Яктопарастиро чигуна бифаҳмем?

Яктопарастиро чигуна бифаҳмем? Дар ин рисолаи кутоҳ нависанда маънои ҳақиқии тавҳидро баён намуда, Ва бар олимоне ки тавассул ва ёри хостан аз мурдагонро ҷоиз дониста фатво медиҳанд, рад намудааст.

 

Яктопарастиро чигуна бифаҳмем?
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
        
Муҳаммад Аҳмад Бошмел

 




Тарҷумаи тоҷикӣ: Дорул-Ислом

 


كيف نفهم التوحيد؟
    
    
محمد أحمد باشميل



ترجمة: دار الإسلام الطاجيكي

 

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
﴿وَقَضَىٰ رَبُّكَ أَلَّا تَعۡبُدُوٓاْ إِلَّآ إِيَّاهُ وَبِٱلۡوَٰلِدَيۡنِ إِحۡسَٰنًاۚ ٢٣﴾ [الاسراء: ٢٣]
“Парвардигорат ҳукм кард, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед”.
Сураи  Исро, ояти 23
Тарҷумаи ин китобро тақдим мекунам, ба падарон ва модароне, ки роҳи ҳақ ва растагориро ба фарзандонашон меомӯзанд.
Ва бо ташакур ва сипоси фаровон аз бародароне, ки дар тарҷума, чоп ва тасҳиҳу бозбинии ин маҷмуъа, ин ҷонибро ёри намуданд. Худованд ин саъй ва кушиши ононро аҷру подоши хайр ато фармоянд.

Муқаддимаи мутарҷим
Хонандагони гиромӣ:
Маҷмуъае, ки дар ихтиёр доред тарҷумаи форсии (тоҷикии) гуфтушуниде аст, байни нависандаи китоб ва яке аз дӯстонаш баргузор гардидааст ва айни он гуфтор ба шакли китобча дар омада аст. Шеваи таълифи  ин китоб, худ ба хуби гувоҳи ин амр мебошад.
Ҳаракат аз тарҷумаи ин китоб, муъолиҷаи китобе аст, ки аз дер боз гиребонгири инсоне буда аст. Яъне офати рӯйовари ба чизҳо ва ба таври кулли мухлуқоти ҷондор ва бе ҷон ба манзури ирзои ғаризаи башари, ки ҳамвора дар ҷустуҷуи омиле аст, ки дар зиндаги ва дар лаҳазоти хурсанди ва ғамноки ба он паноҳ бурда ва бо ӯ розу ниёз кунад ва муроду ҳоҷаташро аз ӯ дархост намояд.
Зуҳури Паёмбарон аз ҳазрати Одам гирифта то ҳазрати Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ростои равона кардани ин ғариза ба роҳи рост яъне: Яктопарасти ва руй овардан ба холиқи ҷаҳониён дар ғаму шоди буда аст.
Мутаасифона адами огоҳии бисёре аз мардум ба таъолими ҳақиқи ва саҳиҳи адёни илоҳӣ ҳамвора онҳоро аз роҳи ҳақиқат ва яктопарасти ба тарафи ширк ва куфр равон гардонидааст.
Мизони шиддат ва заъфи ин инҳироф дар миёни мусалмонон ба талаботи замону макони онҳо мутафовит мебошад.
Ба унвони мисол, тавассул ҷустан ба авлиё ва мурдагон дар миёни мусалмонони ғайри араб ба маротиби бештар аз мусалмонони кишварҳои арабӣ буда аст, Зеро дастраси ба таъолими илоҳӣ дар кишварҳои арабӣ ба маротиб осонтар буда, ва омили забон низ нақши муҳимме дар ин маврид бозидааст.
Ҳадаф аз ин маҷмуъа такя ва исрор бар далоил ва шавоҳиде аст, ки аз асоситарин ва муҳимтарин марҷаъи мусалмонон яъне Қуръони карим иқтибос шуда аст. Оятҳои ҷовидонае, ки ба равшани маънои тавҳидро ба мардум расонида ва дигар маъони ва таърифҳоро ба вузуҳ баён карда ва марзи ҳақ ва ботилро мушаххас сохтаанд.
Пас бародарон ва хохарони мусалмони озодандеш биёед ба ресмони Худованд чанг занем ва имон ва ақидаи исломиро аз ҳаргуна ширк ва аъмоли куфромез, ки мумкин аст моро аз миллати ислом хориҷ кунад, пок созем ва танҳо ба даргоҳи ҳақ таъоло паноҳ бурда ва аз ӯ талаби кумак ва растагори намоем.
Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿نَّحۡنُ نَقُصُّ عَلَيۡكَ نَبَأَهُم بِٱلۡحَقِّۚ إِنَّهُمۡ فِتۡيَةٌ ءَامَنُواْ بِرَبِّهِمۡ وَزِدۡنَٰهُمۡ هُدٗى ١٣ وَرَبَطۡنَا عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ إِذۡ قَامُواْ فَقَالُواْ رَبُّنَا رَبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ لَن نَّدۡعُوَاْ مِن دُونِهِۦٓ إِلَٰهٗاۖ لَّقَدۡ قُلۡنَآ إِذٗا شَطَطًا ١٤ هَٰٓؤُلَآءِ قَوۡمُنَا ٱتَّخَذُواْ مِن دُونِهِۦٓ ءَالِهَةٗۖ لَّوۡلَا يَأۡتُونَ عَلَيۡهِم بِسُلۡطَٰنِۢ بَيِّنٖۖ فَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبٗا ١٥﴾ [الكهف: ١٣،  ١٥]
“Мо достони ононро ба гунаи ростин (ба таври пурра) барои ту бозгӯи мекунем, эшон ҷавононе буданд, ки ба Парвардигорашон имон доштанд, ва мо бар яқин ва ҳидояташон афзуда будем. Мо ба дилҳояшон қудрат ва шаҳомат додем, онгоҳ, ки бар по хостанд (ва барои таҷдиди миъод бо офаридгори худ дар миёни  мардум фарёд бар оварданд) гуфтанд: Парвардигори мо! Парвардигори осмонҳо ва замин аст, мо ҳаргиз ғайр аз Ӯ намепарастем. (агар чунин бигӯем ва касеро ҷуз Ӯ маъбуд бидонем) дар ин сурат сухани дур аз ҳақ гуфтаем. (сипас баъзешон ба баъзе гуфтанд:) инон: яъне қавми мо ба ҷуз Аллоҳ маъбудҳоеро Худо гирифтаанд!  (чи мардум ҳақире! Чаро бояд бутҳои сохти дасти хешро бипарастанд, магар ақл надоранд?!) Эй кош! Далили равшане бар (Худоии) онҳоро ироъа медоданд! (магар чунин чизе мумкин аст? ҳаргиз! Онон чӣ ситамгоранд) охир чи касе ситамгортар аз фарде аст, ки ба ҳаққи таъоло дуруғ бандад (ва бо ифтиро шариконе ба офаридагори ҷаҳон нисбат диҳад?!). Сураи Каҳф, оятҳои  13 - 15
Мутарҷим
Муқаддимаи китоб
Ҳамду сано бар Худованде, ки Парвардигори оламиён аст, ва дуруду салом бар Охирини Паёмбарон ва фиристодагон ҳазрати Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва бар олу асҳоб ва тамоми пайравонаш.
Аллоҳ таъоло халқро наофарид ва Паёмбаронро нафиристод магар барои ибодати зоти покаш.
Ҳақ таъоло мефармояд:
﴿وَمَا خَلَقۡتُ ٱلۡجِنَّ وَٱلۡإِنسَ إِلَّا لِيَعۡبُدُونِ ٥٦﴾ [الذاريات: ٥٦]
"Ман ҷин ва инсонро наофаридам магар барои парастиш ва бандагии ман".
Сураи Зориёт, ояти 56
Бисёр ҷои таассуф аст, ки бисёре аз мусалмонон ба далили беиттилоъи аз таъолими илоҳӣ ва маънои ҳақиқии ибодат, парастишро ба суй ғайр аз ҳақи Аллоҳ таъоло равона мекунанд, ва дар натиҷа гирифтори ширки бузург шуда, ки ононро аз миллати ислом хориҷ мекунад.
Онон, ки бо зиллату зори ва фурутани ба аҳли  қубур ҳамчун Паёмбарон, Авлиё,  ва зоҳидон руй оварда, дар роҳашон қурбони карда ва дасти дуъо басуяшон баланд мекунанд ва аз онон талаби мадад ва бар овардани ҳоҷатҳояшонро менамоянд. Гоҳо аз инҳам фаротар рафта назр мекунанд ва ба гирди қабр ва тобутҳо таъзим кунон тавоф менамоянд, ҳамонгуна, ки тавофи хонаи Каъбаро мекунанд. Оре ин ҳамон ибодат аст, ҳатто агар онро табаррук ҷустан ва паноҳ бурдан ҳам биноманд. Чунончи мусалмонон аз рӯи нодони ва беиттилоъи ва ба сабаби адами дарк ва фаҳми дурусти ибодат, гирифтори чунин ширке шаванд, мумкин аст битавони ононро то ҳудуде муъзур донист, вале узри уламои бузурге, ки маънои ҳақиқии ибодатро дарк карда ва хуб медонанд, ки оммаи мусалмонон дучори ширки бузурге шуда, ки аз миллати ислом хориҷашон мекунад, чӣ метавонад бошад? Ононе, ки фатво медиҳанд ва  ончиро, ки аз ширки лафзи, амали ва эътиқоди аз оммаи мусалмонон сар мезанадро, паноҳ бурдани басанда ва таъбири ишқу алоқа бар Паёмбарон, авлиё ва зоҳидон меноманд!!!.
Албатта чунин пешвоёни муғриз ҷиҳати таъмиқ ва устувор кардани ин ширки бузург дар дилҳои пайравонашон, ки ононро улгуи худ қарор додаанд, ба тарвиҷи аъмоли ширкомез ҳамонанди ҷашни таваллудҳо ва солрӯзҳои ширколуд ва аъмоли мушобиҳи он, ки ҷуз навовари дар ислом нестанд, даст мезананд. Оё чунин муддаъиёни руҳоният аз ҳақ таъоло тарс надоранд, ки ҳақиқатҳоро пинҳон карда ва мардумро ташвиқ ба куфр мекунанд!? Ё ин, ки ба хотири миқдори пули бе арзиш ва ё мақоми нопойдор аст, ки дар ҳақи худашон  ва мусалмонон ин зулмҳоро раво медоранд? Оре ин гуруҳи олимон ҳамоно гумроҳ кунандагонанд .
Эй хонандаи поку бо мурувват!:
Ҳангоме, ки аз ин ҳақоиқи таккондиҳанда ва мутаҷаллӣ дар ширки бузург ба шакли нигаронкунанда дар гӯшаву канори кишварҳои исломи паҳн шуда буд, огоҳи ёфтам, ба ҳақ таъоло таваккал кардам  ва ин китобро ба унвони "Тавҳидро чигуна бифаҳмем?" навиштам, Умедворам, ки ҳақ таъоло онро аз ман бипазирад ва онон, ки бо илму дироят ва чи бидуни илм ва огоҳи, гумроҳ шудаанд аз он баҳраманд шудаанд. Ин кушише аст, мутавозиъона барои онон, ки ба иродаи ҳақ таъоло аз мунҷалоби ширк ба сӯи нури тавҳид ҳидоят шаванд.
Ба рости, ки Аллоҳ таъоло "Мададгори неку ва ёридиҳандаи хуб аст".
Нависанда.

Яктопарасти дар Қуръон
Ҳазрати  Умар ибни Хаттоб (р.з) мефармояд:
 «تنقض عرى الإسلام عروة, عروة, إذا نشأ في الإسلام من لا يعرف الجاهلية».
Яъне: “Дастовезҳои ислом гуруҳ гуруҳ аз ҳам гушуда мешаванд, чуночӣ насле дар ислом зуҳур кунад, ки аз ҷоҳилияти пеш аз ислом бе иттилоъ бошад”.
Дӯстам инсони бисёр диндор ва хушахлоқ ва дар айни ҳол ошкоргӯй ва сариҳ буд, Мо дар ҳама маворид тафоҳуми комил доштем, ҷуз дар мавриди тавассул ҷустан ба мурдагон, Дар баробарашон ба дуъо истодан ва талаби кумак намудан ва дар руҳашон назру қурбони кардан. Дар натиҷаи ин чиз ҳамеша мавзӯъи баҳсу ҷанҷол миёни ману ӯ буд. Ва аз суханонаш чунин мефаҳмидам, ки ӯ ҳам монанди дигарон на танҳо ин қазияро ҷоиз медонист, балки онро марғуб ҳам мепиндошт.
Рӯзе ба ман гӯфт: Ту хуб медони, ки ман фақат аз ҳақ таъоло талаби кумак мекунам  ва ғайр аз ӯ ба ҳеҷ кас ё чизе мутавасил намешавам.
Дар ҷавобаш гӯфтам: Медонам ва ҳамин сабаб аст, ки манро ташвиқ мекунад ба ту умедвор бошам ва дар ту хайру баракат бубинам, зеро оқиле ҳамонанди ту набояд аз забонҳои тарвиҷдиҳандагони ширк ва тоҷирону гардонандагони қабрҳо бе иттилоъ бимонад.
Оё дуъо ва талаб аз авлиё ба ҷои Аллоҳ таъоло куфр аст?
Гӯфт: Чунончи борҳо гӯфтаам, ҳануз натавонистаам ин масъаларо бипазирам, ки талаби кумак аз мурдагон ва тавассул ба онон ва ба ваҷҳи хусус авлиё, Паёмбарон ва инсонҳои пок аъмоле аст, ки инсонро аз дин хориҷ мекунад. Ба хусус ҳангоме, ки талаб кунандагон ба ин масъала огоҳии комил дошта бошанд, ки мурдагон наметавонанд сабаби фоида, зарар, халқ ва нобуд кардан бошанд, зеро ин сифоти хосси Аллоҳ таъоло мебошанду бас.
Маъмулан баҳсамон кутоҳ ва сатҳи буд ба тавре, ки ҳеҷ кадом наметавонист тарафи дигарро қонеъ кунад.
Якбор ба ман гӯфт: Биё мавзӯъро амиқан ва бо сароҳати комил ва аз тамоми ҷавониб барраси кунем, вале ба шарти он, ки эҳсосоти шахсӣ ва авотифу ҳавову ҳавасро канор гузорем.
Дар ҷавобаш гӯфтам: Ҳақ таъоло шоҳид аст, ки ҳамеша орзуи ин лаҳзаро мекардам, зеро шадидан муштоқам, ки печидагиҳо ва румузе, ки боис шудаанд туро дар ҳайрат ва дуроҳи нигаҳ доранд-ро бароят равшан кунам, бинобарин манро дар ин баҳс хурсанд хоҳи ёфт.
Гӯфт: Бисёр оли аст ва идома дод... мавзӯъи дақиқ дар ин масъала чист? Ва бар асоси чи далили қотеъ ва маҳкаме иддиъо мекунед, ки ҳар мусалмоне, ки ба Паёмбарон ва некукорон тавассул ҷуст ва аз онон талаби ҳоҷате намуд ва  дар роҳашон назр ва забҳ кард аз дини ислом хориҷ аст ва ононро кофир мепиндоред?
Гӯфтам: Мавзӯъи мо дар ин масъала ҳамон мавзӯъи Қуръон аст, ва ҳукме ки мекунем на фикри шахсиамон аст ва на фатво аст, балки дар ростои ҳукми ин китоби ҷовидони аст, ки дар он ботил ёфт намешвад. Ва ин мо нестем балки Қуръони карим аст, ки муҳри ширк ва куфр ба қабр парастон мезанад.
Дар ниҳояти оромиш ҷавоб дод: Эҳтиёҷе ба такрори ингуна куллигӯиҳо нест ва ҳанӯз ҳам назари ман ин аст, ки ин як иддиъои шахсӣ аст ва ҳеҷ иддиъое бидуни далили қотиъ пазируфтани нест.
Пас далил ва мадракро ироа кун, чаро ки масъала муҳимтар ва ҳасостар аз он аст, ки ба дасти калимаҳо ва ҷумлаҳои зебои шахси супурда шавад. Ва шумо бо туҳмати куфр ба мусалмонон задан ва онҳам бо ин суръат ва сароҳат фитнае дар миёни мусалмонон андохтаед, ки ҳанӯз дар хобондани гарду ғубораш оҷиз мондаанд.
Гӯфтам: Шумо ҳанӯз ҳам таҳти таъсири таблиғоти гумроҳ кунандаед, таблиғоте, ки рӯзнаҳои тафаккур ва таъаммуқро ба рӯятон баста аст  ва дар натиҷа моро чунин ва чунон мепиндоред.
Вале ба ҳар ҳол шумо дар ақидаатон озодед ва метавонед ба равиши бархурди мо ба ин тарз тафакур муҳр бизанед ва ё онро бардошти сариъ ва ъоҷилона ва ё ҳар чизи дигаре бимонед.
Вале дар воқиъ ин тарзи тафаккурҳо ва бардоштҳо чизе аз ҳақиқат амр намекоҳад ва он ин аст, ки мо гуруҳе ҳастем, ки ба китоби ҳақ таъоло рӯй оварда ва дар он тааммул ва тафакур кардаем чунончи ҳақ таъоло дар Қуръони карим амр карда аст, ки тааммул ва тафакур кунем.
Бинобарин дар Қуръони карим васфе дидаем, ки дар мавриди мушрикини замони ҷоҳилият оварда, ки комилан қобили татбиқ бар касоне аст, ки аз мурдагон талаби кумак карда ва ба онон мутавасил мешаванд ва барояшон қурбони ва назр мекунанд, ҳамон гунае, ки барои ҳақ таъоло назр ва қурбони мекунанд. Аз ин рӯ замоне, ки ҳақиқатро фаҳмидем ҳеҷгуна шакку тардиде дар ҷиҳати ҳушдори ва равшангари ба худ роҳ надода ва аз ҳеҷ кас натарсида ва бо сароҳат ҳақиқатро ба мутакабирон ёдовар шудем, ҳоло чи аз мо розӣ бошанд ва чи норозӣ. Зеро ҳеҷгоҳ хушнуди ё нохушнудии мардум меъёри санҷиши ҳақ ва ботил набуда ва нахоҳад буд.
Ва аммо дар мавриди далоили мо ва он чиро, ки Худовандро бар он шоҳид мегирем туро бар ин нуқтаҳо ҷалб мекунам.
Аввалан: Шумо мепиндоред, ки талаби кумак аз мурдагон, назр кардан барои шифои мариз, авлиёро назди Аллоҳ таъоло восита қарор додан, қурбони кардан ва амсоли он ширк нест ва аз куфр сарчашма намегирад, ба хусус замоне, ки анҷом диҳандагонашон ба ягонагии Аллоҳ таъоло имон доранд ва пазируфтаанд, ки ин ҳаққи Аллоҳ таъоло аст, ки зинда мекунад ва мемиронад, рӯзи медиҳад ва меофаринад, ва ақида доред, ки дигарон нақше дар эҷоди фоида ва зиён надоранд. Вале воқеъияти амр собит мекунад, ки ин назарияе аст, ғалат ва таҳлиле аст, фосид, ки бо усули дини ислом мухолифатии комил дорад ва ин амре аст, ки ба ёрии Худованд мутаъоқибан (дар наздиктарин вақт) бароят ошкор ва равшан мешавад.

Ҳақиқати кашмакаш байни Паёмбарон ва мушрикон
Дуюуман: Дар баррасии кашмакаш байни Паёмбарон ва мушрикон ба хусус ҳазрати Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва мушрикони аввали ислом дар меёбем, ки сабаби бархурдҳо ва меҳвари баҳсу ҷадал ҳаргиз инкори мушрикон бар вуҷуди ҳақ таъоло ва бе эътиқодияшон бар Аллоҳ таъоло набуда аст.
Ҳамчунон, ки далили ин кашмокашҳо адами эътиқоди мушрикон ба моликияти ҳақ таъоло ба ҳама чиз набуда, Ҳамчунон, ки шарик донистани ҳақ таъоло дар фоидаву зиён ба ононе, ки мутавасил мешуданд набуда аст ва ба таври кулли чизе ба монанди ингуна фикрҳо ҳаргиз ба фикри мушрикон гузар накарда буд.

Имони мушрикон бар Худованд
Сеюман: Мушрикони аввали ислом имони мустаҳкам ба вуҷуди ҳақ таъоло доштанд ва Ӯро дар рубубият  комилан якто мепиндоштанд.
Ҳамчунон, ки муътақид буданд, ки ҳақ таъоло Худояшон ва Худои ҳамаи махлуқот аст ва Худоён ва Паёмбаронеро, ки ба кумак металабиданд ва махлуқот ва бандагони Аллоҳ таъоло ба шумор меоваранд, Инчунин муътақид буданд, ки онон ҳеҷ нақше дар эҷоди фоида ва ё зиёне барояшон надоранд ва тамоми фоида ва зиёнҳо ва маргу зиндагиро хос ба ҳақ таъоло медонистанд ва ҳеҷ махлуқеро дар ин гуна маворид бо ҳақ таъоло шарик қарор намедоданд.
Оре имони мушрикони аввали ислом ба ҳақ таъоло чунон буд, ки Аллоҳ таъолоро дар рубубияташ комилан якто ва танҳо Ӯро шоистаи парастиш мепиндоштанд. Ҳоло он, ки муътақидони имрӯза ба қабрҳои авлиё дар ин маврид кутоҳи мекунанд ва ҳамин, ки бо мушкили бархурд мекунанд истиғоса кунон (талаби ёри) ба мурдагон ва аҳли қубур паноҳ мебаранд ва аз онон талаби кумак мекунанд, Пурра акси он чизе, ки мушрикони аввали ислом анҷом медоданд.
Зеро онон дар рафоҳ ва осоиш бутҳоро мепарастиданд ва ба онҳо эҳтиром мегузоштанд вале ба маҳзи ин, ки бо мушкили рубару мешуданд, бутҳоро раҳо карда ва ба ҳақи таъоло паноҳ мебурданд. Ногаҳон буғзи дӯстам таркид ва эътирозкунон гӯфт: Аҷаб ҳарфи аҷибу ғариб, читавр, читавр!?.

Тавҳиди Абуҷаҳл ва Абулаҳаб
Ва идома дод: Абуҷаҳл ва Абулаҳаб ва пайравонашон, ки аз зумраи мушрикон буданд ба ҳақ таъоло имон доштанд?! Ва дар рубубият Ӯро холиқ, розиқ, зинда кунанда ва марг диҳанда, фоидаву зиён расонанда мепиндоштанд?! Ва дар ингуна маворид барои Аллоҳ таъоло шарике қоил набуданд?!!!.
Дар ҷавоб ба ӯ гӯфтам: Ин сухани аҷибу ғарибе нест, Балки воқеъияте аст, ки ба ризои ҳақ таъоло замоне, ки ҳақоиқ бароят равшан шуд ба роҳати онро дарк карда ва таслим хоҳи шуд, Ва зеҳнияти кунуният аз байн хоҳад рафт ва аз тасвироти ғалате, ки дар зеҳнат ба унвони далил ва бурҳон аз он ёд мекуни ба ризоии Аллоҳ таъоло раҳо хоҳи шуд.

Далоили имони мушрикон ба тавҳид
Пас гуфт: Бурҳонатро бигӯ дӯсти ман, далили иддиъоят чист? Ва агар иддиъое, ки дар мавриди имони мушрикин ба ҳақ таъоло мекунед, дуруст бошад, пас ширке, ки ба хотираш ҳақ таъоло ононро лаънат карда ва барояшон иқомати ҷовидона дар дӯзахро муқаррар фармуданд, чигуна тафсир мекунед? Он ҳам баъд аз ин, ки ҳақ таъоло онҳоро бо амволашон мубоҳ гардонида ва ба Паёмбараш (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) амр фармуданд, ки бо шамшер бо онон муқобила кунад ва бо найза ононро ҳадаф қарор диҳад.
Дар ҷавобаш гӯфтам: Оё далили қониъкунандатар аз Қуръон метавонад бошад? Далил дар ин китоби ҷовидона аст, ки ту ва милёнҳо мусалмон, мисли ту бо афкори ширкомезатон ва сирфан ба далили мусалмон буданатон шабона рӯз ба қасди ибодат онро тиловат мекунед, бидуни он, ки дар он тааммул ва тафаккур кунед.

Эътирофи мушрикин ба рубубияти Аллоҳ таъоло дар офариниш, рузи додан, зинда кардан, ма марг додан
Ҳақ таъоло имони мушрикини аввали ислом ба худаш ва эътирофашон ба ин, ки танҳо ӯст, ки халқ мекунад, рӯзи медиҳад, зинда мекунад ва марг медиҳад, фоида ва зиён ҳама аз суй  Ӯст - ро тайид мекунад. Ҳақ таъоло ба Паёмбараш(салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди мушрикон чунин мефармояд:
﴿وَلَئِن سَأَلۡتَهُم مَّنۡ خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَسَخَّرَ ٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَ لَيَقُولُنَّ ٱللَّهُۖ فَأَنَّىٰ يُؤۡفَكُونَ ٦١﴾ [العنكبوت: ٦١]
“Ҳаргоҳ аз онон (касоне ва ё бутҳоеро шарики Аллоҳ таъоло медонанд) бипурси, чи касе осмонҳо ва заминро офарида аст?, қатъан хоҳанд гӯфт: Аллоҳ! (чаро, ки медонанд, ки ин маъбудҳои дуруғин ҳама махлуқанд ва тавонои офариниши коинот ва чархиши ситорагон ва саёрагонро надошта ва надоранд) пас чигуна (бо вуҷуди эътироф ба ягонагии Аллоҳ таъоло дар офариниши коинот ва тасхири курраҳо аз иқрор ба ягонагии Аллоҳ таъоло дар улуҳият ва фармонравои) мунҳариф мегардонад?".
Сураи Анкабут, ояти 61
Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:
﴿وَلَئِن سَأَلۡتَهُم مَّن نَّزَّلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَأَحۡيَا بِهِ ٱلۡأَرۡضَ مِنۢ بَعۡدِ مَوۡتِهَا لَيَقُولُنَّ ٱللَّهُۚ قُلِ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡقِلُونَ ٦٣﴾ [العنكبوت: ٦١،  ٦٣]
“Агар аз онон (ки мушриканд) бипурси чи касе аз осмонҳо обро боронида аст ва заминро ба василаи он аз мурданаш зинда гардонида аст? Қатъан хоҳанд гӯфт: Аллоҳ таъоло! Бигӯ: ситоиши Аллоҳро (ки ҳаққи Ӯ онқадар равшан аст, ки мушрикон низ ба он эътироф доранд) аммо бештари онон намефаҳманд ва намедонанд (ки ба чи таноқузи аҷибе гирифторанд, чаро, ки ба холиқ ва розиқ ва ягонаги муътақиданд ва чизҳои дигареро ҳам парастиш мекунанд)”.
Сураи Анкабут, ояти 63
Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:
﴿قُل لِّمَنِ ٱلۡأَرۡضُ وَمَن فِيهَآ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ٨٤ سَيَقُولُونَ لِلَّهِۚ قُلۡ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ ٨٥ قُلۡ مَن رَّبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ ٱلسَّبۡعِ وَرَبُّ ٱلۡعَرۡشِ ٱلۡعَظِيمِ ٨٦ سَيَقُولُونَ لِلَّهِۚ قُلۡ أَفَلَا تَتَّقُونَ ٨٧ قُلۡ مَنۢ بِيَدِهِۦ مَلَكُوتُ كُلِّ شَيۡءٖ وَهُوَ يُجِيرُ وَلَا يُجَارُ عَلَيۡهِ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ٨٨ سَيَقُولُونَ لِلَّهِۚ قُلۡ فَأَنَّىٰ تُسۡحَرُونَ ٨٩﴾ [المؤمنون : ٨٤،  ٨٩]
“Бигӯ: Замин ва касоне, ки дар замин ҳастанд аз они кистанд, агар доно ва фарзонаед, (бар асоси нидои фитрат ва бадоҳати ақл) хоҳанд гӯфт: (ҳама коинот аз ҷумла замину осмон ва сокинони он) Аз они Аллоҳ таъоло ҳастанд, Бигӯ: Пас чаро намеандешед ва ёдовар намегардед (ки танҳо молики коинот шоистаи  Ӯ асту бас?) Бигӯ: Чи касе соҳиби осмонҳои ҳафтгона ва соҳиби арши азим аст? ( оё мулки коинот ва фармонравои бар онҳо аз они кист?) хоҳанд гӯфт: Аз они Аллоҳ таъоло аст. Бигӯ: Пас чаро парҳезгори пеша намегиред (ва хештанро аз гирифтор шудан дар ширк ва куфру исён нисбати Аллоҳ таъоло соҳиб ва фармондаи ҷаҳон ба дури намедоред?!). Бигӯ: Чи касе фармондеҳии бузурги ҳама чизро дар даст дорад (ва мулки восеъи коинот ва ҳукумати мутлақ ба мавҷудот аз они ӯст?) ва касе аст, ки паноҳ медиҳад (ҳар киро, ки бихоҳад!) Ва касеро (наметавон) аз (азоби) ӯ паноҳ дод, агар фаҳмидаед ва огоҳед!. Хоҳанд гӯфт: Аз они Аллоҳ таъоло аст. Бигӯ: Пас чигуна фиреб (ӣ ҳаво ва ҳавас ва васвасаи шаётинро) мехуред ва (аз ҳақ канорагири мекунед, дар ин ҳолат) сеҳру ҷоду мешавед”.
Сураи Муъминун ояти 84 – 89.
Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:
﴿قُلۡ مَن يَرۡزُقُكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِ أَمَّن يَمۡلِكُ ٱلسَّمۡعَ وَٱلۡأَبۡصَٰرَ وَمَن يُخۡرِجُ ٱلۡحَيَّ مِنَ ٱلۡمَيِّتِ وَيُخۡرِجُ ٱلۡمَيِّتَ مِنَ ٱلۡحَيِّ وَمَن يُدَبِّرُ ٱلۡأَمۡرَۚ فَسَيَقُولُونَ ٱللَّهُۚ فَقُلۡ أَفَلَا تَتَّقُونَ ٣١﴾ [يونس : ٣١]
“Бигӯ: Кадом кас аз осмон (ба воситаи борон) ва аз замин (ба воситаи тағирот дар хок ва рӯёнидани гиёҳону дарахтон ва меваи онҳо) ба шумо рӯзи мерасонад? Ё чи касе бар гушу чашмҳо тавоно аст (ва онҳоро меофаринад ва ба онҳо неруи шунавои ва бинои медиҳад?) Ё ки аст, ки зиндаро мемиронад ва мурдаро зинда мекунад? (зинда кардан ва миронидан дар дасти Ӯст) Ё ки аст, ки умури (ҷаҳон ва ҷаҳониёнро) мегардонад? (ва корсозу кордон аст), (ҷавоб хоҳанд дод) ва хоҳанд гӯфт: Он Аллоҳ таъоло аст. (чаро, ки офаридагори ҷаҳониён ва рӯзирасони мардумон Аллоҳ таъоло аст). Пас бигӯ: Оё наметарсед ва парҳезгор намешваед?”.
Сураи Юнус, ояти 31  
Дӯсти ман! Ин оятҳо равшан кунанда ва далилҳои сареҳу ошкори мост. Далилҳое, ки ҳеҷ ҷои басҳу ҷадал намегузоранд, ки мушрикони аввали ислом вуҷуди Аллоҳ таъолоро инкор намекарданд ва барои холиқи ҳасти шарике, ки ӯро дар кирдораш ёри диҳад қоил набуданд, балки ҳақ таъолоро дар рубубият комилан якто ва бе шарик мепиндоштанд.
Ва ин оятҳо ба таври яқин бар ин ки мушрикон барои дарозии умр, халоси аз марг ва ё резиши борон ба бутҳо ва авлиёҳояшон паноҳ намебурданд ва талаби ҳоҷат намекарданд, сиҳат мегузорад.
Ва онгоҳ мушрикон ҳаргиз барои саодат ва ё дур кардани ранҷу машаққат ба авлиёҳояшон паноҳ намебурданд. Охир читавр метавонистанд ба дигаре мутавасил шаванд, онҳам дар ҳоле, ки имони комил доштанд, ки тамоми хубиҳо ва бадиҳо аз ҷониби холиқи ҷаҳон аст ва сарнавишти ҳар чиз дар дасти Ӯст. Чуноне, ки дар оятҳои зикр шуда онро баён карданд.
Бинобарин бар асоси ҳамин далили қотиъ шарте, ки ҳамвора ба он мутамасик мешавед ботил буданаш ошкор мешавад. Ва он иддиъое, ки касе ғайри Худовандро ибодат накунад, мушрик нест, магар ин ки муътақид ба он бошад, ки фоидаву зиён дар ихтиёри авлиё ва солиҳин аст, ҳамчуноне ки дар ихтиёри холиқи ҳасти аст, рад мешавад. Ҳоло он, ки агар ин шарт дуруст ва иддиъоятон аз назари ислом саҳиҳ буд Аллоҳ таъоло ҳукми ширки Абулаҳаб ва Абуҷаҳл ва пайравонашонро намекард, Зеро ин шарт назди эшон мавҷуд буд ва эшон ҳаргиз фоида ва зарарро ба ҷуз ба ҳақ таъоло ба авлиёҳояшон нисбат намедоданд ва ин амр дар ояте, ки дар боло зикр шуд возеҳу ошкор аст.
(Давом дорад)
Яктопарастиро чигуна бифаҳмем? Дар ин рисолаи кутоҳ нависанда маънои ҳақиқии тавҳидро баён намуда, Ва бар олимоне ки тавассул ва ёри хостан аз мурдагонро ҷоиз дониста фатво медиҳанд, рад намудааст.

 

 

 

Яктопарастиро чигуна бифаҳмем?

Бор кунед

Дар бораи китоб

Муаллиф :

محمد أحمد باشميل

Publisher :

www.islamhouse.com

Категория :

Doctrine & Sects