20 нишонаи мунофиқон дар Қуръон
عشرون علامة للمنافقين في القرآن
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таълиф: Қубод Кокохони
Таҳия ба забони тоҷикӣ: Абдураҳмон. А.
20 علامة المنافقين في القرآن
قباد كاكا خاني
إعداد: عبد الرحمن. أ.
Муқаддима
Ҳамду сипос ва ситойшу шукри бе поён шоистаи Худованди бузургест, ки моро ба дини пок ва баргузидаи худ, дини ислом раҳнамо шуд.
Ва онро барои дигар динҳо бартари дод, ва дуруду раҳмат ва саломи Худованд бар Паёмбари ислом ва тамоми ҳамроҳон ва раҳравони ростини вай (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва ёронаш бод).
Худованди бузургро сипосгузорам, ки ин тавфиқро ба дасту қалам ва фикри ин бандаи ночиз ато фармуд то битавонам таҳқиқ ва тааммуле дар мавриди сифоти мунофиқин дар Қуръон дошта бошам.
Нифоқ ва дуруя бузургтарин бемории ҷомиъаи башари буда ва аз ҷумлаи мавзуъоте аст, ки саъодат ва шақовати инсон дар дунё ва охират бо он гиреҳ хурда аст. Мо имрӯз ба равшани шоҳиди ин воқеъияти талх ҳастем, ки ба далили дур шудани мардум аз амрҳо ва қавонини илоҳӣ ва заъиф шудани тақвои илоҳӣ дар дилҳо, бемории нифоқ дар ҷомиъа шуюуъи бисёр васеъе пайдо карда аст, Ва тамоми шохаҳои ҷомеъаро дучор ва дармонда намуда аст.
Ин бадон далил аст, ки нифоқ танҳо як касали оди нест, балки шомили чанде аз касалиҳои руҳи фарогир аст.
Маро дар пираҳан деви мунофиқ буду гарданкуш,
Ва лекин ақл ёри дод то кардам мусалмонаш.
Муҳимтарин роҳи дармони ин бемори, дуруст шинохтани нишонаҳои он ва баъд аз он дури кардан ва мубориза бурдан бо он нишонаҳост.
Агар шинохтани нишонаҳои ин бемори барои тамоми инсонҳо зарури мебошад, албатта барои як мусалмон заруртар ва воҷибтар аст.
Мо дар ин рисола ба таъриф ва баёни (20) нишонаи муҳими нифоқ ва дуруяги, ки дар Қуръон ба онҳо ишора шуда аст, мепардозем.
Ба умеди ин, ки ба ёрии Худованди таборак ва таъоло ва дар сояи шинохти дурусти ин нишонаҳо ва дури аз ҳамнишинии мунофиқ, ва аз дохил шудани ин бемори ба даруни руҳу равони худ ва паҳн шудани он дар руҳу равони ҷомиъа ҷалавгири намоем.
Дури зи бародари мунофиқ беҳтар
Парҳез зи ёри но мувофиқ беҳтар
Хоки қадами ёри мувофиқ ҳаққан
Аз хуни бародари мунофиқ беҳтар
Нифоқ чист?
Нифоқ иддиъои хуб будан ва дурусткори аз тарафи инсонҳои нодуруст ва нобакор аст. Нифоқ мева ва самари куфр аст. Ва куфр ба маънои пинҳон кардани ҳақоиқ ва дигаргун ҷилав додани он аст.
Мунофиқ дар зоҳир мусалмон ва бар ботин кофир аст, Дар ҳақиқат нифоқ яке аз нишонаҳои куфр дар дил аст.
Гуфт бадкорро, бад кайфар аст,
Гуфт мунофиқ аз бадкор бадтар аст,
Нифоқ аз аъмоли касоне аст, ки ба забон иддиъои имон ва садоқатро дар гуфторҳо ва кирдорҳо мекунанд аммо дар дил ҳақиқатҳоро пинҳон карда ва бо худашон содиқ нестанд.
Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ ءَامَنُواْ ثُمَّ كَفَرُواْ فَطُبِعَ عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ فَهُمۡ لَا يَفۡقَهُونَ ٣﴾ [المنافقون: ٣]
“Ин (нифоқ ва дуруғгӯи ва боз доштан аз дин) ба хотири он аст, ки (нахуст бо забон) имон оварданд ва сипас (бо дил) кофир шуданд, Пас бар дилҳояшон муҳр ниҳода шуд, ва эшон дигар (ҳақиқатро дарк намекунанд ва аз имон чизе) намефаҳманд”.
Сураи Мунофиқун, ояти 3
Мунофиқ дар зоҳир ороста ва тарафдори ҳақиқат аст, каҷу бадшакл нест, бисёр хуб ҳарф мезанад, аммо монанди табл дарунаш холи аст, фақат садои зебо ва баланде дошта ва ҳеҷ моҳияте аз худ надорад.
Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿وَإِذَا رَأَيۡتَهُمۡ تُعۡجِبُكَ أَجۡسَامُهُمۡۖ وَإِن يَقُولُواْ تَسۡمَعۡ لِقَوۡلِهِمۡۖ كَأَنَّهُمۡ خُشُبٞ مُّسَنَّدَةٞۖ يَحۡسَبُونَ كُلَّ صَيۡحَةٍ عَلَيۡهِمۡۚ هُمُ ٱلۡعَدُوُّ فَٱحۡذَرۡهُمۡۚ قَٰتَلَهُمُ ٱللَّهُۖ أَنَّىٰ يُؤۡفَكُونَ ٤﴾ [المنافقون: ٤]
“Чун онҳоро бубинӣ, туро аз зоҳирашон хуш меояд ва чун сухан бигӯянд, ба суханашон гӯш медиҳӣ. Гӯё ки ҳаройна, онҳо чӯбҳое ҳастанд ба девор такя дода. Ҳар овозеро ба зиёни худ мепиндоранд. Онҳо душманонанд. Аз онҳо ҳазар кун. Худо бикушадашон. Ба куҷо каҷрав мешаванд?”.
Сураи Мунофиқун, ояти 4
Гуфт Яздон мар набиро дар масоқ,
Як нишоне саҳлтар з- аҳли нифоқ.
Гар мунофиқ зифт бошад нағзу ҳавл,
Во шиноси мар варо дар лаҳну қавл.
Навъҳои нифоқ
Нифоқ дар ақида:
Нифоқ дар бовариҳо ва эътиқодоти исломӣ инсонро аз доираи ислом хориҷ карда ва соҳиби он дар оташи ҷаҳаннам дохил мешавад, ҳамонтавре, ки Худованд дар китоби худ мефармояд:
﴿بَشِّرِ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ بِأَنَّ لَهُمۡ عَذَابًا أَلِيمًا ١٣٨﴾ [النساء : ١٣٨]
“Ба мунофиқон мужда бидеҳ, ки барои онҳо азоби дардноке хоҳад буд”.
Сураи Нисо, ояти 138
Инчунин Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿إِنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ فِي ٱلدَّرۡكِ ٱلۡأَسۡفَلِ مِنَ ٱلنَّارِ وَلَن تَجِدَ لَهُمۡ نَصِيرًا ١٤٥﴾ [النساء : ١٤٥]
“Бегумон мунофиқон дар аъмоқи дӯзах ва дар пасттарин макони он ҳастанд ва ҳаргиз ёваре барои онон нахоҳи ёфт”.
Сураи Мунофиқун, ояти 145
Дар ҷои дигар Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿إِنَّ ٱللَّهَ جَامِعُ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ وَٱلۡكَٰفِرِينَ فِي جَهَنَّمَ جَمِيعًا ١٤٠﴾ [النساء : ١٤٠]
“Яқинан Худованд мунофиқон ва кофиронро ҳамаги дар дӯзах гирд меоварад (пас аз ҳамнишинии онҳо бипарҳезед то ҳамроҳи онон ба оташи дӯзах гирифтор нашавед)”.
Сураи Нисо, ояти 140
Нифоқ дар амал:
Тамоми аъмоле, ки инсон дар зоҳир анҷом медиҳад ё ин, ки дар дарун бо ихлоси қалби ҳамроҳ нест ва худаш ҳам ин дугонагиро медонад, аз мақосиди нифоқ дар амал ба ҳисоб меояд. Нифоқ дар амал шомили доираи бисёр васеъе аз аъмол ва корҳои рузмарраи як мунофиқ буда ва аз густардагии зиёде бархурдор мебошад.
Нишонаҳои нифоқ
Нишонаи якум:
Дуруғ гуфтан (дар бовар, гуфтор ва кирдор)
Худованди мутаъол мефармояд:
﴿وَٱللَّهُ يَشۡهَدُ إِنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ لَكَٰذِبُونَ ١﴾ [المنافقون: ١]
“Худованд гувоҳи медиҳад, ки мунофиқон дар гуфтори худ дуруғгӯй ҳастанд”.
Сураи Мунофиқун, ояти 1
Аввалин сифате, ки Худованд дар сураи Мунофиқун ба мунофиқон нисбат медиҳад, дуруғ гуфтан аст. Яъне дар суҳбат кардан чизҳоеро бар забон меоваранд, ки худашон имон ва эътирофе ба он суханон надоранд ва дар дили худ медонанд, ки дар он ҳолат дуруғгӯй ва фиребкор ҳастанд. Мунофиқ бо дуруғгӯи ҳақоиқро ба нафъи худ пинҳон мекунад.
Мунофиқ агар паймоне бо касе бибандад ё қавле бидиҳад дар қавл ва паймони худ дуруғгӯ буда ва паймонро хоҳад шикаст. Ӯ ҳамчунин дар қавли худ дағал ва найрангбоз низ мебошад.
Бинобар ин касе ба зан, фарзанд, дӯстон, ва дигар мардум қавле ё ваъдае бидиҳад ва бидуни доштани узри шаръии қобили қабул онро баҷо наёварад ва дар қавл ва ваъдаи худ дуруғгӯи кунад, ба ин кори худ дар доираи нифоқ дохил хоҳад шуд ва яке аз нишонаҳои нифоқро дар худ парвариш медиҳад.
Нақзи мисоқу ъуҳуд аз аҳмақист
Ҳифзи паймону вафо кори тақист
Дар Қуръон ҳар ҷо аз нифоқ суҳбат мефармояд, било фосила ҳамроҳ бо ин вожа аз дуруғ ҳам суҳбат мекунад, Ва баръакс ҳар ҷо аз дуруғ суҳбат мегӯяд ба ҳамон шакл бо он аз нифоқ ҳам сухан мегӯяд.
Нишонаи дуюм:
Шарм кардан аз мардум ва шарм надоштан аз Аллоҳ таъоло
Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿يَسۡتَخۡفُونَ مِنَ ٱلنَّاسِ وَلَا يَسۡتَخۡفُونَ مِنَ ٱللَّهِ وَهُوَ مَعَهُمۡ إِذۡ يُبَيِّتُونَ مَا لَا يَرۡضَىٰ مِنَ ٱلۡقَوۡلِۚ وَكَانَ ٱللَّهُ بِمَا يَعۡمَلُونَ مُحِيطًا ١٠٨﴾ [النساء : ١٠٨]
“Онҳо (зишткориҳои худро) аз мардум пинҳон медоранд аммо аз Аллоҳ таъоло пинҳон намедоранд ва ӯ бо эшон аст, ҳангоме ки дар нишастҳои шабона суханеро, ки Аллоҳ таъоло намеписандад тадбир мекунанд ва Аллоҳ таъоло ба ончи анҷом медиҳанд иҳота дорад”.
Сураи Нисо, ояти 108
Ин нишона бузургтарин ва беҳтарин нишонае аст, ки метавон ба василаи он як мунофиқро аз имондорони воқеъи ҷудо кард ва ташхис дод.
Мунофиқе, ки дар пеши чашми мардум муртакиби гуноҳ намешвад, аммо дар танҳои ба роҳат муртакиби гуноҳ мешавад ва Худованди бузургро камтарин кас ба ҳисоб намеоварад то аз вай андак шарме дошта бошад. Мунофиқ хушоянди мардумро бештар дӯст дорад, то хушнудии Худовандро.
Аммо муъмини воқеъи Худовандро ҳамроҳ нозир ва ҳозир мебинад ва дар пинҳону ошкор Худовандро бар нафс ва даруни худ шоҳид ва бино медонад ва хушнудии Худовандро бар розигии мардум бартари медиҳад.
Нишонаи сеюм:
Танбали кардан дар ибодатҳо
Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿وَإِذَا قَامُوٓاْ إِلَى ٱلصَّلَوٰةِ قَامُواْ كُسَالَىٰ ١٤٢﴾ [النساء : ١٤٢]
“Мунофиқон ҳангоме, ки барои намоз бар мехезанд, суст ва бе ҳол ба намоз меистанд“.
Сураи Нисо, ояти 142
Мунофиқон дар замони Паёмбари Худо (салому дудури Аллоҳ бар ӯ бод) бо он ҳазрат ба намоз меистоданд, аммо Худованди муттаъол Паёмабарро аз ин, ки мунофиқон бо танбали ва нороҳати ба намоз меоянд огоҳ намуд. Агар ин шарҳи ҳоли мунофиқин аст, пас вой бар ҳоли касоне, ки на бо нашоту қувват ва на бо танбали намоз намехонанд!
Он мунофиқ аз бурун савму салот,
В-аз дарун оби сиёҳи бе набот.
Нишонаи чаҳорум:
Риё кардан ва риё кори
Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿يُرَآءُونَ ٱلنَّاسَ ١٤٢﴾ [النساء : ١٤٢]
“Бидуни шак мунофиқон риёкор ҳастанд ва дар пеши мардум худнамои мекунанд (ва намозашон ба хотири мардум аст, на ба хотири Аллоҳ таъоло)”.
Сураи Нисо, ояти 142
Риё кардан ба ин маъност, ки инсон худашро дар пеши мардум Худотарс ва парҳезгор нишон медиҳад, то мавриди эҳтиром ва қабули мардум қарор гирад ва ба чашми одами хуб ба ӯ нигоҳ кунанд.
Ҳатто намозҳои инфиродиро низ ба тавре мехонад, ки бисёр мухлис ва мутадайин аст, Дар ҷамъомад ва маҷлисҳо низ бо адаб ва ибодатпеша нишон медиҳад, Аммо вақте ба хилват (танҳои) меравад. Бар акси ончи нишон медиҳад амал мекунад ва ҳеҷ тарсе аз Худованд надорад ва аслан Худоро намешиносад.
Тамоми суханон ва корҳояш барои ҷалби таваҷҷуҳи мардум аст ва худаш ҳам ба ин дугонагии шахсияти дар вуҷуди худ огоҳи дорад.
Риё аз гуноҳони кабира буда, ба ширк наздик мебошад, чун мақсад аз ибодати шахси риёкор ҷалби таваҷҷуҳи мардум аст ва ин ба маънои парастиши мардум буда ва ширк аст. Гоҳе мақсади риёкор ҷалби назари мардум барои расидан ба мақом ва масъулияте, монанди намояндаги ё раёсат ё раҳбари аст. Намояндаги ва қазовату вилоят ва раҳбари, ки ба умур ва ҳуқуқи мардум таъаллуқ дорад, агар ҳамроҳ бо риъояти адолат бошад аз ибодатҳои бузург ба шумор меравад, Аммо агар бо адолат ҳамроҳ набошад, аз гуноҳони кабира ва бузург аст. Бинобар ин касе, ки мутмаин нест битавонад адолатро риъоят кунад ва бар он тавоно нест қабули масъулият барояш ҳаром аст .
Нишонаи панҷум:
Камтар ёд кардан аз Худо, Ва зикри кам гуфтан
Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿وَلَا يَذۡكُرُونَ ٱللَّهَ إِلَّا قَلِيلٗا ١٤٢﴾ [النساء : ١٤٢]
“Ва (мунофиқон) Аллоҳ таъолоро ҷуз андаке ёд намекунанд”.
Сураи Нисо, ояти 142
Худованд нафармуд, ки мунофиқон ба ёди Худо нестанд, балки мефармояд: Онҳо касоне ҳастанд, ки Худоро ёд мекунанд аммо ба ками ва ба танбали.
Нишонаи шашум:
Савганд ва қасами дуруғ хурдан
Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿ٱتَّخَذُوٓاْ أَيۡمَٰنَهُمۡ جُنَّةٗ فَصَدُّواْ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ فَلَهُمۡ عَذَابٞ مُّهِينٞ ١٦﴾ [المجادلة: ١٦]
“(Мунофиқин) савгандҳои (дуруғини) худро сипари (барои раҳои аз гирифтор омадан ба дасти адолат ва пушонидани чеҳраи воқеъии хеш) мегардонанд”.
Сураи Муҷодала, ояти 16
Мунофиқ агар шахсеро ғайбат кунад ва он шахс бишнавад ва бигӯяд, чаро чунин чизеро гуфтаи? Мегӯяд: Ба Худо қасам, ки ман чунин ҳарферо дар ғоиб будани ту нагуфтаам. Мунофиқ дар муъомила низ қасами дуруғ мехурад ва ҳеҷ парвое надоард.
Чун надорад марди каҷ дар дин вафо,
Ҳар замоне бишканад савгандро.
Ростонро ҳоҷати савганд нест,
З-он, ки эшонро ду чашми равшанист.
Нишонаи ҳафтум:
Воқеъиятҳоро бузург нишон додан ва шоиъа паҳн кардан (овозаи дуруғ)
Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿لَّئِن لَّمۡ يَنتَهِ ٱلۡمُنَٰفِقُونَ وَٱلَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٞ وَٱلۡمُرۡجِفُونَ فِي ٱلۡمَدِينَةِ لَنُغۡرِيَنَّكَ بِهِمۡ ثُمَّ لَا يُجَاوِرُونَكَ فِيهَآ إِلَّا قَلِيلٗا ٦٠﴾ [الاحزاب : ٦٠]
“Агар мунофиқон ва касоне, ки дилҳояшон бемор аст ва шоиъа овоза кунон дар Мадина (аз кори худ) боз наистанд, яқинан туро бар (зиди) онҳо мешуронем (ва бар онҳо мусаллат мегардонем) сипас ҷуз андаке дар канори ту дар он (шаҳри Мадина) набошанд”.
Сураи Аҳзоб, ояти 60
Яке аз нишонаи мунофиқон ин аст, ки воқеъаҳо ва чизҳои кучакро бузург нишон медиҳанд ва бо паҳн кардани овозаҳои дуруғ ҷомиъаи исломиро заъиф мегардонанд.
Нишонаи ҳаштум:
Айбҷуи аз қазо ва қадари Худованд
Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿ٱلَّذِينَ قَالُواْ لِإِخۡوَٰنِهِمۡ وَقَعَدُواْ لَوۡ أَطَاعُونَا مَا قُتِلُواْۗ قُلۡ فَٱدۡرَءُواْ عَنۡ أَنفُسِكُمُ ٱلۡمَوۡتَ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ١٦٨﴾ [ال عمران: ١٦٨]
“Мунофиқон касоне ҳастанд, ки (худ дар хона) нишастаанд (ва аз ҷанг канорагири кардаанд ва нисбат) ба бародарони худ гуфтанд: агар аз мо итоъат мекарданд (ва ҳарфи моро мешуниданд) кушта намешуданд. Бигӯ: Пас маргро аз худ дур доред, агар рост мегӯед (ки метавон бо парҳез ва ҳазар аз қазо ва қадар бигурезад)”.
Сураи Оли Имрон, ояти 168
Мунофиқ ба қазо ва қадар ва машиати илоҳӣ розӣ нест ва ҳар иттифоқе дар зиндаги бияфтад мегӯяд: Агар чунин мекардам чунин мешуд. Аммо муъминони воқеъи дар пеш омадҳои хайр шукргузор ва дар бало ва мусибатҳо ором ва сабр кунанда ва дар ҳар ҳол ба ризогии Аллоҳ таъоло розиянд.
Нишонаи нуҳум:
Бадгӯи кардан аз инсонҳои солиҳ ва солим
Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿أَشِحَّةً عَلَيۡكُمۡۖ فَإِذَا جَآءَ ٱلۡخَوۡفُ رَأَيۡتَهُمۡ يَنظُرُونَ إِلَيۡكَ تَدُورُ أَعۡيُنُهُمۡ كَٱلَّذِي يُغۡشَىٰ عَلَيۡهِ مِنَ ٱلۡمَوۡتِۖ فَإِذَا ذَهَبَ ٱلۡخَوۡفُ سَلَقُوكُم بِأَلۡسِنَةٍ حِدَادٍ أَشِحَّةً عَلَى ٱلۡخَيۡرِۚ أُوْلَٰٓئِكَ لَمۡ يُؤۡمِنُواْ فَأَحۡبَطَ ٱللَّهُ أَعۡمَٰلَهُمۡۚ وَكَانَ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٗا ١٩﴾ [الاحزاب : ١٩]
“Онҳо дар ҳамаи чиз нисбат ба шумо бахиланд. Ва ҳангоме, ки (лаҳзаҳои) тарс (ва бӯҳронӣ) пеш ояд, мебинӣ он чунон ба ту нигоҳ мекунанд ва чашмҳояшон дар косааш мечархад, ки монанди касе, ки аз сахтии марг, ҳоли беҳушӣ ба ў даст диҳад, аммо вақте ҳолати хавфу тарс фурӯ нишаст, забонҳои тунд ва хашини худро бо анбўҳе аз хашму асабоният бар шумо мекушоянд (ва саҳми худро аз ғаниматҳо мутолиба мекунанд), дар ҳоле, ки дар мол ҳарис ва бахиланд. Онҳо (ҳаргиз) имон наовардаанд. Бинобар ин Худованд аъмолашонро ҳабт ва нобуд кард ва ин кор бар Худо осон аст”.
Сураи Аҳзоб, ояти 19
Мунофиқ вақте аз пеши мусалмоне хориҷ мешавад пушти сари ӯ бо забони тез ва буранда шуруъ ба бадгӯй мекунад.
Он мунофиқ чун дар ин зоҳир гурехт,
Хуни сад муъмин ба пинҳони бирехт .
Нишонаи даҳум:
Бадгумони ва туҳмат задан ба инсонҳои дурусткор
Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿وَمَا كَانَ لِنَبِيٍّ أَن يَغُلَّۚ وَمَن يَغۡلُلۡ يَأۡتِ بِمَا غَلَّ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۚ ثُمَّ تُوَفَّىٰ كُلُّ نَفۡسٖ مَّا كَسَبَتۡ وَهُمۡ لَا يُظۡلَمُونَ ١٦١﴾ [ال عمران: ١٦١]
“(Мунофиқон Паёмбарро (салому дудури Аллоҳ бар ӯ бод) мутаҳам карданд, ки ба онҳо хиёнат хоҳад кард! дар ҳоле, ки) ҳеҷ Паёмбареро насазад ки хиёнат кунад, ва дар рӯзи растохез ончиро, ки дар он хиёнат карда аст бо худ (ба саҳнаи маҳшар) меоварад, сипас бар ҳар касе подош ва ҷазои ончи карда аст ба тамом ва камол дода мешавад ва ба онон ситам нахоҳад шуд”.
Сураи Оли Имрон, ояти 161
Нишонаи ёздаҳум:
Талош дар ҷиҳати паҳн шудани фасод ва табоҳи ба номи ислоҳ ва некуи
Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿وَإِذَا قِيلَ لَهُمۡ لَا تُفۡسِدُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ قَالُوٓاْ إِنَّمَا نَحۡنُ مُصۡلِحُونَ ١١ أَلَآ إِنَّهُمۡ هُمُ ٱلۡمُفۡسِدُونَ وَلَٰكِن لَّا يَشۡعُرُونَ ١٢﴾ [البقرة: ١١، ١٢]
“Ҳангоме, ки ба эшон гуфта шавад дар замин фасод ва табоҳи накунед, гӯянд: ҳамоно мо ислоҳгар ҳастем. Ҳамоно! Эшон бидуни шак фасодкунандагон ва табоҳи пешагонанд ва лекин (ба сабаби ғурур ва фиреб хурдагии худ ба фасодашон) пай намебаранд”.
Сураи Бақара, оятҳои 11-12
Мунофиқ бо корҳои ғалати худ ба паҳни фасод ва табоҳи дар ҷомиъа доман мезанад ва вақте ба ӯ гуфта шавад: чаро аз Худо наметарси? Дар ҷавоб мегӯяд: ман кори баде накардаам. Агар ман накунам дигарон мекунанд... ва дар ҳоле, ки худаш дар дил медонад, ки он кори ӯ боиси густариши фасод ва табоҳи хоҳад шуд.
Нишонаи дувоздаҳум:
Зоҳир ва ботини мунофиқ яке нест
Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿إِذَا جَآءَكَ ٱلۡمُنَٰفِقُونَ قَالُواْ نَشۡهَدُ إِنَّكَ لَرَسُولُ ٱللَّهِۗ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ إِنَّكَ لَرَسُولُهُۥ وَٱللَّهُ يَشۡهَدُ إِنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ لَكَٰذِبُونَ ١﴾ [المنافقون: ١]
“Ҳангоме, ки мунофиқон назди ту меоянд савганд мехуранд: мо гувоҳи медиҳем, ки ту ҳатман фиристодаи Худо ҳасти! Худованд медонад, ки ту фиристодаи Худо мебоши, вале Худо гувоҳи медиҳад, ки мунофиқон дар гуфтаи худ дуруғгӯ ҳастанд (чаро, ки ба суханони худ имон надоранд)”.
Сураи Мунофиқун, ояти 1
Бо таваҷҷуҳ ба ояти боло ҳар кас, ки зоҳир ва ботинаш яке набошад ва ба иборати дигар сурат ва сираташ яке набошад мунофиқ хоҳад буд, Гоҳе мунофиқ либос ва ҳайати ороста дорад аммо дарунаш фосид ва бадбӯй аст.
Зоҳири дастор чун ҳури биҳишт,
Он мунофиқ андарун расво ва зишт.
Аммо муъмини воқеъи дар канори оростагии зоҳир, дил ва дарунашро ҳам ба зикри ва ёди Худо ва ба сифоти нек ороста мекунад, то зебоии зоҳир ва зебоии ботин ҳар дуро бо ҳам дошта бошад ва аз ҷумлаи мунофиқон набошад.
Нишонаи сенздаҳум:
Амр ба мункарот ва зиштиҳо ва наҳй аз маъруф ва некиҳо
Аллоҳ таъоло мефармояд:
“Мардони мунофиқ ва занони мунофиқ ҳама аз як гуруҳ (ва як қумош) ҳастанд. Онон ҳамдигарро ба кори зишт фаро мехонанд ва аз кори хуб боз медоранд”.
Сураи Тавба, ояти 67
Мунофиқон мехоҳанд харобкори, зино, бе банду бори ва бе ҳиҷоби густариш пайдо карда ва мусиқии ғайри шаръи, аксҳо ва филмҳои ғайриахлоқи, сигор ва мухадирот дар ҷомиаи инсони паҳн гардад. Инҳо ҳама аз ҷумлаи мункарот ва базаҳкори аст. Мунофиқ дӯст надорад хайру неки ва илму огоҳии мардум рушд кунад ва агар касе аз сари хайрхоҳи ба ӯ бигӯяд: Ин корҳо мавриди писанди Худованд нест ва Паёмбар (салому дудури Аллоҳ бар ӯ бод) наҳй карда аст, Дар ҷавоб хоҳад гуфт: Лозим нест ту ба мо дарси дин бидиҳи, мо худамон аз дин огоҳи дорем.
Нишонаи чаҳордаҳум:
Мунофиқ дар умури хайр хасис ва бахил аст
Аллоҳ таъоло мефармояд:
“Ва дастҳояшонро (аз базлу бахшиш дар роҳи хайр) мебанданд”.
Сураи Тавба, ояти 67
Мунофиқро мебини, ки барои худнамои ва тазоҳур ва талаби шуҳрат меҳмониҳо карда, харҷҳои сангин мекунад, аммо агар барои кори хайре аз ӯ кумак бихоҳи бо икроҳ ва ба сахти маблағи ночизе кумак нахоҳад кард.
Нишонаи понздаҳум:
Фаромуш кардани Худо
Аллоҳ таъоло мефармояд:
“Худоро фаромуш кардаанд (ва аз парастиши ӯ рӯйгардон шудаанд) Худоҳам эшонро фаромуш карда аст (ва раҳмати худро аз эшон бурида ва ҳидояти хешро аз онон дареғ дошта аст) ба дурусти мунофиқон ҳамон аҳли фисқ (ва гарданкашон дар рӯ ба рӯи ҳақ) ҳастанд”.
Сураи Тавба, ояти 67
Мунофиқ аз хонавода, саргармиҳо, ва лаззоти дуняви, орзуҳо ва доштаҳо ва ҳар чизи дигаре суҳбат мекунад, ғайр аз Худо! Ин дар ҳолест, ки фаромуш кардани Худованд бузургтарин бало ва мусибат аст. Чун Худованд низ ӯро ба фаромуши месупорад. Аммо муъмини воқеъи ҳамвора ва дар ҳар ҳолате, дар хоб ва бедори, дар кору истироҳат, дар ҳолати савора ва пиёда, дар неъмат ва дар мусибат ҳеҷ вақтеро аз ёди Худо холи намегузорад.
Нишонаи шонздаҳум:
Ваъдаҳои Худо ва Паёмбарро (салому дудури Аллоҳ бар ӯ бод) дуруғ медонад
Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿وَإِذۡ يَقُولُ ٱلۡمُنَٰفِقُونَ وَٱلَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٞ مَّا وَعَدَنَا ٱللَّهُ وَرَسُولُهُۥٓ إِلَّا غُرُورٗا ١٢﴾ [الاحزاب : ١٢]
“(Ва низ ба ёд оваред) ҳангоме, ки мунофиқон ва ононе, ки дар дилҳояшон бемори (нифоқ) вуҷуд дорад мегӯянд: Худо ва Паёмбараш (салому дудури Аллоҳ бар ӯ бод) ҷуз ваъдаҳои дуруғин ба мо надодаанд”.
Сураи Аҳзоб, ояти 12
Мунофиқ бовари ба охират надорад, ба ҳамин хотир фақат дар талаби дунё ва мақомоти дуняви аст.
Нишонаи ҳафтдаҳум:
Огоҳи надоштан аз аҳкоми дин ва надонистани барномаи зиндагие, ки писанди Худованд бошад
Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿وَلَٰكِنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ لَا يَفۡقَهُونَ ٧﴾ [المنافقون: ٧]
“Вале мунофиқон (ҳақоиқ ва воқеиятҳоро) дар намеёбанд ва намефаҳманд”.
Сураи Мунофиқун, ояти 7
Мунофиқ ба илмҳои таҷриби ва дуняви алоқаманд аст, Ва онро таълим мегирад. Аммо аз дарки ҳақоиқи дин ва қудрати ваъдаҳои илоҳи ва рӯзи сазо ва ҷазо..., қосир ва оҷиз аст, Ва ин танҳо ба ин хотир аст, ки худаш намехоҳад бифаҳмад ва Худованд низ бар дили ӯ муҳр мезанад. Мунофиқ дӯст надорад дар маҷлисҳо аз ибодат ва намоз ва ёди Худо баҳс шавад. Чун фикр мекунад чизе аз он намедонад ва мояи сарафкандагии ӯст. Аммо муъмини воқеъи ба дунболи ба даст овардани илми шаръи ва аҳкоми дин меравад ва ҳамеша дар талош аст. Кореро, ки дар он фоида ва хайре аст, анҷом медиҳад.
Нишонаи ҳаждаҳум:
Хушҳоли бар мусибати имондорон ва дилтанги дар шодии онҳо
Аллоҳ таъоло мефармояд:
“Агар ба ту неки бирасад онҳоро нороҳат мекунад, ва агар мусибате ба ту расад мегӯянд: мо пеш аз ин чораи худро андешидаем ва шодон боз мегарданд”.
Сураи Тавба, ояти 50
Агар мунофиқ бо хабар шавад, ки мусалмоне дучори бало ва мусибат шуда аст, Дар ҳол шуруъ ба паҳни кардани он хабар мекунад, Ва тавре вонамуд мекунад, ки аз ин воқеъа нороҳат шуда аст, Аммо дуруғ мегӯяд ва дар дил ба он шод ва хушҳол аст.
Нишонаи нуздаҳум:
Чоплуси (пастфитрати) ва забон бози
Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿وَإِذَا رَأَيۡتَهُمۡ تُعۡجِبُكَ أَجۡسَامُهُمۡۖ وَإِن يَقُولُواْ تَسۡمَعۡ لِقَوۡلِهِمۡۖ كَأَنَّهُمۡ خُشُبٞ مُّسَنَّدَةٞۖ يَحۡسَبُونَ كُلَّ صَيۡحَةٍ عَلَيۡهِمۡۚ هُمُ ٱلۡعَدُوُّ فَٱحۡذَرۡهُمۡۚ قَٰتَلَهُمُ ٱللَّهُۖ أَنَّىٰ يُؤۡفَكُونَ ٤﴾ [المنافقون: ٤]
“Ҳангоме эшонро мебини баданҳояшон туро ҷалб мекунад ва ба шигифти меоварад, (ва бо худ мегӯи чи инсонҳои бо виқор ва арзандае ҳастанд) ва ҳангоме, ки ба сухан дар меоянд (ба хотири зебогии суханонашон) ба суханонашон гуш фаро медиҳи (бо вуҷуди ин ҷозибаи сурат ва гирои гуфтори) гуё эшон чубҳои такядода ба деворанд, ҳар овозеро бар зиди худ мепиндоранд ва ҳар овозеро бар зиёни хеш! Онон душманони воқеъи ҳастанд, Пас аз эшон бар ҳазар бош, Худованд онҳоро бикушад чигуна аз ҳақ руйгардон мешаванд?!”.
Сураи Мунофиқун, ояти 4
Мунофиқ чоплус ва забонбоз аст ва ба шакле ҳарф мезанад, то мардум фикр кунанд, ки аз дигарон фаҳмидатар ва оқилтар аст. Мунофиқ дӯст дорад болотар аз фаҳми мардум сухан бигӯяд, то бартарии худро ба дигарон таҳмил кунад ва бо ин корҳо мехоҳад мардумро фиреб диҳанд.
Гар ба дарё дарафти эй мунофиқ,
Зи зишти, кай хурад мору наҳангат.
Чи гӯям бо ту эй нақши музаввар?
Чи маъно гунҷад андар ҷони тангат.
Нишонаи бистум:
Масхара кардани дини Худо ва сунати Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ тар ӯ бод)
Аллоҳ таъоло мефармояд:
“Мунофиқон (Худо, оёт ва Паёмбари ӯро дар миёни худ ба масхара мегиранд ва) метарсанд, ки сурае бар зиди эшон нозил шавад (ва илова аз он чи мегӯянд) ончиро (ҳам, ки) дар дил доранд ба руяшон биёварад ва ошкораш созад. Бигӯ: Ҳар андоза мехоҳед масхара кунед, бегумон Худованд ончиро, ки аз он тарс доред (ва дар пинҳон доштанаш мекушед) ошкор ва ҳувайдо месозад. Агар аз онон (дар бораи суханони нораво ва кирдорҳои ноҳинҷорашон) бозхост куни мегӯянд: (муроди мо таъна ва масхара набуд бал, ки бо ҳамдигар) бози ва шӯхи мекардем. Бигӯ: Оё бо Худо ва оёти ӯ ва Паёмбараш (салому дуруди Аллоҳ тар ӯ бод) метавон бози ва шӯхи кард?!”.
Сураи Тавба, оятҳои 64 ва 65
Ҳамин тавр масхара кардан ба либосу риш ва ҳайати як мусалмон инсонро дар доираи нифоқ ва куфр ворид хоҳад кард.
Шикасти бузург
Инсони мунофиқ бо аъмоли муздуронаи худ дарҳои раҳмати Худовандро ба руй худ баста ва дарҳои азобро ба рӯи худ боз мекунад.
Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿يَوۡمَ يَقُولُ ٱلۡمُنَٰفِقُونَ وَٱلۡمُنَٰفِقَٰتُ لِلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱنظُرُونَا نَقۡتَبِسۡ مِن نُّورِكُمۡ قِيلَ ٱرۡجِعُواْ وَرَآءَكُمۡ فَٱلۡتَمِسُواْ نُورٗاۖ فَضُرِبَ بَيۡنَهُم بِسُورٖ لَّهُۥ بَابُۢ بَاطِنُهُۥ فِيهِ ٱلرَّحۡمَةُ وَظَٰهِرُهُۥ مِن قِبَلِهِ ٱلۡعَذَابُ ١٣﴾ [الحديد: ١٣]
“Рӯзе, ки мардони мунофиқ ва занони мунофиқ ба муъминон мегӯянд: (бо шитоб ба суй биҳишт ҳаракат накунед ва) мунтазирамон бимонед то аз нури шумо фуруғ ва партаве (ба мо битобад ва аз он) истифода кунем! Ба эшон гуфта мешавад: ба қафо бар гардед (ва муҷадидан ба дунё биравед) ва нуре ба даст биёваред! Дар ин ҳол ногаҳон деворе миёни онон зада мешавад, ки даре дорад. Дохили он (ба тарафи муъминон аст) рӯ ба раҳмат аст (ки биҳишт ва неъмати сармади аст) ва хориҷи он (ки ба тарафи мунофиқон аст) рӯ ба азоб аст (ки дӯзах ва азоби абади аст)”.
Сураи Ҳадид, ояти 13
Инчунин Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿يُنَادُونَهُمۡ أَلَمۡ نَكُن مَّعَكُمۡۖ قَالُواْ بَلَىٰ وَلَٰكِنَّكُمۡ فَتَنتُمۡ أَنفُسَكُمۡ وَتَرَبَّصۡتُمۡ وَٱرۡتَبۡتُمۡ وَغَرَّتۡكُمُ ٱلۡأَمَانِيُّ حَتَّىٰ جَآءَ أَمۡرُ ٱللَّهِ وَغَرَّكُم بِٱللَّهِ ٱلۡغَرُورُ ١٤﴾ [الحديد: ١4]
“Мунофиқон муъминонро садо мезананд: магар мо (дар дунё) бо шумо набудем? Мегӯянд: бале! Ва лекин (бо нифоқ) худро гирифтори бало кардед ва чашм ба роҳи (марги Паёмбар (дуруду саломи Худо бод бар ӯ) ва нобудии мусалмонон ва барчида шудани ислом) мондед ва (дар бораи ҳақиқат будани даъвати Паёмбар (дуурду салом Худо бод бар ӯ) ва Қуръон ва вуҷуди миъод ва растохез) шак ва тардид варзидед. Ва орзуҳо ва пиндорҳо шуморо фиреб дод то ин, ки фармони Худо (доир бар маргатон) дар расид, Ва аҳримани (бадкор ва нафси аммораи) фиребкор, шуморо дар баробари фармони Худо фиреб дод”.
Сураи Ҳадид, ояти 14
Он мунофиқ бо мувофиқ дар намоз,
Аз пай истеза ояд не намоз.
Дар намозу руза ва ҳаҷу закот,
Бо мунофиқ муъминон дар бурду мот.
Муъминонро бурд бошад оқибат,
Бар мунофиқ мот андар охират.
Ҳар яке суй мақоми худ равад,
Ҳар яке бар вифқи номи худ равад.
Муъминаш хонанд, ҷонаш хуш шавад,
Вар мунофиқ гӯи, пур оташ шавад.
Дуъои поён:
Аз Худованди бузург мехоҳам, ки моро аз ин бемори муҳлик ва кушанда муҳофизат намояд ва тавфиқ диҳад, ки ин нишонаҳоро ҳамвора дар ёд дошта бошем ва аз онҳо парҳез ва ҳазар кунем.
Омин ё раббал оламин.
Манобеъ ва сарчашмаҳо:
Тафсири Нур, Дуктур Мустафо Хуррамдил.
Алоимун-нифоқ, Дуктур Оизи Қарни, тарҷумаи Наво Муҳаммади Саъид.
Кимиёи Саъодат, имом Муҳаммад Ғазоли.
Маснави маънави, Ҷалолдини Муҳаммад Балхи.
Мундариҷа
Р Мавзуҳо Саҳифа
1 Муқаддима (пешгуфтор) 1
3 Нифоқ чист? 3
5 Навъҳои нифоқ: 5
7 Нифоқ дар ақида 5
9 Нифоқ дар амал 6
11 Нишонаҳои нифоқ: 7
13 Нишонаи якум: Дуруғ гуфтан 7
14 Нишонаи дуюм: Шарм кардан аз мардум ва шарм надоштан аз Худо 9
16 Нишонаи сеюм: Танбали кардан дар нифоқ 10
17 Нишонаи чаҳорум: Риё кардан ва риё кори 11
18 Нишонаи панҷум: Камтар ёд кардан аз Худо ва зикри кам гуфтан 13
19 Нишонаи шашум: Савганд ва қасами дуруғ хурдан 14
20 Нишонаи ҳафтум: Вақоеъро бузург нишон додан ва овозаи дуруғ паҳнкуни 15
21 Нишонаи ҳаштум: Айбҷуи аз қазо ва қадари Худованд 16
22 Нишонаи нуҳум: Бадгуи кардан аз инсонҳои солиҳ ва солим 17
23 Нишонаи даҳум: Бад гумони ва туҳмат задан ба инсонҳои дурусткор 18
24 Нишонаи ёздаҳум: Талош дар ҷиҳати паҳн шудани фасод ва табоҳи ба номи ислоҳ ва некуи 19
25 Нишонаи дувоздаҳум: Зоҳир ва ботини мунофиқ як нест 20
26 Нишонаи сенздаҳум: Амр ба мункарот ва зиштиҳо ва наҳйи аз маъруф ва некиҳо 21
27 Нишонаи чаҳордаҳум: Мунофиқ дар умури хайр хасис ва бахил аст 22
28 Нишонаи понздаҳум: Фаромуш кардани Худо 22
29 Нишонаи шонздаҳум: Ваъдаҳои Худо ва Паёмбарро (дуруду саломи Худо бод бар ӯ) дуруғ медонад 23
30 Нишонаи ҳафтдаҳум: Огоҳи надоштан аз аҳкоми дин ва надонистани барномаи зиндагие, ки писанди Худованд бошад 24
31 Нишонаи ҳаждаҳум: Хушҳоли бар мусибати имондорон ва дилтанги дар шодии онҳо 25
32 Нишонаи нуздаҳум: Чоплуси (пастфитрати) ва забон бози 26
33 Нишонаи бистум: Масхара кардани дини Худо ва суннати Паёмбар (дуруду саломи Худо бод бар ӯ) 27
34 Шикасти бузург 28
35 Дуъои поён 31
36 Манобеъ ва сарчашмаҳо 32
37 Мундариҷа 33