду хавф Моро ба фарёд мехонданд ва ҳамвора хошеъ ва мутеи Мо буданд» (Анбиё, 90).
Бидуни шак, хавф аз азоби илоҳӣ ва умед ба раҳматаш як ангезаю омили бисёр муассир дар рафтори инсон аст, ки ӯро ба сӯйи саодат ҳаракат медиҳад ва ахлоқу тарбияи исломиро ба ӯ меомӯзад, то ба сурати як фарди солеҳу муфид барои худ, хонавода ва ҷомеаи худ дармеояд.

ТАЛАБИ МАҒФИРАТ ВА БАХШИШИ ГУНОҲ АЗ ХУДО
ВА АСАРИ ОН ДАР МУОЛИҶАИ РАВОНӢ
Бидуни шак, инсон бо имоне, ки дар тамоми гуфтору рафтораш муроқибу мутаваҷҷеҳи Худо аст ва санҷидаю бодиққат ҳаракат мекунад, хато ва иштибоҳаш бисёр кам аст, вале гоҳе иттифоқ меафтад, ки лағзише барояш пеш меояд ва муртакиби коре мешавад, ки намебоист чунин коре аз ӯ зоҳир гардад, аммо фавран  ба ёди Худо меафтад ва ба иштибоҳу гуноҳи худ пай мебарад ва аз он дурӣ меҷӯяд ва бо ҳолати надомату пушаймонӣ ва дархости афву бахшиш ба сӯйи Худо  бармегардад.
Оре, инсони мӯъмин дучори иштибоҳ мешавад, вале бар ӯ лозим аст фавран огоҳ шавад ва  агар лағзише ба вуқӯъ пайваст, бархезад ва гарди гуноҳро, ки доманашро доғдор сохта, бо оби тавба бишӯяд ва аз ин лағзишгоҳҳо дурӣ ҷӯяд ва ба роҳи рост боз гардад. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Худованд ба дунболи узру баҳонае барои сарфи назар аз чунин гунаҳкоре мегардад ва ӯро ба тақозои афву бахшудагии гуноҳаш аз Парвардигор ташвиқ менамояд. Ин дуо ва тақозои мағфират инсонро ба муҳосибаи нафс ва таваҷҷӯҳ ба Зоти Аллоҳ ҳидоят менамояд ва мӯҷиби пушаймонӣ мегардад. Саранҷом, дилҳои мурда ба василаи тавба ва пушаймонӣ, ки боиси ҷалби бахшишу раҳмати илоҳӣ аст, муҷаддадан зинда мегарданд ва роҳи саодатро боз меёбанд. Дар дини Ислом барои бахшуда шудани гуноҳ ва қабули тавба ниёзе нест, ки инсон ба назди рӯҳонӣ биравад ва эътироф ба гуноҳони худ кунад, то ин рӯҳонӣ дар назди Худо барояш тақозои тавба ва мағфират намояд, ҳамон гуна, ки дар масеҳият лозим аст, ки гуноҳкор баъд аз пушаймонӣ ба назди кашиш биравад ва ба гуноҳаш эътироф намояд, зеро танҳо кашиш метавонад бо Худо иртибот дошта бошад ва  талаби омурзиш кунад. Ислом мегӯяд: дари Худо ба рӯйи ҳамаи бандагонаш боз аст ва ниёзе ба воситаву вакиле ҷуз имону ақли солеҳ ва тавбаву пушаймонӣ нест. Ҳар кас ҳар вақт, ки бихоҳад бо нияти холис аз гуноҳон дурӣ ҷӯяд, метавонад ба сӯйи Худо боз гардад ва мустақиман бо ӯ робита барқарор кунад ва ба розу ниёз бипардозад ва бо иқрор ба азамату қудрат ва раҳмати Парвардигор ва заъфу ҷаҳли худ аз ӯ тақозои лутфу бахшиш намояд. Дар ин ҳолат Худованд ӯро мавриди иноят қарор медиҳад ва аз гуноҳонаш сарфи назар мефармояд. Бинобар ин,  аз назари Ислом гуноҳ тавқе нест, ки дар гардан боқӣ бимонад ва раҳоӣ аз он мумкин набошад.
Пас ҳар инсоне метавонад мустақиман ба сӯйи Парвардигораш рӯй оварад ва бо надомату пушаймонӣ аз ӯ узру бахшиш бихоҳад, то дари раҳмати илоҳӣ ба рӯяш  кушода шавад ва мавриди афв ва инояту мағфирати Парвардигор қарор гирад ва  мефармояд: «Ҳар кас кори баде кунад ва ё бар худ ситам раво дорад, сипас аз Худо омурзиш биталабад, Худоро омурзандаи меҳрубон хоҳад ёфт» (Нисо, 110).
Худованд ба тавсифи мӯъминоне мепардозад, ки мустаҳиққи инояту бахшиши ӯ ҳастанд ва мефармояд: «Ва касоне, ки дучори гуноҳ мешаванд ва ё бар хештан ситам раво медоранд, сипас ба ёди Худо меафтанд ва аз ӯ омурзиши гуноҳонашонро хостор мешаванд ва ба ҷуз Худо кист, ки гуноҳонро биомурзад? Ва бо илму огоҳӣ бар гуноҳе, ки анҷом додаанд, исрор намеварзанд, чунин парҳезкороне подошашон омурзиши Парвардигорашон мебошад» (Оли Имрон, 135-136).
Худованд бахшудагӣ ва афви Худро шомили ҳоли ҳар гунаҳгоре менамояд ва ҳар гуноҳеро, ки карда бошад, чи сағира ва чи кабира, модоме ба қалби поку пушаймонии воқеӣ ба сӯйи Худо баргардад, мавриди афв ва омурзиш қарор медиҳад ва ба унвони мужда мефармояд:
 ﴿قُلۡ يَٰعِبَادِيَ ٱلَّذِينَ أَسۡرَفُواْ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمۡ لَا تَقۡنَطُواْ مِن رَّحۡمَةِ ٱللَّهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ يَغۡفِرُ ٱلذُّنُوبَ جَمِيعًاۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡغَفُورُ ٱلرَّحِيمُ ٥٣﴾ [الزمر: ٥٢]
«Аз қавли Ман ба бандагонам бигӯ: «Эй касоне, ки дар гуноҳ ва маъосӣ зиёдаравӣ кардаед, аз афву раҳм ва лутфи Худо ноумед ва маъюс  нашавед. Яқинан, Худованд ҳама гуноҳонро меомурзад, чаро ки ӯ бисёр  богузашт ва меҳрубон аст» (Зумар, 52).
Уламо гуфтаанд, ки ҳеҷ ояте дар Қуръон монанди ин оят муждадиҳанда ва шодибахш намебошад ва ин оят дари раҳмати илоҳиро ба ҳар ду тарафи росту чап боз кардааст!
Ислом аз инсони пушаймон мехоҳад ба манзури маҳви осори гуноҳ ва тазкияи нафс тавбаю пушаймонии худро бо иқдом ба корҳои хайру писандида таҳким бахшад, бар тавбакорон лозим аст баъд аз дурӣ аз гуноҳ ба аъмоли нек рӯй оваранд ва корҳои хайрро каффорати гуноҳи худ қарор диҳанд ва мефармояд:
﴿إِنَّ ٱلۡحَسَنَٰتِ يُذۡهِبۡنَ ٱلسَّيِّ‍َٔاتِۚ ذَٰلِكَ ذِكۡرَىٰ لِلذَّٰكِرِينَ ١١٤﴾ [هود: ١١٤]
 «Бидуни шак, корҳои шоистаю нек гуноҳонро аз байн мебарад ва маҳв месозад» (Ҳуд, 114).
Ва Худованд мефармояд: Корҳои нек боиси ҷалби мағфирати ӯ аст: «Мардумони дигаре ҳам ҳастанд, ки ба гуноҳони худ эътироф мекунанд ва кори хуберо бо кори баде дарҳам меомезанд, умед аст, ки Худованд тавбаи онҳоро бипазирад. Бегумон, Худованд дорои мағфирати фаровон ва раҳмати бекарон аст» (Тавба, 102).
Дар ин робита Пайғамбар (с) мефармояд: «Ба дунболи кори нописанду гуноҳ кори хайру амали солеҳро анҷом диҳед, зеро некӣ бадиро маҳв мекунад» (Аҳмад ва Тирмизӣ).
Имон ва эътиқоди инсон ба ин ки Худованд ҳамаи гуноҳонро мебахшад ва ҳар гоҳ аз ӯ тақозои афву мағфират кунад, ӯро мавриди афв қарор медиҳад, яке аз тариқи муолиҷаи бемориҳои равонӣ аст ва танҳо дар асри ҷадид аст, ки равонпизишкӣ онро мавриди истифода  қарор додааст.
Равоншиносон, ки дар раъси онҳо Фрейд – муассиси мактаби равонковӣ қарор дорад, собит кардаанд, ки тамоми нороҳатиҳо ва бемориҳои равонӣ аз як шикасти рӯҳӣ сарчашма мегиранд ва ин шикаст боиси ба вуҷуд омадани уқдаи рӯҳӣ мешавад ва ин уқда бартараф намегарад, магар аз тариқи равонковӣ ба ин шева, ки бемори равонӣ бояд дар дармонгоҳи равонпизишк бинишинад ва дар ҳузури ӯ ба тамоми гуноҳон ва иштибоҳоти худ эътироф намояд... Равоншиносон дар бораи ин эътироф мегӯянд, ки ин амал равише аст дуруст, ки ба ин шева иштибоҳот ва шикастҳои бемор равшан мешаванд ва мариз ба онҳо шиносоӣ мекунад ва аз онҳо огоҳ мегардад. Он гоҳ дар байни нафс ва виҷдони бемор оромиш ва созиш ба вуҷуд меояд ва виҷдони мариз ором мешавад ва аз гуноҳи нафс сарфи назар менамояд. Ҳар гоҳ бемор оромишу гузашти виҷдонро мушоҳида кард, эҳсос мекунад, ки ӯро бахшидааст ва дар байни виҷдон ва нафси ӯ тавофуқ ҳосил шудааст... Он гоҳ уқдаи равонии ӯ кушода мешавад. Албатта, набояд тасаввур кард, ки  ин уқдаи чизе аст ваҳмӣ ва хаёлӣ, чаро ки ағлаби вақтҳо боиси сардард ва ташаннуҷоти қалб ва тангии шадиди танаффус ва бемориҳои дигаре аз ин навъ хоҳад шуд. Вақте уқдаи равонӣ бо эътироф ба гуноҳ дар наздики равонпизишк кушода шавад ва виҷдони инсон бо ин амал розӣ гардад ва шахсро афв кунад, чӣ тавр эътироф ба гуноҳ ва дар пешгоҳи Худованди доною тавоно ва огоҳу мусаллат боиси оромиши виҷдон намешавад? Оё вақте ки виҷдон эҳсос кунад Худованд аз гуноҳи шахс сарфи назар кардааст, ӯ ҳам сарфи назар нахоҳад кард?
Албатта, назарияи эътироф ба гуноҳ дар пешгоҳи Худо як назарияи қуръонӣ ва исломӣ ва дорои осори бисёр муфиде бар рӯҳ ва равони инсон мебошад.
Қуръон намунае аз эътироф ба зулмро зикр кардааст, ки Пайғамбари Худо (Зиннун) дучори он мешавад ва баъдан дар пешгоҳи Худованд ба он эътироф менамояд ва талаби омурзиш ва мағфират мекунад ва фоидаи ин эътироф ин буд, ки ӯро аз нороҳатию ҳузне, ки дар шиками моҳӣ дошт,  наҷот дод ва мефармояд: «Зиннун (Юнус) дар он ҳангом ки хашмнок берун рафт  ва гумон бурд, ки бар ӯ сахту танг намегирем, фарёд баровард, ки Парвардигоро, ҷуз Ту нест ва Ту поку муназзаҳӣ ва ман ҷузъи ситамкорон шудаам, дуои ӯро пазируфтем ва вайро аз ғам раҳо кардем ва Мо ҳамин гуна мӯъминонро  наҷот медиҳем» (Анбиё, 87-88).
Ба ин ҷумла таваҷҷӯҳ фармоед: «Мо ҳамин гуна мӯъминонро наҷот медиҳем» (Анбиё, 88).
Ин оят башорати бузурге аст барои ҳар мусулмоне ва онҳоро ташвиқ мекунад, ки аз лутфу раҳмати илоҳӣ баҳраманд шаванд ва баъд аз иртикоби ҳар лағзише бо хотири осуда ба сӯйи Худо баргарданд ва талаби мағфират кунанд, чун Худованд онҳоро наҷот медиҳад, аз ғаму нороҳатӣ ва  торикии дарун ва дилтангию нооромии виҷдон растагорӣ меёбанд. Бо эътироф ба хато дар пешгоҳи Худо уқдаҳо холӣ мешаванд ва осори равонии ношӣ аз он аз байн хоҳад рафт.
Яке дигар аз намунаҳои эътироф ба хато дар пешгоҳи Худо эътирофи Одаму Ҳавво ба гуноҳи худ ва тақозои мағфирати эшон аст, ки мефармояд:
﴿قَالَا رَبَّنَا ظَلَمۡنَآ أَنفُسَنَا وَإِن لَّمۡ تَغۡفِرۡ لَنَا وَتَرۡحَمۡنَا لَنَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ ٢٣﴾ [الاعراف: ٢٣]
 «Одаму Ҳавво гуфтанд: Парвардигоро, мо бар хештан ситам кардаем ва агар моро набахшӣ ва бар мо раҳм накунӣ, аз зиёнкорон хоҳем буд» (Аъроф, 23).
Фоидаи истиғфор. Қуръон талаби омурзиш ва дурӣ аз гуноҳро василаи расидан ба раҳмати Худо ва дастёбӣ ба хайру баракат ва фазли ӯ дар дунё қарор додааст ва мефармояд: «Ва ин ки аз Парвардигоратон талаби омурзиш кунед ва ба сӯйи ӯ баргардед, Худованд шуморо то дами марг ба тарзи некӯӣ баҳраманд месозад ва ба ҳар соҳиби фазилату эҳсоне фазилату эҳсонашро медиҳад» (Ҳуд, 3).
Аз ин оятҳои шариф бармеояд, ки касоне, ки ба итоату ибодати Худо рӯй меоваранд, дар дунё низ дорои авзоъи муназзам ва қалби ором ҳастанд. Худованд аз қавли пайғамбараш Ҳуд мефармояд: «Эй қавми ман! Аз Парвардигоратон омурзиш биталабед ва ба сӯйи ӯ баргардед, то осмонро бар шумо резанда ва боранда кунад ва нерӯе бар нерӯятон бияфзояд» (Ҳуд, 52).
Ва аз қавли пайғамбараш Нӯҳ низ мефармояд: «Ба эшон гуфтаам, аз Парвардигори хеш талаби омурзиш кунед, ки ӯ бисёр омурзанда аст. Худо аз осмонҳо боронҳои пурхайру баракатро паёпай барои шумо мефиристад ва бо бахшидани дороӣ ва фарзандон шуморо кӯмак мекунад ва ёрӣ медиҳад ва боғҳои сарсабзу фаровонро баҳраи шумо месозад ва рӯдҳои пуробро дар ихтиёратон қарор медиҳад» (Нӯҳ, 12-15).
Ва хитоб бо хотами пайғамбаронаш Муҳаммад (с) мефармояд: «Худованд, то ту дар миёни онҳо ҳастӣ, эшонро азоб намекунад ва ҳамчунин Худованд эшонро азоб намекунад, дар ҳоле ки онҳо талаби омурзишу бахшиш менамоянд» (Анфол, 33).
Баъзе аз асҳоби Пайғамбар (с) баъд аз вафоти ӯ мегуфтанд: «Мо ду паноҳгоҳ доштем, ки яке аз онҳо вуҷуди Пайғамбар (с) буд, ки рафт, вале дуввумӣ, ки истиғфору талаби мағфират аст, бо мо мондааст, агар он ҳам аз байн биравад, он вақт комилан ба ҳалокат мерасем».

ТАВБА ВА БОЗГАШТ БА СӮЙИ ХУДО ВА АСАРИ
ОН ДАР ИСЛОҲИ АХЛОҚ
Гоҳе баъзе ашхос аз мушоҳидаи оятҳои марбут ба талаби бахшудагӣ ва афви гуноҳ, ки дар баҳси пеш баён гардид, дучори иштибоҳ мешаванд ва гумон мекунанд, ки афву бахшудагии Худо ба осонӣ ҳосил мешавад ва ҳар гуноҳкоре, ки чанд бор бо забон бигӯяд астағфируллоҳ, дигар кор тамом аст ва Худованд гуноҳони ӯро бахшидааст, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ ин тавр нест. Ҳамон тавре ки қаблан гуфта шуд, тамоми корҳои илоҳӣ дорои суннат ва назми махсус мебошад. Аз ин рӯ, бахшудагӣ ва афви гуноҳ низ аз назми хоси худ пайравӣ менамояд. Касе, ки аз Худованд талаби бахшудагӣ мекунад, бояд қаблан аз гуноҳе, ки муртакиб шуда, нороҳат ва пушаймон бошад, аз он дурӣ намояд ва тасмимаш бар ин бошад, ки ҳаргиз ба он наздик нашавад ва ба анҷоми корҳои хайр давом ва истиқомат дошта бошад.
Бинобар ин, барои дастёбӣ ба омурзиш ва афви илоҳӣ инсон ниёз ба тавба, дурӣ аз гуноҳ ва бозгашт ба сӯйи Худо ва дини ӯ дорад. Тавба дар луғат ба маънои бозгашт аст, вақте гуфта мешавад фалонӣ тавба кардааст, яъне аз лағзишҳо ва иштибоҳоту гуноҳоне, ки муртакиб шудааст, пушаймон гашта, ба сӯйи Худо бозгаштааст. Соҳиби китоби «Қуввату-л-қулуб» (ҷ.2. саҳ.69) мегӯяд: «Яке аз шароити тавба ин аст, ки бояд тавбакунанда фавран аз аҳли фисқу гуноҳ дурӣ кунад, сипас бо нафси хатокори худ ба мухолифат пардозад ва ҷуз ба андозае, ки ниёзи зарурии онро таъмин мекунад, чизи бештаре ба ӯ надиҳад, сипас тасмими қатъӣ дошта бошад, ки ҳаргиз ба сӯйи гуноҳоне, ки анҷом додааст, барнагардад ва шарри худро аз мардум дур дорад ва аз ҳар коре, ки боиси ҳаракат додани ӯ ба сӯйи гуноҳ мешавад, парҳез кунад».
Қуръони карим аҳамияти фаровоне ба тавба додааст ва дар оятҳои бисёре онро зикр кардааст, аз ҷумла мефармояд: «Ҳар кас, ки баъд аз анҷоми гуноҳ тавба кунад ва ба ислоҳи нафс бипардозад, Худованд тавбаи ӯро мепазирад. Бегумон, Худованд бас омурзандаву меҳрубон аст» (Моида, 39).
«Худованд раҳматро бар хештан воҷиб намудааст, ки ҳар касе аз шумо аз рӯйи нодонӣ дучори лағжише шуд, вале баъд аз он тавба кард ва худро ислоҳ намуд, Худованд узру тақсири ӯро мепазирад, чаро ки ӯ бас богузашту меҳрубон аст» (Анъом, 54).
Қуръони карим аксаран истиғфорро ҳамроҳ бо тавба зикр мекунад, ҳамон гуна, ки мефармояд: «Аз Парвардигоратон талаби омурзишу мағфират кунед, сипас ба сӯйи ӯ баргардед» (Ҳуд, 52).
Қуръон тавбаро ба дунболи истиғфор зикр мекунад ба хотири ин ки истфиғфор омил ва ташвиқкунандаи тавба аст. Ва ин амр нишон медиҳад, ки роҳе барои дастёбӣ ба мағфирату омурзиши илоҳӣ ҷуз тавба вуҷуд надорад, чаро ки барои гунаҳкор, ки бо иртикоби гуноҳ аз Ҳақ дур шудааст, то вақте аз он дур нашавад ва безор нагардад, талаби омурзиш муяссар нест.
Бинобар ин, маълум гардид, ки истиғфор мақсуди аслӣ аст ва тавба тобеъ ва нашъат гирифтан аз он аст. Тавбае, ки Қуръон хостори он аст, бояд каме баъд аз иртикоби гуноҳ ва мубтало шудани шахс ба он анҷом гирад ва набояд гуноҳкор  гуноҳонро рӯйи ҳам ҷамъ кунад, то замоне ки аз чораи онҳо оҷиз бимонад.
Худованд мефармояд:
﴿إِنَّمَا ٱلتَّوۡبَةُ عَلَى ٱللَّهِ لِلَّذِينَ يَعۡمَلُونَ ٱلسُّوٓءَ بِجَهَٰلَةٖ ثُمَّ يَتُوبُونَ مِن قَرِيبٖ فَأُوْلَٰٓئِكَ يَتُوبُ ٱللَّهُ عَلَيۡهِمۡۗ وَكَانَ ٱللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمٗا ١٧﴾ [النساء: ١٧]
«Бегумон, Худованд танҳо тавбаи касонеро мепазирад, ки аз рӯйи нодонӣ ба кори зишт даст меёзанд, сипас ҳарчи зудтар пушаймон мешаванд ва ба сӯйи Худо бармегарданд ва Худованд тавбаву бозгашти эшонро мепазирад ва Худованд огоҳу ҳаким аст» (Нисо, 17).
Худованди мутаол барои қабули тавба ду шарт қарор додааст: яке ин ки гуноҳ аз рӯйи ҷаҳл ва таҳти таъсири ангезаҳои нафсонӣ анҷом шуда бошад, дувум ин ки тавба  каме баъд аз анҷоми гуноҳ сурат  пазирад, аммо вақте инсон бо итминони хотир ва бетарс аз Худо гуноҳонро анҷом диҳад ва ба онҳо одат кунад ва ба ҳамин кайфият ба зиндагии худ идома диҳад, то аҷалаш фаро расад, он гоҳ бигӯяд: Тавба кардам ва пушаймонам. Худованд ҳаргиз чунин тавбаеро қабул надорад ва мефармояд: «Тавбаи касоне пазируфта нест, ки муртакиби гуноҳон мегарданд, то он гоҳ ки марг яке аз онҳоро фаро мерасад ва мегӯяд: акнун тавба мекунам ва ҳамчунин тавбаи касоне, ки бар куфр мемиранд, пазируфта нест. Барои ҳамаи онҳо азоби дарднокеро таҳия додаем» (Нисо, 18).
Қуръон амали солеҳро ҳамроҳи тавба қарор медиҳад, то инсон истеҳқоқи расидан ба афву бахшудагии гуноҳонро аз ҷониби Худо дошта бошад ва мефармояд:
﴿وَإِنِّي لَغَفَّارٞ لِّمَن تَابَ وَءَامَنَ وَعَمِلَ صَٰلِحٗا ثُمَّ ٱهۡتَدَىٰ ٨٢﴾ [طه: ٨٢]
 «Ман бисёр омурзанда ҳастам ва ҳатман меомурзам касеро, ки аз куфру гуноҳ баргардад ва имон биоварад ва корҳои шоистаю некӯро анҷом диҳад, сипас ба роҳи рост ҳаракат намояд» (Тоҳо, 82).
«Магар касе, ки тавба кунад ва имон оварад ва амали солеҳ анҷом диҳад, ки Худованд бадиҳо ва гуноҳони эшонро ба хубиҳою некиҳо табдил мекунад ва Худованд бас омурзандаю меҳрубон аст» (Фурқон, 70).
Бинобар ин, тавба яке аз муҳимтарин ва муҳкамтарин аркон ва пояҳои ахлоқ аст ва ҳар гуна таъхиру кӯтоҳӣ дар тавба ва бозгашт ба сӯйи Худо мӯҷиби нобудии шахсият ва ахлоқ мегардад ва баръакс, рӯй овардан ба сӯйи тавба бо суръат ва садоқати ҳарчи бештар боиси ислоҳ ва  тазкияи нафс ва ғалабаю пирӯзӣ бар қувваҳои шарру фасод мебошад.
Яке аз нависандагони ҳолландӣ ба номи Франзистол ба муқоисае дар ин усул ва мабодии ахлоқи исломӣ ва усулу мабодии ҷамъияти маъруф ба «Ҷамъияти тасаллуҳи халқӣ» пардохтааст ва онро дар «Маҷаллаи исломӣ», ки ба забони англисӣ аз тарафи ҷамъияти исломӣ дар Англия нашр мешавад, интишор дода, аз ҷумла дар бораи тавба мегӯяд: «Тавба дар Ислом василаи бозсозии шахсияти инсон ва тазкияи нафс ва  бинобар ин муҳимтарин силоҳи ахлоқӣ аст. Тавба шомили надомат, тағйир ва таҳаввул дар ахлоқ ва шахсияти фард аст. Ин нависанда ба баррасии маънои тавба ва аҳамияти он дар назди  чанд шахсияти исломӣ монанди Ҳасани Басрӣ, Маҳосибӣ, Мансури Ҳаллоҷ ва Имом Ғаззолӣ пардохта ва чакидаи гуфтаҳои эшонро бо гуфтаҳои доктор Франк Бегмон – муассис ва бунёдгузори «Ҷамъияти тасаллуҳи халқӣ» муқоиса карда ва эътироф кардааст, ки ҳақки тақаддум дар ин майдон бо Ислом аст ва Исломро баранда эълом намудааст».

ТАЛАБИ РАҲМАТИ ХУДО, УМЕД БА ОН ВА ТАЪСИРИ
ОН БАР НОБУД СОХТАНИ ЯЪСУ БАДБАХТӢ
Ҳеҷ чиз монанди бадбинӣ нисбат ба зиндагӣ ва яъсу ноумедӣ шахсияти инсонро дар хатар қарор намедиҳад. Бадбинӣ аз нороҳатиҳои хатарноки равонӣ аст, ки инсонро дар тӯфоне аз  мушкилот қарор медиҳад ва қудрати иродаи корро аз ӯ мегирад ва ӯро ба сурати мавҷуди ботасмим дермеоварад, ки аксари вақтҳо ӯро  ба сӯйи ҳалоку нобудӣ мекашонад, чаро ки чунин ашхос худро дар муҳосираи хатарҳои ҷиддӣ мушоҳида мекунанд ва зиндагӣ дар баробари чашмонашон ба дӯзахе табдил мешавад, ки тавони таҳаммули онро надоранд.
Як инсони бадбинро дар назар мегирем, ки ин ҷаҳонро саршор аз бадбахтию нокомӣ ва фишору дарду ранҷ, хатою гуноҳ ва ғаму андӯҳ мебинад, ба наҳве ки ҳатто як нуқтаи амну оромишро дар он мушоҳида намекунад ва умеде ба оянда ҳам надорад, зеро ояндаи мавриди итминон барояш қобили тасаввур нест. Дар асари ин бадбинии шадид худбохта мешавад ва аз дастрасӣ ба роҳи ҳалҳо ноумед мегардад ва аз саъю кӯшиш дар зиндагӣ боз мемонад ва саранҷом барои наҷот аз ҷаҳаннаме, ки худ барои худ ба вуҷуд овардааст, даст ба худкушӣ мезанад. Аммо оё бо ин кор ҷуз бадбахтӣ ва зиёнкорӣ бештар натиҷаеро ба даст овардааст?
Ҳарчанд  дар зиндагии иҷтимоию фардии ин ҷаҳон балоҳою мусибатҳо ва ҳаводиси ногувори фаровон мавҷуд аст, ки инсонро бо ранҷу нороҳатӣ ва фишор мувоҷеҳ месозад, вале инсоне ки ба Худо имон дорад ва ба раҳмати ӯ умедвор аст, бо ирода ва азми пӯлодин бо мушкилот рӯ ба рӯ мешавад ва ба шеваи дуруст ба ҳалли онҳо мепардозад, тарсу яъсро ба дил роҳ намедиҳад ва бо нерӯи имону умед ба лутфи Парвардигор иҷозат намедиҳад, ки бадбинӣ бар ӯ ғалаба кунад ва бо оромишу итминон ва эътимод ба раҳмати Худо ва бо сабру истиқомат ва дурустандешӣ ба ҳалли мушкилот мепардозад ва онҳоро яке баъд аз дигаре ҳал менамояд. Барои ҳамин Қуръон мардумро ба раҳмати Худо умедвор месозад, онҳоро ба сӯйи он даъват мекунад ва онро ҷузъи мақсади аслии зиндагии дунё қарор медиҳад, ки бидуни он зиндагӣ холӣ аз оромиш хоҳад буд ва мефармояд:
﴿قُلۡ بِفَضۡلِ ٱللَّهِ وَبِرَحۡمَتِهِۦ فَبِذَٰلِكَ فَلۡيَفۡرَحُواْ هُوَ خَيۡرٞ مِّمَّا يَجۡمَعُونَ ٥٨﴾ [يونس: ٥٨]
 «Бигӯ, мардум бояд ба фазлу раҳмати Худо шодмон бошанд, ин беҳтар аз ҳама чизҳое аст, ки ҷамъоварӣ мекунад» (Юнус, 58).
Ва мефармояд: «Раҳмати Парвардигорат беҳтар аст аз ҳамаи он чи, ки гирд меоваранд» (Зухруф, 32).
Даъвати Қуръон ба умед ба раҳмати Худо ва талаби он боиси шифои қалб ва оромиши рӯҳии миллионҳо одамоне аст, ки дар ин ҷаҳон дар маҳрумият ба сар мебаранд. Зеро вақте умед ба раҳмати Худо дар дили эшон ҷой гирифт, бар афкорашон мусаллат мешаванд ва ҳисси бадбиниро дар худ аз байн мебаранд ва бо чашми ҳасаду кина ба касоне, ки аз онҳо сарватмандтаранд, нигоҳ намекунанд, зеро онҳо ба раҳмати Худо умедворанд ва раҳмати Худо аз ҳама чиз болотар аст. Қуръон ба ин матлаб ишора мекунад ва раҳмати Худоро танҳо шомили ҳоли касоне медонад, ки дорои сифоти писандида ҳастанд ва вазоифи худро нисбат ба Худо ва ҷомеаи башарӣ ба хубӣ анҷом додаанд ва мефармояд:
﴿إِنَّ رَحۡمَتَ ٱللَّهِ قَرِيبٞ مِّنَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ ٥٦﴾ [الاعراف:  ٥٦]
 «Ба ростӣ, лутфу раҳмати Худо ба некӯкорон наздик аст» (Аъроф, 56).
Ва  ё мефармояд: «Агар дар роҳи Худо кушта шавед ё бимиред, мағфират ва марҳамате, ки аз ҷониби Худо шуморо фаро мегирад, аз чизҳое, ки ҷамъоварӣ мекунанд, беҳтар аст» (Оли Имрон, 157).
Ва ё мефармояд: «Раҳмати Ман ҳама чизро дар бар гирифта ва онро барои касоне муқаррар хоҳам дошт, ки парҳезкорӣ мекунанду закот медиҳанд ва ба оятҳои тадвинӣ ва таквинии мо имон доранд» (Аъроф, 156).
Худованд роҷеъ ба баъзе пайғамбаронаш мефармояд: «Мо он (пайғамбаронро) ғарқи раҳмати худ кардаем, чаро ки онҳо аз зумраи шоистагон буданд» (Анбиё, 86).
Касоне, ки ҳамеша ҳадафашон расидан ба раҳмати Худо аст ва талошу кӯшиши эшон ҳамеша дар ин ҷиҳат аст, ҳаргиз ноумедӣ бар онҳо мусаллат намешавад ва ҳеҷ гуноҳе қодир нест ба онҳо наздик шавад ва як қудрати маънавии рӯҳӣ ҳамеша қалби онҳоро тақвият мекунаду нерӯ мебахшад ва мушкилоту мусибатҳоро бар онҳо осон месозад. Аммо дар муқобили касоне, ки аз умед ба раҳмати Худо ва талаби он маҳруманд ва худро аз ин баракати бузург маҳрум сохтаанд, роҳи наҷотро гум мекунанд ва худро дар хатарноктарин вақеиятҳо қарор медиҳанд ва Қуръон дар тавсифи ҳоли эшон мефармояд: «Чӣ касе аз раҳмату баракати Худо маъюс мешавад, ҷуз касоне, ки гумроҳ ҳастанд» (Ҳиҷр, 65).
Эй касоне, ки ба иллати гуноҳ дар азоби рӯҳӣ қарор доред ва дар гирдоби гирифториҳои шадиди рӯҳӣ ғарқ шудаед, ба сӯйи Парвардигори худ рӯй оваред ва раҳмати ӯро биҷӯед, то киштии дар ҳоли ғарқшавӣ қарордоштаи шумо ба соҳили наҷот ояд. Раҳмати Худо аз ҳар чизе васеътар аст ва ҳеҷ чизе бар он ғалаба нахоҳад кард. Ин раҳмат ба шумо наздик аст, ҳар гоҳ ба ростӣ ба сӯйи Худо баргардед ва ба корҳои дуруст худро ороста кунед, мустаҳаққи он хоҳед шуд ва бегумон, Худованд шуморо машмули раҳмати худ хоҳад гардонид.

ИБОДАТУ ПАРАСТИШИ ПАРВАРДИГОР ВА АСАРИ ОН ДАР ОЗОД СОХТАНИ ИНСОН АЗ ШАРРИ ҒУРУРУ ТУҒЁН
Ҳар инсони бошууре чун дар бораи хеш ба тафаккур бипардозад, ин суол барояш пеш меояд, ки ман барои чӣ офарида шудаам ва фоида ва ё ҳадафи офариниши ман чист? Файласуфи машҳури олмонӣ Кант мӯътақид аст, ки се масъала аз муҳимтарин масоили фалсафӣ мебошанд, ки иборатанд аз: чӣ чизҳое бояд ёд бигирем?  Чӣ корҳое бояд анҷом диҳем?  Чӣ чизҳоеро бояд ба унвони ҳадаф ва ормони худ қарор диҳем?
Қуръони карим ба ин суолҳо посух медиҳад ва равшан менамояд, ки ҳадаф аз офариниши инсон парастиш ва ибодати Зоти Аллоҳ аст ва мефармояд: «Ҷинну инсонро наёфаридаам, магар барои парастиш ва ибодати Худам» (Зориёт, 56).
Парастиш ва ибодати Худо иборат аст аз таслиму фурӯтанӣ ва ибрози хушӯъ ва нотавонии комил дар пешгоҳи Аллоҳ ва итоати амри ӯ, ки мӯҷиб мешавад аз таслим шудану хушӯъ кардан дар баробари ҳар мавҷуди дигаре парҳез шавад. Зеро ҳамаи мавҷудот офаридашудаи Худо ҳастанд ва ҷуз Зоти Аллоҳ ҳеҷ чизе сазовори парастиш нест. Қуръон бо сароҳат мефармояд:
﴿إِنِ ٱلۡحُكۡمُ إِلَّا لِلَّهِ أَمَرَ أَلَّا تَعۡبُدُوٓاْ إِلَّآ إِيَّاهُۚ ٤٠﴾ [يوسف: ٤٠]
«Фармонравоӣ аз они Худо асту бас ва дастур додааст, ки ҷуз ӯро напарастед» (Юсуф, 40).
«ӯ, (ки дорои сифоти камол аст) Худо ва Парвардигори шумо аст, ҷуз ӯ Худое нест ва офарандаи ҳама чиз аст, пас бояд вайро бипарастед» (Анъом, 102).
Бинобар ин, ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки худро дар ин дунё бартар нишон диҳад ва бар мардум такаббур кунаду фахр намояд, онҳоро ба таслиму хушӯъ ва парастиши худ водор кунад, онҳоро маҷбур созад ба қудрату азамати ӯ эътироф намоянд ва дастуроти ӯро бидуни чуну чаро ба иҷро дароваранд, ҳамон гуна ки ба подшоҳону коҳинон дар гузашта мардумонро ба итоат ва парастиши худ маҷбур месохтанд. Бидуни шак, касоне, ки дар баробари ин золимон ва мунҳарифон сари таслим фурӯ меоварданд ва аз дастуроти онҳо пайравӣ мекунанд, барои Парвардигори якто анбозу шарик қарор медиҳанд, дар нашри ширку фасод ва ҳамкорӣ бо золимон шарику саҳим мебошанд.
Ислом мехоҳад бо ибодат ва парастиши Парвардигори якто башариятро аз асорату бандагӣ ва хушӯъ дар баробари подшоҳону золимон ва он раҳбарони мазҳабӣ, ки худро ба унвони Худо ба мардум муаррифӣ карда ва солҳои мутамодӣ юғи бардагиро бар дӯши мардумон қарор дода буданд, озод созад ва ин таваҳҳуми нодурустро аз зеҳнҳо дур намояд, ки гумон мерафт ин подшоҳону золимон ва коҳинон аз унсури беҳтаре офарида шудаанд ва нафъу зарари мардум дар дасти онҳо аст. Барои ҳамин, Худованд мефармояд: «Бигӯ, оё ҷуз Худо касе ва чизеро мепарастед, ки молики ҳеҷ суду зиёне барои шумо нест?» (Моида, 76).
﴿إِنَّمَا تَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ أَوۡثَٰنٗا وَتَخۡلُقُونَ إِفۡكًاۚ إِنَّ ٱلَّذِينَ تَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ لَا يَمۡلِكُونَ لَكُمۡ رِزۡقٗا فَٱبۡتَغُواْ عِندَ ٱللَّهِ ٱلرِّزۡقَ وَٱعۡبُدُوهُ وَٱشۡكُرُواْ لَهُۥٓۖ إِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ ١٧﴾ [العنكبوت: ١٧،  ١٨]
 «Ба ҷуз Худо касонеро, ки мепарастед, тавоноии рӯзӣ расонидан ба шуморо надоранд ва рӯзиро аз пешгоҳи Худо бихоҳед» (Анкабут, 17).
Ва ба ҳамин манзур аст, ки Худованд дар давраҳои мухталиф пайғамбарони худро ба сӯйи мардум фиристод, то онҳоро ба парастиш ва ибодати Парвардигори якто даъват кунанд ва эшонро аз хушӯъ ва хузӯъ дар пеши ғайри Худо барҳазар доранд. Худованд мефармояд: «Мо дар миёни ҳар миллате пайғамбареро фиристодаем ва ба мардум гуфтаанд, ки Худоро парастед ва аз тоғут (шайтону бутҳою ситамгорон ва ғайра) дурӣ кунед» (Наҳл, 36).
Ҳар маъбуде, ки ғайри Худо бошад, тоғут аст, бидуни шак, бадбахтие, ки домангири мардумон шудааст, ба воситаи ин аст, ки иддае аз рӯйи ҷаҳлу нодонӣ баъзе аз афрод ҳамнавъи худро ба унвони илоҳ ва маъбуд қарор додаанд, онҳо ҳам мағрур шуда ва худро бузург пиндоштаанд ва мардумонро ба зиллату бардагӣ кашидаанд ва ё онҳоро ба ҷон ҳам андохтаанд ва ба гурӯҳҳои мухолифу зидди ҳам даровардаанд. Барои наҷот аз ин бадбахтӣ аст, ки Худованд тамоми мардумро сарфи назар аз рангу нажодашон, даъват менамояд, ки танҳо ӯро парастиш кунанд ва мефармояд: «Эй мардум, Худои худро бипарастед, он ки шумо ва касонеро, ки пеш аз шумо будаанд, офаридааст ва роҳи парҳезгориро пеш гиред. Худои шумо касе аст, ки заминро бароятон бигустурд ва осмонро ба монанди кохе биофарид ва  аз осмон обро фурӯ фиристод ва бо он анвоъи самаротро ба вуҷуд овард, то рӯзии шумо гардонад. Пас анбозону ҳамонандҳое барои Худо ба вуҷуд наоваред, дар ҳоле ки шумо медонед, ки чунин коре дуруст нест» (Бақара, 21-22).
Яъне, танҳо Худо аст, ки ин неъматҳои бузургро дар ихтиёри шумо қарор дода ва оятҳою далоили бас азими оламро ба шумо нишон додааст, то бо нигоҳ ба ин осмони пурситора ва офтобу  замини густурда ба сӯйи Парвардигори онҳо рӯй биоваред ва  ӯро парастиш намоед ва аз парастиши дигарон дурӣ ҷӯед ва шарике барои ӯ дар ибодат қарор надиҳед.
Чизҳое, ки барои ибодат зарур ҳастанд. Оё танҳо бо хушӯъ ва хузӯъ дар баробари Парвардигор ибодат ҳосил мешавад ва чизи дигаре лозим нест? Не, ин тавр нест, балки Қуръон мефармояд: «Ибодат мусталзими шукри Худо, таваккул ба Худо, ихлос ва таслим дар пешгоҳи Худо ва дуою талаби раҳмат аз Худо ва... мебошад».
Инҳо фазоил ва ахлоқе ҳастанд, ки воҷиб аст инсон онҳоро дар худ падид оварад ва худро ба онҳо ороста намояд. Инак, дар партави паёмҳои нуронии Қуръон дар бораи ҳар як аз ин фазоили ахлоқӣ ба баҳс мепардозем.

ШУКРГУЗОРИИ ХУДОВАНД ВА ТАЪСИРИ
ОН БАР  САОДАТИ МИЛЛАТҲО
Уламои Ислом шукрро ба ин сурат таъриф кардаанд: Ошкор шудани асари неъмати Худо бар забони бандагонаш ба тавре ки ба ҳамду санои ӯ бипардозанд ва ба неъматаш эътироф кунанд ва қалбашон дар камоли ишқ ба неъмати Парвардигорашон шаҳодат диҳад ва ба тамоми аъзо ва ҷавореҳ (аъзои бадан)  таслими амри ӯ шаванд.
Бинобар ин, шукргузор касе аст, ки забонаш ба ҳамду санои Парвардигораш машғул бошад ва ба неъмати ӯ эътироф кунад ва дар баробари он чи ки ба ӯ бахшидааст, қалбаш саршор аз муҳаббати илоҳӣ бошад ва гувоҳӣ диҳад, ки ин танҳо ба фазлу эҳсони Худо аст, пас тамоми аъзо ва ҷавореҳ (аъзои бадана)-аш дар итоати Худо қарор гиранд ва таслими ӯ бошанд. Барои ҳамин шукр яке аз ибодатҳое аст, ки Қуръон мардумонро ба он даъват намудааст ва мефармояд:
 ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُلُواْ مِن طَيِّبَٰتِ مَا رَزَقۡنَٰكُمۡ وَٱشۡكُرُواْ لِلَّهِ إِن كُنتُمۡ إِيَّاهُ تَعۡبُدُونَ ١٧٢﴾ [البقرة: ١٧٢]
 «Эй касоне, ки имон овардаед, аз чизҳои покизае, ки рӯзии шумо сохтаем, бихӯред ва сипоси Худойро ба ҷой оваред, агар ӯро парастиш мекунед» (Бақара, 172).
Калимаи шукр ҷузъи он калимоти ҷомеъ ва пурмаъное аст, ки тамоми хайру баракатро дар бар мегирад ва шомили тамоми чизҳое мегардад, ки қалбу забон ва аъзои инсонро ислоҳ менамояд. Пас касоне, ки Худоро дӯст намедоранд, қалбашон ба неъмати ӯ шаҳодат намедиҳад, эътироф намекунанд, ки ҳар чи доранд, аз фазлу карами ӯст, шукргузори Худо нестанд ва касоне, ки аз ҳамду санои Парвардигорашон ғофиланд, забонашон дар сипоси неъмати ӯ лол аст ва ба суханони пучу беарзиш машғул аст, шукргузор намебошанд. Он олиме, ки Худованд илмеро ба ӯ  ато менамояд, вале ӯ ба он амал намекунад ва онро ба мардум намеомӯзад, шукргузор нест. Соҳиби сарвату моле, ки Худованд сарватро ба хотири сарфи он дар роҳи хайр ба ӯ бахшидааст, вале ӯ онро дар роҳи хайр сарф намекунад ё дар масири анҷоми корҳои нописанд харҷ менамояд, шукргузор намебошад…
 Ба хотири аҳамияти шукр аст, ки Худованд дар оятҳои фаровоне мардумро ба шукргузорӣ ва муттасиф будан ба ин ахлоқи писандида даъват кардааст ва мефармояд: «Балки танҳо Худоро парастиш кун ва дар зумраи шукргузорони неъмати ӯ бош» (Зумар, 66).
Худованд пайғамбари худ Иброҳимро ба хотири анҷом додани вазифаи шукргузорӣ мавриди таъриф қарор медиҳад ва мефармояд: «Иброҳим пешвое буд мутеъ ва ҳақталаб ва аз зумраи мушрикон набуд. ӯ  сипосгузори неъматҳои Худо буд ва Худованд ӯро баргузид ва ба роҳи рост раҳнамудаш гардонд ва дар дунё некиро баҳраи ӯ кардем ва дар охират ҳам аз ҷумлаи шоистагон хоҳад буд» (Наҳл, 120-122).
Худованди мутаол бо фазлу карами худ шукргузорони неъматашро аз азоб муоф намуда ва мефармояд:
 ﴿مَّا يَفۡعَلُ ٱللَّهُ بِعَذَابِكُمۡ إِن شَكَرۡتُمۡ وَءَامَنتُمۡۚ وَكَانَ ٱللَّهُ شَاكِرًا عَلِيمٗا ١٤٧﴾ [النساء: ١٤٧]
 «Худованд чӣ ниёзе ба азоби шумо дорад, агар шукргузорӣ кунед ва имон биёваред?» (Нисо, 147).
Худованд ба шукргузорони неъматаш  ваъда медиҳад, ки бар неъмати онон дар дунё меафзояд ва онро барояшон маҳфуз медорад ва мефармояд: «Эй Банӣ Исроил, ба ёд биоваред он замонеро, ки Парвардигоратон ба таъкид эълом кард, ки агар аз неъматҳои Худо сипосгузорӣ кардед, ҳаройина, ин неъматҳоро бароятон афзоиш медиҳем ва агар кофиру носипос шудед, бегумон, азоби ман бисёр шадид аст» (Иброҳим, 7).
Шукргузорӣ бар неъматҳои Худо. Шукри Худо бар инсон воҷиб аст. Касе, ки аз анҷоми ин воҷиб сар боз занад, ба ҳақношиносӣ ва ҷаҳлу инкор даст задааст. Магар мулоҳиза намекунед, касонеро ки некии дигаронро фаромӯш мекунанд ва ҳаққи ононро намешиносанд, чӣ қадар мавриди таънаю маломати мо қарор мегиранд. Пас онон, ки қадри неъматҳои бекарони илоҳиро намедонанд ва соҳиби тамоми кулли неъматҳоро сипсогузор нестанд, бояд то чӣ андоза намакношинос ва мункири ҳақ бошанд?! Мо то замоне, ки шукргузори Худованд набошем, наметавонем ба пешгоҳи боазаматаш наздик шавем. Дар оятҳои зиёде ба ин амр тасреҳ шуда ва мефармояд: «Худованд шуморо аз шикамҳои модаратон берун овард, дар ҳоле ки чизеро намедонистед ва ӯ ба шумо гӯшу чашм ва дил дод, то сипосгузорӣ кунед» (Наҳл, 78).
Ва мефармояд: «Нишонае барои онон замини мурда аст, ки онро ҳаёт бахшидаем ва аз он донаҳоеро берун овардаем, ки эшон аз онҳо  тағзия мекунанд ва  дар замин боғҳои хурмою ангур падидор кардаем ва чашмасороне аз он берун овардаем, то аз меваҳои он дарахтоне, ки дасти инсон дар ба вуҷуд омадани онҳо ҳеҷ дахолате надоштааст, тановул кунанд. Оё инсонҳо сипосгузорӣ нахоҳанд кард?» (Ёсин, 33-35).
Ва мефармояд:  «Худованд ҳамон зоте аст, ки дарёро роми шумо кардааст, то киштиҳо бо фармон ва иҷозати ӯ дар он равон шаванд ва шумо инсонҳо битавонед аз фазли Худо баҳра гиред ва шояд сипосгузор гардед» (Ҷосия, 12).
«Бигӯ, эй мардум, ба ман бигӯед, агар Худованд шабро то рӯзи қиёмат ҳамеша мондагор кунад, ба ҷуз Худо кадом худое аст, ки битавонад барои шумо рӯшноӣ биёварад? Магар намешунавед? Бигӯ, маро хабар диҳед, агар Худованд рӯзро то рӯзи қиёмат ҷовидона ва доимӣ кунад, ба ҷуз Худо кадом худо аст, ки битавонад барои шумо шаберо биоварад, то дар он биоромед, магар намебинед?» (Қасас, 71-73).
Ин аз лутфу марҳамати илоҳӣ аст, ки шабу рӯзро барои шумо офаридааст, то дар он биоромед ва аз фазли Худо биҷӯед ва сипосгузори алтофу раҳмати ӯ бошед, вале мутаассифона, мардум дар баробари неъматҳои бекарони илоҳӣ камтар сипосгузоранд ва мефармояд:
﴿إِنَّ ٱللَّهَ لَذُو فَضۡلٍ عَلَى ٱلنَّاسِ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَهُمۡ لَا يَشۡكُرُونَ ٦٠﴾ [يونس : ٦٠]
 «Худованд дорои лутфу марҳамат нисбат ба мардумон аст, валекин бештари онон сипосгузорӣ намекунанд» (Юнус, 60).
Албатта, фоидаи шукр ба Худо барнамегардад, зеро Худованд ниёзе ба шукргузории бандагонаш надорад, ҳамон гунна, ки аз куфру носипосии бандагонаш зиёне намебинад, балки фоидаю нафъи шукр танҳо барои шукргузорон мебошад. Шукр боиси тазкияи нафс ва тақарруб ба пешгоҳи ҷабарути илоҳӣ аст ва инсонро водор менамояд то неъматҳои илоҳиро дар роҳи машрӯъ ва хайру салоҳ харҷ намояд.
Худованд мефармояд: «Ҳар кас сипосгузорӣ кунад, ба суди хеш сипосгузорӣ мекунад ва ҳар кас носипосӣ кунад, ба зиёни худаш мебошад, чаро ки Худо бениёз ва сутуда аст» (Луқмон, 12).
Аммо дар муқобили куфрон ва носипосии неъматҳо онҳоро дар маърази заволу нобудӣ қарор медиҳад ва инсонро ба сурате дармеовард, ки қадри онҳоро нашиносад ва ҳамияти лозимро ба нигаҳдорӣ ва ҳифозати онҳо надиҳад, ба тавре ки саранҷом бидуни истифодаи воқеӣ онҳоро нобуд хоҳад кард. Масалан, неъмати боарзиши тандурустӣ ва саломатӣ вуҷудро дар касби ҳарому гуноҳ ва хилофи дастуроти Парвардигор зоеъ менамояд ва ин амр боиси дурӣ аз раҳмати Худо ва ҷалби ғазабу хашми Парвардигор мегардад. Худованд мефармояд: «Худованд мардумони шаҳреро ба мисол меоварад, ки дар амну амонӣ ба сар мебурданд ва аз ҳар тараф рӯзияшон ба гунаи фаровон ба сӯяшон сарозер мешуд, аммо онон куфрони неъмати Худо карданд ва Худованд ба хотири коре, ки анҷом доданд, гуруснагию ҳаросро ба эшон чашонид» (Наҳл, 112).
Қуръон достони қавми Сабо ва балое, ки ба воситаи куфрони неъматҳои илоҳӣ ба сарашон омад, баён мекунад ва мефармояд: «Барои аҳолии Сабо дар маҳалли сукунаташон нишонае аз қудрати Худо буд. Ду боғи бисёр бузургу васеъ дар самти росту чап (шаҳри Яман бо меваҳои фаровон ва ба эшон гуфта шуд) аз рӯзии Парвардигоратон бихӯред ва шукри ӯро ба ҷой оваред, шаҳре аст поку покиза ва Парвардигоре аст бас омурзанда. Аммо онон аз шукри неъмат рӯйгардон шуданд. Ба ин сабаб мо селу боронгариро ба сӯйи эшон равон кардем ва боғҳои эшонро ба боғҳои беарзиш бо меваҳои талху дарахтҳои шӯрагаз ва андаке дарахти садр мубаддал сохтем» (Сабаъ, 15-17).
Бинобар ин, шукргузории Худованд яке аз пояҳои асосии хушбахтии миллатҳо аст ва рӯй гардонидан аз он ҷуз бадбахтию вайронӣ натиҷаи дигаре надорад. Эй кош, миллатҳо қадри неъматҳои илоҳиро медонистанд ва Худоро шукргузор мешуданд, то ба саодате, ки ба дунболаш мегарданд, вале наметавонанд ба он бирасанд, ноил мешуданд!

ТАВАККУЛ БА ХУДО, ТАЪСИРИ ОН БА ГУСТАРИШ
 ВА ТАСАЛЛУТИ  ОРОМИШ БАР НАФС
Тамаддуни ҷадид, гарчи тавонистааст зиндагии мураффаҳ ва пурнеъматеро барои мардум ба армуғон биоварад, вале натавонистааст оромиши рӯҳиро густариш диҳад, балки баръакс, изтиробу нигаронӣ ва тарс ба гунаҳои мухталиф бар дилҳо мусаллат мебошад. Тарс аз ояндаи иқтисодию иҷтимоӣ, шикаст дар зиндагӣ, мубтало шудан ба балоҳои гуногун ва аз даст додани саломатии вуҷуд асароти бад ва манфии худро бар нафси инсон боқӣ мегузорад. Равонпизишкӣ собит карда, ки аксар нороҳатиҳои ҷисмӣ аз сармохӯрдагии оддӣ гирифта, аз нороҳатии рӯҳӣ нашъат мегиранд ва ин нороҳатиҳо ҷуз изтиробот ва тарсҳои амиқи дарунӣ омили дигаре надоранд.
Ислом дорои як нерӯи қавии рӯҳӣ ва маънавӣ аст, ки метавонад бар тарсу изтиробот пирӯз ояд ва онҳоро аз байн бибарад, ки иборат аз тавакккал ба Худо ва вогузор намудани  умур ба дасти Парвардигори тавоно мебошад. Худованд дастур фармуда, то бар ӯ таваккул кунем ва корҳои худро ба ӯ вогузор намоем ва ӯро парастиш кунем: «Корҳо яксара ба ӯ бармегарданд, пас ӯро бипараст ва бар ӯ такя кун» (Ҳуд, 123).
Таваккул ба Худо яке аз осори имон аст, зеро касе имон дорад ва медонад тамоми умури зиндагӣ дар дасти тавоно ва пурқудрати илоҳӣ аст ва нафъу зарар танҳо аз ҷониби ӯ аст, корҳоро ба ӯ вогузор менамояд ва ба қазою машияти ӯ розӣ мешавад. Аз оянда наметарсад ва ҳаводису балоҳои ғайримунтазара ӯро аз пой дарнамеоваранд ва ба ҷойи тарс итминон ба адлу раҳмати илоҳӣ дар қалби ӯ ҷой дорад, ки ӯро ором месозад. Барои ҳамин, Ислом эълон медорад, ки имон бояд ҳамроҳ бо таваккул ба Худо бошад ва  мефармояд: «Агар мӯъмин ҳастед, танҳо бар Худо таваккул дошта бошед» (Моида, 23).
«Ҷуз Худо маъбуде нест, пас мӯъминон бояд бар Худо таваккул дошта бошанду бас» (Тағобун, 13).
Ислом ба касоне, ки бар Худо таваккул доранд, мужда медиҳад ва ононро ба фазлу баракати илоҳӣ умедвор месозад. Ба ин оятҳои шарифа таваҷҷӯҳ фармоед, ки чӣ гуна тамоми хавфу ҳаросро аз даруни мусулмонон мезудоянд ва онҳоро бо нерӯи маънавии таваккул тақвият мекунанд, ки ба василаи он бар ҳар  хавфу нигаронии рӯҳӣ пирӯз мегардад. «Он чи ба шумо дода шудааст, матои зиндагии дунё аст, вале он чи назди Худо аст, барои касоне, ки имон оварда бошанд ва бар Парвардигорашон таваккул карда бошанд» (Шӯро, 36).
Худованди мутаол ба касоне, ки ба ӯ таваккул доранд, ваъдаи кӯмаку ёрӣ медиҳад ва мефармояд:
﴿وَمَن يَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱللَّهِ فَهُوَ حَسۡبُهُۥٓۚ ٣﴾ [الطلاق : ٣]
 «Касе, ки бар Худо таваккул кунад, Худо барои ӯ кофӣ аст» (Талоқ, 3).
Албатта,  дар байни мардум гурӯҳе ҳастанд, ки  бештар аз дигарон ниёз ба таваккул доранд. Онҳо иборатанд аз муслиҳоне, ки доимо дар роҳҳои пурхатару мушкил ба манзури ислоҳи ҷомеа қадам бармедоранд ва бештар дар маърази азияту озори дигарон қарор мегиранд ва хастагию фишори шадидро таҳаммул мекунанд. Худованд эшонро роҳнамоӣ менамояд, то корҳои худро ба ӯ вогузор кунанд, то дар баробари фишорҳою шикастҳои зиндагӣ ирода ва ҳиммати худро маҳфуз нигоҳ доранд ва ба онон дастур медиҳад то аз пайғамбараш Шуайб пайравӣ намоянд ва мефармояд: «Ман то он ҷо, ки метавонам, ҷуз ислоҳи хеш ва шумо чизеро намехоҳам ва тавфиқи ман ҳам ҷуз бо Худо нест, танҳо бар ӯ таваккул мекунам ва фақат ба сӯйи ӯ бармегардам» (Ҳуд, 88).
Мумкин аст дар ин ҷо ин эроду шубҳа дар зеҳнҳо ба вуҷуд ояд, ки таваккул боиси заъфу сустии ҳиммат дар амал мегардад, инсонро ба сӯйи нотавонию афсурдагӣ ҳаракат медиҳад, аммо Қуръон дар ин оят шубҳаро рад менамояд ва онро ботил месозад ва мефармояд: «Дар корҳои муҳим бо онон машварат ва раъйзанӣ кун ва ҳангоме, ки тасмим ба анҷоми коре гирифтӣ, бар Худо таваккул кун» (Оли Имрон, 159).
Ин оят далолат бар он дорад, ки таваккул бар Худо бояд баъд аз баррасии шароит ва мавонеи кор ва машварат бо инсонҳои соҳибназар ва гирифтани тасмими қотеъ анҷом гирад, на ин ки бар хилофи ақл ва суннати илоҳӣ шароиту мавонеи корро нодида гирифт ва гӯсфандро ба номи таваккул ба дасти гург супурд.
Бинобар ин, таваккул дар Ислом тӯшаи рӯҳӣ аст, ки инсонро бар ташаннуҷоту изтиробот ва тарсҳои дарунӣ пирӯз мегардонад ва дар ториктарин лаҳзаҳои зиндагӣ чароғи умедро дар дили инсони мӯъмин равшан месозад ва итминону оромишро ба ӯ мебахшад, ки аксари мардум аз файзи он маҳруманд.

ИХЛОС БАРОИ ХУДО БА АМАЛИ ИНСОН
АРЗИШ МЕДИҲАД
Ихлос барои Худо он аст, ки инсон корҳои пок ва ба дур аз риёро ба манзури адои воҷиб ва вазифае ки ба ӯҳда дорад, анҷом диҳад. Хоҳ ин кор марбут ба ибодат ё масоили дигар ва нияташ аз анҷоми он тақарруб ба пешгоҳи илоҳӣ ва ҷалби ризои ӯ бошад.
Ихлос яке аз сифоти  бисёр муҳими рӯҳӣ аст, ки инсонро ба дараҷаи бисёр  баланде аз  фазоили ахлоқӣ мерасонад ва ӯро дар мақоми волое аз иззату каромати нафс қарор медиҳад. Ислом бо ҳаво, тамоюлоти нафс, риё ва нафъпарастии шахсӣ ба мубориза мепардозад ва  мехоҳад ихлос барои Худо ва хайрхоҳӣ ҷойи онро пур кунад. Аз ин рӯ, Қуръон барои ихлос аҳамияти фаровоне қоил шуда ва онро бо ибодат ҳамроҳ сохтааст ва мефармояд:
 ﴿إِنَّآ أَنزَلۡنَآ إِلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ بِٱلۡحَقِّ فَٱعۡبُدِ ٱللَّهَ مُخۡلِصٗا لَّهُ ٱلدِّينَ ٢﴾ [الزمر: ٢]
«Танҳо Худоро парастиш кун ва парастиши худро холисану мухлисан барои ӯ қарор бидеҳ, чаро ки ибодати хос ӯ аст» (Зумар, 2).
«Ба онон дастур дода нашудааст, ҷуз ин ки мухлисонаю ҳақгароёна Худоро бипарастанд ва дину шариати ӯро ойини худ бидонанд» (Баййина, 50).
Дар ин маврид Пайғамбар (с) мефармояд: «Дар рӯзи қиёмат пеш аз ҳама се нафар суол мешавад: нафари аввал касе аст, ки Худованд дар дунё ба ӯ илму дониш ато кардааст, Худованд ба ӯ мегӯяд: «Бо илме, ки доштӣ, чӣ коре анҷом додӣ? Мегӯяд: Парвардигоро, шабу рӯз анҷоми вазифа мекардам ва ҳаққи онро адо менамудам». Худованд мефармояд: «Дурӯғ мегӯӣ». Ва фариштагон ҳам мегӯянд: «Дурӯғ гуфтӣ, балки ҳадафат ин буд, ки мардум бигӯянд фалонӣ шахси олиме аст. Огоҳ бошед, ки мардум гуфтанд фалонӣ олим аст. (пас он чи, ки ҳадафат буд, дар дунё ба он расидӣ ва дар қиёмат аҷру подоше надорӣ)». Нафари дувум касе аст, ки Худованд сарвату моли фарвонеро ба ӯ мебахшад, ба ӯ мегӯяд: «Ман неъмати худро ба ту арзонӣ бахшидам, ту бо чӣ коре сарф кардӣ»? Мегӯяд: «Парвардигоро, шабу рӯз аз он мебахшидам ва ба мардум кӯмак мекардам». Худованд ба ӯ мегӯяд: «Дурӯғ гуфтӣ».  Фариштагон ҳам ба ӯ мегӯянд: «Дурӯғ гуфтӣ, балки манзурат аз бахшиши мол ин буд, ки бигӯянд фалонӣ  сахӣ аст. Бидонед, ки мардум инро ба шумо гуфтанд (пас подоши худатро дар дунё гирифтӣ ва дар қиёмат подоше надорӣ)». Нафари сеюм касе аст, ки дар роҳи Худо ҷиҳод мекунад ва кушта мешавад. Худованд ба ӯ мегӯяд: «Ба хотири ин ҷиҳод намудӣ, то бигӯянд: фалонӣ инсоне аст бошуҷоату шаҳомат, бидонед, ки мардум дар дунё гуфтанд фалонӣ бо шаҳомату шуҷоъ аст (пас он чи, ки мехостӣ, дар дунё, ба он расидӣ ва дар қиёмат аҷру подоше надорӣ)». Сипас Пайғамбар (с) хитоб ба Абӯҳурайра гуфт: Эй Абуҳурайра, ин се гурӯҳ аввалин касоне ҳастанд, ки оташи ҷаҳаннам дар рӯзи қиёмат бо ҷуссаи онон равшан ва шӯълавар мешавад» (Ривояти соҳибони Сунан).
Анҷоми амал холис барои Худо ва шарик надодани касе дар он  ниёзманди ин аст, ки қабл аз ҳар чиз анҷоми ин амал ба ниёти Худо буда бошад. Барои ҳамин мулоҳиза мекунем, ки Ислом арзиши фаровонеро ба ният медиҳад ва онро ба унвони пояю асоси рафтори мӯъмин муаррифӣ мекунад. Пайғамбар (с) мефармояд: «Арзиши ҳар коре бастагӣ ба нияту ҳадафи инсон аз анҷоми он дорад ва ҳар инсоне бар асоси нияташ подоши корашро мебинад. Пас касоне, ки ба хотири Худо ва Пайғамбари Худо аз диёри худ дур мешаванд, ин ҳиҷрат ва дурии онон барои Худо ва ба сӯйи Худо ва Расули Худо аст ва касоне, ки ба хотири нафъи дунёӣ ё издивоҷ бо зане муҳоҷират мекунанд, ҳиҷрати онон ба  хотири дунё ва чизҳое аст, ки барояшон ҳиҷрат кардаанд ва арзиши маънавӣ надорад» (Бухорӣ ва Муслим)
Нияти поку холис яке аз авомил ва аносири асосии тарбияи ахлоқӣ аст, ки инсонро ба сурати узви мумтози ҷомеа дармеоварад. Ислом нияти покро ба унвони асл ва шарти қабули амали солеҳ дар пешгоҳи Парвардигор қарор додааст ва дар ин замина низ аз файласуфон пешӣ гирифта ва қабл аз эшон ин ҳақиқатро эълом доштааст. Чун қарнҳо баъд аз нузули Қуръон файласуфи ахлоқ И. Кант мегӯяд: «Ҳусни ният дар кор аз лиҳози ахлоқӣ кулли масъала аст».
Анҷоми некӣ дар Ислом  вақте хайр ва некӣ маҳсуб мешавад, ки аз нияти поку холис барои Худо сарчашма гирифта бошад. Бидуни шак, ин қонун ва дастури ахлоқии Ислом нақши бисёр муҳиме дар арзишёбии шахсиятҳо ва рафтори инсонҳо иҷро менамояд ва авзоъу аҳволро беҳбуд мебахшад ва ҷомеаро ба сӯйи камолу пешрафту тараққӣ мекашонад, чаро ки тамоми рафтору гуфтори афроди он ҷомеа бо як ҳадафи воҳид ва бар асоси як намунаи аъло, ки ҳамон хушнудии зоти илоҳӣ аст, анҷом мегирад. Дар ҷомеаи исломӣ дӯстию душманӣ ва иқдому худдории шахси мӯъмин ҳама ба хотири ризои Худо аст, зеро Худованд ҳеҷ дастуре намедиҳад, магар ин ки барои фарду ҷомеа хайре дар бар дошта бошад.

ДУО ВА ХУСУСИЯТҲОИ РӮҲИИ ОН
Дуо аз мусталзимоти ибодат аст  ва аз он сарчашма мегирад, зеро дуо робитае аст, ки инсонро бо Парвардигораш муртабит месозад. Дуо ҳолате аст, ки ба сурати фитрӣ дар ниҳоди инсон мавҷуд аст ва эҳсос мекунад, ки ниёзманди ибрози аҷзу зорӣ дар пешгоҳи Худованд аст, то  ба ҳангоми гирифторӣ ба ӯ паноҳанда шавад ва аз ӯ ёрӣ талабад. Оре, инсон дар баробари ҳаводиси зиндагӣ заифу нотавон аст ва ҷуз дуою талаби кӯмак аз Парвардигораш чорае барои ҷуброни ин заъф надорад. Барои ҳамин Худованд ба мӯъминон дастур медиҳад, то дуо кунанд ва мефармояд: «Парвардигори шумо мегӯяд: Маро ба фарёд хонед, то фарёди шуморо бипазирам, касоне, ки худро бузургтар аз он медонанд, ки Маро ба фарёд бихонанд, хору паст дохили дӯзах хоҳанд гашт» (Ғофир, 60).
Ин ояти шарифа дуоро ибодате тавсиф кардааст, ки ҳар касе аз он рӯйгардон шавад, сазовори қаҳру ғазаби илоҳӣ хоҳад шуд.
Дуо шифои рӯҳӣ ва муолиҷаи равонӣ аст. Дуо як навъ муолиҷаи рӯҳӣ аст ва аксари нороҳатиҳои равониро шифо мебахшад ва бартараф месозад. Инсон, ки зотан заиф аст, барои ҳалли мушкилоташ ниёз ба ин дорад, ки нороҳатиҳои дарунӣ ва дарди дилашро пеши дӯсти содиқу амин ва самимӣ боз гӯяд, ақидаи дарунашро бикушояд ва аз ғаму андӯҳи худ бикоҳад. Тамоми равоншиносон иттифоқи назар доранд, ки муолиҷаи нороҳатиҳои равонӣ ва ғазабӣ то ҳадди зиёде бастагӣ ба ин дорад, ки бемор нороҳатӣ ва  гирифтории худро пеши як дӯсти самимӣ бозгӯ кунад ва ба холӣ кардани ақидаҳояш бипардозад, чаро ки пинҳон нигаҳ доштан иллат ва маншаи нороҳатиҳои асабӣ ва равонӣ мӯҷиби ташдиди он мегардад. Пас инсони гирифтор ва ғамбор ба Худо паноҳ меовараду нороҳатиҳо ва мушкилоти худро дар пешгоҳаш арза медорад ва ба фарёдаш мехонад, то ба ӯ кӯмак кунад ва ӯро аз нороҳатиҳо раҳоӣ бахшад. Мусалламан, дар чунин ҳоле ки инсон имон дорад ба Парвардигоре паноҳ бурда, ки тавоною меҳрубон аст ва ӯро танҳо нахоҳад гузошт, эҳсоси итминону оромиш бар рӯҳаш мусаллат мегардад ва нури умед дарунашро равшан месозад ва яъсу навмедӣ бартараф мегардад ва аз зери бори ғаму нороҳатӣ, ки бар ӯ ғолиб шуда буд, берун меояд ва яқин ҳосил мекунад, ки Парвардигораш ба ӯ наздик аст ва ба фарёдаш хоҳад расид. Дар ин бора Қуръон мефармояд:
﴿وَإِذَا سَأَلَكَ عِبَادِي عَنِّي فَإِنِّي قَرِيبٌۖ أُجِيبُ دَعۡوَةَ ٱلدَّاعِ إِذَا دَعَانِۖ فَلۡيَسۡتَجِيبُواْ لِي وَلۡيُؤۡمِنُواْ بِي لَعَلَّهُمۡ يَرۡشُدُونَ ١٨٦﴾ [البقرة: ١٨٦]
 «Ва ҳангоме ки бандагонам дар бораи Ман аз ту мепурсанд, бигӯ, Ман наздикам ва дуои дуокунандаро, ҳангоме, ки маро бихонад, посух мегӯям. Пас онҳо ҳам даъвати Маро бипазиранд ва ба Ман имон биоваранд, то онон ҳидоят ёбанд» (Бақара, 186).
Дуо дар ҳоли ғаму шодӣ. Ислом аз мусулмонон мехоҳад ҳамон гуна ки ба ҳолати ғаму нороҳатӣ дуо мекунанд, дар ҳоли суруру шодӣ низ дуо намоянд. Ба ин тартиб инсон ҳамеша ба ёди Парвардигораш хоҳад буд ва дастуроташро иҷро менамояд ва он чиро ки шоистаи бандагӣ аст, дар рафтору гуфтори худ ба вуҷуд меоварад. Мусалламан, инсон зотан дар худ эҳсоси нотавонӣ мекунад, аз ин рӯ, ҳангоми нороҳатӣ ба Парвардигораш паноҳ мебарад, вале ҳамин ки нороҳатию мушкилоташ бартараф гардид, Худоро фаромӯш мекунад ва ба қудрати худ мағрур мешавад, аз дастуроти илоҳӣ сарпечӣ менамояд ва шурӯъ ба фасоду зулм мекунад. Худованди мутаол ба тавсифи чунин хусусиятҳо ва аҳволе, ки аксари мардум дорои онҳо ҳастанд, мепардозад, то мӯъминон ба нописандида будани онҳо ошно шаванд ва аз онҳо парҳез намоянд, мабодо дучори лағжишу фаромӯш намудани Парвардигорашон шаванд ва мефармояд: «Ҳангоме мо ба инсон неъмат диҳем, рӯйгардон мешавад  ва такаббуру ғурур меварзад ва ҳангоме ки ба балою гирифторӣ ва нороҳатию беморӣ дучор гардид, дуои аризу тавиле  сар медиҳад» (Фуссилат, 51).
 «Ҳангоме ки ба инсон нороҳатӣ ва балое мерасад, ба ҳолатҳои гуногун, чи бар паҳлӯ хобида ва чи нишаста ва чи истода бошад, Моро ба кӯмак мехонад, аммо ҳамин ки нороҳатӣ ва балоро аз ӯ дур доштем, фавран роҳи собиқи худро дар пеш мегирад, гӯё Моро барои рафъи меҳнате, ки ба ӯ расидааст, ба фарёд нахондааст. Оре, инчунин аъмоли исрофкунандагон дар назарашон ороста шудааст» (Юнус, 12).
Худованд дар маврди бархе аз бандагонаш, ки дар маърази ғарқ шудан дар дарё қарор мегиранд ва ба фазлу карами худ ононро наҷот медиҳад, ба унвони миннат мефармояд: «ӯ аст, ки шуморо дар хушкию дарё роҳ мебарад, чи басо ҳангоме ки дар киштиҳо қарор мегиред ва киштиҳо бо боди мувофиқ сарнишинонро ҳаракат медиҳад ва сарнишинон ба он шодмон мешаванд, ба ногоҳ боди сахте вазидан мегирад ва аз ҳар сӯ мавҷ ба сӯяшон медавад ва мепиндоранд, ки иҳота шудаанд, Худоро ба фарёд мехонанд ва тоату ибодат ва фармонбардорӣ ва динро  танҳо аз они ӯ медонанд ва мегӯянд: агар моро аз ин ҳол наҷот диҳӣ, аз зумраи сипосгузорон хоҳем буд. Аммо ҳангоме ки Худованд ононро наҷот дод, ногаҳон ба ноҳақ дар замин шурӯъ ба зулму фасод мекунанд. Эй мардум! Зулму ситамеро, ки муртакиб мешавед, ваболу зиёни он мутаваҷҷеҳи худи шумо мешавад» (Юнус, 22-23).
Бинобар ин, сазовор ин аст, ки вақте Худованд касро аз балою нороҳатӣ растагор месозад, қадри ин неъматро фаромӯш накунад ва онро омилу ангезаи ибодат ва парастишу итоати Парвардигораш қарор диҳад, на ин ки носипосӣ кунад ва аз фармони Худо рӯй битобад.

ФАЛСАФАИ ДУО РУШД ВА ТАКОМУЛИ РӮҲ АСТ
 Худованди мутаол барои иртиқо ва расидани рӯҳ ба дараҷоти камол ва бетаваҷҷӯҳӣ ба ҳавои нафс, ки монеи такомул ва парвози рӯҳ дар олами малакут аст, бандагонашро  муваззаф намуда, ки дуо кунанд ва Худоро дар ҳамаи аҳвол ба фарёд бихонанд ва аз ӯ талаби фазлу карам ва кӯмак дар ҳалли мушкилот ва балоҳо бинамоянд ва мӯъминонро иршоду роҳнамоӣ мекунад, ки чӣ тавр ӯро ба фарёд бихонанд ва дуои пайғамбарону неконро барои эшон зикр мекунад, то мӯъминон низ монанди пайғамбарон ва солеҳон дуо кунанд, мефармояд:
﴿رَبِّ ٱجۡعَلۡنِي مُقِيمَ ٱلصَّلَوٰةِ وَمِن ذُرِّيَّتِيۚ رَبَّنَا وَتَقَبَّلۡ دُعَآءِ ٤٠﴾ [ابراهيم: ٤٠]
 «Парвардигоро, маро ва фарзандони маро намозгузор кун. Парвардигоро, дуо ва ибодати маро бипазир» (Иброҳим, 40).
«Парвардигоро, ба ман тавфиқ ато фармо, то шукри неъматеро ба ҷой оварам, ки ба ман ва падару модарам арзонӣ доштаӣ ва корҳои некро анҷом диҳам, ки меписандӣ ва  мояи хушнудии Ту аст ва фарзандонамро солеҳ гардон ва солеҳу некӯиро дар миёни хонадонам тадовум бахш» (Аҳқоф, 15).
«Парвардигоро, дилҳои моро аз ҳақ мунҳариф нагардон, баъд аз он ки моро ҳаловати ҳидоятро чашонидӣ ва ба сӯйи ҳақиқат раҳнамоӣ кардаӣ ва аз ҷониби худ раҳмате ба мо ато кун. Бегумон, бахшоишгар Туӣ, Ту» (Оли Имрон, 8).
«Парвардигоро, агар мо фаромӯш кардем, ё ба хато рафтем, моро мавриди  мулоҳиза ва  бозхост қарор надеҳ. Парвардигоро, бори сангини таколифи душворро бар дӯши мо нагузор, ончунон ки (ба хотири гуноҳу туғён) бар дӯши касоне, ки пеш аз мо буданд, гузоштӣ. Парвардигоро, он чиро ки қуввати онро надорем, бар дӯши мо бор накун, аз мо даргузар ва моро бибахшой ва ба мо раҳм фармой. Ту сарвар ва мададгори моӣ, моро бар ҷамъияти кофирон пирӯз гардон» (Бақара, 286).
«Парвардигоро, мо бар хештан ситам кардаем ва агар моро набахшӣ ва бар мо раҳм накунӣ, аз зиёнкорон хоҳем буд» (Аъроф, 23).
«Парвардигоро, маро аз зумраи кофирон магардон» (Мӯъминун, 94).
«Парвардигоро, моро гирифтори мардумони ситамкор ва ҳадафи бало ва озори кофирони бадозор масоз» (Юнус, 85).
«Парвардигоро, моро аз раҳмати худ баҳраманд бигардон ва роҳи наҷоте бар имон фароҳам фармо»  (Каҳф, 10).
«Парвардигоро, синаамро фарох ва кушода дор (то хашму кина аз дил бархезад) ва кори маро осон гардон» (Тоҳо, 25-26).
﴿رَبَّنَآ ءَاتِنَا فِي ٱلدُّنۡيَا حَسَنَةٗ وَفِي ٱلۡأٓخِرَةِ حَسَنَةٗ وَقِنَا عَذَابَ ٱلنَّارِ ٢٠١﴾ [البقرة: ٢٠١]
 «Парвардигоро, дар дунё ба мо некӣ расон ва дар охират низ ба мо некӣ ато фармо» (Бақара, 201).
Инҳо баъзе аз дуоҳое аст, ки Қуръон аз қавли пайғамбарон ва некӯкорон барои мо нақл карда, то мо ҳам дар мавридҳои шиддату нороҳатӣ бо ин дуоҳо ва дуоҳои монанди онҳо Худовандро ба фарёд бихонем ва рӯҳи худро ба олами малакут парвоз диҳем ва иртиботи маънавии муҳкаме ба Парвардигори худ барқарор созем.
Фазлу азамати дуо. Далоили фаровоне бар фазлу азамати дуо дар Қуръону ҳадис вуҷуд дорад ва барои таъйиди он матлаберо аз маҷаллаи «Мухтор» аз Реузердо Бегест таҳти унвони «Чаро ба намозу дуо имон намеоваред?» дар ин ҷо нақл мекунем, ки менависад: яке аз равоншиносон дар бораи мӯъҷизоти ҷангӣ сухан мегуфт, ки дар он маврид чизҳои бисёре навишта шудааст ва мавзӯъро чунин баён менамояд: «Мумкин аст мо раҳмати Худоро ба як корхонаи тавлиди барқ ташбеҳ кунем, ки метавонем ба воситаи дуо худро ба он муттасил намоем ва дар ҳудуди имкон аз он қудрату нерӯ касб кунем ва ё баръакс, агар худро аз он дур намоем ва иртиботе бо он ҳосил накунем, мо аз он қудрату нерӯ маҳрум мемонем ва неъмати пурбаҳоеро аз даст хоҳем дод. Ин ихтиёр дар дасти мо аст, ки кадом як аз ин ду тариқро интихоб кунем». Ва меафзояд: «Имрӯз аз ҳамаи ҷиҳот дилоили ҳиссӣ ва ақлӣ азамату фазилати дуоро ба исбот мерасонад». Яке аз ин далоил ҳодисае аст, ки барои Алан Ландбарг яке аз сарнишинони ҳавопаймое, ки бар рӯйи дарё озими Австралия буд, пеш омад ва ночор шуд дар ҷазираи хурде фурӯд ояд. Дар ин бора Ландбарг чунин мегӯяд: «Мо тавонистем ба машаққати фаровон ба рӯйи ҷазираи хурде фуруд оем, дар ҳоле ки наздик буд ба чунин кори хатарноке даст назанем. Вақте аз ҳавопаймо берун омадем, ҳатто як луқмаи нон ва як қатраи об ҳамроҳ надоштем ва тамоми сарнишинони ҳавопаймо дар нороҳатӣ ва изтироби шадид ба сар мебурданд, вале Алберт Ҳарнондз аз ёвари ронанда ҳамин, ки фуруд омад, шурӯъ ба дуою тасбеҳоти илоҳӣ намуд ва мо ҳам фавран аз ӯ пайравӣ кардем ва ба гуфтааш умедовар шудем, ки мегуфт: Ман медонам, Худованд дуои моро мепазирад ва ба ёрии мо меояд. Албатта, се рӯзро дар баробари офтоби сӯзон бе ҳеҷ ғизою об ва умеде  бо лабҳои таркида ва забони варамкарда сипарӣ кардем. Ба тавре ки қудрати пайравӣ аз дуою тасбеҳоти Ҳарнондзро аз даст дода будем, вале боз Худоро ба фарёд мехондем ва дуо мекардем. Қабл аз фаро расидани шаби чаҳорум чизи хурдеро аз дур мушоҳида кардем. Тӯле накашид, ки бо чизҳое рӯ ба рӯ шудем, ки аслан тасаввурашонро ҳам намекардем. Дар ин асно се қаиқи моҳигирӣ ба мо расиданд, ки инсонҳои бараҳна бар саҳнаи онҳо қарор гирифта буданд ва мисли ин ки онон аз ҷониби Худо маъмури наҷоти мо буданд ва аз сиёҳпӯстони австралиёгӣ буданд, ки бо мӯҳои жӯлида, садҳо мили масофаро тай карда буданд, ба мо гуфтанд: «Мо дирӯз тасмим доштем, ки ба маркази аслии худ баргардем, вале эҳсоси аҷибе дар мо пайдо шуд ва моро ночор кард, то тағйири масир бидиҳем ва ба ин ҷазираи дурафтода ва беаҳамият биёем ва шуморо наҷот диҳем».
Оре, дуо боиси наҷоти инсонҳои дар ҳоли ба марг мебошад ва тарсро аз байн мебарад ва итминону оромишро дар дарун қарор медиҳад. Чӣ қадар зебо аст ин сухани Корил, ки мегӯяд: «Бидуни шак, намозу дуо амиқтарину пурбаҳотарин ганҷинаи қудрат ва камоли мо ҳастанд, ки ба ноҳақ арзиши онҳоро нашинохтаанд ва ба ройгон онҳоро аз даст доданд».
Ва саллаллоҳу ало саййидино Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин.

 

 

 

Фазоил: 1. Истиқомат ва пойдорӣ ва ислоҳу тазкияи нафс. 2. Эҳсон. 3. Тақво. 4. Сабр. 5. Афв. 6. Ростгӯӣ ва нишонаҳои он. 7. Сулҳу оштӣ дар байни мардум. 8. Кӯмак ба мардум. 9. Фидокорӣ. 10. Сухани нек. 11.Рафоқат бо некон. 12. Иҷозат хостан ва салом кардан.
Разоил: 1. Пайравӣ аз ҳавои нафс. 2. Такаббур. 3. Шаробу қимор. 4. Зино. 5. Дурӯғгӯӣ ва нишонаҳои он. 6. Таҳқири дигарон. 7. Бадгумонӣ. 8. Ҷосусӣ. 10. Ғайбати дигарон. 11. Хашм. 12. Ҳасодат. 13. Корҳои лағву беҳуда. 14. Пурхӯрӣ.

ФАЛСАФА ВА ФОИДАИ АХЛОҚ
Илми ахлоқ дар бораи хайру шар ва некию бадӣ баҳс мекунад ва баён медорад, ки инсонҳо чӣ гуна бояд бо ҳам рафтор намоянд ва фоида, ҳадаф ва бархӯрди ононро мушаххас месозад ва нишон медиҳад, ки ба чӣ шеваҳое ба саодату хушбахтӣ мерасанд. Шакке нест, ки ахлоқ аввалин поя ва асоси ҳастии ҳар миллат аст. Ба ҳамин хотир аст, ки донишмандон ва файласуфон иттифоқи назар доранд, ки ахлоқ барои ҳар фарде аз афроди ҷомеа воҷиб ва зарурӣ аст, то битавонад барои худ ва ҷомеааш муфид бошад, зеро ҳамон гунна, ки дурӯғу ҳасодат ва риё ба шахсияти як нафар латма ворид месозад ва онро фосиду нобуд месозад, ҷомеае, ки ин гуна сифоти нописандида дар байни афроди он  шуйуъ дошта бошад, ҷомеаи фосиду нотавон ба ҳисоб меояд.
Ба ҳамин ҷиҳат аввалин чизе, ки таваҷҷӯҳи фалсафа, қонунгузорон ва тамоми касонеро, ки мехоҳанд ҷомеаҳои башариро ба сӯйи хушбахтӣ ба ҳаракат дароваранд, ба худ ҷалб мекунад, даъвати мардум ба фазоили ахлоқӣ ва парҳез аз ахлоқи нописандида мебошад. Зеро ахлоқи фозила ва писандида поя ва асоси ҳар ҷомеаи солиме ба шумор меояд. Шотубарён ҳеҷ  муболиғае накардааст, вақте ки мегӯяд: «Ахлоқ поя ва асоси ҳар ҷомеа аст». Ба хотири ин аст, ки рисолати ҳама пайғамбарон бар ташвиқу тарғиб бар ахлоқи писандида таъкиди фаровон дорад ва Қуръон ба риояи ахлоқи ҳасана ва иттисофи мӯъминон ба он бисёр таъкид менамояд, зеро ахлоқи  ҳасана аст, ки боиси дастёбӣ ба неъматҳои Худованд дар охират мегардад.
Ҳамлаи душманон ба Ислом. Аҷиб ин аст, ки душманон хостаанд  Исломро мавриди таъна қарор диҳанд ва ба сурати бисёр ғайримунсифонае ҳақоиқи онро дигаргун ҷилва диҳанд, ҳамон гуна ки Мансинур Кулӣ дар китоби худ ба номи «Баҳс дар бораи дини ҳақиқӣ» Исломро бо зишттарин сифатҳо тавсиф мекунад ва онро холӣ ва ба дур аз ахлоқ медонад.  Бидуни тардид, ботил ва муғризона будани ин тӯҳмат барои ҳар касе, ки ба Қуръон муроҷиат кунад ва аз низоми ахлоқӣ дар он огоҳ шавад, возеҳу ошкор мебошад ва медонад, ки ҳар як аз оятҳое, ки мардумро ба ахлоқи фозила давъват менамояд, радди қотеъ бар ин тӯҳмати муғризона аст. Албатта, қабл аз ин ки ба баёни усули ахлоқӣ дар Қуръон бипардозем, назарияи доктор Густав Лубунро барои такзиби ин гуна ашхоси муғриз ва  тӯҳматгар зикр мекунем, ки чунин мегӯяд: «Ба ҳақиқат, усули ахлоқӣ дар Қуръон ба андозае боло ва воло аст, ки дар ҳеҷ як аз динҳои дигар  чунин усули ахлоқӣ вуҷуд надорад».
Бояд бидонем шаҳодати доктор Густав Лубун дар бораи боло будани ахлоқ дар Ислом дорои арзиши бахусусе мебошад ва ношӣ аз таҳлили илмӣ аст, зеро  ӯ касе аст, ки ба хотири  ҳақиқатталабӣ  ва адои вазифаи илмӣ ба дур аз таассуб ва ҳуббу буғз чунин шаҳодатеро медиҳад. ӯ тамоми вақти худро сарфи ҳақиқатҷӯӣ кардааст ва баъд аз иттилои кофӣ бар Қуръон ва ошноии комил бо усули ахлоқии он назари худро эълом намудааст. Пӯшида намонад, ки доктор Густав Лубун дар бораи  динҳо ба таҳқиқ ва баррасии фаровон пардохтааст ва суханони ӯ дар улуми иҷтимоӣ ба назди ҷомеашиносон санаду ҳуҷҷат аст ва гувоҳи ӯ дар масоили динӣ ва иҷтимоӣ дорои арзиши хосе мебошад.
Баъд аз баёни шаҳодати доктор Густав Лубун инак мо ба баёни усули ахлоқии Қуръон мепардозем. Қаблан фазоили ахлоқиро, ки Қуръон бо эҳтимоми фаровон мардумро ба онҳо ташвиқ кардааст, баён мекунем, сипас ба баҳс дар бораи ахлоқҳои нописандида, ки Қуръон мардумро аз онҳо барҳазар доштааст, мепардозем ва ҳадафе ҷуз хидмат ба Ҳақ ва роҳнамоии бародарону ҳамнавъони худ ба дастуроте, ки боиси хайру саодати онҳо дар зиндагӣ аст, надорем.
Фазоили ахлоқие, ки Қуръон ба онҳо дастур додааст, ҳамон ахлоқҳои писандидае ҳастанд, ки тамоми фалосифа ва донишмандон бар ҳаққонияти онҳо иттифоқ доранд ва мардумро ба онҳо даъват кардаанд, ахлоқҳое, ки агар мардум онҳоро риоя ва амалӣ намоянд, бузургтарин хайру баракатро ба ин ҷаҳони пурошӯб  эҳдо мекунанд.
Ва разоили ахлоқӣ ва нописандидае, ки Қуръон мардумро аз онҳо барҳазар доштааст, низ ҳамон сифоте ҳастанд, ки  боиси душманӣ ва адоват ва буғзу кина ва фасод дар байни мардум мегарданд ва ҳеҷ инсони мухлис ва хайрхоҳе дар зарару зиёни онҳо барои фард ва ҷомеа шакке надорад.

ИСТИҚОМАТУ ПОЙДОРӢ ВА ИСЛОҲУ ТАЗКИЯИ НАФС
Инсон дар масири зиндагии худ ҳамеша бо мубориза  ва тазодди авомили хайру шар ва некию фасод даст ба гиребон аст ва аксаран ба воситаи амали дарунӣ, рӯҳӣ, хориҷӣ ва ё берунӣ ба сӯйи яке аз хайр ва ё шар кашида мешавад. Бинобар ин, яке аз аҳдофи олӣ ва  муҳимми дини Худо ин аст, ки инсонро аз гирифтор шудан дар доми ангезаҳои шар маҳфуз нигаҳ дорад. Аз ин рӯ, ба баёни зарар ва зиёни корҳо ва он чи мазҳари шар аст, мепардозад ва мардумро аз онҳо барҳазар медорад ва касонеро, ки дучори шарру фасод шудаанд, даъват менамояд, ки аз он дурӣ ҷӯянд ва бар имону корҳои писандида истиқомат ва пойдорӣ дошта бошанд. Бешак, истиқомат ва пойдорӣ бар имон ва некӯкорӣ бузургтарин омил барои боло бурдани адаб ва шахсияти инсонӣ аст. Ҳар миллатеро, ки сабру истиқомат бар некӯкорӣ дар байни афроди он ривоҷ ёбад, хушбахт мебошад ва амну оромиш бар он мусаллат мегардад.
Инсон ҳангоме ки истиқомат ва пойдорӣ надошта бошад, дар анҷоми кори хайр заиф ва нотавон аст ва наметавонад дар масири хайр давом дошта бошад ва ба осонӣ ҳадафи тири шар воқеъ мешавад ва дар чоҳи гуноҳ  суқут менамояд. Ислом арзишу аҳамияти хосе барои истиқомат дар кори хайр қоил шудааст ва бо сабку шеваҳои ҷолиб, ки ҳар нафсеро ба сӯйи худ ҷазб менамояд ва дар жарфои он таъсир мегузорад, мардумро ба истиқомат даъват карда ва касонеро, ки дорои он ҳастанд, ба онҳо савобу подоши  азим дар дунё ва охират ваъда додааст, мефармояд: «Касоне, ки мегӯянд Парвардигори мо танҳо Худост ва сипас ба ин  гуфтаи худ побарҷо ва устувор мемонанд, фариштагон ба пеши эшон меоянд ва ба онон мужда медиҳанд, ки натарсед ва ғамгин набошед ва шуморо башорат бод ба биҳиште, ки ба шумо ваъда дода мешуд. Фариштагон ба онон мегӯянд: «Мо ёрону ёварони шумо дар зиндагии дунё ва охират ҳастем ва дар охират барои шумо ҳарчи орзу кунед, ҳаст ва ҳарчи бихоҳед, бароятон фароҳам аст» (Фуссилат, 30-31).
Худованди мутаол мӯъминони боистиқоматро мутмаин месозад ва мефармояд:
﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ قَالُواْ رَبُّنَا ٱللَّهُ ثُمَّ ٱسۡتَقَٰمُواْ فَلَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ ١٣﴾ [الاحقاف: ١٣]
 «Касоне, ки мегӯянд Парвардигори мо фақат Зоти Аллоҳ аст ва сипас ба ин гуфта ва ақидаи худ побарҷо ҳастанд, ҳеҷ хавфу ғаме барои онон дар байн нест» (Аҳқоф, 13).
Яъне, хавфе аз азоби қиёмат ва ғаме барои он чи дар дунё ба ҷо гузоштаанд, надоранд. Шахсе ба назди Пайғамбар (с) омаду гуфт: «Эй Расули Худо, маро насиҳате кун». Пайғамбар (с) бо ин ҷумлаи кӯтоҳу гӯё ба ӯ посух фармуд: «Бигӯ, имон ба Худо дорам, сипас бар ин гуфта давом ва пойдорӣ намо» (Ривояти Бухорӣ)
Ислоҳи нафс. Яке аз сифоте, ки бо истиқомату пойдорӣ ва некӯкорӣ ҳамоҳангию тавофуқ дорад, ислоҳи нафс аст. Чун идома додан ба фасод ва корҳои нописандида омилҳои хатарноке барои фард ва ҷомеа дар бар дорад, барои ҳамин Худованд ба касоне, ки ба ислоҳи нафси худ ҳиммат мегуморанд, ризояту гузашти худро ваъда медиҳад ва мефармояд: «Аммо касе, ки пас аз иртикоби ситам (дуздӣ) пушаймон шавад ва аз дуздӣ тавба кунад ва ба ислоҳи нафси худ бипардозад, Худованд тавбаи ӯро мепазирад. Бегумон, Худованд бас омурзанда ва меҳрубон аст» (Моида, 39).
Ҳамчунин, Худованд тамоми мардумро ба ислоҳи нафс ва дурӣ аз гуноҳ даъват менамояд ва мефармояд:
﴿يَٰبَنِيٓ ءَادَمَ إِمَّا يَأۡتِيَنَّكُمۡ رُسُلٞ مِّنكُمۡ يَقُصُّونَ عَلَيۡكُمۡ ءَايَٰتِي فَمَنِ ٱتَّقَىٰ وَأَصۡلَحَ فَلَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ ٣٥﴾ [الاعراف: ٣٥]
«Эй одамизодагон! Агар пайғамбароне аз ҷинси шумо - инсонҳо ба назди шумо биёянд ва оятҳои Маро бароятон бозгӯ кунанд (шумо ду гурӯҳ хоҳед шуд, гурӯҳе ҳақро мепазирад ва гурӯҳе ҳақро такзиб медорад), пас касоне, ки парҳезкорӣ кунанд ва ба ислоҳи нафс бипардозанд, на тарсе бар онон аст ва на ғамгин мешаванд» (Аъроф, 35).
Тазкияи нафс. Яке аз сифоти дигаре, ки бо истиқомат тавофуқ ва ҳамоҳангӣ дорад, тазкияи нафс мебошад, ки маънои он пок намудани нафс аз олудагиҳо ва ба дур нигоҳ доштани он аз разоилу нақоиз ва рафтору ахлоқи нописандида ва ҷой додани нафс дар мақоме аст, ки шоистаи он мебошад ва бар арзиши он биафзояд. Ва нафс бо расидан ба чунин мақоме  лаёқати дарёфти ҷоизаи пурбаҳои ризвонуллоҳро ба даст меоварад ва дар байни мардум низ дорои шарофату иззат хоҳад шуд. Қуръон мардумро ба тазкияи нафс ташвиқу тарғиб менамояд ва ба касоне, ки ба тазкияи он машғуланд, ваъдаи наҷоту растагорӣ медиҳад ва мефармояд: «Бешак, касе ки ба тазкияи нафс бипардозад, растагор аст» (Аъло, 14).
Худованд дар бораи нафси инсон мефармояд: (Қасам ба ҳамаи инҳо), касе растагору комёб аст, ки нафси хештанро покиза дорад. Ва касе нокому навмед мегардад, ки нафси хештанро ба гуноҳ олуда месозад» (Шамс, 9-10).
Худованди мутаол эълом медорад, ки суду фоидаи тазкияи нафс танҳо ба шахси тазкиякунанда бармегардад, ки набояд онро аз даст диҳад ва мефармояд: «Ҳар касе покӣ пеша кунад ва ба тазкияи нафс бипардозад, покии ӯ ба нафъи худаш мебошад ва бозгашти ҳамагон ба сӯйи Худо аст» (Фотир, 18).
Истиқомат, ислоҳи нафс ва тазкияи он сифоте ҳастанд, ки дари умедро ба рӯйи гуноҳкорон боз менамоянд, то маъюс нашаванд ва даст аз корҳои ношоиста бардоранд ва ба зиндагии шарофатмандона дар партави нури имон баргарданд. Ин сифот қуввату нерӯ ва умедро ба инсон мебахшанд ва яъсу ноумедиро аз ислоҳи нафс ва бозгашт ба сӯйи Худоро аз байн мебаранд, чаро касе аз ислоҳи худ ва раҳми Худо маъюс шавад, ба сурати бадтарин омили шарру фасод дармеояд, ки дигар қобили ислоҳ нахоҳад буд. Қавонин ва дастуроти Ислом дар бораи ахлоқ чакидаи тамоми кашфиёти ҷадиди равоншиносӣ аст, ки мегӯяд: «Мо наметавонем шахсияти комил ва тамомиёри инсониро танҳо аз тариқи тафаккури сирф ба даст оварем, балки чунин шахсияте танҳо аз тариқи тазкия ва тарбияти нафс ва тасаллут бар он ба вуҷуд меояд».

ЭҲСОНУ НЕКӮКОРӢ
Дар истилоҳи омма эҳсон ба маънои бахшиш ва атои неъмат ба дигарон аст, вале дар ҳақиқат, маънои он бисёр густурдатар аз ин мебошад. Агар ба фарҳанги калимот муроҷиат кунем, мебинем, ки маънои аҳсана, яъне кори хуб анҷом дод ва мутазодди (зидмаънои) калимаи асоъа, яъне кори бад кардан  мебошад. Корҳои хуб шомили тамоми некиҳо аст. Ҳар рафтору кирдоре, ки боиси тараққӣ ва боло рафтани мақому шаъни инсон бошаду  нафси инсонро тазкия кунад ва ӯро ба Офаридгораш наздик намояд, эҳсон аст. Қуръони карим ташвиқу тарғиб ва даъвати худро барои рӯй овардан ба сӯйи эҳсон бар ин маънои густурда бино ниҳодааст.
Даъвати дастуроти Қуръон дар бораи эҳсон нишонаи ин аст, ки Қуръон як китоби рӯҳӣ ва ахлоқӣ аст, ки ба болотарин қуллаи азамату камол расидааст ва бар тамоми мактабҳои ахлоқӣ ё динии дигар бартарӣ ва тафаввуқ дорад ва эҳсонро ба тарзе баён медорад, ки аз ноҳияи илмӣ бар шахсияти инсон таъсир мегузорад ва онро ба камоли матлуб мерасонад. Қуръон хусусиятҳои некӯкоронро шарҳ медиҳад ва гурӯҳҳоеро, ки истеҳқоқи бештар ба эҳсон доранд, мушаххас мекунад ва мардумро ба некӯкорӣ даъват менамояд, ки ин амр боис мешавад намунаи комили инсонӣ дар ҷомеа ба вуҷуд ояд. Ҳамон намунае, ки фалосифа ва донишмандон мардумро ба он даъват менамоянд, то ҷомеаи солимеро ба вуҷуд биёваранд.
Мақом ва манзалати эҳсон дар Ислом. Қуръон эълом медорад, ки эҳсон ва некӯкорӣ бояд ба сурати як воҷиби фитрӣ ва табиии инсон дарояд. Ҳамон гуна, ки Худованд неъмати худро ба инсон арзонӣ бахшида ва дар ҳаққи ӯ некӣ кардааст, бар инсон низ лозим аст аз неъмати худододӣ ба дигарон некӣ ва эҳсон намояд ва мефармояд: «Бахшишу некӯӣ кун, ҳамон тавре, ки Худованд дар ҳаққи ту бахшишу некӯӣ кардааст» (Қасас, 77).
Ва Қуръон мефармояд, ки суду фоидаи некӯкорӣ ба шахси некӯкор бармегардад: «Агар эҳсону некӯӣ кунед, ба нафъи худатон аст ва агар бадкорию гуноҳ кунед, ба зиёни худатон мебошад» (Исро, 7).
Ин мавзӯъ ҳақиқате аст ошкор, зеро некӯкорон оромишу итминонеро эҳсос менамоянд, ки дигарон онро дарк намекунанд. Танҳо муҳаббату эҳтиром ва алоқае, ки аз ҷониби мардум нисбат ба некӯкорон иброз мешавад, барои саодату оромиши рӯҳии онон кофӣ аст. Баръакс, одамони бадкор дар назари мардум пасту беарзиш ва манфур ҳастанд ва дар зиндагӣ оромиш надоранд ва ҳамеша дар нигаронӣ ва изтироб ба сар мебаранд, барои ҳамин Қуръони карим бо таъкид ба эҳсон дастур медиҳад ва марумро ба некӯкорӣ даъват мекунад ва мефармояд: «Худованд ба додгарию некӯкорӣ ва низ ба бахшиш ба наздикон дастур медиҳад ва аз иртикоби гуноҳони бузург ва анҷоми корҳои ношоиста ва дастдарозию ситамгарӣ барҳазар медорад. Худованд шуморо андарз медиҳад, то панд гиред» (Наҳл, 90).
Қуръони карим мақому манзалати эҳсонро бисёр бардошта ва онро бо ихлоси Худо ҳамроҳ сохтааст ва фармуда, ки ихлосу эҳсон беҳтарин зеваре аст, ки бандаи мӯъмин худро бо он ороста менамояд: «Ойини чӣ касоне беҳтар аз ойини касе аст, ки холисона худро таслими Худо кунад, дар ҳоле ки некӯкор бошад» (Нисо, 125).
Яъне, дини ҳеҷ кас аз дини он касе, ки худро холисона таслими Худо кунад ва ҷуз Худо чизеро маъбуд қарор надиҳад ва дар айни ҳол некӯкор бошад ва аз бадкорӣ иҷтиноб намояд, беҳтар намебошад. Худованди мутаол осору натоиҷи ҳосилгашта аз некӯкорӣ ва эҳсонро баён мекунад ва мефармояд: «Касе, ки холисона худро таслими Худо кунад, дар ҳоле ки некӯкорӣ мекунад, ба беҳтарин ва муҳкамтарин васила тамассук намудааст, ки ӯро ба ризои Худо мерасонад» (Луқмон, 22).
Худованд мардумро ба эҳсону некӯкорӣ ташвиқу тарғиб карда ва мефармояд: «Ҳар кас як эҳсону некӯкорӣ кунад, Худованд даҳ баробари он ба ӯ подош медиҳад» (Анъом, 160).
Худованд ба некӯкорон мужда медиҳад, ки дар рӯзи қиёмат дар мақоми хуб ва амн аз азоб қарор доранд ва мефармояд: «Касоне, ки корҳои писандидае анҷом диҳанд, подоши беҳтару волотаре аз он хоҳанд дошт ва эшон аз хавфу даҳшати фарогири рӯзи қиёмат дар амон ҳастанд» (Наҳл, 89).
Хусусиятҳои некӯкорон. Яке аз хусусиятҳо ва сифоти некӯкорон дар Қуръон ин аст, ки қисмати аксари шабро бо намоз ба сар мебаранд ва дар поёни шаб Худовандро ба фарёд мехонанд ва аз ӯ таманнои афву омурзиш менамоянд. Яке аз хусусиятҳои дигари некӯкорон бахшиш ва додани мол ба фуқаро ва ниёзмандон аст, ки ба хотири хуш ба онон кӯмак мекунанд ва ниёзи эшонро бартараф месозанд ва мефармояд: «Парҳезкорон дар миёни боғҳои биҳишту чашмасорон хоҳанд буд. Дар ҳоле ки чизҳоеро ки Парвардигорашон ба эшон марҳамат фармуда, дарёфт менамоянд, чаро ки онон пеш аз он дар ҷаҳон аз зумраи некӯкорон будаанд, некӯкороне, ки андаке аз шаб мехуфтанд ва дар дами саҳаргоҳон дархости омурзиш мекарданд ва дар амволу дороиашон ҳақ ва саҳме барои ниёзмандон ва мардумони тиҳидаст вуҷуд дошт» (Зориёт, 15-19).
Худованди мутаол ҷиҳод дар роҳи худашро, чи бо базли ҷон бошад ва чи бо мол, ҷузъи эҳсон қарор медиҳад ва мефармояд: «Касоне, ки барои ризоияти Мо талош варзанд ва дар роҳи пирӯзии дини Мо ҷиҳод намоянд, ононро бар роҳҳои худ раҳнамун мегардонем ва эшон некӯкоранд ва яқинан Худо бо некӯкорон аст» (Анкабут, 69).
Худованди мутаол имон ва пайравӣ аз рисолати пайғамбари худ, Муҳаммадро ҷузъи эҳсон ва некӯкорӣ қарор медиҳад  ва мефармояд: «Касе, ки ҳақиқат ва садоқатро аз сӯйи Худо бо худ овардааст ва касоне, ки ӯро тасдиқ кардаанд, онон парҳезкорони воқеӣ ҳастанд, ҳарчи бихоҳанд барояшон дар пешгоҳи Парвардигорашон омода аст. Ин подоши некӯкорон аст» (Зумар, 32-34).
Дар ин оят манзур аз касе, ки  ҳақиқату садоқатро бо худ овардааст, ҳазрати Муҳаммад, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, мебошад ва манзур аз касоне, ки ба он имон овардаанд, мусулмонон ва пайравони он ҳазрат (с) ҳастанд, ки аз дини Ислом пайравӣ кардаанд ва ба хубӣ ба он амал намудаанд.
Худованд гузашт ва чашмпӯшӣ аз дигаронро эҳсон меномад ва мефармояд:  «Пас аз онон даргузар ва бадиҳои ононро нодида бигир ва аз эшон сарфи назар кун (ва ин гузашт некӯкорӣ аст) ва Худованд некӯкоронро дӯст медорад» (Моида, 13).
Дар Қуръони карим сабру шикебоӣ бар мушкилот ҷузъи эҳсон ба шумор омадааст ва мефармояд:
 ﴿وَٱصۡبِرۡ فَإِنَّ ٱللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجۡرَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ ١١٥﴾ [هود: ١١٥]
 «Дар баробари сахтиҳо шикебоӣ кун (шикебоӣ аз корҳои нек аст) ва Худованд подоши некӯкоронро зоеъ нахоҳад кард» (Ҳуд, 115).
Мулоҳиза фармоед, Қуръони карим ба чи шеваю кайфияте дар охири ояти зикршуда мардумро ба некӯкорӣ ва эҳсон ташвиқ мекунад ва некӯкоронро ба беҳтарин чизе, ки орзуи қалб аст, ваъда медиҳад, чаро ки некӯкорон дорои эҳсоси поку виҷдони огоҳ ва латиф мебошанд. Гоҳе бо носипосию ҳақношиносии мардум рӯ ба рӯ мешаванд ва ё мазлуми ҷабри замон қарор мегиранд. Дар чунин шароит ва тангноҳои зиндагӣ муждаҳою тавсияҳо ва супоришоти Қуръон ба ёрии некӯкорон мешитобад ва ононро дилбардорӣ менамояд ва аз фишору нороҳатиҳои эшон мекоҳад ва ризою раҳмати Худоро ба эшон башорат медиҳад ва бо нерӯи маънавӣ ононро тақвият ва тасбиту мутмаин месозад.
Касоне, ки беш аз ҳама сазовор ва мустаҳиққи эҳсонанд. Қуръони карим гурӯҳҳоеро муаррифӣ кардааст, ки беш аз дигарон сазовор ва мустаҳиққи эҳсон мебошанд, ки аввалини онон падару модар ҳастанд, зеро падару модар дорои ҳаққи бисёр бузург бар фарзандонашон мебошанд. Ҳатто Қуръони карим танҳо ба эҳсону некӯӣ бо падару модар иктифо накардааст, бакли тарз ва чигунагии рафтору муоширати фарзандон бо волидайнро ба беҳтарин ва болотарин шеваи ахлоқӣ мушаххас карда ва мефармояд:
 ﴿وَقَضَىٰ رَبُّكَ أَلَّا تَعۡبُدُوٓاْ إِلَّآ إِيَّاهُ وَبِٱلۡوَٰلِدَيۡنِ إِحۡسَٰنًاۚ إِمَّا يَبۡلُغَنَّ عِندَكَ ٱلۡكِبَرَ أَحَدُهُمَآ أَوۡ كِلَاهُمَا فَلَا تَقُل لَّهُمَآ أُفّٖ وَلَا تَنۡهَرۡهُمَا وَقُل لَّهُمَا قَوۡلٗا كَرِيمٗا ٢٣ وَٱخۡفِضۡ لَهُمَا جَنَاحَ ٱلذُّلِّ مِنَ ٱلرَّحۡمَةِ وَقُل رَّبِّ ٱرۡحَمۡهُمَا كَمَا رَبَّيَانِي صَغِيرٗا ٢٤﴾ [الاسراء: ٢٣،  ٢٤]
 «Эй инсон, Парвардигорат фармони муаккад додааст, ки ҷуз ӯро напарастед ва ба падару модаратон некӣ кунед. Ҳар гоҳ яке аз он ду ё ҳар дуи онон назди ту ба синни пирӣ бирасанд, (камтарин бетаваҷҷӯҳӣ ба эшон макун ва ҳатто лафзе, ки нишонаи камтарин беадабӣ аст монанди) уфф, ба онон нагӯ ва бар сари эшон доду фарёд назан ва ононро аз пеши худ нарон ва бо калимоти эҳтиромомез бо падару модарат сухан бигӯ ва боли тавозӯъ ва меҳрубониро барояшон фуруд овар ва дар баробарашон комилан фурӯтану боадаб бош ва барои онон дуо кун ва бигӯ: Парвардигоро, ба эшон марҳамат фармо, ҳамон гуна ки эшон дар замони хурдии ман ба ман кӯмак карданд ва маро тарбият додаанд ва бузург намуданд» (Исро, 23-24).
Аввалин нуктае, ки мо аз мутолиаи ин ояти осмонӣ ба даст меоварем, ин аст, ки Худованди мутаол некӣ ва эҳсон ба волидайнро ҳамроҳ бо парастиш ва ибодати худ зикр кардааст ва баъд аз парастиши Худо хидмати волидайнро аз муҳимтарин ибодатҳо ва некӯкориҳо қарор додааст. Сипас тарзи хидмат ва некии фарзанд нисбат ба падару модарашро ба тафсил баён мекунад, махсусан дар ҳангоме ки падару модар ба синни пирӣ мерасанд ва заифу нотавонӣ дар авохири умр бар онон ғалаба меёбад ва ниёзи бештаре ба хидмат ва адаби фарзандашон доранд. Худованд ба мусулмонон дастур медиҳад, ки лозим аст ҳамеша панҷ корро дар ҳаққи волидонашон анҷом диҳанд, ки анҷоми онҳо ниҳояти ҳусни муомила ва рафторе аст, ки метавонад аз инсон содир гардад:
Аввал, дар муқобили чизе, ки аз падару модараш мушоҳида мекунад, набояд хурдтарин беадабӣ, ба монанди гуфтани калимаи «уф» аз худ нишон диҳад.
Дувум, набояд бар сари эшон дод занад ва чизе бигӯяд, ки боиси нороҳатии падар ва модараш шавад.
Севум, бояд бо камоли адабу эҳтиром ва суханони  ширин бо онон сухан гӯяд.
Чаҳорум, бояд бо камоли тавозӯъ ва эҳтирому фурӯтанӣ ҳамроҳ бо меҳрубонӣ бо онҳо бархӯрд намояд. Худованд намунаи ин тавозӯъро ба ҳоли паррандае тасвир намуда, ки дар ниҳояти меҳру муҳаббат ва ихлос болҳояшро барои чӯҷаҳояш мегустуронад ва бо шавқу алоқаи гарм онҳоро дар бағал мегирад.
Панҷум, бояд барои падару модараш дар пешгоҳи Худо талаби раҳмат ва омурзиш кунад ва ҳаққи эҳсони ононро нисбат ба худ фаромӯш нанамояд.
Баъд аз падару модар баъзе дигар аз мурдумонро барои эҳсону некӣ муаррифӣ менамояд, аз ҷумла касоне, ки дар байни онон ва шахси некӯкор робита ва алоқаи хешовандӣ ва ҳамсоягӣ вуҷуд дорад ва ё бархе дигар аз мардум, ки сарпараст  ва ёвари худро аз даст додаанд, воҷиб аст ба ёрӣ ва кӯмаки эшон шитоб шавад ва мефармояд: «Танҳо Худоро ибодат кунед ва ҳеҷ чизеро шарики ӯ қарор надиҳед ва некию эҳсон анҷом диҳед, нисбат ба падару модар, хешон, ятимон, дармондагон, бечорагон, ҳамсоягони наздик ва ҳамсоягони дур, ҳамдамону рафиқони сафар ва ҳамкорони ҳамнишин дар ҳазар (сукунат), мусофирон, бандагон ва хидматгузорону канизон (ин гурӯҳҳо бояд бештар мавриди таваҷҷӯҳу эҳсон қарор гиранд)» (Нисо, 36).
Мулоҳиза фармоед, ки ин оят шомили амр ба эҳсону некӯкорӣ бо тамоми гурӯҳҳое, ки мустаҳақ ва сазовори эҳсон ҳастанд, мебошад. Чунончи мардум ин оятро сармашқи зиндагии худ қарор диҳанд, ба саодату хушбахтӣ ноил мешаванд. Оре, ҷомеае, ки танҳо Худоро парастиш мекунад ва бо эҳтирому некӣ бо падару модар рафтор менамояд ва хешовандони худ бо шумули хоҳару бародар, аммаю хола ва дигар наздиконро мавриди меҳру муҳаббат ва эҳсон қарор медиҳад ва ятимоне, ки падарашонро аз даст додаанд ва ёвару сарпараст надоранд ва ниёзманди ғамхорӣ, меҳрубонӣ, кӯмаки моддӣ ва маънавӣ ва тарбияи ахлоқӣ ҳастанд, таҳти пӯшиши эҳсону некӯкории худ қарор медиҳад, ононро раҳо намесозад, то бар асари ниёзи моддӣ ва ё набудани тарбият ва ахлоқи дуруст  дучори  инҳироф шаванд ва ҷомеаро олуда созанд, ҳамсояҳои наздику дур ва ҳамдамону рафиқони сафар ва ҳазарро мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳад ва нисбат ба онон камоли некӣ ва эҳсон менамояд, мусофирони дурафтода аз мол ва аҳлу хонаро фаромӯш намекунад ва медонад, ки ниёзманди кӯмак ҳастанд. Табақаи заиф ва хидматгузорон ва канизон, ки маҳрумтарин қишри ҷомеа мебошад, аз назари  ӯ дур намебошад ва машмули инояти ӯ ҳастанд, мусалламан, ин ҷомеа ҷомеае аст саршор аз хайру баракат, таовуну ҳамкорӣ, меҳру муҳаббат, садоқату амонат ва фидокорӣ ва ҳамон ҷомеае аст, ки донишмандон ва фалосифа ба номи мадинаи фозила асрҳо дар хаёл ва ба дунболаш буданд, вале Ислом дар аввалин даврони ҳукуматаш онро таҳаққуқ бахшид ва Мадинаи  мунаввараро ба вуҷуд овард.

ТАҚВО ВА ПАРҲЕЗКОРӢ
Парҳезкорӣ ва тақво дар Ислом  як фазилати ахлоқӣ аст, ки ба василаи он иртиботи инсон бо мардум ва Парвардигораш таҳким мегардад. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки калимаи тақво ва муштаққоти он дар оятҳои ахлоқӣ ва иҷтимоии Қуръон куллан барои парҳез ва дурӣ аз барангехтани ғазабу қаҳри Худованд ва ё парҳез аз чизҳое, ки боиси зиёни худи шахс ё дигарон аст, ба кор бурда шудааст. Тақво дар асл ба маънои қарор додани нафс дар миҳфаза (карантин) аст. Мусалламан, ба хотири хавфу бим аз чизе нафс дар миҳфаза қарор дода мешавад, бидуни шак, бим аз азоби Худо асли ҳамаи бимҳо ва хавфҳо аст. Бинобар ин, бар инсон лозим аст нафси худро аз  мухолифати амри Худо маҳфуз нигаҳ дорад аз азоби ӯ дар амон бошад, чаро касе ки азамату қудрат ва сифоти камолу ҷалоли Парвардигори худро бишиносад, ба раҳматаш умедовар ва аз азобаш бимнок мегардад, бо имону ихлос ва ҷиддияти фаровон амрҳо ва дастуроте, ки мӯҷиби ризояти ӯ аст, анҷом медиҳад ва нафси худро аз шарру фасод ва он чи боиси хашму азоби илоҳӣ аст,  маҳбус ва маҳфуз медорад.
Бинобар ин, шахсони муттақӣ касоне ҳастанд, ки  мутеи фармони Худо мебошанд ва бо анҷоми  амрҳо ва дастуроти ӯ ва парҳез аз манҳиёт нафси худро аз азобу хашми илоҳӣ, чи дар дунё ва чи дар охират, маҳфуз менамояд. Яқинан, Худованд танҳо ба корҳое дастур медиҳад, ки мояи хайру саодат аст ва аз корҳое наҳй мекунад, ки боиси зиллат ва бадбахтӣ мебошанд. Худованд мӯъминонро ба тақво даъват мекунад ва мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱتَّقُواْ ٱللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِۦ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنتُم مُّسۡلِمُونَ ١٠٢﴾ [ال عمران: ١٠٢]
«Эй касоне, ки имон овардаед, ончунон ки бояд аз Худо тақво дошта бошед ва аз азобаш парво дошта бошед ва битарсед, саъй кунед ғофил намонед ва намиред, магар он ки мусулмон бошед» (Оли Имрон 102).
Тақво вақте ҳосид мегардад, ки инсон ба сӯйи Парвардигор рӯй оварад ва ҷуз ӯ касеро парастишу ибодат накунад ва аз корҳои нописандида ва гуноҳу ширк, зулм ва инҳироф аз шариати ӯ дурӣ намояд. Тақво дар асл ба маънои ҳифзу нигаҳдошти нафс аз ҳар чизи зараровар ва азиятбахш ва дурӣ аз ҳар кори нописандидае аст, ки монеи расидани он ба камолоти маънавӣ мебошад ва мефармояд муттақӣ касе аст, ки ба фазоил ва камолоти инсонӣ ороста бошад: «Некӣ ин нест, ки чеҳраҳоятонро ба ҳангоми намоз ба сӯйи Машриқу Мағриб кунед, балки он аст, ки ба Худо ва рӯзи вопасину фариштагон ва китобҳои осмонӣ ва пайғамбарон имон дошта бошед ва моли худро бо вуҷуди алоқае, ки ба он доред, ба хешовандону ятимон, дармондагону вомондагони дар роҳ ва гадоёну ниёзмандон диҳед ва онро дар роҳи озодсозии бандагон сарф намоед ва намозро барпо доред ва вафокунанда  ба паймоне бошед, ки онро тааҳҳуд кардаед ва дар баробари фақру тангдастӣ ва беморӣ ва ба ҳангоми набард шикебо бошед. Инон касоне ҳастанд, ки рост мегӯянд ва дар имони худ содиқанд ва танҳо инон парҳезгоронанд» (Бақара, 177).
Тақво дар Қуръон танҳо ба сифоти фавқ мунҳасир нест, балки сифоти дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки тақво маҳсуб мешавад. Худованд додгарию адолатро тақво маҳсуб менамояд ва  мефармояд: «Адолату додгариро пеша кунед, зеро адолат ба тақво наздиктар аст» (Моида, 8).
Ва афву гузаштро низ ҷузъи тақво қарор дода, мефармояд: «Агар гузашт кунед ва сарфи назар намоед, гузашт беҳтар ва ба тақво наздиктар аст» (Бақара, 237).
Қуръон истиқомату пойдорӣ дар муқобили душманро ҷузъи тақво ба ҳисоб меоварад ва мефармояд: «Модоме ки душманон дар баробари шумо истиқомату пойдорӣ карданд, бар шумо низ воҷиб аст, дар муқобили онон пойдорӣ кунед ва истиқомату пойдорӣ дар ҷанг бо душманон ҷузъи тақво аст ва Худованд одамони ботақворо дӯст медорад» (Тавба, 7).
Самараю натиҷаи тақво. Қуръон мефармояд, ки тақво инсонро аз хавфу ҳузни рӯзи қиёмат ҳифз менамояд ва ҳамчунин дар дунё боиси тавфиқу пирӯзӣ аст: «Мутаваҷҷеҳ бошед, дӯстони Худо тарсе бар онон нест ва ғамгин намешаванд. Онон касонеанд, ки имон овардаанд ва тақво пеша кардаанд ва барои эшон дар дунёю охират башорат аст» (Юнус, 63-64).
Яке дигар аз самарот ва натоиҷи тақво савоби бас бузург ва неъматҳои пурбаҳои охират аст, ки мефармояд: «Барои касоне, ки тақворо пеша кардаанд, боғҳое дар назди Парвардигорашон омода шудааст, ки аз домани онҳо ҷӯйборҳо равон мебошад» (Оли Имрон, 15).
Расидан ба лутфу раҳмати илоҳӣ аз самароти дигари тақво аст. Қуръон мефармояд:  «Раҳмати Ман ҳама чизро дар бар гирифта аст ва онро барои касоне дар бар хоҳам дошт, ки тақвою парҳезгориро пеша кунанд ва закот бидиҳанд ва ба китобҳои осмонӣ ва нишонаҳои густурдаи ҷаҳонӣ имон биоваранд» (Аъроф, 156).
Қуръон тақворо ба унвони калиди ҳалли мушкилот ва нороҳатиҳо муаррифӣ мекунад ва мефармояд: «Ҳар кас парҳезкорӣ кунад ва тақворо пеша намояд, Худованд роҳи наҷотро барои ӯ фароҳам месозад ва аз ҷое ба ӯ рӯзӣ мерасонад, ки тасаввурашро намекунад» (Талоқ, 2-3).
«Ҳар кас аз азоби Худо битарсад ва парҳезгорӣ намояд, Худованд мушкилоташро саҳлу осон месозад» (Талоқ, 4).
Тақво мӯҷиби ҷалби таъйидот ва кӯмакҳои илоҳӣ аст ва мефармояд: «Бегумон, Худованд заминро ба касоне аз бандагонаш вогузор мекунад, ки худ бихоҳад ва саранҷоми нек ва оқибати хайр аз они парҳезгорон аст» (Аъроф, 128).
Қуръон тақвою парҳезгориро боиси равшании қалб ва басирату дарки ҳақоиқ қарор медиҳад ва мефармояд: «Эй мӯъминон, агар аз Худо тақво дошта бошед ва аз гуноҳон бипарҳезед, Худо донишу биниши хосаеро ба шумо медиҳад, ки дар партави он ҳақро аз ботил мешиносед» (Анфол, 29).
(Фурқон) дар ин оят, яъне василае ки боиси ташхиси ду чизи мушобеҳ ба ҳам ва ҷудосозии онон аз якдигар мебошад. Яке аз самароти парҳезгорӣ ин аст, ки Худованд нуре дар даруни инсон қарор медиҳад, ки дар партави он ҳаққу ботил ташхис дода мешаванд ва роҳи наҷот интихоб мешавад.
Фазилати тақво ва сифоти муттақиёнро аз забони Қуръон шунидед ва ба натиҷаи пурхайру бобаракати он барои фарду ҷомеа огоҳӣ пайдо кардед, пас ҷойи тааҷҷуб нест, ки Қуръон инояти комили худро мутаваҷҷеҳи парҳезгорӣ намояд ва бо баёни бисёр расо, ки нишондиҳандаи умқи рӯҳоният ва маънавияти исломӣ аст, мардумро ба он даъват намояд ва мефармояд:
﴿وَتَزَوَّدُواْ فَإِنَّ خَيۡرَ ٱلزَّادِ ٱلتَّقۡوَىٰۖ ١٩٧﴾ [البقرة: ١٩٧]
«Ва тӯша баргиред ва беҳтарин тӯша парҳезгорӣ аст» (Бақара, 197).
Агар ҷомеаи инсонӣ арзиши парҳезгорӣ ва тақворо мешинохт ва ба он амал мекард, оташи  фитнаю фасоде, ки имрӯз дар он забона мекашад ва ҷаҳонро ба коми худ мекашонад, хомӯш мегардид ва амнияту оромиш бар тамоми дунё соягустар мешуд.

САБР ВА ШИКЕБОӢ
Яке аз фазоили ахлоқии бисёр муҳим, ки бандаи мӯъмин ба ҳангоми нороҳатию гирифторӣ ба он тамассук меҷӯяд ва итминону оромиши рӯҳиро бозмеёбад ва ба василаи он аз сангинии бори мушкилот  мекоҳаду захмҳои дарунашро малҳам менамояд, сабру бурдборӣ ва шикебоӣ аст. Инсони собир вақте ба балою нороҳатӣ рӯ ба рӯ шуд, худбохта намешавад, чун медонад, ки мушкил аз ҷониби Худо аст. Гоҳе ба хотири як ҳикмати олӣ, ки аз он ғофилем, дар маърази балою нороҳатӣ қарор мегирем. Пас бояд бо дили кушода, бардошт ва ақлу имон онро бипазирем, то ба беҳтарин ваҷҳ аз имтиҳон берун оем, вале одами оҷизу ноогоҳ, ҳамин ки бо мушкиле мувоҷеҳ шуд, шурӯъ ба гиряю зорӣ ва доду фарёд мекунад ва ғаму андӯҳ тавре бар ӯ ғолиб мегардад, ки роҳи хайру шарро аз ҳам ташхис намедиҳад. Бидуни шак, агар сабр набошад, нафси инсон дар баробари мушкилоти мавҷуд аз пой дармеояд ва қодир нест бар ҳаракати худ дар масири зиндагӣ идома диҳад ва тамоми арзишҳои ахлоқиро аз даст медиҳад ва мубаддал ба унсури фосиду зарар барои ҷомеа хоҳад шуд.
Бидуни тардид, сабр ҳадди фосил байни ҳаёти моддию маънавӣ аст, барои ҳамин Қуръон таваҷҷӯҳи фаровоне ба он карда ва арзишу мақоми онро боло бурда ва собиронро ба болотарин таърифҳо мавриди  тамҷиду тавсиф қарор додааст ва дар ҳудуди ҳафтод бор ба зикри он пардохтааст. Аз ҳеҷ фазилати ахлоқии дигаре ба андозаи сабр дар Қуръон ном бурда нашудааст ва ин амр худ нишондиҳандаи азамат ва аҳамияти он аст, чаро ки сабр поя ва асоси аксари фазоили ахлоқӣ аст, балки модари ҳамаи фазилатҳо аст. Сабр аст, ки тамоми истеъдодҳои хайр ва фазилатҳоро дар нафс парвариш медиҳад, ҳеҷ фазилате нест, ки ниёзманди сабр набошад. Масалан, шуҷоату далерӣ иборат аст аз сабру шикебоӣ дар баробари нороҳатиҳои ҷиҳод дар роҳи Худо.
Иффат иборат аст аз сабру шикебоӣ дар баробари ҳавои нафс ва тамоюлоти номашрӯи он.
Ҳилм иборат аст аз сабру шикебоӣ дар муқобили ҳаяҷони рӯҳӣ ва хашму ғазаб.
Нигаҳдории сир иборат аст аз шикебоии нафс дар баробари ифшои розҳо.
Барои ҳамин, Худованд собиронро мавриди муҳаббату раҳмати худ қарор дода, эълон дошта, ки дар дунё ва қиёмат машмули инояту лутфи фаровони илоҳӣ ҳастанд.
«Яқинан ба собирон ва шикебоён аҷру подоши хориҷ аз шумориш ва ҳисоб медиҳад» (Зумар, 10).
«Мо ба собирон ва шикебоён ба зеботарину беҳтарин ваҷҳ подош медиҳем» (Наҳл, 96).
«Дар баробари сабре, ки карданд, Худованд биҳишт ва либоси абрешиминро подошашон мекунад» (Инсон, 12).
Илова бар ин, собирон аз таъйиди илоҳӣ бархурдоранд ва мефармояд: «Сабр ва шикебоӣ дошта бошед, ҳатман, Худованд ёвари шикебоиён аст» (Анфол, 46).
Худованд собиронро ба унвони имом ва пешвои мардум қарор медиҳад, то ононро ба сӯйи саодату роҳи рости илоҳӣ раҳбарӣ кунанд ва дар бораи  Банӣ Исроил чунин мефармояд: «Аз миёни Банӣ Исроил пешвоёне ба вуҷуд овардем, ки ба фармони Мо мардумро роҳнамоӣ менамуданд, чаро ки дар баробари сахтиҳо шикебоӣ варзиданд ва ба оятҳои Мо имони комил ва яқин доштанд» (Саҷда, 24).
 «Ва агар  бурдборӣ кунед ва бипарҳезед, корҳои хубу шоиста ҳамин аст ва ин умуре аст, ки бояд ба анҷоми онҳо азмро ҷазм кард ва дар иҷрои он бисёр кӯшиш ба амал ояд» (Оли Имрон, 186).
Яъне, сабру шикебоӣ ҷузъи корҳои бисёр хуб мебошад, ки бар ҳар кас лозим аст, дар анҷоми он азм ва иродаи росих дошта бошад. Худованд пайғамбари худ Айюбро ба воситаи шикебоӣ мавриди  мадҳ қарор медиҳад ва мефармояд: «Мо Айюбро шикебо ёфтем, чӣ бандаи хубе буд» (Сод, 44).
Сабре, ки Худованд мардумро ба он даъват менамояд, қудрату нерӯи ҳамешагии нафс аст, ки инсон метавонад ба воситаи он дар роҳи пирӯзии Ҳақ истиқомату пойдорӣ намояд ва мушкилоту нороҳатиҳоро бар худ осон кунад ва азияту озори мардум ва сахтиҳои фақру тангдастӣ ва беморӣ ва аз даст додани азизонро ба хотири ризои Худо ва пирӯзии ҳақ бар ботил таҳаммул намояд.
Қуръон барои ҷиҳод дар роҳи Худо мардумро ба сабр даъват мекунад ва мефармояд: «Онон, ки яқин доштанд, ки бо Худои хеш мулоқот хоҳанд кард, гуфтанд чӣ бисёранд гурӯҳҳои андаке, ки ба фармони Худованд бар гурӯҳҳои фаровоне пирӯз шудаанд ва Худованд бо бурдборон аст» (Бақара, 249).
Ва дар мавриди таҳаммули азияту озори дигарон Худованд даъват ба сабр мекунад ва мефармояд: «Эй мусулмонон, агар хостед касонеро, ки шуморо азият кардаанд ва ба ҳаққи шумо таҷовуз намудаанд, муҷозот кунед, танҳо ба он андозае ононро муҷозот кунед, ки дар бораи шумо раво доштаанд ва агар шикебоӣ кунед, бегумон, шикебоӣ барои шикебоён беҳтар хоҳад буд» (Наҳл, 126).
Қуръон мардумро ба сабру истиқомат бар ибодат даъват мекунад ва мефармояд: «Ибодат ва парастиши Худо кунед ва дар ибодати ӯ сабру шикебоӣ  дошта бошед» (Марям, 65).
«Ба афроди хонаводаат дастур бидеҳ намозро бихонанд ва бар он сабру шикебоӣ дошта бош» (Тоҳо, 132).
Қуръон ба ҳангоми нузули балоҳое, ки Худованд  бандагони худро ба василаи онҳо имтиҳон менамояд, мардумро ба сабру шикебоӣ даъват мекунад ва мефармояд: «Мо ҳамаи шуморо ҳатман озмоиш мекунем, то маълум шавад муҷоҳидон ва собирони шумо киёнанд ва ахбору гуфтаҳои шуморо  меозмоем (ки содиқона сухан гуфтаед, ё не)» (Муҳаммад, 31).
Қуръон анвоъи балоҳоеро, ки инсон ба василаи онҳо мавриди озмоиши илоҳӣ қарор мегирад ва агар сабру шикебоӣ намояд, ба аҷру подоши бас азим ноил мешавад, баён мекунад ва мефармояд: «Яқинан шуморо ба баъзе аз нороҳатиҳо ҳамчун тарс, гуруснагӣ ва зиёни молу ҷон ва камбуди меваҳо ва маҳсулот озмоиш мекунем ва мужда бидеҳ  бурдборонро, он касоне, ки ҳангоме балое ба онон мерасад, мегӯянд: «Мо аз они Худоем ва ба сӯйи ӯ бармегардем. Онон ҳама бурдборони бо имоне ҳастанд, ки  алтофу раҳмат ва эҳсону мағфирати Худояшон шомили ҳолашон мегардад ва мусалламан, эшон роҳёфтагон ҳастанд» (Бақара, 155-157).
Дар ин ояти шарифа Худованд собиронро ба се фазилат ва неъмати бузург ваъда дода, ки барои ғайри собирон мумкин нест:
Аввалан, омурзиши Худо барои эшон ҳосил аст ва Худованд ононро ба беҳтарину зеботарин ваҷҳ мадҳу сано мегӯяд ва дар дунё ва қиёмат шарифу мӯҳтараму  бузургвор мебошанд.
Сониян, дар нафси ин мусибати ворида  лутфу эҳсон ва меҳру муҳаббати Худованд мавҷуд аст.
Солисан, танҳо эшон тавонистаанд роҳи дурустро дар вокуниш дар баробари мушкилоту нороҳатиҳо пайдо намоянд, чаро ки бар нафси худ мусаллат ва ба раҳмати Худо умедворанд ва мусибату бало наметавонад бар  рӯҳашон ғолиб шавад ва нури умедро дар даруни онон хомӯш созад.
Ин буд сабре, ки Қуръон онро тавсиф мекунад ва боиси таскини қалбҳои доғдида мешавад ва  ғамҳоро аз он  мезудояд ва боиси нусрату пирӯзӣ дар майдони зиндагӣ мегардад. Ба ростӣ, сабр ҷузъи сифот ва  фазоили рӯҳие аст, ки боиси ҷазбу ҷалби хайру баракат ва оромиши фаровон барои касоне аст, ки дар  меҳнату нороҳатӣ ба сар мебаранд ва мехоҳанд растагор шаванд.

АФВ ВА ГУЗАШТ
Яке дигар аз сифоти писандидае, ки сазовор аст инсон худро ба он ороста намояд, афв ва гузашт мебошад, зеро ин кор танҳо аз рӯҳҳои комилу бузург ва дорои ақлу фаросати фаровоне, ки қудрати таҳаммули азияту озори дигаронро дорад, дида мешавад. Мусалламан, таҷовузи иддае ба ҳуқуқи ашхоси бегуноҳ ва эҷоди азият барои онон намоёнгари ин аст, ки ин идда дорои рӯҳи бемор ҳастанд ва шарру фасод бар онон ғалаба пайдо кардааст ва роҳи ҳақро гум кардаанд. Бинобар ин, беҳтар аст ки мо бо гузашту бурдборӣ бо эшон бархӯрд кунем, шояд ба худ биёянд ва пушаймон шаванд.
Аз тарафи дигар, мо худ аксаран дучори хатою иштибоҳ мешавем ва ниёзманди гузашт ҳастем ва интизор дорем дигарон аз мо бигузаранд ва афв намоянд. Агар худ гузашт надошта бошем, дигарон низ аз мо гузашт нахоҳанд кард. Агар бихоҳем аз мутаҷовиз интиқом бигирем, беҳтар он аст, ки бо ӯ некию эҳсон кунем, чаро ки муқобилаи бадӣ ва озор бо некию эҳсон аксаран боис мешавад, ки инсони мутаҷовиз пушаймон шавад ва буғзу кинаро фаромӯш кунад ва аз таҷовузи  худ даст бардорад ва дӯстию муҳаббатро ҷойгузини кинаю адоват намояд.
Барои ҳамин Худованд дар чанд маврид дар Қуръон ба таърифу мадҳи афву гузашт пардохта  мефармояд:
﴿وَإِن تَعۡفُواْ وَتَصۡفَحُواْ وَتَغۡفِرُواْ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٌ ١٤﴾ [التغابن: ١٤]
«Агар афв кунед ва чашмпӯшӣ намоед ва бибахшед (Худованд ҳам шуморо мавриди афву мағфирати худ қарор медиҳад), чаро ки Худованд бахшояндаву меҳрубон аст» (Тағобун, 14).
Худованд мӯъминони содиқу дурустро чунин тавсиф менамояд: «Онон ба василаи некию эҳсон бадию озори дигаронро аз байн мебаранд ва онро дафъ мекунанд» (Раъд, 22).
Худованд мардумро ба анҷоми некию эҳсон дар муқобили бадии дигарон даъват мекунад. Мусалламан, ин шеваи бархӯрд боис мешавад, ки кинаю адоват аз қалби мутаҷовизон хориҷ шавад ва дӯстию муҳаббат ҷойи онро бигирад ва мефармояд: «Некию бадӣ яксон нестанд, бадиро бо бадӣ посух нагӯй, балки бадию зиштиро бо зеботарин ваҷҳ ва беҳтарин шева, ки эҳсон ба бадкор аст, посух бидеҳ. Натиҷаи ин кор он  хоҳад буд, касе, ки миёни ту ва ӯ душман будааст, ба ногоҳ ба сурати дӯсти самимӣ дармеояд» (Фуссилат, 34).
Чун баъзе ашхос зотан кинатӯз ва мутаҷовиз (таҷовузкунанда) ҳастанд, Ислом ба манзури ҷилавгирӣ ва манъи онон аз идомаи кинаю таҷовуз тадбирҳое андешида ва муҷозоте барои онон вазъ кардааст ва иҷозат додааст, ки бо эшон муқобалаи бо мисол ба амал ояд, вале бо вуҷуди ин ҷанбаи афву гузаштро бар гирифтани интиқом ва муқобалаи бо мисол тарҷеҳ додааст ва мефармояд: «Агар хостед, аз мутаҷовизони ба ҳаққи шумо интиқом бигиред ва муҷозоташон кунед, ононро ба ҳамон андозае, ки дар ҳаққи шумо раво доштаанд, муҷозот кунед ва агар сабру шикебоӣ ва гузашт дошта бошед, он беҳтар аст барои инсонҳои шикебо» (Наҳл, 126).
«Кайфари ҳар бадӣ ҳамсони он аст. Агар кас гузашт кунад ва сулҳу сафо ба роҳ андозад, подоши чунин касе бо Худо аст, Худованд  яқинан золимонро дӯст намедорад. Бар касоне ки пас аз ситаме, ки бар онон рафтааст интиқом мегиранд, иқобу итобе нест, балки иқобу итоб мутаваҷҷеҳи касоне аст, ки  ба мардум ситам мекунанд ва дар замин ба ноҳақ саркашӣ менамоянд. Чунин касон дорои азоби дардноке ҳастанд. Касе ки шикебоию гузашт дошта бошад, ин гузашт аз зумраи корҳое аст, ки бояд бар он азмро ҷазм кард» (Шӯро, 40-43).
Назари Ислом дар мавриди афв ҳамон аст, ки баён намудем, аммо масеҳият ба таври мутлақ афвро тарҷеҳ медиҳад ва онро ташвиқу тарғиб менамояд. Дар Исҳоҳи панҷуми Инҷили Матто 28 омада: «Шумо шунидаед, ки гуфтаанд кассе, ки чашми касро кӯр кунад, бояд дар муқобили он чашмаш кӯр шавад ва агар касе дандони касеро бишканад, бояд мутақобилан дандонаш шикаста шавад». Аммо ман ба шумо мегӯям: «Ба корҳои баду шар посух надиҳед ва бо он муқобала накунед, балки агар касе ба тарафи рости рӯйи шумо силӣ зад, дар муқобил тарафи чапи рӯятонро ба сӯйи ӯ бигардонед, то онро ҳам бизанад» (40). Агар касе бо шумо даъво кунад ва бихоҳад либосҳои шуморо бигирад, шумо ҳатто дастпоке, ки доред, ба ӯ бидиҳед (43). Шумо шунидаед, ки гуфтаанд хешовандону наздиконро дӯст дошта бошед, вале бо душманон кинаю адоват намоед, вале ман ба шумо мегӯям: «Душманонатонро дӯст дошта бошед ва ё бо касоне, ки нисбат ба  шумо кина доранд, некӣ кунед ва барои касоне, ки шуморо азият мекунанд, дуо кунед».
Яке аз муҳаққиқони амрикоӣ ба дӯсти мӯҳтарам аллома Шайх Муҳаммадшоҳ гуфт: Мулоҳиза менамоӣ, ки масеҳият аз Ислом богузашттар аст, масеҳият мегӯяд: агар силӣ ба тарафи рости чеҳраат зада шуд, ба ҷойи интиқом тарафи чапро ҳам барояш бигардон. Вале Ислом  аввал ба интиқом даъват мекунад ва афву гузаштро дар марҳалаи дувум қарор додааст. Устод Шайх Муҳаммадшоҳ дар ҷавоби эшон гуфтанд: «Он чи, ки Ислом мегӯяд, ҳамон чизе аст, ки фитрати солим ва табиати солим онро мехоҳад, ҳатто агар бигӯем Ислом аз масеҳит богузашттар аст, дар ин маврид муболиғае накардаем, чаро вақте ба инсони мазлум ҳақ дода шуд, ки интиқоми худро аз золим бигиред ва бар золим мусаллат гардад ва яқин ҳосил намуд, ки метавонад ҳаққи худро аз ӯ бигирад, рӯҳаш ором мешавад ва ақидааш холӣ мегардад. Ислом баъд аз атои ҳаққи интиқом ба мазлум ва ором намудани ҳаяҷони рӯҳӣ ва кинаҳое, ки нисбат ба золим дорад, мазлумро даъват мекунад, ки агар золимро мавриди афв қарор диҳад, беҳтар аст, Ислом аввал ба мазлум қудрати интиқом медиҳад ва сипас афв ва гузаштро аз ӯ мехоҳад ва маънии афв ҳам ҳамин аст, ки аз рӯйи қудрат бошад. Касе, ки қудрат надорад, барои ӯ афв мафҳуме надорад. Тардиде нест, вақте ки инсон аз рӯйи қудрат касеро мавриди афв қарор медиҳад, ин амал нишони меҳру муҳаббат ва иззати нафси афвкунанда аст. Аммо агар бидуни ин ки ҳаққи интиқомро ба мазлум бидиҳем, ӯро ба афву гузашт даъват намоем, ҳамон гуна ки масеҳият мегӯяд, аввалан мазлум дар чунин шароите, ки саропои вуҷудаш интиқомҷӯӣ аст, ин даъватро намепазирад, ва агар онро бипазирад, дар хашму изтироби рӯҳӣ боқӣ хоҳад монд, чун афву гузашти ӯ аз рӯйи заъфу ночорӣ будааст ва монанди афви исломӣ нест, ки бархоста аз қудрату раҳм бошад.
Афви исломӣ ва гузашт аз мутаҷовиз аксар боиси эҷоди дӯстию муҳаббат дар байни тарафайни даргир мегардад, чаро ки боиси шармандагию надомати мутаҷовиз ва бузургворию иззати нафси афвкунанда аст ва мутаҷовиз огоҳ мешавад, ба тавре ки кӯшиш менамояд, ки хатои худро ҷуброн намояд.

РОСТГӮӢ ВА НИШОНАҲОИ ОН
Ҳеҷ сифату фазилати ахлоқие нест, ки битавонад монанди ростгӯию садоқат истиқрори ҷомеаро  тазмин кунад ва эътимоду бовариро дар байни  афроди он барқарор созад. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки садоқатро ба унвони яке аз пояҳои асосӣ ва муҳкаме ба ҳисоб овардаанд, ки бояд ҷомеа бар онҳо бино шавад ва онро нишонаи пешрафти миллатҳо медонанд.
Ҳар гоҳ дар ҷомеае ростию садоқат аз байн биравад, беэътимодӣ ҷойи онро пур мекунад ва ҳисси таовуну ҳамкорӣ нобуд хоҳад шуд. Садоқат яке аз усули асосӣ ва зарурии ҳар ҷомеае аст ва лозим аст дар муҳитҳои мухталифи хонавода ва мадрасаю бозор эҳтимоми фавқулода ба ҳифзу риояи он дода шавад. Садоқат манбаи хайру баракати фард ва ҷомеа аст, ки намегузорад ҳуқуқи дигарон поймол гардад ва эътимодро дар байни мардум густариш медиҳад. Бо таваҷҷӯҳ ба аҳамияти он аст, ки Худованди мутаол мӯъминонро даъват менамояд то худро ба садоқату ростгӯӣ ороста намоянд ва мефармояд: «Эй имондорон, аз Худованд тақво дошта бошед ва аз азобаш бипарҳезед ва бо ростгӯён рафоқат кунед» (Тавба, 119).
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَقُولُواْ قَوۡلٗا سَدِيدٗا ٧٠﴾ [الاحزاب: ٧٠]
 «Эй имондорон, аз Худо тақво дошта бошед ва аз азобаш парҳез кунед ва сухани муҳкаму рост бигӯед» (Аҳзоб, 70).
Ва Пайғамбар (с) мардумро ба садоқат даъват мекунад ва мефармояд: «Бар шумо лозим аст ростгӯию садоқатро риоя намоед, чаро ки садоқат боиси хайру некӯкорӣ аст ва некӯкорӣ боиси рафтан ба биҳишт аст. Вақте инсон ҳамеша содиқу ростгӯй бошад ва худро ба ин фазилат ороста намояд, исмаш дар девони илоҳӣ ба унвони сиддиқ сабт мешавад. Ва ҷиддан бояд аз дурӯғ дурӣ кунад. Дурӯғ боиси рӯй овардан ба фасоду гуноҳ мешавад ва гуноҳ мӯҷиби рафтан ба дӯзах мебошад, вақте ки инсон ба дурӯғ гуфтан идома диҳад ва дурӯғгӯиро писанд намояд, номаш  дар девони илоҳӣ ба унвони каззобу дурӯггӯ сабт мегардад» (Ривояти Муслим)
Амонат. Яке аз ақсом ва мазоҳири ростгӯйӣ амонатдорӣ аст. Амонатдорӣ аз фазилатҳои бисёр боарзиши инсонӣ аст ва пояи бисёр нерӯманде аст барои ҷомеаи пешрафтаю солим, ки боиси ҷалби хайру баракат барои ҳама аст. Ба ҳамин хотир аст, ки мебинем Ислом аҳамияти фаровоне ба он медиҳад ва онро ҷузъи сифоти мӯъминон қарор медиҳад ва мефармояд: «Мӯъминон касоне ҳастанд, ки амонатдоранд ва ба аҳду паймоне, ки мебанданд, вафодор ҳастанд» (Мӯъминун, 8).
Вафо ба аҳд. Яке дигар аз ақсоми садоқат, вафо ба аҳд ва паймону риояи он аст. Вафо ба аҳд яке аз сифатҳои бисёр некӯю боарзише аст, ки сазовор аст ҳар инсоне худро бо он ороста кунад, чаро ки он омили асосии пешрафту пирӯзӣ дар зиндагӣ аст ва имрӯза ба унвони яке аз муҳимтарин сифоти боарзиши инсонҳои мутамаддин маҳсуб мегардад ва ҷомеаи мутамаддин шадидан худро мулзам ба риояи он медонад. Қуръони карим  мардумро ба риояи ин сифат даъват мекунад ва пайғамбараш Исмоилро ба хотири иттисофи фаровон ба вафои ба ваъда мавриди таърифу ситоиш қарор медиҳад ва мефармояд: «Дар китоби осмонӣ (Қуръон) аз Исмоил ёд кун, он касе ки дар ваъдаҳояш бисёр рост буд ва пайғамбаре буд воломақом» (Марям, 54).
Бинобар ин, садоқату ростгӯӣ яке аз заруриёту воҷиботи ҷомеа аст, ки Қуръон таваҷҷӯҳи фаровоне ба он карда ва мардумро ба он даъват менамояд, ҳамон гуна, ки мардумро ба ҳарчи боиси саодату хушбахтӣ ва тараққии инсон аст, даъват мекунад.

СУЛҲУ ОШТӢ ДАР  БАЙНИ МАРДУМ
Ислом ба ин иктифо намекунад, ки инсон танҳо ба фикри ислоҳи худ бошаду  дурусткориро пеша кунаду ба дигарон зиён нарасонад ва ба ислоҳи ҷомеа таваҷҷӯҳ надошта бошаду нисбат ба он бетафовут бимонад, балки аз мӯъминон мехоҳад то ба фикри покӣ ва ислоҳи дигарон низ бошанд. Хидмат ба мардум ва кӯшиш дар роҳи ислоҳи ҷомеаро аз беҳтарин корҳои нек ба шумор меоварад. Ислоҳу эҷоди оштӣ ва сулҳу сафо дар байни мардумро яке аз аҳдофи муҳими худ мешуморад. Зеро адоват монанди бемории сирояткунанда ба дӯстону наздикони тарафайни мухосама сироят менамояд, боиси ба вуҷуд омадани гурӯҳҳо ва дастаҳои мутахосим хоҳад шуд, ки ҳадафашон шикасту эҷоди бадбахтӣ ва нороҳатӣ барои якдигар мебошад. Ҳатто гоҳе мавзӯъ ба ҷангҳо ва хунрезиҳо низ мунҷар мегардад. Бинобар ин, ҷилавгирӣ аз  боло гирифтани адовату душманӣ ва эҷоди сулҳу сафо дар байни мардум яке аз сифоти ҳамида ва боарзише аст, ки ҷуз дар инсонҳои бошарофату вораста дида намешавад. Магар ахлоқи хубу фазилати дигаре вуҷуд дорад, ки монанди ислоҳу оштӣ дар байни мардум хайру баракатро ба ҷомеа арзонӣ бахшад?! Барои ҳамин Худованд мардумро даъват мекунад то дар байни бародарони динии худ сулҳу сафоро барқарор созанд ва мефармояд:
 ﴿إِنَّمَا ٱلۡمُؤۡمِنُونَ إِخۡوَةٞ فَأَصۡلِحُواْ بَيۡنَ أَخَوَيۡكُمۡۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ لَعَلَّكُمۡ تُرۡحَمُونَ ١٠﴾ [الحجرات: ١٠]
«Ҳамоно, мӯъминон бародарони динии ҳам ҳастанд (агар дар байни онон ихтилофе падид омад) Дар байни бародарони худ сулҳу оштӣ ба вуҷуд биоваред» (Ҳуҷурот, 10).
Худованд дастур медиҳад, ки дар ихтилофоти байни зану шавҳар дахолат кунед ва дар байни онон созишу оштӣ ба вуҷуд оваред ва мефармояд: «Агар миёни зану шавҳар ихтилофе бувад ва тарсидед, ки ин ихтилоф боиси ҷудоии онон шавад, доваре аз хонаводаи шавҳар ва доваре аз хонаводаи ҳамсарро барои рафъи ихтилоф бифиристед, агар ин ду довар ҷӯёи ислоҳ бошанд, Худованд он дуро муваффақ мегардонад» (Нисо, 35).
Ва боз мефармояд: «Дар бисёре аз наҷвоҳо ва дар сӯҳбатҳои гӯшакии эшон хайру хубӣ нест, магар дар наҷво ва дар гӯшакиҳои касе, ки ба садақаю эҳсоне ва ё ба кори некӯ ва ё ислоҳи байни мардум дастур диҳад. Ҳар касе, ки чунин кореро ба хотири ризои Худо анҷом диҳад, Худованд подоши бузургеро ба ӯ ато мекунад» (Нисо, 114).
Яъне аксари наҷвоҳои (гӯшакиҳои) мутадовил монанди ғайбату намомӣ ва ё нақшаҳои шар бар зидди дигарон дар байни мардум бидуни хайру фоида аст ва боиси гуноҳ мешавад. Инҳо умуман, корҳои баде ҳастанд, ки набояд анҷом гиранд. Ислом тариқаю шеваи наҷворо ба мӯъминон нишон медиҳад ва мегӯяд: «Наҷво бояд ба хотири хайру салоҳи ҷомеаи фуқаро ва амр ба хайру эҳсон ва сулҳу оштӣ дар байни мардум бошад ва касе, ки ба хотири ризои Худо ба чунин корҳои шарофатмандонае даст бизанад, Худованд аҷру подоши бас бузурге ба ӯ ато мекунад.

ТАОВУН ВА ҲАМКОРӢ
Яке аз хушиҳои бисёр муҳимми маънавию рӯҳӣ таовун ва ҳамкории инсонҳо бо ҳам мебошад, ки барои тараққию пешрафти ҷомеа ва расонидани он ба камоли матлуб анҷом мегирад ва боиси рафоҳи умум ва аз байн рафтани мушкилоту нороҳатиҳои афрод мешавад.
Тамаддуни ҷадид ба хубӣ арзишу аҳамияти ҳамкорӣ ва таовунро дар байни афроди ҷомеа дарк намуда, ба густариши ҷамъиятҳою ширкатҳои таовунӣ пардохтааст. Ҳеҷ тамаддуне нест, ки холӣ аз ин таовунҳо бошад. Ин худ далели равшан аст бар аҳамияти ҳамкорӣ ва таовун ва зарурӣ будани он барои саодати фарду ҷомеа. Қуръон ба ҳамкорӣ ва таовуни мардум бо ҳам аҳамияти фаровон додааст ва бо ин ояти шарифа, ки дорои зеботарин ва баландтарин маонӣ аст, мардумро ба он даъват мекунад ва мефармояд:
﴿وَتَعَاوَنُواْ عَلَى ٱلۡبِرِّ وَٱلتَّقۡوَىٰۖ وَلَا تَعَاوَنُواْ عَلَى ٱلۡإِثۡمِ وَٱلۡعُدۡوَٰنِۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۖ إِنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلۡعِقَابِ ٢﴾ [المائ‍دة: ٢]
 «Бар корҳои хайру некӯ ва тақвою перҳезгорӣ ҳамдигарро ёрӣ диҳед ва аз ёрӣ додан дар корҳои шарру гуноҳ худдорӣ кунед» (Моида, 2).
Худованд дар ин оят мардумро ба ҳамкорӣ дар  бирр даъват кардааст ва бирр ба чандин маъно, аз ҷумла бахшиш, ибодату тоати Худо ва салоҳ ва садоқату ростгӯӣ омадааст. Он чи барои мо маълум мегардад, ин аст, ки бирр калимае аст ҷомеъ ва аксари сифот ва корҳои хайрро дар бар мегирад ва ҳар коре, ки дорои суду нафъи умумӣ бошад, хоҳ нафъи ухравӣ ва ё нафъи дунёвӣ монанди бино намудани мадрасаву бемористон ҳама ҷузъи хайру бирр ба ҳисоб меояд ва Ислом дастур медиҳад дар умуми корҳои хайри динӣ ва дунёӣ бо ҳам ҳамкорӣ шавад.
Қисмати дувуми оят аз гуноҳ ва адовату шарру фасод ва ҳамкорӣ дар онҳо наҳй менамояд. Калимаи исм дар луғат ба маънои ҳар амри номашрӯъ ва нодуруст омадааст. Ин калима низ аз калимоти ҷомеъе аст, ки тамоми корҳои нописанду номашрӯъ ва фосидро шомил мегардад. Калимаи удвон ба маънои зулму таҷовузи ошкор аст ва ҳар амале, ки барои фарду ҷомеа зиёне дар бар дошта бошад, ҷузъи исм ва адвон ба ҳисоб меояд ва Ислом аз он наҳй кардаву ҳамкорӣ дар онро ҳаром намудааст.
Касоне, ки ба румуз ва ишороти Қуръон ошно ҳастанд, медонанд, ки ин оят таовуни комилро танҳо таовуну ҳамкорӣ дар амри хайр намедонад, балки тавоун дар амри хайр вақте ба камоли матлуб мерасад, ки аз ҳамкориву дахолат дар корҳои шар низ парҳез шавад. Таовуну ҳамкорӣ дар корҳои хайр ва парҳез аз шарру фасод аз хислатҳои бисёр муҳим ва мояи саодату хушбахтии ҳар инсон аст. Ҳар ҷомеае, ки ҳисси ҳамкорӣ дар байни афроди он қавӣ бошад, бешак, ҷомеае аст пешрафтаву амн, ки итминону эътимод бар он ҳукмфармо аст. Барои ҳамин Ислом ба он аҳамияти фаровон дода ва мардумро ба он даъват кардааст.

ФИДОКОРӢ ВА ИСОР
Яке дигар аз  сифоти бисёр хубу муфид, ки сазовор аст инсон худро ба он ороста намояд, фидокориву исор дар роҳи тасбит ва иҷрои ҳақ мебошад. Вақте инсон ба марҳалае аз камоли рӯҳӣ расид, ки дагаронро дар амри хайр бар худ тарҷеҳ диҳад ва саодати ононро бар саодати худ муқаддам дорад, бо иқдомоти хайрхоҳонаи хеш нишон медиҳад, ки дар авҷи азамати нафс қарор гирифта ва худро фаромӯш кардааст ва ҷуз Худову ризои ӯ ба чизе намеандешад. Исор фазилате аст лозиму зарурӣ барои саодати фарду ҷомеа ва ба хилофи худхоҳиву нафъпарастии шахс аст, ки ҷомеаро ба бадбахтӣ мекашонад ва ҳамон гуна, ки Сунтаҳлар дар шарҳи мазҳаб мегӯяд нафъпарастӣ маншаи садҳо гирифторӣ ва мусибати фардию иҷтимоӣ мебошад ва чунин менависад: “Бадтарин айбе, ки инсон аз ҳангоми вилодат ҳамроҳ дорад ва ба он одат карда ва дар баробари он эҳсоси шармандагӣ намекунад ва ба ҳамин ҷиҳат дар садад барнамеояд, онро бартараф созад, худдӯстдорӣ ва тарҷеҳи додани хеш бар дигарон аст. Албатта, худдӯстӣ, ҳубби зот ва тарҷеҳи худ ва манофеи худ бар дигарон то ҳадде коре аст дуруст ва амре аст зарурӣ, ки фитрати инсон онро  иқтизо менамояд. Вале бояд мутаваҷҷеҳ бошем, ки ифрот дар он маншаи ҳамаи иштибоҳот ва гуноҳони мо хоҳад буд. Вақте инсон танҳо  худро фикр кунад ва танҳо манофеи худро дар назар дошта бошад, ҳуқуқу вазоиф ва равобити иҷтимоие, ки ба ӯҳда дорад, фаромӯш мекунад ва ҳамеша расидан ба манофеи шахсиро бар ҳақ тарҷеҳ медиҳад ва ҳар гоҳ эҳсос намояд, ки манофеаш дар хатар аст, ҳақро поймол менамояд ва манофеашро бар ҳамаи покиҳо муқаддам медорад. Бинобар ин, ҳар инсоне ки мехоҳад бошахсияту бузургвор бошад, набояд худ ва манофеи шахсии худро то ҳадде дӯст дошта бошад, ки ҳақро ба хотири он фаромӯш намояд. Балки зарурат дорад, ки онро бар ҳар чизе муқаддам дорад ва танҳо ба хотири ҳақ буданаш онро дӯст дошта бошад, хоҳ бо худ бошад ё бо дигарон ва илло дучори ҳазорон бадбахтию хатои иҷтинобнопазир мегардад.
Бинобар ин, исор муҳимтарин асарро  дар таҳкими равобит ва эҷоди алоқаю муҳаббат дар байни афроди ҷомеа дорост ва ононро ба сурати дӯсту ҳамкор дармеоварад. Баръакс, худпарастию нафъи шахспарсатӣ боиси нафрату адоват мебошад ва ашхоси худпараст дар назди  дигарон беарзишу манфуранд. Яке аз муҳимтарин кашфиёти тозаи равоншиносӣ ин аст, ки саодати инсон ҷуз бо исору фидокорӣ дар роҳи дигарон ҳосил намегардад. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Худованди мутаол мардумонро ба исор даъват намуда ва исоргаронро мавриди таъриф қарор дода ва мефармояд: «Мӯъминон касоне ҳастанд, ки дигаронро бар худ тарҷеҳ медиҳанд, ҳарчанд ки худ ба шиддат фақиру ниёзманд ҳастанд. Бидуни шак, (танҳо) касоне аз бухлу ҳирси нафс маҳфуз мегарданд, растагору наҷотёфта ҳастанд» (Ҳашр, 9).
Дар бораи асбоби нузули ин оят Бухорӣ ва Муслим аз Абӯҳурайра ривоят кардаанд, ки марде пеши Пайғамбар (с) омаду гуфт: “Эй Расули Худо бисёр гурусна ҳастам”. Пайғамбар (с) касеро ба манзили ҳамсаронаш фиристод, то ғизое барои ӯ биоварад, аммо онон чизе надоштанд. Сипас рӯ ба асҳоб гуфт: «Оё касе ҳаст, ки имшаб ин мардро меҳмон кунад, то Худо ӯро мавриди раҳмат қарор диҳад?» Абӯталҳа (яке аз асҳоб) гуфт: «Эй Расули Худо, ман ӯро меҳмон мекунам». Абӯталҳа ба назди ҳамсараш рафт ва ба ӯ гуфт: «Аз меҳмони Расули Худо пазироӣ ба амал овар. Ҳамсараш гуфт: Қасам ба Худо, ҷуз ғизои он духтарбача чизе надорем». Талҳа гуфт: «Духтарбачаро ба ҳангоми ғизо бихобон, он гоҳ чароғро хомӯш кун, вақте ки торик шуд, меҳмон ғизояшро мехӯрад ва мо ҳам ба хотири меҳмони Расули Худо чизе намехӯрем». Ҳамсари Абӯталҳа нақшаи ӯро иҷро кард, то субҳ, ки он мард ба хидмати  Пайғамбар (с) рафт ва Пайғамбар (с) гуфт: Худованд аз рафтори Абӯталҳаю ҳамсараш шод шуд ва ин оят нозил гардид (ишора ба ояи 9-уми сураи «Ҳашр» аст).
Ин воқеа нишон медиҳад, ки то чӣ андоза тарбияи исломӣ дар умқи қалби пайравони Ислом таъсир кардааст ва ин ҳодиса партави тобноке аст барои касоне, ки мехоҳанд ба камолоти маънавӣ, ки боиси саодати ҷомеа аст, дастрасӣ пайдо намоянд.

СУХАНИ НЕКУ ЗЕБО
Агар ба диққат мушкилот ва ихтилофоти чи хурд ва чи бузургро дар муҳити хонавода ва иҷтимоъ баррасӣ намоем, маълум мегардад, ки маншаи аксари онҳо суханони зишту нописандидае аст, ки бидуни тафаккуру тааммул гуфта мешаванд ва тарафи дигарро нороҳат менамояд ва боиси ба вуҷуд омадани ихтилофҳои беҷиҳат мегардад. Сухани хубу некӯ омили бисёр арзандае барои пешрафту пирӯзии ҷомеаи мутараққӣ ба ҳисоб меояд. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки мураббиёну муслиҳон таваҷҷӯҳ ва инояти фаровоне ба он карда ва мардумро ба ширинзабонию гуфтугӯ бо алфози зебо бо дигарон даъват кардаанд ва  ононро аз пархошгарию хушунат барҳазар доштаанд, чаро ки сухани зебою ширин ва нарм инсонро маҳбуби хонаводаю муҳит месозад ва боиси пешрафти корҳо мешавад ва дӯстони самимию ҳамкорони фидокорро ба вуҷуд меоварад, ки дар ҳамаи вақт, ба хусус ба ҳангоми мушкилот ба ёрии ҳам мешитобанд. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Худованд мардумро ба сухани некӯ ва ширинзабонӣ даъват мекунад ва  мефармояд: «Ба бандагони Ман бигӯ, он чи ки аз ҳама беҳтару зеботар аст, бигӯянд (ва аз бадгӯӣ парҳез намоянд), чаро ки шайтон ба воситаи суханони зишту нописанд дар байни шумо ҷудоӣ ва ихтилоф меандозад» (Исро, 53).
Ва Худованд дастур медиҳад, ки бо ҳам суханони некӯю ширин бигӯед ва мефармояд:
 ﴿وَقُولُواْ لِلنَّاسِ حُسۡنٗا ٨٣﴾ [البقرة: ٨٣]
«Бо мардум ба хубӣ ва зебоӣ сухан бигӯед» (Бақара, 83).
Худованд дастур медиҳад, ки бо садои нарму ором сухан бигӯем, зеро оромию матонат аз нишонаҳои ҳусни калом аст ва садои баланду пархошгариро ба садои хар ташбеҳ мекунад ва мефармояд: «Садоятро пойин биовар ва ба оҳистагию оромӣ сухан бигӯ ва аз садои баланд парҳез кун, зеро бадтарин садоҳо садои (баланди) харон аст» (Луқмон, 19).
Худованд мардумро даъват менамояд то ба ҳангоми рафтору гуфтор бо ҳам хушрӯй ва башорати ваҷҳ дошта бошанд ва аз хушунату пархош парҳез намоянд ва хитоб ба Пайғамбар (с) мефармояд:
«Ин раҳмати Парвардигор аст, ки ту нисбат ба онон бо нармию оромӣ рафтор менамоӣ. Агар хашину сангдил мебудӣ, аз шумо дур мешуданд ва туро танҳо мегузоштанд» (Оли Имрон, 159).
Ин оят мӯъминонро роҳнамоӣ мекунад, ки хушрафторӣ ва ширинзабонӣ барои пайғамбарону пешвоён ва мураббиёну муслиҳон ҷузъи заруриёт аст ва бо ин шеваи рафтор аст, ки дилҳо ба даври онон ҷамъ мегардад ва суханонашон мавриди қабул воқеъ мешавад. Ин аст адабу тарбияи қуръонӣ дар тарзи бархӯрд бо мардум барои эҷоди ишқу алоқа дар байни онон ва ин адабу тарбия яке аз заруриёт ва пояҳои асосии ҳар ҷомеаи пешрафтаю мутараққӣ мебошад.


РАФОҚАТ ВА МУОШИРАТ БО НЕКОН
Яке аз авомили арзанда дар тарбият ва адабу ҳусни ахлоқи инсон рафоқат бо инсонҳои шарифу некӯкор аст, чаро ки инсонҳо ҳамон гуна ки дар пӯшидани либосу одоб ва русуми маҳаллӣ аз ҳам тақлиду пайравӣ менамоянд, ахлоқи ҳамдигарро низ тақлид мекунанд. Яке аз ҳукамо гуфтааст: «Ба ман бигӯ рафиқат кист, то ба ту бигӯям, ки кистӣ».
Мусалламан, рафоқат бо инсонҳои хуб, фазоили ахлоқӣ ва каромату шарофатро дар нафси инсон парвариш медиҳад ва ӯро ба сӯйи камолоти маънавӣ ва иззату шарофат мекашонад. Баръакс, рафоқату наздикӣ бо инсонҳои фосиду бад ва гуноҳкор инсонро ба сӯйи бадахлоқӣ, бадбахтӣ, иртикоби гуноҳ ва корҳои нописанд ҳаракат медиҳад ва инсонро аз каромату шарофат ва некӯкорӣ дур месозад. Ба ростӣ, рафиқу дӯсти солеҳ ва некӯкор яке аз неъматҳои бисёр пурбаҳои зиндагӣ аст, ки ба ҳангоми пеш омадани гирифториҳо ва мушкилот беҳтарин паноҳгоҳ ба ҳисоб меояд ва беҳтарин ёвару фарёдрас ва роҳнамои содиқ ва амин мебошад, ки беҳтарин роҳи ҳалҳоро нишон медиҳад. Аксари инсонҳои бузургу нобиға ва пирӯз дар зиндагии иҷтимоӣ пирӯзию азамати худро марҳуни дӯстони  содиқ ва поку бовафои худ медонанд, ки ононро ба роҳи ҳақу дуруст иршод намудаанд ва аз файзи иршоди эшон баҳраманд гаштаанд.
Қуръони карим мардумро даъват менамояд, то инсонҳои солеҳу некӯкорро ба дӯстию рафоқат интихоб кунанд ва мефармояд: «Бо касоне бош, ки бомдодону субҳгоҳон ва шомгоҳон Худои худро ба фарёд мехонад ва мепарастанд ва танҳо ризои ӯро металабанд. Набояд  чашмонат аз эшон (ба сӯйи қудратмандони мутакаббир) ба хотири ҷустани зиндагии дунё баргардад ва аз касе фармон набар, ки дили ӯ аз ёди худ ғофил сохтаем ва ӯ ба дунболи орзую ҳавои нафс равон гаштааст ва кораш номуназзаму ифроту тафрит аст» (Каҳф, 28).
Худованди мутаол бо ин ояти шарифа ба Пайғамбар (с) ва тамоми мӯъминон дастур медиҳад, то рафоқат ва дӯстӣ бо покон ва солеҳонеро интихоб кунанд, ки роҳи ҳидоятро пеш гирифтаанд, аз фазоили ахлоқии ин солеҳон пайравӣ намоянд, ононро тарк накунанд, ба хотири ҷустани зинати дунё ва музахрафоти он касонеро ба дӯстӣ нагиранд, ки баду фосиду  бадкоранд, дилҳояшон аз ёди  Худо ғофил аст, танҳо ба фикри ҳавою ҳаваси нафсонӣ ҳастанд, аз ҳадди мутаорифу ҳақ хориҷ мегарданд, корҳояшон аз ҳеҷ назму ҳаққонияте бархурдор нест ва бо ифроту тафрит ҳамроҳ аст.
Ва Худованди мутаол боз дар ин бора мефармояд: «Рӯй бигардон аз касоне, ки аз ёди мо ғофиланд ва ба он пушт кардаанд ва ҷуз ҳаёту зиннати дунё чизи дигареро намехоҳанд» (Наҷм, 29).
Дар ояти дигаре мефармояд: “Сазовори як инсони мӯъмин нест, ки касеро ба дӯстӣ баргузинад, ки бо анҷоми гуноҳ Худоро ба хашм дармеоварад, ҳарчанд ин шахс аз наздиктарини наздикон бошад”.
«Мардумонеро нахоҳӣ ёфт, вақте ба Худо ва рӯзи қиёмат имон дошта бошанд, касонеро ба дӯстӣ бигиранд, ки бо Худою пайғамбараш душманӣ варзанд, ҳарчанд ки онон падарон ё писарон ва ё қавму қабилаи эшон бошанд» (Муҷодала, 22).
Пайғамбар (с) намунаи дӯстону рафиқони поку солеҳ ва дӯстони бадро ба беҳтарин мисолҳо мушаххас мекунад ва мефармояд: «Намунаи рафиқи солеҳу пок ва рафиқи фосиду носолеҳ монанди атрфурӯш ва касе аст, ки кӯраро медамад. Дорандаи атр ё ба шумо атр медиҳад ва ё аз атри ӯ мехаред ва ё аз атри ӯ истифода менамоед, хулоса ҷуз хайру баракат чизе аз ӯ ба шумо намерасад, вале касе ки кӯраро медамад ё боис мешавад шарораҳои оташ либосҳоятро бисӯзонад, ё бӯйи бади он шуморо азият кунад, ки дар ҳар сурат ҷуз зарару зиён чизе аз ӯ одат нахоҳад шуд» (Ривояти Муслим)
Ин аст дастур ва тарбияи Ислом дар бораи интихоби дӯсти солеҳу некӯкор ва парҳез аз инсонҳои фосид.

ИҶОЗАТ ХОСТАН ВА САЛОМ КАРДАН
Як аз хусусиятҳои миллатҳои мутамаддин ин аст, ки бояд робитаи онҳо бо ҳам бар асоси одоб ва русуми воло ва пешрафта ва одатҳои зебою некӯ бошад.
Албатта, исломе, ки тамоми усули нигаҳдорӣ, тарбия ва пешрафти рӯҳию ҷисмии инсонро мавриди таваҷҷӯҳ қарор додааст, аз риояи одобу одатҳои солиме, ки бояд пайравонаш ба онҳо муттасиф бошанд, ғофил намонда ва дар ин замина низ он чи аз камолоти рӯҳӣ ва завқу шуури баланд  сарчашма гирифта бошад, пазируфта ва мӯъминонро ба риояи он даъват кардааст. Яке аз одобе, ки Ислом ба риояи он эҳтимом варзидааст, иҷозат хостан барои дохил шудан ба манзили дигарон ва салом кардан бар аҳолии он аст. Ва ин кор имрӯз ҷузъи одоб ва русуми шоистае аст, ки аз хусусиятҳои миллатҳои мутараққӣ ва мутамаддин ба шумор меоянд, ки шадидан худро  мулзам ба риояи онҳо медонанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ дар анҷоми онҳо кӯтоҳӣ намеварзанд. Дини Ислом ҳам аз чаҳордаҳ қарн пеш ин одобро ба пайравонаш омӯхта, мефармояд: «Эй касоне, ки имон доред, вориди хонаҳое нашавед, ки мутааллиқ ба шумо нест, (м)агар баъд аз  иҷозат гирифтан ва салом кардан бар сокинони он. Ин кор барои шумо беҳтар аст ва умед аст, ки риояи онҳоро дар назар дошта бошед, агар касеро дар хона пайдо накардед, ба он ҷо дохил нашавед, то ба шумо иҷозат дода шавад ва агар иҷозат дода нашуд ва гуфтанд баргардед, пас бояд баргардед ва ин кор бароятон поктар аст ва Худованд аз корҳое, ки мекунед, бас огоҳ аст”. (Нур, 27).
Худованд ба мӯъминон дастур медиҳад, ки то иҷозат нагиранд, ба хонаи дигарон ворид нашаванд ва ҳамин ки баъд аз гирифтани иҷозат ворид шуданд, бояд ба касоне, ки дар он сукунат доранд, салом кунанд ва агар касеро дар хона наёфтанд, набояд дохили он шаванд, то касе биояд ва ба онон иҷозати вуруд диҳад. Агар ба эшон гуфтанд, баргардед ва ҳаққи вуруд надоред, бояд баргарданд ва ба зӯрӣ ворид нашаванд. Риояи ин дастуроти илоҳӣ нафси мӯъминонро поктар менамояд ва Худованд ба тамоми корҳо огоҳ аст.
Ҷавоби салом. Дар ҳоле ки Ислом иҷозат гирифтан барои ворид шудан ба  манзили дигарон ва салом карданро ҷузъи адабу суннати исломӣ ба шумор оварда  мӯъминонро ба  риояи онҳо даъват кардааст, баръакс, ҷавоб гуфтан ба саломи воридонро низ ҷузъи одоби исломӣ қарор дода, мӯъминонро ба он мулзам менамояд, чун ҳеҷ коре бадтару кинаовартар аз ҷавоб надодан ба саломи дигарон нест. Ислом танҳо ба посух гуфтан ба саломи дигарон иктифо намекунад, балки дастур медиҳад, ки ба беҳтарин ва зеботарин ваҷҳ ба он ҷавоб дода шавад. Ин амр ниҳояти ворастагӣ ва барҷастагии адабу ахлоқе аст, ки Ислом пайравонашро ба он мулзам менамояд ва мефармояд:
﴿وَإِذَا حُيِّيتُم بِتَحِيَّةٖ فَحَيُّواْ بِأَحۡسَنَ مِنۡهَآ أَوۡ رُدُّوهَآۗ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٍ حَسِيبًا ٨٦﴾ [النساء: ٨٦]
«Ҳар гоҳ шуморо дуруде доданд (чи салом кардан ва дуо намудан ва чи эҳтиром гузоридан...) ба гунае беҳтар аз он ё (дастикам) ба монанди он посухгӯйи он бошед» (Нисо, 86).
Инҳо фазоили ахлоқӣ ва одоби қуръонӣ буданд, ки барои шумо хонандагони мӯҳтарам баён намудем. Мулоҳиза мефармоед, ки Қуръон ҳеҷ амреро, ки боиси тараққӣ ва пешрафти инсонҳо ва таҳзиби ахлоқии эшон аст, фаромӯш накарда, балки бо таъкид мардумонро ба он ташвиқ кардааст.


РАЗОИЛИ АХЛОҚӢ
Пайравӣ аз ҳавои нафс

Дар гирудори зиндагӣ орзуҳо ва шаҳавоту тамоюлоти нафсонии гуногун инсонро дар бар гирифта ва ӯро ба сӯйи нафъи шахсӣ ва баровардани ҳисси худпарастӣ мекашонад. Вақте инсони судҷӯ ва худпараст манофеи худро дар коре бибинад, дигар барояш муҳим нест, ки ин кор ба зиёни дигарон аст ё хайр. Яке аз ҳадафҳои Ислом мубориза бо тамоюлоти нафсонӣ ва ҷилавгирӣ аз таслим шудан дар муқобили он аст, чаро ки ҳавои нафс низоми табиию хостаи фитрии инсонро вайрон месозад, чун тамоюлоти табиии мавҷуд дар инсон дар ҳолати оддӣ дорои назму тартиб ва инсиҷоми хосе аст, ки эътидолу ҳамоҳангиро дар байни онҳо падид меоварад. Вале ҳар гоҳ инсон ба доми ҳавои нафс гирифтор омад, назми табии мавҷуд дар байни тамоюлоти фитрӣ вайрон мегардад ва эътидолу ҳамоҳангии онҳо аз байн меравад ва тамоми нерӯяш мутаваҷҷеҳи як ҳадаф, ки сер намудани нафс аст, мегардад ва ҳавои нафсонӣ зимоми корҳоро ба даст мегирад ва бақияи тамоюлотро мутеъ ва  фармонбардори худ месозад. Барои ҳамин Қуръон ҳавои нафсониро омили фасод ва вайронкунандаи низоми табиии зиндагии дунёӣ ба шумор меоварад ва дастур медиҳад, ки Ҳақ бар ҳавои нафс ҳоким шавад ва мефармояд: «Агар Ҳақ тобеъ ва пайрави тамоюлоти нафсонии онон мешуд, осмонҳо ва  замин ва он чи дар онҳо вуҷуд дорад, ба фасод мерафт» (Мӯъминун, 71).
Бадтарин осор ва бузургтарин зиёни ҳавои нафс вақте зоҳир мешавад, ки ҳокимон ва қозиёну давлатмардон, ки вазифаи иҷрои адолат дар замин ба ӯҳдаи онон аст, аз ҳавои нафс пайравӣ кунанд ва таслими тамоюлот ва орзуҳои шайтонии худ шаванд ва бо қудратмандон ва сарватмандон робитаи дӯстӣ ва муҳаббат барқарор созанд ва фуқарою мустамандонро таҳти фишор қарор диҳанд ва ҳаққи эшонро поймол созанд. Дар натиҷа фасоду фитна дар замин зоҳир мешавад ва дере намегузарад, ки шӯришҳо ва табаддулотҳое ба вуқӯъ мепайвандад, ки вайрониҳо ва кушторҳоро ба бор меоварад, ҳамон гуна ки борҳою  борҳо дар масири таърих ин масоил ба вуқӯъ пайвастааст. Барои ҳамин Қуръони карим ба манзури таълиму огоҳии мо гуфтугӯи Худованд бо пайғамбараш Довудро барои мо нақл мекунад ва мефармояд: «Эй Довуд, Мо туро дар замин намояндаи худ сохтаем, пас дар миёни мардум ба ҳақ доварӣ кун ва аз ҳавои нафс пайравӣ накун, ки туро аз роҳи Худо мунҳариф месозад. Бегумон, касоне ки аз роҳи Худо мунҳариф мегарданд, азоби сахте ба хотири фаромӯш кардани рӯзи ҳисобу китоб доранд» (Сод, 26).
Ба ҳақиқат, пайравӣ аз ҳавои нафс моро аз дарки ҳақоиқи зиндагӣ боз медорад. Падари фалсафаи ҷадид Франсис Бекон, ки аз фалосифаи қарни шонздаҳум аст, чунин мегӯяд: «Лозим аст, барои расидан ба ҳақ аз чаҳор чиз, ки ҳақиқатро аз мо пинҳон медорад, парҳез шавад. Яке аз онҳо, ки аз ҳама муҳимтар мебошад, авҳоми қавӣ ва таассуб нисбат ба гузаштагон аст. Ин навъи авҳом ва таассубот мӯҷиби хато ва иштибоҳоти фаровоне мегардад ва нури ақлро ба василаи тақлид аз гузаштагон хомӯш месозад, душманӣ бо Ҳақро саҳлу осон  менамояд ва ақлро нодида мегирад, вале ақидаеро, ки аз гузаштагон ба ирс бурдааст, маҳфуз нигаҳ медорад». Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки мебинем Қуръон бо қавми яҳуд ба  муҷодила мепардозад ва эълом медорад, ки пайравӣ накардани онон аз даъвати Ислом ба  воситаи пайравӣ аз ҳавои нафс аст, ки боис мешавад тақлиди кӯр-кӯрона  аз гузаштагонро бар пайравӣ аз  ҳаққу ҳақиқат тарҷеҳ диҳанд  ва онро  интихоб намоянд ва  мефармояд: «Пас агар ба пешниҳод ва даъвати шумо посух нагуфтанд, бидон, ки онон аз ҳавою  ҳавасҳои худ пайравӣ мекунанд. Чӣ касе гумроҳтар ва саргаштатар аз он касе аст, ки аз ҳавою ҳаваси худ пайравӣ мекунад, бидуни ин ки раҳнамуде аз ҷониби Худо ба он шуда бошад? Мусалламан, Худованд  мардумони  ситампешаро раҳнамоӣ наменамояд» (Қасас, 50).
Ба ростӣ, аксари пайравӣ аз ҳавои нафс дар зиндагии дунё ношӣ аз заъфи нафс ва камбуди маърифату дониши афрод мебошад, зеро ҳавои нафс қудрати ақлро заиф менамояд ва ба он иҷозат намедиҳад, то идроку тафаккур дошта бошад, балки нафс ба даври як нуқта, ки баровардани тамоюлоти шайтонӣ аст, мечархад ва ҳадафи дигаре надорад. Зеро вақте ки ишқу алоқаи инсон мутаваҷҷеҳи чизе шавад, чизҳои дигарро фаромӯш мекунад. Ба ҳамин иллат аст, ки мантиқ ва тарзи тафаккури ҳавои нафс бо мантиқ ва андешаи ақл ба куллӣ мутафовит ва мутағоир мебошад. Дар мантиқ ақлу муқаддамот боиси ба вуҷуд омадани натоиҷ ҳастанд, вале дар мантиқи ҳаво натоиҷ муқаддимотро ба вуҷуд меоваранд. Барои ҳамин, Қуръон асароту натоиҷи ҳавои нафсро боиси гумроҳӣ ва ноогоҳӣ медонад ва мефармояд:
«Бисёре аз мардумро бо ҳавоҳо ва ҳавасҳои худ бидуни огоҳӣ саргашта ва гумроҳ месозанд» (Анъом, 119).
﴿بَلِ ٱتَّبَعَ ٱلَّذِينَ ظَلَمُوٓاْ أَهۡوَآءَهُم بِغَيۡرِ عِلۡمٖۖ فَمَن يَهۡدِي مَنۡ أَضَلَّ ٱللَّهُۖ وَمَا لَهُم مِّن نَّٰصِرِينَ ٢٩﴾ [الروم: ٢٩]
 “Балки ситамгорон аз ҳавою ҳаваси худ бидуни илму огоҳӣ пайравӣ мекунанд”. (Рум, 29).
Қуръон ба муолиҷа ва мубориза бо ҳавои нафс мепардозад ва таваҷҷӯҳи комил ба Худо ва пайравӣ аз дастуроти ӯро боиси пирӯзӣ дар ин мубориза ва шифодиҳандаи ин беморӣ медонад ва мефармояд: «Аммо касе, ки аз азамати Парвардигораш хавфу парво дошта бошад ва  аз азобаш битарсад ва нафси худро аз пайравӣ аз ҳаво ва тамоюл ба он боз дорад, бидуни шак, биҳишт маскан ва манзили ӯ аст» (Нозиот, 41).
Оре, таваҷҷӯҳи комил ба Худо, ҳозиру нозир донистани ӯ бар тамоми корҳо, мубориза бо хостаҳои нафс  инсонро дар ҷодаи Ҳақ устувор менамояд ва дигар дар сарошеби гумроҳӣ қадам барнамедорад ва махсусан вақте ки ин ҷиҳоду мубориза бо нафс ҳамроҳ бо эҳсоси динӣ анҷом гирад, инсон ба хотири расидан ба подоши азими илоҳӣ бо ишқу алоқаи бештаре ба ин мубориза мепардозад.
                    
ТАКАББУР ВА ХУДБУЗУРГБИНӢ
Яке аз ахлоқҳои пасти иҷтимоӣ ва зарарнок, ки кинаю адоват ва ихтилофро дар байни мардум густариш медиҳад ва ҳамкорию дӯстию муҳаббатро нобуд месозад, такаббур ва худбузургбинӣ аст. Такаббур на танҳо одамонро аз муҳаббати ҳамдигар маҳрум месозад, балки ислоҳи ахлоқӣ ва адабии ҷомеаро бо мушкилии ҷиддӣ рӯ ба рӯ менамояд, чаро ки инсони мутакаббир қодир нест айбу норасоии худро бибинад ва чашмаш аз дидани ҳақоиқ кӯр аст ва худро муҳимтару болотар аз он чи ки ҳаст, мебинад, гӯшҳояш барои шунидани ҳар сухани ҳақ ҷуз мадҳу тамаллуқе, ки аз ҷониби мутамаллиқон ба амал меояд, кар мебошад. Зеро инсоне ки ба худ мағрур аст, ҳозир нест панду андарзи дигаронро гӯш кунад, ғурураш садде аст, ки дар муқобили истифодаи ӯ аз илму дониш ва баҳрамандӣ аз фазоили дигарон монеъ мешавад. Бинобар ин, инсони мутакаббир ҳамеша дар ҳоли ҷаҳлу нодонӣ ва бехабарӣ аз воқеият ба сар мебарад.
Ба ҳамин ҷиҳат суннати Аллоҳ бар ин аст, ки дилҳои инсонҳои мутакаббирро ба воситаи ғуруру кибрашон аз қабули он чи бар пайғамбаронаш нозил намудааст, боз дорад ва аз ҳидояту далоили равшани онон рӯй бигардонанд, чаро ки ғурури онон мӯҷиб шуда, ки дар пешгоҳи Худо ҷузъи гумроҳон ба ҳисоб оянд ва мавриди ғазаби илоҳӣ қарор гиранд. Худованд дар ин маврид мефармояд: «Аз андеша дар бораи оятҳои худ касонеро бозмедорам, ки дар замин ба ноҳақ такаббур меварзанд ва агар ҳар навъ оят ва мӯъҷизаеро бибинанд, ба он имон намеоваранд ва агар роҳи ҳидоятро бибинанд, онро роҳи худ қарор намедиҳанд» (Аъроф, 146).
Қуръон ба мо хабар медиҳад, ки мутакаббирон мункиртарин одамон нисбат ба пайғамбарон ва қабули даъвати онон будаанд ва аз қавми пайғамбари Худо Солеҳ нақл мекунад ва мефармояд: «Ашроф ва руасои мутакаббири қавми Солеҳ ба мустазъифоне, ки имон оварда буданд, гуфтанд: «Оё воқеан, медонед, ки Солеҳ фиристодае аз ҷониби Парвардигораш мебошад? » Мустазъифон гуфтанд: «Мо ба он чи Солеҳ ба он маъмурият ёфтааст, имон дорем». Мутакаббирон ба мустазъифон гуфтанд: «Вале мо ба он чи шумо ба он имон доред, имон надорем» (Аъроф, 75-76).
Қавми Одро мулоҳиза фармоед, ки чӣ гуна аз рӯйи ғурур аз ҳидояти илоҳӣ ва шунидани дастуроти ӯ рӯйгардон шуданд ва мустаҳиққи азоби шадиди илоҳӣ дар дунё ва охират гардиданд ва Қуръон мефармояд: «Аммо қавми Од ба ноҳақ дар замин ба такаббур ва фахрфурӯшӣ пардохтанд ва гуфтанд: Чӣ касе аз мо қудрати бештаре дорад? Магар онон намедонистанд Худованде, ки ононро офаридааст, аз онон нерӯмандтар аст?” (Фуссилат, 15-16).
Онҳо пайваста оятҳои Моро инкор мекарданд ва онҳоро намепазируфтанд, саранҷом боди тунду пурсару садо ва сахту сардеро дар рӯзҳои шуме ба сӯяшон равона кардем, то азоби зиллатовар ва пасткунандаеро дар зиндагии ҳамин дунё ба эшон бичашонем ва азоби охират хору пасткунандатар аст ва аслан онон ёрию кӯмак намешаванд.
Худованд мутакаббиронро ба азоби дарднок дар қиёмат таҳдид мекунад ва мефармояд:
﴿وَيَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ تَرَى ٱلَّذِينَ كَذَبُواْ عَلَى ٱللَّهِ وُجُوهُهُم مُّسۡوَدَّةٌۚ أَلَيۡسَ فِي جَهَنَّمَ مَثۡوٗى لِّلۡمُتَكَبِّرِينَ ٦٠﴾ [الزمر: 60]
«Магар барои азоби мутакаббирон кофӣ нест, ки (дар охират) маскану маъвояшон дӯзах бошад?» (Зумар, 60).
Бояд аз матакаббир пурсид ба хотири чӣ такаббур ва фахрфурӯшӣ мекунад? Оё ба қиёфа ва зебоӣ ва қудрати бозӯ ифтихор мекунаду кибр меварзад? Магар намедонад, ки зебоӣ ва қудрат аз  байн рафтанӣ ҳастанд ва хурдтарин касолат ва ҳодисае метавонад онҳоро аз байн бибарад? Оё ҳар рӯзе, ки аз умраш сипарӣ мешавад ба сӯйи пирӣ ва нотавонӣ қадам барнамедорад ва мурури айём ӯро дар сафи нотавонон ва кӯфташудагон қарор намедиҳад? Ва агар ба сарвату мол мағрур аст ва фахр мефурӯшад, магар намедонад марг байни фақиру ғанӣ фарқ намегузорад? Ва инсон маҷбуран тамоми сарвати худро барои дигарон боқӣ мегузорад? Ба ҳамин хотир аст, ки Қуръон моро аз кибру фахрфурӯшӣ бозмедорад ва мефармояд: «Дар рӯйи замин мутакаббирона ва  мағрурона роҳ нарав, чаро ки ту наметавонӣ заминро бишикофӣ ва наметавонӣ бо барафроштани сару гардан ба баландии кӯҳҳо бирасӣ» (Исро, 37).
Яъне, шумо мавҷуди заифу нотавоне ҳастед ва Худованд махлуқоти бисёр қавитару нерӯмандтар ва боазаматтар аз шуморо дорад, монанди замину кӯҳҳо, ки сарафкандаю таслими амри Худо ҳастанд, пас аз ғурур бипарҳезед. Худованд дар бораи наҳй аз  такаббур мефармояд: «Бо такаббур ва беэътиноӣ аз мардум рӯй нагардон ва мағрурона бар замин роҳ нарав, зеро ки Худованд ҳеҷ мағруру мутакаббиреро дӯст намедорад» (Луқмон, 18).
Яъне, ба ҳангоми сухан гуфтан бо дигарон ба унвони ғуруру такаббур ва дастикам гирифтани онон аз эшон рӯй нагардон. Ин аст такаббуре, ки мӯҷиби хашми илоҳӣ аст, зеро ҷузъи сифоти нописанде аст, ки ҷомеаро ба фасод мекашонад ва буғзу адоватро дар он густариш медиҳад. Шоиста аст, ки роҳбарони мазҳабӣ, мураббиёни динӣ ва муслиҳони иҷтимоӣ бо ин сафати мазмум ба мубориза бархезанд, то ҷомеа аз шарри он пок шавад ва муҳаббату дӯстӣ, ки асоси ҷомеаи хушбахт аст, ҷойи онро бигирад.

ШАРОБ ВА ҚИМОР
Худованди мутаол дар бораи  таҳрими шаробу қимор мефармояд: «Эй мӯъминон! Майхорагию қимор ва бутҳое, ки барои онҳо ибодат мекунед ва тирҳое, ки барои бахтозмоӣ ба кор мебаред, ҳама ва ҳама аз лиҳози маънавӣ палиданд ва аз амали шайтон мебошанд. Пас аз ин корҳои палид дурӣ кунед, то растагор шавед! Шайтон мехоҳад аз тариқи майхорагӣ ва қимор дар миёни шумо кинатӯзӣ ва душманӣ эҷод кунад ва шуморо аз ёди Худо ва хондани намоз боздорад, пас оё (аз онҳо) дастбардор мешавед? Ва ба ин амали зишт хотима медиҳед?» (Моида, 90-91).
Ин ду ояти шарифа муштамил бар чанд панду андарз мебошанд:
Аввал, Худованд майхорагию қиморро ба унвони ду амали наҳсу палид номгузорӣ карда ва ононро ношӣ аз амали шайтон муаррифӣ намудааст. Калимаи риҷс далолат мекунад, ки ин ду амал дар ниҳояти қубҳу нопокӣ қарор доранд, зеро ки маншаи шарру фасоди фарду иҷтимоъ ҳастанд.
Дувум, Худованд дурӣ аз ин аъмоли зиштро боиси наҷоту пирӯзии дунёӣ қарор додааст ва наздикӣ ба онҳоро боиси хусрону зиёни дунё ва охират муаррифӣ кардааст.
Севум, Худованд майхорагию қиморро маншаи адовату кина ва ихтилоф, ки аз мафосиди ҷомеа ҳастанд, ба ҳисоб овардааст.
Чаҳорум, майхоригию қиморро монеи зикри Худо ва намоз, ки асосу пояи дин мебошанд, қарор додааст.
Инак, дар бораи зиён ва мазарроти майхоригию қимор ба сурати ҷудогона мепардозем:
Зарарҳои майхорагӣ. Зарару зиёни майхорагӣ ба андозае фаровон аст, ки қобили тасаввур нест. Майхорагӣ боиси заиф шудани садои виҷдон ва поймол шудани ҳаёю шарм мешавад ва барои ҷомеаи инсонӣ ҳеҷ балое бадтар аз  заиф шудани садои виҷдон дар афрод ва набудани ҳаёю шарм дар онон нест. Зеро бевиҷдонӣ ва беҳаёӣ шаробхорро ба тарки фазоили  ахлоқӣ ва анҷоми ҳар кори қабеҳу нописанде водор месозад. Аксари корҳои нописанд монанди зино ва хиёнатҳои номусӣ дар асари майхорагӣ воқеъ мешаванд, ки боиси вайрон шудани хонаводаҳо ва пушаймонии амиқ ва ҷуброннопазире мегардад. Дар таҷриба собит шудааст, ки аксари ҳаводиси хатарнок ва ҷароими асафбор дар майхонаҳою маҷолиси шаробхорӣ ба вуқӯъ мепайвандад.
Иддае барои тавҷеҳи аъмоли нописанди худ мегӯянд: «Дар ҳоле ки нороҳатиҳои рӯҳӣ рӯз ба рӯз афзоиш меёбад ва гирифториҳои фаровон ҳуҷум меоварад, барои фаромӯш кардани онҳо ба ҷуз майхорагӣ чӣ кунем?»
Дар ҷавоби эшон мегӯем, ки гирифторию нороҳатии рӯҳӣ бо майхорагӣ бартараф намешавад, балки ин бедории виҷдон, шарофату маънавият, тақвияти ахлоқи ҳасана ва тарбияи дурусти мардум бар бурдборию сабру шикебоӣ ва таваккул ба Худост, ки аз нороҳатиҳои рӯҳӣ мекоҳад ва инсонҳои собиту пойдорро ба вуҷуд меоварад, ки монанди кӯҳ дар муқобили ҳеҷ боду тӯфоне сари иззату шарофатро хам наменамояд. Аммо вақте инсон нороҳат шуд ва барои таскини он ба қадаҳу паймонаи шароб паноҳ бурд, бо ин кор садои виҷдони худро заиф месозад ва ба гумони худ даворо ба кор мебарад, вале ин даво аз дардаш зиёновартар аст, зеро баъд аз байн рафтани асари шароб нороҳатии ӯ ҳанӯз ба ҷойи худ боқӣ аст ва илова бар он шаробхорӣ сабру бурдборӣ ва тасмиму иродаи ӯро заиф карда, қудрати муқовимат дар муқобили мушкилотро аз ӯ салб намудааст ва ин амр ба тадриҷ ӯро дучори нороҳатии аъсоб ва ё доимулхамрӣ менамояд. Дар натиҷа шахси майхора ба худкушии тадриҷӣ иқдом менамояд ва тамоми истеъдодҳои фитрию ақлии худро аз даст медиҳад. Илова бар ин, майхорагӣ зарарҳои ҷисмии фаровоне ба ҳамроҳ дорад, ки дар фасли беҳдошти ин китоб ба тафсил дар бораи он баҳс хоҳем кард. Аммо дар бораи зарару зиёнҳои иҷтимоии майхорагӣ  бояд бигӯем, ки шароб боиси эҷоди адовату кина дар байни дӯсту бегона мебошад, зеро шароб мастӣ меоварад ва ақлеро аз байн мебарад, ки омили ташхиси хубиҳо ва бадиҳо ва корҳо ва суханони зишту зебо аст. Ақл аст, ки инсонро аз корҳои баду нописанд бозмедорад ва аз адовату ихтилоф ҷилавгирӣ мекунад.
Аз тарафи дигар, майхорагӣ инсонро аз ёду зикри Худо ва аз намоз боз медорад, чун инсони маст ақлу ҳуши лозимро надорад, то ба фикри Парвардигораш бошад ва неъматҳои ӯро сипос гӯяд ва ӯро парастиш намояд, зеро асоси ибодат бар ақл аст. Барои ҳамин Ислом ба шиддат шаробро ҳаром карда ва муҷозоти сахттареро нисбат ба дигар динҳое, ки шаробро таҳрим накардаанд ва ё муҷозотеро барои майхорагӣ қоил нашудаанд, дар назар гирифтааст.  Аввалин вазифаи ҳар дине даъвати мардум ба ибодат ва парастиши Офаридгор мебошад. Вақте инсон масту лояъқил бошад, ибодате дар байн нест. Бинобар ин, таҳрими шароб дар Ислом ба иллати  зарарҳое, ки дар бар дорад, яке аз ифтихороти он аст ва бузургтарин далел бар ин аст, ки Ислом дини маънавӣ ва рӯҳӣ аст ва дастуроту қавонинаш бар асоси тақвият, тарбият ва таҳзибу тазкияи нафс қарор дорад ва онро аз шарру фасод маҳфуз месозад.
Зарарҳои қимор. Аввалин зиёне, ки аз қимор мутаваҷҷеҳи фард ва иҷтимоъ мешавад, зиёни молӣ ва иқтисодӣ аст, ки қиморбозонро ба рӯзи сиёҳ мекашонад, ки мо дар фасли иқтисодии ин китоб ба тафсил дар бораи он сухан хоҳем гуфт ва дар бораи адовату душмание, ки қимор дар байни афроди ҷомеа ба вуҷуд меоварад, баҳс мекунем. Бояд бидонем, ки нафъу барандагии ҳар қиморбозе ба зиёну бозандагии қиморбози дигар тамом мешавад ва тарафи баранда бе ҳеҷ ҳақ ва қонуни ақлию шаръӣ сарвату моли бозандаро ғасб менамояд, ки ин амр дар байни тарафайн – баранда ва бозанда эҷоди кинаю буғз ба вуҷуд меоварад ва ҳар андоза суд ва нафъи баранда бештар бошад, зиёни бозанда бештар мешавад ва кинаю душманӣ дар байни онон бештар мегардад ва барандае, ки дар чанд лаҳза тамоми сарват ва дороии бозандаро бидуни ҳаққу заҳмате ғасб менамояд ва натиҷаи тамоми фаъолиятҳои ҷисмию фикрии ӯро мерабояд, чӣ душмане аз ин инсони золиму ғосиб душмантар ва бераҳмтар мебошад? Аз ин рӯ, бозанда ҳамеша дар садади интиқоми  тарафи баранда аст. Гоҳо бозандае, ки амволашро аз даст медиҳад, контроли аъсоб аз дасташ хориҷ мешавад ва даст ба худкушӣ мезанад. Инҳо масоиле мебошанд, ки ҳар рӯз ба таври осафноке дар ҷомеа мушоҳида мешаванд. Қимор ҳам монанди майхорагӣ инсонро аз зикру намоз боз медорад ва шахси қиморбоз тамоми эҳтимом ва нерӯи худро мутаваҷҷеҳи бозӣ манамояд, ки ба нафъ ва баҳраи он умедвор ва аз хисорату зиён ва бохти он бимнок аст ва тамоми вақти худро сарфи он мекунаду Парвардигорашро фаромӯш месозад ва аз намозе, ки боиси парвариш ва покии рӯҳ аст, ғофил мешавад. Ба ростӣ, ҳеҷ коре ба андозаи қимор инсонро ба худ машғул намекунад ва ӯро аз ҳама корҳо боз намедорад. Ба хотири ин аст, ки Қуръони карим дақиқан ба ин зиёнҳо ишора карда, нуқоти ҳассос ва хатарноки онро муайян намудааст.
Ҳаром сохтани қимор аз тарафи Қуръон далели равшане аст бар ин ки  Ислом дине аст рӯҳию маънавӣ ва ҳар чизе, ки барои инсон зараровар бошад ва ӯро аз ибодати Парвардигораш боз дорад, ҳаром кардааст.

ДУРӮҒ ВА НИШОНАҲОИ ОН
Сарчашмаи тамоми нопокиҳо ва сифоти разила дурӯғгӯӣ аст. Дурӯғгӯӣ асоси ҷомеаро мутазалзил месозад ва онро дучори беназмӣ ва ихтилол месозад. Дурӯғ инсонро дар назари мардум беарзиш менамояд, ба тавре ки касе ба суханонаш бовар надорад ва гуфтаҳояш мавриди эътимоди мардум нест. Аксари мардуми ҷомеа дар шуғлу ҳирфаи худ ва ҳамчунин дар муомилоти зиндагии рӯзона ва хариду фурӯш ниёз ба эътимоди мардум доранд, дурӯғ ин эътимодро аз байн мебарад. Ба ҳамин хотир аст, ки Худованд дурӯғгӯёнро ҷузъи гумроҳон қарор дода ва мефармояд: «Худованд дурӯғгӯи куфрпешаро ҳаргиз раҳнамоӣ намекунад» (Зумар, 3).
«Яқинан, Худованд касеро ҳидоят намедиҳад, ки таҷовузкору дурӯғпардоз бошад» (Ғофир, 28).
Худованд дурӯғгӯёнро ба азоби алиме дар рӯзи қиёмат таҳдид мекунад ва мефармояд:
 ﴿وَلَا تَقُولُواْ لِمَا تَصِفُ أَلۡسِنَتُكُمُ ٱلۡكَذِبَ هَٰذَا حَلَٰلٞ وَهَٰذَا حَرَامٞ لِّتَفۡتَرُواْ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَۚ إِنَّ ٱلَّذِينَ يَفۡتَرُونَ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَ لَا يُفۡلِحُونَ ١١٦ مَتَٰعٞ قَلِيلٞ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ ١١٧﴾ [النحل: ١١٦،  ١١٧]
«(Худованд  ҳалолу харомро бароятон мушаххас кардааст) ва ба хотири чизе ки танҳо аз мағзи шумо таровиш карда ва бар забонатон ҷорӣ аст, ба дурӯғ нагӯед: «Ин ҳалол аст ва он ҳаром ва дар натиҷа бар Худо дурӯғ бибандед. Касоне, ки бар Худо дурӯғ мебанданд, растагор намешаванд (судҷӯию баҳрамандии эшон аз дунё ночиз аст ва тамоми  неъматҳои ҷаҳон нисбат ба он чи дар охират аст), колои каму беарзиш аст ва азоби дардноке доранд» (Наҳл, 116-117).
Дурӯғ сифате аст бисёр зишту нописандида,  магар ин ки ба хотири эҷоди сулҳу сафо дар байни мардум ва аз байн бурдани адовату душманӣ дар миёни онон бошад ва дар ин маврид Пайғамбар (с) мефармояд: «Дурӯғгӯ касе нест, ки дар байни мардум сулҳ эҷод мекунад ва ба хотири  сулҳ суханони хубро дар байни тарафайн мегӯяд ва ба маслиҳати сулҳ   ва ҷилавгирӣ аз фитна дурӯғ мегӯяд» (Ба ривояти Бухорӣ).
Хиёнат. Яке аз бадтарин  ақсоми дурӯғ, ки зиёни он мутаваҷҷеҳи дигар афроди ҷомеа аст, хиёнат мебошад. Ҳар гоҳ дар байни қавму миллате хиёнат густариш пайдо намуд, саранҷоми он бадбахтию саргаштагӣ ва нобудӣ аст. Барои ҳамин, Худованд мӯъминонро аз хиёнат наҳй мекунад ва мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَخُونُواْ ٱللَّهَ وَٱلرَّسُولَ وَتَخُونُوٓاْ أَمَٰنَٰتِكُمۡ وَأَنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ٢٧﴾ [الانفال: ٢٧]
«Эй мӯъминон,  ба Худо ва пайғамбар хиёнат накунед ва дар амонатҳои худ низ огоҳона хиёнат раво надоред» (Анфол, 27).
Худованд эълом медорад, ки хиёнаткоронро дӯст намедорад ва мефармояд: «Худованд хиёнаткорони гуноҳпешаро дӯст намедорад» (Нисо, 107).
Бар касоне, ки мехоҳанд ҷомеаи поку солиме ба вуҷуд биоваранд, воҷиб аст бо тамоми қудрат бо ин сифати зишт ба мубориза бархезанд, то оромишу эътимодро дар зиндагӣ ба вуҷуд биоваранд.
Хилофи ваъда. Хилофи ваъда ҳам яке дигар аз  ақсоми дурӯғҳои зишт аст ва ин сифати нописанд нишондиҳандаи  заъфи шахсияти касе аст, ки ба хилофи ваъда дӯстию муҳаббати мавҷуд дар байн афродро  маҳв мекунад, зиён ва зарарҳои фаровонеро ба бор меоварад, вақти мардумро ба ноҳақ зоеъ мегардонад ва ба дурӯғ дигаронро умедвор менамояд, вале саранҷом саргардонашон месозад ва...
Барои ҳамин, Пайғамбар (с) хилофи ваъдаро аз  сифоти мунофиқон ба ҳисоб меоварад ва мефармояд: «Нишонаи мунофиқ се сифат аст: ба ҳангоми сухан дурӯғ мегӯяд, агар ваъда дод, хилоф мекунад ва агар амин қарор дода шуд, хиёнат мекунад» (Бухорӣ ва Муслим)
 Шаҳодати дурӯғ. Шаҳодати дурӯғ  ва ноҳақ яке аз дурӯғҳои бисёр хатарнок аст, ҷомеаро ба фасод мекашонад ва зиёнҳои фаровонеро   мутаваҷҷеҳи иддае  мекунад ва  иддаи дигареро ба ноҳақ баҳраманд месозад. Барои ҳамин Ислом зиёну шар ва фасоду шаҳодати дурӯғро ҳамрадифи ширк қарор дода, мефармояд: “Аз палидҳо, яъне  бутҳо дурӣ кунед ва аз тӯҳмату дурӯғ ва шаҳодати дурӯғин бипарҳезед”.  (Ҳаҷ, 30).
Худованди мутаол дӯстони муқарраби боргоҳашро ба ростгӯӣ ва надодани гувоҳӣ ба шаҳодати дурӯғ таъриф мекунад ва мефармояд: «Мӯъминону дӯстони Худо касоне ҳастанд, ки бар дурӯғин шаҳодат намедиҳанд» (Фурқон, 72).
Бӯҳтон. Ин аз сифатҳои бисёр зиште аст, ки ағлаб боиси нобудии обрӯ ва шахсияти инсонҳои бегуноҳ мешавад ва бӯҳтонкунанда бо тӯҳмату бӯҳтони ноҳақ ҳайсияти дигаронро поймол месозад. Барои ҳамин, Худованд мӯъминонро аз он барҳазар медорад ва мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, агар шахси фосиқе хабареро ба шумо расонид, дар бораи он таҳқиқ кунед, мабодо ба гурӯҳе бидуни огоҳӣ осеб бирасонед ва аз кардаи худ пушаймон шавед» (Ҳуҷурот, 6).
Суханчинӣ ва наммомӣ. Наммомию суханчинӣ дурӯғи бисёр зишт ва қабеҳу нописанд аст. Шахси суханчину наммом инсоне аст пасту заифулнафс ва бемору беарзиш, ки аз  ихтилофу адовати одамон ҳам лаззат мебарад ва чашми дидани дӯстию муҳаббати дигарон бо ҳамро надорад. Беҳтарин роҳи мубориза бо одами наммому суханчин ин аст, ки ба суханони ӯ таваҷҷӯҳ нашавад. Барои ҳамин, Худованд ба мо дастур дода, мефармояд: “Аз фурӯмояе, ки бисёр савганд мехӯрад ва (аз) бисёр айбҷӯе, ки доимо суханчинӣ мекунад, пайравӣ накун”. (Қалам, 10-19).
Наммом касе аст, ки сухани  бади якеро ба дигаре мебарад ва байни онон ихтилофу душманӣ ба вуҷуд меоварад. Аз ин рӯ, Худованд дастур додааст, то аз тасдиқи ӯ парҳез намоем.

ТАҲҚИР ВА НОЧИЗ ШУМУРДАНИ ДИГАРОН
Яке аз дастуроти Қуръонн карим эҳтиром ва ҳифзи шахсияти дигарон аст, то иттиҳоду бародарӣ ва муҳаббат дар байни афроди ҷомеа маҳфуз бимонад ва тафриқаю душманӣ аз байн биравад. Худованд дар ин бора мефармояд: «Эй касоне, ки  имон доред, набояд гурӯҳе аз мардони шумо гурӯҳи дигарро истеҳзо ва масхара кунанд, шояд онон, ки масхара мешаванд, беҳтар аз масхаракунандагон бошанд ва набояд иддае аз занон занони дигаро масхара ва истеҳзо намоянд, чӣ басо онон аз инон хубтар бошанд ва ҳамдигарро таъна назанед ва мавриди айбҷӯӣ қарор надиҳед ва ҳамдигарро бо лақабҳои зишту нописанд нахонед ва номгузорӣ накунед. Барои мусулмонон чӣ бад аст баъд аз имон  овардан суханони зишту гуноҳолуд бар забон рондан. Касоне, ки даст бар надоранд ва тавба накунанд, ба ростӣ, эшон, ситамгаранд» (Ҳуҷурот, 11).
 Дар ин ояти шарифа Худованд ба мӯъминон дастур медиҳад, ки ба дигарон эҳтиром бигузоранд ва шахсияту шарофат ва хушномии ононро маҳфуз нигаҳ доранд ва набояд ҳеҷ фарде чи мард ва чи зан, мавриди истеҳзо ва тамасхур қарор гираду таҳқир шавад ва набояд ба хотири ин ки касе қиёфаи номураттабе дорад ва ё фақиру тангдаст аст ва ё норасоӣ ва айбе дар аъзои ӯ мушоҳида мегардад, бо калимоту ишора бо дасту забону чашм мавриди беэҳтиромӣ ва истеҳзо воқеъ шавад. Зеро аксари касоне, ки мавриди таҳқир ва тавҳин қарор мегиранд, ба назди Худованд беҳтар аз касоне ҳастанд, ки худро беайб медонанд ва дигаронро таҳқир менамоянд. Ба ин хотир, шахси истеҳзокунанда чун касеро мавриди тамасхур қарор медиҳад, ки Худо аз ӯ розӣ аст, ба худ зулм менамояд ва қаҳру ғазаби Худоро мутаваҷҷеҳи худ месозад. Илова бар ин, касе ки мавриди истеҳзои шахсе қарор мегирад, сокит наменишинад, балки водор мешавад айбу эродҳои ӯро ҷустуҷӯ намояд ва онро дар байни мардум шоеъ кунад. Ҳатто агар айбе ҳам надошта бошад, шоеаҳо дуруст кунад ва ба наҳве онро баён намояд, ки мардум онро  бовар кунанд. Ва аз ин ҷиҳат ҳам шахси истеҳзокунанда ба нафси худ зулм мекунад.
Бинобар ин, бояд яқин дошта бошем, ки таҳқиру беэҳтиромӣ ба дигарон боиси эҷоди кинаю адоват дар дилҳо ва аз байн рафтани равобити дӯстона дар байни ашхос мешавад.
Худованди мутаол ба таъкид моро аз айбҷӯӣ ва баёни норасоиҳо ва эродҳои дигарон дар ҳузури онон низ барҳазар медорад ва иҷозат намедиҳад, ки рӯ дар рӯйи афрод шахсияти ононро мавриди таъна қарор диҳем, чаро ки ин амр кинаю адоватро ба бор меоварад. Худованд дар ин оят мӯъминонро ба манзалаи як нафси воҳид қарор медиҳад, ки сазовор нест якдигарро таҳқир кунанд ва ҳар гоҳ касе бародари динии худро таҳқир кунад, монанди он аст, ки нафси худро таҳқир карда бошад ва мефармояд: “Худатонро масхара накунед”.
Ҳамин тавр, Ислом аз додани лақабҳои нописанд ба дигарон наҳй мекунад ва мефармояд: “Ҳамдигарро бо лақаби бад нахонед”.
Фарқ намекунад ин лақаби бад барои худи шахс бошад ё барои падару модар ва ҳамсару дигари наздикони ӯ, зеро ин кор мӯҷиби кинаю адоват мешавад. Сипас Худованд мефармояд, ки таҳқир ва истеҳзо ва лақаби бад додан ба дигарон боиси фисқ ва хуруҷ аз  итоату амри Худованд аст. Сазовори ҳеҷ мусулмоне нест, ки коре кунад, ки фосиқ шавад ва ба ӯ гуфта шавад: фосиқ дар ҳоле ки имон овардааст. Ба ростӣ, касоне ки аз ин корҳои зишт ва гуноҳону сифоти нописанд дурӣ намеҷӯянд, ба нафси худ зулм мекунанд, чаро ки худро дар маърази ғазаби илоҳӣ қарор медиҳанд.

СӮЙИЗАНН (БАДГУМОНӢ) ВА ҶОСУСИЮ ҒАЙБАТ
Худованди мутаол мардумро ба эҳтиром гузоридан ба ҳамдигар даъват менамояд ва ононро аз сӯйизанн нисбат ба ҳам ва ҷосусию пайдо кардани айби дигарон ва ғайбати онон барҳазар медорад ва мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, аз бисёре аз гумонҳо бипарҳезед, зеро баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст ва ҷосусию пардадарӣ накунед ва яке аз шумо аз дигаре ғайбат нанамояд ва оё ҳеҷ як аз шумо дӯст медорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад? Бегумон, ҳамаи шумо аз мурдахорӣ бадатон меояд. Пас аз Худованд  тақво дошта бошед ва аз азобаш битарсед. Ба ростӣ, Худованд бас тавбапизир ва меҳрубон аст» (Ҳуҷурот, 12).
Худованди мутаол дар ин ояти шарифа мӯъминоро аз доштани сӯйизанн (гумонҳои бад) нисбат ба ҳам барҳазар медорад, зеро ин амр боиси таҳқири онон мешавад. Ба ин хотир аст, ки мефармояд баъзе аз бадгумониҳо гуноҳ аст. Албатта, вақте бадгумонӣ гуноҳ аст ки ба шахси мӯъмин ва мавриди эътимод гумони бад бурда шавад. Аммо касоне, ки ба доштани фасоди ахлоқ маъруфанд ва ба корҳои нописанд даст мезананд, бадгумонӣ дар ҳаққи эшон гуноҳ нест. Ба ин ҷиҳат аст, ки Қуръон мефармояд: баъзе бадгумонӣ гуноҳ аст, яъне баъзе аз будгумонӣ  гуноҳ нест.
Баъд Худованди мутаол аз ҷосусӣ ва пардадарӣ наҳй мекунад ва мефармояд: Набояд бар зидди инсонҳои мӯъмину дурусткор ҷосусӣ кунед, айбҳои пӯшидаи ононро фош намоед, ки ин амр мӯҷиби кинаву адоват ва душманӣ дар байни  афроди ҷомеа мегардад. Аммо афроде, ки давлати машрӯъ ва исломӣ ононро таъйин менамояд, то бар авзоъ ва аҳволи касоне  мусаллат бошанд, ки дар  садади эҷоди фитнаю фасод ва аз байн бурдани  ҳукумат ҳастанд, машмули ин оят намешаванд, чаро ки наҳйи фавқ тамоми корҳоеро дар назар гирифтааст, ки мӯҷиби душманӣ ва ихтилоф дар байни мардум мешавад.
Сипас, Қуръон аз ғайбат наҳй менамояд ва бар мӯъминон воҷиб мегардонад, ки аз ғайбат дурӣ ҷӯянд. Гуфтани ҳар чизе дар ғайби бародари динӣ, ки боиси озурдагии хотири ӯ бошад, ғайбат маҳсуб мешавад, хоҳ ин гуфта ба сароҳат ё ба тариқи киноя ва рамзу ишора бошад, фарқе намекунад. Боз фарқ намекунад, ки ғайбат марбут ба умури корҳои динӣ ё дунёӣ ё ахлоқ ва ё қиёфаи шахс бошад, зеро ин амр боиси эҷоди душманию адоват дар байни одамон мегардад. Ислом бо ҷумлае тунд аз ғайбат наҳй мекунад ва ҳатто ғайбаткунандаро ба касе ташбеҳ намудааст, ки гӯшти бародари мурдаи худро мехӯрад ва мегӯяд: Магар шумо дӯст медоред, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯред? Яқинан, дӯст намедоред, бинобар ин, аз ғайбати бародарони динии худ даст бардоред. Аммо ғайбати касоне, ки ошкор даст ба гуноҳ мезананд ва ба ҷойҳои машкук ва бадном омадурафт доранд, агар ин омадурафташон ба хотири дур намудани эшон аз фасод бошад, монее надорад. Он гоҳ Худованд оятро бо даъвати мардум ба тақвою парҳезкорӣ ба поён мерасонад, зеро тавбаи касонеро, ки аз гуноҳ парҳез мекунанд, мепазирад.

ЗИНО
Зино коре аст бисёр зишту қабеҳ аст, ки итминону оромиши рӯҳиро, ки инсонҳои покдоман аз он баҳраманд ҳастанд, аз афроди зинокор мегирад ва ононро дучори нигаронию изтироб месозад. Дар ҳоле ки иффату покдоманӣ мӯҷиби саломатии ҷисмӣ ва рӯҳӣ ва эътимоду итминони қалбӣ аст, зино нигаронӣ, эҳсоси нопокӣ ва гуноҳ ба бор меоварад. Шахсе, ки домани худро ба ин гуноҳи бузург олуда карда бошад, зимни ин ки эҳсоси шармандагӣ ва пушаймонии фаровон мекунад, дар мақоми тавба ва дархости иҷрои аҳкоми уқубати исломӣ алайҳи худ чунин мегӯяд: одами зинокор парешону нигарон ва дилвопас аст ва ба таъбири Қуръон: “Аз ҳар садое такон мехӯранд ва онро алайҳи худ медонанд” ва ҳар нигоҳе қалби ононро такон медиҳад.
Зинокор аз роҳи машрӯъ ва саҳеҳи издивоҷ мунҳариф мешавад ва ба қимати обрӯрезии дигарон ва бидуни ҳеҷ гуна гузашту фидокорӣ ва эҳсоси масъулият дар муқобили зану бача ва таъмини зиндагии онон ба лаззатҷӯӣ ва ҳавасбозии худ мепардозад, дар ҳоле ки издивоҷ роҳе аст дурусту қонунӣ ва фитрӣ ва мувофиқ бо сиришти инсон ва инсонро мулзам месозад, то қисмате аз зиндагии худро на дар роҳи дигарон, балки зану фарзанду тарбияи ахлоқии онон талош кунад, то ба сурати афроди дурусткору муфиди ҷомеа дароянд ва ин фидокорӣ лаззате аст рӯҳӣ, ки ҳар инсони покдомане мехоҳад издивоҷ кунад, онро эҳсос менамояд ва ба он шоду умедвор аст.
Зино монанди сели вайронгар тамоми одобу ахлоқ ва  фазоилро нобуд месозад ва ҳар нуру рӯшноиеро, ки аз сифоти писандида дар даруни инсон аст, хомӯшу торик менамояд, раҳму отифа ва каромату шарофатро нобуд мекунад ва аз натоиҷи шум ва бисёр асафнок ва хатарнок – ба дур андохтани навзодони номашрӯъ дар кӯчаҳо ва паскӯчаҳо аст, ки ё мемиранд ва ё ба сурати сарбории ҷомеа дармеоянд. Ҳамеша эҳсоси нороҳатӣ бар ин афрод мусаллат аст ва нисбат ба зиндагӣ бадбину хашмгин ҳастанд, ки чаро аз зиндагии ором ва меҳру муҳаббати падару модар маҳрум гаштаанд ва бидуни доштани ғамхору хонаводае дар саҳнаи вуҷуд раҳо шудаанд ва дилсӯзе надоранд.
Издивоҷ як робитаи саҳеҳи инсонӣ аст, ки байни зану шавҳар меҳру муҳаббат ва гузашту фидокориро ба вуҷуд меоварад ва он дуро ба сурати як нафси воҳид дармеоварад. Барои ин аст, ки ба ҳар як зану шавҳар завҷ гуфта мешаванд, яъне зану мард баъд аз издивоҷ ҳар як ба сурати ду нафар дармеоянд, дар ин бора Худованд мефармояд: «Худованд дар байни шумо (занону шавҳарон) меҳру муҳаббат ва ишқу алоқа қарор додааст» (Рум, 21).
Ин дар ҳоле аст, ки зино танҳо барои лаззатҷӯии ҳайвонии зудгузар ва нафъи шахсӣ устувор аст ва ҳеҷ масъулияту алоқаеро ба вуҷуд намеоварад ва аксари вақт боиси душманӣ, хунрезӣ ва обрӯрезӣ мегардад. Ба илова, зану марди зинокор  ҳатто дар назари ҳамдигар ҳам пасту разил ва ҷинояткор ҳастанд. Ба ин ҷиҳат аст, ки Ислом шадидан ба мубориза бо зино бархоста ва онро таҳрим намуда, таъкид дорад, ки он коре аст бисёр қабеҳ ва бояд ҳама аз он дурӣ кунанд. Худованд мефармояд:
﴿وَلَا تَقۡرَبُواْ ٱلزِّنَىٰٓۖ إِنَّهُۥ كَانَ فَٰحِشَةٗ وَسَآءَ سَبِيلٗا ٣٢﴾ [الاسراء: ٣٢]
«Набояд ба зино наздик шавед ва даст ба корҳое бизанед, ки инсонро ба зино мекашонад, зеро зино коре аст бас қабеҳу ҳаром ва нописанд ва роҳе аст бисёр бад ва инҳирофӣ» (Исро, 32).
Яке аз фалсафаҳои олии Ислом ин аст, ки муҷозоти бисёр шадидеро барои зинокор дар назар гирифтааст ва дастур дода, ки касоне ҳанӯз издивоҷ накардаанд ва муртакиби зино мешаванд, сад тозиёна ба онон зада шавад, аммо касоне, ки баъд аз издивоҷ ва истифодаи машрӯъ аз ҳамсарашон  муртакиби зино шаванд,  раҷму сангсор шаванд, чаро ки ахлоқ вақте аз пуштибонии қудрати иҷроии муҷозот бархурдор набошад, ба танҳоӣ одамони фосидро, ки дорои рӯҳи бемор ҳастанд, аз иртикоби ҷиноят боз намедорад ва натиҷаи матлубро намедиҳад, вале пас аз муҷозот ҷинояткоронро аз  иртикоби ҷароим бозмедорад.

ХАШМУ АСАБОНИЯТ
Хашм ҷузъи сифоти нописанд ва зиште аст, ки ҳар гоҳ бар афроди ҷомеа мусаллат гардад ва ҷомеа дучори хушунат шавад, асароти ногувор ва хатарноке дар зиндагӣ ба бор меоварад ва мардум дучори  тафриқаю ихтилоф ва гусехтагии равобит ва набудани меҳру муҳаббат мешаванд. Инсон вақте ба хашм дармеояд, қудрати ташхиси ҳаққу ботилро аз даст медиҳад ва ба сурати ҷонвари даррандаи ваҳшӣ дармеояд, ки намедонад чӣ хоҳад кард. Хаёл мекунад, ки бо асабоният каромату шахсияти худро маҳфуз медорад, вале дар ҳақиқат, ибрози хашм чеҳраи инсони нодон ва хатарнокеро намоён месозад. Бидуни шак, инсони асабонӣ ҳамеша дар зарару зиён қарор дорад, зеро хашм аломат ва нишонаи зулму таҷовуз аст, дар ҳоле ки ҳилму ҳавсала далели ҳушёрӣ ва матонати ақл мебошад. Аз тарафи дигар, одами асабӣ таҳти таъсири фишори шадиди хашм дучори нороҳатиҳои фаровони рӯҳӣ ва ҷисмӣ мегардад. Барои ҳамин, Ислом муттақиёну мӯъминони ворастаро, ки мавриди ризои Худо қарор гирифтаанд, ба таслим нашудан дар баробари хашму ғазаб тавсиф мекунад ва мефармояд: «Мӯъминони ростин касоне ҳастанд, ки хашми худро фурӯ мебаранд ва аз мардум гузашт менамоянд. Чунин ашхосе некӯкоранд ва Худованд некӯкоронро дӯст медорад» (Оли Имрон, 134)..
Ғайз, яъне хашми бисёр шадид ва казинғайз, яъне фурӯ бурдан ва изҳор нанамудани он ва тасаллут бар нафс ва нишон надодании асари он аст. Бояд мутаваҷҷеҳ бошем, ки Қуръон танҳо ба фурӯ бурдани хашм ва тасаллут ба нафс даъват намекунад, балки ба афву гузашт аз одамони мутаҷовиз, ки боиси барангехтани хашм мешаванд, низ таъкид менамояд ва мефармояд зулму таҷовузи ононро бо некӣ ва хубӣ посух гӯед. Ҳангоме ки инсон мебинад ба ҳаққи ӯ таҷовуз шудааст, табиатан хашмгин мешавад. Пас гузашту афв дар чунин ҳоле нишонаи бузургворӣ ва кушодасадрӣ ва ворастагии ахлоқии ӯ аст, ки тавониста беҳтарин роҳро ба ҳангоми ҷӯшиши хашм интихоб  кунад.
Маълум аст, ки ба ҳангоми хашму асабоният қазовати инсон мунсифона нест, чун дар он ҳангом наметавонад ҳақро ташхис диҳад. Аз ин рӯ, ағлаби қазоватҳое, ки дар ҳолати хашм  анҷом мегиранд, аз ҳаққу савоб ба дур ҳастанд. Барои ҳамин, Худованд афву гузаштро ба ҳангоми хашм ҷузъи сифоти мӯъминон қарор медиҳад ва мефармояд: «Мӯъминони воқеӣ касоне ҳастанд, ки агар хашмнок шуданд, (зимоми ихтиёрро аз даст намедиҳанд ва бар нафси худ мусаллат ҳастанд ва даст ба кору сухани нописанд намезананд ва тарафро) мебахшанд» (Шӯро, 37)
Пайғамбар (с) мубориза бо нафс ва тасаллут бар онро ҳангоми хашм нишонаи қаҳрамонӣ ва далерӣ медонад ва мефармояд: «Қаҳрамон касе нест, ки дар гӯштин ва зӯрозмоӣ нерӯманд бошад, балки касе аст, ки ба ҳангоми хашм бар нафси худ тасаллут дошта бошад» (Ба ривояти Муслим)
Бинобар ин, касоне, ки мехоҳанд ба ахлоқу адаби вораста муттасиф шаванд, бояд худро ба бурдборӣ ва сабру таҳаммул ва тасаллут бар нафс одат диҳанд ва тамоми эҳсосотеро, ки инсонро дучори ҳаяҷону хашм менамояд, контрол созанд, мабодо таҳти таъсири онҳо аъмоли нописанде аз онон сар занад, ки мӯҷиби пушаймонӣ шаванд. Вақте инсон чунин тасаллутеро бар нафси худ пайдо кард, худро аз мушкилоти фаровоне нигаҳ медорад.

ҲАСАД
Ҳасад ҳам аз сифоти зишту нописанд ва зараровар мебошад, ки инсонро дучори бадбахтӣ ва зиндагии ноором месозад. Инсони ҳасуд, ки орзуи бадбахтӣ ва нороҳатии дигаронро дорад ва нафси худро бо гирифторӣ ва бадбахтии онҳо шод менамояд, чунин инсоне ба тамоми маъно фитрату сиришти поки худро дигаргун сохта ва роҳи ҳақро гум кардааст. Ба ҷойи ин ки аз хайру хушии дигарон хушҳол бошад, аз онҳо ранҷ мебарад. Бояд мутаваҷҷеҳ бошем, ки дар ин аср ҳасодат нақши хатарнокеро бозӣ менамояд ва аксари  мардум дар доми он гирифторанд. Фуқаро нисбат ба сарватмандон, занон нисбат ба мардон, зиштрӯён нисбат ба хубрӯён ҳасодат меварзанд. Ҳатто баъзе аз миллатҳо ба баъзе дигар ҳасодат доранд ва бадбахтии ононро орзу менамоянд. Инсони ҳасус пасту лаим аст ва аз наммомию суханчинӣ дар байни мардум эҷоди ихтилофу душманӣ дар байни онон лаззат мебарад. Ҳасуд вақте бибинад, ки як нафар муваффақу пирӯз аст, хобаш намебарад. Оташи ҳасодаташ забона мекашад ва ором намегирад. Бинобар ин, шурӯъ ба ҳиллаю дасисачинӣ менамояд, то ӯро аз пой дароварад ва худро дар ҷойи ӯ қарор диҳад ва ӯро дар назари мардум хору беарзиш созад. Одами ҳасуд як варшикастаи рӯҳию ахлоқӣ аст, ки эътимод ба нафсро аз даст додааст. Эҳсоси аҷзу нотавонӣ мекунад ва фикр мекунад, ки қудрат надорад ба орзуҳои худ бирасад. Барои ҳамин, Қуръон аз ҳасодат наҳй мекунад ва мефармояд:
 ﴿وَلَا تَتَمَنَّوۡاْ مَا فَضَّلَ ٱللَّهُ بِهِۦ بَعۡضَكُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖۚ لِّلرِّجَالِ نَصِيبٞ مِّمَّا ٱكۡتَسَبُواْۖ وَلِلنِّسَآءِ نَصِيبٞ مِّمَّا ٱكۡتَسَبۡنَۚ وَسۡ‍َٔلُواْ ٱللَّهَ مِن فَضۡلِهِۦٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٗا ٣٢﴾ [النساء: ٣٢]
«Орзуи чизе накунед, ки Худованд баъзе аз шуморо бо эътои он бар баъзе дигар бартарӣ додааст. Мардон аз он чи ба даст овардаанд, насибе доранд ва занон ҳам аз он чи ба даст меоваранд, насибе доранд ва талаби фазли ӯ кунед» (Нисо, 32).
Худованд инсонҳоро аз орзуи неъматҳое, ки ба дигарон дода шудааст,  барҳазар дошта, фармуда ки набояд бо ҳасодат ба онҳо бинигаред ва заволи онҳоро дар дил орзу намоед. Он гоҳ мефармояд сарвату моле, ки инсон ба даст меоварад натиҷаи талошу заҳмати ӯ аст. Аз ин рӯ, бар мӯъминон лозим аст барои ба даст овардани он ба талошу кӯшиши худ такя кунанд ва истеъдодҳои худро дар роҳи расидан ба орзуҳои худ ба кор гиранд ва аз фазлу карами Худо бихоҳанд, ки ононро дар роҳи расидан ба чизҳое ки аз онҳо маҳруманд, ёрӣ расонад.
Худованд ба мо дастур медиҳад, ки аз шарри одамони ҳасуд ба ӯ паноҳ бибарем ва мефармояд: «Эй Муҳаммад, бигӯ  аз шарри инсони ҳасуд, ки дар ҳоли бакоргирии ҳасодаташ мебошад, ба Парвардигор паноҳ мебарам» (Фалақ, 5).
Одами ҳасуд бисёр бечораю бадбахт аст ва мустаҳиққи кӯмаку муҳаббат аст, то каме аз нороҳатиҳои дарунаш коста шавад. Чи  беҳтар аст, ки мо дар муқобили ҳасодат афву гузашт нишон диҳем ва ононро дар муқобили эҳсосе, ки танҳо худашонро дар азоб қарор медиҳад, афв кунем. Дар ин маврид Худованд ба мо дастур медиҳад ва мефармояд: «Бисёре аз аҳли Китоб ба воситаи рашку ҳасаде, ки дар дарунашон реша давонидааст, орзу доранд агар бишавад шуморо баъд аз пазириши имон боз гардонанд, бо ин ки ҳаққонияти Ислом барояшон  комилан равшан гаштааст. Пас гузашт намоед ва чашмпӯшӣ кунед, то Худованд дастур диҳад, ки дар баробарашон чи коре кунед. Бегумон, Худованд бар ҳама чиз тавоно аст» (Бақара, 109).
Илоҷ ва мудовоти ҳасодат. Роҳҳои гуногуне барои раҳоӣ аз эҳсоси ҳасодат нисбат ба дигарон вуҷуд дорад. Яке аз онҳо ин аст, ки инсон худро ба неъматҳое, ки Худованд дар зиндагӣ ба ӯ бахшидааст, қонеъ кунад ва ба анҷоми воҷиботи худ бипардозад ва ҳаргиз вазъияти худро бо касоне, ки аз ӯ болотар ва соҳиби неъматҳои фаровонтар мебошанд, муқоиса накунад, балки ба касоне, ки аз ӯ фақиртару нороҳаттаранд, бинигарад ва неъматҳоеро, ки Худованд ба ӯ дода, мушоҳида кунад ва Худоро шукр кунад. Пайғамбар (с) дар ин маврид мефармояд: «Ҳар гоҳ яке аз шумо ба касе нигоҳ мекунад, ки аз лиҳози молу қиёфа ва ҷисм аз ӯ бартару болотар аст, бояд ба каси дигаре ҳам нигоҳ кунад, ки аз худаш поёнтар асту аз лиҳози молӣ ва ҷисмӣ аз ӯ камтар мебошад» (Ривояти Бухорӣ).

КОРҲОИ БЕАРЗИШ ВА БЕҲУДА
Барои тараққии рӯҳ ва расидани он ба дараҷоти олӣ ва дарки камолоти маънавӣ ва тавфиқи пирӯзӣ дар зиндагӣ Қуръон инсонро ба дурӣ ҷустан аз корҳои беарзишу ботил ва суханони беҳуда даъват менамояд ва ҳар кору гуфтореро, ки боиси бешахсиятӣ ва костани ҳурмати ӯ мегардад, ба унвони абас ва лағв муаррифӣ намуда, ки бояд аз он дурӣ ҷӯяд. Барои ҳамин, мефармояд: «Мусалламан, мӯъминон пирӯзу растагоранд. Онон касоне ҳастанд, ки дар намозашон хушӯъ ва хузӯъ доранд ва касонеанд ки аз кирдору гуфтори беҳуда рӯ мегардонанд» (Мӯъминун, 1-3).
Қуръони карим ба шеваҳои гуногуне наҳй аз рафтору гуфтори беҳударо такрор карда ва дар васфи бандагони мухлису содиқи худ мефармояд: «Мӯъминон касоне ҳастанд ки ҳар гоҳ чизи беҳудаеро шуниданд, аз он рӯй мегардонанд ва ба он наздик намешаванд ва мегӯянд: «Мо дар муқобили кори худамон масъул ҳастем ва шумо ҳам дар муқобили кори худатон масъул ҳастед. Хайр, мо ҳамнишини инсонҳои нодон намешавем» (Қасас, 55).
Боз дар таърифи мӯъминон мефармояд:
﴿وَٱلَّذِينَ لَا يَشۡهَدُونَ ٱلزُّورَ وَإِذَا مَرُّواْ بِٱللَّغۡوِ مَرُّواْ كِرَامٗا ٧٢﴾ [الفرقان: ٧٢]
«Ва ҳангоме ки корҳои беҳуда ва суханони ёваро бибинанд ва бишинаванд, аз канори онҳо бузургворона мегузаранд ва худро ба онҳо олуда намесозанд» (Фурқон, 72).
Тамоми саргармиҳои беҳудае, ки ҳеҷ фоидае надоранд ва асаре дар тазкияи нафс ва тақвияти шуур дар онҳо мавҷуд нест ва шомили чизҳое ҳастанд, ки шаҳвату ҳавои нафсро тақвият менамоянд ва ахлоқро ба фасод мекашонанд, куллан ҷузъи лағв ва мавриди нафрати илоҳӣ мебошанд.
Яке аз авомили пешрафти миллатҳо рӯй гардонидан аз корҳои беҳудаю беарзиш ва талошу кӯшиши фаровон дар корҳои муфид аст. Баръакс, миллатҳое, ки вақти худро дар корҳои беҳуда ва суханони ёва сарф менамоянд, бадбахту нотавон ва ақибафтода ҳастанд.

ПУРХӮРӢ ВА ИСРОФ
Ҳар гоҳ тамоюлот ва ангезаҳои маънавию рӯҳӣ дар инсон заиф гардид, табиатан тамоюлоти моддию нафсонии ӯ шиддат меёбад, ки ағлаб дар ишқу алоқаи фаровон ба хӯрдану нӯшидан намоён мешаванд. Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки зиёдаравӣ дар хӯрдан боиси тақвияти тамоюлоти ҷинсӣ ва қудрати шаҳвонӣ мешавад ва инсонро ба ҷое мекашонад, ки ҳадаф аз зиндагиро танҳо истифода аз лаззатҳои моддӣ медонад ва нерӯҳои маънавӣ ва сифоти рӯҳии ӯро заифу нотавон месозад, ба тавре ки некӯкорӣ, фидокорӣ ва дурӣ аз ҳавои нафсро фаромӯш мекунад ва худхоҳию сангдилӣ ва айёширо пешаи худ месозад ва ҳамаи инҳо боис мешаванд, ки инсон ба сурати узви фосиди ҷомеа дарояд, ки ҳеҷ фоидае барои тараққӣ ва пешрафти худу хонавода ва  мамлакат нахоҳад дошт. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Қуръони карим андарзу тавсияҳои худро мутаваҷҷеҳи парҳез ва дурӣ аз таслим шудан дар муқобили амали зишти пурхӯрӣ ва исроф дар сарфи ғизо карда ва пурхӯронро ҷузъи касоне ба ҳисоб меоварад, ки мавриди хашму бемуҳаббатии Худованд қарор доранд ва мефармояд:
﴿وَكُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ وَلَا تُسۡرِفُوٓاْۚ إِنَّهُۥ لَا يُحِبُّ ٱلۡمُسۡرِفِينَ ٣١﴾ [الاعراف: ٣١]
«Бихӯред ва бинӯшед, вале исрофу зиёдаравӣ накунед, зеро Худованд мусрифону зиёдаравикунандагонро дӯст намедорад»  (Аъроф, 31).
Пурхӯрӣ ва исроф дар сарфи ғизо инсонро ба гӯлӣ ва кӯрдилӣ мекашонад ва ӯро аз баҳраи ақлу рӯҳ ва истифода аз маънавиёте, ки ниёз ба ақли бартару рӯҳи пок доранд, маҳрум менамояд. Зеро тамоми ҳадафи инсони шикампараст дар зиндагӣ фикр кардан дар бораи ғизо ва истифода аз лаззатҳои зудгузари он аст. Ин амр ӯро аз тазкияи нафс ва дурӣ ҷустан аз  нақоиси рӯҳӣ боз мегардонад, ӯро аз доираи инсоният дур мекунад ва ба сурати ҳайвон дармеоварад. Қуръони карим ин ҳолатро аз сифоти нописанди кофирон дониста, мефармояд: «Касоне, ки кофиранд (чанд рӯзе аз неъматҳои илоҳӣ) лаззат мебаранд ва ҳамчун чаҳорпоёни бехабар аз анҷоми кор мечаранду мехӯранд ва оташи дӯзах ҷойгоҳи эшон аст» (Муҳаммад, 12).
Ин аст тавсияи Қуръон дар мавриди риояи ҳадди васат ва эътидол дар хӯрдану нӯшидан, то ҷанбаи маънавии инсон ҳамеша қавию нерӯманд бошад, зеро Ислом ба тақвияти он аҳамияти фаровон медиҳад ва арзиши зиёде барои он қоил аст.
Ва саллаллоҳу ало саййидино Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин.

 

 

 

 


Китоби «Рӯҳи ислом» асосҳои дини мубини исломро дар партави Қуръону ҳадис ва пажӯҳишҳои илмии нав баён намуда, каломи илоҳӣ будани Қуръони карим ва ҳаққонияти паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с)-ро бо далоили илмӣ бозгӯ менамояд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

РӮҲИ ИСЛОМ (Қисми чаҳорум)

Бор кунед

Дар бораи китоб

Муаллиф :

Afif Abd Al-Fattah Tabarah

Publisher :

www.islamhouse.com

Категория :

Introducing Islam