РӮҲИ ИСЛОМ (Қисми чаҳорум)

Китоби «Рӯҳи ислом» асосҳои дини мубини исломро дар партави Қуръону ҳадис ва пажӯҳишҳои илмии нав баён намуда, каломи илоҳӣ будани Қуръони карим ва ҳаққонияти паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с)-ро бо далоили илмӣ бозгӯ менамояд.

РӮҲИ ИСЛОМ (Қисми панҷум)
(Таҳқиқ ва баррасӣ дар усули Ислом, одоб ва аҳкоми он бо равишу услуби илм ва фалсафа)

روح الدين الإسلامي (القسم الخامس)
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

        
АФИФ АБДУЛФАТТОҲ ТАББОРА
عفيف عبد الفتاح طباره

Абӯбакри Ҳасанзода

Таҳия, тадвин, тахриҷи оёту аҳодис, баргардонӣ бо хатти  кириллӣ ва пешгуфтори
Абдулҳалим  ОРИФӢ
إعداد : عبد الحليم عارفي  

 

Душанбе
«Ирфон»
2011
ББК 86.38+87.717
А-90
Бо ташхиси Кумита оид ба корҳои динӣ назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16.06.2011 таҳти рақами 275 ба чоп пешниҳод шуд.

Аз забони арабӣ тарҷумаи
Абӯбакри Ҳасанзода

Таҳия, тадвин, тахриҷи оёту аҳодис,
баргардонӣ бо хатти  кириллӣ ва пешгуфтори
Абдулҳалим  ОРИФӣ

Муқарриз
академик Мӯсо ДИНОРШОЕВ

Муҳаррирон
Абдушариф БОҚИЗОДА, Сироҷиддин ИКРОМӢ

 

 

 

 

Афиф Абдулфаттоҳ Таббора
А-90     Рӯҳи ислом. –  Душанбе: «Ирфон»,  2011. – 600 саҳ.

Китоби «Рӯҳи ислом» асосҳои дини мубини исломро дар партави Қуръону ҳадис ва пажӯҳишҳои илмии нав баён намуда, каломи илоҳӣ будани Қуръони карим ва ҳаққонияти паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с)-ро бо далоили илмӣ бозгӯ менамояд
Ҳамчунин, эродҳо ва шубҳаҳоеро, ки дар атрофи Ислом ангехта шудаанд, баррасӣ намуда, бо санаду далелҳои илмӣ бутлони онҳоро собит менамояд.
Азбаски китоби мавриди назар бо забони илм ва услуби равон таълиф гардидааст, мутолиаи он барои олимон, муҳаққиқони адён, рӯшанфикрон ва оммаи васеи хонандагон ғановати фар¬ҳангӣ ва дарёфти бесобиқа хоҳад буд.

А    0401000000-013    -2009
    М501 (12) - 2009    

ISBN 978-99947-63-33-7                      ББК 86.38+87.717

© таҳия аз Орифӣ А., 2011

 

 


 

 

 


Ба ифтихори бузургдошти
олими оламшумул, фақеҳи тавоно, нобиғаи замон, пешвои аввалин мазҳаби аҳли суннату ҷамоат Имоми Аъзам Нӯъмон ибни Собит
(раҳматуллоҳи алайҳ)  ба нашр расид

 

 

 

    
 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

1. Қонунгузор танҳо Худост. 2. Ҳукумати исломӣ ҳукумати теократӣ нест. 3. Шӯро, мусовот, адолат, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ва қонунгузории Исломӣ баъзе пояҳое ҳастанд, ки қонуни Ислом бар асоси онҳо устувор мебошад. 4. Қонуни Ислом ҷомеъ (фарогир) ва бо ҳар ҷомеае созгор аст. 5. Хилофат дар Ислом.

Вақте инсон бодиққат қавонини қуръонӣ – низоми ҳукуматӣ, қонуни ҷазоӣ, муомилотӣ, низоми молӣ ва сиёсати хориҷиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад, барояш равшан мегардад, ки Қуръон ба зикри аҳкоми масоили ҷузъӣ, ки бар ҳасби ихтилофи авзоъ ва аҳволу замон ихтилоф пайдо менамояд, таваҷҷӯҳе накардааст, балки танҳо ба баёни усул ва қавоиди куллие иктифо кардааст, ки камтар иттифоқ меафтад миллате бо миллати дигар дар онҳо ихтилоф дошта бошад.
Дар мавриди чигунагии низоми ҳукуматӣ (ки ба чӣ шевае бошад –ҷумҳурӣ ё подшоҳӣ ва ғайра) Қуръон низом ва шакли бахусусеро таъйин накардааст, ки ҳатман лозим бошад ҳукумати исломӣ ба он шакл идора шавад ва мушаххас накардааст, ки фармонравоёни он дорои чӣ гуна танзимоте бошанд, балки усул ва пояҳоеро муайян кардааст, ки лозим аст ба манзури таҳқиқи адолат низоми ҳукумат бар онҳо устувор бошад. Далели эъроз аз баёни аҳкоми ҷузъиёт ва иктифо ба усул ва қавоиди куллӣ дар Қуръон ин аст, ки манофеъ ва масолеҳи мардум бар ҳасби тағйири шароиту авзоъ ва замон тағйир меёбад. Чӣ басо қонуне дар замону шароите муфид ва ба маслиҳат бошад, вале дар замону шароити дигаре зиёновар ва ба дур аз маслиҳат ва ё барои миллате муфид, вале барои миллати дигар зараровар бошад. Агар Худованд барои ҳар чизи ҷузъие ҳукми муайяне содир мекард, мусулмонон дар тангно ва ҳараҷ қарор мегирафтанд, махсусан ҳангоме ки медиданд манофеашон бо таълимоти динӣ дар тазод мебошад. Ба ин хотир, ҳикмат ва машияти Худо иқтизо дошт, то аҳкоми куллӣ, усули асосӣ ва қонунҳои умумие, ки бо ихтилофи замону макон ва шароиту авзоъ тағйир намекунанд, дар Қуръон баён шавад ва тафсилу зикри аҳкоми ҷузъӣ ва фаръиро маскут гузоштааст, то ҳар қавму миллате бар асоси ташхиси маслиҳати худ нисбат ба вазъи онҳо иқдом кунанд, ба шарте ки ин аҳкоми фаръӣ бо қавоиди куллӣ ва усули асосӣ, ки дар Қуръон омадааст, муғоират надошта бошад.

ҚОНУНГУЗОР ТАНҲО ХУДОСТ
Аввалин асосу пояҳое, ки низоми ҳукумат дар Ислом бар он устувор гардидааст, ин аст, ки қонунгузор Зоти Парвардигор аст ва ҳеҷ инсоне дар ҳеҷ мақоме ки бошад, ҳақ надорад усулу қавонинеро вазъ кунад, ки бо усуле Худованд онро вазъ кардааст, муғоир бошад. Аммо дар мавриди масоиле, ки насси шаръие дар бораи онҳо нозил нашудааст, шариати Ислом баёни ҳукми ин гуна масоилро бо уламо ва муҷтаҳидон вогузор намудааст, то бо таваҷҷӯҳ ба қавоиди куллӣ нисбат ба баёни ҳукми онҳо иқдом намоянд.
Далели ин ки қонунгузориӣ хоси Худо аст, ин оят аст, ки мефармояд: «Ҳукм ва фармонравоӣ аз они Худо асту бас, дастур додааст, ки ҷуз ӯро напарастед» (Юсуф, 40).
Ва ҳамчунин хитоб ба Пайғамбар (с) мефармояд: «Мо Қуръонро ба ҳақ бар ту нозил кардаем, то дар байни мардумон тибқи он чи Худованд ба ту нишон додааст, ҳукм ва доварӣ кунӣ» (Нисо, 105).
Худованд ба имондорон дастур медиҳад, то аз шариату қонуни Қуръон пайравӣ кунанд ва ононро аз пайравии чизҳое, ки мухолифи он бошад, барҳазар медорад ва мефармояд:
﴿ٱتَّبِعُواْ مَآ أُنزِلَ إِلَيۡكُم مِّن رَّبِّكُمۡ وَلَا تَتَّبِعُواْ مِن دُونِهِۦٓ أَوۡلِيَآءَۗ قَلِيلٗا مَّا تَذَكَّرُونَ ٣﴾ [الاعراف: ٣]
«Аз чизе пайравӣ кунед, ки аз сӯйи Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст. Ва ҷуз Худо аз авлиё ва сарпарастони дигаре пайравӣ накунед. Камтар панд мегиред» (Аъроф, 3).
Худованди мутаол ба таври қатъӣ хориҷ шудан аз қонуни Қуръонро таҳрим намудааст ва касонеро, ки ба ғайри қонуни Худо амал менамоянд, кофиру золим ва фосиқ ба ҳисоб меоварад ва мефармояд:
﴿وَمَن لَّمۡ يَحۡكُم بِمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡكَٰفِرُونَ ٤٤﴾ [المائ‍دة: ٤٤]
«Ҳар кас бар асоси дастуроте, ки Худованд нозил кардааст, ҳукм накунад, ба таври қатъӣ ӯ ва амсоли ӯ кофиранд» (Моида 44).
﴿وَمَن لَّمۡ يَحۡكُم بِمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلظَّٰلِمُونَ ٤٥﴾ [المائ‍دة: ٤٥]
«Ҳар кас бар асоси дастуроте, ки Худованд нозил кардааст, ҳукм накунад, ба таври қатъӣ ӯ ва амсоли ӯ ситамгоранд» (Моида, 45).
﴿وَمَن لَّمۡ يَحۡكُم بِمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡفَٰسِقُونَ ٤٧﴾ [المائ‍دة: ٤٧]
«Ҳар кас бар асоси дастуроте, ки Худованд нозил кардааст, ҳукм накунад, ба таври қатъӣ ӯ ва амсоли ӯ фосиқ ва хориҷ аз ҷодаи ҳаққанд» (Моида, 47).
Худованди мутаол имонро аз мӯъминон нафӣ мекунад ва ба зоти худ қасам мехӯрад ва мефармояд: «Онон мӯъмин нестанд, то ин ки Расули Худоро дар ихтилофу даргириҳои мавҷуд дар байни худашон ба унвони довар қарор надиҳанд». Худованд танҳо ба довар қарор додани Пайғамбар (с) қаноат намекунад, балки розӣ шудан ба ҳукм ва қазовати Пайғамбар (с) ва таслими қалбӣ дар баробари онро шарти имон қарор дода ва мефармояд: «На, ба Парвардигорат қасам, онон мӯъмин ба шумор намеоянд, то туро дар ин ихтилофу даргириҳои худ ба доварӣ наталабанд ва сипас аз доварии ту дар дил малолу нороҳатӣ надошта бошанд ва комилан таслими қазовати ту бошанд» (Нисо, 65).
Ҳар мусулмоне, ки қонуни ғайри Худо ва Пайғамбарро баргузинад ва онро бар қонуне, ки мавриди писанди Худо ва Пайғамбар аст, тарҷеҳ диҳад, гумроҳу саргашта аст ва мефармояд: «Ҳеҷ марду зани мӯъмине дар коре, ки Худою Пайғамбараш дар он доварӣ карда бошанд, ихтиёре аз худ надоранд, ҳар касе аз дастури Худо ва Пайғамбараш сарпечӣ кунад, гирифтори гумроҳии комилан ошкор мегардад» (Аҳзоб, 36).
Ду натиҷаи бисёр муҳим аз ин амр, ки вазъи ҳукм ва қонун хоси Худо аст, ба даст меояд. Аввал, собит мондани қавонини шаръӣ ва давоми он аст, ки ҳарчанд ҳукмравоён тағйир ёбанд, боз аҳкоми шаръӣ пойдор ва собит мебошанд, вале қавонине, ки ба дасти башар вазъ мегардад, чунин нест, зеро ҳар ҳокиме ба нафъи худ ва дастаю гурӯҳ ва ҳизби худ қавонинеро вазъ менамояд, ки манофеи ононро таъмин мекунад ва агар ба зиёни дигарон ҳам бошад, биломонеъ аст. Ба ин хотир, бо тағйири ҳокимон муқаррароти марбут ба ҳокими қаблӣ низ тағйир меёбад ва ин амр боиси бесуботии қавонин ва беэътимодӣ ба он ва беэътимодӣ ва беэҳтиромӣ ба қонун мегардад.
Дувум, тағйир наёфтани қонуни шаръӣ боиси эҳтирому эътимод ба он мегардад. Вақте инсон фаҳмид қонуне, ки иҷро мешавад, қонуни илоҳӣ аст, итминон дорад, ки ба зиёни дастае ва нафъи дастаи дигаре нест, балки ба маслиҳати фарду ҷомеа аст. Ин эътиқоду эътимод худ боис мешавад, ки аз қавонини илоҳӣ итоат ба амал ояд, чаро ки итоат аз он боиси хушнудии Худо ва сарпечӣ аз он боиси хашми Худованд ва муҷозоти дунёӣ ва динӣ хоҳад шуд. Қуръони карим дар оятҳои зиёде ин хислатро эълом дошта ва онро таъйид кардааст ва арзишу эҳтироми ҳар қонуне дар ҷаҳон бастагӣ ба дараҷаи итоат ва эътимоди мардум нисбат ба он дорад.


ҲУКУМАТИ ИСЛОМӢ ҲУКУМАТИ ТЕОКРАТӢ НЕСТ
Вақте мегӯем ҳукумати исломӣ бар асоси қонун ва шариати илоҳӣ ҷараён дорад, ба ин маъно нест, ки ҳукумати исломӣ як ҳукумати теократӣ аст. Ҳукумати теократӣ, ки маъмулан ба ҳукумат нашъат гирифта аз дин тарҷума мешавад, ҳукумате аст, ки раиси он хоҳ як нафар ё як гурӯҳ бошад, қудрати худро аз ҷониби Худо медонад ва худро намояндаи Худо муаррифӣ мекунад ва ба худ иҷозат медиҳад, ҳар амреро, ки бихоҳад, ҳалол ё ҳаром намояд. Албатта, тарзи тафаккуре, ки ҳукумати теократӣ бар он устувор аст, бисёр муғоир ва мутазод бо усулу қавоид ва асосҳои Ислом ва шариати он мебошад. Ин навъ ҳукумат решааш аз афкори қадима об мехӯрад, ки раҳбарони мазҳабӣ ва подшоҳон дар он даврон иддао мекарданд, ки қудрату раёсати онон аз ҷониби Худо аст ва эшон намояндаи бемунозеи Худо ҳастанд. Ба ин ҷиҳат, ба дилхоҳи худ ҳар қонунеро, ки мехостанд, барои мардум вазъ мекарданд, чаро ки дар таълимоти динии онон ба ҷуз миқдоре андарзи ахлоқӣ чизе ба номи қонун мушоҳида намешуд. Аммо ҳукумати исломӣ дорои аҳком ва қавонине аст, ки Қуръон онҳоро эълом доштааст. Дар ҳукумати исломӣ ҳеҷ кас ҳақ надорад ба баҳонаи доштани раҳбарияти динӣ худсарона ва мустабидона ба иҷрои ҳукм иқдом намояд, балки иҷрои аҳком ва танфизи қонун ба ӯҳдаи миллат аст, на бар фарди махсус. Танҳо тӯдаи мардум аст, ки аз назари Қуръон ба унвони намояндаи Худо шинохта мешаванд ва Қуръон иҷрои қавонини илоҳиро ба ӯҳдаи онон вогузор намудааст ва мефармояд: «Замонеро ба ёд овар, ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт, ки Ман дар замин ҷонишин қарор медиҳам» (Бақара, 30).
Маншаи қудрат миллат аст, на фард, ба ҳамин хотир аст, ки Худованд хитоб ба ҳамаи мусулмонон мефармояд: «Эй мӯъминон дар бораи касоне, ки бо ноҳақ кушта мешаванд, иҷрои қонун, қасос бар ҳамаи шумо фарз шудааст» (Бақара, 178).
Ва мефармояд: «(Эй мӯъминон) дасти марди дузд ва зани дуздро ба кайфари амале, ки анҷом додаанд, қатъ кунед» (Моида, 38).
Ба хотири ин ки миллат иборат аз шумори зиёди одамон аст ва мумкин нест, ки аз ҳамаи онон ба ин таклифу вазифаи худ амал намоянд. Барои ҳамин, Худованд ононро мукаллаф намуда, то касеро ба унвони намояндаи худ интихоб кунанд, ки ба ҷойи эшон вазифаи иҷрои қонун ва шариати илоҳиро анҷом диҳад. Ин гузинишу интихоб аз ҷониби миллат бояд бар асоси ризояти қалбӣ ва риояи маслиҳати умум бошад ва набояд таҳдиду иҷбор ва фиребкорӣ дар он ба кор гирифта шавад. Ҳар гоҳ мардум ба хотири хуш касеро ба унвони роҳбари худ интихоб намуданд, бар эшон воҷиб аст аз ӯ итоат намоянд ва Худованди мутаол ин раҳбаронро улуламр меномад ва мефармояд: «Эй касоне, ки имон доред, (бо пайравӣ аз Қуръон) аз Худо ва (бо тамассук ба суннат) аз Пайғамбар (с) итоат кунед ва аз масъулон ва фармонравоёни мусулмони худ фармонбардорӣ намоед ва агар дар мавзӯе ихтилоф доштед, онро ба Худо (ба василаи арзаи он бар Қуръон) ва ба пайғамбари ӯ (бо руҷӯъ ба суннати набавӣ) баргардонед, агар ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доред, ин кор барои шумо беҳтару хушфарҷомтар аст» (Нисо, 59).
Дар ин оят Худованд мӯъминонро ба итоат аз худ мулзам менамояд ва итоати Худо вақте таҳаққуқ пайдо менамояд, ки ба Қуръон амал шавад ва Қуръон аст, ки шомили амру наҳйи Худованд аст ва амру наҳйи Қуръон аст, ки поя ва асоси аҳком ва қавонини шариати исломиро ташкил медиҳад. Ҳар вақт дар мавриди ҳодисае нассе дар Қуръон вуҷуд дошта бошад, шариати исломӣ ҳаргиз сари мӯе аз он таҷовуз намекунад.
Сипас Худованд ба мӯъминон дастур медиҳад, то аз пайғамбараш Муҳаммади Мустафо, саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи васаллам, пайравӣ ва итоат кунанд, чаро ки Пайғамбар (с)  аст, ки аҳкому мақосиди шаръиро, ки дар оятҳои муҷмали Қуръон нозил шудааст, барои мо баён менамояд. Аз ин рӯ, бояд яқин дошта бошем, ки суннати саҳеҳе, ки ба сурати собит аз Пайғамбар (с) нақл шудааст, баъд аз Қуръон дар мақоми дувум қарор дорад ва асли дуюм барои қонуни Ислом ба шумор меояд.
Баъд аз он Худованд мӯъминонро ба асли сеюмӣ дар ташреъ ва қонунгузории исломӣ иршоду роҳнамоӣ мекунад ва инсонро мулазам ба пайравӣ ва фармонбардорӣ аз он месозад, ҳамон гуна ки мулзам ба итоат аз Худою Пайғамар (с) мебошанд ва ин асл, ки Қуръони карим ба унвони улуламри аз шумо аз он ном мебарад, яъне, масъулони амре, ки аз шумо ҳастанд. Улуламр иборатанд аз аҳли ҳаллу ақд, ки афроди миллат ба онон муроҷиат менамоянд ва назари эшон ба унвони раъй ва назари миллат ба ҳисоб меояд. Шайх Муҳаммад Абду дар тафсири улуламр мегӯяд: “Мақсуд аз улуламр ҷамоати аҳли ҳаллу ақд аз мусулмонон аст, ки иборатанд аз умаро, ҳокимон, уламо, фармондеҳони лашкар ва дигари руасо ва мардони соҳиби нуфуз ва ё шахсияту мақомҳое ҳастанд, ки ба ҳангоми бурузи мушкилот ва эҳтиёҷ ва ё тасмимгирӣ барои маслиҳати умуми мардум ба онҳо муроҷиат менамоянд. Ин гуна афроду шахсиятҳо ҳар гоҳ бар як амр ё як ҳукм иттифоқи назар пайдо карданд, бар мусулмонон воҷиб аст, ки дар ин амр аз эшон итоат кунанд, ба шарти ин ки ин ашхос аз мо мусулмонон бошанд ва бо дастуроти Худо ва суннати мутавотири ҳазрати Расул мухолифат наварзанд ва бе икроҳу иҷбор ва бо озодии комил ба баҳс бипардозанд ва бар як мавзӯъ иттифоқ намоянд ва масъалае, ки ба он иттифоқ ҳосил мешавад, ҷузъи масолеҳи умумӣ ва иҷтимоие бошад, ки ҳақ доранд дар бораи он ба баҳсу баррасӣ бипардозанд ва назари худро дар он ба кор гиранд ва набояд ҷузъи ақоиду ибодатҳо бошад”.
Аҳли ҳаллу ақд ҷамоате ҳастанд шабеҳи маҷлиси Шӯро ё маҷлиси аъло, ки бар масолеҳи миллат назорат доранд ва дар замони сулҳу ҷанг сиёсати миллатро раҳбарӣ менамоянд. Ҳар гоҳ ин ашхоси ботаҷриба ва мавриди эътимод ва мунтахаби воқеӣ бар масъалае тавофуқ карданд ва қонунеро ба тасвиб расонданд, бар миллат воҷиб аст, аз он итоат намоянд ва бар ҳокиму раиси мамлакат ҳам лозим аст онро ба марҳалаи иҷро бароварад ва ҳар гоҳ ҳоким аз иҷрои қонуни ба тасвибрасида худдорӣ кунад, маҷлис ва аҳли ҳаллу ақд ҳақ доранд ӯро азл ва барканор созанд.
Иттифоқи улуламр бар мавзеъе ҳамон аст, ки дар истилоҳи уламои усул онро иҷмоъ мегӯянд. Иҷмоъ сеюмин асл ва рукни асосӣ аз аркони қонугузорӣ дар Ислом аст ва ҳангоме ки насси сареҳе дар Қуръон ва суннат вуҷуд надошта бошад, ба он тавассул ва истинод мегардад.
Ба ҳангоми ихтилофи назар дар байни улуламр ва аҳли ҳаллу ақд Худованд роҳи қатъи низоъ ва мухолифатро мушаххас кардааст, ки муроҷиат ба қавоиди умумии динӣ аст. Бо муроҷиат ба усули куллии дин бояд омилҳо ва шароити мавзӯъро ҷустуҷӯ намуд ва мавзӯъ бар назоир ва ашбоҳи он қиёс шавад. Худованди мутаол ба ин амр дастур медиҳад ва мефармояд:
﴿فَإِن تَنَٰزَعۡتُمۡ فِي شَيۡءٖ فَرُدُّوهُ إِلَى ٱللَّهِ وَٱلرَّسُولِ ٥٩﴾ [النساء : ٥٩]
«Агар дар мавзӯе бо ҳам ихтилоф доштед, онро (бо арза кардан бар) Қуръон ва суннати Пайғамбар (с) ба Худо ва Пайғамбар баргардонед»  (Нисо, 59).
Арза намудан мавзӯи мавриди ихтилоф бар усул ва қавоиди дин ҳамон чизе аст, ки дар истилоҳи уламои усул ба он қиёс гуфта мешавад ва қиёси мавзӯе бар мавзӯи шабеҳ ва назири худ вазифаи улуламр мебошад ва бар онон лозим аст ҷамоате аз уламою донишмандон ва аҳли биниш ва фиқҳро интихоб кунанд, то дар ин маврид ба баҳсу таҳқиқ бипардозанд. Қиёс чаҳорумин рукн аз аркони шариат аст. Ҳангоме насси сареҳе аз Қуръон ва суннати саҳеҳ дар даст набошад ва иҷмои улуламр ҳам имкон надошта бошад, уламо ва фуқаҳо ба қиёси мавзӯъ бар назоири он мутавасил мешаванд. Албатта ин ки мегӯянд: улуламр лозим аст иттифоқ дошта бошанд ва дар сурати бурузи ихтилоф бояд ба қиёс мутавассил шаванд, қиёс ҳангоме аст, ки мавзӯи мавриди назар аз масоили иҷтимоӣ бошад, вале агар мавзӯъ ҷузъи ибодатҳо бошад, бар ҳар муҷтаҳиде лозим аст тибқи назару ташхис ва иҷтиҳоди худ амал намояд ва ҳар мусулмоне ҳақ дорад аз ҳар муҷтаҳиде, ки ба ӯ эътимод ва эътиқод дорад, тақлид ва пайравӣ кунад.
Итоат ва пайравӣ аз ҳоким ва улуламр танҳо дар маҳдудаи дастуроти Худо ва Пайғамбар (с) воҷиб аст. Ҳар ҳокиме, ки тибқи дастуроти Қуръон ва суннати саҳеҳи Пайғамбар (с) дастуре диҳад, итоат аз дастураш воҷиб аст ва сарпечӣ аз он гуноҳ аст, аммо ҳокиме, ки ба хилофи ончи дар Қуръон ва суннат омадааст, дастур диҳад, набояд ба дастураш таваҷҷӯҳ шавад ва набояд аз ӯ итоат намуд ва дар ин маврид Пайғамбар (с) мефармояд: «Ҳар кас, ки ба гуноҳ дастур диҳад, набояд аз ӯ итоат ва фармонбардорӣ шавад, чун итоат танҳо дар кори хайр воҷиб аст» (Бухорӣ ва Муслим)
Ин аст, ки барои огоҳии бештари хонадагони мӯҳтарам баъзе аркон ва усуле, ки ҳукумат ва давлати исломӣ бар онҳо устувор аст, баён менамоем.

1. ШӮРО
Қаблан гуфтем, ки Худованд итоати улуламр (сарону масъулони дараҷаи аввали давлат)-ро дар мавзӯъе, ки ба нафъи умум аст, бар миллат воҷиб кардааст. Худованди мутаол бар манзури ин ки улуламр ва аҳли ҳаллу ақдро аз хатою иштибоҳоте, ки боиси вайронии мамлакат мешавад, маҳфуз нигоҳ дорад, қонунеро барои эшон вазъ кардааст, то бо риояи он аз ин иштибоҳот маҳфуз бимонанд ва ин асосу қонун «Шӯро» ном дорад ва Шӯро дар асри ҳозир маҳкамтарин пояю арконе аст, ки низоми ҳукумати демократӣ бар он устувор аст.
Шӯро яке аз усул ва қавоиди муҳимми шариати Ислом аст. Ба ҳамин хотир аст, ки мебинем яке аз сураҳои Қуръон ба номи сураи «Шӯро» номгузорӣ шудааст. Худованд дар сура мӯъминонеро мавриди таърифу ситоиш қарор додааст, ки шӯроро ба унвони қонун дар зиндагии худ қабул кардаанд ва мефармояд:
 ﴿وَٱلَّذِينَ ٱسۡتَجَابُواْ لِرَبِّهِمۡ وَأَقَامُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَأَمۡرُهُمۡ شُورَىٰ بَيۡنَهُمۡ وَمِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ يُنفِقُونَ ٣٨﴾ [الشورى: ٣٨]
«Мӯъминон касонеанд, ки даъвати Парвардигорашонро посух мегӯянд ва намозро чунон ки бояд, мехонанд ва корашон ба шеваи машварат бо якдигар аст ва аз рӯзие, ки ба эшон додаем, дар роҳи хайр мебахшанд» (Шӯро, 38).
Мулоҳиза фармоед, ки Худованди мутаол риояи низоми Шӯроро дар радифи риояи намозу садақа ва закот қарор додааст, то нишон диҳад ки риояи низоми Шӯро дар байни сарони мамлакат яке аз аркон ва усули муҳими Ислом аст ва истибдоду худкомагӣ аз шаъни мӯъминон ба дур аст. Ва хитоб ба Пайғамбар (с) мефармояд: «Пас аз лағзишҳои онон даргузар ва барои онон талаби омурзиш кун ва дар корҳои муҳим бо эшон машварат кун» (Оли Имрон, 159).
Худованди мутаол ба Пайғамбар (с) дастур додааст, то дар корҳои муҳим ва марбут ба масолеҳи умум бо мардум машварат намояд ва собит шуда, ки Пайғамбар (с) қабл аз ин ки барои ҷанги Уҳуд аз шаҳр хориҷ шавад, бо мусулмонон ба машварат нишаст. Мусулмонон ба Пайғамбар (с) гуфтанд, ки ба назари мо бояд барои рӯёрӯӣ бо душман аз шаҳр хориҷ шавем, бо вуҷуди ин ки назари Пайғамбар (с) ин буд, ки ба ҳолати дифоъ дар Мадина боқӣ бимонанд, вале назари мусулмононро пазируфт ва аз шаҳр хориҷ шуд ва саранҷом ҷанг ба зиёни мусулмонон тамом шуд. Дар ин маврид Худованди мутаол ба Пайғамбараш (с) дастур дод ва фармуд: “Натиҷаи бади машварати қаблии ту бо мӯъминон туро водор накунад, ки дигар бор бо эшон ба машварат напардозӣ, балки бояд дар корҳои муҳим ононро дахолату мавриди мушовара қарор диҳӣ”. Ин оят далолат дорад, ки Худованди мутаол мехоҳад сиёсати идораи умури мусулмонон бар асоси низоми Шӯро бошад ва касе ҳақи истибдод дар сиёсату идораи мамлакатро надорад. Натиҷаи ҳосилашуда аз Шӯро ҳарчи бошад, бояд пазируфта шавад.
Вақте бар пайғамбаре, ки дар авҷи камоли ақлӣ ва рӯҳӣ қарор дорад ва бо ваҳйи илоҳӣ ва рӯҳуламин дар иртибот аст ва бар дигар афроди башар бартарӣ дорад, машварат воҷиб бошад, ба тариқи авло бар дигарон воҷиб аст. Бинобар ин, ҳеҷ касе ба ҳеҷ баҳонае ҳаққи табдили Шӯро ба истибдоду худкомагиро надорад. Ҳарчанд баъзе уламо мӯътақиданд, ки Пайғамбар (с) ба воситаи камоли рӯҳию ақлӣ ва иттисол ба мабдаи аъло ниёзе ба машварат надошт ва агар ба хотири ин намебуд, ки Худованд мехоҳад шӯроро ба сурати як қонуни куллӣ ва ҳамагонӣ дароварад, дастур намедод, ки ба машварат бипардозад. Собит шудааст, ки Пайғамбар (с)  дар аксари мавридҳое, ки насси қуръонӣ дар бораи онҳо вуҷуд надошт, бо асҳоб ба машварат мепардохт ва ба он чи ки дурусту муфид ташхис дода мешуд, амал мекард.
Шӯрое, ки Ислом риояи онро воҷиб намудааст, шӯрое нест, ки тамоми афроди миллат ё аксарияти мутлақ дар он мушорикат дошта бошанд (чаро ки ин Шӯро на мумкин аст ва на муфид), чун оятҳои зиёде дар Қуръон вуҷуд дорад, ки мегӯянд: аксари мардум дорои илму фазл ва басирату биниш нестанд ва мефармояд: «Агар аз бештари мардум пайравӣ кунӣ, туро аз роҳи Худо дур месозанд, чаро ки онон ҷуз аз занну гумон пайравӣ намекунанд ва онон ҷуз ба газофу дурӯғ сухан намегӯянд» (Анъом, 116).
Ва боз дар ин маврид мефармояд: «Оё гумон мекунӣ, ки бештари онон чунончи бояд мешунаванд ё мефаҳаманд? (На онон қудрати тафаккур ва тааққул надоранд) Эшон ҳамчун чаҳорпоён ҳастанд, балки аз он ҳам гумроҳтаранд» (Фурқон, 44).
Вақте пайравӣ ва итоат аз аксарияти ҷоҳил боиси дурӣ аз роҳи Худо ва гумроҳӣ бошад, саҳеҳ нест, ки боиси машварат қарор гирад. Бинобар ин, Шӯро ҳаққи аҳли назар ва басирату ҳикмату илм аст, на афроди ҷоҳил. Дар ин маврид Худованд мефармояд: «Ва ҳангоме ки (хабаре ё) коре, ки мӯҷиби амну натарсидан ё тарсидан аст (аз қабили қуввату заъф ва пирӯзию шикаст ва ғайра) ба онон мерасад, онро сареъан дар байни мардум пахшу шоеъ мекунанд. Агар ин гуна афрод сухан гуфтан дар ин бораро ба пайғамбар ва фармондеҳони худ вогузор мекарданд (ва хабарҳоро танҳо ба масъулони амр гузориш медоданд) ва танҳо касоне, ки аҳли ҳаллу ақд ҳастанд, аз он бохабар мешуданд, он чи ки мебоист ва лозим буд, аз ин хабар истифода ва дарк шавад, дарк мекарданд (ва ин амр ба нафъи мусулмонон тамом мешуд)» (Нисо, 83).
Ин оят мӯъминонро иршод мефармояд, то дар масоили муҳим ба масъулон ва сарони олим ва кордони мамлакат муроҷиат намоянд ва машварату тасмимгириро ҳаққи уламою соҳибназарон медонад. Бинобар ин, уламо, донишмандон ва аҳли басирате, ки бо корҳо ошноӣ доранд, ба машварат сазовортаранд. «Бигӯ, оё касоне, ки доною аҳли илманд, бо касоне, ки нодону ҷоҳиланд, яксонанд?» (Зумар, 9).
Худованди мутаол, ки риояи низоми шӯроро бар мусулмонон воҷиб намудааст, чигунагӣ ва ҷузъиёти онро баён накардааст, чаро ки баёну тафсили ҷузъиёти низом ва шеваи иҷрои он ҷузъи чизҳое аст, ки бар ҳасби ихтилофи авзоъ ва аҳволу замон ва шароити иҷтимоӣ тағйир меёбад. Аз ин рӯ, ҳикмат ва машияти илоҳӣ, ки бар асоси адолат аст, иқтизо намуд, ки аслу қонуни куллии шӯроро таъйиду тасбит кунад, вале аз баёни ҷузъиёти он худдорӣ намояд, то ҳар миллате озод бошад, низомеро, ки муносиб бо шароиту авзоъ ва аҳволу маслиҳати худ ташхис медиҳад, вазъ намояд.

2. МУСОВОТ БО ҒАЙРИ МУСУЛМОНОН
Миллатҳо, чи қабл аз Ислом ва чи баъд аз он, то авохири қарни ҳаждаҳуми мелодӣ, ки инқилоби Фаронса ба вуқӯъ пайваст, дар байни табақоти мардум тафовутҳо, фарқҳои фаровон ва бас бузурге қарор медоданд. Дар доиратулмаорифи Лорус чунин омадааст: «Дар соли 1798 дар тавзеъ ва тақсими мақому мансабҳои умумӣ ва назорат бар онҳо ҳеҷ гуна мусовоту адолате дар байн набуд. Ба ин хотир, вузарои Луи шонздаҳум бо тамоми тавони худ дар садади иҷрои ислоҳоте баромаданд, ки хостаи мардум буд ва бо вуҷуди муқовимати шадид дар баробари раҳбарони динӣ ва табақаи ашроф бо шикаст мувоҷеҳ шуданд. Мардум, ки чунин авзоъро медиданд, фаҳмиданд, ки ҳеҷ коре фоида надорад, магар ин ки даст ба инқилобе бизананд ва ба василаи он битавонанд ин ҷамоати ҳоким бар авзоъ ва бахшандаи имтиёзотро аз миён бардоранд ва ба ҷои онон қонуне ҳукмфармо созанд, ки дар байни ҳамагон мусовот барқарор мекунад».
Ислоҳоти бузург ва чашмгири инқилоби Фаронса бар хонандагони мӯҳтарам пӯшида нест. Инқилоби Фаронса буд, ки мардуми Аврупоро аз хоби ғафлат бедор намуд ва боис шуд мардуми Аврупо алайҳи ҳукуматҳои истибдодии худ қиём намоянд ва аз инқилоби Фаронса пайравӣ кунанд.
Албатта, бархе аз динҳо монанди бараҳмият низоми табақотиро таъйиду тасбит менамояд ва миллатро ба чаҳор табақа тақсим мекунад: бароҳима ё коҳинонро дар аълодараҷаи табақот қарор медиҳад ва поинтарин табақот табақаи наҷасҳо ном дорад.
Барои пай бурдан ба ҷиноят ва зулми ин низом кофӣ аст бидонем, ки дар қонуни яке аз қонунгузорони ин дин ба номи Муно (Мопон) омадааст: «Воҷиб аст табақаи бараҳмӣ ба сабаби наҷобат ва шарофати насабӣ мавриди эҳтиром қарор гиранд. Дастуроти онон худ ба худ ва бе таваҷҷӯҳ ба ҳеҷ чизи дигаре далелу ҳуҷҷат аст. Ба ҳангоме ки ниёзманд бошанд, ҳақ доранд амволу дороии табақоти поин (ва наҷасҳо)-ро ба тамаллук ва тасарруфи худ дароваранд, чаро ки табақаи наҷасҳо барда ва ғуломи табақаи бароҳима мебошанд ва ғуломи худ ва сарваташ мулки саййид ва моликаш мебошад. Касби илму дин ва иртибот бо ин гуна мавзӯот ба таври куллӣ бар ин табақаи бадбахт ҳаром шудааст ва ҳар кас даст ба чунин корҳое бизанад, ба муҷозоти сахте, аз қабили рехтани миси гудохта дар гӯшҳо ва буридани забон ва қитъа-қитъа кардани аъзои баданаш муҷозот мешавад. »
Аз тарафи дигар, қавми яҳуд гумон мекунанд, ки танҳо эшон фарзандони дӯстдошта ва маҳбуби Худо ҳастанд ва дар қавонини худ байни яҳуд ва ғайрияҳуд фарқ гузоштаанд. Дини яҳуд гирифтани рибо аз яҳудиро ба шиддат ҳаром кардааст, вале гирифтани рибо аз ғайрияҳуд ба унвони як тиҷорати судманд ҳалол мебошад.
Олмони фашистӣ қабл аз ҷанги ҷаҳонии дувум ба шиддат барои нажодпарастӣ таблиғот мекарданд ва ҷинси башарро ба табақоти мухталиф тақсим карда ва нажоди ориёиро, ки ба гумони худ бартарин нажодҳо аст, дар аълодараҷаи табақот қарор дода буданд.
Миллатҳое, ки дорои низоми демократӣ ҳастанд, иддао менамоянд, ки ҷомеаи инсонӣ дар ба даст овардани асли қонуни мусовот мадюни онҳо мебошанд, вале мебинем, ки худи ин миллатҳо ҳанӯз дар сиёсату қавонини худ ба хилофи ин мабдаъ ва асоси азим амал менамояд ва дар бархе аз Иёлоти Амрико ва баъзе аз манотиқи Африқо, ки таҳти нуфузи истеъмори аврупоӣ идора мешаванд, сиёҳпӯстон ҳанӯз ҳам аз ибтидотарин ҳуқуқи инсонии худ маҳрум ҳастанд.
Ҳар гоҳ, он чи ки Ислом онро ба унвони асли мусовот таъйид кардааст, мулоҳиза кунем, мефаҳмем, ки ҳанӯз ҳеҷ шариати осмонӣ ва ҳеҷ қонуни маданию башарӣ дар мизони ишқу мувозибат бар мусовоту баробарӣ натавонистааст ба қонун ва шариати Ислом бирасад. Ислом ҳамаи мардумро дар баробари қонун мусовӣ ва яксон қарор додааст, ононро дар ҳуқуқи сиёсӣ ва ғайрисиёсӣ яксон медонад, ҳеҷ фазилату бартарие барои араб бар ғайриараб ва сафедпӯст бар сиёҳпӯст, сарватманд бар фақир, зеборӯ бар зиштрӯ дар назар намегирад ва ба ин васила Ислом низомҳои табақотӣ, нажодгароӣ, тафовут карор додан дар байни табақоти иҷтимоӣ дар ҳуқуқ ва воҷиботе, ки ба ӯҳда доранд, ин ҳамаро маҳв карда, тамом имтиёзоти нораворо ботил эълом дошта,  мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِنَّا خَلَقۡنَٰكُم مِّن ذَكَرٖ وَأُنثَىٰ وَجَعَلۡنَٰكُمۡ شُعُوبٗا وَقَبَآئِلَ لِتَعَارَفُوٓاْۚ إِنَّ أَكۡرَمَكُمۡ عِندَ ٱللَّهِ أَتۡقَىٰكُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمٌ خَبِيرٞ ١٣﴾ [الحجرات: ١٣]
«Эй мардум, Мо шуморо аз марду зане (ба номи Одаму Ҳавво) офаридаем ва шуморо халқ-халқ ва қабила-қабила кардаем, то ҳамдигарро бишиносед (ва ҳама хоҳару бародари ҳам ҳастед ва касе бар касе дигар бартарӣ надорад. Бегумон, гиромитарини шумо ба назди Худо мутаққитарини шумо аст)» (Ҳуҷурот, 13).
Диққат фармоед, ин оят одамонро мавриди хитоб қарор медиҳад, на табақа ва гурӯҳи махсусеро ва ононро даъват мекунад, ки аслу маншаъ ва падару модари худро, ки Одаму Ҳавво аст, бишиносанд ва бидонанд, ки падару модари ҳамаи эшон яке аст ва касоне, ки аз як асл ба вуҷуд омада бошанд, сазовор нест, ки бархе аз онон бар баъзе дигар аз ҷанбаи нажодӣ иддаои бартарӣ намоянд ва ҳарчанд дар нуқоти мухталиф пароканда шуда аз лиҳози ҷинсу рангу забон бо ҳам фарқ дошта бошанд, ба ҳеҷ ваҷҳ ин ихтилофоти оразӣ боиси аз байн бурдани робитаи бародарии онон нахоҳад шуд, балки баръакс, лозим аст ҳамаи мардум якдигарро бишиносанд ва бидонанд бародари ҳам ҳастанд ва нисбат ба ҳам ба некӣ рафтор намоянд.
Бидуни шак, барқарории робитаи ошноӣ ва таоруфу некӣ бо ҳам боиси ба вуҷуд омадани муҳаббату алоқа дар байни гурӯҳҳо ва табақоти мухталиф хоҳад шуд ва дар натиҷаи муҳаббату таовун ва ҳамкорӣ аксари мушкилоти зиндагӣ аз байн хоҳад рафт. Вақте маънои ин оят, ки асоси мусовоти исломӣ аст, ба хубӣ равшан шуд, нафси инсонӣ ба азамат ва арзиши фавқулоддаи ин асли мусовот ва баробарии инсонҳо дар Ислом ошно мешавад ва агар бозмондаҳои таассуби кӯркӯрона намебуд, нафси инсон худ ба худ ва бидуни тардид ба ин асли мусовот имон меовард ва онро мепазируфт. Аммо ҳар қавме иддао менамояд, ки танҳо ӯ халқи баргузида аст ва беш аз дигарон сазовори эҳтиром аст. Ин таассуб гоҳу ногоҳ нафсро таҳрик менамояд ва онро аз қабули ҳақ боз медорад.
Лозим аст ба қисмати охири ояти фавқ таваҷҷӯҳ фармоед, ки чи гуна эҳтиром ва шахсияти инсонҳоро танҳо некӯкорӣ ва итоат аз дастуроти Худо қарор додааст. «Ҳамоно гиромитарини шумо ба назди Худо мутаққитарини шумо аст» (Ривояти Аҳмад).
Яъне, ҳеҷ гуна бартарие дар байни одамон вуҷуд надорад, ҷуз ба василаи аъмол, рафтор, тақво, ахлоқи ҳасана ва хидмате, ки инсон дар пешгоҳи Худо ва мамлакати исломӣ ва ҷомеаи инсонӣ анҷом медиҳад. Мусалламан, додани имтиёз ба василаи аъмоли дуруст амре аст табиӣ ва мувофиқ бо фитрат ва мӯҷиби ташвиқи некӯкорон ва бозгашти бадкорон аз аъмоли бад мебошад.
Пайғамбар (с) дар ҳаҷчатулвидоъ мардумро ба мусовоту баробарӣ даъват мекунад ва мефармояд: «Ҳамоно Парвардигори шумо яке аст ва падари ҳамаи шумо яке аст. Огоҳ бошед, ки ҳеҷ бартарӣ барои араб бар аҷам ва ё аҷам бар араб ва бартарии нажоди сиёҳ бар нажоди сурх ва ё нажоди сурх бар нажоди сиёҳ ҷуз ба василаи тақво ва амали солеҳ вуҷуд надорад».
Ин аст мусовоте, ки чаҳордаҳ қарн пеш дар сарзамини араб, ки баштар аз ҳар миллати дигаре ба обою аҷдод ва насаби худ ифтихор мекарданд, ба василаи дини Ислом поягузорӣ шудааст. Сарони Қурайш аз мусовоте, ки Пайғамбар (с) онро ба иҷро дармеовард, эрод мегирифтанд ва ҳозир ба пазируфтани он набуданду мегуфтанд: “Эй Муҳаммад, чӣ тавр бо ту бинишинем, дар ҳоле ки ту бо афроде монанди Билоли ҳабашӣ ва Салмони Форсӣ ва Суҳайби Румӣ ва Аммору ғайри эшон, ки аз бардагон ва афроди омма ва беаҳамияти ҷомеа ҳастанд, нишастаӣ?!" Ононро аз худ дур гардон, он вақт дар маҷлиси ту ҳозир мешавем ва ба даъватат гӯш фаро медиҳем”.
Пайғамбар (с) пешниҳоди ононро рад кард, сипас пешниҳоди дигаре карданд ва гуфтанд: “Пас як рӯз бо мо маҷлис дошта бош ва як рӯз бо онон”. Наздик буд, ки Пайғамбар (с) ба ин пешниҳод ҷавоби мусбат диҳад, вале ваҳй бар ӯ нозил шуд, фармуд: «Касонеро, ки саҳаргоҳон ва шомгоҳон Худои худро ба фарёд мехонанд ва манзурашон танҳо ризои ӯ аст, аз пеши худ нарон, на ҳисоби эшон бар ту аст ва на ҳисоби ту бар эшон (ва ҳар кас дар гарави амали хеш аст). Агар (ба ҳарфи мушрикон гӯш фаро диҳӣ) ва мӯъминонро аз худ биронӣ, аз зумраи ситамгорон хоҳӣ буд. Инчунин (пешӣ гирифтани мустамандон дар пазириши дин бар тавонгарон суннати Мо будааст ва) бархеро (ки сарватманду мутакаббиранд) бо баъзе дигар (ки тангдасту фақиранд) озмудаем, то (мутакаббирон ба ҳолати тамасхур) бигӯянд: Оё инон ҳамон касонеанд, ки Худованд эшонро дар миёни мо (баргузидааст ва бо атои неъмати имон бар онон) миннат ниҳодааст? Оё Худованд сипсогузоронро (аз ин кофирони саркаш ва мағрур) беҳтар намешиносад? Ҳар гоҳ касоне, ки ба оятҳои қуръонии Мо имон доранд, ба назди ту омаданд (ба унвони эҳтиром) ба эшон бигӯ: Дурудатон бод (ва мужда бод, ки Худованд аз рӯйи лутф) раҳматро бар хештан воҷиб кардааст» (Анъом, 52-54).
Як бор Абӯзари Ғифорӣ бо як бардаи сиёҳ дар ҳузури Пайғамбар (с) ихтилоф пайдо карданд, Абӯзар нисбати он барда ба унвони тавҳин гуфт: «Эй писари зани сиёҳпӯст!». Пайғамбар (с) асабонӣ шуд ва гуфт: «Ҳеҷ бартарию фазилате барои фарзандони зани сафед бар фарзандони зани сиёҳ вуҷуд надорад, магар ба тақво ва амали солеҳ. Абӯзар пушаймон шуд ва рӯяшро ба замин гузошт ва ба он сиёҳпӯст гуфт: “Бархез ва поятро бар рӯям бигузор”. Мехост то аз гуноҳи тавҳине, ки ба ӯ карда буд, пок шавад.
Пайғамбар (с) ҳеҷ гоҳ дар ҳуқуқ, рафтор, бархӯрд ва муомила дар байни сафеду сиёҳ, озода ва барда фарқе намегузошт, дар ҳоле ки бузургони асҳоб дар Мадина буданд, Билолро ба унвони волӣ таъйин намуд ва Билол бардае буд, ки Абӯбакр ӯро хариду озод кард ва ҳамин тавр, Пайғамбар (с) Бозони Форсиро ба унвони ҳоким таъйин кард ва пас аз фавти Бозон писарашро ба ҷойи ӯ мансуб намуд. Азамату бузургворие, ки дини Ислом ба он ороста гардидааст, вақте ба хубӣ намоён мегардад, ки бо ҷараёнҳое, ки дар байни мутамаддинтарин миллатҳои имрӯзӣ вуҷуд дорад, муқоиса шавад, ки чӣ рафторҳое нисбат ба ақаллиятҳои миллӣ ва динӣ аз онон мушоҳида мегардад, ки воқеан, бо каромат ва шарофати инсонӣ муғоират дорад ва боиси нанги таърих аст.
Бинобар ин, вақте, ки илму тамаддун, ки ҷаҳон ба он расидааст, натавониста бошанд инсонро ба азамат, барозандагӣ ва мусовоте бирасонанд, ки чаҳордаҳ қарн пеш Ислом онро тасбит карда ва дар сарзамине ба марҳалаи иҷро дароварда, ки нишонае аз илму фалсафа дар он вуҷуд надошт, бояд эътироф шавад, ки Ислом дини Худо аст ва ин амр худ аз бузургтарин далоил аст, ки ин дастурот аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён содир шудааст, зеро ҳатто ақли инсони донишманд, ҳар андоза дар фазои усул ва мабодии дуруст ба парвоз дарояд, боз қодир нест аз маҳдудаи қудрати худ таҷовуз кунад ва дар шароиту муҳите пояҳои саодати башариро истеҳком бахшад, ки ҳамаи омилҳо монеи расидан ба ин саодат мебошанд.

 


3. АДОЛАТ
Миллатҳои қабл аз Ислом бо мафҳум ва маънои адолат ва зулм ошно буданд, вале таърифи ҷомеъ ва монее аз онҳо надоштанд. Дар натиҷа ҳудуди онҳо бо ҳам омехта мешуд ва тадохул пайдо мекард.
 Ҳар гоҳ, ки қавонини қадимии миллати юнонро мулоҳиза кунем, мебинем, ки дар байни касоне, ки ба асли юнонӣ нисбат дода мешаванд ва касоне, ки юнониасл нестанд, фарқ гузоштааст ва тамоми ҳуқуқи миллӣ ва иҷтимоиро барои дастаи аввал дар назар гирифта ва ба эшон иҷозат дода, то дастаи дувумро ба сурати бандаю ғуломи худ дароваранд ва миллати румонӣ ҳам дар ин маврид аз юнониён пайравӣ карда, то андозае дар зулму хушунат аз онон пеш рафтанд ва на танҳо дар байни румониюласл ва ғайрирумӣ фарқ мегузоштанд, балки дар байни хавос ва оммаи румиён низ тафовут мегузоштанд. Ҳаққи раҳбарӣ, фармондеҳӣ ва идораи мамлакат аз он табақаи хавос буд ва бар табақаи омма ҳам воҷиб буд, ки мутеъ ва фармонбардори эшон бошанд.
Дар доиратулмаорифи Лорус ба ҳангоми баҳс аз назми румиён чунин омадааст: «Ба таври хулоса қонуну назми Рум чӣ тавр будааст? Бояд гуфт, ки айнан ваҳшату хушунат ва бераҳмӣ буд, ки аз он ба унвони қонун ном бурда мешуд ва фазоили ахлоқии румиҳо иборат буд аз шуҷоату фикр ва макру ҳилагарӣ ва ҳушёрию муназзамие, ки ҳамаи инҳо аз хусусиятҳои дуздҳо ва роҳзанҳо асту аз лиҳози миллӣ ба сурати қавми ваҳшӣ даромада буданду ҷуз ҳирсу ҷӯши фавқулодда шадид нисбат ба ҷамъи молу сарват чизи дигаре аз онон мушоҳида намешуд, нисбат ба бегонагон кинаю ҳасади сахте доштанд ва аз ҳар гуна отифаю меҳрубонии инсонӣ холӣ буданд.
Бинобар ин, мафҳуми адолат на дар назди юнониён ва на дар назди румиҳо, ки пас аз онон ҳукмронӣ мекарданд, такмил нагардид ва мафҳуми адолат танҳо дар партави баракати қарни нуздаҳум ба камоли худ расид. Таъхир дар такмили он ба ин ҷиҳат буд, ки ин камолёбӣ вақте муяссар гардид, ки адолат бар улуми иҷтимоӣ поярезӣ шуд ва улуми иҷтимоӣ ҳам то чанде пеш ба рушди худ нарасида буд ва баъд аз пешрафти улуми иҷтимоӣ буд, ки адолат дар назди миллатҳои мутамаддин ба болотарину комилтарин маънои худ расид. Он чи ки ҷомеашиносӣ барои такмили маънои адолат ба унвони шарт қарор дод, ин аст ки миллатҳо вақте қонунеро барои худ вазъ менамоянд, бояд ҳуқуқи инсонии миллатҳои дигарро дар назар бигиранд. Ба эътирофи ин илм ҳанӯз ҳеҷ миллате ба тамом ба ин маъно дастёбӣ пайдо накардааст».
Дар ин ҷо лозим аст бо диққат таваҷҷӯҳ кунем, ки оё маънои адолат назди уммати Ислом ба камоли худ расидааст? Ва оё дар оятҳои қуръонӣ дастурот ва таълимоте вуҷуд дорад, ки ин ҳақиқатро собит намояд? Оре, агар маълум шуд, ки чунин дастурот ва таълимоте дар Қуръон омадааст ва Пайғамбар (с) ва пайравони содиқи ӯ адолатро ба маънои комил ба марҳалаи иҷро даровардаанд, он беҳтарин далел аст, ки Қуръон ваҳйи илоҳӣ аст ва Муҳаммад, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, расули Худо аст.

АДОЛАТ ДАР ҚУРЪОН
Яке аз намунаҳои барҷаста дар Ислом ин аст, ки ба тамоми пайравони худ дастури қатъӣ додааст, ки сарфи назар аз ҳар эътибор ва имтиёзе, аз қабили рангу нажод, сарвату мақому насаб ва ғайра дар байни мардум адолату додгарӣ рафтор намоянд ва Худованд мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, додгарӣ пеша созед ва дар иқомаи адлу дод бикӯшед ва ба хотири Худо шаҳодат диҳед, ҳарчанд ин шаҳодататон ба зиёни худатон ё падару модар ва хешовандонатон буда бошад. Агар касе, ки ба зиёни ӯ шаҳодат дода мешавад, сарватманд ё фақир бошад, рағбат ба одами сарватманд ё шафқат ба фақир шуморо аз адои шаҳодат мунсариф накунад, чаро ки ризои Худованд аз ризои ҳар дуи онон беҳтару муҳимтар аст. Пас аз ҳавою ҳавас пайравӣ накунед, (агар чунин кунед, аз ҳақ) мунҳариф мешавед ва агар забон аз адои шаҳодати ҳақ бипечонед ва ё аз адои он худдорӣ кунед, Худованд аз он чи мекунед, огоҳ аст» (Нисо, 135).
Дар ин ояти шарифа Худованд ба мӯъминон дастури қатъӣ медиҳад, ки дар иҷрои адолат камоли диққат кунанд ва ҳамеша ба ҳақ ва танҳо ба хотири Худо шаҳодат диҳанд, набояд дар адои шаҳодат ҳеҷ фоида ва ғарази дунёиро дар назар дошта бошанд. Шаҳодат бояд воқеӣ бошад, харчанд ба зиёни худ шаҳодатдиҳанда ё падару модар ё наздикони ӯ тамом шавад. Набояд ба хотири сарват ва тарс аз кудрати сарватманд ва қудратманд ва ё ба хотири раҳму шафқат ва дилсӯзӣ нисбат ба фақиру мустаманд аз адои шаҳодати ҳақ худдорӣ шавад, чаро ки ризои Худо беҳтар аз ризои эшон аст ва Худованд аз манфиати он огоҳтар мебошад. Бинобар ин, бар шоҳидон лозим аст, ки бидуни риояи ҳеҷ гуна амри дигаре ва танҳо ба хотири ризои Худо ҳарчиро медонанд, мутобиқи воқеият эълом кунанд. Медонед, ки ҳавою тамоюлот нафсро мунҳариф месозад? Аз ин рӯ, ба хотири иҷрои адолат набояд аз он пайравӣ кунед ва агар ба иҷро ва иқомаи адолат пушт кунед ва аз таҳаққуқ бахшидан ба он худдорӣ намоед, бидонед, ки Худованд ба ин гуноҳи шумо огоҳ аст ва шуморо ба кайфари ин гуноҳ мерасонад.
Қуръони карим танҳо ба иқомаи адлу додгарӣ дар байни мусулмонон иктифо намекунад, балки ба мӯъминон дастур медиҳад, ки лозим аст ҳатто бо душманонашон бо адлу додгарӣ рафтор кунанд ва мефармояд: «Буғзу адовате, ки бо қавму ҷамоате доред, шуморо ба нодида гирифтани адлу додгарӣ дар муомила бо эшон водор накунад, балки дар ҳамаи аҳвол ва бо ҳамаи афрод ба додгарӣ рафтор намоед, чаро ки додгарӣ наздиктар ба тақвои илоҳӣ аст» (Моида, 8).
Дар оятҳои бисёре аз Қуръон ба риояи адолату додгарӣ ва таъзиму такрими шаъни адолат амр шудааст ва мефармояд:
﴿وَإِذَا حَكَمۡتُم بَيۡنَ ٱلنَّاسِ أَن تَحۡكُمُواْ بِٱلۡعَدۡلِۚ ٥٨﴾ [النساء : ٥٨]
«Ҳар гоҳ дар байни мардум ба қазоват ва доварӣ нишастед, ба адолат ҳукм кунед» (Нисо, 58).
Ҳатто Худованд ба мусулмонон дастур медиҳад, ки дар гуфторашон ҳам риояи адолат кунанд ва мефармояд: «Ҳангоме ки (дар кори доварӣ ё гувоҳӣ ва ё ривояти хабаре) сухане гуфтед, додгарӣ кунед ва аз ҳақ мунҳариф нашавед, ҳарчанд касе, ки сухан ба нафъ ё зиёни ӯ гуфта мешавад, аз хешовандон бошад» (Анъом, 152).
Худованд фалсафаи ирсоли пайғамбаронро баён мекунад ва мефармояд: «Мо пайғамбарони худро ҳамроҳ бо далоили пухта ва мӯъҷизоти равшан (ба миёни мардум) равона кардаем ва ба онон китобҳои (осмонӣ) ва тарозуҳое, ки ҳаққу адолатро шиносоӣ ва таъйин мекунад, нозил кардаем, то мардумон додгарона бо ҳам рафтор кунанд» (Ҳадид, 25).
Ин оят ба сароҳат эълом медорад, ки манзури Худованд аз фиристодани пайғамбарон барқарор сохтани адолати иҷтимоӣ дар байни онон бар асоси китобҳои осмонӣ ва қавонин ва аҳкоми шаръии дин мебошад ва вақте ба мардум дастур медиҳад, то дар муомилоти худ аз мизону тарозу истифода кунанд, ба хотири ин аст, ки ҳақ аз ботил ҷудо шавад ва мардум ба ҳаққи худ бирасанд ва касе ба дигаре зулм накунад.
Ин буд пояҳо ва усули Қуръон барои барқарор сохтани адолат дар рӯйи замин. Ҳар гоҳ ба диққат ба ин усул, мабодӣ, ҳақиқат ва рӯҳи онҳо таваҷҷӯҳ кунед, бетардид, эътироф мекунед ин оятҳо ва усул гуфта ва зодаи фикри башарӣ нест, балки ваҳйи Худое аст, ки ба манзури саодату дастёбии инсонҳо ба итминон ва амну оромиш дар зиндагӣ онҳоро нозил намудааст.

4. ДАЪВАТ БА СӮЙИ  ОБОДӢ ВА ПЕШГИРӢ
АЗ ВАЙРОНГАРӢ
Қабл аз Ислом миллатҳое по бар арсаи вуҷуд гузошта буданд, ки дорои қудрату нерӯи фаровон буданд ва ба осонӣ аз тамоми ҷиҳат ба кишваркушоӣ мепардохтанд ва қаламрави ҳукумати худро густариш медоданд ва бар сарвату дороии худ меафзуданд ва барои дастёбӣ ба ин ҳадаф аз қудрату хушунат истифода мекарданд ва усули адолатро поймол менамуданд. Бар ҳар шаҳре, ки мусаллат мешуданд, амволашро ғорат мекарданд ва онро ба вайронӣ мекашиданд ва мардумони онро хору залил месохтанд ва афродеро ба унвони ҳокими он шаҳрҳо таъйин мекарданд, ки бар мардум фишор меоварданд ва анвоъи зулму зиллатро бар онон раво медоштанд. Дар умум равия ва рафтори кишваркушоён ба ин шева буд ва ростӣ, маликаи Сабо вақте номаи Сулаймон ба ӯ расид, дар ин бора бисёр хуб гуфт: «Ҳамоно, подшоҳон ҳар гоҳ вориди шаҳре шуданд ва онро фатҳ намуданд, онро вайрон мекунанд ва одамони шарифу мӯҳтарами он ҷоро хору залил месозанд ва ҳамеша ин корро мекунанд ва одаташон ин аст» (Намл, 34).
Далоили таърихӣ бар ин вайронгариҳо фаровон аст ва сафаҳоти таърих пур аз ҷиноятҳое аст, ки дар тамоми давронҳо аксари миллатҳо муртакиби онҳо гаштаанд.
Ба гузаштаи бисёр дур барнагардед. Ҷангҳои ҷаҳонии аввал ва дувумро дар назар бигиред. Мулоҳиза кунед, чи гуна миллатҳои мутамаддин бо васоили ҷангии пешрафта ва харобиовар ҳамдигарро мекӯбиданд, манозили маскунӣ ва шаҳрҳоро вайрон месохтанд, одамони бегуноҳро ба таври дастаҷамъӣ ба қатл мерасонданд, бачаҳои маъсум ва занону пирамардонро қурбонӣ мекарданд, садҳо ҳазор нафарро бе ҳеҷ имконоте овораю саргардон месохтанд, чунон ҷиноятҳоеро муртакиб шуданд, ки қабл аз вуқӯи ин ду ҷанг ҳаргиз воқеъ нашуда буданд ва ҳатто ба фикри касе ҳам хутур намекард, ки ин миллатҳои мутамаддин, ки дорои як тамаддуни муштарак ҳастанд, ба марҳалае аз ваҳшигарӣ ва кинатӯзию хушунат бирасанд, ки иқдом ба аз байн бурдани ҳамдигар ва осори умрону тамаддунӣ мавҷуд бинамоянд. Аммо мебинем, ки дини Ислом бо ибороти бисёр муассир ва баёноти бисёр ҷолиб ва шево мусулмононро аз тахрибу вайронгарӣ барҳазар медорад, решаи ин ахлоқи разиларо дар дили мусулмонон хушку қатъ менамояд, ба ҷойи ин кинатӯзиҳо инсонияту муҳаббату каромате эҷод мекунад, ки муғоир бо адовату хушунат ва вайронгарӣ аст.
Худованди мутаол тахрибу вайронгариро аз ҷиноятҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меоварад ва дар оятҳои фаровон мардумро аз иртикоби он барҳазар медорад. Дар мазаммати одами мухаррибу вайронгар мефармояд: «Дар миёни мардум касе ёфт мешавад, ки сухани ӯ дар бораи умури дунёӣ ва маоши зиндагӣ туро ба шигифт меандозад (ва фасоҳату балоғати каломаш боиси тааҷҷуби ту мешавад) ва Худовандро бар он чи дар дил дорад, гувоҳ мегирад (ва иддао дорад забону қалбаш яке аст) ва ҳол он ки ӯ сарсахттарини душманон аст ва ҳангоме ки ба қудрат ва раёсат мерасад, талош менамояд, то табоҳию фасоду вайронӣ ба вуҷуд оварад ва киштзорҳоро аз байн бибараду инсонҳоро ба ҳалокат бирасонад. Ҳаргиз Худованд табоҳию фасоду вайронгариро дӯст намедорад. Ҳар гоҳ касе ба унвони иршод ба ӯ бигӯяд: аз мухолифати амри Худо битарс ва тақво дошта бош, ғуруру такаббур саропои ӯро фаро мегирад ва ғурур ӯро водор ба гуноҳ менамояд. Пас дӯзах барои ӯ кофӣ аст ва ба ростӣ, дӯзах бад ҷойгоҳе аст» (Бақара, 204-206).
Яъне, баъзе аз мардум дорои забони чарбу нарме ҳастанд ва вақте дар бораи дунё сухан мегӯянд, инсонро ба шигифт дармеоваранд ва чунон худнамоӣ мекунанд, ки тарафдори ҳақ хастанд ва барои фиреби бештар Худоро гувоҳ мегиранд, ки қалбу забонашон яке аст, вале онон барои ҷомеа душмантарин ва хатарноктарин инсонҳо ҳастанд ва агар бар ҷое мусаллат шуданд, талош намекунанд, ки он ҷоро обод намоянд, балки мехоҳанд киштзорҳою инсонҳоро аз байн бибаранд ва осоре аз умрон боқӣ нагузоранд ва агар касе ононро аз ин кор барҳазар дорад, ба азаматашон латма ворид мегардад ва нороҳат мешаванд, аммо ҷазои чунин одамони муфсид оташи дӯзах аст.
Худованди мутаол мусулмононро аз бархӯрду рафтори хушунатомез бо дигарон барҳазар доштааст ва ононро аз зулму ситам ва қудратнамоӣ ва вайрон сохтани шаҳрҳою рустоҳои дигарон мамнӯъ кардааст, чаро ки ин амр боис мешавад, ки мусулмонон дар масоили дохилии худ шикаст бихӯранд. Касоне, ки таърихро баррасӣ кардаанд ва ба он ошноӣ доранд, ба хубӣ медонанд, ки шикасту инҳилол ва нобудии аксари миллатҳои ҳоким аз ноҳияи миллатҳои заифу ситамдидае буда, ки дар зери тасаллути онон дар ранҷу азоб ба сар бурдаанд. Ва Худованди мутаол ин аслу қонунро дар ин оят хулоса кардааст ва мефармояд: «Мо илова бар Қуръон дар тамоми китобҳои (анбиёи пешин) навиштаем, ки бегумон, саросари заминро бандагони шоистаи мо ба ирс хоҳанд бурд» (Анбиё, 105).
Яъне, касоне молику мусаллат бар замин хоҳанд шуд, ки шоистагию истеъдод ва салоҳиятро барои умрон ва ободии он доранд ва метавонанд васоилеро, ки боиси оромиши бештар аст, дар он ба вуҷуд оваранд.
Дастур ба умрон, ободӣ ва пешгирӣ аз тахрибу вайронгарӣ яке аз усуле аст, ки Худованд ба он дастур додааст ва ҳеҷ инсони мунсифе ҳам ин ҳақиқатро инкор намекунад ва Худованд мефармояд: “Оё касонеро, ки имон доранд ва (дар дунё) аъмоли нек анҷом медиҳанд, монанди касоне қарор медиҳем, ки фосиду вайронгар ҳастанд?!”. (Сод, 28).
Яъне, ба ҳеҷ ваҷҳ ононро бо ҳам яксон қарор намедиҳем ва ё одамони муттақӣ ва парҳезгорро монанди инсонҳои гуноҳкор қарор намедиҳем! Худованди мутаол инсонҳоро аз тахриби чизҳое, ки ба камоли худ расидаанд, ба шиддат барҳазар медорад ва мефармояд:
﴿وَلَا تُفۡسِدُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ بَعۡدَ إِصۡلَٰحِهَا وَٱدۡعُوهُ خَوۡفٗا وَطَمَعًاۚ إِنَّ رَحۡمَتَ ٱللَّهِ قَرِيبٞ مِّنَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ ٥٦﴾ [الاعراف: ٥٥]
«Дар замин баъд аз ин ки дар он ислоҳ ба амал омадааст, фасоду табоҳӣ ва вайронгарӣ ба амал наоваред ва Худовандро ба ҳолати бимнокона ва умедворона ба фарёд хонед. Бегумон, раҳмати Аллоҳ ба некӯкорон наздик аст”. (Аъроф, 56).
Худованди мутаол ба манзури огоҳии бештари мусулмонон аз дурӣ ва худдорӣ аз тахрибу вайронагрӣ, саодату файзёбӣ дар қиёматро аз они касоне қарор додааст, ки бо адабу тарбияи илоҳӣ таълим ёфтаанд ва аз фасод дар замин ва тахрибу вайронии он парҳез менамоянд ва мефармояд: «Мо он сарои охиратро танҳо баҳраи касоне мегардонем, ки дар замин хоҳони такаббуру ғурур нестанд ва фасоду табоҳиро ба вуҷуд намеоваранд ва оқибат хоси парҳезкорон аст» (Қасас, 83).
Худованди мутаол, ки олиму огоҳ ба ин буд, ки қудрату ҳукумат ба мусулмонон рӯй меоварад, фармуд: «Оё агар шумо ба қудрату ҳукумат расидед, чунин интизоре аз шумо меравад, ки дар замин фасоду вайронгарӣ кунед ва пайванди хешовандӣ ва силаи раҳми худро қатъ кунед? Касоне ки даст ба чунин коре мезананд, касоне ҳастанд, ки Худованд ононро нафрин ва аз раҳмати хеш дур сохтааст. Барои ҳамин, гӯшҳояшонро кар ва чашмҳояшонро кӯр кардааст» (Муҳаммад, 22-23).
Яъне, вақте ба қудрат расидед ва хилофату ҳукумати заминро дар даст гирифтед, набояд ба тахрибу вайронгарӣ ва фасоду қатъи пайвандҳои маънавӣ иқдом намоед ва касоне, ки муртакиби чунин ҷиноятҳое шаванд, аз раҳмати Худо маҳруманд. Эъҷозе, ки дар ин оят вуҷуд дорад, ин аст ки қатъи силаи раҳмро ба расидан ба қудрату ҳукумат вобаста намуда, нишон додааст, ки расидан ба қудрату ҳукумат мӯҷиби худхоҳию бегонагӣ аз дигарон, ҳатто аз наздиктарин наздикон мешавад. Таърих ҳам ин масъаларо таъйид менамояд ва гувоҳӣ медиҳад, ки дар гузашта аксари ашхосе, ки ба қудрату ҳукумат мерасиданд, пайвандҳои маънавии худро бо наздикони хеш ба бадтарин ва зишттарин шева қатъ мекарданд ва ҳатто дар мавридҳое дар ҳамон соатҳои аввалияи қудрат тамоми хешовандони худро қатли ом менамуданд. Дар ин ҷо лозим аст ёдовар шавем, ки эҳтимоми Қуръон ба умрону ободӣ ва даъвати мардум ба сӯйи он аз бузургтарин далоил аст, ки Қуръон каломи Худо аст, чаро ки ин эҳтимому даъват ба умрон дар сарзамини хушку сӯзоне аз сарзаминҳои араб сурат гирифта, ки ба ҳангоми зуҳури он ҳеҷ осоре аз умрон ва ободӣ дар он дида намешуд ва холӣ аз ҳар навъ пешрафту ободонӣ буд.
Пас исрор, тавсияҳо ва эҳтимоми фаровони Қуръон ба ин мавзӯъ дар чунин шароите ишорае аст аз ҷониби Худованд, ки мусулмонон бо миллатҳои мутамаддину кишварҳои обод ва соҳиби умрон бархӯрд хоҳанд кард. Оре, мусулмонон дар муддати кӯтоҳе баъд аз вафоти Пайғамбар (с), ки аз сад сол таҷовуз намекард, як чаҳоруми кураи заминро ба тасарруфи худ дароварданд ва дар масири футӯҳоти худ ба қасрҳо ва муассисоту иморатҳо ва манозилу ибодатгоҳҳои фаровоне бархӯрд карданд, ки онҳоро саҳеҳу солим ба ҳолати худ боқӣ мегузоштанд ва ин худ далели ин аст, ки Ислом дини богузашту тасомӯҳ аст ва метавонад тамоми инсониятро ба даври худ ҷамъ намояд.

5. АМР БА МАЪРУФ ВА НАҲЙ АЗ МУНКАР
Мебинем Ислом низоми шӯроро ба унвони як аслу поя барои идораи умур дар назар гирифтааст ва аз тарафи дигар, воҷиб намудааст, ки дар ҳукумату давлати исломӣ ҷамоати аҳли ҳаллу ақд вуҷуд дошта бошанд, ки аз ҷониби мардум ба ниёбат аз эшон бар сиёсат ва низоми ҳукумат ва иҷрои саҳеҳи корҳои он назорат дошта бошанд ва ишора бар ин ҷамоат аст, ки Худованд мефармояд:
﴿وَلۡتَكُن مِّنكُمۡ أُمَّةٞ يَدۡعُونَ إِلَى ٱلۡخَيۡرِ وَيَأۡمُرُونَ بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَيَنۡهَوۡنَ عَنِ ٱلۡمُنكَرِۚ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ ١٠٤﴾ [ال عمران: ١٠٤]
«Ҳатман, бояд аз шумо ҷамоате бошанд, ки мардумро ба хайру некӯӣ даъват кунанд ва ба хубию некӯкорӣ дастур диҳанд ва мардумро аз шарру бадкорӣ барҳазар доранд. Ҳамоно, танҳо онон растагоранд» (Оли Имрон, 104).
Вазифаи ин ҷамоат назорат бар корҳои мусъулони сатҳи болои ҳукумат аст, то ба унвони як марҷаъ қонуни илоҳиро ба онон нишон диҳанд ва ононро ба хайру салоҳ ва некӯкорӣ даъват намоянд ва аз зулму фасод ва бадкорӣ баҳазарашон доранд ва оммаи мардумро раҳнамоӣ ва насиҳат кунанд.
Албатта, вазифаи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар танҳо махсуси ин ҷамоат нест, балки Қуръони карим ин воҷибро таъмим медиҳаду онро вазифаи ҳар мусулмоне медонад ва мефармояд: «Мардону занони мӯъмин дӯстону ёрони якдигаранд. Ҳамдигарро ба кори нек мехонанд ва аз бад боз медоранд ва намозро чунон ки лозим аст, мехонанд ва закотро мепардозанд ва аз Худою пайғамбарашон фармонбардорӣ мекунанд» (Тавба, 71).
Худованд одамони имондорро, ки ба чунин вазифае иқдом менамоянд, ба меҳру муҳаббат ва раҳмати худ ваъда дода, ононро тавфиқ медиҳад, Худованди мутаол дараҷаи аҳамияти амр ба маъруф ва наҳй аз мункарро бо ин сураи кӯтоҳи Қуръон эълом мекунад ва мефармояд: «Қасам ба вақт ва замон, ҳамаи инсонҳо дар зарару зиён қарор доранд, магар касоне, ки ба Худо ва дастуроти Қуръон имон доранд ва мардумро ба ҳақ ва сабр супориш мекунанд» (Аср, 1-3).
Қуръони карим дар ин сураи шарифа тамоми мардумро зиёндида тавсиф мекунад, магар касоне, ки имон доранд ва амали нек анҷом медиҳанд ва мардумро ба некию ҳақ ва сабр даъват менамоянд. Худованд барои аҳамияти мавзӯъ ба замон ва аср савганд ёд мекунад. Комилан маълум аст, ки супориш ба ҳақ дар ин оят ҳамон амр ба маъруф ва наҳй аз мункар аст. Пас бояд бидонем, ҳар гоҳ дар байни миллату ҷамоате фасод шоеъ шавад ва касе ҳозир набошад муфсидонро аз он барҳазар дорад, тамоми мардум гуноҳкоранд, чун ҳамаи онон вазифаи муҳими амр ба маъруф ва наҳй аз мункарро тарк кардаанд. Худованд қавми Банӣ Исроилро мавриди таъну сарзаниш қарор медиҳад, чун ҷомеаи худро бо озод гузоштани фосидон ва гуноҳкорон ба фасод кашида буданд ва мефармояд: «Кофирони Банӣ Исроил бар забони Довуд ва Исо писари Марям лаъну нафрин шудаанд. Ин ба он хотир буд, ки эшон пайваста аз фармони Худо саркашӣ мекарданд, дар зулму фасод аз ҳад мегузаштанд. Онон аз аъмоли зиште, ки анҷом медоданд, даст намекашиданд ва ҳамдигарро аз зишткориҳо боз намедоштанд. Ба ростӣ, аҷаб кори баде мекарданд» (Моида, 78-79).
Лаън, яъне азобу муҷозоти шадид, ки иборат аст аз ронда шудан, маҳрум будан аз раҳмати Худо ва бенасиб мондан аз инояту тавфиқи илоҳӣ. Бидуни шак, ҳар миллате ба чунин муҷозоте бирасад, миллате аст бадбахт ва ба ҳалокатрасида. Худованд омили асосии ин бадбахтиро баён медорад ва онро гуноҳу таҷовуз аз ҳақ ва даст накашидан аз корҳои хилоф муаррифӣ мекунад. Он гоҳ рафтори нописанди ононро бо ин ҷумлаи бисёр расо мавриди мазаммат қарор медиҳад ва мефармояд: «Ба ростӣ, аҷаб кори баде мекарданд!»
Қуръони карим яке аз сифоти махсусе, ки боиси бартарии Ислом бар дигари динҳо аст, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар қарор додааст ва мефармояд: «Шумо беҳтарин уммате ҳастед, ки барои хайри башарият офарида шудаед, амр ба маъруф мекунед ва наҳй аз мункар менамоед ва ба Худо имон доред» (Оли Имрон, 110).
Пайғамбар (с) дар мавриди амр ба маъруф ва наҳй аз мункар тавсияҳои зиёде ба мусулмонон карда, аз ҷумла мефармояд: «Дин насиҳату ихлос ва тавсия ба некӣ аст». Асҳоб гуфтанд: «Бо чӣ касе?» Пайғамбар фармуд: «Ихлосу насиҳат ба хотири Худо ва амал ба китоб ва дастури Пайғамбари Худо ва итоат аз роҳбарони Ислом ва некӣ бо умуми мардуми мусулмон» (Бухорӣ дар китоби «Ат-Таърих»)
Боз Пайғамбар (с) мефармояд: «Ҳар як аз шумо, ки кори хилоферо дид, бояд онро бо дасти худ аз байн бибарад, агар натавонист, онро бо забону андарз аз байн бибарад ва агар натавонист, бо дил аз он безорӣ намояд, ки ин охирин ва заифтарин марҳалаи имон аст» (Муслим, Аҳмад ва соҳибони «Сунан»)
Ислом мехоҳад бо иҷрои амр ба маъруф ва наҳй аз мункар як тафаккури куллӣ ва ҳамагонӣ барои як ҳадафи бисёр олӣ ва муҳим, ки ислоҳи мардум аст ба вуҷуд оварад ва решаи фасодро аз бех қатъ кунад ва ҳар гоҳ фасоде дар ҳар ҷо ва аз ҳар касе зоҳир шавад, ҳама барои аз байн бурдани он эҳсоси масъулият кунанд. Ҳеҷ балое барои миллат бадтар аз ин нест, ки ҷурму ҷиноятҳо ва таҷовуз ба ҳарими дину давлату ҳуқуқи афрод дар байни онон пайдо шавад, вале касе муҷримонро аз анҷоми ҷурм боз надорад ва дар баробари ҷиноятҳои онон эҳсоси масъулият накунад.

ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР ИСЛОМ
Пайғамбар дар замони ҳаёташ дар тамоми масоили динӣ марҷаи мусулмонон буд ва мусулмонон дар масоиле, ки барояшон пеш меомад, аз ӯ дархости фатво мекарданду Пайғамбар (с) ба онон ҷавоб медод ва ба ҳангоми бурузи ихтилофу адоват дар байни эшон қазовату доварӣ менамуд. Ҳангоме ки Пайғамбар (с) вафот кард, ҳамаи асҳоб шоистагии додани фатворо надоштанд, балки танҳо баъзе аз онҳо бо таваҷҷӯҳ ба таълимоте, ки аз Пайғамбар (с) гирифта буданд ва он чи аз қазоватҳо ва фатвоҳои ӯ дида буданд, рӯҳи ташреҳу қонунгузории исломро дарк карда буданд. Қудрат ва тасаллути онон дар ин бора дар ду амр бармегашт. Аввал, насси Қуръону суннатро ба хубӣ дарк мекарданд ва аҳкоме, ки ин нусус бар онҳо далолат менамуд, баён мекарданд. Дувум, истинботи ҳукм аз тариқи иҷтиҳод. Иҷтиҳод дар масоиле буд, ки баъд аз вафоти Пайғамбар (с) барои мусулмонон пеш меомад ва дар Қуръону ҳадис нассе дар бораи ҳукми онҳо вуҷуд надошт. Албатта, ин идда аз асҳоб қудрати ташреӣ ва иҷтиҳоду қонунгузориро ба василаи мансуб шудан аз ҷониби халифа ба ин мақом ва ё интихоби мардум барои анҷоми чунин вазифае ба даст наоварда буданд, балки танҳо ба воситае тӯли мусоҳибат бо Пайғамбар (с) ва ҳифзи Қуръону ҳадис ва мушоҳида қазоватҳои фаровони он ҳазрат ва баҳрамандӣ аз истеъдодҳои инсонӣ ва доштани илму фаҳм тавониста буданд ба чунин мақоме бирасанд. Ба хотири ҳамин имтиёзот дар садри асҳоб қарор гирифта буданд, то вазифаи қонунгузориро ба ӯҳда гиранд ва дигар мусулмонон таслими ҳукми эшон шаванд. Ин идда аз муҷтаҳидон ба манзури анҷоми ин вазифаи муҳим дар шаҳрҳои исломӣ пароканда шуданд. Ба тавре ки дар ҳар шаҳре шуморе аз асҳоб вуҷуд доштанд, ки ба унвони марҷаи ҳокимон ва ҷамоатҳо, афроди мухталифи мардум дар шиносии аҳкоми шаръӣ ва мавзӯоте, ки пеш меомад, воқеъ шуда буданд. Иддае аз мусулмонон ба даври ин уламои асҳоб ҷамъ шуда  Қуръонро аз эшон ёд мегирифтанд ва суннати Пайғамбарро аз онон ривоят мекарданду истинботи аҳкомро дар масоиле, ки насси Қуръону суннат дар онҳо вуҷуд надошт, тамрин менамуданд. Сипас ин идда низ он чиро, ки лозим буд, аз асҳоб ёд мегирафтанд ва барои мусулмонон фатво содир мекарданд.
Тадвини қонун. Қарни аввали ҳиҷрӣ сипарӣ шуд, давлати исломӣ ба ҷуз Қуръону ҳадис қонуни дигаре надошт. Ҳар гоҳ яке аз уламои асҳоб ё тобеин ва ғайра чун ба мақоми фатво мерасид, нассе аз Қуръон ё ҳадисро дар бораи мавзӯе ба даст меовард, аз он пайравӣ ва ба ҳукми он амал менамуд, вале агар нассеро мушоҳида намекард, ба раъйи худ ва тибқи иҷтиҳоди худ фатво медод. Дар он замон афкор ва назарияҳои иҷтиҳодӣ ҷамъоварию навишта намешуданд ва ба унвони қонун ва шаръ ба ҳисоб намеомаданд, магар ба ин эътибор, ки мустанад ва марҷаи онҳо Қуръону суннат бошад. Аммо вақте доираи футӯҳоти исломӣ густариш ёфт ва Ислом дар сарзаминҳои дурдаст ба қудрат расид ва ҳофизони шариат ва ровиёни он дар нуқоти мухталифи ҷаҳони Ислом пароканда шуданд, он гоҳ ин бим ба вуҷуд омад, ки мабодо ташаттуту парокандагӣ дар шариат ба вуҷуд ояд ва ин амр боиси бенизомӣ ва саргаштагӣ дар шариат шавад. Ин бим боис шуд, то ду кори муҳим анҷом гирад: яке тадвин ва ҷамъоварии аҳодиси Пайғамбар (с) буд ва дигар ин ки муҷтаҳидон иҷтиҳодот ва усулеро, ки мустанади иҷтиҳоди худ қарор дода буданд, тадвин ва ҷамъоварӣ намуданд ба монанди муҷтаҳидони бузург Абӯҳанифа, Имом Молик, Шофеъӣ ва Аҳмад ибни Ҳанбал ва Зайд ибни Алӣ ва Имом Ҷаъфари Содиқ ва ғайра. Аз он таърих ба баъд қонунгузорони исломӣ ба Қуръон ва суннат ва назароти муҷтаҳидон муроҷиат менамоянд.
Ин амр коре аст дуруст ва беишкол, зеро муроҷиат ба назароти муҷтаҳидон танҳо ба хотири ошно шудан бо чигунагии фаҳми Қуръону суннат ва кӯмак ҷустан бар истинботи аҳком мебошад. Дар ҳақиқат, вақте инсон ба раъйи яке аз муҷтаҳидони бузург муроҷиат мекунад, ба маънои ин аст, ки ба мустанад ӯ аз Қуръону суннат огоҳ мешавад.

БАЪЗЕ АЗ УСУЛУ ПОЯҲОЕ, КИ ҚОНУНГУЗОРИИ
ИСЛОМ БАР ОНҲО УСТУВОР АСТ
Касоне, ки аҳкоми мухталифи Қуръон – аҳкоми ақидатӣ, ибодот, муомилот, муҷозот ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор додаанд, ба хубӣ барояшон маълум шудааст, ки манзур аз ташреъ ва қонунгузории Қуръон ва суннати Пайғамбар (с) таҳаққуқ бахшидан ба манофеъ ва масолеҳи мардум ва эҷоди адлу додгарӣ дар байни онон аст. Барои ҳамин, Худованд дар тавсифи Қуръон мефармояд:
 ﴿إِنَّ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانَ يَهۡدِي لِلَّتِي هِيَ أَقۡوَمُ ٩﴾ [الاسراء: ٩]
«Ин Қуръон беҳтарин роҳҳоро, ки боиси наҷот ва саодат аст, нишон медиҳад» (Исро, 9).
Худованд дар тавсифи рисолати Пайғамбар (с) мефармояд: “Ононро ба корҳои нек дастур медиҳад ва аз корҳои баду зишт бозмедорад ва покизаҳоро барояшон ҳалол мекунад ва нопокиҳоро бар онон ҳаром месозад ва фурӯ меандозад ва банду занҷирро аз дасту по ва гардани эшон бадар меоварад”. (Аъроф, 157).
Ба ростӣ, уламои шариати исломӣ ба хубӣ ин ҳақиқатро дарк кардаанд ва ба ин ҷиҳат аст, ки Имом Шотибӣ дар китоби худ ба номи «Ал-Мувофиқот» мегӯяд: «Ҳеҷ ҳукме дар шариати исломӣ ба унвони шаръ вазъ нашудааст, магар ба хотири таъмини манофеъ ва масолеҳи мардум. Бинобар ин, дар ҳар ҷое ки маслиҳате вуҷуд дошта бошад, шариати Худованд ҳам дар он ҷо мавҷуд аст ва ҳар коре ки ба нафъи аксарияти мардум бошад ва зиёне надошта бошад, шаръӣ ва саҳеҳ аст. Ва имом Ибн ал-Қаййими Ҷавзӣ дар китоби худ ба номи «Роҳҳои ҳакимона» мегӯяд: «Худованди мутаол пайғамбарони худро ба миёни мардум фиристода ва китобҳои осмонро бар онон нозил кардааст, то мардум бо ҳаққу адолат ва додгарӣ рафтор намоянд ва адолат аст, ки боиси давом ва побарҷоии замину осмонҳо гардида. Бинобар ин, дар ҳар ҷое, ки чеҳраи тобноки адолат ба ҳар шевае равшан шуд, бидонед ки дар он ҷо шаръ ва дини Худо вуҷуд дорад, (яъне, ҳар коре дар ҳар ҷо ва ба дасти ҳар касе иҷро шавад, модоме бар асоси адолат ва додгарӣ бошад, он кори шаръи Ислом ва дини Худо аст).
Дар партави ҳамин асли куллӣ (ки аҳкоми Ислом ба хотири масолеҳ ва манофеи мардум вазъ шудаанд) уламою фуқаҳо ва донишмандони исломӣ бо ёрӣ ҷустан аз Қуръон ва суннат чандин асос ва усули куллиеро истинбот намудаанд, ки ба унвони қонуни асосии Ислом шинохта мешаванд ва қонунгузорон ва қозиҳо қавонин ва қазовати худро бо таваҷҷӯҳ ба онҳо содир менамояд. Мо ба баёни бархе аз ин усул мепардозем ва мебинем, ки ҳар як аз онҳо боиси дафъи зарар, таъмини манфиат ва маслиҳати мардум мебошад ва дар ҳар замону макон ва шароите қобили татбиқ ва иҷро ҳастанд.

АСОСҲОИ ХОС ДАР БОРАИ ДАФЪИ ЗАРАР
ВА ЗИЁН АЗ МАРДУМ
Усул ва мабодии хосе дар бораи дафъи зарар ва зиён аз мардум, ки уламои исломӣ онҳоро аз ин ҳадиси Пайғамбар (с) истинбот кардаанд, ки мефармояд: «Набояд касе зиён расонида шавад ва набояд зиёну зарар бо зиёну зарари дигар дафъ шавад» (Ибни Моҷа, Дорақутнӣ ва Молик).
Ин усул иборатанд аз:
1. Шаръан зиён бояд аз байн биравад. Бо ин қонун ҳаққи шуфъа барои шарик ва ҳамсоя собит мешавад. (Масалан, агар касе хонаашро бо касе бо қимати муайяне бифурӯшад, ҳамсоя ё шарикаш метавонанд бо ҳамон қимат он хонаро, ҳарчанд ки фурӯшанда ё харидор розӣ набошад, тамаллук намояд ва ин ҳақро ҳаққи шуфъа мегӯянд) ва бо истинод ба ҳамин асл касе моли каси дигарро аз байн бибарад, зомини он аст ва воҷиб аст баҳои онро бипардозад. Бар ҳамин асос низ воҷиб аст аз бемор нигаҳдорӣ ва мудово ба амал ояд.
2. Зарар набояд ба василаи зарар аз байн биравад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин асл касе ҳақ надорад бо хароб кардани хонаи дигарон хонаи худро обод созад ва ё бо нобуд кардани моли дигарон моли худро ҳифз кунад.
3. Зарари фардӣ ва махсус ба касе ба хотири пешгирӣ аз зарари умум бояд таҳаммул шавад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин асл барои таъмини мардум бар ҷону молашон ва ҷилавгирӣ аз қатлҳои бештар касе як нафарро ба ноҳақ бикушад, кушта мешавад ва бо таваҷҷӯҳ ба ин асл деворе, ки дар масири умум қарор дорад ва дар дами афтодан аст, ба манзури ҳифзи ҷони мардум хароб гардонида мешавад.
4. Ба манзури парҳез аз зиён ва дурӣ хатари бузургтар муртакиби зиён ва хатари камтар бояд шуд. Бо истинод ба ин асл аст, ки қозӣ вақте мебинад, шавҳар қодир ба пардохти нафақаи занаш нест ва ё зиёну зарари куллиро мутаваҷҷеҳи ӯ менамояд, ҳукм ба талоқи зан аз шавҳарро содир мекунад ва боз бар асоси ҳамин асл бар хонаводаи сарватманд нафақаи хонаводаи фақирро воҷиб менамояд.
5. Дафъи зарар бар ҷалби манофеъ муқаддам мебошад. Бо мулоҳиза ба ин асл аст, ки вақте тасарруфи молике дар мулки худ боиси зиёни дигарон бошад, он молик аз ин тасарруф мамнӯъ мегардад.

УСУЛ ВА ТАЪЛИМОТИ МАХСУС ДАР БОРАИ
ҶИЛАВГИРӢ АЗ МУҚАДДАМОТИ ФАСОД

Уламои Ислом усули марбут ба садди зароеъи фасод ва пешгирӣ аз муқаддамоти фасодро аз ин оят истинбот кардаанд, ки мефармояд: «Эй мӯъминон, ба маъбудҳо ва бутҳое, ки мушрикон ба ҷуз Худо мепарастанд, дашном надиҳед, мабодо онон таҷовузкорона ва ҷоҳилона Худоро дашном диҳанд» (Анъом, 108).
Худованди мутаол дашном додан ба бутҳои мушриконро ҳаром кардааст, ҳарчанд мусулмонон ба хотири дифоъ аз дини Худо ва иҳонат ба маъбудҳои ноҳақ муртакиби чунин коре мешуданд, аммо чун ин амр боис мешуд, мутақобилан мушрикон ба Худованди мутаол тавҳин кунанд, Худованд мусулмононро аз тавҳин ба маъбуди кофирон манъ намуд.
Пайғамбар (с) дар мавриди садди зороеъ ва ҷилавгирӣ аз муқаддамоти фасод мефармояд: «Ҳар касе, ки дар наздикии чарогоҳи хос ва шахсии дигарон гӯсфандонашро бичаронад, эҳтимоли зиёд дорад, ки вориди он чарогоҳ шавад ва ба ҳавзаи он таҷовуз намояд. Огоҳ бошед, чизҳое, ки аз ҷониби Худо ҳаром шудааст, ҷузъи маҳдудаи мамнӯъшудаи Худо аст, ҳар кас ба ин маҳдуда наздик шавад, эҳтимоли зиёд дорад, ки дохили худи маҳдуда шавад ва муртакиби гуноҳ гардад»(Бухорӣ ва Муслим).
Бо таваҷҷӯҳ ба асли садди зароеъ уламои Ислом усул ва мабодии фиқҳии зеро истинбот намудаанд ва дар партави нури онҳо ба судури аҳкоме пардохтаанд: Ҳар чизе, ки инсонро ба сӯйи ҳаром бикашонад, ҳаром аст. Ҳар чизе, ки муқаддимаи воҷиб бошад ва бидуни он воҷиб комил нашавад, воҷиб аст. Ҳар чизе ки миқдори зиёди он музир бошад, миқдори ками он ҳам музир аст. Дур намудани зарар беҳтар ва авло аз ҷалби манофеъ аст.
Аллома Ибни Қайими Ҷавзӣ дар китоби худ ба номи «Эълому-л-мувақиъин» (ҷилди 3, саҳ. 119) шарҳи кофӣ ва муфиде дар мавриди усул ва мабодии истинботшуда аз садди зароеъро баён намуда ва навадунӯҳ мисол барои онҳо зикр кардааст. Яке аз мисолҳо ин аст, ки Пайғамбар (с) ҷамъи зан бо амма ё холаашро дар никоҳи як шавҳар ҳаром кардааст ва фармуда, ки ҳар гоҳ чунин кореро анҷом диҳед, силаи раҳмро қатъ кардаед. Ин кор ҳарчанд бо ризоияти ҳамсар ҳам бошад, боз ҷоиз нест, чун муқаддимае барои қатъи силаи раҳм дар байни зану хола ё аммааш мебошад ва мисоли дигар ин аст, ки шариат шаҳодати душман ба зиёни душманро қабул надорад, то касе натавонад ба василаи адои шаҳодати ботил ба душманаш зиён бирасонад. Намунаи дигар ин аст, ки Пайғамбар (с) наҳй намуда, ки як марду зан дар як ҷо бо ҳам хилват кунанд, магар ин ки он ду бо ҳам маҳрам бошанд ва издивоҷашон бо ҳам ҳаром бошад ва ё зану шавҳар бошанд. Далели ин наҳй ва таҳрим ин аст, ки хилват бо зани бегона муқаддимае аст, ки инсонро ба сӯйи зино мекашонад. Боз намунаи дигар он аст, ки Пайғамбар (с) наҳй намуда, аз ин ки шахсе хостгорӣ бар хостгорӣ, ё муомила бар муомилаи дигарон анҷом диҳад, зеро ин амр боиси кинаю адоват дар байни мардум мешавад.

УСУЛ ВА ТАЪЛИМОТИ МАХСУС ДАР БОРАИ БАРТАРАФ СОХТАНИ ДУШВОРӢ ВА ҲАРАҶ
Уламои Ислом усул ва мабодии марбут ба аз байн бурдани душворӣ ва ҳараҷро аз ин оят истинбот кардаанд, ки мефармояд:
﴿وَمَا جَعَلَ عَلَيۡكُمۡ فِي ٱلدِّينِ مِنۡ حَرَجٖۚ ٧٨﴾ [الحج : ٧٨]
«Худованд ба воситаи дин ҳеҷ машаққату фишореро бар шумо қарор надодааст» (Ҳаҷ, 78).
«Худованд осоиши шуморо мехоҳад ва хоҳони нороҳатӣ ва азияти шумо нест»  (Бақара, 185).
«Худованд ба ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноияш таклиф намекунад» (Бақара, 286).
Усул ва пояҳое, ки уламо аз ин оят роҷеъ ба аз байн бурдани машаққат ва нороҳатӣ ва ҳараҷ истинбот кардаанд, иборатанд аз:
1. Машаққату нороҳатӣ боиси ҷалби осоиш ва саҳлгирӣ аст. Бар ин асос шариати Ислом ба одами рӯзадор иҷозат додааст, ки ба ҳангоми мусофират ва бемор шудан рӯзаро бихӯрад. Ва ҳамин тавр иҷозат додааст, намозҳои чаҳорракъатӣ дар сафар ба сурати шикаста (ду ракъатӣ) хонда шаванд ва инсонҳое, ки беморанд ва ё тавоноии анҷоми маросими ҳаҷро надоранд, аз анҷоми фаризаи ҳаҷ муоф ҳастанд.
2. Шаръан ҳараҷ ва сахтгирӣ набояд вуҷуд дошта бошад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин асл аст, ки шариати Ислом танҳо шаҳодати занонро дар масоиле, ки хоси занон аст ва мардҳо ба онҳо огоҳӣ надоранд, қабул менамояд.
3. Ниёзҳо дар мубоҳ намудани ҳаромҳо ба манзалаи заруриёт аст. Ҳамон гуна, ки заруриёт маҳзуротро мубоҳ мекунад, ниёзҳо ҳам маҳзуротро мубоҳ менамояд. Аксари муомилот ва ширкатҳое, ки ба иқтизои тиҷорат дар байни мардум ба вуҷуд меоянд, бар ин асл устувор аст. Ҳар гоҳ бо далели қотеъ ва саҳеҳ маълум шуд, ки яке аз ин ақд ва муомилот барои мардум ҷузъи заруриёт аст ва агар анҷом нагирад, мардум дучори ҳараҷу машаққат мешаванд ва кор бар онон сахту танг мегардад, дар чунин шароит ба андозае, ки боиси рафъи машаққату ҳараҷ гардад, анҷоми он ҳалол ва ҷоиз аст.

ЗАРУРАТҲО  МАМНӮОТРО МУБОҲ МЕНАМОЯНД
Уламои Ислом ин аслро аз ин оят истинбот кардаанд, ки Худованд мефармояд:
﴿إِنَّمَا حَرَّمَ عَلَيۡكُمُ ٱلۡمَيۡتَةَ وَٱلدَّمَ وَلَحۡمَ ٱلۡخِنزِيرِ وَمَآ أُهِلَّ بِهِۦ لِغَيۡرِ ٱللَّهِۖ فَمَنِ ٱضۡطُرَّ غَيۡرَ بَاغٖ وَلَا عَادٖ فَلَآ إِثۡمَ عَلَيۡهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٌ ١٧٣﴾ [البقرة: ١٧٣]
«Касе, ки маҷбур бошад ба манзури ҳифзи ҷон аз чизҳои ҳаром бихӯрад, ба шарти ин ки алоқаманд ба хӯрдани онҳо набошад ва қасди лаззат бурдан аз онҳо накунад ва аз андозае таҷовуз нанамояд, ки боиси садди гуруснагии ӯ аст, гуноҳе бар ӯ нест» (Бақара:173).
Ва Худованди мутаол касонеро, ки маҷбур мешаванд калимоти куфрро бар забон оваранд, мебахшад ва мефармояд: «Касоне, ки баъд аз имон оварданашон кофир мешаванд, ба ҷуз онон ки таҳти фишору иҷбор водор ба изҳори куфр мегарданд ва дар ҳамон ҳол дилҳояшон собит бар имон аст» (Наҳл, 106).
Ба ҳамин хотир инсоне чун маҷбур мешавад, метавонад калимаи куфрро бар забон ҷорӣ кунад, ба шарти ин ки дилаш бар имон ба Худо ва Қуръон собит бошад ва иҷозат дода шуда, ба ҳангоми зарурату ночорӣ аз гӯшти мурдор ё шароб ба андозаи рафъи ниёз ва зарурат истифода шавад. Бо таваҷҷӯҳ ба асли заруратҳо маҳзуротро мубоҳ менамояд, уламо чандин асли дигари шаръиро истинбот кардаанд, ки иборатанд:
1. Дараҷаи истифода аз маҳзурот ба мизони заруратҳо таъйин мегардад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин асл ҳар гоҳ зарурат бартараф гардид, мубоҳият низ бартараф мегардад ва ҳурмати аслӣ ба ҳоли худ бармегардад. Бинобар ин, ҷоиз нест ба баҳонаи заруратҳо озодона ба хӯрдани ҳаром иқдом намуд, балки бояд диққат шавад, ҳар гоҳ инсон бо луқмае хатари ҷонияш бартараф гардид, набояд иқдом ба хӯрдани луқмаи дувум намояд.
2. Изтирор (маҷбурият ва ночорӣ) боиси ботил шудани ҳаққи дигарон намешавад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин асл, касе ки аз гуруснагӣ ҷонаш дар хатар бошад, метавонад барои дафъи хатар аз таоми дигарон бихӯрад, аммо бояд қимати онро ба соҳиби таом бипардозад.

УСУЛ ВА ПОЯҲОИ МАХСУС
ДАР БОРАИ БАРОАТИ АСЛӢ
Уламои Ислом бароати аслиро аз ин оят истинбот намудаанд, ки мефармояд:
﴿هُوَ ٱلَّذِي خَلَقَ لَكُم مَّا فِي ٱلۡأَرۡضِ جَمِيعٗا ثُمَّ ٱسۡتَوَىٰٓ إِلَى ٱلسَّمَآءِ فَسَوَّىٰهُنَّ سَبۡعَ سَمَٰوَٰتٖۚ وَهُوَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٞ ٢٩﴾ [البقرة: ٢٩]
«ӯ Худое аст, ки тамоми он чиро, ки дар рӯйи замин аст, барои истифодаи шумо офаридааст» (Бақара, 29).
Асли бароат ин аст, ки ҳамаи ашёи рӯйи замин барои инсон ҳалолу мубоҳ бошад, магар он чизҳое, ки аз ҷониби Худо ва Пайғамбар (с) ҳаром шуда бошанд. Пайғамбар (с) дар мавриди бароати аслӣ мефармояд: «Ҳар навзоде бар фитрати пок ва бегуноҳ ба дунё меояд»(Табаронӣ, Байҳақӣ)
Яъне, асл дар инсонҳо покӣ ва бароат аз гуноҳ аст, ки баъдан ориз мешавад. Уламо аз асли бароат ин ду аслро истинбот намудаанд:
Аввал, ҳукми аслӣ дар ашё мубоҳияти онҳо аст (ва бе далел касе ҳақ надорад чизеро ҳаром кунад).
Дувум, асл дар инсонҳо бароат ва бегуноҳии онҳо аст (ва касе ҳақ надорад бе далелу мадраки қотеъ касеро муҷрим ва гунаҳкор қаламдод кунад)
Инҳо усул ва пояҳое буданд, ки қонун ва шариати Ислом бар асоси онҳо поярезӣ шудааст ва ҳар инсони мунсифу ҳақшинос тардиде надорад, ки ин усул одилона аст ва дар ҳеҷ авзоъ ва шароите бо ҳеҷ қонуни одилонае дар ҳар ҷо, ки бошад, зиддият ва муғоират надорад.

ҚОНУНИ ИСЛОМ ҶОМЕЪ
 ВА БО ҲАР ҶОМЕА СОЗГОР АСТ
Қонуни Ислом шомили ҳамаи мавзӯот аст ва дар посухгӯӣ ба ҳеҷ масъала ва ниёзе оҷиз нест ва ҳаргиз дар муқобили маслиҳати мардум ва иҷрои адолат ба унвони сад ва монеъе воқеъ нашудааст. Баръакс, мебинем, ки қонуни исломӣ ҳуқуқи тамоми гурӯҳҳо ва табақоти ҷомеаро тазмин кардааст. Ҳангоме ки давлати Ислом дар даврони тиллоии ҳукуматаш парчами хешро аз Чин то кӯҳҳои Испания дар Ғарб ба ҷунбиш дароварда буд ва бар ақвому миллатҳои гуногун бо нажодҳо ва одобу фарҳанг ва динҳои мухталиф фармонравоӣ мекард, бо қонун ва шариати худ ин миллатҳои мухталифро ба навъи аҳсан ва риояи маслиҳати ҳар як ва иҷрои адолати комил идора менамуд. Таърих нишон намедиҳад, ки мусулмонон дар ҳеҷ як аз давраҳои тиллоии худ аз қонуни ғайриисломӣ кӯмак гирифта бошанд, балки ҳар вақт мусулмонон кишвареро мекушоданд, уламо ва муҷтаҳидон Ислом низ боби тозае аз иҷтиҳоду истинботро бозкушоӣ мекарданд. Бинобар ин, шариати Ислом дар муқобили ҳеҷ ниёзе оҷизу нотавон набудааст, балки ба сурати бисёр ҷомеъ ба ҳамаи ниёзҳо посух гуфтааст ва манофеъ ва масолеҳи тамоми миллатҳоро чи мусулмонону яҳудӣ ва насорою ғайраро дар назар гирифтааст ва ҳама таҳти низоми одилонаи Ислом бо итминони хотир зиндагии орому ризоятбахши худро идома додаанд.
Бидуни шак, қавонин ва муқаррароте, ки дар он замон ба марҳалаи иҷро дармеояд, ба маротиб аз тамаддуни ҳозира аз лиҳози риояи адолат ва баробарӣ пешрафтатар буд ва шомили тамоми усул ва қавонине буд, ки як ҷомеаи пешрафта ва мутамаддин ба он ниёзманд аст. Уламою донишмандон ва ҳуқуқдононе, ки мусулмон ҳам нестанд, ба ин ҳақиқат эътироф кардаанд. Барои намуна гувоҳии чанд нафар аз ононро баён менамоем. Яке аз донишмандон ба номи Сантилана мегӯяд: «Фиқҳ ва қонуни исломӣ ба андозае ғанӣ аст, ки агар нагӯем барои таъмини ҳуқуқи мадании ҷомеаи башарӣ ба таври куллӣ кофӣ аст, ҳатман, бояд бигӯем, ки барои таъмини ҳуқуқи мадании ҳамаи мусулмонон кофӣ мебошад».
Доктор Муҳаммадсодиқи Фаҳмӣ, яке аз қуззоти мисрӣ рисолаи доктории худро дар донишгоҳи Фаронса дар мавзӯи «Исботи ҳукм» навишт ва муҳимтарин мабоҳиси онро ба афкор ва назариёти фуқаҳо ва уламои шаръи Ислом ихтисос дода буд. Вақте ҳайати илмӣ ва устодони фаронсавӣ, ки масъули имтиҳон аз донишҷӯён ва таҳқиқу баррасии рисолаҳо буданд, ба нақду баррасии рисолаи доктории Фаҳмӣ пардохта онро таъйид кардаанд ва ҳуқуқдоне, ки доктор Фаҳмӣ кори илмии худро аз ӯ гирифта буд, ба номи Лофи Улмон муқаддимае бар он навишт ва дар таърифи ин рисола мегӯяд: «Ба ростӣ, китоби доктор Фаҳмӣ сазовори он аст, ки на танҳо дар радифи китобҳои мавҷуди қонунии илмии ҷаҳон қарор дода шавад, балки бояд ба унвони сарқонун дар асри инқилобии феълӣ қарор гирад. Бинобар ин, лозим аст қонун ва шариати Ислом дар муомилот ба унвони як масдари зинда ва собиткунандаи ҳақ дар тамоми давронҳо дар назар гирифта шавад».
Ҳокнер, муҳаққиқи амрикоӣ ва устоди фалсафа дар донишгоҳи Ҳорвард як фасли муфассалро дар китоби худ бо номи «Рӯҳи сиёсати ҷаҳонӣ», ки дар соли 1932 ба чоп расидааст, ба ҳаракат ва пӯёии фарҳанги исломӣ ихтисос додааст ва баъд аз ин ки ба тафсил дар бораи фиқҳ ва шариат ва қонуни исломӣ ва мазоҳиби арбаъа (ҳанафӣ, моликӣ, шофеъӣ, ҳанбалӣ) мепардозад, мегӯяд: «Тараққӣ ва пешрафти кишварҳои исломӣ дар ин нест, ки аз гуфтаҳои ғарбиҳо тақлид кунанд, ки мегӯянд: «Дин ҳақ надорад дар бораи зиндагии инсони имрӯзӣ чизе бигӯяд ва дар бораи қонуну назми осмонӣ ва курот баҳс намояд. Балки бар мусулмонон лозим аст дар дини худ қонуни тараққӣ ва пешрафтро ҷустуҷӯ намоянд ва агар касе суол кунад ва бигӯяд, магар низоми Ислом метавонад бо афкори тоза аҳкому назариёти ҷадидеро нишон диҳад, ки мавриди ниёзи зиндагии ин аср бошад?» Дар ҷавоби ин суол мегӯям, ки тамоми истеъдодҳои дохилӣ барои рушду тараққӣ дар низоми Ислом мавҷуд аст. Ҳатто аз лиҳози қобилият ва истеъдод барои пешрафт аз аксари низомҳои мушобеҳ қобилияташ бештар аст. Мушкили мусулмонон дар ин нест, ки фоқиди васоили тараққӣ ва инқилобу пашрафт дар шариати исломӣ бошанд, балки мушкили онон дар ин аст, ки алоқа надоранд, ки ин имконоту васоилро дар роҳи пешрафт ба кор гиранд. Вақте ки мегӯям: «Шариати Ислом ба ҳадди вофир дорои тамоми усул ва пояҳои лозим барои тараққию пешрафти ҷомеаи инсонӣ аст, аз ин гуфтаи худ шодам ва эҳсос мекунам, ки ҳаққеро адо кардам».
Боз доктор Энрику Инсоботкин мегӯяд: «Ислом ҳамгом бо ниёзу муқтазиёти замон дар ҳаракат мебошад. Ислом қодир аст дар хилоли қарнҳо бе ин ки заифу нотавон шавад, ба пешрафту тараққӣ ноил ояд ва Ислом камолу қудрати худро ҳифз мекунад ва бо матонату итминон бар зиндагӣ мусаллат мегардад. Ба ростӣ, танҳо Ислом буд, ки беҳтарин ва собиттарин қонунҳоро ба ҷаҳони башарият эҳдо намуд ва шариати Ислом дар аксари тафсилоту баёноташ бар шароеъ ва қавонини Аврупо бартарӣ дорад».
Дар соли 1932 конфронси байналмилалӣ дар Лоҳа барои баррасии қонуни муқорин (ва муқоисаи қонунҳо) ташкил шуд ва ба иттифоқи андешаҳо таъйид шуд, ки шариати Ислом ба унвони яке аз манобеъ ва сарчашмаҳои қонуни муқорин қарор дода шавад. Бо ин иқдом манобеи қонуни муқорин ба чаҳор манбаъ расид: Қавонини Фаронса; Қавонини Олмон; Қавонини Инглис; Шариати Ислом.
Ин буд бархе аз эътироф ва шаҳодатҳои уламои ҳуқуқ дар бораи қонун ва шариати Ислом, ки ба хотири парҳез аз дарозии калом танҳо ба ин чанд намуна иктифо кардем. Бидуни шак, агар уммати Ислом ба сӯйи амал ба аҳкоми шариати худ боз гарданд, на танҳо зараре мутаваҷҷеҳи эшон намешавад, балки ба саодати динӣ ва оромиш дар зиндагӣ хоҳанд расид, чаро ки таҷриба шуда ва бо далоили қатъӣ собит гардидааст, ки шариати Ислом тазминкунандаи хайру салоҳи ҷомеаи башарӣ аст. Ин шариат фармони Худо аст. «Чӣ касе барои афроди парҳезкор аз Худо беҳтар ҳукм мекунад» (Моида, 50).
Бинобар ин, бар ҳар як аз давлатҳои исломӣ воҷиб аст, ки як ҳайати илмие аз ашхоси барҷастаи динию қонунӣ ва иқтисодиро ба сурати ҳамешагӣ дар хидмат дошта бошанд, ки вазифаи аслии онон вазъи қавонин бар асоси дастуроти Қуръон ва суннати саҳеҳи пайғамбар бошад ва дар масоиле, ки ба маслиҳати миллат аст, ба қавли муҷтаҳидон истинод кунанд, мавзӯоте, ки нассе аз Қуръону ҳадис дар бораи онҳо нозил нашудааст монанди ширкатҳо ва муомилоте, ки ба тозагӣ ба вуҷуд омадаанд, бар асоси фоидаи онҳо ва маслиҳати омма санҷиш шаванд ва онҳое, ки барои маслиҳати омма бошад, ҳалол аст ва онҳое, ки нафъе барои афрод дорад ва зиёне ҳам мутаваҷҷеҳи умум намекунад, боз мубоҳ мебошад.

ХИЛОФАТ
Хилофат дар Ислом муродифи калимаи имомат ва иморат бар мусулмонон аст, ки аз раёсат ва ба даст гирифтани зимоми умури динию дунёии мусулмонон ба ниёбат ва ҷойнишинии Пайғамбар (с) иборат мебошад. Касе, ки ба чунин мақоме мансуб шавад, ӯро халифа ва имому амирулмӯъмин гӯянд. ӯро имом мегӯянд, ҳамон гуна, ки бар намозгузорон лозим аст дар намоз аз имом тобеият кунанд, бар тамоми мардум ҳам лозим аст аз раҳбари сиёсию динии худ пайравӣ намоянд ва ӯро халифа мегӯянд, зеро дар идораи умури динию дунёии миллати Ислом ба ҷойи Пайғамбар (с) нишастааст ва амирулмӯъминин аст, чун бар ҳамаи мусулмонон аморат дорад.
Вазифаи халифа ва имом ин аст, ки мардумро ба риояи масоили динию дунявие, ки ба онон марбут мегардад, бар асоси назари шариат ва қавонини Ислом водор намояд, зеро Ислом мӯътақид аст тамоми корҳои дунё ба масолеҳ ва манофеи охират бармегардад. Дар ҳақиқат, халифа ҷойнишини соҳиби шариат дар ҳифз ва нигаҳдории дин ва идораи сиёсати дунёи мардум мебошад.

ЧӢ КАСОНЕ ХАЛИФАРО ИНТИХОБ МЕКУНАНД
ВА Ё ӮРО БЕКОР МЕНАМОЯНД
Аҳли суннат ва ҷамоат иттифоқи назар доранд, ки интихоби халифа дар ҳар аср ва замоне барои идораи мамлакат фарзи кифоят аст ва касоне, ки ба чунин вазифае иқдом мекунанд, аҳли ҳаллу ақд ва бузургону мӯътамадон, руасо ва уламои динию сиёсӣ ва иқтисодӣ, ҷомеашиносон ва қозиҳо ва коршиносони идорӣ ҳастанд. Ин раёсати олӣ дар ҳукумати исломӣ монанди ҳар раёсати олии дигар дар ҳукуматҳои парлумонӣ аст, чаро ки халифа қудрати худро аз миллате ба даст меоварад, ки аҳли ҳаллу ақд намояндаи онон ҳастанд, давом ва қудраташ низ ба эътимод ва боварии аҳли ҳаллу ақд ба салоҳияти ӯ барои идораи умури мамлакат бастагӣ дорад. Бинобар ин, уламои Ислом эълом намудаанд, ки ҳар гоҳ уммат бесалоҳиятии халифаро ташхис диҳанд, метавонанд ӯро барканор намоянд ва агар диданд, ки азлаш мӯҷиби фитнаю ошӯб ва беназмӣ мешавад, бояд ҳар як аз ду ҷанбаи азлу бақои халифаро баррасӣ кунанд, ҳар кадом зарараш камтар бошад, онро ба иҷро дароваранд. Мақоми халифа бо мақоми дигари раёсати олӣ дар ҳукумати парлумонӣ дар ин амр муғоират дорад, ки халифа раёсати умури динию дунявии мардумро ба ӯҳда дорад, дар ҳоле ки раёсати олии ҳукуматҳои парлумонӣ танҳо дар умури дунявӣ аст.

НОМЗАДИ ХИЛОФАТ БОЯД ДОРОИ ЧӢ ШАРОИТЕ БОШАД?
Уламои Ислом барои касе, ки ба унвони халифа интихоб мешавад, чанд шартро зикр кардаанд ва мо шароитеро, ки Абулҳасани Мовардӣ дар китоби худ ба номи «Аҳкому-с-султония» навиштааст, дар ин ҷо баён мекунем, ки мегӯяд: «Шурути мӯътабар барои интихоби хилифа ҳафт шарт аст:
Аввал, адолат ба тамоми маъно, шароити адолат бояд дар халифа ҷамъ бошад.
Дувум, дорои мақоми илмии чунон шомихе бошад, ки агар мавзӯъе пеш омад, битавонад дар он иҷтиҳод намояд.
Севум, халифа бояд дорои ҳавос, чашму гӯш ва забони солим бошад (ва кӯру кар ва гунг набошад), то ба василаи ин ҳавос битавонад мустақиман масоилро дарк кунад.
Чаҳорум, халифа набояд нақси узвӣ дошта бошад, ки монеи иқдом ба кор ва ё суръати лозим барои анҷоми он бошад.
Панҷум, халифа бояд дорои назару бинише бошад, ки битавонад ба василаи он сиёсати миллатро раҳбарӣ ва масолеҳу манофеи мардумро таъмин кунад.
Шашум, халифа бояд шаҳомату шуҷоат дошта бошад, то битавонад сарзаминҳои исломиро ҳимоят кунад ва бо ҷиҳод бо душманон бипардозад.
Ҳафтум, лозим аст халифа аз лиҳози насаб қурайшӣ бошад, чаро ки аҳодиси сареҳ дар ин бора омадааст ва иҷмои уммат бар он мунъақид шудааст».
Шарти ҳафтум, ки Мовардӣ онро зикр кардааст, мухталафун фиҳ аст ва маншаи ин ихтилоф, қатъият надоштани ба сиҳати аҳодисе аст, ки дар ин маврид ривоят шудаанд ва бо нусусу аҳодиси фаровони дигаре, ки далолат бар бекор гардидани шарти насаб доранд ва шахсияту амалро мелок қарор медиҳанд ва таассубро аз байн мебаранд, муориз мебошанд ва агар насаби қурайшӣ махсусан дар аҳде, ки қариб ба вафоти Пайғамбар (с) будааст, шарт буда бошад, сабабаш ин аст, ки қабилаи Қурайш дорои қудрату мавқеияти иҷтимоии муҳкаме буданд ва ин амр боиси кӯмак ба халифа дар анҷоми вазоиф ва ҷамъ шудани мардум ба даври ӯ мешуд. Пас шарти насаб шарти замонӣ ва маслиҳатӣ аст ва маънояш ин аст, ки халифа бояд қавӣ ва нерӯманд бошад ва шарти доимӣ нест, ба ин маъно, ки бигӯем бояд дар ҳар асру замоне халифа аз Қурайш бошад, балки ҳар кас шоиста бошад, авло ба хилофат мебошад.

ФАРҚИ БАЙНИ ХИЛОФАТ ДАР ИСЛОМ ВА ПОПИЯТ
 ДАР МАСЕҲИЯТ
Иддае аз нависандагон дар Аврупо сару садои фаровоне ба роҳ андохтаанд ва хилофати исломиро ба низоми попӣ дар масеҳият ташбеҳ намудаанд. Аммо ҳақиқат ин аст, ки низоми хилофати исломӣ бо попият ба андозае муғоир аст, ки метавон гуфт дар ҳеҷ нуқтае бо ҳам иштирок надоранд. Поп танҳо дар байни кардиналҳо (ки мақоми кардиналӣ як дараҷа поинтар аз поп аст) интихоб мешавад ва касе, ки ба мақоми кардиналӣ, ки болотарин мақоми коҳинӣ баъд аз мақоми поп мебошад, нарасида бошад, ҳаққи расидан ба мақоми попро надорад. Вале халифа ва амирулмӯъминин як инсони оддӣ аст, ки аҳли ҳаллу ақд ӯро интихоб менамояд ва ҳар гоҳ аз анҷоми воҷибот оҷиз монд ва амал ба Қуръону ҳадисро тарк кард, метавонанд ӯро азл (барканор) кунанд ва каси дигареро ба ҷойи ӯ мансуб намоянд, чаро ки Пайғамбар (с) мефармояд: «Набояд аз ҳеҷ касе дар амри гуноҳ ва нофармонии Худо итоат шавад».
Дар низоми попият поп зимоми тамоми корҳоро дар даст дорад ва анҷом ва адами анҷоми онҳо бастагӣ ба назари ӯ дорад, ҳатто бахшидани гуноҳи мардумон ва маҳрум сохтани онон аз раҳмати Худо дар ихтиёри поп қарор дорад, вале халифа ҳаргиз дорои чунин ихтиёроте нест. Тафсири китоби муқаддас танҳо ба ӯҳдаи поп аст, вале дини Ислом шарт накарда, ки халифа бояд илму дарки бештар аз дигарон ба Қуръон дошта бошад, балки дар фаҳми Қуръон ва дарки аҳкоми он монанди дигар фуқаҳо ва уламо мебошад. Имтиёзу бартарии уламои Ислом танҳо дар илму сафои ақл ва дурустии бештар дар аҳком аст.

ВАЗИФАЕ, КИ ХАЛИФА ДАР БАРОБАРИ УММАТ
 БА ӮҲДА ДОРАД
Интишор ва густариши даъват ба сӯйи Ислом ва барқарор сохтани низоми дақиқи адолат ва ҳимоя аз дин дар баробари таҷовуз ба ҳарами он ва ё дохил намудани бидъат дар он, машварат ва тадбир дар ҳар мавзӯъе, ки нассе дар бораи он вуҷуд надошта бошад, ҷузъи вазоифи муҳими халифа мебошанд. Халифа дар муқобили корҳое, ки анҷом медиҳад, масъулият дорад. Ҳар гоҳ муртакиби хилофе шавад, ҳар як аз афроди уммат ҳақ дорад ба ӯ бигӯяд, ки ин кор хато ва хилоф аст ва аҳли ҳаллу ақд ба намояндагии миллат халифаро муҳокима менамоянд. Дар ин маврид Худованд мефармояд: «Бегумон, Худованд ба шумо – мӯъминон дастур медиҳад, ки амонатҳоро (он чи Худо шуморо дар он амин шумурда ва ё чизҳое, ки мардум онҳоро ба дасти шумо супурда ва шуморо дар он амин донистаанд) ба соҳибони амонат бирасонед ва ҳангоме, ки ба доварӣ нишастед, додгарона ва одилона доварӣ кунед» (Нисо, 58).
Ҳар чизе, ки ҳифзи он ва баргардонданаш ба соҳибаш воҷиб бошад, амонат аст. Бинобар ин, мақому мансабҳои давлатӣ амонате аст ба ӯҳдаи имому халифаи Ислом. Тавре, ки бояд ҳар мақомеро ба афроди шоиста ва лоиқи он вогузор кунад ва амвол ва байтулмоли давлат амонате аст ба ӯҳдаи ӯ, воҷиб аст онро дар ҷойи худ харҷ намояд. Афрод ва ҷамоат ҳар як ҳуқуқи машрӯъе дорад ва бар халифа воҷиб аст ҳуқуқи машрӯаро ба соҳибони онҳо бирасонад, то ҳар кас битавонад ба ҳаққи худ бирасад. Адолати мансус ва қатъӣ он аст, ки тибқи Қуръон қазоват шавад ва дар наздиктарин фурсат ҳақ ба соҳиби ҳақ бирасад. Ашхосе, ки ба хотири мақому сарват довталаби раёсату мақом бошанд, дар Ислом дар мақомоти олирутба қарор дода намешаванд. Пайғамбар (с) ба ду нафаре, ки дархости мақоми аморат аз ӯ карданд, фармуд: «Мо касеро, ки худ дархости аморат кунад ва бар он ҳарис бошад, ба унвони сарпарасту амир қарор намедиҳем» (Ривояти Бухорӣ).


АВВАЛИН ХАЛИФАИ ИСЛОМ
БА ЧӢ ШЕВАЕ ИНТИХОБ ШУД
Пайғамбар (с) вафот намуд, бо умматаш видоъ ва худоҳофизӣ кард, то баъд аз ӯ худ бар асоси нусуси Қуръон ва суннати саҳеҳ корҳои худро идора намоянд ва ҳатто аз ҷойнишини худ дар байни бузургони асҳоб номе набурд.
Фавти Пайғамбар (с) барои асҳоб амри ғайримунтазирае буд ва ононро ғофилгир намуд, ҳатто наздик буд баъзе аз онон аз дини худ баргарданд. Дар ин мавқеияти ҳассос Абӯбакр бар болои минбар рафт ва хитоб ба онон гуфт: «Эй мардум, ҳар кас ки Муҳаммадро парастиш мекард, бояд бидонад, ки Муҳаммад мурдааст ва ҳар кас, ки Худоро парастиш мекунад, ҳамоно, Худованд зинда ва ҷовидон аст ва ҳаргиз намемирад». Он гоҳ ин оятро тиловат намуд:
﴿وَمَا مُحَمَّدٌ إِلَّا رَسُولٞ قَدۡ خَلَتۡ مِن قَبۡلِهِ ٱلرُّسُلُۚ أَفَإِيْن مَّاتَ أَوۡ قُتِلَ ٱنقَلَبۡتُمۡ عَلَىٰٓ أَعۡقَٰبِكُمۡۚ وَمَن يَنقَلِبۡ عَلَىٰ عَقِبَيۡهِ فَلَن يَضُرَّ ٱللَّهَ شَيۡ‍ٔٗاۗ وَسَيَجۡزِي ٱللَّهُ ٱلشَّٰكِرِينَ ١٤٤﴾ [ال عمران: ١٤٤]
«Муҳаммад ҷуз пайғамбаре нест ва пеш аз ӯ пайғамбароне буда ва рафтаанд. Оё агар ӯ (дар ҷанги Уҳуд кушта мешуд ё мисли ҳар инсони дигаре вақте) бимирад ё кушта шавад, ба ақиб мегардед (ва бо марги ӯ Исломро раҳо месозед ва ба куфр бозгашт мекунед)?! Ва ҳар кас ба ақиб баргардад, ҳаргиз зиёне ба Худо намерасонад ва Худованд ба сипосгузорон подош хоҳад дод» (Оли Имрон, 144).
Ҳамин ки асҳоб ин ҷумалотро аз Абӯбакр шуниданд, ба ҳолати оддӣ бозгаштанд ва Пайғамбари худро дар ҳоле ки рӯпӯше бар ҷанозааш кашида шуда буд, дар ҳуҷраи худ ба ҷой гузоштанд ва дар сақифаи банӣ Соъида ҷамъ шуданд ва дар мавриди касе, ки бояд ба унвони ҷойнишини Пайғамбар (с) таъйин шавад, ба машварат пардохтанд. Вақте байъати Абӯбакр ба унвони халифа тамом шуд, дар миёни мардум хутбае хонд ва гуфт: «Эй мардум, ман ба унвони амир ва сарпарасти ҳукумати шумо интихоб шудаам, вале аз шумо беҳтар нестам, шумо бояд мутаваҷҷеҳи корҳо бошед, агар ман корҳои худро анҷом додам, маро ёрӣ диҳед ва агар аз ҳақ мунҳариф шудам, маро ба роҳи рост баргардонед. Садоқату дурусткорӣ амонат аст ва дурӯғ – хиёнат. Афроди заиф дар миёни шумо қавӣ аст, то замоне, ки ҳаққаш гирифта шавад ва қавӣ дар байни шумо заиф аст, то замоне, ки ҳақ аз ӯ гирифта шавад, иншоаллоҳ. Набояд ҳеҷ як аз шумо ҷиҳодро тарк кунед, чун ҳар қавме, ки ҷиҳодро тарк кунад, Худованд ононро залилу бадбахт месозад. Аз ман итоат кунед, то замоне ки ман аз Худо ва Пайғамбари Худо итоат менамоям ва ҳар гоҳ аз итоати Худо ва Пайғамбар (с) рӯгардон шудам, итоат аз ман бар шумо воҷиб нест, баланд шавед ва намозатонро бихонед, Худованд шуморо мавриди раҳмати худ қарор диҳад».
Ҳар касе ин хутбаро, ки аввалин суханоне аст аз тарафи як инсони соҳибқудрат ва воломақом баъд аз вафоти Пайғамбар (с) ба гӯши мусулмонон мерасад, ба диққат мавриди тааммул қарор диҳад, тамоми усули демократияро бе ҳеҷ каму косте ба рӯшанӣ дар он мушоҳида менамояд, дар ҳоле ки миллатҳои пешин, махсусан миллати араб дар он замон ҳеҷ ошноӣ бо демократия надоштанд ва бо он бисёр бегона буданд.
Пас аз ташкили иҷтимоот ва мушовара дар ин маврид, ки чӣ касе аз ҳама сазовортар ба хилофат аст, Абӯбакр аз тарафи ҳаллу ақд ба унвони халифаи Ислом интихоб шуд, мардум ҳама бо ӯ байъат карданд. Байъати мардум далолат бар ин дорад, ки қудрати аслӣ дар ҳукумат аз они миллат аст, аз тарафи дигар Пайғамбар (с), ки халифаеро ба ҷойи худ таъйин накард, бузургтарин далел бар таъйиди ин ҳақ барои миллат аст (ва Пайғамбар (с) нахост бо таъйини ҷойнишини худ ин ҳақро аз миллат бигирад ва касонеро, ки баъдан хоҳони ҳукмронию аморат мешаванд, натавонанд ин ҳақро аз мардум салб кунанд) ва ин сухани Абӯбакр: «Агар корҳои хубро анҷом додам, маро ёрӣ диҳед ва агар мунҳариф шудам, маро ба роҳи рост баргардонед» нишонаи возеҳ бар ин аст, ки миллат ҳаққи назорат ва ишроф бар ҳукуматро дорад, некӯкорро таъйид менамояд ва мунҳарифро ба роҳи рост мегардонад ва ё барканор месозад.
Абӯабакр, ки мегӯяд: «Аз ман итоат кунед, то вақте ман аз Худо ва Пайғамбари Худо итоат менамоям, ҳар гоҳ аз фармони Худо сарпечӣ кардам, итоати ман бар шумо лозим нест», ба сароҳат ва бе ҳеҷ пардапӯшӣ эълом медорад, ки ҳукумати Ислом дорои қонуну муқаррароти мушаххас аст, ки иборат аз Қуръон ва суннати Пайғамбар (с) мебошад. Абӯбакр бо ҳузури мардум ва гувоҳ қарор додани онон худро муқайяд ва пойбанд ба амал ба Қуръон ва суннат намуда, бо сароҳат эълом кард, ки мардум ҳақ доранд вақте давлат ба ин қонун амал накард, онро барканор созанд, ин тааҳҳудот рукн ва пояи асосӣ ва собити ҳар ҳукумати демократии саҳеҳ аст.
Ин намунае буд аз демократияи хулафои аввал, ки агар ба хотири парҳез аз дарозии калом набуд, мисолҳои фаровонеро аз дигар хулафои рошидине, ки баъд аз Абӯбакр омаданд, зикр мекардем.
Ва саллаллоҳу ало саййидино Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин.

 

 

 

1. Иқтисоди сармоядорӣ. 2. Иқтисоди коммунистӣ. 3. Иқрор ба моликияти хусусӣ дар Ислом. 4. Пешгирӣ аз туғёни сармоядорӣ ба василаи: а) закот; б) ирс; в) васият; г) саҳми фуқаро аз ғанимат ва файъӣ; ғ) таҳрими захира кардани сарват ва мол. 5. Ҳифзи амволи ҷомеа ва афрод ба василаи: а) ҳаҷр қарор додан бар афроди сафеҳ; б) имтиҳони ятимон қабл аз таҳвил додани амволашон ба онон; в) навиштани қарордодҳои молӣ ва раҳнӣ; г) ҳаром намудани рибо; г) ҳаром намудани хӯрдани амволи дигарон ба ноҳақ. 6. Таҳрими қимор. 7. Ҳаром намудани хиёнат дар паймона ва тарозу. 8. Мазаммати исроф. 9.  Некӣ бо қишри тангдастон.

Мушкили иқтисодӣ дар низоми ҷаҳонии ҳозир дар садри ҳамаи масоил ва мушкилот қарор дорад ва масъалае ҳаст бисёр муҳим, ки афкори ҷаҳониёнро ба худ машғул намудааст. Тамаддуни моддии Ғарб низ ташаннуҷу изтироб дар равобити миллатҳоро дар дасти рост ва ихтилофу душмании байни табақоти мухталифи мардумро дар дасти чапи худ қарор дода ва онро ба ҷомеаи инсонӣ тақдим доштааст.
Низоми иқтисодии Ғарб ба иллати оҷиз будан аз посухгӯӣ ба ниёзҳои бархоста аз авзоъи ҷадид бо мушкилоти фаровоне рӯ ба рӯ шудааст ва ин вазъ ба сурати низоъ ва адовати доимии сармоядорон ва табақаи коргар даромадааст. Бинобар ин, то мушкили иқтисодӣ ҳал нашавад, ҳаргиз ҷаҳон рӯйи сулҳу оромишро ба худ нахоҳад дид.
Шояд калиди ҳалли ин мушкилот ва барқарор намудани пояҳои сулҳу оромиш дар ҷаҳон танҳо дар дасти Ислом бошад, зеро танҳо иқтисоди исломӣ аст, ки метавонад дар байни коргару корфармо созиши сулҳ эҷод намояд ва танҳо Ислом аст, ки барномаи ислоҳи иқтисодии матлубро ироа медиҳад, то бо пайравӣ аз он мусулмонон бар тамоми ҷаҳон ҳукмфармо шаванд. Ҳамон гуна, ки хоҳед дид, низоми иқтисодии Ислом дорои вежагиҳо ва хусусиятҳое аст, ки дар дигар низомҳо мавҷуд нест, аммо қабл аз ин ки дар бораи вежагиҳои иқтисоди исломӣ ба баҳсу баррасӣ бипардозем, лозим аст назари кӯтоҳе ба иқтисоди низомҳои сармоядорӣ ва коммунистӣ биандозем.

ИҚТИСОДИ САРМОЯДОРӢ
Низоми иқтисодии сармоядорӣ бар асоси озодии фардӣ устувор аст, ба ин маъно, ки фард иҷозат дорад ҳар навъ тиҷорату саноат ва муомилотеро, ки мехоҳад анҷом диҳад ва озод аст ҳар навъ колоеро ба ҳар миқдоре, ки дар тавон дорад, тавлид намояд ва метавонад бо дигарон дар камоли озодӣ вориди муомила шавад. Ба иборати дигар, иқтисоди сармоядорӣ бар сиёсати дари боз (Laissez faite) дар дохилу хориҷ устувор аст.
Уламои иқтисоди сармоядорӣ мегӯянд барои ин ки рӯҳи иқтисод фаъол ва солим бошад, лозим аст ба се асл устувор гардад:
Аввал, бояд маслиҳати сармоядор ба унвони ҳадафи аслӣ қарор дода шавад, зеро воқеият ин аст, ки шахс то манфиату маслиҳати шахсии худро набинад, ба фаъолият алоқа нишон намедиҳад.
Сониян, бояд рақобат ва музоҳамат вуҷуд дошта бошад, зеро одам бештар дар зери таъсири эҳсос қарор дорад, назар ба ақлу идрок. Пас барои он ки ба кори мушкил ва хабарноке иқдом намояд, бояд рақибе дошта бошад, ки бо ӯ дар рақобат қарор гирад.
Солисан, озодии амал дар низоми иқтисоди сармоядорӣ шарти лозим аст, зеро набудани озодӣ боиси аз байн рафтани рақобат хоҳад шуд ва нишоту алоқаро заиф менамояд ва дар натиҷа ҳадафи аслӣ, ки нафъи шахсӣ аст, таҳаққуқ пайдо нахоҳад кард.
Чунончи мардум ҳамон тавре ки низоми сармоядорӣ мегӯяд, аз озодии мутлақи иқтисодӣ бархурдор бошанд, махсусан дар шароите, ки васоили мошинӣ ҷойи кори дастии инсонро пур кардааст, мушкилоти тезутунди иқтисодӣ ба вуҷуд меояд. Тавлидот фаровон мешавад, бозорҳоро пур менамояд ва қиматҳо паст мераванд.
Аз ҷумлаи мушкилоти дигар ин аст, ки дари коргоҳҳою корхонаҳо баста мешаванд, коргарҳо бекор мемонанд, ин амр мӯҷиби шӯриши коргарон мегардад, корхонаҳою коргоҳҳоро ба оташ мекашонанд ва сармоядоронро бар хокистари сиёҳ мешинонанд, чаро ки коргарон сармоядоронро омили фақру бадбахтии худ медонанд.

ИҚТИСОДИ КОММУНИСТӢ
Дар шароите, ки низоъ ва ҷидоли байни коргарону корфармоён ба авҷи худ расида, бадбахтиҳои фаровон аз он пайдо шуда буд, тарафдорони табақаи коргар қиём карданд ва низоми сармоядориро мавриди ҳуҷуму ҳамла қарор доданд, навоқису маоиби онро ошкор сохтанд ва аз ҷумла мегуфтанд: манофеи шахсӣ, ки дар иқтисоди сармоядорӣ ба унвони ҳадаф ва асл шинохта шудааст, боис мешавад, ки саранҷом сарват дар дасти иддаи каме ҷамъ шавад ва аксари мардум дар зери ҳукми ақаллиёти ночизе қарор гиранд ва маҳкуми онон бошанд. Ҳамчунин имкон надорад, ки анбошта шудани сармоя дар дасти сармоядорон боиси зулм нисбат ба фақирон ва яъсу ноумедии онон нашавад. Илова бар ин, рақобати озод ҷуз ин ки саранҷом қудрати тавлидро нобуд намояд ва рақибонро аз саҳна хориҷ кунаду ононро ба ифлос (муфлисшавӣ-банкрот) бикашонад, чизе нест, чаро ки дар рақобати озод қудрати рақибҳо яксон нахоҳад буд. Аз тарафи дигар, иқтисоди озод ҳатман ба бӯҳрон хоҳад анҷомид, зеро ба фард иҷозат медиҳад озодона ва ба майли худ ҳар навъ коло ва ҳар миқдоре, ки бихоҳад, тавлид кунад ва ин амр боиси бӯҳронҳои иқтисодӣ мегардад.
Бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти мавҷуд дар низоми иқтисоди сармоядорӣ тарафдорони коргарон барои иқтисоди коммунистӣ шурӯъ ба таблиғ карданд ва онро бар пояҳои зер тарҳрезӣ намуданд:
Аввал, лозим аст моликиятҳои бузурги фард бар замин, васоили тавлид ва сармоя бекор карда шавад ва ба хотири маслиҳати миллат бояд дар ихтиёри давлат қарор гиранд. Афрод барои давлат кор кунанд ва бар асоси арзиши кор ҳуқуқ дарёфт доранд.
Сониян, колоҳои масрафӣ бар ҳасби ниёз тавзеъ шавад.
Солисан, тавлид ба мизони ниёзи ҷомеа аз лиҳози сифату миқдор бошад.
Коммунистҳо мегуфтанд бо иҷрои ин низом тафовути табақотӣ аз байн меравад ва мусовот дар байни мардум барқарор мешавад. Зимнан бӯҳронҳои иқтисодӣ низ аз байн хоҳад рафт. Он гоҳ на тангназарии сармоядорӣ хоҳад монд ва на ҳасодату кинаи фақирон, балки тамоми афроди ҷомеа бародарона дар сулҳу сафо ба сар хоҳанд бурд.
ИСЛОМ БА МОЛИКИЯТИ ФАРДӢ ЭҲТИРОМ МЕГУЗОРАД
Низоми иқтисоди исломӣ дар байни низомҳои иқтисодии мавҷуд назир надорад ва дар навъу таркиб ва таърифи худ мунҳасир ба фард аст, тамоми маҳосини низоми сармоядориро дар бар дорад, вале аз маоиб ва навоқиси он дур аст, аз низоми иқтисодии марксистӣ низ маҳосини онро дорад ва аз маоибаш пок аст. Аввалин асле, ки Ислом аз низоми иқтисодии худ ба мо нишон медиҳад, эҳтиром ба моликияти фардӣ аст, вале ба таври мутлақ онро тасбит накардааст, балки шароите барои он қарор додааст, то осори манфӣ ва музирро аз он бизудояд, ба тавре ки низоми иқтисоди исломӣ дар чандин амр бо сармоядорӣ муғоират дорад.
Аввал, иқтисоди исломӣ бо анбошта шудани сарват дар назди иддаи бешуморе мубориза менамояд ва мехоҳад онро ба сармоядориҳои мутавассит ё хурд табдил кунад ва мо ин мавзӯъро таҳти унвони ҷилавгирӣ аз туғён ва боло рафтани сатҳи сармоядорӣ батафсил баён хоҳем кард.
Сониян, иқтисоди исломӣ дорои муқаррароте аст, ки ба василаи онҳо сарвати миллату афрод ҳар ду ҳифз мешавад.
Солисан, Ислом сарватмандонро муваззаф намудааст, то нисбат ба фуқаро хайру эҳсон намоянд ва ин амалро ҷузъи ибодатҳои муҳим қарор додааст. Инак, батафсил ба ин мавзӯъ мепардозем.

ҶИЛАВГИРӢ АЗ ТУҒЁН ВА САРКАШИИ САРМОЯ

ЗАКОТ
Ислом талош менамояд, то аз туғён ва саркашии сармоя бикоҳад ва аз он ҷилавгирӣ кунад. Аз ин рӯ, ба ҳар соҳиби сарват воҷиб кардааст миқдоре аз моли худро ба хотири кӯмак ба табақаи фуқаро ба давлат бипардозад ва номи закотро барои ин миқдори сарват ва пардохти молӣ интихоб кардааст. Ислом пардохти закотро яке аз аркони панҷгонаи худ қарор додааст, ки шабеҳи молиёте аст, ки усули он барои давлат зарурӣ аст.
Закот бояд аз тамоми молу мулки шахс – пул, тилло, нуқра, молуттиҷора, маҳсулоти зироатӣ, чорво ва ғайра пардохт шавад, ба шарти ин ки ин амвол аз ниёзҳои зарурии молик зиёд бошанд ва як сол ҳам аз таърихи моликият бар онҳо сипарӣ шуда бошад. Албатта, ба ҷуз маҳсулоти кишоварзӣ, ки лозим аст ба ҳангоми бардошти маҳсул закоти он пардохта шавад. Миқдори закоте, ки бояд аз пул, тилло ва нуқра ихроҷ шавад, дувуним дар сад (фисад) мебошад ва миқдори закот аз маҳсулоти зироатии лалмӣ даҳ дар сад ва обӣ панҷ дар сад аст.
Вазифаи ҳукумати исломӣ аст, ки чун ин закотро дарёфт кард, онро бар фақирон, мустамандон, қарздорон ва озод сохтани бардагон ва ғайра ба сурати одилона харҷ намояд.

НИЗОМИ ИРС ДАР ИСЛОМ
Шариати Ислом қонуни ирсро вазъ ва риояи онро воҷиб намудааст, то аз ҷамъ шудани сарват дар назди иддаи каме, ки боиси ихтилофи табақоте хоҳад шуд, ҷилавгирӣ намояд. Қонуни ирс дар Ислом кӯмаки бузурге аст барои тавзеи сарват бар ҳар теъдод ворисе, ки мавҷуд бошанд ва боиси густариши доираи истифода аз молу мулки мутаваффо мебошад, чаро ки фарзандон духтару писар аз падарашон ирс мебаранд, ба хилофи қонуни англис, ки агар падар фавт кард, тамоми сарваташ ба писари бузург мунтақил мешавад, ки ин амр мӯҷиби ҷамъ гардидани сарват дар назди яке аз афроди хонавода мешавад ва дар натиҷа бақия бо чашми ҳасрату ҳасад ба ӯ нигоҳ менамоянд.
Қонуни мерос дар Ислом неъматеро барои ворис дар назар гирифтааст, ки ҳеҷ эроду интиқод бар он ворид нест ва ворисро маҷбур ба пардохти қарзҳои мозод ба таракаи маййит (он чи аз мутаваффо боқӣ мондааст), намекунад,  ба хилофи баъзе аз қавонини ҷадид, ки ворисро маҷбур ба пардохти қарзҳои мутаваффӣ месозанд, ҳарчанд ки моле аз ӯ ба ҷой намонда бошад. Аз тарафи дигар, дар Ислом муваррис касест, ки аз ӯ ирс гирифта мешавад, ҳақ надорад ворисони худро баъд аз марги худ аз ирс маҳрум намояд, чаро ки ирс қонуни қатъӣ, ҳатмӣ ва иҷборӣ аз ҷониби Худост ва иродаю ихтиёри мувварис дар он дахолат надорад. Бинобар ин, касоне, ки қабл аз фавташон духтарону занон ё ҳар вориси дигареро бо ҳилаҳои ғайримашрӯъ аз ирс маҳрум месозанд, дар ҳақиқат, ба қонуни Худо розӣ нестанд ва Қуръонро канор мегузоранд ва ба ҳила рӯй меоваранд. Бидуни шак, чунин ашхос мавриди хашму ғазаби Парвардигор қарор хоҳанд гирифт.
Низоми ирс дар Ислом ворисонро ба ду табақа тақсим кардааст. Табақаи аввал шомили падарон (асл) ва фарзандон (фаръ) ва ҳамсарон мебошад. Табақаи дувум шомили бародарону хоҳарон аст. Тамоми касоне, ки дар табақаи аввал ҳастанд, бевосита аз мутаваффо ирс мегиранд ва ҳаҷб намешаванд (яъне, вориси аслӣ ҳастанд ва дар ҳамаи шароит ворисанд ва ба василаи ворисони дигар аз ирс маҳрум намегарданд). Аммо касоне, ки дар табақаи дувум ҳастанд, ирс намегиранд, магар вақте тамоми ворисони табақаи аввал ё аксари онон вуҷуд надошта бошанд. Аз ин ду табақа табақоти дигаре низ ба вуҷуд меоянд, зеро вақте ки фарзанд вуҷуд надошта бошад, авлоди авлод ҷойи ӯро мегиранд ва ба ҳангоми набудани падар падарбузург ирс мебарад. Вақте бародару хоҳар набошанд, амаку бародарзода ворис мешаванд ва ба ин шева низоми ирс дар Ислом сарвати касонеро, ки фавт мекунанд, дар байни ворисон тақсим менамояд.
Олими фаронсавӣ доктор Густавлубун дар китоби худ ба номи «Тамаддуни араб» мегӯяд: «Қавонини ирс дар Ислом, ки Қуръон бо сароҳат онҳоро баён намудааст, аз адолату инсофи фаровон бархурдор аст. Шариати Ислом дар баҳси ирс ҳаққе барои (завҷа) ҳамсари мутаваффо дар назар гирифтааст, ки мо назири онро дар қавонини худ мушоҳида намекунем, дар ҳоле ки гумон мебаранд, ки мардони мусулмон бо ҳамсаронашон муоширати хубе надоранд».
Ислом саҳмулирси завҷаро дар сурати набудани авлод як чаҳоруми амволи завҷ таъйин кардааст, вале ҳаҷми он дар сурати вуҷуд доштани фарзанд барои завҷ як ҳаштум мебошад.
Ин аст оятҳои қуръонӣ, ки дар бораи мерос нозил шуда ва Худованд мефармояд: «Худованд дар бораи (ирс бурдани) фарзандонатон (ва падарону модаронатон) ба шумо фармон медиҳад ва бар шумо воҷиб мегардонад, ки (чун мурдед ва духтаронею писароне аз худ ба ҷой гузоштед) баҳра ва саҳми як мард ба андозаи саҳми ду зан аст. Агар фарзандонатон ҳама духтар буданд, теъдодашон (ду ва ё) бештар аз ду буд, ду сеюми тарака саҳми эшон аст ва агар вараса танҳо як духтар бошад, нисфи тарака саҳми ӯ аст, агар мутаваффо дорои фарзанд ва падару модар бошад, ба ҳар як аз падару модар як шашуми ирс мерасад. Агар мурда дорои фарзанд (ё набера) набошад ва танҳо ва танҳо падару модар аз ӯ ирс баранд, як севуми тарака ба модар мерасад (ва боқимонда аз они падар хоҳад буд) Агар мурда (илова бар падару модар) бародароне (ё хоҳароне аз падару модар ё аз яке аз он ду) дошта бошад, ба модараш як шашум мерасад. (Ҳамаи ин саҳм) пас аз анҷоми васияте аст, ки мутаваффо мекунад ва баъд аз пардохти воме аст, ки бар ӯҳдаи мутаваффо аст (ва пардохти вом муқаддам бар анҷоми васият аст) Шумо намедонед падарону модарон ва фарзандон кадом як барои шумо судмандтаранд (ва хайри салоҳ дар он чизе аст, ки Худованд ба он дастур додааст). Ин фаризаи илоҳӣ аст ва Худованд (ба масолеҳи шумо) доно аст ва ҳаким аст (дар он чи бар шумо воҷиб намудааст). Барои шумо нисфи дороии ба ҷой монда аз ҳамсаронатон аст, агар фарзанде (аз шумо ё аз дигарон ва ё набера ё наводагоне) надошта бошанд ва агар фарзанде дошта бошанд, саҳми шумо як чаҳоруми тарака аст ва саҳми шумо пас аз анҷоми васият ва қарзе мебошад, ки бар ӯҳдаашон мондааст. Ва саҳми занони шумо як чаҳоруми таракаи шумо аст. Агар фарзанде (ё наберае ё наводагоне аз онон ё дигарон) надошта бошед, агар шумо фарзанде (ё наберае ё наводагоне) доштед, саҳмияи ҳамсар ё ҳамсаронатон як ҳаштум таракаи шумо аст ва саҳми онон пас аз анҷоми васияте аст, ки мекунед ва баъд аз пардохти воме аст, ки ба ӯҳда доред ва агар мард ё зане ба сурати «калола» аз онон ирс бурда шаванд (ва фарзандею падаре надоштанд) ва бародари (модарӣ) ё хоҳари (модарӣ) доштанд, саҳми ҳар як аз он ду як шашуми тарака аст ва агар беш аз он (теъдод, яъне, як бародари модарӣ ё хоҳари модарӣ) буданд, онон дар як саввуми тарака бо ҳам шариканд ва ин ҳам пас аз анҷом васияте аст, ки мутаваффо ба он тавсия кардааст ва ё пардохти воме аст, ки ба ӯҳдаи мутаваффо аст, васият ва воме, ки ба бозмондагон зиёне нарасонад (яъне, васият беш аз як саввум набошад, ё мурда аз рӯйи ғараз иқрор ба воме накунад, ки бар ӯҳдаи ӯ нест ва ё сарфи назар аз воме накунад, ки бар дигарон дорад) Ин супориш ва дастури Худо аст ва Худо доно ва шикебо аст» (Нисо, 11-12).
Боз Худованд мефармояд: «Эй Пайғамбар, дар бораи мероси калола (касе, ки бимирад ва фарзанде ва падаре аз худ ба ҷой нагузошта бошад) аз ту мепурсанд, бигӯ: Худованд (дар бораи чунин шахсе, ки ба калола маъруф аст, бароятон ҳукм содир мекунад), агар марде бимирад ва фарзанде ва падаре надошт ва дорои хоҳаре буд (падарӣ ва модарӣ ё падарӣ бошад) нисфи тарака аз они ӯ аст (ва агар хоҳар мурд ва) фарзанде надошт, бародари (падарӣ ва модарӣ ё падарӣ) тамоми таракаи ӯро ба ирс мебарад ва агар ду хоҳар (ё бештар аз мутаваффо) боқӣ бимонад, ду севуми таракаро ба ирс мебаранд ва агар бародарону хоҳарон бо ҳам бошанд, ҳар бародаре ба андозаи саҳми ду хоҳар ирс мебарад. Худованд аҳкому муқарраротро бароятон равшан месозад, то гумроҳ нашавед. Худованд бар ҳар чизе огоҳ аст»  (Нисо, 16).
Агар ба диққат фалсафаи эҳтиром ба моликияти фардиро дар Ислом мулоҳиза кунед ва қонуни куллии ирсро баррасӣ намоед, тасдиқ хоҳед кард, ки дарбардорандаи бузургтарин омил ва ангеза барои талошу кӯшиши сарватмандон дар ба даст овардани мол ва алоқаи эшон ба кор мебошад, ки инсонро водор месозад бо таҳаммули фишорҳои шабонарӯзӣ ва сарфи нерӯи фаровон ба сарват ва моли худ биафзояд ва дар айни ҳол аз исроф ва табзиру бадхарҷӣ парҳез кунад, чун медонад, то худ зинда аст, аз самароти он баҳраманд мебошад ва метавонад ба мустаҳиқон кӯмак кунад, онро дар роҳи хайру салоҳ харҷ намояд, баъд аз маргаш ба фарзандон ва падару модар ва низдиконаш хоҳад расид. Аммо вақте бидонад, ки сарватеро, ки бо хуни ҷигар ҷамъ намудааст ва дар роҳи он умри худро сарф кардааст, баъд аз маргаш ба давлат хоҳад расид ва бачаҳояш аз он маҳрум мешаванд, алоқаю ангезае барои ҷамъоварии мол ва нигаҳдорӣ аз он нахоҳад дошт.
Ба ин ҷиҳат аст, ки мебинем, вақте давлати Шӯравӣ моликияти фардиро ба таври мутлақ бекор намуд, дар ин амр бо шикаст рӯ ба рӯ шуд. Маълум гардид, ки мардум бар таъмини эҳтиёҷоти аввалияи худ итминон пайдо карданд, ҳиммати худро барои талош ва ҷиддият дар кор аз даст доданд ва ба хоби сустию танбалӣ фарӯ рафтанд, зеро вақте дар муқобили корҳо ҳарчи ки бошад, ба андозае музд пардохт гардад, ки ниёзро бартараф созад, мусаламман, мардум корҳои соддаро бар сангин тарҷеҳ медиҳанд ва аз анҷоми корҳои сахт дурӣ менамояд. Ба ҳамин далел буд, ки давлати Шӯравӣ қонуни лағви моликияти фардиро таъдил намуд ва маҷбур шуд дар соли 1936 иҷозат диҳад, ки моликияти фардии хурд озод бошад ва зимнан қонуни дарёфти музди моҳонаро, ки тибқи он ҳар кас бояд ба андозаи қудраташ кор кунад ва ба андозаи ниёзаш музд бигирад, тағйир доданд ва ба ҷои он тасвиб карданд, ки музди ҳар кас ба андозаи коре аст, ки онро анҷом медиҳад ва касе, ки кор накунад, ҳаққи хӯрданро ҳам надорад.

ВАСИЯТ ВА МИЗОНИ ОН
Яке аз омилҳои фаъол ва пӯё дар шариати Ислом барои ҷилавгирӣ аз ҷамъ гардидани сарват дар назди иддае васият аст ва ҳар мусулмоне ҳақ дорад миқдоре аз сарвати худро дар роҳи кӯмак ба фуқаро ва дигар ҷиҳот ва роҳҳои хайрия, ки ба салоҳи ҷомеа аст, харҷ намояд. Қуръони карим васиятро дар мақому ҷойгоҳи баланде қарор додааст ва онро ҳамроҳи воме, ки бозпардохти он воҷиб аст, зикр кардааст ва мефармояд ҳамон гуна, ки воҷиб аст, воме, ки ба ӯҳдаи мутаваффо аст, қабл аз тақсими тарака бозпардохт шавад, лозим аст васияти мутаввафо низ қабл аз он анҷом пазирад ва анҷоми васият бар ирси ворисон муқаддамтар аст. Ба ҳамин ҷиҳат мебинем, ки Худованди мутаол баъд аз таъйини саҳмулирси ворисон дар оятҳои марбути ирс мефармояд:
﴿مِنۢ بَعۡدِ وَصِيَّةٖ يُوصِي بِهَآ أَوۡ دَيۡنٍۗ ١١﴾ [النساء : ١١]
«Ворис вақте ин ирсро мебарад, ки васияти шумо аз тарака анҷом гирифта бошад ва дайне, ки бар ӯҳдаи мутаваффо (маййит) аст, пардохт шуда бошад» (Нисо:11).
Вале Ислом васиятро ба таври мутлақ озод нагузоштааст, балки онро ба нафъи ашхосе, ки ворис ҳастанд, ҳаром кардааст ва Пайғамбар (с) мефармояд: «Васият ба нафъи ворис ҷоиз нест» ва ин таҳрим ба хотири ин аст, ки ворис аз ду саҳм яке саҳмулирс ва дигаре саҳми васият истифода накунад ва ҳамин тавр иҷозат намедиҳад, ки шахси васияткунанда беш аз як севуми дороии худ васият кунад ва ба таври иҷбор бояд ду севуми дороии мутаваффо баъд аз баровардани хароҷоти тадфин ва пардохти воми васият ба ворисон бирасад, ба хилофи баъзе аз қавонини мадании имрӯза, ки ба ҳама иҷозат медиҳад, тамоми дороии худро ба ворис ё ғайри ворис, ба ҳар кас, ки мехоҳад, аз тариқи васият (пас аз маргаш) интиқол диҳад. Ин қавонин ҳатто иҷозат медиҳанд, ки сарвати ашхос аз тариқи васият ба сагу гурба ва дигар ҳайвонот мунтақил шавад.
Аммо Исломе, ки дастур медиҳад саҳмулирс ба наҳви густурда ва одилона тавзеъ шавад ва ба ҳар ворисе ба мизони нисбате, ки бо мутаваффо дорад, саҳми мутафовите ба сурати иҷбор ато мекунад ва ба соҳиби сарват иҷозат намедиҳад, ки барои беш аз як севум аз дороии худ васият кунад, иҷозат намедиҳад, ки васият дар масири номашрӯъ ва ё ҷиҳате бошад, ки нафъе барои башарият ва ҷомеа дар бар надошта бошад. Бинобар ин, васият ба нафъи сагу гурба ва ғайраро ҷоиз намедонад.

САҲМИ ФАҚИРОН АЗ ҒАНИМАТҲОЕ, КИ АЗ ҶАНГ Ё
БИДУНИ ҶАНГ БА ДАСТ МЕОЯД
Ба хотири ҷилавгирӣ аз тарокум ва туғёни сарват Қуръони карим ба ҷангҷӯён ва касоне, ки дар майдони мубориза бо душман меҷанганд, дастур медиҳад, то касонеро, ки нотавону заифанд ва қудрати ширкат дар ҷангро надоранд, дар тақсими ғаноим бо худ шарик созанд ва мефармояд:
 ﴿وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّمَا غَنِمۡتُم مِّن شَيۡءٖ فَأَنَّ لِلَّهِ خُمُسَهُۥ وَلِلرَّسُولِ وَلِذِي ٱلۡقُرۡبَىٰ وَٱلۡيَتَٰمَىٰ وَٱلۡمَسَٰكِينِ وَٱبۡنِ ٱلسَّبِيلِ ٤١﴾ [الانفال: ٤١]
«Эй мусулмонон, бидонед, ки ғаноимеро ба даст меоваред, як панҷуми он мутааллиқ ба Худо ва Пайғамбар (с) ва хешвандони Пайғамбар (с) ва ятимону мустамандону вомондагони дар роҳ аст» (Анфол, 41).
Мусалламан, ятимону мустамандон ва вомондагони дар роҳ, ки дар ин оят зикр шудаанд, одамони нотавон ва мустазъаф ҳастанд, ки ҳар як ба далеле натавонистаанд дар ҷиҳод ширкат намоянд ва Худованди мутаол иҷозат намедиҳад, ки маҳрум бошанд. Барои ҳамин саҳме аз ғаноими ҷангиро барои эшон қарор додааст ва ононро ба муҷоҳидин, ки ҷон бар каф дар майдони ҷанг мубориза мекунанд, ҳақбар намудааст. Аз ин рӯ, як панҷуми ғанимат хос ба Пайғамбар (с) мебошад, то ононро дар байни ашхосе, ки дар ин оят номашон зикр шудааст, тавзеъ намояд ва баъд аз Пайғамбар (с) халифаи Ислом ин вазифаро анҷом хоҳад дод ва чаҳор панҷуми дигар ғанимат дар миёни муҷоҳидон ва мардони ҷангӣ бар ҳасби муҷоҳидоте, ки анҷом додаанд, тақсим мешавад.
Албатта, ин тақсим нисбат ба ғанимате аст, ки аз тариқи ҷанг ба даст меояд, вале агар дастёбӣ ба ғаноим аз тариқи файъ бошад, яъне, мусулмонон бидуни ҷанг ғанимат ба даст оваранд, Қуръон ба хумс иктифо намекунад, балки тамоми он файъро бар он аснофе, ки дар ин оят зикр шудаанд, тавзеъ менамояд ва саҳме барои муҷоҳидон қарор намедиҳад ва мефармояд: «Амволеро, ки Худованд аз аҳолии ин ободиҳо ба пайғамбараш армуғон доштааст, мутааллиқ ба Худо ва пайғамбар ва хешовандони пайғамбар ва ятимону мустамандон ва мусофирони дар роҳмонда мебошад. Ва ин ба он хотир аст, ки амвол танҳо дар байни ашхоси сарватманд даст ба даст нагардад» (Ҳашр, 7).
Худованд иллати ин ки тамоми амвол бояд ба василаи пайғамбар ё халифаи ӯ бар ин аснофи мустазъаф тақсим шавад ва каси дигаре дар он саҳме надошта бошад, адами тамаркузи сарват дар дасти сарватмандон зикр карда мефармояд: «То сарват танҳо дар байни сарватмандони шумо даст ба даст нашавад».

ҲАРОМ БУДАНИ ЗАХИРА КАРДАНИ ПУЛ,
ТИЛЛО ВА НУҚРА
Ислом канз намудан ва захира кардани пулу тиллоро ҳаром кардааст, чаро ки ин амр ба он боис мешавад ки ин амвол дар муомилоти иқтисодӣ, ки мавриди ниёзи ҷомеа аст, қарор нагирад. Оре ба манзури ба коргирии пул, нуқра ва тилло дар тавлидоти иқтисодӣ ва баҳрабардорӣ аз онҳо дар мавридҳои мухталиф то фоидаи бештаре насиби ҷомеа шавад ва бар сарвати миллӣ афзуда гардад, Ислом иҷозат намедиҳад, ки пулу сарват ба сурати ганҷина ва захира дарояд ва касонеро, ки даст ба чунин коре мезананд, таҳдид менамояд ва мефармояд:
﴿وَالَّذِينَ يَكْنِزُونَ الذَّهَبَ وَالْفِضَّةَ وَلاَ يُنفِقُونَهَا فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَبَشِّرْهُم بِعَذَابٍ أَلِيمٍ (34) يَوْمَ يُحْمَى عَلَيْهَا فِي نَارِ جَهَنَّمَ فَتُكْوَى بِهَا جِبَاهُهُمْ وَجُنُوبُهُمْ وَظُهُورُهُمْ هَذَا مَا كَنَزْتُمْ لأَنفُسِكُمْ فَذُوقُواْ مَا كُنتُمْ تَكْنِزُونَ﴾ [التوبة: 34,35]
«Касоне, ки тиллою нуқраро андӯхта мекунанд ва онро дар роҳи Худо харҷ наменамоянд, ононро ба азоби бас бузургу дардноке мужда бидеҳ. Рӯзе фаро хоҳад расид, ки ин сиккаҳо дар оташи дӯзах тафсонда мешаванд ва пешониҳою паҳлӯҳо ва пуштҳои эшон бо онҳо доғ мегардад, ба эшон гуфта мешавад: ин ҳамон чизе аст, ки барои хештан андӯхта мекардед, пас, инак бичашед маззаи чизеро, ки меандӯхтед»  (Тавба, 34-35).
Манзур аз таҳрими андӯхта кардани пул, тилло ва нуқра дар ин оят ин аст, ки ин амвол захира шаванд ва закоти онҳо хориҷ ва пардохт нагардад. Бинобар ин, моландӯз вақте донист, ки солиёна дувуним фоиз аз андӯхтаи нақдии худро ба унвони закот бипардозад, бар ӯ воҷиб аст, ночор мешавад онро аз ҳолати андӯхтагӣ хориҷ кунад ва дар фаъолиятҳои иқтисодӣ ва тавлидӣ ба кор биандозад, вагарна дар муддати дароз закоти солиёна онро нобуд хоҳад кард. Илова бар ин, вақте медонем, ки сарвати миллӣ иборат аз сарвати афрод ба сурати дастаҷамъӣ мебошад, инро ҳам бояд донем, ки бар сарватмандон воҷиб аст, ки сарватҳои худро дар сандуқҳои дарбаста ҳабс накунанд ва ба манзури масолеҳи ҷомеа онро дар фаъолиятҳои иқтисодӣ ба кор гиранд. Ҳар гоҳ сарватмандон бар андӯхтани амволи худ исрор варзиданд, чунончи маслиҳати ҷомеа иқтизо намояд, ҳукумати исломӣ ҳақ дорад амволи андӯхташудаи ононро мусодира кунад ва дар фаъолиятҳои иқтисодӣ ба кор барад ва асли сармояро барои соҳибони он маҳфуз нигаҳ дорад ва дар сурати нафъ миқдоре аз онро низ ба онон бипардозад ва дар сурати зиён зарари ворида ҳам ҳисоб шавад.
Ба ин тартиб мебинем, ки манзури Ислом таъйид ва ба вуҷуд овардани моликиятҳои фардии хурд аст, то аз тамаркуз ва туғёни сармоя ҷилавгирӣ кунад ва табақаи мӯҳтоҷи ҷомеаро низ таъмин намояд. Вале бо вуҷуди эътирофи Ислом ба моликияти фардии хурд, ки бар меъёрҳои ахлоқӣ бино шудааст, Ислом вақте ин моликиятро таъйид менамояд, ки маслиҳати умум иқтизо намояд, вале вақте ки дар хилофи ҷиҳати маслиҳати омма бошад, онро бекор месозад. Ин ҳақиқате аст, ки аз мулоҳизаи баҳсҳои оянда равшан мешавад.

ҲИФЗИ АМВОЛИ ҶОМЕА ВА АФРОД

ҲАҶР (МАМНӮЪ) КАРДАНИ АШХОСИ САФЕҲ
Худованд мефармояд: «Амволи одамони сафеҳ ва камхирадро, ки дар асл амволи шумо аст, ба худи онон таҳвил надиҳед, чаро ки Худованд сарватро қаввоми ҳаёту зиндагии шумо қарор додааст, аз самароти он хӯроку пӯшоки эшонро таҳия кунед ва бо суханони шоистаю некӯ бо онон гуфтугӯ кунед» (Нисо, 5).
Ин оят мусулмононро барҳазар медорад аз ин ки дасти одамони сафеҳ ва камхирадро дар тасарруф дар сарват боз бигузоранд ва ба онон иҷозат диҳанд ба майли худ онро харҷ намоянд. Дар ин оят ишора ба ду масъалаи бисёр ҷолиб вуҷуд дорад, ки мусулмононро ташвиқ менамояд, то дар ҳифзу ҳиросат аз амволи ин гуна афрод кӯтоҳӣ накунанд ва ононро аз исрофи мусрифон ва ба ҳадар рафтан маҳфуз нигаҳ дорад. Ишораи аввал ин аст, ки Худованд мефармояд моли шумо ва намефармояд: “Амволи суфаҳоро ба онон надиҳед”. Балки мефармояд: «Амволи худатонро ба сафеҳон надиҳед»
Бо ин ишора Худованд назари мусулмононро мутаваҷҷеҳи ин ҳақиқат менамояд, ки моли афроди сафеҳ дар айни ҳол моли уммат ҳам ҳаст, пас лозим аст аз он муҳофизат кунанд ва онро дар ихтиёри сафеҳ қарор надиҳанд, зеро ҳамин, ки мол дар ихтиёри ӯ қарор гирифт, онро аз байн мебарад ва ба сурати сарибори ҷомеа ва хатаре барои амнияти он дармеояд. Бинобар ин, масъулияти иҷтимоӣ иқтизо дорад, ки моли сафеҳро айни моли ҷомеаи исломӣ ба шумор овард.
Ишораи дувум ин аст, ки Худованд мефармояд: сарвату амволро боиси идомаи ҳаёт ва зиндагии шумо қарор додааст ва масолеҳу манофеъ ва оромиши шуморо бо он таъмин менамояд. Вақте инсони камфикр онро беҳуда харҷ мекунад ва ба ҳадар мерасонад, дар ҳақиқат, пояю асоси зиндагии ҷомеаро хароб месозад ва бо аз байн бурдани мол ҷомеаро аз байн мебарад ва худу ҷомеаро ба фақру тангдастӣ мекашонад, махсусан ҳангоме ки ин сарвату мол ба ҷайби бегонагон сарозер шавад. Ҳамон гуна ки мебинем, афроди айёшу сарватманд ба кишварҳои бегона мусофират мекунанд ва пулҳои газофро сарфи қимору шароб ва дигар амокини фасод менамояд. Бар мусулмонон воҷиб аст ин афроди айёш ва мусрифу сафеҳро таҳвили ҳукумат диҳанд ва бар ҳукумат низ лозим аст бар чунин ашхосе ҳаҷр қарор диҳад ва тамоми амволи ононро мусодира кунад ва танҳо ба андозаи ниёзи маъмулии хароҷоти зиндагӣ ба эшон бидиҳад ва касе ҳақ надорад бигӯяд, мол моли ман аст ба майли худ онро харҷ хоҳам кард. Зеро мол моли миллат аст ва бояд ба ҳама аз тариқи машрӯъ аз он баҳраманд шаванд ва ҳар кас ки ба василаи исрофу табзир ва эҳтикор монеи истифодаи миллат аз он мол гардад, бояд бар ӯ ҳаҷр қарор дода шавад. Аммо мутаассифона, аксари мусулмонон ба хилофи ин рафтор мекунанд ва ҳар рӯз мебинем амволи зиёде аз сарвати миллат ба дасти афроди сафеҳ ва мусрифу айёш дар кабареҳои кишварҳои бегона сарфи лаҳву корҳои нораво мегардад ва касе нест дасти ин ҷинояткоронро кӯтоҳ кунад ва нозире бар исроф ва табзири онон қарор диҳад.

ИМТИҲОНИ ЯТИМОН ҚАБЛ АЗ ТАҲВИЛ ДОДАНИ АМВОЛАШОН БА ОНОН
Касе, ки бимирад ва ятимоне аз худ ба ҷой бигузорад, бар мусулмонон лозим аст як нафар аз афроди амин ва дурусткорро ба унвони сарпараст ва қаййими амволи ятим ё ятимони ӯ қарор диҳанд, то ба наҳви аҳсан сарвату дороии онҳоро то замони расидан ба синни рушд идора кунад ва аз зоеъ шудани он ҷилавгирӣ кунад. Аммо вақте ятим ё ятимон ба синни булуғ ва рушд расиданд, сарпараст ҳақ надорад фавран амволашонро ба ятимон таҳвил диҳад, балки бояд ононро озмоиш кунад, то маълум шавад ки тавоноии идора кардани онро доранд, он гоҳ молро ба эшон таҳвил диҳад, вале ҳангоме ки дид ҳанӯз рушди лозим барои идораи амволро надоранд ва онро аз байн мебаранд, набояд то замоне ки рушд пайдо накардаанд, амволро ба онон таҳвил диҳад.
Худованд мефармояд: «Ятимонро (пас аз булуғ то дар ихтиёр қарор додани миқдоре аз мол ва назорат бар наҳваи муомила ва корҳои эшон дар майдони зиндагӣ пайваста) биозмоед, то он гоҳ ба синни издивоҷ мерасанд, агар аз онон салоҳияту ҳусни тасарруф дидед, амволашонро ба эшон баргардонед. Амволи ятимонро ба исроф ва шитоб нахӯред (ва тасмим нагиред, ки) пеш аз он ки ятимон бузург шаванд (ва амволро аз дасти мо бозпас бигиранд, онро ҳар гуна, ки бихоҳем, харҷ мекунем! Ва аз сарпарастони онон), ҳар касе, ки сарватманд аст (аз дарёфти музди сарпарастӣ аз моли эшон) худдорӣ кунад ва касоне, ки ниёзманд ҳастанд, ба тарзи шоиста ва дар хадди мутаораф ва маъмулӣ аз он мол бихӯранд. Ва ҳангоме ки амволашонро (баъд аз булуғ) ба худашон бозпас додед, бар онон шоҳид бигиред (гарчи Худованд бар ҳамаи корҳои шумо гувоҳ аст) ва кофӣ аст, ки Худо ҳисобрас ва муроқиб бошад”. (Нисо, 6).
Ин оят ба сарпарастони ятимон дастур медиҳад, то ононро қабл аз расидан ба синни булуғ бо дар ихтиёр қарор додани ҷузъе аз сарват озмоиш кунанд ва ононро дар идораи умури зиндагӣ ширкат диҳанд, то ба анҷоми тамриноти лозим истеъдоду омодагии онҳо барои идораи мустақили сарвати хеш зоҳир шавад, то ин ки ба синни издивоҷ мерасанд, вақте ки ба ин син расиданд ва истеъдоду рушд ва огоҳӣ барои идораи амвол дар онон мушоҳида шуд, бояд сарваташонро ба худашон бозпас диҳанд, то худашон онро идора кунанд. Мафҳуми оят ин аст, ки баъд аз булуғи рушд чун огоҳии лозим ба сарпарастии сарвати худ надоранд, амволи эшон ба онон таҳвил дода намешавад.
Сипас, Худованди мутаол сарпарасти ятимонро аз хӯрдани моли онон манъ мекунад ва мефармояд: “Набояд бо аҷала ва ба сурати исроф онро барои худ харҷ кунед ва бигӯед ҳарчи зудтар то бузург нашудаанд ва молро аз мо пас нагирифтаанд, беҳтар аст онро барои худ харҷ кунем”.
Сипас ба сарпарасти ятимон дастур медиҳад, чунончи худ сарватманд бошанд, набояд чизеро ба унвони ҳаққи заҳмат аз моли ятимони таҳти сарпарастии худ бардоранд, вале агар фақиру ниёзманд бошанд, метавонанд ба андозаи мутаораф ва маъмулӣ ба тавре ки инсонҳои мунсифу бо имон ба он розӣ бошанд, аз моли онон ба унвони ҳаққи заҳмат бардоранд.
Он гоҳ Худованд ба сарпарастон амр мефармояд, ки ба ҳангоми таҳвил додани амволи ятимон ба онон бояд афродеро бар он шоҳид қарор диҳанд, то мардум бидонанд, ки сарпарастон бо нияти пок сарпарастиро анҷом додаанд ва зимнан ихтилофу даъвое ҳам ба вуҷуд наояд.

НАВИШТАНИ ҚАРОРДОДҲОИ МОЛӢ
Асри ҳозир ба хубӣ фоидаи навиштани қарордодҳои молиро ошкор сохтааст. Дастур ба навиштани қарордоди молӣ ба хотири ин аст, ки ду тарафи қарордод ва варасаи эшон ва ё ҳар касе, ки дар ҳоли ҳозир ва ё дар оянда бо ин қарордод иртиботе пайдо менамояд, ҳуқуқу вазоифи хешро бишиносанд ва ҳар кас бидонад,  ки чӣ ҳақ дорад ва чӣ ҳаққе бар ӯҳда аст? Зеро мурури замон омили фаромӯшкорӣ аст ва аз тарафе марги шоҳид ҳам мӯҷиби инкор ва хӯрдани моли дигарон ба ноҳақ мешавад.
Барои ҳамин, ба хотири ҷилавгирӣ аз ихтилофот ва зоеъ гаштани ҳуқуқ дар оянда Қуръон дастур додааст, ки касе бо касе вом медиҳад, бояд санади он вомро дар ниҳояти истеҳком ва дар ҳузури ду шоҳиди мард ва ё як марду ду зан бинависад, то моли вомдиҳанда маҳфуз бошад ва вомгиранда ҳам баъдан натавонад онро инкор кунад. Тамоми муомилоти молии дигар низ аз қабили ширкат, иҷора ва ғайра раҳн ва бар вом қиёс мешавад, ҳамон гуна, ки лозим аст барои гирифтани вом дар ҳузури ду шоҳид санад навишта шавад, барои дигар муомилот ҳам бояд санад бо ҳузури шоҳид танзим гардад, чун аҳамияти баъзе аз муомилот аз қабили муомилаи заминҳо, сохтмонҳои бузург ва ғайра аз муомилаи вом бештар аст.
Дар ин маврид Худованд мефармояд: «Эй мӯъминон! Ҳар гоҳ ба ҳамдигар то муддати муайяне вом додед, онро бинависед ва бояд нависандаҳо додгарона онро бинависанд ва ҳеҷ нависандае аз навиштани санад ба он гуна, ки Худованд ба ӯ омӯхтааст, сарпечӣ накунад. Пас нависанда бояд бинависад ва он касе, ки ҳақ бар зиммаи ӯ аст, бояд имло кунад ва аз Парвардигораш битарсад ва чизеро аз он накоҳад ва агар касе, ки ҳақ бар зиммаи ӯ аст, камхирад (ба сабаби хурдӣ ё беморӣ ё пирӣ) ва ё нотавон бошад (ба сабаби гунгӣ ё ноошноӣ бо забон) ва натавонад имло кунад, бояд валӣ ва сарпарасти ӯ додгарона имло кунад ва ду нафар аз мардонро дар миёни худатон гувоҳ бигиред ва агар ду мард набуданд, як марду ду зан аз миёни касоне гувоҳ гиред, ки мавриди ризоят ва итминони шумо ҳастанд, то агар яке инҳирофе пайдо кард, дигаре ба ӯ ёдоварӣ кунад ва чун гувоҳонро ба гувоҳӣ хонанд, бояд аз ин кор худдорӣ наварзанд ва аз навиштани санади вом хоҳ кам бошад, хоҳ зиёд, то сари расидани он дилгир нашавед. Ин дар пешгоҳи Худо додгаронатар ва барои гувоҳӣ ва сиҳати он устувортар ва барои он ки дучори шакку тардид нашавед, беҳтар мебошад, магар ин ки доду ситад ҳозиру нақдӣ бошад, ки дар миёни худатон онро даст ба даст мекунед, пас дар ин сурат бар шумо боке нест, агар онро нанависед. Ва ҳангоме ки хариду фурӯши нақдӣ анҷом медиҳед, боз ҳам касонеро гувоҳ гиред ва нависандаю гувоҳ набояд зиён бинанд ва набояд ки зиён бирасонанд ва агар чунин кунед, аз фармони Худо хориҷ шудаед ва аз Худо битарсед ва Худованд масоилро ба шумо меомӯзонад ва Худованд ба он чи ки мекунед, огоҳ аст. Агар дар сафар будед ва нависандае наёфтед, пас чизҳоеро ба унвони гарав бигиред ва агар бархе аз шумо ба бархе дигар итминон кард, бояд касе, ки амин шумурда шудааст, амонати ӯро пас бидиҳад ва аз Худо, ки Парвардигори ӯст, тақво дошта бошад. Гувоҳиро пинҳон накунед ва ҳар касе онро пинҳон дорад, қалбаш гуноҳкор аст» (Бақара, 282-283).
Ин ду оят ба манзури ҳифзи ҳуқуқҳои молӣ мусулмононро ба лузуми риояи ҳафт чиз иршод ва раҳнамоӣ менамояд:
Аввал, навиштани санади воме, ки ба муддати муайяне дода мешавад. Қонуни Фаронса дар охири қарни ҳаждаҳуми мелодӣ ночор ба пазируфтан ва амал ба ин назария шуд ва дастур дод ҳар гоҳ вом аз мизони муайяне, ки мушаххас карда буд, таҷовуз карда бошад, бояд санади он навишта шавад ва баъд аз Фаронса дигари кишварҳои аврупоӣ онро пайравӣ карданд.
Дувум, касе бояд санади молиро бинависад, ки риояи адолат дар байни тарафайнро бинамояд ва олим ба аҳкоми шаръӣ ва масоиле бошад, ки онро менависад. Мусалламан, илму огоҳии нависанда ба аҳкому шароити шаръӣ ва қонунии асноди молӣ мӯҷиб мешавад, ки ҳуқуқи молӣ беҳтар ҳифз шавад ва итминони бештаре ба вуҷуд ояд. Ин оят ишора дорад, ки дар байни ҳар миллат лозим аст ки иддае аз афроди мутахассис дар ин кор вуҷуд дошта бошанд.
Севум, касе имлои вомро ба ӯҳда дорад, шахси вомгиранда ва қарздор мебошад. Манзур ин аст, ки санад бояд бо ҳузур ва эътирофи ӯ бошад, чун дар риояи ин амр ҳуҷҷат ва бурҳони бештаре вуҷуд дорад ва қарздор бо мушкилӣ метавонад баъдан онро инкор кунад ва вомдиҳанда метавонад далелу бурҳони беҳтаре бар эҳқоқи ҳуқуқи худ пешкаш намояд. Ҳар гоҳ вомгиранда ба иллате қодир ба нутқ набошад ва натавонад шахсан қарзро барои нависандаи санад баён намояд ва ё бо корҳои муомилот ва шароити он огоҳ набошад, валӣ ва сарпарасти ӯ ин вазифаро анҷом медиҳад, риояи ин амр сирфан ба хотири ҳифзи ҳуқуқи вомдиҳанда мебошад.
Чаҳорум, вақте нависандаи санад аз навиштани он фориғ шуд, воҷиб аст ҳадди ақалл ду нафар шоҳиди одили мард ва агар ду марди одил вуҷуд надошта бошад, як марду ду зан бар он гувоҳ гирифта шаванд ва оят ба ҳикмату фалсафаи ин ки ду зан ба ҷойи як мард ба гувоҳ гирифта мешаванд, ишора мефармояд, ки занон ба иллати машғул будан ба корҳои манзилу тарбияи фарзанд ва иртиботи кам бо масоили муомилотӣ дучори фаромӯшӣ ва иштибоҳи фаровон дар ин гуна масоил мешаванд. Аз ин рӯ, ду зан ба ҷойи як мард гувоҳ бошанд, то агар яке фаромӯш кунад, дигаре фаромӯш накунад.
Панҷум, Қуръон воми тиҷоратиро аз ин мавзӯъ мустасно кардааст ва иҷозат додааст, ки бо далоил ва васоиқи дигаре ғайри санад исбот шавад, чаро ки яке аз хусусиятҳои тиҷорат суръати анҷоми муомилот бидуни интизор ва таваққуф мебошад ва муомилоти тиҷорӣ рӯзона ба каррот такрор мегардад. Агар китобат ва навиштани санад дар он монанди вомҳои дигар шарт шавад, боиси дар тангно қарор гирифтани тоҷирон ва ба вуҷуд омадани ҳараҷ барои онон мегардад ва фурсати касб барои харидору фурӯшанда боқӣ нахоҳад монд. Қавонини мадании имрӯз ҳам ба ин шева мебошад.
Шашум, Қуръон мусулмононро ба чизи дигаре, ки боиси ҳифзу тазмини вом аст, роҳнамоӣ намудааст, ки иборат аз раҳн (гарав) мебошад. Ҳар вақт тарафайни муомила озими сафар буданд ва дар ин ҳол нависандаеро барои навиштани санад пайдо накарданд, ба ҷойи санад ва шуҳуд аз раҳн истифода мекунанд. Албатта, ин оят далолат бар ин надорад, ки раҳн танҳо дар ин ҳолат ҷоиз аст, чун бо ҳадиси саҳеҳ собит шудааст, ки Пайғамбар (с) дар Мадина зиреҳи худро ба унвони раҳн пеши як яҳудӣ қарор дода буд ва мусулмонон, чи дар ҳоли сафар ва чи дар ҳоли ҳазар (ғайри сафар), хоҳ нависандаеро пайдо мекарданд ё не, муомиларо бо додани раҳн анҷом медоданд. Вале ин оят мусулмононро дар ҳолати сафар, ки аксаран нависандае пайдо намешавад, ба гирифтани раҳн роҳнамоӣ мекунад.
Ҳафтум, ҳар гоҳ касе ба гувоҳӣ фаро хонда шавад, ҳақ надорад аз ин имтиноъ варзад (сар печад). Чун Қуръон ин амалро ҳаром кардааст, зеро ин имтиноъ боиси зоеъ намудани ҳуқуқ ва ихтилоф дар амри муомилот мешавад ва маслиҳати умум иқтизо менамояд, ки барои ҳифзи ҳуқуқ ва эҷоди тасҳилот дар муомилоти мардум бо ҳам ҳамкорӣ кунанд.
Медонем, ки таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи мардум яке аз қавонини муҳим барои барқарор сохтани назм дар дунёи имрӯза мебошад ва аз чаҳордаҳ қарн пеш Ислом қавонинеро барои ҳифзи ҳуқуқ ва назми умум вазъ кардааст, ки шабоҳати комил ба қавонине дорад, ки дар марказҳои сабти асноди расмӣ дар ин аср риоя мегардад.

ТАҲРИМИ РИБО
Ислом риборо ҳаром кардааст, чаро ки мӯҷиби нобудии эҳсос, рӯҳи муҳаббат ва раҳму дилсӯзӣ дар инсонҳост. Рибохор бераҳму отифа ва дилсахт аст. Агар битавонад дар баробари пули ночизе, ки ба унвони вом ба касе медиҳад, тамоми сарвату дороии ӯро аз чангаш берун меоварад ва ӯро бар хоки сиёҳ менишонад ва на танҳо аз ин амали ҷинояткоронаи худ эҳсоси шарм надорад, балки хушҳол ҳам мебошад. Аз назари Ислом молу сарват вадиат ва амонате аст дар дасти соҳибаш ва соҳиби сарват муваззаф аст онро дар ҷиҳати маслиҳат ва нафъи ҷомеа харҷ намояд ва иҷозат надорад фурсатталабӣ кунад ва ҳамин ки инсонҳои ниёзмандро дид, сӯйистифода кунад ва дар муқобили чизе, ки ба онҳо медиҳад, миқдори бештареро бигирад.
Касоне, ки дар давлати исломӣ зиндагӣ мекунанду ниёзманду фақир ҳастанд, бояд чи аз ҷониби давлат ва чи аз ҷониби сарватмандон, воми қарзулҳасана, ки бе суд (просент) аст, ба онҳо дода шавад, зеро бе дарёфти суд ба фақирон қарз додан, боиси эҷоди муҳаббат, ҳамкорию ҳамоҳангӣ дар байни мардум ва табақоти фақиру сарватманд мегардад, дар ҳоле ки рибо ва ба даст овардани суд дар баробари вом омили душманӣ ва адоват дар байни афроди ҷомеа аст.
Ислом риборо ҳаром ва гуноҳи бас бузурги молӣ ва иқтисодӣ медонад. Барои касе, ки муртакиби он мешавад, муҷозоти сахте дар назар гирифтааст, зеро рибохорӣ бо рӯҳу фалсафа ва таълимоти Ислом, ки мардумро ба ҳамкорию ҳамбастагӣ, меҳру муҳаббат ва шафқат нисбат ба ҳам даъват менамояд, ба куллӣ муғоярат дорад. Худованд мефармояд: «Худованд (баракати) риборо (ва амволе, ки рибо бо он биомезад) нобуд мекунад ва савоби садақот (ва амволеро, ки аз он базлу бахшиш шавад), фузунӣ мебахшад ва афзоиш менамояд» (Бақара, 276).
Ва боз Худованди мутаол мардумро аз рибохорӣ барҳазар медорад ва мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَذَرُواْ مَا بَقِيَ مِنَ ٱلرِّبَوٰٓاْ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ ٢٧٨ فَإِن لَّمۡ تَفۡعَلُواْ فَأۡذَنُواْ بِحَرۡبٖ مِّنَ ٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦۖ وَإِن تُبۡتُمۡ فَلَكُمۡ رُءُوسُ أَمۡوَٰلِكُمۡ لَا تَظۡلِمُونَ وَلَا تُظۡلَمُونَ ٢٧٩ وَإِن كَانَ ذُو عُسۡرَةٖ فَنَظِرَةٌ إِلَىٰ مَيۡسَرَةٖۚ وَأَن تَصَدَّقُواْ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ٢٨٠﴾ [البقرة: ٢٧٨،  ٢٨٠]
«Эй касоне, ки имон овардаед, аз (азоби) Худо бипарҳезанд, (ва) аз он чи аз (мутолиботи) рибо дар назди мардум боқӣ мондааст, сарфи назар кунед ва онро нагиред, агар мӯъмини воқеӣ ҳастед. Пас агар чунин накардед, бидонед, ки ба ҷанг бо Худо ва Пайғамбараш бархостаед ва агар тавба кардед (ва аз рибохорӣ даст кашидед), асли сармояҳоятон аз они шумо аст, на ситаму зулм мекунед ва на ситаму зулм аз касе мебинед ва агар қарздор тангдаст бошад (ва қодир ба пардохти асли сармоя набошад), пас ба ӯ мӯҳлат дода шавад, то кушоише барояш ҳосил шавад (ва агар қарздор қудрати пардохт надошта бошад, тамоми вом ё бархе аз онро ба ӯ бибахшед, бароятон беҳтар хоҳад буд, агар бидонед)» (Бақара, 278-280).
Ин оятҳо ба сурати қотеъ риборо ҳаром кардаанд ва фармуда, ки агар даст аз рибохорӣ накашед ва аз дастури қотеъи Худованд итоат нанамоед, яқинан бояд бидонед, ки дар ҳолати ҷанг бо Худо ва пайғамбараш қарор гирифтаед, зеро аз дастурот ва фармони ӯ сарпечӣ кардаед! Сипас Худованд мефармояд: «Агар тавба кунед ва аз рибохорӣ даст бикашед, асли сармояатон аз они шумо аст».
Ин оят насси сареҳ аст барои касоне, ки пулеро ба сурати рибо ба қарз медиҳанд, ки танҳо ҳаққи дарёфти асли вом ва сармояе, ки додаанд, бе ҳеҷ изофае додаанд ва ба илова мефармояд: «Агар қарздор тангдаст бошад, ӯро то мавқеъе, ки кушоише барояш пеш ояд ва битавонад асли вомро пардохт кунад, мӯҳлат диҳед, ҳатто агар тамоми сармояро ва ё қисмате аз онро ба ӯ бибахшед, беҳтар аст».
Пас ба соҳиби қарз лозим аст қарздори худро мӯҳлат диҳад ва ба ӯ фишор наоварад, то замоне ки метавонад асли бадеҳии худро бипардозад. Ҳатто Худованд мефармояд, ки беҳтар аст ба хотири ризои Худо аз қарздоре, ки қудрати пардохти асли сармояро надорад, гузашт кунед ва онро бибахшед.
Боз Қуръони карим дар мавриди таҳрими рибо мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَأۡكُلُواْ ٱلرِّبَوٰٓاْ أَضۡعَٰفٗا مُّضَٰعَفَةٗۖ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ لَعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ ١٣٠ وَٱتَّقُواْ ٱلنَّارَ ٱلَّتِيٓ أُعِدَّتۡ لِلۡكَٰفِرِينَ ١٣١ وَأَطِيعُواْ ٱللَّهَ وَٱلرَّسُولَ لَعَلَّكُمۡ تُرۡحَمُونَ ١٣٢﴾ [ال عمران: ١٣٠،  ١٣٢]
«Эй касоне, ки имон овардаед, риборо ду ва ё чанд баробар нахӯред ва аз азоби Худо битарсед, шояд ки растагор шавед ва аз оташе битарсед, ки барои кофирон омода шудааст ва аз Худо ва Пайғамбар (с) итоат кунед, то дар дунё ва охират мавриди раҳмат қарор гиред» (Оли Имрон, 130-132).
Ин оятҳо бар таҳрими рибо насси сареҳ ҳастанд ва зулму ситаму беинсофиеро, ки дар он мавҷуд аст, баён медоранд. Рибо мӯҷиб мешавад, ки рибохор то чандин баробари асли сармояи худро бигирад. Чун аксари қарздорон ибтидо маблағи каме вом ба таври рибо мегиранд, вале баъд аз муддате дар зери бори сангини суди он ба фишор меоянд ва тамоми сарвату ҳастии худро аз даст медиҳанд. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Худованди мутаол ба шиддат мусулмононро аз рибохорӣ манъ менамояд ва рибохоронро ба азоби шадид ваъид медиҳад, то аз азоби Худо битарсанд ва аз ин ҷиноят дурӣ кунанд.
Рибое, ки Қуръон онро таҳрим кардааст, иборат аст аз рибои нася ё рибои таъхир дар пардохти вом ба шарти афзоиши маблағе бар вом. Ҷассос дар китоби худ ба номи «Аҳкому-л-Қуръон» мегӯяд: «Рибое, ки арабҳо бо он ошноию одат доштанд ва онро анҷом медоданд, ин буд ки миқдоре аз тилло ё нуқраро барои муддате ба касе ба унвони қарз медоданд ва соҳиби қарз ба ҳангоми бозпас гирифтани он миқдоре изофа бар асли қарз, ки қаблан бо қарздор бар он тафовуқ карда буданд, аз ӯ мегирифт ва ин навъ рибо дар байни арабҳо шоеъ буд».
Боз Ҷассос мегӯяд:  «Комилан маълум аст, ки рибои даврони ҷоҳилият як қарз ва воми муддатдоре буд дар баробари миқдори изофӣ, ки бар он тафовуқ мешуд ва ин миқдори изофиро ба хотири муддати вом мегирифтанд ва Худованд онро ботилу ҳаром кард ва фармуд: «Агар тавба кунед, асли вом моли шумо аст». Ва боз дастур дод: «Аз рибои боқимонда ва мутолибаи он даст бикашед».
Рибои нася, ки ба он рибои ошкор ҳам гуфта мешавад, он тавре ки Ибни Қаййим мегӯяд, рибое аст ки арабҳо дар даврони ҷоҳилият онро анҷом медоданд. Ба ин сурат, ки соҳиби қарз ҳар вақт муддати қарзро тамдид мекард ва бар миқдори қарз меафзуд. Ба ин тартиб, даҳҳо ба садҳо ва садҳо ба ҳазорҳо мерасид.
Як навъи дигари рибо вуҷуд дорад, ки ҳадис ва суннати Пайғамбар (с) онро баён ва ҳаром кардааст, ки ба он «рибоул-фазл» гуфта мешавад ва рибоул-фазл иборат аз ин буд, ки ду нафар ду чизи ҳамҷинс ва мисли ҳамро (монанди ду сиккаи тиллои ҳамъиёру ҳамвазн ва ё ду паймонаи гандуми ҳамвазн) бидуни муддат бо ҳам мубодила мекарданд ва яке аз онон миқдоре изофа мегирифт. Ин навъ рибо чун дар замони мо камтар иттифоқ меафтад, ниёз ба шарҳу тафсили он дар ин ҷо надорем.

БАЪЗЕ ЗИЁНҲО ВА МАЗАРРОТИ РИБО
Ислом, ки риборо ҳаром намудааст, ба ин хотир аст ки рибо боиси адовату кина ва ихтилоф дар байни афроди ҷомеа аст. Ононро аз таовуни ҳамкорӣ ва отифаю раҳму шафқати инсонӣ бозмедорад. Ислом иҷозат намедиҳад раъсулмоле, ки ба амонат дар дасти мардум аст ва бояд дар ҷиҳати таъмини масолеҳи ҷомеа сарф гардад, ба зиёни ҷомеа ва афроди фақиру заҳматкаш ба кор гирифта шавад. Ислом мехоҳад адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа ҳукмфармо бошад ва мусовоту бародарӣ дар байни афрод ҷойи ихтилофи табақотӣ ва душманиро пур кунад. Ислом мехоҳад ҳар кас тавони нерӯи худро дар роҳи дуруст ба кор гирад, аз самараи талошу ранҷи бозу зиндагии шарофатмандонаи хешро таъмин кунад. Ин дар ҳоле аст, ки инсони рибохор ба ҷойи иқдом намудан ба кори дуруст монанди шулук хуни дигаронро мемакад ва аз самараи ранҷи инсонҳои заиф таъзия менамояд. Қуръони карим кор карданро мавриди эҳтиром қарор медиҳад ва танбалию рибохориро ба боди ҳамла мегирад ва мефармояд: «Касоне, ки рибо мехӯранд, аз гӯрҳои худ ба ҳангоми дубора зинда шудан барнамехезанд, магар мисли касе, ки шайтон ӯро дучори девонагӣ карда бошад. Ин ба ин хотир аст, ки эшон мегӯянд: «Хариду фурӯш ва муомила низ монанди рибо аст ва ҳол он ки Худованд хариду фурӯшро ҳалол кардааст ва риборо ҳаром намудааст» (Бақара, 275).
Худованди мутаол муомилаи дурустро, ки мусталзими қудрату маҳорат, заҳмату таваккул бар Худо ва баландии рӯҳи маънавӣ аст, ҳаргиз монанди гирифтани рибое намедонад, ки боиси макидани хуни бечорагон, ба вуҷуд омадани табақаи мураффаҳ ва золиму танбалу бекорае мешавад. Зеро рибохорон бидуни даст задан ба коре, сарвати анбӯҳеро ҷамъ мекунанд. Худованд муомиларо ҳалол намуда, риборо ҳаром кардааст.
Аз тарафи дигар, рибо мӯҷиб мешавад, ки мардум ба осонӣ худро дар мухотирае қарор диҳанд, ки қодир ба таҳаммули натоиҷи ногувори он нестанд. Масалан, тоҷире ба ҷойи ин ки ба сармояе, ки дар ихтиёр дорад, қаноат кунад ва тиҷорати худро ба василаи он идома диҳад, пулеро ба рибо мегирад, то бо он тиҷорати худро тавсиа бахшад. Баъзе вақтҳо шояд суде ба даст оварад, вале агар қимати коло поин ояд ва мутаҳаммили зиён шавад, дигар фоҷеа аст, чун шулуки рибо ба ҷонаш меафтад ва дар муддати кӯтоҳ ӯро нобуд мекунад. Рибо балое аст, ки изтиробу нигарониро ба таври яксон дар даруни рибохору қарздор ба вуҷуд меоварад. Рибохор ҳамеша нигарони ба даст овардани сармояю суди он аст ва қарздор ҳам нигарони пардохти вом ва фоизи он мебошад.
Бояд бидонем, ки рибо василаи бисёр шуме аст барои ба истеъмор кашидани миллатҳо ва зулм бар онон. Таърих собит намудааст, ки ҷанги иқтисодие, ки бар муомилоти рибоӣ ҳукмфармо аст, ҳамеша муқаддимаи қавие буда барои ҷанги низомӣ ва тасарруфи сарзаминҳои миллатҳои фақиру мустазъаф. Ҳамон гуна ки аксари давлатҳои шарқӣ ба хотири асороти шуми рибо суқут карданд. Зеро вомҳоеро ба рибо гирифтанд ва дарвозаи мамлакатро барои рибохорони бегона кушоданд. Ҳанӯз чанд соле нагузашта буд, ки сарвати ҳамватанон аз дасти эшон берун омад ва ба ҷайби рибохорони бегона сарозер шуд ва боис шуд, ки бегонагон чашми тамаъ ба сарвати миллатҳо бидӯзанд. Ҳатто агар ҳукуматҳое ба ҳуш омаданд ва мехостанд, аз ҷону моли худ дифоъ намоянд, ин бегонагон ба баҳонаи ҳимоят ва ҳифозат аз атбоъи худ ба ин кишварҳо ҳамлавар мешуданду дар хоки онҳо боқӣ мемонданд ва дасти палиди хешро бар сарвати миллии онҳо қарор медоданд.
Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки бо ривояти саҳеҳ собит шудааст: «Расули Худо лаъну нафрин кардааст касеро, ки рибо медиҳад ва касеро ки рибо мегирад ва касе, ки санади онро менависад ва касоне, ки бар ин муомила шоҳиданд ва Пайғамбар (с) фармуд: «Ҷурми ҳамаи инҳо яксон аст» (Ривояти Муслим).
Окили (хӯрандаи) рибо иборат аст аз соҳиби мол ва муваккил иборат аст аз қарздор ва гуноҳи нависандаю шоҳид ҳам ба хотири ҳамкориашон дар ин ҷиноят аст. Баъзе ба унвони суол мепурсанд: «Мо дар асре зиндагӣ мекунем, ки мутаассифона мусулмонон дорои чунон ҳукумати қавӣ ва нерӯманде нестанд, ки қавонини исломиро иҷро намоянд ва мусулмононро аз мухолифони динӣ ва бегонагон бениёз кунанд, балки танҳо давлатҳои моддӣ ва ғайримусулмон бар сарвати ҷаҳон тасаллут доранд ва бо чангу дандон ба он муҳкам часпидаанд ва дигар миллатҳо монанди гадо барои гирифтани вом ба сурати рибо дасти таманною илтимос ба сӯйи онон дароз мекунанд. Назари Ислом дар ин чист ва чӣ бояд бикунем?»
Баъзе аз уламо ба ҳангоми зарурати шадид онро мубоҳ медонанд ва ба ин оят истинод мекунанд: «Касе, ки ночор бошад (гӯшти ҳаром бихӯрад) ва қасди лаззатҷӯӣ надошта бошад ва аз ҳадди зарурат таҷовуз накунад, гуноҳе бар ӯ нест» (Бақара, 173).
Ташхиси ин зарурате, ки баъзе аз уламо ба он фатво додаанд, набояд танҳо бо назари як нафар бошад, балки дар ин маврид бояд аҳли ҳаллу ақд ва сарони давлат аз коршиносону мутахассисони динию иқтисодӣ ва фаннию тиҷоратӣ онро ташхис диҳанд, то он гоҳ мубоҳ шавад.

РОҲИ ҲАЛ ВА ВАСОИЛЕ, КИ БОИСИ РАСТАГОРӢ
АЗ ШАРРИ РИБО МЕШАВАНД
Яке аз роҳи ҳале, ки шарри риборо аз сари мардумони тангдасту бечора кӯтоҳ менамояд, додани вом ба сурати қарзулҳасана аст. (Қарзулҳасана он аст, ки бидуни суду манфиат барои муддате ба касе воме дода шавад ва дар поёни муддат асли вом аз ӯ бозпас гирифта шавад). Роҳи ҳалли дигар ин аст, ки Ислом чун яке аз масрафҳои ҳафтгонаи закотро бозпардохти воми қарздороне қарор додааст, ки бидуни иртикоби гуноҳ ва исроф ва бадхарҷ қарздор шудаанд ва қудрати бозпардохти онро надоранд. Ин қисмат аз масрафи закот шомили касоне, ки ниёзманд ва касе вом ба эшон намедиҳад, низ мешавад. Пас лозим аст ҳукумати исломӣ қисмате аз закотро барои вом ба ниёзмандон ихтисос диҳад. Аммо касе, ки барои қути рӯзонаи зану фарзандонаш мӯҳтоҷ аст ва касе ҳам нест, ки ба унвони қарзулҳасана ба ӯ қарзе бидиҳад, ночор мешавад вом ҳамроҳ бо суд бигирад. Ин гуна афрод гуноҳе надоранд ва гуноҳи эшон ба ӯҳдаи касоне аст, ки аз онон суд мегиранд, ҳамон гуна ки ба ӯҳдаи масъулон ва ҳайати ҳокимае аст, ки аҳкоми шариати Исломро иҷро намекунанд. Зеро дар закот фасле барои додани қарз ба ниёзмандон мавҷуд аст, агар онро ба иҷро бароваранд, касе маҷбур намешавад қарзи бо рибо бигирад.
Аз тарафи дигар, яке аз усули Ислом ишқу алоқа ва ташвиқ бар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ дар роҳи маслиҳати фарду ҷомеа аст ва Худованд мефармояд: «Ҳамдигарро дар корҳои хайру парҳезкорӣ ёрӣ диҳед».
Ва ин дастури куллии илоҳӣ шомили ҳамкорӣ дар умури кишоварзӣ ва фаннию иҷтимоӣ мегардад. Лозим аст ширкатҳои таовунӣ ба вуҷуд оянд ва давлат ба онҳо кӯмаки молӣ кунад ва таовуниҳои фаръӣ дар деҳот ва рустоҳо низ доир шаванд, ки ба деҳқонону косибону тоҷирону пешаварон қарзи бесуд диҳанд, маҳсулоти кишоварзию саноатиро аз соҳибони онҳо бихаранд ва суди ҳосиларо бар ҳамаи аъзои ширкат тақсим намоянд.

РИБО, ЧӢ БАРОИ МАСРАФ ВА ЧӢ БАРОИ ТАВЛИД
БОШАД, ҲАРОМ АСТ
Аллома Шарл Ҷид мегӯяд: «Ҳаром будани рибо дар даврони гузашта яке аз заруратҳои иҷтимоӣ ба шумор меомад ва мубоҳ будани он дар ин аср аз заруратҳои иҷтимоӣ аст, чаро ки қарз дар гузашта барои масраф буд, вале дар асри ҳозир барои тавлид аст».
Шарл Ҷид эътироф мекунад рибое, ки барои масраф бошад, ҳаром аст. Вале дар мавриди рибо барои тавлид бояд пурсид: оё рибое, ки барои тавлид дар ин аср гирифта мешавад, комилан сарфи тавлид мегардад?!
Дар ҷавоб бояд бигӯем, не, чун қисмате аз он сарфи хароҷоти зарурӣ мешавад ва агар ба фарзи муҳоле қабул кунем, рибои тавлидӣ муфид аст. Сипас фарз мекунем, яке аз давлатҳои ҷаҳон рибои тавлидиро озод кард ва рибои масрафӣ ва истиҳлокиро манъ намуд, боз ин қонун дар амал қобили иҷро нест, чун қабл аз гирифтани қарз мумкин нест маълум шавад, ки ин рибои тавлидӣ комилан сирф тавлид мегардад ё не ва мо медонем, ки доираи ҳила бисёр васеъ аст. Ба ҳамин далел аст, ки Ислом ба таври мутлақ риборо ҳаром намудааст, чи барои тавлид бошад, чи барои масраф. Зеро агар рибои масрафӣ ҳаром аст, фалсафаи ҳаром буданаш ин аст, ки қарздор ночор буда, ки барои таъмини нафақа ва маишати афроди хонаводааш онро қарз бигирад. Пас ҷоиз нест ӯро ба пардохти миқдори бештар аз асли вом ва раъсулмоле, ки дарёфт кардааст, маҷбур намуд, балки кофӣ аст, ҳангоме ки кушоише дар зиндагияш ба вуҷуд омад, асли вомро боз пардохт намояд. Ва агар рибои тавлидӣ ҳаром бошад, ба хотири ин аст ки талошу заҳматеро вомгиранда мабзул медорад, мӯҷиби тавлид хоҳад шуд, на воме, ки дарёфт доштааст. Зеро мол бидуни заҳмат тавлиде надорад.
Вале тарафдорони ҷавоз ва машрӯияти рибо эътироф мекунанд ва мегӯянд: «Нафъу фоидае, ки вомгиранда аз тавлид ба даст меорад, аз маҷмӯи заҳмату сармояе, ки ба унвони вом гирифтааст, ба даст меояд. Ба чӣ далел шумо мегӯед тамоми фоида ва нафъи бадастомада аз заҳмату талоши вомгиранда ҳосил шудааст, вале сармоя ва раъсулмол бидуни фоида мебошад!?»
Дар ҷавоби ин эътироз мегӯем: «Ба муҷарради ин ки муомилаи қарз анҷом гирифт, раъсулмол ва заҳмату талош ҳарду марбут ба як нафар ва дар ихтиёри як фард (ки вомгиранда аст) қарор мегирад ва ҳеҷ иртиботе байни шахси вомдиҳанда ва воме, ки додааст, боқӣ намемонад, балки ин вомгиранда аст, ки ба сурати молики воме, ки гирифтааст, даромадааст ва бо ихтиёри том дар он тасарруф менамояд. Ҳатто агар тамоми он аз байн биравад, зарар ва зиён комилан мутаваҷҷеҳи вомгиранда аст. Пас ҳар фоидае, ки аз вом ва заҳмат ба даст ояд, бояд танҳо мутааллиқ ба вомгиранда бошад ва вомдиҳанда ҳақ надорад ба ҷуз асли вом ва раъсулмол чизи изофӣ дархост кунад. Агар исрор доред, ки қарздиҳанда бояд дар даромади қарзе, ки барои тавлид додааст, саҳим бошад, бояд инро ҳам қабул кард, ки дар сурати зиён дар ҷуброни он ҳам бояд саҳим бошад. Зеро дар муқобили ҳар ҳаққе тааҳҳуд вуҷуд дорад ва агар бигӯем паллаи тарозу танҳо бояд ба як тараф моил бошад ва танҳо вомдиҳанда суд бибарад, ин хилофи табиат аст. Агар қабул кунем, ки вомдиҳанда дар нафъ ва зарари воме, ки додааст, бояд саҳим бошад, он гоҳ мавзӯъ аз ҳолати қарзи рибо хориҷ мешавад ва ба сурати муомилаи дигаре ба номи ширкати тазомунии воқеие дар байни раъсулмол ва кор (ва ё музориба) дармеояд ва ширкати тазомунӣ, ё музориба мавриди таъйиди Ислом мебошад».

НАФЪЕ, КИ АЗ ПАСАНДОЗ ДАР БОНК ҲОСИЛ МЕГАРДАД
Нафъе, ки аз сандуқи пасандоз ё дигари пасандозҳои дигар ба даст меояд, чӣ ҳукме дорад, ҳалол аст ё ҳаром? Қаблан фатвои ҳайати фатвои уламои ал-Азҳарро дар ин маврид нақл мекунем, ки мегӯяд: «Фоидае, ки аз раъсулмоли сандуқи пасандоз ё ҳар бонки дигаре ҳосил мешавад, ҳаром аст, чун ҳамон рибое аст, ки ба Қуръону суннат ва иҷмоъ ҳаром шудааст». Дар ин маврид ба китоби «Фатово»-и устод Шайх Маҳмуди Шалтут – раиси собиқи Ҷомеи ал-Азҳар муроҷиат фармоед».

ҲАРОМ БУДАНИ ХӮРДАНИ МОЛИ МАРДУМ
БА НОҲАҚ ВА БА БОТИЛ
Худованд мефармояд:
﴿وَلَا تَأۡكُلُوٓاْ أَمۡوَٰلَكُم بَيۡنَكُم بِٱلۡبَٰطِلِ وَتُدۡلُواْ بِهَآ إِلَى ٱلۡحُكَّامِ لِتَأۡكُلُواْ فَرِيقٗا مِّنۡ أَمۡوَٰلِ ٱلنَّاسِ بِٱلۡإِثۡمِ وَأَنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ١٨٨﴾ [البقرة: ١٨٨]
«Амволи худатонро ба ботилу ноҳақ (ҳамчун ришваю рибо ва ғасбу дуздӣ ва ғайра) дар миёни худатон нахӯред ва онро ба умаро ва қозиҳо тақдим накунед, то аз рӯйи гуноҳ миқдоре аз амволи мардумро бихӯред, дар ҳоле ки шумо бар ноҳақ будани он огоҳ ҳастед» (Бақара, 188).
Ин оят дастур медиҳад, ки набояд баъзе аз мардум моли баъзе дигарро ба ноҳақ бихӯранд, чун ин кор илова бар ин ки дар ҳаққи афроди бегонаҳо зулм аст, ҷинояте аст, ки шахси мутаҷовиз нисбат ба нафси худ анҷом медиҳад ва ҷиноят аст нисбат ба ҷомеае, ки муҷовиз яке аз аъзои он аст. Зеро ҳар ҷинояте, ки дар ҷомеа воқеъ мешавад, домангири тамоми афроди он мешавад. Ба ҳамин сабаб, Худованд мефармояд: “Моли худатон”. Ин калима ваҳдату ягонагӣ ва тазмини миллатро нишон медиҳад ва баён медорад, ки афроди як миллат ба манзалаи як нафар ҳастанд ва моли баъзе моли ҳамаи онон аст, зеро сарвату мол шоҳраги зиндагии миллат аст. Аз ин рӯ, барои идомаи ҳаёту зиндагии миллат бояд ҳар як аъзои он дар ҳифзу ҳифозат аз он бошад.
Ин ҷумла, ки Худованд мефармояд: “Яъне, молро ба унвони ришва ба умарою масъулон ва судяҳо надиҳед, то ба василаи додани ришва ба ҳокимон моли иддаи дигарро ба ноҳақ бихӯред, дар ҳоле ки медонед хӯрдани ин мол ноҳақ аст”.
Набояд ба василаи ришва ва кӯмаки қозӣ ва масъулони давлат моли дигаронро ба ноҳақ бихӯред. Чаро ки ришва додан ва ба кӯмаки ҳоким ба дигарон зулм кардан ҳаром аст. Ҳаргиз ҳукми қозӣ ё маъмури давлат ҳалолеро ҳаром намекунад ва ё ҳаромеро ҳалол наменамояд, ҳангоме ки мебинем Худованди мутаол ба таври куллӣ ба ноҳақ хӯрдани моли дигаронро ҳаром намуда золимонро ба азоби худ ваид додааст. Дар ҷойҳои дигари Қуръон мебинем, ки Худованд таҳдиди шадидтаре ба амал оварда, таҷовузу дастдарозӣ ба моли иддаи бахусусеро ба азоби бештаре ваъид додааст. Аз ҷумла, аз хӯрдани моли ятимон ба ноҳақ шадидан манъ кардааст ва касонеро, ки даст ба чунин ҷинояте мезананд, ба шиддат мавриди ҳамла қарор дода, ононро ба сахттарин азоб дар охират маҳкум сохтааст ва мефармояд: «Бегумон, касоне, ки моли ятимонро ба ноҳақ мехӯранд, дар воқеъ оташ дар шикамҳои худ мерезанд ва мехӯранд ва дар рӯзи қиёмат бо оташи сӯзоне хоҳанд сӯхт» (Нисо, 10).
Худованди мутаол дар мазаммат ва таън нисбат ба раҳбарони мазҳабӣ, ки моли мардумро ба ноҳақ мехӯранд, мефармояд: «Эй мӯъминон! Бисёре аз уламои динии яҳуду масеҳӣ амволи мардумро ба ноҳақ мехӯранд ва дигаронро аз роҳи Худо бозмедоранд (ва аз итминони мардум сӯйистифода мекунанд ва ба пазириши дини Ислом мухолифат ба амал меоваранд. Эй мӯъминон) шумо ҳамчун эшон нашавед, мувозиби уламои бадкирдор ва урафои нопарҳезкори худ бошед ва бидонед доштани ном ва расм дунёпарастони моландӯзро тағйир намедиҳад» (Тавба, 34).
Ин ояти шарифа мӯъминонро аз уламо ва урафои яҳудӣ ва масеҳӣ, ки ба номи дин моли мурдумро мехӯранд, мардумро аз дини Ислом бозмедоранд, барҳазар доштааст ва ба қиёс бар ин касоне ҳам, ки дар либоси обиду зоҳид худро нишон медиҳанду чунин вонамуд мекунанд, ки дуои эшон мустаҷоб аст ва ба ҳамин баҳона аз мардуми содда пулҳои газофе мегиранд, то барояшон дуо кунанду мушкилоташон рафъ шавад, машмули таҳдиди ин оят мешаванд. Гирифтани пул ба ин унвон хӯрдани моли мардум ба сурати номашрӯъ ва ноҳақ аст. Ҳамчунин тӯҳфаҳое, ки ходимону дарбонони мазорҳои авлиё ва солеҳон аз мардум дарёфт медоранд, дар пайи ба ноҳақ хӯрдани амволи мардум мебошанд, тақдими назру ҳадоё барои қабул ҷоиз нест ва танҳо касоне иқдом ба чунин коре менамоянд, ки аз дарки тавҳиди холис оҷизанд ва шариати Ислом ба ин гуна иқдомот комилан мухолиф аст.

ҲАРОМ БУДАНИ ҚИМОР ДАР ИСЛОМ
Худованди мутаол қиморро дар Қуръон ба номи майсир зикр мекунад ва онро аз амали шайтон маҳсуб медорад. Ҳар бозие, ки боиси эҷоди хисорати куллӣ ё ҷузъӣ бошад, қимор аз майсир аст. Ислом тамоми анвоъи қиморро ба ҳар шева ва расме, ки бошад, ҳаром намудааст ва мефармояд:
 ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِنَّمَا ٱلۡخَمۡرُ وَٱلۡمَيۡسِرُ وَٱلۡأَنصَابُ وَٱلۡأَزۡلَٰمُ رِجۡسٞ مِّنۡ عَمَلِ ٱلشَّيۡطَٰنِ فَٱجۡتَنِبُوهُ لَعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ ٩٠﴾ [المائ‍دة: ٩٠]
«Эй мӯъминон, майхорагию қимор ва бутон (санге, ки дар канори онҳо қурбонӣ мекунед) ва тирҳо (ва сангҳо ва авроқе, ки барои бахтозмоӣ ва ғайбгӯӣ ба кор мебаред, ҳама ва ҳама аз лиҳози маънавӣ) палиданд (ва аз васвасаю талқини), шайтон мебошанд, пас аз ин корҳои палид дурӣ кунед, то растагор шавед» (Моида, 90).
Яке аз зиёнҳои қимор ин аст, ки қиморбозонро аз ҳаракат дар роҳи рост барои касби маош мунҳариф месозад ва ононро танбалу бекора ба бор меоварад, ба тавре ки ҳамеша ба ин интизор менишинанд, ки аз тариқи ваҳме ва шанс рӯзии номашрӯи худро ба чанг оваранд. Истеъдоду самароти ақлии худододиро тазъиф менамоянд ва корҳои монанди зироату тиҷорат ва саноатро, ки боиси пешрафти миллатҳо аст, раҳо месозанд ва вақти хешро бефоида зоеъ мекунанд.
Ба ростӣ, қимор вайронгару нобудкунандаи хонавода ва ҷомеа аст. Бисёранд хонаводаҳое, ки дар рафоҳу сарват зиндагӣ кардаанд, вале ба хотири қиморбозии раиси хонавода ногаҳон тамоми дороии худро аз даст додаанд, ба фақру зиллат дучор гаштаанд ва мазарроти ин балои хонумонсӯз домангири ҷомеа низ мегардад. Аз ин рӯ, ба хотири ҷилавгирӣ аз ин бадбахтии фардӣ ва иҷтимоӣ аст, ки дини мубини Ислом ба шиддат бо қимор ба мубориза бархоста онро ҳаром кардааст ва қиморбозро ба манзалаи шайтон нишон додааст.

ҲАРОМ БУДАНИ ХИЁНАТ ДАР ТАРОЗУ
ВА КАЙЛУ  ПАЙМОНА
Яке аз қавонин ва дастуроти Ислом, ки барои ҳифзи амволи мардум ва расидани ҳар инсоне ба ҳаққи хеш ин аст, ки бар мардум воҷиб кардааст дар доду ситад ва муомилоти худ аз тарозу ва вазнҳо ва кайлу паймонаҳои дақиқ истифода кунанд, аз хиёнат дар он парҳез намоянд ва хақ надоранд аҷносро бо тарозу ва авзону паймонаҳои бузург таҳвил бигиранд. Худованди мутаол ба шиддат мусулмононро барҳазар медорад аз ин ки нагузоранд соҳибони ҳақ ба ҳаққи шаръии худ бирасанд ва мефармояд: «Дар вазн кардану баркашидани (колоҳо ва метр кардану андозагирии чизҳо) додгарона рафтор кунед ва аз тарозу кам накунед ва камфурӯшӣ накунед» (Раҳмон, 9).
Худованди мутаол хиёнаткорон дар вазн ва тарозуро ба ашадди муҷозот таҳдид мекунад ва мефармояд: «Вой ба ҳоли камдиҳандагон (ҷинсу колои мардум ба ҳангоми хариду фурӯш бо эшон), ҳамон касоне, ки вақте чизеро барои худ паймона ё вазн ё метр мекунанд, ба тамомӣ ва афзун бар андозаи лозим дарёфт медоранд ва ҳангоме ки барои дигарон паймонаю вазн ё метр мекунанд, аз андозаи лозим мекоҳанд ва ҳақки воқеиро ба соҳибони ҳақ намедиҳанд, оё инон гумон намебаранд, ки дубора зинда мегарданд, дар рӯзи бисёр бузургу ҳавлноке, ҳамон рӯзе, ки мардумон дар пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён (барои ҳисобу китоб) барпо меистанд» (Мутаффифин, 1-6).
Бинобар ин, бар ҳукумати Ислом воҷиб аст, ки иддае аз ашхоси ботаҷриба ва огоҳро маъмури назорат бар иҷрои дастуроти Қуръон кунанд, то дақиқан паймонаю вазнҳо ва тарозуҳоро назорат кунанд.

НАҲЙ АЗ ИСРОФ
Ба манзури ҳифзи моли мардум ва ҷилавгирӣ аз сарфи он дар корҳои бефоида Қуръони карим аз исрофу табзир ва бадхарҷӣ наҳй менамояд ва иҷозат намедиҳад сарвату моле, ки амонати Худо аст, беҳуда дар ғайри ҷойи худ сарф шавад. Ин амр боис мешавад афроди сарватманд дар муддати кӯтоҳ ба фақру тангдастӣ дучор гарданд. Ба ин хотир аст ки мебинем Худованди мутаол инсонҳои мусриф ва бадхарҷро ба шайтонҳое ташбеҳ мекунад, ки дар садади гумроҳ сохтани мардум ва эҷоди фитнаву фасод дар замин ҳастанд. Мефармояд:
﴿وَءَاتِ ذَا ٱلۡقُرۡبَىٰ حَقَّهُۥ وَٱلۡمِسۡكِينَ وَٱبۡنَ ٱلسَّبِيلِ وَلَا تُبَذِّرۡ تَبۡذِيرًا ٢٦ إِنَّ ٱلۡمُبَذِّرِينَ كَانُوٓاْ إِخۡوَٰنَ ٱلشَّيَٰطِينِۖ وَكَانَ ٱلشَّيۡطَٰنُ لِرَبِّهِۦ كَفُورٗا ٢٧﴾ [الاسراء: ٢٦،  ٢٧]
«Ба ҳеҷ ваҷҳ исроф накун. Бегумон, исрофкунандагон бародарон ва дӯстони шайтонанд ва шайтонон бисёр носипоси неъматҳои Парвардигори хеш ҳаст» (Исро, 26-27).
Инсонҳои исрофкор низоми зиндагии хешро ба фасод мекашонанд ва дар муқобили неъматҳои илоҳӣ, ки лозим аст ҳар як дар ҷойи худ харҷ шаванд ва ҳадди васат дар харҷи онҳо риоя шавад, носипосанд. Худованди мутаол саранҷоми шум ва пур аз бадбахтии инсонҳои бадхарҷро дар ояти дигаре тавсиф мекунад ва мефармояд: «Дасти худро бар гардани хеш баста надор (ва аз кӯмак ба дигарон худдорӣ накун ва бахил набош) ва фавқулода ҳам онро кушода насоз (ва базлу бахшише беҳисоб накун ва исроф наварз, ба он гуна), ки сабаб шавад аз кор бимонӣ ва мавриди маломати дигарон қарор гирӣ ва тангдасту ғамнок гардӣ» (Исро, 29).
Худованди мутаол фалсафаи ҳурмати исрофро баён медорад ва мефармояд исроф мӯҷиб мешавад, ки исрофкунанда мавриди таъну лавми дигарон қарор гирад ва барои идомаи зиндагӣ ниёзманди дигарон бошад ва ҳамеша ба хотири сарвате, ки беҳуда аз даст додааст, дар таассуфу ҳасрат ба сар барад.

НЕКӢ ВА ЭҲСОН БА ТАБАҚОТИ НИЁЗМАНДИ ҶОМЕА
Қуръони карим мардумро даъват менамояд, то имтиёзоти табақотиро дар ҷомеа аз байн бибаранд ва ононро ба хайру эҳсон ва бахшиш дар роҳи Худо ва кӯмак ба табақаи фақиру ниёзманд ташвиқ месозад. Қуръон кӯмак ба мустамандонро бисёр дӯст медорад ва некӯкорон ва кӯмаккунандагони ба фуқаро ва масокинро ба оқибати хайру ояндаи хуб ва аҷри бузург ваъда медиҳад.

БАХШИШ ДАР РОҲИ ХУДО
Бахшиш дар роҳи Худо ом ва шомили ҳар навъ бахшишу эҳсоне аст, ки дар роҳи пирӯзии Ислом ва пешрафту дифоъ аз он, нашру густариши дин дар байни мардум, иҷрои аҳкоми шаръ ва ҳарчи ки боиси ризои Худо аст, ба кор гирифта мешавад ва ҳар коре, ки нафъи умумиро дар бар дошта бошад, монанди мубориза бо нодонӣ бо густариши илм ва кӯмак ба фуқаро ва тараққию пешрафти саноату фан ва корҳои дигаре, ки боиси беҳбудӣ ва пешрафти мусулмонон аз ҷиҳатҳои мухталифи зиндагӣ аст, инфоқ ва эҳсон дар роҳи Худо ном дорад.
Оятҳои қуръонӣ дар бораи ташвиқи мӯъминон ба базлу бахшиш дар роҳи Худо зиёд аст, ки ин ҷо баъзе аз ин оятҳоро зикр мекунем, ки Худованд мефармояд: «Масал ва намунаи касоне, ки дороии худро дар роҳи Худо сарф мекунанд, ба монанди донае аст, ки ҳафт хӯша барорад ва дар сари ҳар хӯша сад дона бошад ва Худованд барои ҳар кӣ бихоҳад, онро чандин баробар мегардонад ва қудрату неъмати Худованд фаровон ва аз ҳама чиз огоҳ аст. Касоне, ки дороии худро дар роҳи Худо сарф мекунанд ва ба дунболи он миннате намегузоранд ва озоре намерасонанд, подошашон назди Парвардигорашон аст (ва андозаи аҷрашонро касе ҷуз Худо намедонад) ва на тарсе бар онон хоҳад буд ва на андӯҳгин хоҳанд шуд» (Бақара, 261-262).
Худованди мутаол ба мо мужда медиҳад, ҳарчи ки дар роҳи ӯ сарф мекунем, онро чандин баробар мекунад ва дар дунёю охират ба мо нафъу хайр мерасонад, ба шарти ин ки дар муқобили эҳсоне, ки анҷом додаем, аз азияту миннат бар касе, ки бо ӯ некӣ кардаем, парҳез намоем. Миннат он аст, ки касе некӣ мекунад, онро дар назди касе, ки бо ӯ некӣ кардааст, ба манзури худнамоӣ бозгӯ кунад ва азият ин аст, ки  некӣ бо касе мекунад ва онро дар назди дигарон бозгӯ менамояд.
Ва дар ояти дигаре Худованд бахшиш дар роҳи Худоро тиҷорати судманде меномад, ки соҳиби он дар рӯзи қиёмат нафъи фаровоне ба даст меоварад ва мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ هَلۡ أَدُلُّكُمۡ عَلَىٰ تِجَٰرَةٖ تُنجِيكُم مِّنۡ عَذَابٍ أَلِيمٖ ١٠ تُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَتُجَٰهِدُونَ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ بِأَمۡوَٰلِكُمۡ وَأَنفُسِكُمۡۚ ذَٰلِكُمۡ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ١١﴾ [الصف: ١٠،  ١١]
«Эй мӯъминон, оё шуморо ба тиҷорат ва муомилае раҳнамуд созам, ки шуморо аз азоби бисёр дарднок раҳо созад? Ва он ин аст, ки ба Худо ва Пайғамбараш имон биоваред ва дар роҳи Худо бо молу ҷон талошу ҷиҳод кунед, агар бидонед ин барои шумо беҳтар аст» (Саф, 10-11).

КӮМАК ВА НЕКӢ БА НИЁЗМАНДОН
Ҳарчанд бахшиш дар роҳи Худо шомили бахшиш ба фуқаро ва ниёзмандон низ мебошад, лекин Қуръони карим чанд гурӯҳ ва дастаро аз миёни мардум мушаххас кардааст, ки пеш аз дигарон ниёз ба бахшишу эҳсон доранд ва мустаҳақтаранд. Дар натиҷа, яке аз беҳтарин корҳои писандида некӣ ва эҳсон бо гурӯҳҳои ниёзманде аст, ки дар ин оя зикр шудаанд ва мефармояд: «Некӣ ин аст, ки шахс бо хотири осуда молро ба хешовандони ятимон ва бозмондагону мусофирон ва вомонда дар роҳ ва гадоён ва дар роҳи озодсозии бардагон сарф кунад» (Бақара, 177).
Худованд дастур медиҳад, то мӯъминону некӯкорон пули худро дар роҳи озодсозии бардагон сарф намоянд ва иззату шарофати инсониро ба онон баргардонанд ва нанги бардагиро, ки низоми нодурусти иҷтимоӣ бар онон таҳмил кардааст, аз байн бардоранд. Ин оят ва оятҳои дигаре аз Қуръон сароҳатан низоми ғуломдориро маҳкум медоранд ва онро як зулму нанги башарӣ ба ҳисоб меоваранд ва пайравони Исломро ташвиқ мекунанд, то бо талошу кӯшиш ва базли молу сарват алайҳи ин низом ба по хезанд ва ғуломонро озод созанд.
 Худованд дар тавсифи некӯкорон дар ин оят мефармояд: «Некӯкорон касоне ҳастанд, ки бо вуҷуд ин ки худашон ниёз ба таому хӯрок доранд ин таом ба назди онон азиз аст, вале ба хотири ризои Худо онро ба ниёзмандон ва ятимону асирон медиҳанд ва ба онон мегӯянд: «Мо фақат барои ризои Худо ин таомро ба шумо медиҳем ва ҳеҷ подошу ташаккур ва сипосеро аз шумо намехоҳем» (Инсон, 8-9).
«Касоне, ки ба дину ойин ва сазо ва ҷазо дар пешгоҳи Худо имон надоранд, мефаҳмӣ, ки чӣ гуна касонанд? Онон касонеанд, ки ятимонро аз пеши худ ба дуруштӣ меронанд ва мардумро ба додани хӯрок ба мустамандон ташвиқ ва тарғиб наменамоянд» (Моъун, 1-3).
Дар рӯзи қиёмат «Аз дӯзахиён суол мешавад: «Чӣ чизе боиси мондагории шумо дар дӯзах шудааст?» Дар ҷавоб мегӯянд: «Чун аз зумраи намозхонон набудем ва ба ниёзмандон таому хӯрок намедодем» (Мудассир, 42).

БАХШИШ ВА ЭҲСОН АЗ МОЛИ ХУБ ВА БОАРЗИШ
Баъзе аз мусулмонон хурмоҳои хуби худро аз хурмои бад ҷудо мекарданд ва дар гӯшае қарор медоданд, то ин корманди ҷамъовари закот меомад ва закотро аз хурмоҳои бад пардохт менамуданд. Он гоҳ ин оят нозил шуд, ки мефармояд: «Эй касоне, ки имон доред, аз қисматҳои покизаи амволе, ки (аз тариқи тиҷорат) ба даст овардаед ва аз он чи аз замин барои шумо берун овардаем, бибахшед ва ба суроғи чизҳои беарзиш ва бад наравед, то аз онҳо бибахшед, дар ҳоле ки худи шумо ҳозир нестед онҳоро дарёфт кунед, магар ба икроҳ ва иғмоз дар он ва бидонед, ки Худованд бениёз ва шоистаи ситоиш аст» (Бақара, 267).
Ин оят дастур медиҳад, ки мӯъминон бояд аз қисмати боарзишу хуби амвол ва дороии худ бахшишу эҳсон ва закоту садақа ва ғайраро пардохт кунанд ва набояд амволи беарзиши худро ба хайру эҳсон ва закот ихтисос диҳанд. Он гоҳ ононро мавриди танбеҳу сарзаниш қарор медиҳад ва мефармояд: Шумо чаро даст ба ин кор мезанед?! Агар каси дигаре ин амволи беарзишро ба унвони садақа ба шумо бидиҳад, ба иллати номарғуб будани он ҳозир нестед онро қабул кунед, магар бо маҷбурият ва чашмпӯшӣ аз он. Боз Худованд дар ин маврид мефармояд:
 ﴿لَن تَنَالُواْ ٱلۡبِرَّ حَتَّىٰ تُنفِقُواْ مِمَّا تُحِبُّونَۚ وَمَا تُنفِقُواْ مِن شَيۡءٖ فَإِنَّ ٱللَّهَ بِهِۦ عَلِيمٞ ٩٢﴾ [ال عمران: ٩٢]
«Ба некие, ки мавриди писанди Худо аст, намерасед, магар он гаҳ ки аз он чи дӯст медоред, дар роҳи Худо бибахшед ва ҳар чиро бибахшед, Худованд бар он огоҳ аст» (Оли Имрон, 92).

МОЛУ САРВАТ МУЛКИ ХУДО АСТ
Қуръони карим инсонро мутаваҷҷеҳи ин ҳақиқат месозад, ки молу сарват мулки Худо аст ва касе, ки онро дар тасарруф дорад, ба унвони намояндаи Худо бар он назорат ва тасарруф менамояд. Бинобар ин, инсоф нест, ки аз фармони Худо дар мавриди амонате, ки дар ихтиёраш қарор дода шудааст, сарпечӣ кунад. Ба оёте, ки онҳоро ба сурати тартиби мантиқӣ зикр кардаем, таваҷҷӯҳ фармоед, ки чӣ гуна ин ҳақиқатро таъйид менамоянд ва Худованд мефармояд молики осмонҳо ва замин ӯ аст:
 ﴿وَلِلَّهِ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۗ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٌ ١٨٩﴾ [ال عمران: ١٨٩]
«Мулки осмонҳо ва замин танҳо аз они Худованд аст» (Оли Имрон, 189).
Ва танҳо Зоти Аллоҳ аст, ки ба тамоми мардумон рӯзӣ мерасонад ва мефармояд: «Оё офарандаи дигаре ғайри Худованд вуҷуд дорад, ки ӯ рӯзии ҳамаи шуморо аз осмону замин мерасонад?!» (Фотир, 3).
Бинобар ин, мардум мукаллаф ва мулзам ҳастанд, ки садақаю эҳсон ва закотро аз моле бидиҳанд, ки Худованд ба онон бахшида ва эшонро бар он мол намояндаю амин қарор додааст. Чаро ки мол дар ҳақиқат, моли инсон нест, балки моли Худо аст ва инсон вакилу намояндаи ӯ аст ва мефармояд: «Садақаю эҳсон ва некӣ кунед, дар амволе, ки шуморо дар он намоянда ва вакили худ қарор додаем» (Ҳадид, 7).
«Аз чизҳое, ки ба шумо додаем, базлу бахшиш ва садақаю эҳсон кунед, пеш аз он ки марги яке аз шумо даррасад, он гоҳ бо илтимос бигӯяд: Парвардигоро, чӣ мешавад, агар муддати каме марги маро ба таъхир андозӣ ва зиндаам бигузорӣ, то эҳсону садақа бидиҳам ва дар натиҷа аз зумраи солеҳону некон бошам» (Мунофиқун, 10).
Ва мефармояд:
﴿وَءَاتُوهُم مِّن مَّالِ ٱللَّهِ ٱلَّذِيٓ ءَاتَىٰكُمۡۚ ٣٣﴾ [النور : ٣٣]
«Аз моле, ки Худованд ба шумо додааст, ба ғуломону бардаҳо (ғуломон ва фуқаро) бидиҳед» (Нур, 33).
Бинобар ин, сазовор ин аст, ки инсон дар иҷрои амрҳои Парвардигор таъхир накунад ва аз моле, ки ба амонат пеши ӯ қарор додааст, эҳсону садақа ва бахшиш кунад. Ҳангоме ки Худованд ба сарватмандон дастур медиҳад, ки нисбат ба гурӯҳҳо ва синфҳое, ки Худованд ононро муайян кардааст, некӣ ва эҳсон кунанд, бояд фавран ба фармони Парвардигор итоат намоянд.

САДАҚА ВА ЭҲСОН ҚАРЗЕ АСТ, КИ БО ХУДО АНҶОМ МЕГИРАД:
Қуръони карим бо услуб ва шеваҳои бисёр фасеҳу балеғ ва муассире мардумро ба эҳсону садақа ташвиқ мекунад ва мефармояд: «Кист он касе, ки ба Худо қарзи хубе диҳад, то ононро барои ӯ чандин баробар кунад ва Худованд (амволро) каму зиёд менамояд» (Бақара, 245).
Чӣ лутфу муҳаббате дар калом аз ин таъбир бештар ва болотар аст, ки Худованд хайру садақа ва эҳсонро ба манзалаи қарз бо худ қарор медиҳад. Зеро касе чизеро қарз мекунад, ки фақиру ниёзманд аст, дар ҳоле ки Худованд ба ҳеҷ касе ва ба ҳеҷ чизе ниёз надорад ва осмонҳову замин ва он чи дар онҳо аст, аз они ӯст. Вале Қуръон ба ниёбат аз фуқаро ва ниёзмандон ва ба манзури дифоъ аз эшон ва ҷалби таваҷҷӯҳи мардум ба садақаю эҳсон бо мустаҳиқон чунин таъбиреро баён медорад ва нишон медиҳад, ки чӣ қадар паст ва беарзиш аст он инсони бахилу молдӯсте, ки ҳозир нест миқдоре аз моле, ки Худованд ба ӯ бахшидааст, ба вай қарз диҳад, дар сурате ки ҳатман чандин баробари онро ба ӯ бозпас медиҳад.
Сипас Худованд ин оятро ба охир мерасонад ва мефармояд: «Худованд аст, ки сарвату моли дигаронро каму зиёд мефармояд ва агар Худо бихоҳад сарватмандонро фақир ва фақиронро сарватманд менамояд ва ҳамаи корҳо дар дасти ӯ аст».

МАВРИДҲОИ КӮМАК БА ФУҚАРО БЕШУМОРАНД
Дини мубини Ислом аз тариқи пардохти каффоратҳое, ки ба манзури ҷарима ё ба ивази ибодат ва ё ҷуброни нақсе, ки дар ибодат мавҷуд аст, анҷом мегирад, мавридҳои бешуморе барои кӯмак ба фуқаро қарор додааст. Масалан, касе қасам мехӯрад, ки фалон корро анҷом медиҳам, ё онро тарк мекунам, сипас пушаймон мешавад. Дар ин ҳолат бар ӯ воҷиб аст, ки таоми якрӯзаи даҳ нафарро таҳия намояд ва ё як бардаро озод кунад. Намунаи дигар ин аст, ки касе дар натиҷаи беморӣ ва ё пирӣ ба гирифтани рӯзаи моҳи Рамазон қодир нест, рӯзаро мехӯрад, вале дар муқобили ҳар рӯзи рӯза як нафар мискину ниёзмандро таом бидиҳад. Мисоли дигар: ҳоҷие, ки ҳангоми адои маносики ҳаҷ шарте аз шурути ҳаҷро тарк мекунад, бояд ҳайвонеро ба унвони каффорат забҳ намояд ва ба фуқаро бидиҳад. Бо фаро расидани иди Фитр бар ҳар мусулмоне воҷиб аст закоти Фитрро ба фуқаро бидиҳад, ҳамон гуна ки вақте иди Қурбон фаро мерасад, бар сарватмандон, ба қавли Имом Абӯҳанифа воҷиб аст ва ба қавли Имом Шофеъӣ суннат аст қурбонӣ кунанд ва ҳайвонеро забҳ намоянду онро ба фуқаро диҳанд. Ё ин ки касе, ки чизеро бар худ назр мекунад, лозим аст ӯро мукаллаф намуда, то ба манзури кӯмак ба фуқаро ба назри худ вафо намояд ва касе, ки ба сабабе ба таъмини заруриёти зиндагӣ ва мояҳтоҷи рӯзонаи худ қодир нест, Ислом хешовандони наздики сарватманди ӯро мукаллаф ба таъмини нафақаи ӯ менамояд ва падарро мулзам ба таъмини зиндагии писари фақир месозад ва баръакс, бар фарзандон воҷиб аст зиндагии падари худро таъмин кунанд ва бародар мулзам ба таъмини нафақаи хоҳар ва шавҳар мукаллаф ба таъмини нафақаи занаш мебошад. Ва ба ҳамин манзур аст, ки Ислом вақфро машрӯъ дониста, то манофеи он дар роҳи кӯмак ба фуқаро харҷ шавад.
Ин буд баъзе аз қавонин ва муқаррароти иқтисодии Ислом, ки ба манзури аз байн бурдани ихтилофи табақотии ҷомеа онҳоро вазъ намуда ва мусулмононро ба иҷрои онҳо мулзам сохтааст, то фақру тангдастӣ аз байн биравад. Ва агар ба тафсили он чи дар Қуръону ҳадис дар ин маврид омадааст, мепардохтем, наметавонистем аз ӯҳдаи баҳс бароем, вале дӯст доштем, ки намунаҳое аз усули аввалияи Қуръонро нишон диҳем, ки бузургтарин гувоҳ мебошанд бар ин ки Қуръон дорои чунон азамату бузургӣ ва дараҷае аст, ки танҳо аз равзанаи нури илоҳӣ дурахшида, дар ҳар замону маконе саодати ҷомеаи инсониро тазмин менамояд.
Ва саллаллоҳу ало саййидино Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин.

 

 

 

1. Вазъи амнияти ҷаҳонӣ қабл аз биъсати Пайғамбар (с) 2. Ҷурм ва муҷозот. 3. Муҷозоти қатли амд. 4. Муҷозоти қатли хато. 5. Муҷозоти нақси узв. 6. Муҷозоти қутоъуттариқ. 7. Муҷозоти тӯҳмати зино-лиъон. 8. Муҷозоти зино. 9. Муҷозоти ливот (ҳамҷинсбозӣ) 10. Муҷозоти сирқат (дуздӣ) 11. Муҷозоти зулму таҷовуз. 12. Муҷозоти шароб хӯрдан. 13. Муҷозоти баргашт аз дин. 14. Таъзия. 15. Супоришҳои куллӣ барои ҳифзи амният. 16. Мусовоти муҷримон дар муҷозот. 17. Муҷозотҳои исломӣ одилона аст.

ВАЗЪИ АМНИЯТИ ҶАҲОНӢ ҚАБЛ АЗ БИЪСАТИ ПАЙҒАМБАР (С)
Ҳазрати Муҳаммад (с) дар замоне ба унвони Пайғамбар (с) аз ҷониби Худо фиристода шуд, ки ҷаҳон дар авзоъи ошуфта ва ноором қарор дошт, аз ҳар ҷиҳат ҳараҷу мараҷ ва таассуботи даврони ҷоҳилият ҳукмфармо ва иртикоб бадтарин ҷиноятҳо дар Ҷазиратулараб шоеъ буд. Қатлу ғорат ва таҷовуз ба сурати одат ва кори рӯзона даромада буд, қабилае ба қабилаи дигаре ҳамла мекард, онро нобуд месохт, молашро ғорат мекард, озодияшро салб менамуд ва ба сурати бардаи худ медаровард. Ҳайсият ва номуси онро мавриди таҷовуз қарор медод, таъйинкунандаи ҳақ қудрати золима буд, ҳар кас қудрат дошт, худро соҳиби ҳақ медонист, ки даст ба ҳар ҷинояте бизанад. Миллатҳое, ки бо Ҷазиратулараб ҳамсоя буданд, ба ҳеҷ ваҷҳ вазъи беҳтаре надоштанд. Аммо лафз ва марҳамати илоҳӣ, ки ҳамеша шомили ҳоли бандагонаш мебошад, иҷоза намедиҳад, ки башар барои ҳамеша дар бадбахтӣ ва гумроҳӣ боқӣ бимонад. Аз ин рӯ, иродаи илоҳӣ бар ин буд, ки мардум дар амнияту оштӣ ва дӯстӣ ба сар баранд ва аз ин душманиҳо ва ҷиноятҳо растагор шаванд. Ба ин хотир, дар чунин шароите хотами пайғамбаронаш, ҳазрати Муҳаммади Мустафо, саллаллоҳу алайҳи ва салламро барои наҷоти тамоми мардумони ҷаҳон фиристод ва Қуръонашро, ки боиси саодат ва осоиши ҷомеа аст, бар ӯ нозил намуд, то мардумро ба роҳи рости Худо, роҳи яктопарастӣ ва сулҳу оштӣ ва адолат бозгардонад.
Дар ин ҷо лозим аст қавонини исломиро, ки амният ва сулҳу оштиро дар ҷомеа тазмин менамояд, батафсил мавриди баррасӣ қарор диҳем ва муҷозотҳоеро, ки барои иртикоби ҷароим дар назар гирифтааст, ба диққат мулоҳиза кунем. Лозим ба тазаккур аст, ки уламо ва ҳуқуқдонон бар ин амр иттифоқи назар доранд, ки ҷурм аз фасоди нафси муҷрим мебошад ва муҷозот ба манзури ислоҳи муҷрим ва ҳифзи ҷомеа аз шарри фасоди ӯ анҷом мегирад.

ҶУРМ (ҶИНОЯТ) ВА МУҶОЗОТ
 Ҷароим дар истилоҳи шариати исломӣ ҷиноят ва гуноҳҳое ҳастанд, ки Худованд бо таъйини муҷозоти ҳад ё таъзир бараи муртакибони онҳо ин ҷароимро мамнӯъ намудааст. Ҷурм ду навъ аст- ё иқдом ба корҳое аст, ки Худованд аз онҳо наҳй кардааст, ё тарки корҳое аст, ки шариати Ислом бо анҷоми онҳо дастур додааст. Таърифи ҷурм аз дидгоҳи шариати Ислом комилан бо таърифе, ки қавонини ҷадид аз он мекунад, мувофиқ аст. Ҷурм дар истилоҳи ҳуқуқдонон коре аст, ки қонун онро манъ ва таҳрим намудааст, ё худдорӣ аз коре аст, ки қонун ҳукм ба анҷоми он додааст. Аз назари қавонини ҷадид анҷоми кор ё худдорӣ аз он, модоме дорои муҷозот набошад, ҷурм маҳсуб намешавад. Ин таъриф бо таърифи шариати Ислом комилан мувофиқ аст.

ФАЛСАФАИ ТАЪРИФИ ҶИНОЯТҲО ВА ҚАРОР
ДОДАНИ МУҶОЗОТ БАРОИ ОНҲО
Корҳое, ки анҷом ё тарки онҳо ба унвони ҷурм шинохта мешавад, ҳамон корҳое аст, ки иртикоб ё тарки онҳо барои низом ва ақоиду афкори ҷомеа зараровар аст ва ё ҷону мол ва ҳайсияту номуси афродро ба хатар меандозад  ё эҳсосоту афкори ононро хадшадор месозад ва ё аз ҷиҳатҳои дигаре фард ё ҷомеаро мавриди таҳдид қарор медиҳад.
Худованди мутаол дар муқобили иртикоби ҷароим муҷозотҳоеро қарор додааст, чун танҳо дастур ба анҷоми коре ё наҳй аз он барои водор шудани мардум ба қабул ё худдорӣ аз он кофӣ нест. Агар муҷозоте барои касоне, ки муртакиби ҷароим мешаванд, вуҷуд намедошт, амр ба некӣ ва наҳй аз бадӣ абасу бефоида мешуд. Шариати Ислом бо қавонини ҷадид дар ин амр мувофиқ аст, ки мегӯяд: ҳадаф аз таъйини ҷурм ва қарор додани муҷозот барои он ба хотири ҳифзи маслиҳати ҷомеа ва суботи назм ва тазмин бақои он аст, ба ин хотир аст, ки Худованд дар баёни фалсафаи қарор додани қасос бар қотил мефармояд: «Эй соҳибони хирад, дар қарор додани муҷозоти қасос дар баробари қатл барои шумо ҳаёту зиндагӣ аст ва қасос боис мешавад мардум ҳамдигарро накушанд, чун вақте маълум шуд ҳар кас каси дигарро бикушад, кушта мешавад, касе ба куштани дигарон иқдом намекунад, магар ба нудрат ва ин амр боиси ҳаёт ва идомаи зиндагии инсонҳо мешавад» . (Бақара, 179).

ТО ДАЛЕЛИ ҚОТЕЪЕ ВУҶУД НАДОШТА БОШАД,
ҶУРМ ВА МУҶОЗОТ ВУҶУД НАДОРАД
Аз сездаҳ қарн пеш Ислом ин қонун ва қоидаи куллиро вазъ намудааст ва Қуръон бо сароҳат онро эълон доштааст. Дар ин маврид низ шариати Ислом бар дигар қавонини маданӣ имтиёз ва тақаддуму бартарӣ дорад, зеро Аврупо танҳо дар авохири қарни хаждаҳум тавонист ба ин қонун даст ёбад ва аввалин бор дар соли 1789 мелодӣ дар Эъломияи ҳуқуқи башар ин қоида дарҷ гардида, сипас аз қонуни мадании Фаронса ба қонуни мадании кишварҳои дигар интиқол ёфт. Фалсафаи ин қоидаи куллӣ ин аст, ки афрод ба хубӣ бидонанд чӣ чизе ҷурм ва дорои муҷозат мебошад. Чун огоҳию шинохт боиси ҷилавгирӣ аз вуқӯи ҷурм мегардад, аз тарафе вуҷуди ин қонун боис мешавад, ки судяҳо ва афроди муқтадири давлатӣ натавонанд шахсеро дар муқобили ҷурме ба шевае муҷозот кунанд, ки муғоир бо муҷозоти дигарон барои иртикоби назири ҳамин ҷурм бошад ва ё ҷурме муҷозот шавад, ки дар ҳоли иртикоби он муҷозот надошта бошад ва муҷозоти он баъдҳо вазъ гардад, чун шаръ ва қонун ба гузашта ҳавола намекунанд.
Шариати Ислом, ки ин қоидаи куллиро бо худ овардааст, ҷуз барои ҷурмҳои бузург ва гуноҳони кабира муҷозотеро мушаххас накардааст. Гуноҳони кабира ҷурмҳое аст, ки амнияти ҷомеаро халалдор месозанд ва иҷтимоъро ба фасод мекашонанд. Дар Қуръони карим муҷозоти шаш ҷурми бузург муайян шудааст, ки иборатанд аз: 1. Куштани инсон ба ноҳақ; 2. Роҳзанӣ; 3. Қазф ва тӯҳмати нораво ба занони покдоман; 4. Иртикоби зино; 5. Сирқат ва дуздӣ; 6. Бағй ва таҷовузу зулм.
Муҷозоти баъзе ҷурмҳои дигар ба василаи Пайғамбар (с) мушаххас шудааст, монанди муҷозоти хӯрдани шароб ва муртад шудан ва баргашт аз дини Ислом. Ба ҷуз ин ҳашт ҷурм муҷозоти дигари ҷурмҳо мушаххас нашудааст, балки ташхиси ҷурм ва муҷозоти он ба раъйи қозӣ ва уламои соҳибназар вогузошта шудааст, то бо таваҷҷӯҳ ба авзоъ ва аҳволу шароит ва мулобисоти ҷурм ва ҳолати муҷрим муҷозот ва таъзиреро, ки мутаносиб ба авзои ҷомеа ва муҳити вуқӯъ аст, барои муҷрим таъйин намоянд. Инак, мо ба баёни муҷозоти ҷароими бузурги ҳаштгона мепардозем.

МУҶОЗОТИ ҚАСДАН КУШТАНИ КАСЕ
Қатли амд ба унвони хатарноктарин ҷиноятҳо ва бадтарин гуноҳ барои барҳам задан ва нобуд сохтани амнияти иҷтимоъ маҳсуб мешавад. Ба ҳамин хотир аст, ки муҷозоти он дар тамоми қавонини дунё шадидтарин муҷозотҳо аст ва ағлаб қотил кушта мешавад. Аз ҳангоме ки ҷомеаи инсонӣ ҳаст, ҷинояти қатл низ вуҷуд дорад ва тамоми динҳои қадима онро маҳкум намудаанд. Ҳар гоҳ нигоҳе ба қонуни Руми қадим бияндозем, мебинем  агар қотил аз табақаи ашроф бошад, ӯро ба қатл намерасонад ва танҳо ба табъидаш иктифо менамояд ва агар қотил аз табақаи миёнаҳол бошад, муҷозоташ буридани гардан мебошад ва агар аз табақаи поён бошад, муҷозоташ ба дор овехтан аст. Вале баъдан ин муҷозот ба бастани дасту пойи қотил ва андохтани ӯ дар пеши ҳайвони даррандае табдил гардид ва баъдҳо ба қитъа-қитъа шудани аъзои бадани ӯ иваз шуд.
Арабҳо ҳам дар даврони ҷоҳилият дорои одот ва русуми хоси худ буданд, ҳангоми вуқӯи қатл тибқи он бо муҷрим рафтор мекарданд. Яке аз ин русум куштани қотил буд, вале дар гирифтани интиқом ифрот мекарданд ва ба адолату инсоф таваҷҷӯҳ надоштанд. Ағлаб ба ҷойи қотил одамони бегуноҳро мекуштанд, ё ба ҷойи куштани қотил чанд нафарро мекуштанд. Ҳатто баъзе вақтҳо инсонро ба хотири кушта шудани ҳайвоне ба қатл мерасониданд ва дар мавриди ҷароҳот ва диёт низ ифрот мекарданд ва ҷароҳот ва дияҳои душманро ба чандин баробари ҷароҳоту ва дияҳои худ мерасонданд. Ағлаби вақтҳо ин зулму таҷовуз боиси ба вуҷуд омадани ҷангҳои бузурге байни онон мегардид, ки муддатҳои дароз оташи он забона мекашид ва афроди фаровонеро ба хокистар табдил месохт, то ҷое ки бақои қабоил мавриди таҳдид қарор мегирифт. Дар чунин авзоъ ва аҳволе Ислом омад ва қонуни одилонаеро дар мавриди муҷозоти қатл бо худ овард.
Худованд мефармояд: «Эй мӯъминон, дар бораи кушташудагон (қонуни мусовот ва додгаре бар шумо фарз шудааст) ва бояд дар иҷрои ин қонун касеро ба гуноҳи дигаре нагирифт, балки озода дар баробари озода ва барда дар муқобили барда ва зан дар баробари зан ба унвони қасос кушта шавад. Ҳар гоҳ қотиле аз ноҳияи бародари динии худ мавриди афв қарор гирад (ва соҳиби хунбаҳо қотилро бахшад ва қасоси ӯ сурат нагирад ва аз сӯйи қотил низ ба валии мақтул эҳтимом ва) таваҷҷӯҳ шавад ва ба хубӣ ҳаққи ӯро пардохт кунад (ва дар он каму кост ва саҳлангорӣ набошад) ин гузашту афв аз тарафи валии мақтул тахфиф ва раҳмате аст аз сӯйи Парвардигоратон. Пас агар касе баъд аз (гузашт) таҷовуз кунад (ва аз қотил интиқом гирад) барои ӯ азоби шадид ва дардноке вуҷуд дорад. Эй соҳибони ақлу хирад (агар таваҷҷӯҳ кунед) дар воҷиб шудани қасос бар шумо ҳаёту зиндагӣ барои шумо вуҷуд дорад (ва қонуни қасос ва иҷрои он боиси ҷилавгирӣ аз қатл мешавад. Бинобар маслиҳате, ки дар қасос ва тамоми аҳком вуҷуд дорад, қонуни қасосро бар шумо воҷиб кардаем, то аз таҷовуз бипарҳезед ва) шояд тақворо пешаи худ намоед»  (Бақара, 178-179).
Худованди мутаол дар ин оят хитоб ба мӯъминон ин ҳукмро баён менамояд, то ба ҳоким ё намояндаи ӯ кӯмак кунанд, ки ҳукми қасос ба хубӣ иҷро шавад. Аз тарафе маънои қасосро равшан сохта, ки бо муҷрим ҳамон амал анҷом гирад, ки онро анҷом додааст.
Сипас Худованд мефармояд: “Озод дар баробари озод, банда дар ивази банда ва зан дар ивази зан”.
Ин қоидаи куллӣ одот ва русумеро, ки дар Ҷазираталараб вуҷуд дошт, ботил менамояд. Дар даврони ҷоҳилият ҳар гоҳ яке аз афроди қабилаи кӯчаку заиф нафареро аз қабилаи бузургу нерӯманд мекушт, то замоне, ки ин қабилаи бузург чандин нафарро аз афроди қабилаи заиф ба қатл намерасонд, қаноат намекард. Ислом иҷрои муҷозоти қатлро иҷборӣ ва ҳатмӣ намуда, валӣ ва сарпарасти мақтулро мукаллаф насохтааст, ки ҳатман қотилро ба унвони қасос пас аз ҳукми қозӣ ба қатл бирасонад, балки валӣ ва сарпарасти мақтулро дар байни қасос ва афю гузашт ва дарёфти хунбаҳо аз қотил мухайяр сохтааст. Худованд мефармояд: «Ҳар гоҳ қотил аз ноҳияи бародари динии худ як миқдор мавриди афв қарор гирифт, бояд аз некӣ ва эҳсон пайравӣ шавад (ва соҳибони хунбаҳо бадрафторӣ ва сахтгирӣ накунанд) ва қотил ҳам ба хубӣ хунбаҳоро пардохт кунад».
Мурод аз калима шайъ дар ин оят ин аст, ки агар қотил аз як миқдор афв бархурдор бошад, ба ин сурат, ки ҳар гоҳ яке аз соҳибони хун ва валӣ ва сарпарасти мақтул қотилро мавриди афв қарор диҳад, бояд ба ин гузашт эҳтиром гузошта шавад. Ва ин гузашт боиси адами иҷро ва суқути ҳукми қасос мегардад ва қотил кушта намешавад. Худованди мутаол аз касе, ки аз қотил гузашт мекунад, ба лафзи ах ва бародари қотил ном мебарад, то ба ин васила ёдоварӣ кунад, ки онон аз ҷиҳати инсонӣ ва динӣ бо ҳам бародаранд ва ин ёдоварӣ мӯҷиби барангехтани отифа ва раҳми ҳар як аз тарафайн нисбат ба ҳам шавад ва алоқаю муҳаббат ва гузашт дар миёни онон ба вуҷуд ояд.
Албатта, гузашту афв аз ҷониби касоне аст, ки ҳаққи дархости қасосро доранд ва Худованд ба авлиё ва сарпарастони мақтул, ки иборатанд аз наздикони насабии мақтул ин ҳақро додааст. Эшонанд, ки метавонанд тақозои рехтани хуни қотил ва куштани ӯро бинамоянд. Зеро агар онон дорои чунин ҳаққе набошанд ва ҳоким ба дархости онон таваҷҷӯҳе надиҳад, ағлаб аз тариқи ҳилаю дасиса ба интиқомҷӯӣ мепардозанд ва ин амр сабаб мешавад ағлаб дар байни қабилаи қотилу мақтул ва наздиконашон адовату душмании бештар ва доманадортар гардад. Ин ҳолат дар ҳоли ҳозир дар баъзе ҷойҳо ба хубӣ мушоҳида мешавад. Махсусан дар байни миллатҳое, ки ҳанӯз ба сурати қабилавӣ зиндагӣ менамоянд. Вале ҳар гоҳ аз ҳаққи худашон гузаштанд ва қотилро мавриди афв қарор доданд, фитна хомӯш мешавад. Махсусан агар гузашт дар асари афву бузургворӣ ва раҳми хонаводаи мақтул пас аз хоҳиш ва таманнои қотил ва хонаводааш ба вуҷуд омада бошад ва гиряю зорӣ ва таманнои онон боиси барангехтани отифаи бародарии динӣ ва инсонии соҳибони мақтул ва таҳрики ҳисси мурувввату мардонагӣ бошад, бурузи фитна ва ноамнӣ ба ҳадди ақалли худ мерасад.
Фалсафаи дигари адами илзомӣ будани ҳукми қасос ва суқути он ба ҳангоми афви яке аз соҳибони мақтул ин аст, ки баъзе вақтҳо қасос ва куштани қотил ба зиён аст. Масалан, вақте ки як нафар дар асари омилҳое бародари насабӣ ва ё яке аз наздикони худро ба қатл мерасонад, агар куштани қотил иҷборӣ ва ҳатмӣ мебуд, мусибат ва бадбахтии хонавода ду баробар мегашт. Барои ҳамин, Худованд соҳибони хунро мухайяр сохтааст, то бар асоси отифаю муҳаббат ва ташхиси худ амал намояд.
Ҳукумати исломӣ ва қозӣ ҳақ надоранд мустақиман ва бидуни ризояти соҳибон хуни қотилро мавриди афв қарор диҳанд. Боз ҳақ надоранд вақте соҳибони хун бихоҳанд қотилро афв кунанд, аз афви эшон мамониат кунанд, магар ҳангоме ки озодии қотил боиси ихлол дар амнияти ҷомеа шавад, ки дар ин шароит ҳокиму қозӣ метавонад тибқи ташхиси худ ӯро адаб ва танбеҳ кунанд, то аз корҳои бад бозгардад ва ё ӯро таҳти муроқибат қарор диҳанд, то натавонанд ба ҷиноят ва таҷовуз дастрасӣ пайдо кунад.
Албатта, ҳангоми афв шудани ҷоне аз қасос (дият) ва хунбаҳо бар ӯ воҷиб мешавад. Ба ҳамин ҷиҳат, Худованд мефармояд: “Пас дар сурати афв (кор) бо некӣ пайгирӣ шавад ва ба сӯйи ӯ ба хубӣ пардохт гардад”.
Ба хонавода ва соҳибони мақтул тавсия ва супориш мекунад, то дар ин маврид ҳусни рафтор ва мардонагӣ аз худ нишон диҳанд ва дар дарёфти хунбаҳо сахтгирӣ ба амал наёваранд ва ба қотил ҳам супориш мекунад, ки ба наҳви аҳсан дияро бипардозад ва онро ба таъхир наандозад ва аз мизону миқдори он накоҳад. Сипас мефармояд: “Ин тахфиф ва раҳмате аз ҷониби Парвардигорамон мебошад”.
Худованди мутаол бар он бандагонаш неъматро баён менамояд, ки бо барқарории ин қонуни одилона аз вуқӯи ҷиноятҳо ва қатл ҷилавгирӣ мешавад ва боз будани дари афву гузашт ва иктифо ба гирифтани хунбаҳоро тазмин мекунад. Ин амр аз тарафе боиси тахфифи муҷозоти қотил ва аз тарафи дигар нафъе аст барои соҳибони мақтул. Он гоҳ Худованд оятро бо таҳдиди касоне, ки бо пайравӣ аз ғазабу кинатӯзӣ иқдом ба қатли касе менамоянд, ки мавриди афв қарор гирифтааст, ба поён мерасонад ва мефармояд: “Касе пас аз он таҷовуз намояд, барояш азоби дардноке бошад”.
Касе, ки баъд аз афв шудани қотил ӯро ба қатл бирасонад, азоби шадиде дар интизори ӯ аст, зеро дар дунё бояд ба унвони қасос кушта шавад ва дар қиёмат ба хотири таҷовуз аз фармони Худо ба азоби илоҳӣ ба шиддат азоб дода мешавад.
Муҷозоти охират барои ҷазои қатл. Худованди мутаол ҷазои қатлро танҳо қасос дар дунё қарор надодааст, балки қотилро ба азоби шадиди рӯзи охират ва боқӣ мондан дар азоби ҳамешагӣ таҳдид карда мефармояд:
﴿وَمَن يَقۡتُلۡ مُؤۡمِنٗا مُّتَعَمِّدٗا فَجَزَآؤُهُۥ جَهَنَّمُ خَٰلِدٗا فِيهَا وَغَضِبَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِ وَلَعَنَهُۥ وَأَعَدَّ لَهُۥ عَذَابًا عَظِيمٗا ٩٣﴾ [النساء : ٩٣]
«Ва ҳар кас мӯъминеро аз рӯйи амд ба ноҳақ бикушад ва ин корро ҳалол бидонад, кофир ба шумор меояд ва кайфари ӯ дузах аст, ки ҷовидона дар он ҷо мемонад. Худо бар ӯ хашм мегирад ва ӯро аз раҳмати худ маҳрум месозад ва азоби азимеро барои ӯ омода мекунад» (Нисо, 93).
Қуръони карим инсонро ба таври куллӣ аз қатли нафс барҳазар медорад, фарқ намекунад нафси худаш бошад ва ба қасди худкушӣ муртакиби ин ҷиноят шавад, ё нафси ғайри худ бошад ва мефармояд: «Бандагони (Худои) Раҳмон касонеанд, ки инсонеро, ки Худованд хунашро ҳаром кардааст, ба қатл намерасонанд, магар ба ҳақ ва зино намекунад, чаро ки ҳар кас ин корро анҷом диҳад, кайфари онро мебинад ва дар рӯзи қиёмат азобаш чандин баробар мегардад, хору залил, ҷовидона (ва) дар азоб мемонад» (Фурқон, 68-69).
Пайғамбар (с) мефармояд: «Ҳар гоҳ ду мусулмон бо шамшер ба ҳам ҳамла карданд ва бо ҳам ба ҷанг пардохтанд, қотил ва мақтул ҳар ду дар оташи дӯзах қарор доранд”. Гуфтанд: қотил, ки дар дӯзах бошад, дуруст ва саҳеҳ аст, аммо мақтул чаро? Пайғамбар (с) фармуд: «Барои он ки ӯ ҳам бар куштани тарафи муқобил ҳарис ва мусаммам будааст» (Бухорӣ, Муслим, Абӯдовуд ва Насоӣ).

МУҶОЗОТИ ҚАТЛИ ХАТО ВА ИШТИБОҲӢ
Муҷозоти қатли хаторо ин оят баён мекунад ва мефармояд: «Ҳеҷ мӯъмине ҳақ надорад, ки мӯъмини дигареро ба қатл бирасонад, магар аз рӯйи хато ва иштибоҳ, касе, ки мӯъминеро ба хато бикушад, бояд як бардаи мӯъминеро озод кунад ва хунбаҳое ҳам ба касони мақтул бипардозад, магар онон аз гирифтани хунбаҳо гузашт намоянд» (Нисо, 92).
Маънои оят ин аст, ки сазовор ва шоистаи як инсони мӯъмин нест ва дину ахлоқаш ба ӯ иҷоза намедиҳад, ки мӯъмини дигареро бикушад, вале гоҳе дар асари иттифоқ ва иштибоҳ ба хато мусулмонеро мекушад. Масалан, ба қасди шикор тиреро ба сӯйи ҳайвони шикорӣ меандозад, аммо ба як мӯъмин мерасад. Дар чунин ҳолате бар қотил воҷиб аст як мусулмонро аз қайди бардагӣ озод кунад ва ба валӣ ва сарпарасти мақтул хунбаҳо бипардозад, ки ин хунбаҳои сад шутур дар синҳои мухталиф ва ё қимати сад шутур мебошад. Агар соҳибони мақтул аз хунбаҳо гузашт намуданд, пардохти он соқит мешавад.

МУҶОЗОТИ НАҚСИ УЗВ
Шариати Ислом муҷозоти ҷиноят бар аъзои бадан, монанди қатъ намудани даст ва кӯр сохтани чашмро ба ин шева таъйин кардааст: ҳар ҷиноятеро, ки ҷинояткор анҷом диҳад, бояд айни он дар ҳаққаш анҷом дода шавад, чун Худованд мефармояд: «Дар китоби осмонии Таврот бар онон муқаррар доштем, ки инсон дар баробари қатли инсон кушта мешавад ва чашм дар баробари чашм кӯр мегардад ва бинӣ ба сазои бинӣ қатъ мегардад ва гӯш дар баробари қатъи гӯш бурида мешавад ва дандон дар баробари дандон шикаста мешавад ва захмҳо ва ҷароҳатҳо қасос доранд (ба ҳамон андоза, ки ҷинояткор тарафро захмӣ кардааст, захмӣ мешавад, агар мисли он ҷароҳат мумкин гардад ва хавфи марг ҳам дар байн набошад) ва агар касе онро бибахшад ва аз қасос гузашт намояд, ин кор боиси бахшудагии гуноҳони ӯ мегардад» (Моида, 45).
Барои қасоси аъзо бояд байни узви ҷинояткор ва (ҷабрдида) касе, ки ҷиноят дар ҳаққи ӯ воқеъ шудааст, мумосила ва мусовот вуҷуд дошта бошад. Бинобар ин, як чашми солим дар баробари як чашми кӯр берун оварда намешавад ва ин адолату додгарии комили исломро нишон медиҳад. Қуръон мефармояд: «Ҷазо ва кайфари ҳар кори баде муҷозот кардани бадкор ба мисли ҳамон кор аст».
Касе, ки узвашро аз даст додааст (метавонад аз тақозои қасос сарфи назар кунад ва ҷинояткореро ба хотири ризои Худо, ки инсонро ба афву гузашт даъват менамояд, мавриди бахшудагӣ қарор диҳад). «Ҳар кас, ки гузашт кунад ва кори хайру сулҳ анҷом диҳад, аҷр ва подоши ӯ танҳо бо Худо аст».
Ҳар гоҳ касе, ки узвашро аз даст додааст, аз тақозои қасос сарфи назар намуд, ҳақ дорад хунбаҳои он узвро аз ҷинояткор мутолиба кунад. Миқдори хунбаҳои ҳар узве аз аъзои инсон дар китобҳои фиқҳӣ муайян ва мушаххас шудааст. Қавонини ҷадид низ ба муҷозоти қасос эътироф ва онро таъйид кардааст, вале қасосро танҳо ба иртикоби ҷурми қатл дар назар гирифта ва муҷозоти қотилро эъдом қарор додааст ва дар мавриди нақси узв ҳукм ба муҷозоти қасос намекунанд ва муҷримро танҳо ба пардохти ҷарима ва ҳабс ва ё яке аз ин ду маҳкум менамояд. Тардиде нест шариати исломӣ дар ин маврид, ки навъи муҷозоти қатл ва нақси узвро қасос қарор додааст, коре аст мантиқӣ ва табиӣ ва бо сиришт мутоқибат дорад, аммо қавонини ҷадид бо фарқ гузоштани байни навъи муҷозоти қатл ва нақси узв худро аз мантиқ, табиат ва хусусияти ашё дур сохтааст. Чун қатл ва нақси узв ҳар ду аз як навъи ҷурм ҳастанд ва аз як ангеза ва омил сарчашма мегиранд, зеро то зарб ва ҷарҳе вуҷуд надошта бошад, қатле дар байн нахоҳад буд. Бинобар ин, ҳар гоҳ ин ду ҷурм аз як навъ ва дорои як омилу ангеза бошанд, бояд муҷозоти онҳо ҳам аз навъи қасос бошад.

МУҶОЗОТИ  РОҲЗАНОН
Қуттоъуттариқ гурӯҳи мусаллаҳе ҳастанд, ки шаб ё рӯз бар сари ҷодаҳо ва роҳҳо меистанд ва мунтазири мусофирон мешаванд, то ҳар касе аз ин ҷодаҳо ва роҳҳо убур кунад, бикушанд ва ё амволашро ғорат кунанд. Худованд дар ин маврид мефармояд: «Кайфари касоне, ки (бар ҳукумати исломӣ мешӯранд ва бар аҳкоми шариат метозанд ва амнияти ҷодаҳою роҳҳоро аз байн мебаранд ва ба ин васила) бо Худо меҷанганд ва дар рӯйи замин (бо таҳдиди амнияти мардум ва салби ҳуқуқ ва амволи эшон ва роҳзанию ғорат) даст ба фасод мезананд, ин аст, ки (дар баробари куштани мардум) кушта шаванд, ё (дар баробари куштану ғорати амволи эшон) ба дор овехта ва кушта шаванд ва ё (дасти рост ва пойи чапашон) бурида шавад, ё ин ки (дар баробари роҳзанӣ ва таҳдид танҳо) аз ҷое ба ҷойи дигар табъид шаванд ва ё зиндонӣ шаванд, ин расвоии онон дар дунё аст ва дар қиёмат азоби бас бузург дар интизорашон мебошад, магар касоне (аз ин муҳорибон ва роҳзанон), ки пеш аз даст ёфтани шумо бар онон аз кори худ пушаймон шаванд ва тавба кунанд. (Дар ин сурат муҷозоти мазкур, ки аз ҷониби Худо таъйин шуда, аз онон соқит мешавад, вале ҳуқуқи мардум ба ӯҳдаашон боқӣ мемонад) Бояд бидонанд, ки Худованд дорои мағфират ва раҳмати фаровон аст» (Моида, 33-34).
Ҳукми шаръӣ дар мавриди қуттоъуттариқ ва роҳзанон ба мавридҳои зерин маҳдуд мебошад:
Аввал. Касоне, ки муртакиби қатл мешаванд, бояд кушта шаванд.
Дувум. Касоне, ки муртакиби қатлу ғорати амвол мешаванд, ба дор овехта ва кушта мешаванд.
Севум. Касоне, ки танҳо ба ғорат даст мезананд ва касеро намекушанд, дасти рост ва пойи чапашон қатъ мегардад, вале кушта намешаванд.
Чаҳорум. Касоне, ки танҳо мардумро таҳдид кардаанд ва касеро накушта ва даст ба ғорате назадаанд, табъид мешаванд. Баъзе аз уламо калимаи нафйро дар оят ба ҳабс тафсир намудаанд.
Худованди мутаол касонеро, ки қабл аз дастгир шудан аз тарафи давлат аз ин ҷиноятҳо пушаймон мешаванд, аз ин муҷозотҳо афв кардааст, аммо ҳуқуқи мардум аз зиммаашон соқит намегардад. Касе, ки молеро ба ҳангоми роҳзанӣ ба ғорат мебарад, вақте тавба мекунад, бояд онро ба соҳибаш баргардонад ва қозию ҳоким метавонанд ӯро мулзам ба бозпас гардонидани амволи ба ғоратбурдашуда намоянд. Ё агар дар айёми роҳзанӣ касеро ба қатл расонида бошад, пас аз тавба муҷозот дар ҳаққи ӯ иҷро мешавад ё ба дархости соҳибони мақтул кушта мешавад ва ё соҳибони мақтул ӯро аз қасос афв мекунанд ва дияву хунбаҳои мақтулро аз ӯ мегиранд.

МУҶОЗОТИ ТӮҲМАТИ ЗИНО
Қазф он аст, ки шахсе шахси дигарро сароҳатан ва бидуни киноят ба зино муттаҳам кунад. Масалан, ба ӯ бигӯяд ту зинокор ҳастӣ ва ё калимае бигӯяд, ки бар зино далолат дорад, мисли ин ки ӯро ба ғайри падараш нисбат диҳад (ва бигӯяд ту писари фалон кас ҳастӣ, на он касе, ки ӯро падари худ медонӣ). Ҳар кас ин тӯҳмат аз ӯ содир шавад, муҷозоташ ҳаштод зарба шаллоқ аст, магар ин ки чаҳор нафар шоҳид бар муддаои худ ҳозир кунад ва шоҳидон бигӯянд мо ба чашми худ фалониро дар ҳоли зино дидаем, фарқ намекунад тӯҳматкунанда чи мард бошад ва чи зан дар сурати надоштани чаҳор шоҳиде, ки ба чашми худ он шахсро дар ҳоли зино дида бошанд, ҳаштод тозиёна муҷозот дорад, ба далели ин оят, ки мефармояд:
 ﴿وَٱلَّذِينَ يَرۡمُونَ ٱلۡمُحۡصَنَٰتِ ثُمَّ لَمۡ يَأۡتُواْ بِأَرۡبَعَةِ شُهَدَآءَ فَٱجۡلِدُوهُمۡ ثَمَٰنِينَ جَلۡدَةٗ وَلَا تَقۡبَلُواْ لَهُمۡ شَهَٰدَةً أَبَدٗاۚ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡفَٰسِقُونَ ٤﴾ [النور : ٤]
 “Касоне, ки занони покдоманро ба зино нисбат медиҳанд, сипас чор шоҳидро барои иддаои худ ҳозир намекунанд, ба эшон ҳаштод тозиёна бизанед ва ҳаргиз гувоҳӣ додани ононро напазиред ва чунин касоне фосиқу мутамаррид аз фармони Худо ҳастанд» (Нур, 4).
Ин ояти шарифа ба муҳимтарин шартҳо ишора намуда, ки яке аз онҳо ин аст, ки касе мавриди тӯҳмат қарор мегирад, мард бошад, ё зан, бояд маъруф ба покдоманӣ бошад ва қабл аз ин ки ин тӯҳмат ба ӯ нисбат дода шавад, муртакиби зино нашуда бошад ва ё қабл аз иқомаи ҳад бар тӯҳматкунанда муртакиби зино нагардида бошад, вале касе, ки қаблан ин ҷурм бар ӯ собит шуда бошад, покдоман нест. Аз ин рӯ, нисбати зино ба ӯ мӯҷиби муҷозот намебошад.
Агар тӯҳмат ба мард ё зани покдоман бидуни фарқи ҳаштод тозиёна муҷозот дошта бошад, пас чаро Худованд дар ин оят танҳо тӯҳмат ба занони покдоманро зикр карда ва мефармояд: Ба занони покдоман тӯҳмат мезананд? Дар ҷавоб мегӯем: Чун хатар ва зарари тӯҳмат ба занони покдоман бештар аст ва айбу ори зино танҳо ба худи зан марбут намешавад, балки домангири қавм ва хонаводаи ӯ низ мегардад ва расвоию сарафкандагӣ ба эшон бар вуҷуд меоварад. Вале дар мавриди мард ин тавр нест, ин ки Худованд шахси тӯҳматкунандаро мард қарор дода ва мефармояд: «Ва мардоне, ки тӯҳмат мекунанд», ба ин хотир аст, ки занон ағлаб таҳти таъсири ҳаёю шарм ҳастанд ва ҳозир нестанд мардонро ба зино муттаҳам кунанд.
Суннати Пайғамбар (с) равшан намудааст, ки дар иҷрои ҳадди қазф ва тӯҳмати зино бар тӯҳматкунанда, муттаҳам чи мард бошад ва чи зан фарқе вуҷуд надорад ва ҳамчунин шарти лозимро барои иқомаи ҳадду муҷозот бар шахсе тӯҳматкунанда, таъйин кардааст, ки бояд болиғу оқил ва озод бошад ва шартҳои дигареро, ки дар китоби фиқҳ зикр шудааст, бояд дошта бошад.
Албатта, касоне ки ба ҳаштод тозиёна ба унвони муҷозот ва ҳадди тӯҳмат маҳкум мешаванд, ба муҷозотҳои ҷанбии дигаре низ маҳкум хоҳанд шуд, ки иборат аст аз маҳрум шудан аз ҳаққи адои шаҳодат, чун Худованд мефармояд: “Ҳаргиз шаҳодати ононро напазиред”.

ЛИЪОН
Шариати Ислом дар ҳеҷ ҳоле ҳаққеро фаромӯш накарда ва ба эҳсоси мард ва ғайрати мардонагии ӯ эҳтиром гузоштааст. Ба ҳамин ҷиҳат, ҳар гоҳ барои мард маълум шуд, ки занаш муртакиби ҷурми зино шудааст, шариати Ислом як роҳи ҳалли мантиқиро барояш мушаххас намуда, ки боиси хориҷ шудан аз бунбаст ва аз байн рафтани зиёну зарар ва ору хашми ӯ хоҳад шуд. Қаблан гуфтем, агар шахсе шахси дигарро мавриди тӯҳмати зино қарор диҳад ва натавонад чаҳор шоҳидро барои даъвои худ ҳозир кунад, бояд ҳаштод тозиёна ба ӯ зада шавад. Аммо ин дар ҳолате аст, ки ин ду нафар робитаи заношавҳарӣ бо ҳам надошта бошанд, вале агар зану шавҳар буданд ва шавҳар иддао кард, ки занаш муртакиби зино шудааст, Ислом ӯро мукаллиф ба исботи ин иддао накардааст. Чун ҳеҷ маслиҳате вуҷуд надорад, ки як марди ғофил зани худро муттаҳам ба зино намояд ва бидуни далел обрӯи худ ва занашро доғдор созад ва писарону духтарони худро сарафканда намояд. Бинобар ин, вақте чунин ҳолате барои зану шавҳар пеш омад, шариати Ислом қонуни лиъонро барои онон ба манзури наҷот аз ин мушкил дар назар гирифтааст.
Лиъон ин аст, ки шавҳар пеши қозӣ мегӯяд:
﴿وَٱلَّذِينَ يَرۡمُونَ أَزۡوَٰجَهُمۡ وَلَمۡ يَكُن لَّهُمۡ شُهَدَآءُ إِلَّآ أَنفُسُهُمۡ فَشَهَٰدَةُ أَحَدِهِمۡ أَرۡبَعُ شَهَٰدَٰتِۢ بِٱللَّهِ إِنَّهُۥ لَمِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ ٦ وَٱلۡخَٰمِسَةُ أَنَّ لَعۡنَتَ ٱللَّهِ عَلَيۡهِ إِن كَانَ مِنَ ٱلۡكَٰذِبِينَ ٧ وَيَدۡرَؤُاْ عَنۡهَا ٱلۡعَذَابَ أَن تَشۡهَدَ أَرۡبَعَ شَهَٰدَٰتِۢ بِٱللَّهِ إِنَّهُۥ لَمِنَ ٱلۡكَٰذِبِينَ ٨ وَٱلۡخَٰمِسَةَ أَنَّ غَضَبَ ٱللَّهِ عَلَيۡهَآ إِن كَانَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ ٩﴾ [النور: ٦،  ٩]
«Ба Худо шаҳодат медиҳам, ки ман дар тӯҳмати зиное, ки ба ҳамсарам бастаам, ростгӯ ҳастам ва чаҳор бор ин шаҳодатро пеши қозӣ такрор менамояд ва баъд аз ин чаҳор бор шаҳодат як бор мегӯяд: лаънати Худо бар ман бод, агар дурӯғ гуфта бошам» (Нур, 6-9).
Зан низ ҳақ дорад аз худ дифоъ кунад ва бигӯяд «Ба Худо шаҳодат медиҳам, ки» шавҳараш дар тӯҳмати зиное, ки ба ӯ нисбат медиҳад, дурӯғ мегӯяд. Зан ҳам чаҳор бор ин шаҳодатро такрор мекунад, баъдан як бор мегӯяд: ғазаби Худо бар ман бод, агар шавҳарам дар тӯҳмате, ки зада, содиқ бошад».
Ва бо иҷрои ин лиъон зану мард ҳарду аз муҷозот халос мешаванд. Асл ва далели ҳукми лиъон ин оят аст, ки мефармояд: «Касоне, ки занони худро муттаҳам ба зино мекунанд ва ҷуз худашон гувоҳоне надоранд, ҳар як аз онон бояд чаҳор мартаба Худоро ба шаҳодат биталабад, кӣ дар ин иттиҳом ростгӯ аст, дар мартабаи панҷум бояд бигӯяд лаън ва нафрини Худо бар ӯ бодо, агар дурӯғгӯ бошад. Агар зан ҳам чаҳор бор Худоро ба шаҳодат биталабад, ки шавҳараш дурӯғгӯ аст, ин шаҳодат азоб ва муҷозоти раҷмро аз ӯ дур менамояд ва дар мартабаи панҷум зан бояд бигӯяд: Ғазаби Худо бар ӯ бод, агар шавҳараш ростгӯ бошад» (Нур:6-9).
Вақте байни зану шавҳар лиъон барқарор шуд, аз ҳам ҷудо мешаванд ва робитаи заношӯии онон қатъ ва барои ҳамеша изидвоҷашон бо ҳам ҳаром мегардад ва агар пас аз мулоана фарзанде ба дунё ояд, ба модараш мулҳақ мегардад.

МУҶОЗОТИ ЗИНО
Ислом байни муҷозоти зинои шахс муҳсан бо зинои шахси ғайримуҳсан тафовут қарор додааст. (Муҳсан ба шахси мусулмони болиғу оқил ва озодае гуфта мешавад, ки ҳатто агар як бор ҳам буда бошад, дар як издивоҷи саҳеҳ бо ҳамсараш тамоси шаръӣ ва духул ҳосил карда бошад).
Муҷозоти мард ва зани ғайримуҳсан, ки ҳанӯз издивоҷ накардаанд, дар сурати иртикоби зино сад тозиёна аст. Худованд мефармояд: «Ҳар як зану марди зинокорро сад тозиёна бизанед ва дар иҷрои қавонини дини Худо нисбат ба онон раҳм накунед, агар ба Худо ва рӯзи охират имон доред ва бояд гурӯҳе аз мӯъминон бар муҷозоти эшон нозиру ҳозир бошанд» (Нур, 2).
Аммо муҷозоти зану марди муҳсан, ки дар зиндагиашон муваффақ ба издивоҷи саҳеҳ ва тамоси шаръӣ, ҳатто барои як бор ҳам гашта бошанд, дар сурати иртикоби зино эъдом ва раҷм аст, чун Пайғамбар (с) мефармояд: «Хуни ҳеҷ шахси мусулмоне ҳалол нест, магар ба василаи се чиз - кофир шудан баъд аз имон, зино кардан баъд аз издивоҷ, куштани инсоне ба ноҳақ».
Муҷозоти зино вақте иҷро мешавад, ки мард ё зан худ ба иртикоби он эътироф намоянд, аммо агар эътироф накарданд, ин ҷурм бо шоҳид ва баййина собит намешавад. Чун ин баййина ҷуз бо чор нафар шоҳиди одил, ки ҳақиқати зиноро бо чашми худ мушоҳида карда бошанд, собит намешавад, агар нагӯем исботи ин амр ҷузъи муҳолот аст, ҳатман бояд гуфт ҷузъи умури бисёр душвор ва нодир аст. Аз тарафи дигар, ҳар гоҳ яке аз ин чаҳор шоҳид дар адои шаҳодати худ халале ба шаҳодати се шоҳиди дигар бирасонад, он се нафар бояд ба унвони тӯҳматкунанда ба ҳаштод тозиёна маҳкум шаванд.
Мусалламан, ҳикмати сахтгирӣ дар исботи ҷурми зино ин аст, ки мардум ҷуръат накунанд ба осонӣ ҳамдигарро муттаҳам ба он намоянд ва обрӯи якдигарро бирезанд. Касоне, ки ба баррасии раҷмҳое (сангсорҳое), ки дар замони Пайғамбар (с) ва ё баъд аз он дар даврони хулафо ва тобеин воқеъ шуда, пардохтаанд, медонанд, ки ин раҷмҳо танҳо ба эътирофи худи зинокор собит шудааст, на бо шаҳодати чаҳор шоҳид. Ҳар гоҳ касе пеши Пайғамбар (с) ба иртикоби зино эътироф мекард, Пайғамбар (с) аз ӯ суолҳое мекард ва мефармуд: Шояд манзурат ин бошад, ки номаҳрамеро бӯсида бошӣ, ё шояд манзурат ин бошад, ки ҳамдигарро ламс карда бошед?
Чунин ба назар мерасад, ки имкон надорад муҷозоти раҷм иҷро шавад, магар дар мавриди касоне, ки мехоҳанд нафси худро аз олудагии зино пок намоянд ва ба он шахсан эътироф мекунанд.

МУҶОЗОТИ ЛИВОТ ВА ҲАМҶИНСБОЗӢ
Ливот яке аз инҳирофҳо ва ҷароими ахлоқӣ ва дур шудан аз фитрат аст, ки шоистаи мақоми навъи инсон нест ва зулму таҷовузи ошкор ба шарофату каромати инсонӣ аст. Ба ҳамин далел аст, ки Худованд монанди зино бо лафзи фоҳиша (гуноҳи ошкор ва бас зишт) аз он ном мебарад. Худованд дар мавриди қавми Лут, ки ин фоҳиш дар байни онон зиёд ва густарда буд, мефармояд: «Лутро ҳам ба сӯйи қавми худаш фиристодем ва ӯ замоне ба қавмаш гуфт: шумо кори бисёр зиштеро анҷом медиҳед, ки касе аз ҷаҳониён қабл аз шумо муртакиби он нашудааст» (Анкабут, 28).
Сипас Қуръон барои мо нақл мекунад, ки Худованд қавми Лутро ба сабаби ин кори бисёр зишт мавриди муҷозот ва азоб қарор дод ва мефармояд:
 ﴿إِنَّا مُنزِلُونَ عَلَىٰٓ أَهۡلِ هَٰذِهِ ٱلۡقَرۡيَةِ رِجۡزٗا مِّنَ ٱلسَّمَآءِ بِمَا كَانُواْ يَفۡسُقُونَ ٣٤﴾ [العنكبوت: ٣٤]
«Мо барои мардумони ин шаҳр ба хотири фисқу фуҷуре, ки анҷом додаанд, азоби шадиде аз осмон нозил хоҳем кард» (Анкабут, 34).
Муҷозоти ливот дар шариати Ислом он гуна, ки баъзе аз уламо мегӯянд, ҳамон муҷозоти зино аст ва баъзе гуфтаанд таъйини муҷозоти ливот дар ихтиёри ҳоким ва қозӣ аст, ки тибқи савобдиди худ тавре амал менамояд, ки боиси дур сохтани мардум аз ин амали зишт ва нописандида гардад. Баъзе низ гуфтаанд ҳарду нафар (фоилу мафъул) бояд кушта шаванд.

МУҶОЗОТИ ДУЗДӢ
Муҷозоти дуздӣ буридани дасти дузд аст, ҳамон гуна ки Худованд мефармояд:
﴿وَٱلسَّارِقُ وَٱلسَّارِقَةُ فَٱقۡطَعُوٓاْ أَيۡدِيَهُمَا جَزَآءَۢ بِمَا كَسَبَا نَكَٰلٗا مِّنَ ٱللَّهِۗ وَٱللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٞ ٣٨﴾ [المائ‍دة: ٣٨]
«Дасти марди дузд ва зани дуздро қатъ кунед ва ин кайфари коре аст, ки анҷом додаанд» (Моида, 38).
Ва Пайғамбар (с) фармуда: “Манзур дасти рости дузд аст”.
Сирқате, ки боиси муҷозот ва қатъи даст мешавад, дорои чанд шарт аст. Агар ин шароит таҳаққуқ пайдо кунанд, он гоҳ дасти дузд қатъ карда мешавад, вале агар ҳар як аз ин шароит таҳаққуқ пайдо нанамояд, муҷозоти қатъи даст соқит мешавад.
Аввал. Дузд бояд болиғу оқил бошад, пас девона агар чизеро бидуздад, муҷозоте надорад ва низ агар бачае чизеро бидуздад, дасташ қатъ намешавад, аммо сарпарасти бача зомини баҳои моли дуздидашуда аст ва бояд бача ҳам танбеҳ шавад.
Дувум. Бояд дузд моли касеро дуздида бошад, ки ҳеҷ гуна ҳаққи моликияте дар он надошта бошад, аммо агар касе шарик бошад ва аз моли шарикаш чизе бардорад, ин кор хиёнат маҳсуб аст, на дуздӣ. Дар ин сурат муҷозоти қатъи даст ба муҷозоти дигаре табдил мешавад.
Севум. Бояд дузд молро аз ҷойи амне, ки маъмулан амвол дар ин гуна маҳалҳо маҳфуз аст, бардошта бошад. Бинобар ин, рабудани моле, ки соҳибаш онро гум кардааст ва ё мевае, ки бар дарахтони бидуни деворкаше аст ва ё ҳайвоноте, ки чӯпон ва муҳофиз надоранд ва амсоли инҳо дуздӣ маҳсуб намешавад, вале касоне, ки чунин амволеро бармедоранд, ба муҷозоти ғайр аз қатъи даст ҷазо дода мешавад.
Чаҳорум. Бояд қимати он чизе, ки дуздида мешавад, аз рубъи динор (рубъи як мисқоли тилло) камтар набошад, чун Пайғамбар (с) мефармояд: “Дасти дузд дар муқобили як рубъи динор ва бештар қатъ мешавад». Ҳикмат ва фалсафаи таъйини ҳадди нисоби дуздӣ ин аст, ки Ислом қатъи дастро ба унвони танбеҳи шадиде барои ҷилавгирӣ аз дуздӣ ва ҳифзи амнияти амвол қарор додааст. Аз ин рӯ, вақте ки қимати мол аз рубъи динор камтар бошад, дуздии воқеӣ ва салби амният маҳсуб намешавад ва арзиши қатъи дастро надорад, вале ин гуна дуздҳоро ба ҷазои дигаре монанди шаллоқ задан, зиндонӣ кардан ва мушобеҳи онҳо муҷозот менамоянд. Агар касе, ки қасди дуздӣ дошта, дохили манзили дигарон шуда, вале соҳиби хона бохабар шавад ва ӯро аз дуздидани моли худ манъ намояд, чунин афроде низ ба муҷозотҳое ғайр аз қатъи даст таъзир мешаванд.
Панҷум. Бояд дуздӣ дар асари ниёзи шадид воқеъ нашуда бошад, монанди дуздӣ ба хотири гуруснагии шадид, ки дар чунин ҳолате муҷозоти дуздӣ таъдил мешавад ва ба ҷазои хафифтар табдил мегардад, зеро Умар ибни Хаттоб дар соле, ки қаҳтӣ буд ва ба омулмаҷоба маъруф аст, дастур дод, ки дасти дуздҳо қатъ нашавад.

МУҶОЗОТИ САРКАШӢ ВА ТАҶОВУЗ
Ислом шариати одилонаеро бо худ овардааст, ки аз амнияти дохилӣ муҳофизат менамояд. Худованд мефармояд: «Агар ду тоифа ва гурӯҳе аз мӯъминон бо ҳам ба ҷанг пардохтанд, дар байни онон сулҳу оштӣ ба вуҷуд оваред (ва эшонро ба таслим дар баробари ҳукми Худо даъват кунед), агар яке аз ин ду гурӯҳ аз пазируфтани ҳукми Худованд худдорӣ кард (ва гурӯҳи дигар онро қабул намуд), бо гурӯҳе, ки ба ҳукми Худо гардан наниҳода ва аз ҳудуди илоҳӣ таҷовуз кардааст, биҷангед, то ин ки ба сӯйи ҳукми Худо баргардад ва онро бипазирад. Ҳар гоҳ (баъд аз қитоли шумо бо эшон пушаймон шуд) ва ба сӯйи Худо баргашт, дар байни онон сулҳи одилонаеро барқарор намоед ва адолатро пеша кунед, ҳамоно Худованд додгарон ва одилонро дӯст медорад» (Ҳуҷурот, 9).

МУҶОЗОТИ ШАРОБ ХӮРДАН
Шариати Ислом муҷозоти шароб хӯрданро чиҳил тозиёна таъйин кардааст. Муслим аз Анас ривоят намудааст: «Маъмулан Пайғамбар (с) шаробхӯрро чиҳил бор бо шохи хурмо ё бо наъл мезад».
Аз ҳазрати Алӣ ривоят шудааст: “Пайғамбар (с)шаробхӯрро чил (тозиёна) мезад ва Абӯбакр ҳам шаробхӯрро чиҳил (тозиёна) мезад. Умар ҳаштод (тозиёна) ба шаробхӯр мезад, ҳамаи инҳо суннат аст, вале ман ҳаштод (тозиёнаро) дӯст дорам”.
Бинобар ин, ҳоким ва қозӣ метавонад ба унвони таъзири бештар аз чиҳил тозиёна то ҳаштод тозиёна ба шаробхӯр бизанад. Ҳар гоҳ ду нафар шоҳиди одил шаҳодат доданд, ки фалон шахс шаробхӯр аст ва ё шахс худаш эътироф кунад, ки шароб хӯрдааст ва ҳеҷ зарурате ҳам монанди мудово ба он вуҷуд надошта бошад, дар чунин шароите қозӣ чиҳил тозиёна ё бештар то ҳаштод тозиёна ба шаробхӯр мезанад.

МУҶОЗОТИ БАРГАШТАН АЗ ДИН (РИДДАТ)
Дар мавриди муҷозоти баргаштан аз дин ва куфр баъд аз Ислом Пайғамбар (с) мефармояд: «Ҳар кас баъд аз имон ба Ислом аз дини худ баргардад ва кофир шавад, ӯро бикушед».
Ҳикмати ин муҷозот ин аст, ки Ислом ба касе иҷоза намедиҳад, ки бо пайравӣ аз ҳавои нафс динро бозичаи дасти худ қарор диҳад ва муддате исломро бипазирад ва баъд аз муддате онро тарк намояд. Ин ду амр иҳонат ба дин ва боиси гумроҳ сохтани имондорон мешавад. Ба ҳамин далел аст, ки Қуръон баргашт аз динро шадидтарин омилҳои гумроҳ сохтани дигарон медонад ва мефармояд:
﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ثُمَّ كَفَرُواْ ثُمَّ ءَامَنُواْ ثُمَّ كَفَرُواْ ثُمَّ ٱزۡدَادُواْ كُفۡرٗا لَّمۡ يَكُنِ ٱللَّهُ لِيَغۡفِرَ لَهُمۡ وَلَا لِيَهۡدِيَهُمۡ سَبِيلَۢا ١٣٧﴾ [النساء : ١٣٧]
“Касоне, ки имон меоваранд, сипас кофир мешаванд, боз имон меоваранд ва боз кофир мешаванд ва саранҷом бар куфру бединии худ меафзоянд, ҳаргиз Худованд эшонро намебахшад ва роҳе (ба) эшон наменамояд» (Нисо, 137).

ТАЪЗИР
Таъзир иборат аз танбеҳ ва таъдибе аст, ки ҳоким ва қозӣ тибқи ташхиси худ муҷримонро бо он муҷозот мекунад. Ҳар касе муртакиби кори баде шавад, ки барои он муҷозот ва ҳадде дар Қуръон ва суннат таъйин нашуда бошад ва ё гуноҳе муртакиб шуда бошад, ки муҷозоти он дар Қуръон ва ҳадис таъйин шудааст, вале шароити иҷрои муҷозот таҳаққуқ пайдо накардааст (монанди дуздии шахси гурусна ва дуздии камтар аз рубъи динор ё дуздии бачае, ки ба синни булуғ нарасидааст), дар ин ҳолат бар қозӣ ва ҳоким лозим аст, ки ин гуна муҷримонро бар асоси ташхиси худ таъзир намоянд, то бори дигар муртакиби чунин корҳое нописандида ва номашрӯъ нашаванд.
Имом Ибни Таймия дар рисолаи худ дар мавриди ҳисбат мегӯяд: «Баъзе аз муҷозотҳоро, ки миқдор ва мизони онҳо таъйин нашудааст, таъзир гӯянд, миқдори муҷозот дар таъзир бар ҳасби бузургӣ ва кӯчакии ҷурме, ки муҷрим муртакиби он мешавад, фарқ мекунад ва бар ҳабси зиёд ва камии ҷурм боз тафовут менамояд. Ба таври куллӣ таъзир чанд навъ аст, баъзе аз онҳо ба василаи тавбиҳу сарзаниш ва суханҳои лозим анҷом мегирад, баъзе дигар ба василаи ҳабс кардани муҷрим мебошад, баъзе аз таъзирот ба василаи табъид аз Ватан, баъзеи дигар ба василаи задании тозиёна аст ва таъзир ба василаи ҷаримаи молӣ низ дар мазҳаби Имом Молик бино ба қавли машҳури ӯ дар баъзе мавридҳо ҷоиз аст».
Баъзе аз корҳое, ки дар онҳо таъзир лозим аст, иборатанд аз шаҳодат ва гувоҳии бардурӯғ ва ё ин ки касе шахси дигарро фиреб диҳад ва ё ба ӯ хиёнат кунад ва ё алайҳи ӯ дасисачинӣ намояд ва дар тарозу хиёнат ва камфурӯшӣ кунад ва мавридҳои фаровони дигаре, ки зикри ҳамаи онҳо дар ин ҷо мумкин намебошад. Доираи таъзир бисёр васеъ аст. Қозӣ дасташ боз аст, модоме ҳадафаш ислоҳи муҷрим ва ҷилавгирӣ аз идома ва густариши фасод ва хатарот бошад, метавонад ҳар касеро, ки салоҳ медонад, таъзир намояд. Ин диққат ва нозукбинии дини Ислом аз бузургтарин далоил аст, ки Ислом ваҳйи илоҳӣ аст ва аз ҷониби Аллоҳ бар ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) нозил шудааст.
Ҷойи тардид нест, ки аҳвол ва авзоъи одамон бар ҳасби замонҳо ва маконҳои мухталиф тафовут мекунад. Бинобар ин, таъзири ашхосе, ки дорои ахлоқу рафтор ва ҳолатҳои волое ҳастанд, бо таъзири ашхоси дигаре, ки чунин ахлоқу рафторро надоранд ва адабу одаташон бо ҳам фарқ мекунад, яке нахоҳад буд. Дар асри ҳозир муҷозоте, ки муддати он мушаххас нест (монанди боздошти муваққат) як рукни асосӣ дар тадобири амниятӣ ба ҳисоб меояд ва яке аз тозатарин муҷозотҳое аст, ки муҷримон ба он таъриз мешаванд ва шевае аст, ки бар асоси илми равоншиносӣ ва ҷомеашиносӣ ба вуҷуд омадааст.

ТАВСИЯИ УМУМӢ БАРОИ ҲИФЗИ АМНИЯТ
Дар Қуръон ва ҳадис тавсияҳои умумие роҷеъ ба ҳифзи амният ва оромиши ҷомеа вуҷуд дорад. Аз ҷумла, дар Қуръон омадааст, ки бар мусулмонон воҷиб аст шаҳодати ба ҳақро адо намоянд ва аз китмони шаҳодат ва худдорӣ аз баёни воқеият парҳез намоянд. Чун исботи аксари ҷурмҳо бастагӣ ба вуҷуди чанд нафар шоҳид дорад, пас ба манзури ҳифзи ҳуқуқи афрод китмони шаҳодат ҳаром аст. Худованд мефармояд:
﴿وَلَا تَكۡتُمُواْ ٱلشَّهَٰدَةَۚ وَمَن يَكۡتُمۡهَا فَإِنَّهُۥٓ ءَاثِمٞ قَلۡبُهُۥۗ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ عَلِيمٞ ٢٨٣﴾ [البقرة: ٢٨٣]
«Китмони шаҳодат накунед ва аз баёни воқеият худдорӣ нанамоед. Касе, ки китмони шаҳодат кунад, қалбаш гуноҳкор аст ва Худованд ба он чи ки анҷом медиҳед, огоҳ аст» (Бақара, 283).
Ҳамчунин шариати Ислом шаҳодати нораво ва бардурӯғро ҷузъи бузургтарин гуноҳони кабира қарор додааст ва онро бо ширк ҳамсон донистааст. Аз Ибни Масъуд ривоят шуда, ки Пайғамбар (с) намози субҳро хонд ва рӯй ба мардум карда фармуд: «Шаҳодати бардурӯғ гуноҳаш бо ширк ба Худо баробар аст».
Пайғамбар (с) се бор ин ҷумларо такрор намуд, сипас ин оятро ба унвони таъйиди матлаб қироат намуд: «Аз парастиши палидҳо (яъне, бутҳо) дурӣ кунед ва аз бастани ифтиро (тӯҳмат) бар мардум ва бар Худо ва аз шаҳодати бардурӯғ парҳез кунед, аз куфр дурӣ намоед ва ҳақгарою мухлис бошед. Ҳеҷ шарик барои Худо қарор надиҳед» (Ҳаҷ, 30-31).
Дар ин ҷо баъзе тавсияҳо ва супоришоти ҳазрати Пайғамбар (с)-ро дар мавриди ҳифзи амният ва оромиши ҷомеа зикр мекунем, ки бо муҷозотҳое, ки баён намудаем, иртибот дорад. Мефармояд: «Агар ба муҷарради ин ки мардум чизеро иддао кунанд, ба эшон дода шавад, иддае (ба ноҳақ) молу хуни иддаеро иддао хоҳанд кард, вале барои ин ки ҳаққе аз касе зоеъ нашавад, баййина ва шоҳид ба ӯҳдаи муддаӣ аст ва қасам ба ӯҳдаи мункир ва муддао алайҳ мебошад» (Байҳақӣ).
 Боз мефармояд: «Тамоми мутааллиқоти ҳар мусулмон хуну мол ва номусаш бар мусулмонони дигар ҳаром аст» (Абӯдовуд  ва Ибни Моҷа).
Ва мефармояд: «Ҳар инсоне нисбат ба молаш аз авлод ва падару модараш ва тамоми мардум сазовортар ва шоистатар аст» (Байҳақӣ).
Ва мефармояд: «Набояд ба касе зарару зиён расонд ва набояд ҳамдигарро дучори зарару зиён кард» (Ибни Моҷа, Дориқутнӣ ва Молик).
Ва мефармояд: «Умматам ба хотири кори хато ва иштибоҳу фаромӯшӣ ва маҷбур сохтани онон ба коре мавриди муохаза қарор намегиранд» (Табаронӣ).

АДОЛАТ ВА МУСОВОТ ДАР МУҶОЗОТ
Яке аз имтиёзоти шариат ва қонуни исломӣ бар шариатҳои қадима мусовот дар татбиқи қонуни муҷозот бидуни истисно ва тафовут мебошад ва ин амр худ гувоҳе аст бар адолати шариати исломӣ. Қабл аз Ислом низоми табақотӣ дар байни румиҳо маъруф буд, қонунашон мегуфт: «Касе, ки бевазани дурусткор ё дӯшизаеро мавриди таҷовуз қарор диҳад, агар бевазан ё дӯшиза аз як хонаводаи шарифу мӯҳтарам бошад, нисфи сарвати мутаҷовиз мусодира хоҳад шуд ва агар аз хонаводаи паст бошад, муҷозоташ шаллоқу табъид аст».
Вале Ислом дар татбиқи қонуни муҷозот ва иҷрои он бар муҷрим мусовот қарор додааст ва дар байни касе тафовут ва фарқ қоил нашудааст. Аз ҳазрати Оиша – ҳамсари Пайғамбари Худо (с) ривоят шудааст: «Мавзӯи қатъи дасти зане аз қабилаи Махзумӣ, ки дуздӣ карда буд, барои Қурайш хеле муҳим буд ва аз муҷозоти он бисёр нороҳат буданд. Гуфтанд: “Чӣ касе ҷуръат дорад дар ин маврид пеши Пайғамбар (с) шафоат кунад”. Сипас гуфтанд: “Ҳеҷ кас чунин ҷуръатро надорад, магар Усома писари Зайд, ки азизу маҳбуби Пайғамбари Худо аст”. Усома бо Пайғамбар (с) баҳс кард. Пайғамбар (с) фармуд: «Эй Усома, дар бораи иҷрои ҳадде аз ҳаддҳои Худо шафоат мекунӣ ва мехоҳӣ иҷро нашавад?»  Сипас баланд шуд ва хутбаеро хонд ва фармуд: “Миллатҳои пеш аз шумо ба хотири ин ба ҳалокат расиданд, ки ҳар гоҳ яке аз ашроф дуздӣ мекард, ӯро раҳо мекарданд ва агар як нафар заиф дуздӣ мекард, ӯро муҷозот менамуданд. Қасам ба Худо, агар Фотима духтари Муҳаммад дуздӣ кунад, дасташро қатъ хоҳам кард»(Бухорӣ ва Муслим).
Мебинем, ки Пайғамбар (с) қасам мехӯрад, ки муҷозоти шаръиро бар ҳар касе, ки бошад, иҷро менамояд, ҳарчанд бар духтараш бошад. Ба ростӣ, ин ҳақиқате аст, ки ҳеҷ шакку шубҳае дар он нест. Чун ҳар вақт қонун дар мавриди қавӣ ва заиф ба таври яксон иҷро нашавад, боиси таҳрик ва ташвиқи қавӣ барои таҷовуз ба ҳуқуқи заиф мешавад. Заиф мавриди таҷовузи қавӣ қарор мегирад ва қавӣ дар амну амон ба сар хоҳад бурд ва ин амр худ яке аз омилҳои беназмиҳо ва ҳараҷу мараҷҳое аст, ки асоси пешрафт ва тамаддунро аз байн мебарад.

ҶАЗОҲОИ ИСЛОМӢ ОДИЛОНА ҲАСТАНД
Ин баҳсро бо радди эроде, ки ба муҷозотҳои исломӣ ворид шудааст, ба поён мерасонем, ки мегӯяд: «Муҷозотҳои исломӣ хашун ва бераҳмона аст ва бо ривоҷи тамаддун созгор нест, чун дастур додааст шахси зинокорро агар издивоҷ карда бошад, сангсору раҷм кунанд ва агар издивоҷ накарда бошад, сад тозиёна бизананд ва ё дастур додааст дасти дуздро қатъ намоянд ва ба шаробхӯр чиҳил то ҳаштод тозиёна зада шавад».
Дар радди ин эрод ва шубҳа мегӯем: «Ҳадафи тамоми шариатҳои осмонӣ ва низ қонунҳое, ки ба василаи инсон дар тӯли таърих вазъ шуда, ин аст, ки аз панҷ чизи аслӣ ва зарурӣ барои идомаи ҳаёт муҳофизат ва нигаҳдорӣ ба амал ояд: аввал нафс ва ҷони инсон, дувум ақл, севум мол, чаҳорум насл ва авлод, панҷум обрӯ ва номус. Чун тааддӣ ва таҷовуз ба ҳар як аз онҳо боиси эҷоди ихтилоф ва душманию хунрезӣ мешавад, амният ва оромиш аз байн хоҳад рафт ва шарру фасод густариш пайдо менамояд. Мутаассифона, қавонини тадвиншуда ба василаи инсон аз роҳи рост мунҳариф шуда ва қудрати нигаҳдорию муҳофизат ва дифоъ аз ин заруриётро ба наҳве, ки фасодро решакан созад, надорад. Қавонини башарӣ зиноро ҷуз дар мавридҳои мушаххас ҳаром ва мамнӯъ накардаанд ва вақте тарафайн ба зино розӣ бошанд, онро мубоҳ медонанд ва мегӯянд: ин коре аст марбут ба шахс ва бояд ба озодии ашхос эҳтиром гузошта шавад. Дар натиҷаи ин қавонин теъдоди бачаҳои номашрӯъ рӯз ба рӯз густариш ва афзоиш пайдо карда ва бемориҳои сирояткунанда ва вогир шуюъ ёфта ва издивоҷи машрӯъ рӯ ба коҳиш гузоштааст.
Аммо ин ки мегӯянд бояд барои озодии ашхос эҳтиром қоил шуд ва ононро дар иртикоби зино озод кард, мардуд ва ботил аст, чаро ки яке аз қавоиди машҳур ва мавриди қабули умум ин аст, ки инсон дорои озодии мутлақ аст, магар дар масоиле, ки ба зарари худ ё дигарон бошад.
Ба таҷриба собит шудааст, ки зино чи аз лиҳози ҷисмӣ ва саломатии бадан ва чи аз назари рӯҳӣ ва ахлоқӣ ба инсон зиёновар ва музир мебошад. Зарар ва зиёни он ба хонаводаи тарафайн ҳам сироят мекунад ва боиси шармандагию обрӯрезии онон низ мешавад, олудагии ҳайсият, номус ва шараф ононро водор месозад, то бо шадидтарин ваҷҳ аз тараф интиқом бигиранд ва ин амр боис шуда, ки ҷароими қатл дар асари иртикоби зино ва таҷовуз ба ҳайсият ва номуси дигарон густариши фаровон дошта бошад.
Боз қавонини башарӣ ба баҳонаи эҳтиром ба озодии ашхос хӯрдани шаробро мубоҳ кардааст, аммо дар назар нагирифтааст, ки ба гувоҳӣ ва эътирофи табибони ҳозиқу моҳир зарар ва зиёни шароб барои ҷисм фаровон аст ва аз тарафи дигар, мӯҷиби зоеъ ва баҳадар додани мол аст, бидуни ин ки маслиҳате дар он вуҷуд дошта бошад. Ва бузургтарин ҷиноят бар ақл ва нобуд сохтани он ба шумор меояд. Табоҳ кардани ақл бузургтарин бадбахтӣ аст, ки гоҳе боиси фасодҳои бузургтар мешавад, зеро дар асари мастӣ қатлҳо ва ҷиноятҳо ва ихтилофи хонаводагӣ ва ҷудоии зану шавҳар бисёр ба вуҷуд меояд ва хисороти ҷуброннопазир воқеъ мешавад. Оё бо ҳамаи маззароте, ки зино ва шароб дорад, фикр мекунед танҳо муҷозоти ҳабс ё ҷаримаи инсонҳои саркашро аз анҷоми онҳо боздорад? Мусалламан, на ҳабс ва на ҷарима наметавонад аз ин ҷурмҳо ҷилавгирӣ кунад, магар ин ки муҷозоти онҳо баданӣ бошад, чун таъсири муҷозоти баданӣ бар нафс бештар аст ва беҳтар метавонад ҷинояткоронро аз иртикоби ҷурм боздорад ва боиси ибрати дигарон шавад.
Аммо ин ки муҷозот тӯҳмати зино ба одамони покдоман ҳаштод тозиёна аст, бидуни шак бисёр одилона мебошад, чаро ки тӯҳмати таҷовуз ба ҳайсият ва шарофату номуси дигарон аст, ки қонун ва низоми умумӣ ба ҳифз ва ҳиросати онҳо пойбанд мебошад. Аз тарафи дигар, тӯҳмати зино ба занони покдоман боиси адовату душманӣ байни хонавода мегардад ва буғзу кинаро дар дилҳо тавлид мекунад, аксар мунҷар ба интиқом ба сурати қатл мегардад. Бинобар ин, тӯҳмати зино гуноҳ ва ҷурме аст бас бузург, ки лозим аст муҷозоти сангине дошта бошад, то мардумро аз даст задан ба он дур созад.
Муҷозоти дуздӣ, ки шариати Ислом қатъи дастро барои он таъйин намудааст, низ муҷозоте аст одилона, зеро дузд махфиёна молро медуздад ва дар ҳоле ки соҳиби мол ғофил аст, ба ҳақки ӯ таҷовуз менамояд ва бо ин кор номардона нишон медиҳад, ки тарсу аст ва ба ин шева азизтарин чизи инсон баъд аз ҷонашро, ки мол аст, аз ӯ салб менамояд ва ранҷу машаққати соҳиби молро барҳадар медиҳад. Ғолибан дузд танҳо ба сирқат ва бурдани мол ба шеваи номардонаи худ қаноат намекунад, балки соҳиби молро ҳам мекушад. Дузд аксар қатлро василае барои такмили дуздӣ ва аз байн бурдани осори ҷурм ва наҷот аз муҷозот қарор медиҳад ва ҳар касе, ки бар сари роҳаш бошад, ӯро мекушад.
Агар муҷозоти сирқату дуздӣ, он тавре ки қонунҳои тадвиншуда вазъ кардаанд, танҳо ҳабс бошад, оё дуздро аз дуздӣ бозмедорад? Оё ҳабс метавонад амнияти ҷонӣ ва молиро таъмин кунад? Ба ҳеҷ ваҷҳ ҳабс наметавонад аз ин ҷиноятҳо ҷилавгирӣ кунад. Барои ҳамин, мебинем, дуздӣ на танҳо аз байн нарафтааст, балки рӯз ба рӯз бештар ҳам мешавад, чаро ки муҷозоти он кофӣ нест ва наметавонад муҷримро аз иртикоби ҷурм манъ намояд ва низ ба ҳамин хотир аст, ки дуздҳо дар асри мо дорои танзимот ва нерӯи мусаллаҳ ҳастанд ва ба сурати ҳукумат худнамоӣ мекунанд ва ин ҳақиқате аст, ки мо ба чашми худ онро дар Амрико ва ғайри Амрико мушоҳида мекунем.
Агар муҷозоти сирқат дар дигар қавонин низ ҳамон қатъи даст мебуд, дуздон метарсиданд ва аз дуздӣ дурӣ менамуданд, он гоҳ зиндонҳо аз онон холӣ мешуд ва пулису додгоҳҳо ва маҳкамаҳои судӣ аз шарри парвандаҳои пурҳаҷм ва мушкилу беҳадду ҳасир марбут ба дуздӣ роҳат мешуданд.
Агар қавонини исломӣ дар бораи муҷозоти дузд иҷро мешуд, дуздӣ ба куллӣ решакан мешуд, он тавре ки ҳам акнун дар Арабистони Саъудӣ ба чашми худ мебинем. Арабистон қабл аз иҷрои ин ҳукм ҳеҷ амнияте надошт ва ҳеҷ кас бар ҷону моли худ амин набуд, вале давлати Саъудӣ бо буридани дасти чанд сориқи башумор аз такрори ин ҷурм дар мамлакати хеш ҷилавгирӣ намуд ва амнияти ҷонию молиро ба кишвар бозгардонд. Дар ин авохир давлати Ҷумҳурии арабии Либия низ муҷозоти дуздиро тибқи қонун ва шариати Ислом қарор додааст. Бо баёнот ва тазеҳоте, ки дода шуд, ҳар инсони мунсифе қонеъ мешавад, ки муҷозоте, ки аз ҷониби шариати Ислом таъйин шудааст, бар асоси ҳикмат ва риояи адолат аст, ки маслиҳати фард ва ҷомеа онҳоро иқтизо менамояд ва дар асри ҳозир салоҳияти иҷроӣ дорад, ҳамон гуна ки чаҳордаҳ қарн пеш салоҳият дошт.
Ва саллаллоҳу ало саййидино Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин.

 

 

 


Китоби «Рӯҳи ислом» асосҳои дини мубини исломро дар партави Қуръону ҳадис ва пажӯҳишҳои илмии нав баён намуда, каломи илоҳӣ будани Қуръони карим ва ҳаққонияти паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с)-ро бо далоили илмӣ бозгӯ менамояд.

 

 

 

 

 

 

 

 

РӮҲИ ИСЛОМ (Қисми чаҳорум)

Бор кунед

Дар бораи китоб

Муаллиф :

Afif Abd Al-Fattah Tabarah

Publisher :

www.islamhouse.com

Категория :

Introducing Islam