Китоби рӯза

Китоби рӯза (гирифташуда аз китоби Шарҳи умдатулфиқҳ ва дигар масодири фиқҳи).

اسم الكتاب: كتاب الصيام


الناشر: موقع إسلام هاوس
نبذة مختصرة: كتاب مترجم إلى اللغة الطاجيكية، ويحتوي على كتاب الصيام من شرح عمدة الفقه، مع إضافات يسيرة من بعض المراجع الفقهية الأخرى.


Китоби рӯза
[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]

Таҳияи:
Дорул Ислом\Тоҷикӣ

(Гирифташуда аз китоби Шарҳи Умдатулфиқҳ ва дигар китобҳои фиқҳи.)


2014 - 1435


 
 

كتاب الصيام
« باللغة الطاجيكية »
إعداد: دار الإسلام/ طاجيكي

كتاب الصوم, مأخوذ من كتاب شرح عمدة الفقه مع إضافات يسيرة من مراجع الفقهية الأخرى.







2014 - 1435
 

 
Китоби рӯза
Маънои рӯза дар луғат: «Худдори мебошад».
Маънои рӯза дар истилоҳ:
«Боз доштани нафс аз хурданиҳо ва ошомиданиҳо бо нияти ибодат аз тулуъи фаҷр то нишасти офтоб».
Рӯза доштани моҳи рамазон яке аз аркони ислом мебошад, ки ҳаркасе фарз будани онро инкор кунад аз дин хориҷ мешавад, ва ҳар ки рӯзаро аз танбали тарк кунад аз ҷумлаи фосиқон мегардад, ва ҳатто баъзе олимон мегуянд, ки муртад мегардад.
Дар бораи рӯза оятҳо ва ҳадисҳои зиёде ворид шудааст, ки  далолат бар фазлу бузургии он мекунад, аз ҷумла Паёмбар (с) мефармояд:
«Ҳар як амали солеҳи инсон барояш ду баробар ҳисоб карда мешавад, Як амали солеҳ барояш даҳ баробар ҳисоб мешавад, ҳатто то ҳафсад баробар, Худованд мефармояд:
Магар рӯза ки подошу аҷри онро ба уҳда гирифтаам, ва ман худам подоши онро хоҳам дод, чунки он банда ба хотири ман аз таъому шаҳваташ боз меистад.
Барои рӯзадор ду шодмони аст шодмони ҳангоми ифтор ва шодмони дигаре ҳангоми мулоқот бо Худованд, ва оби даҳони рӯзадор дар назди Худованд аз мушк ҳам хушбуйтар аст».
 Муттафақун алайҳи
Ва барои ҳар мусалмон фарз аст, ки аз ончи, ки рӯзаро фосид месозад дури биҷуяд, мисли ин, ки ягон чизе бихурад ё бинушад, ва ё ин, ки ҳангоми рӯза ва ё баъди он намозҳои фарзиро тарк намояд, чунки тарки намоз инсонро аз дин хориҷ месозад, ва ҳаргоҳ, ки инсон кофир мешавад тамоми амалҳои у ботил мегардад, аз ҷумла рӯза ва ғайри он,  чуноне, ки Паёмбар (с) мефармояд:
«Рӯзадоре аст, ки аз рӯзадорияш ба ҷуз гуруснаги ва ташнаги чизи дигаре намебинад, ва таровеҳхоне аст, ки барояш ба ҷуз бехоби чизи дигаре нест».
Яъне на рӯзааш қабул мегардад ва на таровеҳаш ба ҷуз ин, ки худро гурусна ва ташна нигоҳ медорад ва шабашро ба бехоби мегузаронад.
Ин ҳаққи касоне аст, ки рӯза ва намозашонро бо амалҳои бадашон ботил мегардонанд.
Инчунин барои ҳар мусалмон лозим аст, ки аз он амалҳое, ки рӯзаашонро ноқис мегардонад дури биҷуянд, мисли он, ки худашонро дар кори ҳароме олуда созанд, чуноне, ки Паёмбар (с) мефармояд:
«Ҳарки аз туҳмату буҳтон ва амал кардан ба он дури наҷуяд, Худованд ба гуруснаги ва ташнагии ӯ эҳтиёҷе надорад».
Саҳеҳ Бухорӣ
Ва аз ҷумлаи туҳмату буҳтон дуруғ гуфтан, ғайбат кардану суханчини ва мусулмонеро лаънат кардан аст.
Ва аз ҷумлаи амал кардан ба он, танбали намудан дар адои намозҳо дар вақташ, ва намозҳоро бо ҷамоъат дар масҷид нахондан ва савдои ҳаром ва хурдани рибо ва гуш додан ба мусиқиҳо ва исроф кардан мебошад, чуноне, ки Худованд мефармояд:
﴿كُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ وَلَا تُسۡرِفُوٓاْۚ ٣١﴾ [الأعراف: ٣١]
«Бихуред ва биошомед вале исроф нанамоед».
Аъроф 31
Ва рӯзаҳои фарзи мисли рӯзаи моҳи Рамазон ва қазо доштани он ва рӯзаҳое, ки барои кафорат мебошанд воҷиб аст, ки барои он аз шаб ният карда шавад ва лозим аст, ки пеш аз бомдод ният карда шавад, чунки агар нияти  онро пеш аз бомдод карда нашавад гуё, ки чунин рӯзадор чанд вақтеро аз даст додааст, ки бояд дар он бо ният рӯзадор мебуд.
Аммо рӯзаи нафли бошад, барои мусулмон ишколе надорад, ки рӯзона нияташро баҷо биёрад, мисли ин ки дар нисфи рӯзи бошаду чизе аз шиканандаҳои рӯзаро накарда бошад, дар ин ҳолат агар бихоҳад, ки ин рӯзро рӯза бигирад ишколе надорад, ки аз ҳамон вақт нияташро бикунад, чунки ин кор аз Паёмбар (с) собит шудааст.
Локин агар бихоҳад, ки он рӯзро комилан рӯза бидорад то, ки савоби он рӯзро ба пурраги соҳиб гардад мисли ин, ки касе хоҳад ки рӯзи душанберо комил рӯза бигирад, пас бояд нияташро аз шаб бикунад.
Ва ҳамчунин касе, ки мехоҳад аз ҳар моҳ се рӯзияшро рӯза бигирад, пас рӯзаи ӯ пурра намегардад то, ки он се рӯзро аз шабҳояш ният бикунад.
Ва барои рӯзадор воҷиб аст, ки бояд ҳангоми суҳур хурданаш яқин дошта бошад, ки вақти намози бомдод надаромадааст, ҳамчуноне, ки барояш воҷиб аст, ки ҳангоми ифтор бояд яқин дошта бошад, ки офтоб ғуруб кардааст.
Ва ин корро инсон метавонад худаш аниқ кунад ё ин ки такя ба азони муаззин кунад.
Инчунин мешавад, ки он ду вақтро бо истифода аз соатҳое, ки вақтҳои намозро муайян мекунанд, муайян кунад.
Ва мардуми минтақаҳое, ки дар онҷо рӯзҳо бениҳоят дароз мебошанд, мисли минтақаҳои қутби шимоли ва ҷануби ва давлатҳои ҷойгир дар Скандновия мисли Шветсария ва Норвегия, ки дар ин давлатҳо дарозии рӯзҳо аз бист соат зиёд мебошад, бар ин мардум воҷиб аст, ки тамоми рӯзро рӯза бигиранд, агарчи бар онҳо ин кор машаққат биёрад, чуноне ки Худованд мефармояд:
﴿أُحِلَّ لَكُمۡ لَيۡلَةَ ٱلصِّيَامِ ٱلرَّفَثُ إِلَىٰ نِسَآئِكُمۡۚ هُنَّ لِبَاسٞ لَّكُمۡ وَأَنتُمۡ لِبَاسٞ لَّهُنَّۗ عَلِمَ ٱللَّهُ أَنَّكُمۡ كُنتُمۡ تَخۡتَانُونَ أَنفُسَكُمۡ فَتَابَ عَلَيۡكُمۡ وَعَفَا عَنكُمۡۖ فَٱلۡـَٰٔنَ بَٰشِرُوهُنَّ وَٱبۡتَغُواْ مَا كَتَبَ ٱللَّهُ لَكُمۡۚ وَكُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ حَتَّىٰ يَتَبَيَّنَ لَكُمُ ٱلۡخَيۡطُ ٱلۡأَبۡيَضُ مِنَ ٱلۡخَيۡطِ ٱلۡأَسۡوَدِ مِنَ ٱلۡفَجۡرِۖ ثُمَّ أَتِمُّواْ ٱلصِّيَامَ إِلَى ٱلَّيۡلِۚ وَلَا تُبَٰشِرُوهُنَّ وَأَنتُمۡ عَٰكِفُونَ فِي ٱلۡمَسَٰجِدِۗ تِلۡكَ حُدُودُ ٱللَّهِ فَلَا تَقۡرَبُوهَاۗ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ ءَايَٰتِهِۦ لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمۡ يَتَّقُونَ ١٨٧﴾ [البقرة: ١٨٧]
«Алоқаи ҷинсӣ бо ҳамсаронатон, дар шабҳои моҳи рӯза ҳалол аст. Занҳои шумо либоси шумо ҳастанд ва шумо либоси онҳо. Худованд донист, ки шумо ба худ хиёнат мекардед (ва бо ҳамсаронатон дар шабҳои ин моҳ наздикӣ менамудед). Пас, тавбаи шуморо пазируфт ва шуморо бахшид. Акнун бо онҳо омезиш кунед ва он чиро Худо барои шумо муқаррар доштааст, талаб намоед. Ва бихӯред ва биёшомед, то замоне ки риштаи сафеди субҳ, аз риштаи сиёҳ (-и шаб) барои шумо ошкор гардад. Сипас рӯзаро, то шаб идома диҳед. Ва дар ҳоле, ки дар масоҷид ба эътикоф нишастаед, бо занон алоқа накунед. Ин аст, марзҳои илоҳӣ, пас ба он наздик нашавед. Худованд, инчунин оёти худро барои мардум равшан месозад, бошад, ки парҳезгор гарданд».
Бақара 187
Магар ин ки аз рӯзадори оҷиз бимонад ва хатари он бошад, ки мариз шавад ё ин ки ҳалок гардад, пас барои ӯ ҷоиз аст, ки ба миқдори зарурат ифтор кунад то ин, ки зарар аз ӯ дур гардад ва сипас боқимондаи рӯзро рӯза бидорад, ва бар ӯ воҷиб аст, ки рӯзҳоеро ифтор кардааст, қазо бидорад.
Ва агар рӯзадор дар ҳавопаймо мусофир бошад, пас ӯ бояд ҳангоми тулуъи фаҷр (Бомдод) аз таъому шароб даст бардорад, ва ҳангоми ғуруби офтоб ифтор мекунад ва бо вақтҳои шаҳре, ки болои он парвоз мекунад амал нахоҳад кард, чунки тамоми далелҳои шаръи далолат бар он мекунад, ки рӯзадор бояд ҳангоми тулуъ фаҷр аз хурдану ошомидан бозистад ва ҳангоми ғуруби офтоб ифтор намояд.
Локин агар бо сабаби абрҳо ва ё ғубор тулуъи фаҷрро ва ё ғуруби офтобро пайгири карда натавонад, бояд бо такя ба гумоне, ки ба яқин наздиктар аст, амал намояд.
Ва ҳарки дар шаҳре бошад, ки дар онҷо офтоб ғуруб намояд ва ифтор намояд, ва сипас бо ҳавопаймо парвоз намояд, ва офтобро дар ҳаво бубинад, зараре надорад ва ӯ ифторашро давом медиҳад, чунки ӯ мувофиқи далили шаръи ифтор карда буд чуноне ки Паёмбар (с) мефармояд:
«Ҳангоме ки шаб омад аз онҷо, ва рӯз бирафт аз онҷо, ва офтоб ғуруб кард, рӯзадор бояд ифтор намояд».
Муттафақун алайҳи
Ва инчунин ҳарки баъди ғуруби офтоб, масалан рӯзи якшанбе сафар намояд ба тарафи ғарб (тарафе ки офтоб мешинад) ва дар шаҳре бирасад, ки дар онҷо бегоҳии якшанбе рӯз бошад, барои ин шахс лозим нест, ки аз хурдану ошомидан даст кашад.
Аммо агар ҳавопаймо пеш аз ғуруби офтоб парвоз намояд, ва рӯз дароз шудан бигирад, барои ин шахс лозим аст, ки рӯза бидорад то ин ки офтоб ғуруб намояд, агарчи рӯз чанд соъати дигаре ҳам дароз шавад, ин мувофиқи ҳадиси гузашта мебошад.
Ва рӯза доштани моҳи рамазон фарз аст, барои ҳар як мусалмони болиғи оқили қодир бар рӯзадори.
Бар ин ҳукм тамоми уламо иттифоқ кардаанд, чунки Худованд мефармояд:
﴿شَهۡرُ رَمَضَانَ ٱلَّذِيٓ أُنزِلَ فِيهِ ٱلۡقُرۡءَانُ هُدٗى لِّلنَّاسِ وَبَيِّنَٰتٖ مِّنَ ٱلۡهُدَىٰ وَٱلۡفُرۡقَانِۚ فَمَن شَهِدَ مِنكُمُ ٱلشَّهۡرَ فَلۡيَصُمۡهُۖ ١٨٥﴾ [البقرة: ١٨٥] 
“Моҳи Рамазон, моҳест, ки дар ин моҳ барои ҳидояти мардум ва барои фарқи миёни ҳақ ва ботил Қуръон нозил шудааст. Ҳар касе аз шумо ин моҳро бибинад ва шоҳид шавад, бояд рӯза бигирад”. Бақара 185
Ва мустаҳаб аст, ки соҳиби тифл, тифлро ба рӯзадори амр намояд вале бо ин шарт, ки тифл тоқати онро дошта бошад, то тифл бар он одат намояд, ва чун ба балоғат, ки расид ва рӯза ба гарданаш фарз гашт барояш осон гардад.
Ва рӯза доштани Рамазон бо ин се чиз фарз мегардад:
1)    Бо пурра гаштани моҳи Шаъбон, чуноне ки дар ҳадис омадааст:
«Рӯза бигиред бо диданаш (моҳтоб) ва ифтор кунед бо диданаш (моҳтоб) ва ҳаргоҳ ки пеши шуморо абрҳо гирифтанд пас моҳи Шаъбонро сӣ рӯз пурра кунед (ва рӯза бигиред)».
 Муттафақун алайҳи
2)    Бо дидани моҳтоби моҳи Рамазон, бо далили ҳадиси гузашта:
«Рӯза бигиред бо диданаш (моҳтоб)».
3)    Агар ҳаво абрнок бошад бо пурра кардани моҳи Шаъбон, бо далили ҳадиси ибни Умар чуноне ки мефармояд:
«Рӯза бигиред бо диданаш (моҳтоб) ва ифтор кунед бо диданаш (моҳтоб) ва ҳаргоҳ ки пеши шуморо абрҳо гирифтанд моҳро бо ҳисоб муқаддар намоед».
Баъзе олимон мегуянд: маънои "моҳро муқаддар намоед" яъне моҳи Шаъбонро бисту нуҳ рӯз ҳисоб кунеду рӯза гирифтани моҳи Рамазонро шуруъ намоед.
Ва баъзе олимон мегуянд, ки рӯза гирифтани ин рӯз, ки ба номи рӯзи шак машҳур аст, ҷоиз нест, бо далели сухани Аммор (р) ки мегуяд:
«Ҳар ки рӯзеро рӯза бигирад ки дар он шак дорад бе шубҳа Абулқосим (Паёмбар) (с)ро нофармони кардааст».
Абудовуд
Ин қавл саҳеҳ мебошад.
Ва ҳарки моҳро дид рӯза мегирад, агарчи дидани уро мардум қабул кунанд ё на ва агарчи мардум бо ӯ рӯза бигиранд ё на, чуноне ки дар ҳадиси Абуҳурайра омадааст:
«Рӯза бигиред бо диданаш (моҳтоб) ва ифтор кунед бо диданаш».
Ва баъзе олимон мегуянд, ки агар дидани ӯро дигарон қабул накунанду мардум бо ӯ рӯза нагиранд барои ӯ лозим нест, ки рӯза бигирад бо далели ин, ки дар ҳадиси Оиша (р.з) омадааст ки фармуд:
«Рӯза ҳамон рӯзе аст, ки мардум рӯза мегиранд ва ифтор (иди фитр) ҳамон рӯзе аст, ки мардум ифтор мекунанд».
Тирмизӣ
Ин қавл саҳеҳ мебошад.
Ва агар бинандаи моҳтоби моҳи Рамазон шахси одилу боваринок бошад, бояд мардум бо дидани ӯ рӯза доштанро шуруъ намоянд, чунки барои дидани моҳтоби моҳи Рамазон агар як кас шоҳиди бидиҳад шаҳодати ӯ қабул аст, чунонке ки ибни Умар мегуяд:
«Мардум мехостанд моҳтобро бубинанд ва ман онро дидам ва ба Паёмбар (с) хабар додам Паёмбар (с) рӯза гирифт ва мардумро амр кард ки рӯза бигиранд».
Абудовуд
Ва ифтор (ид) ҳам кунанд магар бо шаҳодати ду шахси одилу боваринок, чунки барои дидани моҳтоби моҳи Шаволро ду шоҳиди одилу боваринок лозим аст.
Чигунае ки дар ҳадиси Паёмбар (с) омадааст: «Агар ду кас шоҳиди доданд ки моҳтобро дидаанд рӯза бигиред ва ид бикунед».
Имом Аҳмад
Ва шахсе бо танҳои моҳтоби моҳи Шаволро бубинад барои ӯ ҷоиз нест, ки ид кунад.
Ва агар такя бо шаҳодати  ду кас мардум си рӯз рӯза бигиранд бояд баъди он ид кунанд.
Ва бо шаҳодати як нафар бошад ё ин ки бо сабаби абрнокии ҳаво моҳтобро дида натавонанд ид намекунанд то инки онро бубинанд ё ин, ки моҳро бо си рӯз пурра бисозанд.
Ва агар мардум бо дидани моҳтоб ё бо тамом шудани моҳи Шаъбон рӯза гирифтанд, сипас баъди бисту ҳашт рӯз моҳтобро диданд, барои онҳо лозим аст, ки як рӯз қазо бидоранд чунки моҳ аз бисту нуҳ рӯз кам намешавад ва аз ин корашон маълум мешавад, ки онҳо пеш аз ин ки рӯзагириро шуруъ намоянд алакай моҳ даромада будааст.
Агар шахсе аз шаҳре ё давлате ба дигар шаҳр ё давлате сафар кунад, ки мардуми онҷо моҳтобро дертар дида бошанд, барои ин шахс лозим аст ки рӯзаашро бо он мардум давом бидиҳад то ин ки назди он мардум даромадани моҳи Шавол собит шавад магар, ин ки агар ӯ рӯзаашро си рӯз пурра карда бошад дар ин сурат ид мекунад локин рӯзахурияшро пинҳон медорад то, ки сабаби фитна миёни мардум нагардад ё ӯро ба рӯзахури муттаҳам накунанд, аммо агар мардуми онҷое ки ба суяшон сафар кардааст, дар рӯзагирияшон аз ӯ пештар бошанд, ин шахс бояд бо онҳо ид кунад ва агар рӯзҳои рӯза гирифтааш аз бисту нуҳ рӯз кам бошад пас барояш лозим аст, ки баъди ид рӯзҳои камро қазо бидорад.
Агар асир ё зиндони моҳҳоро аз ҳамдигар фарқ карда натавонад, барояш лозим аст, ки моҳеро таҳарри (ихтиёр) кунаду онро рӯза бигирад, ва ҳамчунин барояш ҷоиз аст, ки тарафи қибла ва вақтҳои намозро низ бо иҷтиҳодаш ихтиёр кунад ва ибодатҳояшро ба ҷо биёрад.
Агар рӯзаи гирифтаи асир бо моҳи Рамазон мувофиқ биёяд ё на барояш ҷоиз аст, чунки агар рӯзааш бо моҳи рамазон мувофиқ биёяд пас ӯ рӯзаашро дар вақташ гирифтааст ва агар рӯзааш баъди рамазон мувофиқ биёяд пас барои ӯ қазои рӯзааш ҳисоб мешавад.
Аммо агар рӯзааш ба моҳҳои пеш аз моҳи рамазон мувофиқ биёяд пас ин рӯзаи ӯ соқит намешавад, чунки рӯза ибодате аст, ки вақти муҳадад дорад, адо намуданаш пеш аз даромадани вақташ ҷоиз нест, мисли намоз.
Ҳамчунин барои мардуми ҳар шаҳре ё давлате, ки набошад ҷоиз нест, ки бо такя ба дурбинҳои фалаки ё ҳисоби фалаки ё бо ҳисоби таърихи рӯза бигиранду ифтор кунанд, чунки чуноне дар ҳадиси собиқ омада буд
«Рӯза бигиред бо диданаш (моҳтоб) ва ифтор кунед бо диданаш».
Ва аз ҳама ба ҳақ наздиктар он аст, ки мардуми ҳар кишвар мувофиқи моҳтобро дидани худ рӯза бигиранду ифтор кунанд, ва агар роҳбарони кишвари мусулмони ё инки марказҳое, ки дар кишварҳои ғайри исломи мебошанд моҳтобро бинанд, мардуми он кишвар бояд бо дидани онҳо амал кунанд ва марказҳои исломии дар кишварҳои ғайри исломи бояд мувофики моҳтобро дидани кишварҳои аслияшон амал кунанд.
Ва лозим аст барои мардуми кишваре, ки дар он барои дидани моҳтоб амал намекунанд, ва инчунин марказҳои исломие, ки дар ин кишварҳо моҳтобро дида наметавонанд, бо моҳтоб дидани кишварҳои исломии ҳамсояе, ки тулуъу ғуруби моҳ ба кишварашон бо онон як аст, амал кунанд ва агар чунин кишвари исломие набошад, ки дар тулуъу ғуруби моҳтоби кишварашон бо он як набошад, пас бо моҳтоб дидани кишвари исломии ҳамсоя амал намоянд.
Ва ҷоиз аст барои мусулмонон, ки дар дидани моҳтоб ё даромадани моҳи Рамазон ё баромадани моҳи Рамазон бо радио ё телевезиёни расми эътимод намоянд.
 
Боби:  Ҳукми ифтор кунандагон дар моҳи Рамазон
Аввал: Беморе ки бо рӯза гирифтан беморияш зиёд мегардад, ва инчунин мусофире, ки намоз барои у қаср мегардад:
Барои ин ду гуруҳ мардум рӯзаро хурдан афзалтар аст ва махсус мусофире, ки рӯза гирифтан барояш машақат аст бо ин далил, ки Худованд мефармояд:
﴿وَمَن كَانَ مَرِيضًا أَوۡ عَلَىٰ سَفَرٖ فَعِدَّةٞ مِّنۡ أَيَّامٍ أُخَرَۗ ١٨٥﴾ [البقرة: ١٨٥]
“Пас ҳар касе, ки бемор буд ва ё дар сафар дар айёми дигарӣ рӯзаро адо намояд”.
Бақара 185
Вале уламои Ҳанафия муътақиданд, ки рухсати ифторе, ки дар ин ояти карима омадааст танҳо барои бемороне ҳаст, ки аз гирифтани рӯза ҳолашон вазнинтар мешавад ва бемориашон авҷ мегирад ва ё ба сабаби гирифтани рӯза муъолиҷаашон ба таъхир меафтад ва ҳам барои мусофире, ки бо рӯза доштан дар азобу машаққат гирифтор мешавад.
Ва дар ривояти Бухорӣ ва Муслим аз Ҷобир омадааст, ки «Паёмбар (с) дар сафар буд ва мардуми зиёдеро дид ки сари марде ҷамъ шудаанд, аз онҳо пурсид: чи шудааст ба ин? Гуфтанд: У рӯзадор аст, Паёмбар (с) гуфт: "Рӯза гирифтан дар сафар аз хуби нест».
Бухорӣ ва Муслим
Ва агарчи сафар машақат ҳам надошта бошад мисли инки бо ҳавопаймо ё мошини хуб ё ин ки дар фасли зимистон сафар кунад, мусофир метавонад рӯзаашро бихурад.
Ва инчунин касоне ки доимо дар сафар мебошанд мисли ронандаҳои такси ва поезд ва халабонҳо ва меҳмонпазирони васоили нақл ва дигарон ва ба монанди инҳо метавонанд рӯзаашонро бихуранд, чунки онҳо ҳукми мусофирро доранд ва ҳаргоҳ, ки ба назди аҳлашон баргаштанд рӯзҳои хурдагиашонро қазо медоранд, ва метавонанд қазоҳояшонро дар рӯзҳои зимистон, ки ҳам кутоҳ мебошанд ва ҳам ҳаво сард мебошад адо намоянд.
Ва ҳамчунин барои бемориҳои қанд ва гурда ва ба монанди инҳое, ки бояд аз доруҳо истифода намоянд ва агар истифода нанамоянд шояд маризияшон дучанд гардад ҷоиз аст, ки дар моҳи рамазон рӯзаҳояшонро бихуранд ва аз доруҳо истифода намоянд ва ба ҷои рӯзҳои хурдаги дар дигар рӯзҳое, ки тавонои доранд ба ҷои ҳар як рӯз як рӯзи рӯза мегиранд.
Ва нотавоне, ки дигар умеди шифои ӯ нест фидя бар ӯ лозим гардида барои ҳар рӯзи аз Рамазон фидя мепардозад ва  фидя онаст, ки баҷои ҳар як рӯз як мискинро таъом медиҳад.
Ва агар мусофир ё мариз бихоҳанд ки рӯза бигиранд ин ҳам барояшон ҷоиз аст чуноне, ки дар ҳадиси  Паёмбар (с) омадааст:
     «Агар бихоҳи рӯза бигир, ва агар бихоҳи бихур».
Бухорӣ ва Муслим
Дувум: Занҳои дар ҳолати ҳайз ва нифос буда:
Ин гуна занҳо рӯзаашонро мехуранд ва қазо медоранд.
Барои чунин занҳо фарз аст, ки рӯзаашонро бихуранд ва ба ҷои ҳар рӯзи хурдагиашон рӯза бигиранд.
Чуноне ки дар ҳадиси ҳазрати Оиша (р.з) омадааст, мегуяд:
«Агар касе аз мо дар замони Паёмбар (с) дар моҳи Рамазон ҳайз мешудем, амр мешудем, ки рӯзаҳоямонро қазо дорем ва намозҳоямонро қазо надорем».
Бухорӣ ва Муслим
Ва агар занҳои ҳайздида ва дар нифос, рӯза бигиранд ҷоиз нест.
Сеюм: Занҳои ҳомила ва ширдеҳ:
Фақеҳони Ислом иттифоқ доранд, ки зани ҳомила ва ширдеҳ агар аз саломатии худ ва кӯдакаш хавф баранд, онгоҳ ҷоиз аст, ки ифтор намоянд.
     Аз Ҳасани Басрӣ дар бораи ҳукми ҳомила ва ширдеҳ пурсида шуд, ӯ фармуд:
«Кадом беморӣ аз ҳамл шадидтар аст? Ифтор кунад ва баъд қазои онро адо намояд».
Ва агар ҳомила ва ширдеҳ рӯза бигиранд ҷоиз аст.
Чаҳорум: Нотавоне, ки дигар умеди шифо  дар ӯ нест ва ё шахси пире, ки тоқати рӯза гирифтанро надорад:
Барои чунин ашхос фидя лозим гардида барои ҳар рӯзи Рамазон фидя мепардозад, Худованд мефармояд:
﴿عَلَى ٱلَّذِينَ يُطِيقُونَهُۥ فِدۡيَةٞ طَعَامُ مِسۡكِينٖۖ فَمَن تَطَوَّعَ خَيۡرٗا فَهُوَ خَيۡرٞ لَّهُۥۚ وَأَن تَصُومُواْ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ١٨٤﴾ [البقرة: ١٨4،  ]
«Ва онон, ки тавоноии онро надоранд, ҳар рӯзро ба таом додани мискине бозхаранд. Ва ҳар кӣ ба рағбат дар он биафзояд, барояш беҳтар аст ва агар мехоҳед бидонед, беҳтар он аст, ки худ рӯза бидоред».
 Бақара: 184
Миқдори таоми воҷиб:
Таъом таёр мекунад ва мискинонро сари он даъват мекунад ва ё ин ки онро миёни мискинон тақсим мекунад
Дори Қутнӣ аз Анас ибни Молик (р) ривоят мекунад:
     «Ӯ соле дучори заъф шуд, он гуна, ки натавонист рӯза бигирад, пас табақе аз сарид (ғизое аст, ки аз гӯшт пухта мешавад) пухт ва сӣ мискинро даъват карда онҳоро ғизо дод».
Миқдори фидя низ ба андозаи ҳамон садақаи фитр аст, ки аз таъом, ғала ва ё қимати он пардохта мешавад.
Агар шахси бемор беҳбуд гардад қазои рӯза бар ӯ воҷиб аст ва Худованд барои фидяи пардохтааш савоб насибаш мекунад.
Ончи, ки дар мавриди каффораи рӯза омадааст, ин аст, ки шахси рӯзадор қасдан рӯзаи худро фосид намояд, монанди ин ки ҷимоъ кунад. (назди Имом Абуҳанифа (раҳ) аз сабаби хурдан ва нӯшидан низ каффора лозим мегардад, аммо назди бештари уламо каффора танҳо ба сабаби ҷимоъ кардан аст ва барои хурдану нӯшидан қазо лозим мегардаду бас.
Аз Абуҳурайра (р.з) ривоят аст, ки гуфт:
«Дар назди Паёмбари Худо (с) нишаста будем, он гоҳ шахсе назди ӯ (с) омад ва гуфт:
Эй Паёмбари Худо (с) ҳалок шудам.
Паёмбари Худо (с) фармуд: «чи шуд туро»?
Гуфт: дар ҳоле, ки рӯзадор будам бо ҳамсарам ҳамхоба шудам.
Паёмбари Худо (с) фармуд: «Оё метавонӣ як ғуломеро озод кунӣ»?
Гуфт: не.
Паёмбари Худо (с) фармуд: «Оё метавонӣ ду моҳро паёпай рӯза бидорӣ»?
Гуфт: не.
Паёмбари Худо (с) гуфт: «Оё шаст мискинро таом дода метавонӣ»?
Гуфт: не.
Абуҳурайра мегӯяд: Он мард дар назди Паёмбари Худо (с) нишаст ва мо ҳам дар ҳамин ҳолу гуфтугӯ будем, ки барои Паёмбари Худо (с) як сабади калоне аз хурмо оварда шуд.
Паёмбари Худо (с) пурсид: «Он марде, ки мепурсид куҷо шуд»?
Он шахс гуфт: Манам. (Ман ҳаминҷоям)
Паёмбари Худо (с) фармуд: «ин хурмоҳоро бигир ва садақа кун»
Он мард ба Паёмбари Худо (с) гуфт: эй фиристодаи Худо (с) Оё ба шахси фақиртаре аз худам? Савганд ба Худо, ки байни ду сангзори Мадина (ки яке дар шарқи Мадина ва дигаре дар ғарби он аст) хонаводае аз хонаводаи худам фақиртар нест.
Паёмбари Худо (с) он чунон хандид, ки дандонҳои курсияшон намоён шуд, ва фармуд: «Онро ба хонаводаи худат бидеҳ».
Мувофиқи қавли роҷеҳ агар инсон дар Рамазон чанд боре ҳам ҳамхобаги кунад барояш як кафора воҷиб мегардад.
Уламо баъзе аз масоили мутаъалиқ ба ин ҳадисро чунин баён кардаанд:
1- Агар касе дар рӯзи моҳи Рамазон қасдан бо ҳамсараш ҳамхобагӣ мекунад, бар ӯ каффора лозим мешавад.
2- Назди мазҳаби ҳанафӣ агар он зан низ ба ризояти худ ҳамхобагӣ карда бошад бар ӯ низ каффора лозим мешавад.
3- Каффораи рӯза ба тартиби яке аз ин се чиз аст:
- Озод кардани як ғулом
- Рӯза гирифтани ду моҳ пай дар пай
- Таом додани 60 мискин.
4- Ду моҳро пай дар пай рӯза гирифтан шарт аст, бинобар ин агар касе пеш аз пурра кардани ду моҳ як рӯзи рӯзаро бихурад, бояд онро дубора бигирад.
5- Миқдори таъом додан назди ҳанафӣ 30 соъ, яъне ним соъ барои ҳар як мискин аст.
Мусофир ва зани ҳайздида ва ба монанди инҳо ки рӯзаҳояшонро ба хотири узрҳояшон хурдаанд, агар дар нисфирӯзи зани ҳайздида аз ҳайзаш пок шавад ва ё мусофир дар нисфирӯзи ба ватанаш бирасад ва дар ин мудати рӯз ҳамхоба шаванд барояшон кафора лозим мегардад.
Аммо гуруҳи дигаре аз олимон мегуянд ки модоме ки барояшон аз авали рӯз ба хотири узрҳояшон рӯза хурдан иҷозат буд, онҳо рӯзадор ҳисоб намешаванд, ки барояшон кафора лозим шавад балки мисли шахси рӯзахур метавонанд ҳар коре, ки барои рӯзахур ҷоиз аст анҷом бидиҳанд.


Шиканандаҳои рӯза
Мутобиқ ба Қуръону Суннат донишмандон аъмоли шиканандаи рӯзаро муайян кардаанд. Агар рӯзадоре аз дамидани субҳи содиқ то ғуруби офтоб яке аз онро анҷом бидиҳад, рӯзааш фосид мешавад. Бо содир кардани баъзеи ин аъмол қазо кардан ва каффорати гуноҳ воҷиб мегардад.
Масалан, агар рӯзадоре қасдан чизе бихӯрад, биошомад ё ҷимоъ (алоқаи ҷинсӣ) анҷом диҳад, ҳам қазо ва ҳам каффора бар ӯ воҷиб мегардад.
Дигар корҳое, ки рӯзаро фосид мекунанд, чунинанд:
Бӯса кардану ламс намудане, ки боиси баромадани оби манӣ шавад; сангрезаву чизе ки хӯрданӣ нест ё фурӯ бурдани донаи себ; чакондани даво бар гӯшу бинӣ ё димоғ; қай кардан бо пурии даҳон.
Дохил кардан (шудан)-и чизе ба бадан, қасдан. Фарқ надорад, ки он чиз ба бадан ғизо мешавад, ё не, масалан, кашидани сигор, агарчӣ дуди сигор ба бадан ғизо нашавад ҳам рӯзаро ботил мекунад. Зеро Ибни Аббос (р.з) фармудааст:
«Ба ростӣ, рӯза ба чизе ботил мешавад, ки дохил шавад (ба бадан), на берун ояд».
Агар шахсе ҳангоми таҳорат кардан обро дар даҳон гирифта тавре ғарғара намояд, ки об ба шикамаш равад, рӯзааш ботил мегардад.
 Чунки Паёмбар (с) фармудаанд:
«Ғайр аз рӯзадорӣ дар дигар вақт ҳангоми ғарғара намудан муболиға кунед».
Вақте нафаре ҳангоми ғарғара намудан об ба ҳалқаш рафт, донад, ки рӯзааш ботил шуд. То бегоҳ ҳамчун рӯзадор боқӣ мемонад ва баъди Ид лозим меояд, ки як рӯз рӯзаи қазои бигирад.
Дохил шудани магасу пашша ё хомӯшак ба ҳалқ, дохил шудани гарду ғубор, монанди гарди орд дар ҳоли ғирбол кардан, ё дуди бахур (хушбӯи, мисли испанд), гарду ғубори роҳ рӯзаро ботил намекунад.
Аммо чанд чиз аст, ки ҳангоми аз бадан хориҷ шудани онҳо рӯза ботил мешавад.
Хуни ҳайз, нифос (баъди таваллуд), қасдан қай кардан, истимно (ба зурӣ маниро хориҷ намудан) аз ҷумлаи ботилкунандаи рӯза мебошанд.
Ҳамчунин муртад шудану аз дини ислом баргаштан рӯзаро ботил мекунад.
 Зеро Худованд дар сураи "Бақара", ояти 217 фармудааст:
﴿وَمَن يَرۡتَدِدۡ مِنكُمۡ عَن دِينِهِۦ فَيَمُتۡ وَهُوَ كَافِرٞ فَأُوْلَٰٓئِكَ حَبِطَتۡ أَعۡمَٰلُهُمۡ فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِۖ ٢١٧﴾ [البقرة: ٢١٧] 
“Ҳар кас аз шумоён (агар) аз дини ислом баргардад, пайванди диниашро канда кунаду ба кофирӣ бимирад, тамоми аъмолу кирдораш дар дунёву охират ботил мешавад”.
Бақара 217

Боз дар ҷои дигар таъкид шудааст:
﴿لَئِنۡ أَشۡرَكۡتَ لَيَحۡبَطَنَّ عَمَلُكَ ٦٥﴾ [الزمر: ٦٥]
«Агар ба Худованд ширк биварзӣ, тамоми аъмолат ботил мегардад».
 Зумар 65
Яке аз ботил кунандаҳои рӯза тамоми рӯз беҳуш шудан мебошад. Агар нафаре тамоми рӯз беҳуш шуда як лаҳза ҳам ба ҳуш наояд, рӯзааш ботил мешавад. Агар рӯзона ба ҳуш омад, рӯзааш саҳеҳ аст.
Рӯзадорро лозим аст, ки ба хотири дарёфти ризои Худованд аз аъмоле, ки рӯзаро ботил мекунад, худдорӣ намояд.
Ҳукми хӯрдан ё нӯшидани шахси рӯзадор аз рӯи фаромӯшӣ
- Дар саҳеҳайн ба нақл аз Абу Ҳурайра ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) фармудааст:
“Ҳар шахси рӯзадоре, ки аз рӯи фаромӯшӣ чизе бихӯрад ва ё бинӯшад, рӯзаи худро тамом бикунад. Зеро дар воқеъ Худованд ба ӯ таъом ё шароб додааст”.
Бухорӣ ва Муслим
“Ин рӯзие аст, ки Худованд ба ӯ арзонӣ фармуда ва қазои рӯза бар ӯ воҷиб нест”.
 Бухорӣ ва Муслим
“Ҳар касе дар моҳи Рамазон аз рӯи фаромӯшӣ ифтор намояд, қазо ва каффора (таъомдиҳӣ) бар ӯ воҷиб нест”.
 Бухорӣ ва Муслим
«Худованд хато ва фаромӯшӣ ва изтиробро бар уммати ман бахшидааст».
Бухорӣ ва Муслим
«Парвардигорро! Агар фаромӯш кардем ё ба хато рафтем, бар мо магир».
 Бақара, 286
Бинобар ин, шахси рӯзадоре, ки аз рӯи фаромӯшӣ бихӯрад ё бинӯшад, бояд боқии рӯзаро бигирад ва рӯзаашро ба итмом бирасонад ва шикастани рӯза барои ӯ он рӯз ҷоиз намебошад.
Рӯзаҳои нафли
Беҳтарини рӯза, рӯзаи Довуд (а) аст, як рӯз рӯза мегирифт ва як рӯз мехурд.
Беҳтарини рӯза, баъди Рамазон рӯзаи моҳи моҳи Муҳарам мебошад.
Ягон рӯзҳое нест ки амали солеҳ дар он ба монанди амали солеҳ дар даҳ рӯзи аввали моҳи Зулҳиҷҷа дар назди Худованд маҳбубтар бошад.
Ҳарки Рамазонро рӯза бигирад ва баъд аз он шаш рӯзи моҳи Шаволро рӯза бигирад гуё ки тамоми он солро рӯза гирифтааст.
Рӯза гирифтани рӯзи Ошуро гуноҳи яксоларо маҳв месозад.
Рӯза гирифтани рӯзи Арафа гуноҳи дусоларо маҳв месозад, ва мустаҳаб нест барои касе ки дар он рӯз агар дар Арафа қарор дошта бошад (ҳоҷи) рӯза бигирад.
Рӯза гирифтани рӯзҳои сафед мустаҳаб аст, ва рӯзҳои сафед рӯзҳои сездаҳум ва чаҳордаҳум ва понздаҳуми моҳ мебошад, ва ба хотири он рӯзҳои сафедашон меноманд ки шабҳои ин рӯзҳо ба хотири пурагии  моҳтоб равшан мебошанд.
Ва рӯза гирифтани рӯзи Душанбе ва Панҷшанбе мустаҳаб аст.
Аммо дар рӯзҳои иди Фитр ва иди Қурбон рӯза гирифтан ҷоиз нест чунки Паёмбар (с) рӯза гирифтан дар ин рӯзҳоро манъ кардааст.
Ин чунин Паёмбар (с) аз рӯза гирифтани рӯзҳои Ташриқро низ манъ намудааст магар барои ҳоҷии мутаматиъ агар қурбони надошта бошад барояш ҷоиз аст ки дар ин рӯзҳо рӯза бигирад.

Китоби рӯза

Бор кунед

Дар бораи китоб

Муаллиф :

www.islamhouse.com

Publisher :

www.islamland.com

Категория :

Transactions & Worship