Васфи Ҷаннати ҷовидон дар Қуръони карим

Мақолаи муфид ва мухтасар дар бораи биҳишт ва биҳиштиён ва васфи он дар Қурони карим.

اسم الكتاب: وصف الجنة في القرآن الكريم


تأليف: محمد إقبال صدر الدين
نبذة مختصرة: كتاب باللغة الطاجيكية مختصر ومفيد عن الجنة وأصحابها وأوصافها التي وردت في القرآن الكريم.

Васфи Ҷаннати ҷовидон дар Қуръони карим
[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]


Муҳаммадиқболи САДРИДДИН




2014 - 1436


 
وصف الجنة في القرآن الكريم
«باللغة الطاجيكية»




محمد إقبال صدر الدين





2014 - 1436
 

 
Васфи Ҷаннати ҷовидон дар Қуръони карим (қисмати аввал)
Дар ин мақолаи кутоҳ мехоҳам васфи ҷаннатро, ки дар Қуръони карим таҷассум ёфтааст баён намоям. Дар ин бахш нахуст васфи ҷаннатро баён менамоям сипас онҳоро ба ин бахшҳо барои бозҳам фаҳмотар шудан тақсим банди менамоям
1-Биҳишт беҳамтост. 2-Дараҷа ва мақомҳои Ҷаннат. 3-Дарёҳои Ҷаннат. 4-Чашмаҳои Ҷаннат. 5-Васфи бархе аз дарахтони Ҷаннат. 6-Таом ва шароби аҳли Ҷаннат. 7-Шароби (майи) аҳли Ҷаннат. 8-Таом ва шароби покизаи ҷаннатиён. 9-Либос ва зевароти аҳли Ҷаннат. 10-Ҳамнишинии ҷаннатиён. 11-Занони аҳли Ҷаннат.
Инак мепардозем ба фишурдаи ин 11 бахш.
Кам ба чашм мерасад, ки дар сураҳои маккӣ аз барпошавии қиёмат, рӯзи охират, ҳоли бошандагони Ҷаннат ва Дӯзах ва чигунагии ҳашр ва ҳисобу китоби он рӯз ёде нашуда бошад, то он дараҷае, ки гӯё инсон он рӯзро бо чашми сар мебинад.
Худованди қодиру тавоно дар ин маврид мефармояд:
﴿وَمَا قَدَرُواْ ٱللَّهَ حَقَّ قَدۡرِهِۦ وَٱلۡأَرۡضُ جَمِيعٗا قَبۡضَتُهُۥ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ وَٱلسَّمَٰوَٰتُ مَطۡوِيَّٰتُۢ بِيَمِينِهِۦۚ سُبۡحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ ٦٧ وَنُفِخَ فِي ٱلصُّورِ فَصَعِقَ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَن فِي ٱلۡأَرۡضِ إِلَّا مَن شَآءَ ٱللَّهُۖ ثُمَّ نُفِخَ فِيهِ أُخۡرَىٰ فَإِذَا هُمۡ قِيَامٞ يَنظُرُونَ ٦٨ وَأَشۡرَقَتِ ٱلۡأَرۡضُ بِنُورِ رَبِّهَا وَوُضِعَ ٱلۡكِتَٰبُ وَجِاْيٓءَ بِٱلنَّبِيِّ‍ۧنَ وَٱلشُّهَدَآءِ وَقُضِيَ بَيۡنَهُم بِٱلۡحَقِّ وَهُمۡ لَا يُظۡلَمُونَ ٦٩ وَوُفِّيَتۡ كُلُّ نَفۡسٖ مَّا عَمِلَتۡ وَهُوَ أَعۡلَمُ بِمَا يَفۡعَلُونَ ٧٠ وَسِيقَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ إِلَىٰ جَهَنَّمَ زُمَرًاۖ حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءُوهَا فُتِحَتۡ أَبۡوَٰبُهَا وَقَالَ لَهُمۡ خَزَنَتُهَآ أَلَمۡ يَأۡتِكُمۡ رُسُلٞ مِّنكُمۡ يَتۡلُونَ عَلَيۡكُمۡ ءَايَٰتِ رَبِّكُمۡ وَيُنذِرُونَكُمۡ لِقَآءَ يَوۡمِكُمۡ هَٰذَاۚ قَالُواْ بَلَىٰ وَلَٰكِنۡ حَقَّتۡ كَلِمَةُ ٱلۡعَذَابِ عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ ٧١ قِيلَ ٱدۡخُلُوٓاْ أَبۡوَٰبَ جَهَنَّمَ خَٰلِدِينَ فِيهَاۖ فَبِئۡسَ مَثۡوَى ٱلۡمُتَكَبِّرِينَ ٧٢ وَسِيقَ ٱلَّذِينَ ٱتَّقَوۡاْ رَبَّهُمۡ إِلَى ٱلۡجَنَّةِ زُمَرًاۖ حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءُوهَا وَفُتِحَتۡ أَبۡوَٰبُهَا وَقَالَ لَهُمۡ خَزَنَتُهَا سَلَٰمٌ عَلَيۡكُمۡ طِبۡتُمۡ فَٱدۡخُلُوهَا خَٰلِدِينَ ٧٣ وَقَالُواْ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ ٱلَّذِي صَدَقَنَا وَعۡدَهُۥ وَأَوۡرَثَنَا ٱلۡأَرۡضَ نَتَبَوَّأُ مِنَ ٱلۡجَنَّةِ حَيۡثُ نَشَآءُۖ فَنِعۡمَ أَجۡرُ ٱلۡعَٰمِلِينَ ٧٤﴾ [الزمر: ٦٦،  ٧٣]
“Худоро нашинохтанд, он чуноне ки шоёни шинохти Ӯст. Ва дар рӯзи қиёмат замин як ҷо дар қабзаи Ӯст ва осмонҳо дарҳампечида дар дасти рости Ӯ. Пок аст ва бартар аз ҳар чӣ шарики Ӯ мепиндоранд. Ва дар сур дамида шавад. Пас, ҳар кӣ дар осмонҳо ва ҳар кӣ дар замин аст, ҷуз онҳо, ки Ӯ бихоҳад, беҳуш мешаванд. Ва бори дигар дар он дамида шавад, ногаҳон аз ҷой бармехезанд ва менигаранд. Ва замин ба нури Парвардигораш равшан шавад ва номаҳои аъмолро биниҳанд ва паёмбарону гувоҳонро биёваранд ва дар миёни мардум ба дурустӣ доварӣ шавад ва бар касе ситаме наравад. Подоши ҳар кас баробари кирдораш ба тамомӣ адо шавад, дар ҳоле ки Худо ба корҳое, ки мекардаанд, огоҳтар аст. Ва кофиронро гурӯҳ-гурӯҳ ба Ҷаҳаннам биронанд. Чун ба Ҷаҳаннам расанд, дарҳояш кушуда шавад ва нигаҳбонони оташ гӯянд: "Оё паёмбароне аз худи шумо бар шумо фиристода нашудаанд, то оёти Парвардигоратонро бароятон бихонанд ва шуморо аз дидор бо чунин рӯзе битарсонанд?" Мегӯянд: "Бале". Вале бар кофирон азоб муҳаққақ шуда буд. Гуфта шавад: "Аз дарҳои Ҷаҳаннам дохил шавед, ҳамеша дар он ҷо хоҳед буд". Ҷойгоҳи саркашон чӣ бад ҷойгоҳест! Ва ононро, ки аз Парвардигорашон тарсидаанд, гурӯҳ-гурӯҳ ба Биҳишт мебаранд. Чун ба Биҳишт бирасанд дарҳояш кушуда шавад. Ва дарбонҳои Биҳишт гӯяндашон: "Салом бар шумо, Биҳиштатон хуш бод, ба дарун биёед, ҳамеша дар ин ҷо хоҳед буд! Мегӯянд: "Сипос Худоеро, ки ҳар ваъда, ки ба мо дод, рост буд. Он заминро ба мерос ба мо дод. Ва акнун дар ҳар ҷои Биҳишт, ки бихоҳем, макон мегирем". Амалкунандагонро чӣ музди некӯест! Ва (эй Муҳаммад) фариштагонро мебинӣ, ки гирди арши Худо ҳалқа задаанд ва ба ситоиши Парвардигорашон (аз рӯйи талаззуз на таъаббуд) тасбеҳ мегӯянд. Миёни онҳо (бандагон) ба дурустӣ доварӣ гардад (ва аслан ба онҳо ҳеҷ гуна ситаме нашавад) ва (дар ивази адолат ва қазои Худо аз сӯйи ҳама ҳастӣ) гуфта шавад, ки ситоиш аз они Худоест, ки Парвардигори ҷаҳониён аст!”.
(Сураи Зумар, 67-75) 
Васфи Ҷаннат дар оятҳои маккии Қуръони карим ончунон равшан ва ошкор зикр шудааст, ки дар дили саҳобагон таъсири амиқ мегузошт. Дар Қуръони карим дар васфи Ҷаннат омадааст, ки он ҳеҷ мислу монанде надорад ва Ҷаннатро дарвозаҳо ва дараҷот аст ва зери Биҳишт чашмаҳо ва дарёҳои равон аст ва барои накӯкорон қасрҳо ва хаймаҳо муҳаёст. Биҳишт дорои дарахти Тубо ва дарахтони гуногуне ба монанди Сидрату-л-мунтаҳо аст. Ва Қуръони карим неъматҳои аҳли Ҷаннатро зикр менамояд, ки он ҷо барои биҳиштиён таому шароб, май, ҷавоҳирот, либосу фарш, хидматгузорону ҳурон ва охирину болотарин хоҳишоташон муҳаё шудааст. Ин ҷо чанд васфи Ҷаннатро, ки дар Қуръони карим зикр шудааст, ёдовар хоҳем шуд.
1-Биҳишт беҳамтост
Худои бузург баҳри бандагони парҳезгораш аз фазлу карами худ неъматҳое муҳаё сохтааст ва онҳоро дар Қуръони карим васф намудааст. Аммо он неъматеро, ки Худованд онро аз мо пӯшидааст, он қадар бузург аст, ки ақл ва фикри башарӣ қудрати дарку фаҳм ва тасаввури онро нахоҳад кард. Худованд мефармояд:
﴿فَلَا تَعۡلَمُ نَفۡسٞ مَّآ أُخۡفِيَ لَهُم مِّن قُرَّةِ أَعۡيُنٖ جَزَآءَۢ بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ١٧﴾ [السجدة : ١٧]
“Ва ҳеҷ кас аз он мукофоте аз хушиву хурсандӣ хабар надорад, ки ба подоши корҳое, ки мекарда, барояш пинҳон карда шудааст!”
(Сураи Саҷда – 17)
Худованд сабаби ин подоши бузургро, аз муваффақ гаштан дар корҳои бузург ва шабзиндадорию нафақа кардани дар роҳи Худо мешуморад ва мефармояд:
﴿تَتَجَافَىٰ جُنُوبُهُمۡ عَنِ ٱلۡمَضَاجِعِ يَدۡعُونَ رَبَّهُمۡ خَوۡفٗا وَطَمَعٗا وَمِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ يُنفِقُونَ ١٦ فَلَا تَعۡلَمُ نَفۡسٞ مَّآ أُخۡفِيَ لَهُم مِّن قُرَّةِ أَعۡيُنٖ جَزَآءَۢ بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ١٧﴾ [السجدة : ١٦،  ١٧]
“Аз бистари хоб паҳлӯҳояшон дур мемонад, Парвардигорашонро бо биму умед илтиҷо мекунанд ва аз он чӣ ба онҳо додаем, садақа мекунанд. Ва ҳеҷ кас аз он мукофоте аз хушиву хурсандӣ, ки ба подоши корҳое, ки мекарда барояш пинҳон карда шудааст, хабар надорад!”.
(Сураи Саҷда, 16-17)
2- Дараҷа ва мақомҳои Ҷаннат
Дар ҳақиқат биҳиштиёнро дараҷа ва зинаҳои мухталифест, ки он бар асоси аъмолашон вобаста буда ва тавфиқи Худо бар онҳост. Ва чуноне, ки бо якдигар мутафовит ҳастанд, мақомҳояшон низ дар охират мутафовит хоҳад буд. Дараҷаи баъзеҳо фавқи дигарҳост. Чунончи Худованд мефармояд:
﴿وَمَن يَأۡتِهِۦ مُؤۡمِنٗا قَدۡ عَمِلَ ٱلصَّٰلِحَٰتِ فَأُوْلَٰٓئِكَ لَهُمُ ٱلدَّرَجَٰتُ ٱلۡعُلَىٰ ٧٥﴾ [طه: ٧٥]
“Ва онон, ки бо имон назди Ӯ (Парвардигор) оянд ва корҳои шоиста кунанд, соҳиби дараҷоте баланд бошанд”.
(Сураи Тоҳо – 75)
﴿ٱنظُرۡ كَيۡفَ فَضَّلۡنَا بَعۡضَهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖۚ وَلَلۡأٓخِرَةُ أَكۡبَرُ دَرَجَٰتٖ وَأَكۡبَرُ تَفۡضِيلٗا ٢١﴾ [الاسراء: ٢١]
“Бингар, ки чӣ гуна баъзеяшонро бар баъзеи дигар бартарӣ ниҳодаем ва дар охират дараҷоту бартариҳо болотар аст”.
(Сураи Исро – 21)
﴿وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَٱتَّبَعَتۡهُمۡ ذُرِّيَّتُهُم بِإِيمَٰنٍ أَلۡحَقۡنَا بِهِمۡ ذُرِّيَّتَهُمۡ وَمَآ أَلَتۡنَٰهُم مِّنۡ عَمَلِهِم مِّن شَيۡءٖۚ كُلُّ ٱمۡرِيِٕۢ بِمَا كَسَبَ رَهِينٞ ٢١﴾ [الطور: ٢١]
“Касоне, ки худ имон оварданд ва фарзандонашон дар имон пайравиашон карданд. Фарзандонашонро бо онҳо якҷоя мекунем ва аз он подоши амалашон ҳеҷ намекоҳем, ҳар касе дар гарави кори хештан аст”.
(Сураи Тур – 21)
﴿لَٰكِنِ ٱلَّذِينَ ٱتَّقَوۡاْ رَبَّهُمۡ لَهُمۡ غُرَفٞ مِّن فَوۡقِهَا غُرَفٞ مَّبۡنِيَّةٞ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُۖ وَعۡدَ ٱللَّهِ لَا يُخۡلِفُ ٱللَّهُ ٱلۡمِيعَادَ ٢٠﴾ [الزمر: ٢٠]
“Аммо барои онон, ки аз Худо метарсанд, ғурфаҳоест (иморатҳоест) бар болои ҳам сохта, ки аз зерашон ҷӯйборон равон аст. Ин ваъдаи Худост ва Худо ба ваъдаи худ хилоф нахоҳад кард!”.
(Сураи Зумар – 20)
3-Дарёҳои Ҷаннат
Худованд дар оятҳои зиёде дарёҳои Ҷаннатро зикр намуда мефармояд:
﴿مَّثَلُ ٱلۡجَنَّةِ ٱلَّتِي وُعِدَ ٱلۡمُتَّقُونَۖ فِيهَآ أَنۡهَٰرٞ مِّن مَّآءٍ غَيۡرِ ءَاسِنٖ وَأَنۡهَٰرٞ مِّن لَّبَنٖ لَّمۡ يَتَغَيَّرۡ طَعۡمُهُۥ وَأَنۡهَٰرٞ مِّنۡ خَمۡرٖ لَّذَّةٖ لِّلشَّٰرِبِينَ وَأَنۡهَٰرٞ مِّنۡ عَسَلٖ مُّصَفّٗىۖ وَلَهُمۡ فِيهَا مِن كُلِّ ٱلثَّمَرَٰتِ وَمَغۡفِرَةٞ مِّن رَّبِّهِمۡۖ كَمَنۡ هُوَ خَٰلِدٞ فِي ٱلنَّارِ وَسُقُواْ مَآءً حَمِيمٗا فَقَطَّعَ أَمۡعَآءَهُمۡ ١٥﴾ [محمد : ١٥]
“Васфи биҳиште, ки ба парҳезгорон ваъда дода шуда, ин аст, ки дар он наҳрҳоест аз обҳое тағйирнопазир ва наҳрҳое аз шире, ки таъмаш дигаргун намешавад ва наҳрҳое аз шароб, ки ошомандагон аз он лаззат мебаранд ва наҳрҳое аз асали мусаффо. Ва дар он ҷо ҳар гуна мева, ки бихоҳанд, ҳаст ва низ омурзиши Парвардигорашон. (Оё биҳиштиён) монанди касоне ҳастанд, ки дар оташи ҷовидонаанд ва ононро аз обе ҷӯшон меошомонанд, чунон, ки рӯдаҳояшон тика-тика мешавад?”.
(Сураи Муҳаммад – 15)
4-Чашмаҳои Ҷаннат
Ҷаннат дорои чашмаҳои зиёд аст, ки лаззат ва мазаҳои гуногун доранд. Худованд мефармояд:
﴿إِنَّ ٱلۡمُتَّقِينَ فِي جَنَّٰتٖ وَعُيُونٍ ٤٥﴾ [الحجر: ٤٥]
“Парҳезгорон дар биҳиштҳо, канори чашмасоронанд”.
(Сураи Ҳиҷр - 45)
﴿إِنَّ ٱلۡمُتَّقِينَ فِي ظِلَٰلٖ وَعُيُونٖ ٤١﴾ [المرسلات: ٤١]
“Ҳароина, парҳезгорон дар сояҳову канори чашмасоронанд”.
(Сураи Мурсалот - 41)
Ва Худо дар васфи ду Ҷаннат, ки онҳо барои касоне омода шудаанд, ки тарс аз Худо доранд фармуда аст:
﴿فِيهِمَا عَيۡنَانِ تَجۡرِيَانِ ٥٠﴾ [الرحمن: ٥٠]
“Дар он ду, чашма ҷорист”.
(Сураи Ар-раҳмон - 50)
﴿فِيهِمَا عَيۡنَانِ نَضَّاخَتَانِ ٦٦﴾ [الرحمن: ٦٦]
“Дар он ду, ду чашмаи ҷӯшанда ҳаст”.
(Сураи Ар-раҳмон - 66)
Дар Ҷаннат ду чашмаест, ки бандагони муқарраб обҳои холиси онро ва некӯкорон аз ин ду чашма оби омехта ва махлут менӯшанд:
Чашмаи аввал, чашмаи Кофур аст, ки Худо дар бораи он мефармояд:
﴿إِنَّ ٱلۡأَبۡرَارَ يَشۡرَبُونَ مِن كَأۡسٖ كَانَ مِزَاجُهَا كَافُورًا ٥ عَيۡنٗا يَشۡرَبُ بِهَا عِبَادُ ٱللَّهِ يُفَجِّرُونَهَا تَفۡجِيرٗا ٦﴾ [الانسان: ٥،  ٦]
“Ҳароина, некон аз ҷомҳое менӯшанд, ки омехта ба кофур аст, чашмае, ки бандагони Худо аз он менӯшанд ва онро бар ҳар ҷое, ки мехоҳанд, равон месозанд”.
(Сураи Инсон, 5 - 6)
Худованд фармудаанд, ки некон обро махлут бо оби чашмаи Кофур менӯшанд, дар ҳоле ки бархе аз бандагон онро холис менӯшанд.
Чашмаи дуввум, чашмаи Тасним аст, ки Худованд мефармояд:
﴿إِنَّ ٱلۡأَبۡرَارَ لَفِي نَعِيمٍ ٢٢ عَلَى ٱلۡأَرَآئِكِ يَنظُرُونَ ٢٣ تَعۡرِفُ فِي وُجُوهِهِمۡ نَضۡرَةَ ٱلنَّعِيمِ ٢٤ يُسۡقَوۡنَ مِن رَّحِيقٖ مَّخۡتُومٍ ٢٥ خِتَٰمُهُۥ مِسۡكٞۚ وَفِي ذَٰلِكَ فَلۡيَتَنَافَسِ ٱلۡمُتَنَٰفِسُونَ ٢٦ وَمِزَاجُهُۥ مِن تَسۡنِيمٍ ٢٧ عَيۡنٗا يَشۡرَبُ بِهَا ٱلۡمُقَرَّبُونَ ٢٨﴾ [المطففين: ٢٢،  ٢٨]
“Албатта, некон дар неъматанд, бар тахтҳо нишаста ва наззора мекунанд. Бар чеҳраашон таровати неъматро мешиносӣ. Аз шаробе холис, ки бар сари он мӯҳр ниҳодаанд, сероб мешаванд. Мӯҳри он аз мушк аст ва пешдастикунандагон дар он бар якдигар пешдастӣ мекунанд. Омезаи он тасним аст, чашмаест, ки муқаррабони (наздикони) даргоҳи Худо аз он меошоманд”.
(Сураи Мутаффифин, 22-28)
Ва дар Ҷаннат чашмаест, ки номаш Салсабил аст. Худованд мефармояд:
﴿وَيُسۡقَوۡنَ فِيهَا كَأۡسٗا كَانَ مِزَاجُهَا زَنجَبِيلًا ١٧ عَيۡنٗا فِيهَا تُسَمَّىٰ سَلۡسَبِيلٗا ١٨﴾ [الانسان: ١٧،  ١٨] 
“Дар он ҷо ҷоме бинӯшонандашон, ки омехта бо занҷабил бошад, аз чашмае, ки онро салсабил мегӯянд”.
(Сураи Инсон, 17-18)
5- Васфи бархе аз дарахтони Ҷаннат
а. Сидрату-л-мунтаҳо:
Ин дарахтест, ки Худои азза ва ҷалла номи онро дар китобаш зикр намудааст ва инчунин хабар додааст, ки паёмбараш Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи васаллам) Ҷабраил (а)-ро ба ҳамон сурат, ки Худо ӯро офаридааст, дар назди ин дарахт мушоҳида намудаанд ва назди он дарахт Ҷаннати маъвост. Ва он Сидраро чизе мепӯшонад, ки ғайр аз Худо касе намедонад. Худованд мефармояд:
﴿وَلَقَدۡ رَءَاهُ نَزۡلَةً أُخۡرَىٰ ١٣ عِندَ سِدۡرَةِ ٱلۡمُنتَهَىٰ ١٤ عِندَهَا جَنَّةُ ٱلۡمَأۡوَىٰٓ ١٥ إِذۡ يَغۡشَى ٱلسِّدۡرَةَ مَا يَغۡشَىٰ ١٦ مَا زَاغَ ٱلۡبَصَرُ وَمَا طَغَىٰ ١٧﴾ [النجم : ١٣،  ١٧]
“Ӯро (Ҷабраилро) дигар бор ҳам бидид (дар шаби меъроҷ) назди сидрату-л-мунтаҳо, ки ҷаннату-л-маъво назди он қарор дорад. Вақте ки сидраро чизе (нурҳои илоҳӣ) дар худ мепӯшид, чашм хато накард ва ҳад дарнагузашт”.
(Сураи Наҷм, 13-17)
б. Дарахти Тубо:
Ин дарахти бузургест дар Ҷаннат, ки либосҳои аҳли Ҷаннат аз он сохта мешаванд. Аз Абӯсаъиди Худрӣ (р) омадааст, ки Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи васаллам) фармуданд:
“Тубо як дарахтест дар Ҷаннат, ки бузургии он ба монанди сад сол роҳ рафтан аст ва либосҳои аҳли Ҷаннат аз баргҳои он сохта мешаванд”. (Аҳмад, 3\71. Абӯяъло, 1374. "Маҷмаъуз завоид", 10/67.)
Он дарахт, ки дар зери сояи он аспсаворе сад сол роҳ меравад, бузургияшро ғайр аз Офарандаи он каси дигаре намедонад. Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи васаллам) бузургии он дарахтро васф намудаанд, ки агар имконаш бошад, аспсаворро сад сол лозим аст, ки ба он тарафи он бирасад. Дар "Саҳеҳ"-и Бухорӣ аз Абӯҳурайра (разияллоҳу анҳу) омадааст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи васаллам) фармуданд:
“Дар Ҷаннат дарахтест, ки аспсаворе дар сояи он сад сол хоҳад рафт”. (Бухорӣ, 3252. Муслим, 2826.) 
Худованд дар ин маврид дар Қуръони карим мефармояд:
"Ва сояе доим". (Сураи Воқиъа, 30)
Ва ин далолат бар офариниши беҳамто ва қудрати созандаи он Парвардигори субҳонаҳу ва таъоло менамояд.
6-Таом ва шароби аҳли Ҷаннат
Худованд зикр намудааст, ки таом ва шароби аҳли Ҷаннат он гуна аст, ки дил бихоҳад ва дар ин маврид фармудаанд:
"Ва меваҳое, ки худ интихоб мекунанд". (Сураи Воқиъа - 20)
﴿يُطَافُ عَلَيۡهِم بِصِحَافٖ مِّن ذَهَبٖ وَأَكۡوَابٖۖ وَفِيهَا مَا تَشۡتَهِيهِ ٱلۡأَنفُسُ وَتَلَذُّ ٱلۡأَعۡيُنُۖ وَأَنتُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ ٧١﴾ [الزخرف: ٧١]
“Қадаҳҳои зарин ва кӯзаҳоро дар миёнашон ба гардиш меоваранд. Дар он ҷост ҳар чӣ нафс орзу кунад ва дида аз он лаззат бибарад. Ва шумо дар он ҷо ҷовидона хоҳед буд”.
(Сураи Зухруф - 71)
Худованд биҳиштиёнро ихтиёр додааст, то аз ҳар гуна хӯрданиҳо ва нӯшиданиҳое, ки дилашон майл дорад, тановул намоянд:
﴿كُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ هَنِيٓ‍َٔۢا بِمَآ أَسۡلَفۡتُمۡ فِي ٱلۡأَيَّامِ ٱلۡخَالِيَةِ ٢٤﴾ [الحاقة: ٢٤]
“Бихӯреду биёшомед, гуворо бод шуморо. Инҳо мукофоти аъмолест, ки дар айёми гузашта ба ҷой меовардед!”.
(Сураи Алҳоққа – 24)
7-Шароби (майи) аҳли Ҷаннат
Он шароберо, ки Худованд барои биҳиштиён ваъда додааст, онро аз шароби дунё фарқ аст. Шароби дунё ақлро гум ва сарро ба дард меорад ва шикаму танро бемор месозад ва шояд ҳам дар саноат ва сохти он нуқсоне вуҷуд дошта бошад. Аммо шароби Ҷаннат аз ҳамаи он нуқсонҳо пок ва софу гуворост. ("Явмул охир фи-л-ҷаннати ва-н-нор"-и Умар Ашқар. Саҳ, 23.)
Худованд мефармояд:
﴿يُطَافُ عَلَيۡهِم بِكَأۡسٖ مِّن مَّعِينِۢ ٤٥ بَيۡضَآءَ لَذَّةٖ لِّلشَّٰرِبِينَ ٤٦﴾ [الصافات : ٤٥،  ٤٦]
“Ва ҷоме аз чашмаи гуворо миёнашон гардонида мешавад, сафед асту нӯшандагонашро лаззатбахш”.
(Сураи Соффот, 45-46)
Худованд шароби Ҷаннатро ба сафедӣ васф намуда, иброз доштааст, ки нӯшандаи онро лаззате хоҳад буд ва нӯшандаи он дилгир намегардад. Ва дар ҷои дигар онро васф карда мефармояд:
﴿يَطُوفُ عَلَيۡهِمۡ وِلۡدَٰنٞ مُّخَلَّدُونَ ١٧ بِأَكۡوَابٖ وَأَبَارِيقَ وَكَأۡسٖ مِّن مَّعِينٖ ١٨ لَّا يُصَدَّعُونَ عَنۡهَا وَلَا يُنزِفُونَ ١٩﴾ [الواقعة: ١٧،  ١٩]
“Писароне ҳамвора ҷавон гирдашон мечарханд бо қадаҳҳову кӯзаҳо ва ҷомҳое аз шаробе, ки дар ҷӯйҳо ҷорист, аз нӯшиданаш на сардардӣ гиранд ва на беҳуш шаванд”.
(Сураи Воқиъа, 17-19)
Ва дар ҷои дигаре мефармояд:
﴿يُسۡقَوۡنَ مِن رَّحِيقٖ مَّخۡتُومٍ ٢٥ خِتَٰمُهُۥ مِسۡكٞۚ وَفِي ذَٰلِكَ فَلۡيَتَنَافَسِ ٱلۡمُتَنَٰفِسُونَ ٢٦﴾ [المطففين: ٢٥،  ٢٨]
“Аз шаробе холис, ки бар сари он мӯҳр ниҳодаанд, сероб мешаванд. Мӯҳри он аз мушк аст ва пешдасткунандагон дар он бар якдигар пешдастӣ мекунанд”.
(Сураи Мутаффифин, 25-26)
"Раҳиқ", ки дар ин ояти муборака зикр шуд, шаробест, ки барои он ду васф баён шудааст: аввал ин ки он махтум (сарбаста) ва дастнахӯрдае аст. Дуввум ин ки агар ҷаннатиён онро бинӯшанд, дар поёни он бӯи мушкро хоҳанд шамид. (Тафсири Ибни Касир, 6\514.)  
8-Таом ва шароби покизаи ҷаннатиён
Биҳишт ҷоест пок аз палидиҳо ва аҳли он тоҳир аз олудагиҳо ҳастанд. Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи васаллам) фармуданд:
"Аввалин дастае аз уммати ман, ки вориди Ҷаннат хоҳанд шуд, ба монанди моҳи шаби чаҳордаҳанд ва пас аз он касоне, ки ба монанди дурахшонтарин ситораи осмонанд ва пас аз он камтар ва камтар. На онон дар он ҷо қазои ҳоҷат менамоянд ва на бинӣ меафшонанд ва на оби даҳон меандозанд"( Бухорӣ, 3327. Муслим, 2834.)   
Чунончи аз ин ҳадис равшан мегардад, агарчи миёни биҳиштиён дар нур ва дурахшиш тафовут вуҷуд дорад, аммо дар покӣ аз палидиҳо ҳама баробаранд, ки эшон дар он ҷо на пешоб менамоянд ва на туфу бинӣ меафшонанд. Аммо он чи ки эшон меошоманд, дар тани муборакашон арақе ба монанди мушк гашта берун меояд ва бархе аз он бо оруғе аз даҳон берун меояд, ки бо бӯи атр олуда аст.
Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи васаллам) фармуданд:
"Ҷаннатиён он ҷо таом ва шароб хоҳанд ошомид, аммо он ҷо пешоб, туф ва бинӣ нахоҳанд афшонид". Гуфтанд: "Пас таом чӣ хоҳад шуд?". Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: "Оруғ ва арақи ба монанди мушк". (Муслим, 2853. Абӯдовуд, 4741.)
9-Либос ва зевароти аҳли Ҷаннат
Ҷаннатиён либосҳои бисёр зебо ба тан хоҳанд намуд ва худро бо зеварҳои тиллову нуқра ва лӯълӯъ зинат хоҳанд дод. Либоси онон аз абрешим ва дастмонаҳои онон аз тиллову нуқра ва лӯълӯъ сохта шудааст. Худованд мефармояд:
﴿جَنَّٰتُ عَدۡنٖ يَدۡخُلُونَهَا يُحَلَّوۡنَ فِيهَا مِنۡ أَسَاوِرَ مِن ذَهَبٖ وَلُؤۡلُؤٗاۖ وَلِبَاسُهُمۡ فِيهَا حَرِيرٞ ٣٣﴾ [فاطر: ٣٣]
“Ба биҳиштҳое, ки ҷойгоҳи ҷовидонаи онҳост, дохил мешаванд. Дар он ҷо ба дастбандҳои зару марворид онҳоро меороянд ва дар он ҷо ҷомаҳояшон аз ҳарир аст”.
(Сураи Фотир – 33)
﴿عَٰلِيَهُمۡ ثِيَابُ سُندُسٍ خُضۡرٞ وَإِسۡتَبۡرَقٞۖ وَحُلُّوٓاْ أَسَاوِرَ مِن فِضَّةٖ وَسَقَىٰهُمۡ رَبُّهُمۡ شَرَابٗا طَهُورًا ٢١﴾ [الانسان: ٢١]
“Бар танашон ҷомаҳоест аз сундуси сабз ва истабрақ. Ва бо дастбандҳое аз нуқра ороста шудаанд ва бинӯшонад онҳоро Парвардигорашон шароби покро”.
(Сураи Инсон - 21)
Ва пӯшидании ҷаннатиён рангоранг буда ва онҳо либоси сабзу абрешимини нозук ва захими мувофиқи хоҳишашонро мепӯшанд. Худои муттаол мефармояд:
﴿أُوْلَٰٓئِكَ لَهُمۡ جَنَّٰتُ عَدۡنٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهِمُ ٱلۡأَنۡهَٰرُ يُحَلَّوۡنَ فِيهَا مِنۡ أَسَاوِرَ مِن ذَهَبٖ وَيَلۡبَسُونَ ثِيَابًا خُضۡرٗا مِّن سُندُسٖ وَإِسۡتَبۡرَقٖ مُّتَّكِ‍ِٔينَ فِيهَا عَلَى ٱلۡأَرَآئِكِۚ نِعۡمَ ٱلثَّوَابُ وَحَسُنَتۡ مُرۡتَفَقٗا ٣١﴾ [الكهف: ٣١]
“Онҳоро барояшон биҳиштҳое ҷовид аст. Аз зери пойҳошон наҳрҳо ҷорист. Биҳиштиёнро бо дастбандҳои зар меороянд ва ҷомаҳои сабз аз дебои нозуку дебои захим (ғафс) мепӯшанд ва дар он ҷо бар тахтҳо такя мезананд. Чӣ подоши некӯе ва чӣ оромгоҳи некӯе!”.
(Сураи Каҳф - 31)
Ҳамчунин Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи васаллам) хабар дода фармуда аст: "Биҳиштиён шонаҳои тиллоӣ доранд ва бо уди хушбӯ худро дуд мекунанд ва бухур медиҳанд ва бӯи хуши мушк аз баданашон метаровад".
Ва чунончи ӯ (Саллалоҳу алайҳи васаллам) фармуд:  "Зарфҳояшон аз тиллову нуқра аст ва он чи дар бухурдонҳояшон месӯзад бӯи атр аст ва арақҳояшон мушк аст". (Бухорӣ, 3246. Муслим, 2834\17.)  
Либосу зевароти аҳли Биҳишт кӯҳна намешаванд ва аз байн намераванд. Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи васаллам) фармуд: "Ҳар кас вориди Биҳишт шавад, дар нозу неъмат қарор мегирад, либосаш кӯҳна намешавад ва ҷавонии ӯ аз байн намеравад". (Муслим, 2836. Аҳмад, 2\369-370.) 
10- Ҳамнишинии ҷаннатиён
Ҷаннатиён аз ҳамдигар дидан намуда ва бо ҳам нишаста аз гузаштаи худ дар дунё ва аз он чи ки Худо онҳоро дар Ҷаннат насиб кардааст ёд ва сухан менамоянд. Худованд аз ҳамнишинии онон мефармояд:
﴿وَنَزَعۡنَا مَا فِي صُدُورِهِم مِّنۡ غِلٍّ إِخۡوَٰنًا عَلَىٰ سُرُرٖ مُّتَقَٰبِلِينَ ٤٧﴾ [الحجر: ٤٧]
“Ҳар кинаеро аз дилашон баркандаем, ҳама бародаранд ва бар тахтҳо рӯ ба рӯи ҳамдигаранд”.
(Сураи Ҳиҷр - 47)
Ва Худованд дар бораи чигунагии суханони ҷаннатиён фармудааст:
﴿وَأَقۡبَلَ بَعۡضُهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖ يَتَسَآءَلُونَ ٢٥ قَالُوٓاْ إِنَّا كُنَّا قَبۡلُ فِيٓ أَهۡلِنَا مُشۡفِقِينَ ٢٦ فَمَنَّ ٱللَّهُ عَلَيۡنَا وَوَقَىٰنَا عَذَابَ ٱلسَّمُومِ ٢٧ إِنَّا كُنَّا مِن قَبۡلُ نَدۡعُوهُۖ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡبَرُّ ٱلرَّحِيمُ ٢٨﴾ [الطور: ٢5،  ٢٧]
“Пурсишкунон рӯй ба якдигар меоваранд. Мегӯянд: "Пеш аз ин, ҳароина, дар миёни касонамон (хонавода) мо аз (азоби) Худо метарсидем. Пас, Худо бар мо миннат ниҳод ва моро аз азоби самум нигаҳ дошт. Ҳароина, мо пеш аз ин Ӯро мехондем. Албатта, Ӯ эҳсонкунандаву меҳрубон аст!”.
(Сураи Тур, 25-28)
Ва инчунин дар бораи онон, ки аз ин рӯз дар шак буданд ва онҳоро ба сӯи куфр даъват менамуданд, бо ҳам сухан мегӯянд. Худованд мефармояд:
﴿فَأَقۡبَلَ بَعۡضُهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖ يَتَسَآءَلُونَ ٥٠ قَالَ قَآئِلٞ مِّنۡهُمۡ إِنِّي كَانَ لِي قَرِينٞ ٥١ يَقُولُ أَءِنَّكَ لَمِنَ ٱلۡمُصَدِّقِينَ ٥٢ أَءِذَا مِتۡنَا وَكُنَّا تُرَابٗا وَعِظَٰمًا أَءِنَّا لَمَدِينُونَ ٥٣ قَالَ هَلۡ أَنتُم مُّطَّلِعُونَ ٥٤ فَٱطَّلَعَ فَرَءَاهُ فِي سَوَآءِ ٱلۡجَحِيمِ ٥٥ قَالَ تَٱللَّهِ إِن كِدتَّ لَتُرۡدِينِ ٥٦ وَلَوۡلَا نِعۡمَةُ رَبِّي لَكُنتُ مِنَ ٱلۡمُحۡضَرِينَ ٥٧ أَفَمَا نَحۡنُ بِمَيِّتِينَ ٥٨ إِلَّا مَوۡتَتَنَا ٱلۡأُولَىٰ وَمَا نَحۡنُ بِمُعَذَّبِينَ ٥٩ إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ ٦٠ لِمِثۡلِ هَٰذَا فَلۡيَعۡمَلِ ٱلۡعَٰمِلُونَ ٦١﴾ [الصافات : ٥٠،  ٦١]
“Рӯ ба якдигар кунанд ва ба гуфтугӯ пардозанд. Яке аз онҳо гӯяд: "Маро ҳамнишине буд, ки мегуфт: "Оё ту аз онҳое ҳастӣ, ки (рӯзи қиёматро) тасдиқ мекунанд? Оё он гоҳ, ки мурдему хоку устухон шудем, ҷазоямон медиҳанд?" Гӯяд: "Оё мехоҳед ҳоли ӯро бидонед?" (Чун) Аз боло бингарад ва ӯро дар миёни оташи дӯзах бинад. Гӯяд: "Ба Худо савганд, наздик буд, ки маро ба ҳалокат афканӣ. Ва агар мавҳибати (бахшиши) Парвардигорам набуд, ман низ аз ҳозиршудагони азоб мебудам. Оё моро марге нест, ҷуз он марги нахустин? Ва дигар азобамон намекунанд!" Ҳароина, ин аст комёбии бузург! Амалкунандагон бояд барои чунин подоше амал кунанд”.
(Сураи Соффот, 50 - 61)
11-Занони аҳли Ҷаннат
Ҳамсари марди мӯъмин агар мӯъмина бошад, дар Биҳишт ҳамсари ӯ хоҳад буд. Худованд мефармояд:
﴿جَنَّٰتُ عَدۡنٖ يَدۡخُلُونَهَا وَمَن صَلَحَ مِنۡ ءَابَآئِهِمۡ وَأَزۡوَٰجِهِمۡ وَذُرِّيَّٰتِهِمۡۖ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ يَدۡخُلُونَ عَلَيۡهِم مِّن كُلِّ بَابٖ ٢٣﴾ [الرعد: ٢٣]
“Биҳиштҳои ҷовидонро, онҳо ва ҳар кадом аз падарону (модарон ва) ҳамсарон ва фарзандонашон, ки некӯкор будаанд, дохил мешаванд ва фариштагон аз ҳар дар ба наздашон меоянд”.
(Сураи Раъд - 23)
Онҳо бо ҳамсарони худ дар неъматҳо ва сояҳои Ҷаннат хушу гуворо лаззат хоҳанд бурд. Худованд мефармояд:
﴿هُمۡ وَأَزۡوَٰجُهُمۡ فِي ظِلَٰلٍ عَلَى ٱلۡأَرَآئِكِ مُتَّكِ‍ُٔونَ ٥٦﴾ [يس: ٥٦ ]
“Онҳо ва ҳамсаронашон дар сояҳое ба тахтҳо такя задаанд”.
(Сураи Ёсин - 56)
﴿ٱدۡخُلُواْ ٱلۡجَنَّةَ أَنتُمۡ وَأَزۡوَٰجُكُمۡ تُحۡبَرُونَ ٧٠﴾ [الزخرف: ٧٠]
“Шумо ва ҷуфтҳоятон (ҳамсаронатон) бо шодкомӣ ба биҳишт дохил шавед”.
(Сураи Зухруф - 70)
Идома дорад
Хонандагони гиромӣ! дар бахши дигари ин мақола се бахши дигари ҷаннатро баён менамоям. 1-)Ҳурони биҳиштӣ. 2-)Беҳтарин ҳадяи ҷаннатиён.  3-) Охирин сухани ҷаннатиён ҳамд бар Парвардигор аст. Пас аз он Аҳволи дузах ва дузахиёнро дунбол менамоем.
Ҳурони биҳиштӣ
Худованд мефармояд:
﴿كَذَٰلِكَ وَزَوَّجۡنَٰهُم بِحُورٍ عِينٖ ٥٤﴾ [الدخان: ٥٤]
“Ҳамчунин, ҳурулъийнро (ҳурони шаҳлочашмро) ба ҳамсарияшон даровардем”.
 (Сураи Духон, ояти 54)
Ҳур ҷамъи ҳавро аст. Ва ҳавро онеро гӯянд, ки ифрот дар сафедӣ ва сиёҳии чашмон дошта бошад. Ва ъайн ҷамъи ъайно аст, ки ъайно чашмпаҳнро мегӯянд. Ва Худо дар Қуръони карим дар васфи онон гуфтааст:
﴿إِنَّ لِلۡمُتَّقِينَ مَفَازًا ٣١ حَدَآئِقَ وَأَعۡنَٰبٗا ٣٢ وَكَوَاعِبَ أَتۡرَابٗا ٣٣﴾ [النبا: ٣١،  ٣٣]
“Ҳароина, парҳезгоронро (ки дар дунё Худоро итоат кардаанд) ҷоест эмин аз ҳар осеб (ва мушарраф шудан ба боғҳои пурнеъмат ва раҳоӣ аз оташи Дӯзах), боғҳову токзорҳои (сарсабзу хуррам, ки дар он анвои дарахтон ва гулҳо мавҷуд аст)ва духтарони ҳамсинни норпистон…”.
(Сураи Набаъ, оёти 31-33)
Коъиб занеро мегӯянд, ки синаҳои баланд дошта бошад ва атроб, яъне дар як синну сол бошанд. Ҳурулъайн офаридашудаи Худо дар Ҷаннат аст, ки Худо онҳоро дӯшиза офаридааст. Худованд мефармояд:
﴿إِنَّآ أَنشَأۡنَٰهُنَّ إِنشَآءٗ ٣٥ فَجَعَلۡنَٰهُنَّ أَبۡكَارًا ٣٦﴾ [الواقعة: 35،  ٣6]
“Он занонро Мо биёфаридем офаридане ва дӯшизагон сохтем”.
 (Сураи Воқиъа, 35-36)
Ва онҳоро касе қабл аз он никоҳ накардааст. Чунончӣ Худованд мефармояд:
﴿فِيهِنَّ قَٰصِرَٰتُ ٱلطَّرۡفِ لَمۡ يَطۡمِثۡهُنَّ إِنسٞ قَبۡلَهُمۡ وَلَا جَآنّٞ ٥٦﴾ [الرحمن: ٥٦]
“Дар он ҷо занонест, ки ҷуз ба шавҳарони хеш нанигаранд ва пеш аз биҳиштиён ҳеҷ одамиву ҷинне ба онҳо даст назадааст”. (Сураи Ар-раҳмон, ояти 56)
Ва Худованд дар бораи ҷамоли занҳои Ҷаннат фармудааст:
﴿وَحُورٌ عِينٞ ٢٢ كَأَمۡثَٰلِ ٱللُّؤۡلُوِٕ ٱلۡمَكۡنُونِ ٢٣﴾ [الواقعة: ٢٢،  ٢٣]
“Ва ҳурони фарохчашм, ҳамонанди марворидҳои дар садаф”.
(Сураи Воқиъа, оёти 22-23)
Мурод аз макнун дар ин оят чизи пинҳону пӯшидаест, ки ранги ӯ дар зери офтоб дигаргун нагашта ва дасте ҳам ӯро нарасидааст. Ва дар ҷои дигар Худо онҳоро ба ёқут ва марҷон ташбеҳ кардааст:
﴿فِيهِنَّ قَٰصِرَٰتُ ٱلطَّرۡفِ لَمۡ يَطۡمِثۡهُنَّ إِنسٞ قَبۡلَهُمۡ وَلَا جَآنّٞ ٥٦ فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ٥٧ كَأَنَّهُنَّ ٱلۡيَاقُوتُ وَٱلۡمَرۡجَانُ ٥٨﴾ [الرحمن: ٥٦،  ٥٨]
“Дар он ҷо занонест, ки ҷуз ба шавҳарони хеш нанигаранд ва пеш аз биҳиштиён, ҳеҷ одамиву ҷинне ба онҳо даст назадааст. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед? Гӯё онҳо ёқуту марҷонанд”.
 (Сураи Ар-раҳмон, оёти 56-58)
Ёқут ва марҷон ду санги гаронбаҳоянд, ки ононро зебоии беҳамтост. Ва Худо ононро инчунин ба “қосироту тарф” васф намудааст, ки чашмони онон ғайр аз ҳамсарони худ каси дигареро надидаанд. Ва ҳамин басандаст, ки Худо аз ҷамол ва зебоии онон васф намудааст. Худованд мефармояд:
﴿فِيهِنَّ خَيۡرَٰتٌ حِسَانٞ ٧٠ فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ٧١﴾ [الرحمن: ٧٠،  ٧1]
“Дар он ҷо (Биҳишт) занонест нексирату зеборӯй. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?”
 (Сураи Ар-раҳмон, оёти 70-71)
Занҳои Ҷаннат аз сифоти занони дунё (ба монанди ҳайзу нифос ва дигар узрҳое, ки доранд) поканд.
Паёмбари Худо (с) аз ҷамол ва зебоии мардону занони Ҷаннат сухан гуфта фармуд:
“Аввалин даста, ки вориди биҳишт мегарданд, рухсори эшон ба монанди моҳи шаби чаҳордаҳ аст, дар он ҷо оби даҳон (туф) нахоҳанд кард, бинӣ нахоҳанд афшонид ва қазои ҳоҷат нахоҳанд кард. Зарфҳои эшон тиллоӣ буда, шонаи мӯйҳои ҷаннатиён аз тиллову нуқра сохта шудааст ва аз бухурдонҳояшон бӯи хуш метаровад, арақҳояшон хушбӯ ва пок аст, ҳар яке ононро ду ҳамсар аст, ки аз камолу пуррагии ҷамол ва зебоияшон мағзҳои пойҳояшон намоён аст”.
Беҳтарин ҳадяи ҷаннатиён
Паёмбари Худо (с) мефармояд: "Вақте биҳиштиён дохили Ҷаннат мегарданд, Худованд мефармояд: "Оё мехохед бароятон чизе изофа намоям?" Ҷаннатиён мегӯянд: "Оё рухсораҳои моро равшан нанамудаӣ? Ва моро дохили Ҷаннат нанамудаӣ? Ва аз оташ наҷот надодаӣ?" Пас, Худованд пардаро дур месозад. Ва бандагонро беҳтар аз дидори Худо чизе дода нашудааст ва дар ривояти дигаре омадааст, ки Паёмбари Худо (с), пас ин оятро тиловат менамояд:
﴿لِّلَّذِينَ أَحۡسَنُواْ ٱلۡحُسۡنَىٰ وَزِيَادَةٞۖ وَلَا يَرۡهَقُ وُجُوهَهُمۡ قَتَرٞوَلَا ذِلَّةٌۚ أُوْلَٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡجَنَّةِۖ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ ٢٦﴾ [يونس : ٢٦]
“Подоши онон, ки некӣ мекунанд, некист (Ҷаннат) ва чизе афзун бар он (дидори Худованд). На сияҳрӯй шаванду на хор. Инҳо аҳли биҳиштанд ва дар он ҷовидонанд”.
 (Сураи Юнус, ояти 26)
Ва дигар неъмате, ки ба биҳиштиён насиб кардааст, ин аст, ки Абӯсаъиди Худрӣ (р) мефармояд, ки Паёмбар (с) фармуд:
"Худованд ба биҳиштиён мегӯяд: "Эй биҳиштиён!" Мегӯянд: "Лаббайка, эй Парвардигори мо, некӣ ҳама ба яди туст!" Худованд мефармояд: "Оё шумо розӣ гаштаед?" Мегӯянд: "Эй Парвардигори мо, чаро розӣ нагашта бошем! Моро чизе додаӣ, ки каси дигареро ба он мушарраф накардаӣ?!". Пас Худованд мефармояд: "Оё барои шумо аз ҳамаи инҳо дида беҳтареро надиҳам?" Мегӯянд: "Эй Парвардигори мо! Чӣ чизе аз ин беҳтар аст?" Худованд мефармояд: "Ман ризои Худро бар шумо ҳалол шумурдам ва пас аз ин бар шумо хеҷ гоҳ ғазаб намекунам".
Охирин сухани ҷаннатиён ҳамд бар Парвардигор аст.
Рӯзи қиёмат мӯъминон чун аз мавқифҳои бузургу пурҳайбат гузар мекунанд ва аз болои пули Сирот мегузаранду тарсу ваҳмро мушоҳида менамоянд ва чун Худованд пас аз дур кардани хавфу тарс ва ҳузну андӯҳ онҳоро дохили Ҷаннат мегардонад ва неъматҳои бузургеро, ки барояшон омода кардааст мебинанд, бо садои баланд Худоро ҳамду сано гуфта меситоянд, ки Худованд ғамро аз онон дур кард ва ваъдаашро бар онон таҳқиқ намуд ва Ҷаннатро барояшон ба мерос гузошт. Дар ин маврид дар Қуръони карим омадааст:
﴿جَنَّٰتُ عَدۡنٖ يَدۡخُلُونَهَا يُحَلَّوۡنَ فِيهَا مِنۡ أَسَاوِرَ مِن ذَهَبٖ وَلُؤۡلُؤٗاۖ وَلِبَاسُهُمۡ فِيهَا حَرِيرٞ ٣٣ وَقَالُواْ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ ٱلَّذِيٓ أَذۡهَبَ عَنَّا ٱلۡحَزَنَۖ إِنَّ رَبَّنَا لَغَفُورٞ شَكُورٌ ٣٤﴾ [فاطر: ٣٣،  ٣٤]
“Ба биҳиштҳое, ки ҷойгоҳи ҷовидонаи онҳост, дохил мешаванд. Дар он ҷо ба дастбандҳои зару марворид онҳоро меороянд ва дар он ҷо ҷомаҳояшон аз ҳарир аст. Ва мегӯянд: "Сипос Худоро, ки андӯҳ аз мо дур кард, ба таҳқиқ Парвардигори мо омурзандаву шукрпазир аст!”.
 (Сураи Фотир, оёти 33 - 34)
Ва низ дар ҷои дигар Қуръони маҷид мефармояд:
﴿دَعۡوَىٰهُمۡ فِيهَا سُبۡحَٰنَكَ ٱللَّهُمَّ وَتَحِيَّتُهُمۡ فِيهَا سَلَٰمٞۚ وَءَاخِرُ دَعۡوَىٰهُمۡ أَنِ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٠﴾ [يونس : ١٠]
“Дар он ҷо дуояшон ин аст: "Бор Худоё, Ту покӣ". Ва ба ҳангоми дуруд салом мегӯянд ва поёни дуояшон ин аст: "Сипос Худоро, он Парвардигори ҷаҳониён”.
 (Сураи Юнус, ояти 10)
Паёмбари Худо (с) асҳоби киромашро тарбият менамуд, то барои ноил гаштан бар ризои Худо кӯшиш намоянд ва сазовори Биҳишт гарданд. Ва Биҳиштро бар саҳобагон аз манҳаҷи қуръонӣ ончунон равшан менамуд, ки гӯё онро бо чашми сар медиданд. Ҳатто ончунон ба назарашон вонамуд гашта буд, ки Ҷаннат дар оянда набуда, балки дар ҳоли ҳозир дар наздашон воқеъ аст. Ин яке аз муъҷизаҳои қуръонист, ки ояндаро, ки ҳанӯз наомадааст, ончунон равшан вонамуд кардааст, ки саҳобагон гӯё бо он зиндагӣ менамуданд ва зиндагии ин дунёиро ончунон ба гузашта таъбир намуда, ки гӯё ҳеҷ асаре аз он намондааст.
Васфи Ҷаннат ва эътиқод бар он аз умури муҳиммест, ки умматро баҳри он бедор бояд намуд, зеро вақте васфи Ҷаннат дар дили муъмин бедор мегардад, ҳарчи бештар баҳри ризои Худо мекӯшад ва зиндагии дунё бо ҳама лазоизаш, агар дар он нофармонии Худо ва Паёмбар (с) бошад ба чашмаш ночиз ва беарзиш маълум мешавад ва кароҳати марг аз дилаш берун мегардад ва баҳри иззат додани дини Худо ва дарёфти ризои Ӯ таъоло ва Паёмбар (с) мекӯшад ва дар ин роҳ ҷони худро дареғ намедорад. Ва сабаби бештари пирӯзиҳои таърихи ислом, ин дӯст доштану итоати роҳбар ва шавқмандии шаҳодат дар роҳи Худо ва расидан ба Ҷаннат буд, ба монанди маъракаи Заллоқа, ки муъминон бо роҳбарии Юсуф ибни Тошафин бар насорои Андалус пирӯз гаштанд ва мисли маъракаи Ҳиттин бо қиёдат ва сарлашкарии Салоҳуддини Аюбӣ ва маъракаи Айниҷолут бо қиёдат ва раҳбарии Қутуз ва мисли фатҳи Қустантиния, ки бо қиёдат ва сарлашкарии Муҳаммади Фотеҳ пирӯз гаштанд.
Васфи Дӯзах дар Қуръони карим ва асари он бар саҳобагон
Саҳобагон ҳамеша дар ҳолати тарс ва хавфи аз Худо ба сар мебурданд ва танҳо аз Худо умед доштанд. Тарбият намудани Паёмбар (с) саҳобагони киромашро зери манҳаҷи қуръонӣ таъсири бузурге ба онҳо гузошта буд, зеро Қуръони карим аҳволи рӯзи қиёмат, замину осмон, кӯҳу дарёҳо, ҷӯш задани баҳрҳо, аз байн рафтани рӯшноии нури Хуршед, тира гаштани Моҳ ва аз ҳам пошидану фурӯ рехтани ситорагонро ба таври шоиста ва дақиқ тасвир намудааст. Инчунин Қуръони карим ҳоли кофиронро, ки дар хорию зорӣ, ҳасрату надомат ва пушаймонӣ ҳастанд, баён доштааст. Қуръони карим илова бар баёни ҳолати кофирон, зиллату хорӣ, ҳасрату надомат ва нобуд шудану беарзиш қарор гирифтани амалҳову корҳои неки кофирону мунофиқонро, бинобар имону бовар надоштанашон баён доштааст ва инчунин ба баёни муҷодала ва кашмокаши ибодаткунандагон ва маъбудони ботилашон ва ҷидолу даъвоҳои заифон ва сардорон пардохта, муҷодалаи кофиру шайтон, муҷодалаи кофир бо аъзои бадани худ ва муҷодалаи рӯҳ ва ҷасадро зикр намудааст. Инчунин Қуръони карим аз шафоат ва шартҳои он, шафоате, ки пазируфта мешавад ва низ шафоате, ки пазируфта намешавад, сухан гуфта, аз ҳисобу ҷазо ва аз саҳнаи ҳисоб баҳс ба миён оварда, аз ин ки ситамдидагон аз ситамгорон қасос мегиранд ва низ аз чигунагии қасос гирифтан дар рӯзи қиёмат баҳс намудааст.
Худованд дар Қуръони карим бузургии шаъни Худро баён намуда, дар мавриди он рӯзи пурҳайбат ва чигунагии вазни аъмол дар тарозу ишора фармудааст. Паёмбари Худо (с) аз ҳавзи Кавсар ва аз мардумоне, ки насиби серобшавӣ аз онро доранд, низ хабар додаанд. Қуръони карим аз ҳашри кофирон ба сӯи Дӯзах ва гузаштану убури муъминону мунофиқон аз пули Сирот ва танҳо наҷот ёфтани муъминонро зикр намудааст.
Қуръони карим инчунин чигунагии анвоъи азоби дар оташи Дӯзахро низ тасвир намудааст. Ҳамин буд, ки мусалмонони садри ислом ин тасвирҳои дақиқи Қуръони каримро дар ҳаёти рӯзмарраи худ гӯё ба чашми сар мушоҳида менамуданд.
Аз ҷумлаи оятҳои Қуръони карим дар мавриди Дӯзаху дӯзахиён метавон ба мавориди зайл ишора кард:
1- Таому шароб ва либоси дӯзахиён
А). Қуръони карим баён менамояд, ки таоми дӯзахиён зариъ (гиёҳи хордоре) ва заққум (дарахтест, ки дар Дӯзах мерӯяд) аст ва инчунин нӯшидании онон чирку зардоб ва оби сӯзон аст. Чунончи Худованд мефармояд:
﴿لَّيۡسَ لَهُمۡ طَعَامٌ إِلَّا مِن ضَرِيعٖ ٦ لَّا يُسۡمِنُ وَلَا يُغۡنِي مِن جُوعٖ ٧﴾ [الغاشية: ٦،  ٧]
“Таоме ғайри зариъ надоранд, ки на фарбеҳ мекунад ва на дафъи гуруснагӣ”.
 (Сураи Ғошия, оёти 6-7)
Аз хӯрдани ин таом ҳеҷ лаззате ҳосил намешавад ва ба ҷисму тани инсон фоидае надорад, балки худ як навъи азоб аст.
Худованди бузургу тавоно дар мавриди заққум мефармояд:
﴿إِنَّ شَجَرَتَ ٱلزَّقُّومِ ٤٣ طَعَامُ ٱلۡأَثِيمِ ٤٤ كَٱلۡمُهۡلِ يَغۡلِي فِي ٱلۡبُطُونِ ٤٥ كَغَلۡيِ ٱلۡحَمِيمِ ٤٦﴾ [الدخان: ٤٣،  ٤٦]
“Ҳароина, дарахти заққум таоми гунаҳкорон аст. Монанди миси гудохта дар шикамҳо меҷӯшад. Монанди ҷӯшидани оби сӯзон”.
 (Сураи Духон, оёти 43-46)
Ва Худованд дар ҷои дигар дарахти заққумро васф намудааст:
﴿أَذَٰلِكَ خَيۡرٞ نُّزُلًا أَمۡ شَجَرَةُ ٱلزَّقُّومِ ٦٢ إِنَّا جَعَلۡنَٰهَا فِتۡنَةٗ لِّلظَّٰلِمِينَ ٦٣ إِنَّهَا شَجَرَةٞ تَخۡرُجُ فِيٓ أَصۡلِ ٱلۡجَحِيمِ ٦٤ طَلۡعُهَا كَأَنَّهُۥ رُءُوسُ ٱلشَّيَٰطِينِ ٦٥﴾ [الصافات : ٦٢،  ٦٥]
“Оё ин зиёфат (ҳама неъматҳои бекарон ва ҷовидонӣ) беҳтар ё дарахти заққум (дарахтест бадбӯ ва талх дар ҷаҳаннам)? Мо он дархтро барои гирифтории ситамкорон падид овардаем. Дарахтест, ки аз қаъри ҷаҳаннам мерӯяд, мевааш ҳамонанди сарҳои шайётин аст”.
 (Сураи Соффот, оёти 62-65)
Ва инчунин Худованд дар ҷои дигари аз Қуръони карим мефармояд:
﴿وَإِذۡ قُلۡنَا لَكَ إِنَّ رَبَّكَ أَحَاطَ بِٱلنَّاسِۚ وَمَا جَعَلۡنَا ٱلرُّءۡيَا ٱلَّتِيٓ أَرَيۡنَٰكَ إِلَّا فِتۡنَةٗ لِّلنَّاسِ وَٱلشَّجَرَةَ ٱلۡمَلۡعُونَةَ فِي ٱلۡقُرۡءَانِۚ وَنُخَوِّفُهُمۡ فَمَا يَزِيدُهُمۡ إِلَّا طُغۡيَٰنٗا كَبِيرٗا ٦٠﴾ [الاسراء: ٦٠]
“Ва (ба ёд ор) он гоҳ ки туро гуфтем: "Парвардигорат бар ҳамаи мардум иҳота (огоҳии комил) дорад". Ва он дидореро, ки (дар шаби меъроҷ) барои ту муяссар кардем ва достони дарахти малъун, ки дар Қуръон омадааст, чизе ҷуз озмоиши мардум набуд. Мо мардумро метарсонем, вале танҳо ба куфру саркашияшон меафзояд”.
 (Сураи Исро, ояти 60)
Ва дар ҷои дигаре Худованд мефармояд:
﴿ثُمَّ إِنَّكُمۡ أَيُّهَا ٱلضَّآلُّونَ ٱلۡمُكَذِّبُونَ ٥١ لَأٓكِلُونَ مِن شَجَرٖ مِّن زَقُّومٖ ٥٢ فَمَالِ‍ُٔونَ مِنۡهَا ٱلۡبُطُونَ ٥٣ فَشَٰرِبُونَ عَلَيۡهِ مِنَ ٱلۡحَمِيمِ ٥٤ فَشَٰرِبُونَ شُرۡبَ ٱلۡهِيمِ ٥٥﴾ [الواقعة: ٥١،  ٥٥]
“Он гоҳ шумо, эй гумроҳони дурӯғшуморанда, аз дарахти заққум хоҳед хӯрд ва шикамҳои худро аз он пур хоҳед кард ва бар болои он оби ҷӯшон хоҳед нӯшид, чунон менӯшед, ки шутури ташна об менӯшад”.
 (Сураи Воқиъа, оёти 51 - 55)
Аз ин оятҳои зикршуда равшан мегардад, ки ин дарахт (заққум) бадтарини дарахтҳост, ки решаҳои он дар амиқтарини ҷаҳаннам ва шохаҳои он атрофи Дӯзахро фаро гирифтааст ва меваи ин дарахт он қадар бадшакл аст, ки Қуръони карим онро ба сари шайтон ташбеҳ кардааст. Агарчи саҳобагон ин дарахтро ба чашм надида бошанд ҳам, аммо бадманзарии он дар дилҳои онон ҷойгир гашта буд. Чун дӯзахиён мубталои гуруснагӣ мегарданд, чизе ғайр аз заққум барои онон нест, то шиками худро пур намоянд, аммо вақте шиками худро аз он пур менамоянд ва мехоҳанд гуруснагияшон рафъ гардад ба монанди равғани доғ дар шиками онон ҷӯш мезанад ва бар асари он дарди шадиде эҳсос менамоянд ва монанди шутури ба марази ташнагӣ гирифтор, ки аз нӯшидани об серӣ надорад. Аз он об шикамҳои худро пур менамоянд, ки бар асари он рӯдаҳои онон пора-пора мегардад. Чунончӣ дар ояти зайл низ омадааст:
﴿كَمَنۡ هُوَ خَٰلِدٞ فِي ٱلنَّارِ وَسُقُواْ مَآءً حَمِيمٗا فَقَطَّعَ أَمۡعَآءَهُمۡ ١٥﴾ [محمد : ١٥]
“(Оё биҳиштиён) монанди касоне ҳастанд, ки дар оташи ҳамешагианд ва оноро аз обе ҷӯшон меошомонанд, чунон ки рӯдаҳояшон тика-тика мешавад”.
 (Сураи Муҳаммад, ояти 15)
Ва ин аст меҳмонии онон дар он рӯзи бузург. Вақте дӯзахиён ин таоми палиди аз зариъ ва заққумро меошоманд, аз бадмазагӣ ва палидияш дар гулӯяшон банд хоҳад монд. Худованд мефармояд:
﴿إِنَّ لَدَيۡنَآ أَنكَالٗا وَجَحِيمٗا ١٢ وَطَعَامٗا ذَا غُصَّةٖ وَعَذَابًا أَلِيمٗا ١٣﴾ [المزمل: ١٢،  ١٣]
“Ҳароина, назди Мост бандҳои гарон ва Дӯзах ва таъоме гулӯгиру азобе дардовар”.
(Сураи Муззаммил, оёти 12-13)
Ва дигаре аз таоми дӯзахиён ғислийн аст, ки Худованд мефармояд:
﴿فَلَيۡسَ لَهُ ٱلۡيَوۡمَ هَٰهُنَا حَمِيمٞ ٣٥ وَلَا طَعَامٌ إِلَّا مِنۡ غِسۡلِينٖ ٣٦ لَّا يَأۡكُلُهُۥٓ إِلَّا ٱلۡخَٰطِ‍ُٔونَ ٣٧﴾ [الحاقة: ٣٥،  ٣٧]
“Дар он рӯз он ҷо ҳеҷ дӯсте нахоҳад дошт. Таомаш чизе ҷуз чирку хуни аҳли Дӯзах нест. Танҳо хатокорон аз он таом мехӯранд”.
 (Сураи Ҳоққа, оёти 35-37)
Ва инчунин Худованд мефармояд:
﴿هَٰذَا فَلۡيَذُوقُوهُ حَمِيمٞ وَغَسَّاقٞ ٥٧﴾ [ص : ٥٧]
“Бояд оби ҷӯшону чирк ва хунобаи дӯзахиёнро бинӯшанд”.
 (Сураи Сод, ояти 57)
Ғислийн ва ғассоқ ҳар ду ба як маъност ва он зардобест, ки аз ҷисми дӯзахиён метаровад. Ва инчунин гуфта шудааст, ки он аз фарҷи занони зинокор ва аз гӯшт ва пусти бадбӯи кофирон мерезад. Ва Қуртубӣ (а) фармудаанд: "Ғисилийн фишурдаи тани дӯзахиён аст".
Б). Аммо нӯшидании дӯзахиён ҳамим, ғассоқ, муҳл ва садид аст. Худованди муттаъол дар ин маврид дар якчанд оятҳои каломи покаш фармудааст:
﴿مَّثَلُ ٱلۡجَنَّةِ ٱلَّتِي وُعِدَ ٱلۡمُتَّقُونَۖ فِيهَآ أَنۡهَٰرٞ مِّن مَّآءٍ غَيۡرِ ءَاسِنٖ وَأَنۡهَٰرٞ مِّن لَّبَنٖ لَّمۡ يَتَغَيَّرۡ طَعۡمُهُۥ وَأَنۡهَٰرٞ مِّنۡ خَمۡرٖ لَّذَّةٖ لِّلشَّٰرِبِينَ وَأَنۡهَٰرٞ مِّنۡ عَسَلٖ مُّصَفّٗىۖ وَلَهُمۡ فِيهَا مِن كُلِّ ٱلثَّمَرَٰتِ وَمَغۡفِرَةٞ مِّن رَّبِّهِمۡۖ كَمَنۡ هُوَ خَٰلِدٞ فِي ٱلنَّارِ وَسُقُواْ مَآءً حَمِيمٗا فَقَطَّعَ أَمۡعَآءَهُمۡ ١٥﴾ [محمد : ١٥]
“Васфи Биҳиште, ки ба парҳезгорон ваъда дода шуда ин аст, ки дар он наҳрҳоест аз обҳои тағйирнопазир ва наҳрҳо аз шире, ки таъмаш дигаргун намешавад ва наҳрҳо аз шаробе, ки ошомандагон аз он лаззат мебаранд ва наҳрҳое аз асали мусаффо. Ва дар он ҷо ҳар гуна мева, ки бихоҳанд ҳаст ва низ омурзиши Парвардигорашон. (Оё биҳиштиён) монанди касоне ҳастанд, ки дар оташи ҳамешагианд ва онҳоро аз обе ҷӯшон меошомонанд, ки рӯдаҳояшон тика-тика мешаванд”.
 (Сураи Муҳаммад , ояти 15)
Ва дар ояти дигар Худованд мефармояд:
﴿وَقُلِ ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّكُمۡۖ فَمَن شَآءَ فَلۡيُؤۡمِن وَمَن شَآءَ فَلۡيَكۡفُرۡۚ إِنَّآ أَعۡتَدۡنَا لِلظَّٰلِمِينَ نَارًا أَحَاطَ بِهِمۡ سُرَادِقُهَاۚ وَإِن يَسۡتَغِيثُواْ يُغَاثُواْ بِمَآءٖ كَٱلۡمُهۡلِ يَشۡوِي ٱلۡوُجُوهَۚ بِئۡسَ ٱلشَّرَابُ وَسَآءَتۡ مُرۡتَفَقًا ٢٩﴾ [الكهف: ٢٩]
“Ва Бигӯ: Ин сухани ҳақ аз ҷониби Парвардигори шумост. Ҳар кӣ бихоҳад, имон биёварад ва ҳар кӣ бихоҳад, кофир шавад". Мо барои кофирон оташеро, ки ҳамаро фаро мегирад, омода кардаем ва чун ба истиғоса (додхоҳӣ) об хоҳанд, аз обе чун миси гудохта, ки аз ҳарораташ чеҳраҳо кабоб мешаванд бихӯронандашон. Чӣ бад нӯшидание ва чӣ бад оромгоҳе!
 (Сураи Каҳф, ояти 29)
Ва низ дар ҷои дигар омада:
﴿مِّن وَرَآئِهِۦ جَهَنَّمُ وَيُسۡقَىٰ مِن مَّآءٖ صَدِيدٖ ١٦ يَتَجَرَّعُهُۥ وَلَا يَكَادُ يُسِيغُهُۥ وَيَأۡتِيهِ ٱلۡمَوۡتُ مِن كُلِّ مَكَانٖ وَمَا هُوَ بِمَيِّتٖۖ وَمِن وَرَآئِهِۦ عَذَابٌ غَلِيظٞ ١٧﴾ [ابراهيم: ١٦،  ١٧]
“Пушти сараш (сари кофир) ҷаҳаннам аст, то дар он ҷо ӯро аз оби чирку хунаш бихӯронанд. Ҷуръа-ҷуръа онро менӯшад ва ҳеҷ гуворои ӯ нест ва марг аз ҳар сӯ бар ӯ метозад, аммо намемирад ва азобе сахт дар интизори ӯст”.
(Сураи  Иброҳим, оёти 16-17)
Ва боз мефармояд:
﴿هَٰذَا فَلۡيَذُوقُوهُ حَمِيمٞ وَغَسَّاقٞ ٥٧﴾ [ص : ٥٧]
“Бояд оби ҷӯшону чирк ва хунобаи дӯзахиёнро бинӯшанд”.
 (Сураи Сод, ояти 57)
Дар ин оёти муборак чор намуд аз шароби дӯзахиён зикр шуд:
1- Ҳамим - дараҷаи болотарини ҳарорат аст.
2- Ғассоқ - чуноне ки зикр шуд, ҳам аз таом ва ҳам аз шароби дӯзахиён ба шумор меравад.
3- Садид - зардобест, ки аз пуст ва гӯшти кофирон мерезад.
4- Муҳл - ба монанди равғани ҷӯшзадаест, ки агар рухсор ба он наздик гардад, пуст аз он ҷудо мегардад.


Маъхази истифодашуда:
"Алвасатияту фи-л- Қуръони-л-карим", -с. 433.
Бухорӣ 3245. Муслим, 2834\17.
Аҳмад, 4\ 332,333. Муслим, 181. Тирмизӣ, 2555. Ибни Моҷа, 187.
Бухорӣ, 6549. Муслим, 2829.
Муҳаммад Қутб. "Диросотун қуръония". -с. 81.
"Алвасатияту фи-л- Қуръони- л -карим", -с. 402.
Умар Ашқар. "Алявмул охир фи-л- ҷаннати ва-н- нор". -с. 88.
Сиддиқ Ҳасан. "Яқзатун авло-л-иътибори миммо варада фӣ зикри-л-ҷаннати ва-н- нор". -с. 86.
"Алявмул охири фил ҷаннати ва-н-нор", -с. 90.

Васфи Ҷаннати ҷовидон дар Қуръони карим

Бор кунед

Дар бораи китоб

Муаллиф :

محمد إقبال صدر الدين

Publisher :

www.islamland.com

Категория :

The Hereafter