Аҳкоми садақаи фитр

Ин рисолаи мухтасар дар баёни аҳкоми закоти фитр (садақаи фитр, фитри рӯза) тадвин гашта, ки аз фатово ва ақволи донишварон ҷамъоварӣ шудааст, то раҳнамову посухе барои пурсишҳои хонандагон бошад.

اسم الكتاب: أحكام صدقة الفطر


تأليف: محمد عزيز رجبي

نبذة مختصرة: كتيب باللغة الطاجيكية عن أحكام زكاة الفطر، وقد جمعه المؤلف من رسائل وفتاوى العلماء الكبار.


Аҳкоми садақаи фитр
[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]

Таҳияи: Муҳаммадазиз Раҷабӣ




2014 - 1435


 

أحكام صدقة الفطر
«باللغة الطاجيكية»




إعداد وتأليف: محمد عزيز رجب














2014 - 1435
 

 
Аҳкоми садақаи фитр
Бисмиллоҳи ва-л-ҳамду лиллоҳи ва-с-салоту ва-с-салому ъало Расулиллоҳи ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи ва ман волоҳ.
 
Аммо баъд:
 
Ин рисолаи мухтасар дар баёни аҳкоми закоти фитр (садақаи фитр, фитри рӯза) тадвин гашта, ки аз фатово ва ақволи донишварон ҷамъоварӣ намудаам, то раҳнамову посухе барои пурсишҳои бародарон бошад. Дар бобгузориву тартиби ин рисола аз рисолаву китобҳои аҳли илм истифода шуд ва дар ин миёна, банда коре ҷуз ҷамъовариву тарҷума накардаам. Ва аз Аллоҳ таъоло талабгорам, ки ин рисоларо нофеъ ва мақбул гардонад ва бароямон ихлосу пайравии Паёмбарро дар ҳар қавлу кирдоре рӯзӣ намояд!
 
Ин рисоларо
“منة الرحمن في تقريب مسائل صدقة الفطر من رمضان”
«Миннатур-Раҳмон дар тақриби масоили садақаи фитри Рамазон»
ном ниҳодам:
 


Закоти фитр ва ҳукми он
 
Закот дар луғати араб ба маънои зиёдат ва нашъу намо ва салоҳу некӯӣ ва сафову покизагӣ ояд ва он чизест, ки аз амволи худ барои покиза намуданаш ихроҷ кунанд.
Ва аз маъонии фитр шикофу рахна ва тарк аст, ки дар мавриди рӯза низ ба ҳамин маъност. Ифтор кардани рӯзадор, яъне кушодани даҳонаш ва фориғ шудан аз рузадорӣ. Барои иттилоъи бештар бинигаред ба «Лисону-л-ъараб» ва маъоҷими арабии дигар.
 
Ва изофа кардани «закот» ба «фитр» бад-ин аст, ки воҷиб гаштани он ба сабаби фориғ шудан аз рӯзадорӣ бувад…
 
Ва закоти фитр дар истилоҳи шаръӣ, садақаест ба сабаби итмом расондани рӯзаи Рамазон, яъне фитри он воҷиб гардад.
 
Ҷумҳури фуқаҳо закоти фитрро бар ҳар мусалмоне воҷиб медонанд. Ва далели вуҷуб ин ривояти Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) аст:
فَرَضَ رَسُولُ اللَّهِ صلى الله عليه وسلم زَكَاةَ الْفِطْرِ صَاعًا مِنْ تَمْرٍ أَوْ صَاعًا مِنْ شَعِيرٍ عَلَى الْعَبْدِ وَالْحُرِّ وَالذَّكَرِ وَالأُنْثَى وَالصَّغِيرِ وَالْكَبِيرِ مِنَ الْمُسْلِمِينَ وَأَمَرَ بِهَا أَنْ تُؤَدَّى قَبْلَ خُرُوجِ النَّاسِ إِلَى الصَّلاَةِ
“Паёмбар (дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) закоти фитри (Рамазонро) бар мардум фарз гардонид, як паймона аз хурмо ё ки як паймона аз ҷав барои ҳар мусалмони озоду барда, марду зан, хурдсолу бузург. Ва фармуд то он қабл аз баромадани мардум ба сӯи намози ид пардохта шавад”. (Бухорӣ; 1503, Муслим; 984).
Ва дар ин аҳодис أَمَرَ بِهَا– “ба он амр кард” омадааст ва амр инҷо далолат бар вуҷуб кунад. Барои иттилоъи бештар бинигаред ба «Мавсуъаи фиқҳии кувайтӣ», боби закоти фитр.
 
Ва имом Абу-Бакр Ибни Мунзир иҷмоъро дар мавриди фарз будани закоти фитр дар китоби “Иҷмоъ” ва китоби “Иқноъ”¬-аш нақл кардааст ва ҳамчунин Имом Байҳақӣ дар “Сунани кубро” гуфта:
وَقَدْ أَجْمَعَ أَهْلُ الْعِلْمِ عَلَى وُجُوبِ زَكَاةِ الْفِطْرِ
“Ба дурустӣ, донишмандони исломӣ бар вуҷуби закоти фитр иҷмоъ доранд”.
 


Закоти фитр бар кӣ ва бо чӣ шартҳое воҷиб мегардад?
 
Закоти фитр бар ҳар мусалмони озоде воҷиб аст, ки қут ва хӯрокаи беш аз як шабонарӯзии худ ва хонаводаашро дошта бошад.
Ва бар шахс воҷиб аст, ки закоти фитри худро ва касонеро бипардозад, ки нафақаи онҳо бар ӯҳдаи  ӯст, монанди ҳамсар ва фарзандон ва хидматгоронаш, агар мусалмон бошанд.
 
Аз Абдуллоҳ ибни Умар ривоят аст:
“Паёмбар ба додани закоти фитр аз кӯчаку бузург ва озоду барда ва касоне ки нафақаи онҳо бар ӯҳдаи шумо ҳаст, амр фармуда аст”. (Ал-Ирво; 835, саҳеҳ ҳаст).
 
Ва мустаҳаб (б) аст, ки закоти фитрро аз баҳри ҷанин низ адо намоянд, модоме ки дар он ҷанин рӯҳ дамида шуда бошад, зеро ки пешиниёни накӯкор низ закоти фитрро аз барои ҷанин низ мепардохтанд, ҳамчунонки аз Усмон (разияллоҳу анҳу) ва ғайра собит шудааст.
 
Пас закоти фитр бо ду шарт воҷиб мегардад:
Мусалмон будан, пас, бар кофир воҷиб нест.
Вуҷуди ончи, ки аз хӯрок ва қути якшабонарӯзии худ ва хонаводааш бештар бошад.
 
Ва барои вуҷуби закоти фитр нисоб шарт нест ва ин мазҳаби ҷумҳур аст ва Имом Абу-Ҳанифа нисобро шарт медонад.
 
Имом Валиюллоҳи Деҳлавӣ дар шарҳи «Муватта»-и Молик гуфта:
و فيه: لا يشترط لها النصاب بل هي فريضة على الغني والفقير…
“Ва дар ин ҳадис далел аст, ки: Барои садақаи фитр нисоб шарт нест, балки он фаризаест бар дорову фақир ва Имом Шофеъӣ бар ин аст ва Имом Абу-Ҳанифа гуфтаааст: Воҷиб намегардад магар бар касе ки нисобро дошта бошад…”. (Мусавво шарҳи Муватта, 1/277).
 
Аллома Сиддиқ Ҳасанхон дар «Равзату-н-надия» гӯяд:
والظاهر : أن من وجد ما يكفيه ومن يعول ليوم الفطر ، ووجد صاعاً زائداً على ذلك أخرجه . اهـ
“Ва зоҳир ин аст, ки: Ҳар касе барои рӯзи ид қуту ғизои худ ва хонадонашро дошта бошад ва миқдори як паймона зиёда аз онро пайдо кунад, закоти витрро мепардозад”. («Равзату-н-надийя», 1/218).
Ҳикмат аз машрӯъияти закоти фитр
 
Шариъати Аллоҳ таъоло барои бандагонаш саросар ҳикмат ва лутфу раҳмат аст, вале аксари офаридагон аз дарку қабули он ғофиланд.
Ва чанде аз ҳикматҳои ин садақаи фитр дар ҳадиси набавӣ зикр гаштааст.
Имом АбуДовуд аз Ибни Аббос ривоят карда ки гуфт:
فَرَضَ رَسُولُ اللَّهِ صلى الله عليه وسلم زَكَاةَ الْفِطْرِ طُهْرَةً لِلصَّائِمِ مِنَ اللَّغْوِ وَالرَّفَثِ، وَطُعْمَةً لِلْمَسَاكِينِ. مَنْ أَدَّاهَا قَبْلَ الصَّلاَةِ فَهِىَ زَكَاةٌ مَقْبُولَةٌ، وَمَنْ أَدَّاهَا بَعْدَ الصَّلاَةِ فَهِىَ صَدَقَةٌ مِنَ الصَّدَقَاتِ
“Паёмбар закоти фитрро ба унвони поксозандаи рӯзадор аз суханони беҳуда ва дашному фаҳшо ва ба унвони ризқу хурока барои мискинон воҷиб гардонид. Пас ҳар касе ки онро қабл аз намози ид пардохт кунад, он закоти мақбул аст ва ҳар касе ки онро баъд аз намози ид бипардозад, садақае ҳамчун дигар садақот ҳаст (ва закоти фитр ҳисобида намешавад)”.
 
Пас, аз ҷумлаи ҳикматҳои ин садақа инҳост:
1.    Пок сохтани рӯзадор аз он кӯтоҳӣ, ки дар давоми Рамазон аз ӯ сар задааст, аз қабили суханҳои лағву беҳуда ва дашному бадзабонӣ.
2.    Бениёз кардани мискинон ва фуқаро аз талабидан ва дарюза аз мардум ва шоду масрур кардани эшон дар рӯзи ид, то ки рӯзи ид рӯзи шодиву сурур барои ҳама мардум бошад.
3.    Ва дар ин садақаи фитр ба сабаби итмоми рӯза ва қиёми моҳи муборак ва дигар аъмоли солеҳа изҳори шукри неъматҳои Парвардигор аст. Барои иттилоъи бештар бинигаред ба «Фиқҳи осон дар партави Қуръон ва Суннат».
 
 
Закоти фитр кай ва ба чӣ сабаб воҷиб мешавад ва фоидаи ин масъала дар чист?
 
Закоти фитр баъди ғуруби офтоб аз охирин рӯзи Рамазон воҷиб мегардад ва сабаби вуҷуби он низ ҳамин фитр, яъне анҷом пазируфтани Рамазон аст.
Гуфтанист, ки аҳноф вақти вуҷуби онро тулӯъи фаҷри рӯзи ид медонанд.
 
Ва фоидаи маърифати ин масъала дар он аст, ки агар ин вақт (ва ин сабаб) бар мусалмоне воқеъ шавад, пас закоти фитр бар ӯ воҷиб мегардад.
 
Масалан: Агар шахсе баъди ғуруби хуршеди рӯзи охири Рамазон вафот карда бошад, пас закоти фитр бар ӯ воҷиб аст, зеро ки дар вақти вуҷуб дар қайди ҳаёт буда.
Ва агар тифле баъди ғуруби хуршеди охири Рамазон ба дунё омада бошад, пас закоти фитр барои ӯ воҷиб нест, зеро ки дар вақти вуҷуб дар батни модари хеш ҷанин буда.
Ва ҳар касе ки баъди ғуруби хуршеди охири Рамазон мусалмон шуда бошад, пас закоти фитр бар ӯ воҷиб намешавад, зеро ки дар вақти вуҷуб аҳли ин ибодат набуда.
Ва тафсилоти ин мавзуъро дар кутуби фиқҳ муроҷаъа фармоед, минҷумла, «Мавсӯъаи фиқҳии кувайтӣ».
 
 
Замони пардохти закоти фитр
 
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст:
وَأَمَرَ بِهَا أَنْ تُؤَدَّى قَبْلَ خُرُوجِ النَّاسِ إِلَى الصَّلاَةِ
“Паёмбар дастур дод, то закоти фитр қабл аз хуруҷи мардум ба намози ид пардохта шавад”. (Муттафақун алайҳ ва низ «Сунан»-и Тирмизӣ).
 
Пас беҳтарин вақт барои пардохти закоти фитр ин субҳи рузи ид, қабл аз намози ид аст.
Имом ибни Дақиқи Ид гӯяд:
“Ва суннат дар адои садақаи фитр он аст, ки қабл аз баромадан ба намоз адо карда шавад, то ки бениёз сохтани фақир ҳосил гардад ва дар ҳоли ибодат хотири ӯ аз талабидану дархост аз мардум осуда бошад”. (Шарҳи «Умдату-л-аҳком» 1/387).
 
Ва ҷоиз аст, ки онро як ё ду рӯз қабл аз ид ба касе пардохта шавад, ки онро ҷамъоварӣ мекунад.
Аз Нофеъ ривоят аст, ки гуфта:
وَكَانَ ابْنُ عُمَرَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا “يُعْطِيهَا الَّذِينَ يَقْبَلُونَهَا، وَكَانُوا يُعْطُونَ قَبْلَ الفِطْرِ بِيَوْمٍ أَوْ يَوْمَيْنِ”
“Ва Ибни Умар закоти фитрро ба касоне ки онро қабул (ҷамъ) мекарданд медод ва закот ба онон як ё ду рӯз қабл аз ид супурда мешуд”. (Бухорӣ 1511).
 
Ва дар «Муватта»-и Имом Молик омадааст, ки Нофеъ гуфт:
أَنَّ عَبْدَ اللَّهِ بْنَ عُمَرَ كَانَ يَبْعَثُ بِزَكَاةِ الْفِطْرِ إِلَى الَّذِى تُجْمَعُ عِنْدَهُ قَبْلَ الْفِطْرِ بِيَوْمَيْنِ أَوْ ثَلاَثَةٍ.
“Ибни Умар закоти фитрро ду рӯз, ё се рӯз қабл аз ид ба касе мефиристод, ки закоти фитр дар наздаш ҷамъоварӣ мешуд”.
 
Ва ҳамчунин ҳадиси Абу-Ҳурайра дар Бухорӣ ҳаст, ки Абу-Ҳурайра шайтонро се шаб аз дуздидани хурмои садақаи фитр медорад.., ба ин далолат мекунад, ки закоти фитр, ду, ё се рӯз қабл аз ид ҷамъоварӣ мешудааст. (ниг. «Фатҳу-л-Борӣ» шарҳи Бухорӣ).
 
 
Ҳукми шитоб кардан дар адои закоти фитр.
 
Шитоб варзидан дар пардохти садақаи фитр ҷоиз нест ва ҳадисҳое ки дар ин боб омадааанд, далолат бар ҳамин мекунанд. Ва сабаби адои ин садақа ба поён расидани Рамазон ва фитр мебошад. Ва низ аз мақосиди закоти фитр дар рӯзи ид бениёз сохтани фақирон аст. Пас агар закоти фитри худро қабл аз рӯзи ид пардохт намояд, хилофи суннат ва хилофи ҳадафи ин садақа амал кардааст.
(ниг. «Ал-Муғнӣ»-и Ибни Қудома; 3/89).
 
Ҳукми таъхир дар пардохти закоти фитр
 
Таъхир кардан дар адои закоти фитр ҷоиз нест ва шахсе ки дар адои закоти фитр бе узри шаръӣ таъхир мекунад ва онро аз рӯзи ид ба таъхир меандозад гунаҳкору осӣ мебошад.
 
Чунонки дар ҳадиси Ибни Аббос омадааст:
مَنْ أَدَّاهَا قَبْلَ الصَّلاَةِ فَهِىَ زَكَاةٌ مَقْبُولَةٌ، وَمَنْ أَدَّاهَا بَعْدَ الصَّلاَةِ فَهِىَ صَدَقَةٌ مِنَ الصَّدَقَاتِ
“… Ҳар касе ки онро қабл аз намози ид пардохт кунад, он закоти мақбул аст ва ҳар касе ки онро баъд аз намози ид пардохт кунад, садақае ҳамчун дигар садақот ҳаст (ва закоти фитр ҳисобида намешавад)”.
 
Ва закоти фитр аз ҷумлаи ибодатҳост ва вақти муъайяни худро дорад, ки бояд дар он вақт адо карда шавад ва таъхир андохтани он аз вақти муъайяншуда ҳаром аст, магар ин ки узре вуҷуд дошта бошад.
Ва ин закот аз уҳдаи инсон соқит намешавад, агарчанде ки вақташ гузашта бошад, зеро ки он ҳаққи воҷиби фақирон аст ва соқит намешавад, магар бо адо кардани он.
Аммо ҳаққи Аллоҳ таъоло дар мавриди таъхир аз вақташ, соқит намешавад, магар бо тавбаву истиғфор.
 
Имом Ибни Ҳазм гуфтааст:
“Ҳар касе ки то баромадани вақташ онро (яъне ин садақаро) адо накард, пас бар зиммаи ӯ ва моли ӯ воҷиб мегардад, то ба мустаҳиққаш бирасонад. Он қарзест ва ҳаққе аз ҳуқуқи мискинон. Воҷиб аст, ки он садақаро аз моли худ пардохт кунад. Боздоштани он дар моли худ барояш ҳаром аст. То абад бар ӯ воҷиб мегардад, ки адояш намояд. Ва Аллоҳ таъоло тавфиқдиҳанда аст! Ва бо адо кардани ин садақа ҳаққи мардум ба ҷой оварда мешавад, вале ҳаққи Худованд дар таъхир карданаш боқӣ мемонад ва роҳе ҷуз тавбаву надомат надорад”. (Муҳалло 4/266).
(ниг. «Мавсуъаи фиқҳи исломӣ», Шайх Тувайҷирӣ ва «Муғни-л-муҳтоҷ»-и Хатиби Шарбинии Шофеъӣ ва «Найлу-л-Автор»-и Шавконӣ ва «Равзату-н-Надийя»-и Сиддиқ Ҳасанхон).
 
Закоти фитр аз кадом анвоъи таъом дода мешавад?
 
Аиммаи мазоҳиби сегона Имом Молик, Шофеъӣ ва Аҳмад ва ҷумҳури уламои уммат иттифоқ доранд, ки закоти фитр ба миқдори як паймона (соъ) аст, аз хурмо, ё ҷав, ё мавиз, ё қурут, ё гандум, ё ҳар ғизои маъруфи мардуми шаҳр. Танҳо мазҳаби аҳноф дар мавриди гандум ва мавиз ихтилоф дорад, ки миқдори онро ним паймона (соъ) медонанд. (Миқдори паймона (соъ)-ро дар поён шарҳ хоҳем дод).
 
Ва асл дар ин боб, ҳадиси Абу-Саъиди Худрӣ ҳаст:
كنّا نخرج زكاة الفطر إذ كان فينا رسول اللّه صلى الله عليه وسلم صاعًا من طعامٍ ، أو صاعًا من تمرٍ ، أو صاعًا من شعيرٍ ، أو صاعًا من زبيبٍ ، أو صاعًا من أقطٍ
“Мо дар замони Расулуллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) як паймона (соъ) аз таъом (инҷо мақсуд гандум аст), ё ҷав, ё ки хурмо, ё мавиз, ё ки қурутро барои закоти фитр медодем”. («Муватта»-и Имом Молик).
 
Имом Ибни Қаййим (раҳимаҳуллоҳ) гуфтааст:
“Ин чанд маврид аз донагиҳо (гандум, ҷав, хурмо…) ки дар ҳадисҳо зикр шудаст, баёнгари он аст, ки дар замони Паёмбар дар Мадина ғизои ғолиби мардум ҳамин чизҳо будааст. Ва агар дар ҷойе, ё замоне ғизои ғолиби мардум чизи дигаре бошад, пас закоти фитрро бояд аз ҳамон ғизо пардохт кунанд, агарчӣ ғизояшон ғайр аз донагиҳо бошад, мисли шир, гӯшт ва моҳӣ… Ва ин қавли ҷумҳури уламо ва қавли арҷаҳ ҳаст ва мақсуд аз пардохти закоти фитр дар таъоми рӯзи ид ин яксонӣ ва монандӣ бо мискинон аст, яъне ғизои мискин ҳам дар он рӯз ҳаммонанди бақияи мардум бошад”. («Иълому-л-муваққиъин» 3/12).
 
Қавли роҷеҳ, чӣ тавре ки Ибни Қаййим низ гуфта, ин аст, ки пойбанд будан ба асноф ва анвоъи мазкур дар ҳадис ҳатмӣ нест ва дурусту ҷоиз аст, ки дигар ғизоҳоро бар онҳо қиёс кунанд, мисли орд ва ҷуворимакка ва биринҷ ва лубиё ва нахӯд ва ғайра, аз ин қабил ки дар ҳадис зикр нашудааст.
 
Имом Шавконӣ дар таърифи закоти фитр мегӯяд:
هي صاع من القوت المعتاد عن كل فرد
“Он як паймона (соъ) мебошад аз ғизои муътод (маъруфу маъмул) барои ҳар фард”. («Дурару-л-баҳийя фи-л-масоили-л-фиқҳийя», с.20).
 
Шайх Атийя Солим гуфтааст:
“Бо назардошти маънои омми моҳияти закоти фитр, аз гуфтаҳои Паёмбар (таъоми мискинон ва поксозии рӯзадор) ва (бо садақаи хеш мискинонро аз суолу талаби мардум бениёз созед), дарёфтем, ки ишорае ҳаст ба ҷоиз будани пардохти он аз ҳар чизе ки таъоми фуқаро бошад ва ин садақаро ба чизе маҳдуд ва ё ба навъе муқайяд намесозем. (Татиммаи Азвоъу-л-баён 1/489).
 
Ва аллома Ибн Усаймин гӯяд:
فتخصيص هذه الأنواع ليس مقصوداً بعينها، ولكن لأنها كانت طعامهم ذلك الوقت
“Ва мақсуд тахсиси ин анвоъ аз таъомҳо айнан нест, балки ба хотири ин зикр шудааст, ки таъоми маъмули онҳо дар он вақт ҳамин буда”.
 
Ҳамчунин гӯяд:
“Ҷоиз аст, ки закоти фитрро аз биринҷ пардохт кунанд, ҳол онки дар ҳадис зикр нашуда. Балки дар замони мо, ба назари ман, биринҷ аз дигараш беҳтар аст, зеро дар назди мардум камхарҷтар ва маҳбубтару мақбултар аст. Вале ҳолатҳо ҳар гуна мешаванд, шояд дар бодия хурмо маҳбубтар бошад, пас инсон закоти фитри худро аз хурмо пардозад ва дар ҷойи дигаре мавиз маҳбубтар аст ва ҳамчунин қурут ва ғайраҳо. Пас, дар ҳар қавме беҳтар он чизест, ки муфидтар бошад. Ва Аллоҳ тавфиқдиҳанда аст!”. (Маҷмуъи фатово ва расоили шайх Ибни Усаймин, ҷ. 18).
 
Ва дар ҷойи дигар гуфта, ки:
إخراج الشعير في زكاة الفطر غير مجزىء فيما يظهر، وهذا في قوم ليس الشعير قوتاً لهم؛ لأن من حكمة إيجاب زكاة الفطر أنها طعمة للمساكين، وهذه لا تتحقق إلا حين تكون قوتاً للناس…
بدليل ما رواه البخاري في باب الصدقة قبل العيد، عن أبي سعيد الخدري ـ رضي الله عنه ـ قال: «كنا نخرج في عهد رسول الله صلى الله عليه وسلم يوم الفطر صاعاً من طعام»، قال أبو سعيد: «وكان طعامنا الشعير، والزبيب، والأقط، والتمر». وفي الاستذكار لابن عبدالبر 9/263: «وقال أشهب: سمعت مالكاً يقول: لا يؤدي الشعير إلا من هو أكله يؤده كما يأكله». ا.هـ
“Ба назар мерасад, ки ҷав дар закоти фитр басанда (муҷзиъ) нест, дар он қавме ки ҷав ғизову қуташон набошад. Зеро ки аз ҳикматҳои воҷиб гаштани закоти фитр ин аст, ки таъоми мискинон бошад. Ва ин (таъом шудан ба мискинон) таҳаққуқ намеёбад, магар он вақте ки (чизи садақашуда) ғизои мардум бошад…
Ба далели ин ривояти Бухорӣ, дар боби “Садақа қабл аз ид”, аз Абу-Саъиди Худрӣ, ки гуфта:
“Дар замони Паёмбар як паймона (соъ) аз таъомро закоти фитр медодем” ва сипас АбуСаъид мегӯяд: “Ва таъоми мо (дар он замон) ҷав, мавиз ва қуруту хурмо буд”.
Ва дар Истизкори Ибни АбдулБарр 9/263 омада: “Ашҳаб гуфта, ки шунидам Имом Моликро ки мегуфт:
Ҷавро ҳамчун садақаи фитр танҳо он касе медиҳад, ки худаш онро тановул мекунад, чӣ тавре ки худаш тановул кардааст, ҳамин тавр медиҳад””. (Маҷмуъ фатово ва расоили шайх Ибни Усаймин, 18/184).
 
Оё ҷоиз аст, ки закоти фитрро аз орд ё ки гӯшт пардохт намояд?
 
Асл бар ин аст, ки закоти фитр бояд аз ғизои роиҷ дар байни мардум пардохта шавад ва бинобар ҳамин, дар мазҳаби Абу-Ҳанифа ва Аҳмад ибни Ҳанбал додани ордро дар закоти фитр ҷоиз медонанд ва ихтиёри Шайхул-Ислом Ибни Таймия ва аллома Ибни Усаймин низ ҳамин аст. (ниг. Маҷмуъул-фатово, 25/69 ва Аш-ШарҳулМумтиъ 6/179).
 
Имом Ибни Қудомаи Мақдисӣ гуфта: “Додани орд ба унвони закоти фитр ҷоиз аст ва имом Аҳмад бар ин насс дорад”. (Ал-Муғнӣ 2/357).
 
Имом Ибни Қаййим гуфта: “… ва бар ин асос, додани орд ба унвони закоти фитр дуруст аст, ҳар чанд ки ҳадиси он саҳеҳ нест”. («Иълому-л-муваққиъин» 3/12).
 
Ривояте дар ин маврид аз Абу-Саъиди Хударӣ овардаанд, ки гӯё як паймона (соъ) ордро закоти фитр медода аст, вале ин ривоят саҳеҳ нест ва худи Абу-Довуд онро заъиф дониста аст, ниг. «Ирвоу-л-Ғалил» 848.
 
Ончӣ ки бояд мадди назар дошт, он аст, ки ордро бояд ба вазн дод, яъне баробари вазни як паймона (соъ) аз гандум, ё ҷав орд дода мешавад. Ва як паймона (соъ) ба камтар аз 3 килограмм баробар аст, ки дар фасли баъдӣ бо тафсил баён хоҳем кард.
 



Закоти фитр аз гӯшт:
 
Агар дар минтақае таъоми ғолиб ва роиҷ гӯшт бошад, пас ҷоиз аст, ки закоти фитрро аз он пардохт намоянд.
 
Шайхул-Ислом Ибни Таймия гӯяд:
“Дар ин маврид миёни донишмандони исломӣ низоъи машҳур аст ва дурусттарини ақвол ин аст, ки аз қуту таъоми ғолибе ки мардум истифода мекунанд, пардохта мешавад, бо ин ки аз анвоъи мазкур дар ҳадис наёмадаанд. Ин қавли аксари уламост, мисли Шофеъӣ ва ғайра…”. (Маҷмуъул фатово 25/68).
 
Имом Ибни Қаййим (раҳимаҳуллоҳ) гӯяд:
“Ин чанд маврид аз донагиҳо (гандум, ҷав, хурмо…) ки дар ҳадисҳо зикр шудаст, баёнгари он аст, ки дар замони Паёмбар дар Мадина ғизои ғолиби мардум ҳамин чизҳо будаанд. Ва агар дар ҷое, ё замоне ғизои ғолиби мардум чизи дигаре бошад, пас бояд аз ҳамон закоти фитр пардохт кунанд, агарчӣ ғизояшон ғайр аз донагиҳо мисли шир ва гӯшт ва моҳӣ бошад ва ин қавли ҷумҳури уламо ва қавли арҷаҳ ҳаст ва мақсуд аз пардохти закоти фитр яксонӣ ва монандӣ бо мискинон аст дар таъоми рӯзи ид. Яъне ғизои мискин ҳам дар он рӯз ҳамонанди бақияи мардум бошад”. («Иълому-л-Муваққиъин» 3/12).
 
Ва аллома Ибни Усаймин мегӯяд:
“Ва агар қути мардум аз донагиҳо ва ҳосилот набошад, масалан, гӯшт бувад, мисли онҳое ки дар қутби шимолӣ умр ба сар мебаранд ва таъому ғизои эшон ғолибан гӯшт аст, пас қавли саҳеҳ ин аст, ки закоти фитрро аз гӯшт додан дуруст аст”. (Аш-Шарҳу-л-Мумтиъ 6/182).
 
Ва бояд таъкид кард, ки миқдори гӯшт дар закоти фитр аз рӯйи вазни як соъ ҳаст на аз рӯйи ҳаҷму миқдораш.
 
Дар «Фавокиҳу-д-Давонӣ» шарҳи Рисолаи Ибни Абу-Зайди Қайравонӣ (дар фиқҳи моликӣ) меорад:
“Агар ҳеҷ кадоме аз он аснофи мазкур дар ҳадисро пайдо набошад, пас воҷиб аст, ки аз ғизои роиҷ ва ғолиб бипардозад, агарчанде гӯшт, ё равған бошад. Локин ба андозаи вазни як паймона (соъ) гандум медиҳад, зеро ки андозаи як паймона (соъ) гандум аз лиҳози вазн бештар аст (аз дигар асноф)”.
 
Ин буд дар мавриди асноф ва анвоъи он чизҳое ки закоти фитр аз он дода мешавад, аммо дар мавриди миқдори зикоти фитр чунин тафсил аст:
 
Миқдори закоти фитр
 
Миқдори закоти фитр як соъ таъоми роиҷ байни мардум аст. Чӣ тавре ки дар ҳадиси Абу-Саъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) омадааст.
Ва як паймона (соъ) баробар аст ба чаҳор мушт бо ду каффи марди миёна, ки на бузургкаф(ф) бошад ва на хурдкаф(ф), яъне ончӣ ки ба пуррагии ду каффи дасти ӯ бошад.
Ва як соъ баробар аст бо чаҳор мудд ва ҳар як мудд баробар бо ҳамон ду кафф.
 
Як соъ бо ченаки грамм чӣ қадр аст?
Ченаки соъ дар асл андозаи ҳаҷм аст, вале аҳли илм ба хотири ҳифз ва расонидани он ба наслҳои оянда, онро бо вазн низ ҳисоб кардаанд. Вазни як соъ (дар назди ҷумҳур) баробар аст бо 5,3 ратли ироқӣ ва назди аҳноф 8 ратли ироқӣ (вале дар ин рисолаи кӯчак ба тафсилоти ин хилоф намепардозем).
Муҳим он аст, ки уламо соъро бо вазни ратл ҳисоб мекардаанд, вале аз сабаби душвор будани татбиқи ин ченак аҳли илм онро бо граммҳо низ баён кардаанд.
Имом Нававӣ дар «Равзату-т-толибин» гуфта аст:
قد يستشكل ضبط الصاع بالأرطال، فإن الصاع المخرج به في زمن رسول الله صلى الله عليه وسلم مكيال معروف، ويختلف قدره وزناً باختلاف جنس ما يخرج، كالذرة والحمص وغيرهما
“Муъайян намудани миқдори соъро бо ратлҳо шояд, мушкил бошад. Соъе ки дар замони Паёмбар бо он закоти фитрро медоданд, ченак ва андозаи маъруф аст (чаҳор маротиба бо ду каффи дасти шахси миёна). Ва вобаста ба ҷинси ашё андозаи он бо вазн фарқ хоҳад кард, мисли ҷуворӣ ва нахӯд ва ғайра…”.
Пас миқдори вазни як соъ бо грамм, аз сабаби ихтилофи ҷинси ашё тафовут дорад. Ба ҳамин хотир, баъзеҳо онро 2040 грамм ва баъзеҳо 2176 грамм ва баъзеҳо 2751 грамм шумурдаанд. Ва Комиссияи доимаи фатвои мамлакати Саъудӣ онро тақрибан 3 килограмм андоза кардааст.
 
Баъзе аз донишмандон ба хотири осон намудан ва эҳтиёт, вазнинтарин чизро ихтиёр кардаву вазни онро меъёр қарор додаанд:
Биринҷ вазнинтар ва муносибтар аст – 2,400 грамм бо ҳисоби д. Аҳмад Ҳутайба.(ниг. «Ал-Ҷомиъу ли-аҳкомис-Сиём», д. Аҳмад Ҳутайба).
Мавиз (забиб) вазнинтар аст – 2,400 грамм бо ҳисоби д. АбдулҲамид Ҳиндовӣ.
Ба ҳамин хотир, барои эҳтиёт, беҳтар аст, ки аз ҳар навъи таъоме 2,500 грамм (дуву ним кило) закоти фитр пардохта шавад.
 
Хулоса ба хотири осон гаштани фаҳми масъала ба ҷойи калимаи “соъ”, (“дувуним кило”)-ро истифода мебарем, вале бо назардошти онки дар асл соъ миқдор ва ҳаҷм мебошад, на инки вазн!
Ва бояд донист, ки маърифати миқдори тақрибии соъи набавӣ нисбати асноф ва анвоъи ғизоҳо бисёр муҳим аст, зеро ки бо бисёре аз аҳкоми фиқҳӣ вобаста ҳаст, мисли закоти зироъатҳо ва маҳсулот ва фидя дар Ҳаҷ ва ғайраҳо.
Пас ҳар касе ки мисли ёрони Паёмбар закоти фитрро адокарданӣ бошад ва хоҳад, ки бо дасти хеш як соъро ҳисоб намояд, бигзор чунин кунад. (Ид ал-Аҷҳурӣ).
Ва закоти фитрро аз ин гуна аснофи ғизо пардохтан имкон дорад:
Гандум, орд, биринҷ, лубиё, нахӯд, боқилло, фасол, наск (нараск, адс, чечевица), хурмо, мавиз, қурут, гӯшт ва ғайра аз хурдании маъруф ва роиҷи мардум.
 
Ва аз ин пайдост, ки ҳар сол, ҳисоб кардани закоти фитр бо қимати гандум (аз ҷониби баъзеҳо), ин мухолифи суннати Паёмбар ва мухолифи мақсуди ин садақа мебошад. Зеро ки мақсуд аз садақаи фитр, ин аз муҳтоҷиву суол ва талаби мардум бениёз гардонидани мискин аст ва барои ӯ фароҳам кардани таъому ғизо. Ҳар сол гандумро нашояд, ки асос қарор дод ва таъомҳое мисли биринҷу нахӯд ва лубиёву қурут ва мавизро ба боди фаромушӣ супорид, дар ҳоле ки гандум таъом ва хурдании ғолиб нест!
Чаро ҳар кас мувофиқ ба ҳоли хеш ва таъому ғизои хеш закоти фитр намедиҳад?!
Бигзор соҳибони сарват ва дороӣ закоти фитрро аз мавиз ва нахӯду хурмову қурут диҳанд, то ки ҳадафи ин садақа (яъне таъом додани мискин) амалӣ гардад, аммо инсони фақиру нодор (мувофиқ ба ҳоли хеш) бо қимати гандуму орд, ё биринҷ закоти фитри худро пардохт намояд! Ин садақа бар ҳар дорову нодор воҷиб аст, модоме ки қути шабонарӯзии хеш ва аҳлашро дошта бошад…
 
Вале надонам аз чӣ бошад, ки инҳо як умри хеш закоти фитрро бо гандуму ҷав андоза мекунанд, ё аз ҷаҳлу нодонист ё ки аз сабаби пайравии нафсу ҳавои хеш ва ё аз рӯи мухолифат бо роҳу равиши набавӣ?!
 
Оё закоти фитрро бо пули нақд (яъне қимати таъомҳо) додан ҷоиз аст?
 
Тақрибан аксари уламо фармудаанд, ки пардохти қимат ба ҷойи таъом дар закоти фитр ҷоиз нест. Мазҳаби ҷумҳур, яъне Имом Шофеъӣ ва Имом Молик ва Имом Аҳмади Ҳанбал (раҳматуллоҳи алайҳим аҷмаъин) бар ҳамин аст.
Ба ин далел, ки нусуси шаръ дар ин маврид муқайяд ба таъоми роиҷи минтақа ҳаст ва асл ҳам ин аст, ки бояд таъом дода шавад, на қимати он.
Вале Имом АбуҲанифа (раҳимаҳуллоҳ) додани қимати онро ҷоиз медонад.
 
Шайх Холид Муслиҳ дар тафсили ин масъала гуфтааст:
“…Аҳли илм дар мавриди нақд пардохтани закоти фитр бар се қавланд:
Қавли аввал: Нақд пардохтани закоти фитр ҷоиз нест ва ин мазҳаби моликӣ ва шофеъӣ ва ҳанобила аст.
Қавли дуввум: Нақд пардохтани закоти фитр ҷоиз аст ва ин мазҳаби аҳноф мебошад ва ваҷҳе дар мазҳаби Имом Шофеъӣ ва ривояте дар мазҳаби Имом Аҳмад аст.
Қавли саввум: Нақд пардохтани он дар ҳоли ҳоҷат ва манфиат ҷоиз аст ва ин қавле дар мазҳаби имом Аҳмад бувад, ки Шайху-л-Ислом Ибни Таймия онро баргузида.
… Ва ҳамин қавл, яъне ҷоиз будани пардохти пули нақд дар ҳоли бароварда кардани ҳоҷате, ё нафъу суди шаръӣ наздиктарини ақвол ба савоб аст. Зеро ки дар ин қавл ҷамъ байни далелҳост ва таҳқиқи манфиъат ва дафъи машаққатҳо. Валлоҳу аълам”. (фатвои Шайх Холид Муслим аз сайти расмӣ, бо ихтисор).
 
Ва лозим ба ёдовариву таъкид аст, ки дар мазҳаби ҳанафӣ низ асл, пардохти аснофи гуногуни таъом аст, на қимати он. Ва пардохти қимат ва нақдина дар мазҳаби ҳанафӣ ҷоиз аст, на асл!
Дар матни “Мухтор” чунин омадааст:
“ويجوز فيها دفع القيمة”
“Ва ҷоиз аст, ки қимати он пардохта шавад”.
Ва дар шарҳи ин ибора дар “Ихтиёр” чунин меорад:
قال أبو يوسف :الدقيق أحب إلي من الحنطة ،والدراهم أحب إلي  من الدقيق لأنه أ بسر على الغني وأنفع للفقير، والأحوط الحنطة ليخرج عن الخلاف
“Абу-Юсуф гуфтааст: Барои ман орд аз гандум маҳбубтар аст ва дирҳам аз орд маҳбубтар аст, зеро ки барои сарватманд осонтар ва барои фақир муфидтар аст ва ба эҳтиёт наздиктар (аҳват) аст, ки гандум бидиҳанд, то аз хилоф хориҷ шаванд”. (ниг. «Ал-Ихтиёр», китоби закот).
 
Вале мутаассифона, аз сабаби саҳлангории баъзеҳо нисбати эҳёи суннат ва пайравӣ аз он, ин ибодат ва воҷиб ва нишонгари тоъати исломӣ камранг гаштааст, ба ҳадде ки асл фаромуш гаштаву фаръ ҷойи онро ситонда ва наздик аст, ки аслро аз байн бибарад.
Шайх Атия Солим дар ин маврид бисёр хуб гуфтааст:
“Ҷоиз донистани пардохти қимат аз ду ҷиҳат мухолифи усул аст:
Аввалан: Ҳангоме ки Паёмбар аснофи таъомро (барои закоти фитр) зикр намуд, қиматро зикр накард. Агар ҷоиз мебуд, ҳатман онро зикр мекард, ҳамчуноне ки дар закоти шутур ивазро зикр намуд. Ва ӯ аз ҳама мардум нисбати мискин (бечора) меҳрубонтар ва мушфиқтар буд..
Ва сониян: Қоъидаи умумие ҳаст:
(Ба бадал намегузаранд, магар дар ҳоле ки мубаддал анҳу вуҷуд надошта бошад) ва ҳамчунин қоъидаи: (Агар фаръе мунҷар ба бутлони асл шавад, пас он фаръ ботил аст).
Ва ҳамчунин, агар мардум ҳамагӣ ба пардохтани қимат рӯй оваранд, амал кардан ба ашёи муъайянгашта, (мансус) дар аҳодис, аз байн хоҳад рафт, яъне ин ки агар қимат ки фаръ аст, таъомро ки асл аст, ботил кунад, пас он ботил аст.
Ва низ, закоти фитр дар худ ҷанбаи таъаббудӣ дорад, яъне поксозии шахси рӯзадор ва фароҳам овардани таъоми мискинон ва харидориву андозагирӣ ва тақдими таъом худ эълом ва изҳори ин ибодат аст. Аммо аз лиҳози эҳсоси масъулият ва эҳсоси таъом додан, нақдина пардохтани он байни ин садақа ва дигар садақот фарқе намегузорад,”. (ниг. «Татиммаи Азвоу-л-Баён» 1/493).
 
Д-р Абдул-Ҳамид Ҳиндовӣ – мударриси факултаи Дору-л-улуми донишгоҳи Қоҳира, зимни интиқод аз инки баъзеҳо бидуни далели саҳеҳ ҳар сол мардумро ба пардохти қимат фаро мехонанд, мегӯяд:
“Ҳар сол ба мардум қимати закоти фитрро таҷдид мекунанд,… вале ишорае ба ин намекунанд, ки воҷиб ва асл пардохтани таъом аст ва бо қимат андоза кардан барои он касест, ки таъомро пардохт карда натавонад. Бо ин амали хеш суннатро дидаву дониста аз байн мебаранд ва он ҳам дар пешорӯи ҳамагон, «ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ»…!
Қариб буд, ки ин суннат, яъне суннати пардохтани закоти фитр бо таъом аз байн биравад ва аз ҳаёти муслимин нопадид шавад, агар Аллоҳ таъоло аз бандагонаш касеро ҳидоят намекард, ки барои зинда гардонидани суннати паёмбараш ва даъвати мардум ба тамассук ва чанг задан ба он ва эҳёи он бикӯшанд.
Ва бисёр шодам, ки дар ин солҳои ахир дар ҳаёти ағлаби “насли бедорӣ” аз ҷумлаи амалкунандагон ба китобу суннат бозгашти ин суннатро мебинам. Вале ҳоло ҳам ин суннат барои бисёре аз авоми муслимин бегона аст, ё шояд бар саводи аъзам ва умуми муслимин”. (ниг. Ал-Ҷомиъун ли-Аҳкоми закотил-Фитр, с. 16).
 
Закоти фитр ба кӣ дода мешавад?
 
Закоти фитр садақаи махсус аст ва аз дигар садақот фарқ дорад ва қавли роҷеҳ ин аст, ки бояд танҳо ба бенавоён (фуқаро) ва бечорагон (масокин) пардохта шавад. Ва далели ин, зоҳири фармудаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст:
Имом Абу-Довуд аз Ибни Аббос ривоят карда, ки гуфт:
فَرَضَ رَسُولُ اللَّهِ صلى الله عليه وسلم زَكَاةَ الْفِطْرِ طُهْرَةً لِلصَّائِمِ مِنَ اللَّغْوِ وَالرَّفَثِ، وَطُعْمَةً لِلْمَسَاكِينِ.
“Паёмбар закоти фитрро ба унвони поксозандаи рӯзадор аз суханони беҳуда ва дашному фаҳшо ва ба унвони ризқу хурока барои бечорагон воҷиб гардонид”.
 
Оё фуқаро ва масокин низ закоти фитрро пардохт мекунанд?
 
Закоти фитр, закотест ки бо поён ёфтани Рамазон воҷиб мегардад ва адо кардани он бар ҳар мусалмоне чӣ кӯчак ва чӣ бузург ва чӣ марду чӣ зан, ки ғизои беш аз якшабонарузии худро дорад, ҳатмист!
Бино бар ин, ҳатто фақире ки имкони адо кардани ин закотро дорад, бар ӯ воҷиб мешавад, ки закоти фитрро пардохт намояд. Ва танҳо он фақире ки ғизои якшабонарӯзиро надорад, аз пардохти ин закот озод аст.
Ва агар фақире баъди дарёфт кардани садақоти мардум имкон пайдо кард, бояд закоти фитрро адо кунад.
Агар шахсе натавонад, ки закоти фитри тамоми аъзои хонаводаашро адо кунад, пас аз ҳамон миқдоре ки тавон дорад, закоти афродеро бо ин тартиб медиҳад худаш, ҳамсараш, кӯчактарин фарзандаш, падараш, модараш ва сипас, фарзандони бузургтараш, то ҳар ҷое ки кифоят кунад. Агар аз як соъ камтар дошта бошад, пас онро барои худаш адо мекунад.
 
Оё ҷоиз аст, ки масҷид ва ё муассисае ҷамъоварӣ ва тақсими закоти фитрро ба ӯҳда бигирад?
 
Бале ҷоиз аст, ки ҷиҳате аз боби ваколат чунин хидматро ба уҳда гирад ва закоти фитрро ҷамъоварӣ кунаду ба мустаҳиққонаш бирасонад.
Ва далели ин ривояти Абу-Ҳурайра дар саҳеҳи Бухорӣ, боби ваколат ҳаст, ки Абу-Ҳурайра посбони закоти ҷамъоваришуда буд ва се шаби пайдарпай шайтонро дастгир намуд…
Ва ҳамчунин аз Нофеъ ривоят аст, ки Ибни Умар закоти фитри хешро ду рӯз қабл, ба шахсоне, ки закотро ҷамъоварӣ менамуданд, мефиристод.
Ва бисёр хуб мешуд, ки имомҳои масоҷид аз ин таҷриба баҳра баранд:
1.    Таъйини баъзе аснофи таъом ва ҳамдастӣ ва созворӣ кардан бо тоҷирон дар нархгузории 2,5 килогӣ аз ҳар гуна аснофи ғизо.
2.    Эълони ин нуктаҳо ба мардум ва муъайян кардани қимати ҳар навъе аз ин ғизоҳо, то ин ки закотдиҳандагон вобаста бо адади афроди оилаи хеш миқдор ва намуди ғизои матлубашонро интихоб намоянд. Масалан, агар шахсе ки барои чаҳор кас закотдоданӣ бошад, пас тақрибан 10 килограм ғизо харидорӣ менамояд ва навъе аз ғизоро интихоб кардаву қимати онро ба идораи масҷид месупорад, то он миқдор сабт ва харидорӣ гардад ва ба мискинон расонида шавад.
3.    Баъд аз сабти номи закотдиҳандагони масҷид ва минтақа идораи масҷид бо маблағи ҷамъовардашуда намуди ғизоҳо ва миқдори сабтшуда бо номи мардумро харидорӣ менамояд ва бегоҳиву пагоҳии рӯзи ид онро ба мустаҳиққонаш мерасонад.

Аҳкоми садақаи фитр

Бор кунед

Дар бораи китоб

Муаллиф :

محمد عزيز رجبي

Publisher :

www.islamhouse.com

Категория :

Jurisprudence