Дӯзах

Маълумоти мухтасар дар бораи дӯзах: Дӯзах азобе аст аз ҷониби Худованд, ки душманони худро дар он азоб медиҳад ва зиндоне аст, ки муҷримонро дар он зиндони мекунад.

اسم الكتاب: النار


تأليف: مصعب حمزة
نبذة مختصرة:  مقالة باللغة الطاجيكية تعطى نبذة مختصرة عن النار وأوصافها ومن يدخلها وكيف يعذبون.

Дӯзах
[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]
Таҳия: Мусъаби Ҳамза




2014 - 1435


 
 
النــار
«باللغة الطاجيكية»

إعداد: مصعب حمزة





2014 - 1435
 

 
Дӯзах
(қисмати аввал)
Дӯзах сарое аст, ки Худованд онро барои кофирон муҳаё кардааст, яъне касоне ки аз шариъати Ӯ мунҳариф ва мункири паёмбаронаш ҳастанд.
Дӯзах азобе аст аз ҷониби Худованд, ки душманони худро дар он азоб медиҳад ва зиндоне аст, ки муҷримонро дар он зиндони мекунад.
Дӯзах дар воқеъ расвоии бузург ва хасорати азиме аст, ки расвоии баъд аз он ва хасорати азимтар аз он вуҷуд надорад.
Худованд мефармояд:
﴿رَبَّنَآ إِنَّكَ مَن تُدۡخِلِ ٱلنَّارَ فَقَدۡ أَخۡزَيۡتَهُۥۖ وَمَا لِلظَّٰلِمِينَ مِنۡ أَنصَارٖ ١٩٢﴾ [ال عمران: ١٩٢]
Парвардигоро! Бегумон Ту ҳаркиро (ба хотири аъмоли зишташ) ба оташ дарори барости хору забунаш кардаи.
Ва (инон бар худ ва дигарон ситам кардаанд) ситамгоронро ёваре нест.   
Сураи Оли Имрон 192
Боз Худованд мефармояд:
﴿أَلَمۡ يَعۡلَمُوٓاْ أَنَّهُۥ مَن يُحَادِدِ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ فَأَنَّ لَهُۥ نَارَ جَهَنَّمَ خَٰلِدٗا فِيهَاۚ ذَٰلِكَ ٱلۡخِزۡيُ ٱلۡعَظِيمُ ٦٣﴾ [التوبة: 63]
“Оё надонистаанд, ки ҳар кас бо Худо ва паёмбараш душмани ва мухолифат кунад сазои ӯ оташи дӯзах аст ва ҷовидона дар он мемонад? Ин (гирифтор омадан ба дӯзах) расвои ва хории бузург аст”.
Сураи Тавба 63
Боз Худованд мефармояд:
﴿فَٱعۡبُدُواْ مَا شِئۡتُم مِّن دُونِهِۦۗ قُلۡ إِنَّ ٱلۡخَٰسِرِينَ ٱلَّذِينَ خَسِرُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ وَأَهۡلِيهِمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۗ أَلَا ذَٰلِكَ هُوَ ٱلۡخُسۡرَانُ ٱلۡمُبِينُ ١٥﴾ [الزمر: ١٥]
“Аммо шумо ҳар чи ва ҳар киро ҷуз Ӯ мехоҳед бипарастед. (Роҳи ман ин буд ва роҳи шумо ҳарчи мехоҳад бошад, ҳар касе дар оқибати кор он даравад , ки кишт) Бигу: Зиёнкорони воқеъи касоне ҳастанд, ки (умру ҷони) худро (ба сабаби гумроҳи, ҳатто умру ҷони аҳлу аёл) ва вобастагони худро (бо гумроҳсози) дар рӯзи қиёмат (ҳадар диҳанд ва) зиёнбор кунанд. Ҳон! Зиёни ошкор воқеъан ҳамин аст.
Сураи Зумар 15
Оре! Дӯзах чунин аст, ки баён гардид, ва чигуна чунин набошад, ҳоло онки дар он азоб, мусибат, ва ғаму андуҳе аст, ки қалам ва забон аз баёни он нотавонанд. Илова бар ин дӯзах ва аҳли он ҷовидонанд. Инҷост, ки Худованд дар маломати ҷойгоҳи аҳли дузах ба таври муфассал сухан рондааст.
Худованд мефармояд:
﴿إِنَّهَا سَآءَتۡ مُسۡتَقَرّٗا وَمُقَامٗا ٦٦﴾ [الفرقان: ٦٦]
“Бегумон дӯзах бадтарин қароргоҳ ва ҷойгоҳ аст”.
Сураи Фурқон 66
Боз Худованд мефармояд:
﴿هَٰذَاۚ وَإِنَّ لِلطَّٰغِينَ لَشَرَّ مَ‍َٔابٖ ٥٥ جَهَنَّمَ يَصۡلَوۡنَهَا فَبِئۡسَ ٱلۡمِهَادُ ٥٦﴾ [ص : ٥٥،  ٥٦]
“Ин (неъматҳо ва баҳраҳои парҳезгорон буд, ки зикри гушае аз он гузашт) ва аммо саркашон (аз хатти фармони Худованд ва шурандагон бар анбиё ва паёмбарон) дорои бадтарин бозгашт ва маъвоянд. Ва он дӯзах аст, бадонҷо дар меоянд ва бадон месӯзанд, Ва чи бад ҷойгоҳ ва қароргоҳе аст”.
Сураи Сод 55 – 56
Оё дӯзах феълан халқшуда аст, ё не?
Дар ин бора имом Абуҳанифа (р.з) мефармояд:
Биҳишту дӯзах ҳамин рӯз, (ки кори дунё ҳанӯз ба поён нарасидааст, яъне ҳамроҳи дунё) офарида шудаанд ва ҳеҷ гоҳ фони намегарданд (аз байн намераванд). Ҳурони сиёҳчашм(и биҳиштӣ) ҳаргиз намемиранд ва иқоб (ҷазо) ва савоби Худои таъоло абадан фано намепазиранд. (Рисолаҳои имом Абуҳанифа, Абдушарифи Боқизода  75)
Биҳишт ва дӯзах офарида шудаанд
Имом Таҳови дар китоби ақидааш дар бораи офарида шудани биҳишту дӯзах мефармояд:
والجنةُ والنارُ مخلوقتان لا تفنيانِ أبدًا ولا تَبيدان، وأن اللهَ تعالى خلقَ الجنةَ والنارَ قبل الخلق وخلقَ لهما أهلاً، فمن شاءَ منهم إلى الجنة فضلاً منه، ومن شاء منهم إلى النارِ عدلاً منه، وكلٌّ يعمل لمَا قد فَرِغَ له وصائِرٌ إلى ما خُلِق له. والخيرُ والشرُّ مقدرانِ على العباد.
Биҳишту дӯзах офарида шудаанд. Он ду фанонопазир ҳастанд, ва ҳаргиз аз байн намераванд. Худованд биҳишту дӯзахро пеш аз офаридани инсонҳо халқ намуда, барои ҳар кадомаш ёрону ёвароне низ офарида аст.
Ҳар касеро биҳишт мебарад, лутфу фазли Ӯст, Ва ҳаркиро ба дӯзах мебарад, адлу инсофи Ӯст.
Барои ҳамин ҳар кас кореро анҷом медиҳад, ки саросари вуҷуди ӯро дар бар мегирад ва ба ҷое меравад, ки барои он халқ шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки неки ва бади дар сарнавишти инсонҳо муъаян шудааст.
Муҳаммад ибни Ҳанафӣ шориҳи ақидаи Таҳови дар тафсири матлаби боло мефармояд:
«ان الجنة و النار مخلوقتان»
Тамоми аҳли суннат иттифоқ доранд, мабни бар инки биҳишт ва дӯзах офарида шудаанд, Ва аҳли суннат ҳамвора бар ин ақида буданд, то инки нобиғае аз миёни Муътазила ва Қадария ибрози вуҷуд намуд ва махлуқ будани биҳишту дӯзахро инкор кард ва гуфт: Худованд рӯзи қиёмат биҳишту дӯзахро меофарад.
Асл ва ақидаи ботили онон, иборат аз ин аст, ки: Бояд Худованд чунин кунад, ва чунин накунад, ононро бар он водошт, ки бигуянд: Биҳишту дӯзах офарида нашудаанд, Ва онон дар анҷом афъоли Худоро бо махлуқи Худо муқоиса карданд. Пас онон дар боби афъол Мушаббиҳа (монанд кунандаи холиқ бар махлуқ) ҳастанд, Ва таҷаҳҳум (фикрҳои ҷаҳмия) дар онон сироят намудааст, Ва дар айни ҳол муъаттила (бекор кунандаи сифатҳои Худованд) ҳастанд ва мегуянд: Оаридани биҳишт қабл аз ҷазо ва подош беҳуда ва ъабас аст, Зеро бо ин тартиб биҳишт то муддати мадиде отил (бекор) ва ботил мемонад.
Дар натиҷа онон (Муътазила ва Қадария) ба радди нусусе пардохтанд, ки мухолифи ин асли ботил аст, ки онро барои Парвардигор вазъ карданд, Онон нусусро аз мафоҳими асли таҳриф мекунанд ва касонеро, ки мухолифи асли онҳо ҳастанд, гумроҳ ва аҳли бидъат медонанд.
Шореҳи Таҳови баъди баёни матлаби боло, ба баёни шавоҳид ва далелҳое пардохт, ки аз махлуқ будани биҳишту дӯзах ҳикоят доранд, ва мегуянд: Худованд дар бораи биҳишту дӯзах чунин мефармояд:
﴿أُعِدَّتۡ لِلۡمُتَّقِينَ ١٣٣﴾ [ال عمران: ١٣٣]
“(Ва чунин чизи боарзиш) барои парҳезгорон таҳия дида шудааст”.
Сураи Оли Имрон 133
Боз Худованд мефармояд:
﴿أُعِدَّتۡ لِلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱللَّهِ وَرُسُلِهِۦۚ ٢١﴾ [الحديد: ٢١]
“Барои касоне омода шудааст, ки ба Худо ва паёмбаронаш имон дошта бошанд”.
Сураи Ҳадид 21
Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:
﴿وَٱتَّقُواْ ٱلنَّارَ ٱلَّتِيٓ أُعِدَّتۡ لِلۡكَٰفِرِينَ ١٣١﴾ [ال عمران: ١٣١]
“Ва аз оташе бипарҳезед, ки барои кофирон (на муъминон) омода шудааст”.
Сураи Оли Имрон 131
Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:
﴿إِنَّ جَهَنَّمَ كَانَتۡ مِرۡصَادٗا ٢١ لِّلطَّٰغِينَ مَ‍َٔابٗا ٢٢﴾ [النبا: ٢١،  ٢٢]
“Ҳаройна, ҷаҳаннам дар интизор бошад. Саркашонро бозгаштангоҳест”.
Сураи Набаъ 21-22
Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:
﴿أَفَتُمَٰرُونَهُۥ عَلَىٰ مَا يَرَىٰ ١٢ وَلَقَدۡ رَءَاهُ نَزۡلَةً أُخۡرَىٰ ١٣ عِندَ سِدۡرَةِ ٱلۡمُنتَهَىٰ ١٤ عِندَهَا جَنَّةُ ٱلۡمَأۡوَىٰٓ ١٥﴾ [النجم : ١٢،  ١٥]
“Оё бо ӯ дар бораи чизе ки дидааст, ситеза мекунед? Ӯ ки бори дигар (дар шаби Меъроҷ) вайро дидааст, назди сидратулмунтаҳо, Биҳишт, ки манзил (ва маъвои парҳезгорон) аст, дар канори он аст”.
Сураи Наҷм 12 – 15
Дар ҳадис омада аст, Расули Худо (с) сидратулмунтаҳо ва дар канори он ҷаннатулмаъворо дидааст.
Дар ҳадиси Исро ки Бухори ва Муслим онро аз ҳазрати Анас (р.з) ривоят кардаанд, чунин омадааст:
Баъд Ҷиброил (а) манро бурд то ба сидратулмунтаҳо расид, Рангҳое онро пушида буд, ки намедонистам онҳо чи ҳастанд. Фармуд: баъд вориди биҳишт шудам, Гунбадҳое аз марворидро дидам ва хоки он аз миск буд.
Дар Бухори ва Муслим аз Абдуллоҳ ибни Умар (р.з) ҳадиси дигаре омадааст: Расули худо (с) фармуданд: Маскани ҳар инсон баъд аз мурданаш субҳу шом барояш ироъа дода мешавад, Агар биҳишти бошад, аз миёни биҳишт, Ва агар дӯзахи бошад, аз миёни дӯзах ҷои худро хоҳад дид ва ба ӯ гуфта мешавад: Ин маскани ту аст, ки то рӯзи қиёмат дар он боқи хоҳи монд.
Ва дар ҳадиси Бароъ ибни Озиб омада аст:
Мунодие аз осмон нидо сар медиҳад: Бандаи ман рост мегуяд, манзилашро аз фаршҳои биҳишт мафруш кунед ва даре аз биҳишт барояш боз кунед. Онгоҳ насим ва буйи биҳишт аз онҷо ба ӯ мерасад.
Дар ҳадиси хусуфи офтоб, ки Муслим онро аз ҳазрати Оиша (р.з) нақл кардааст, чунин омадааст:
Расули Худо (с) фармуданд: Аз инҷо ҳар ончиро ки ба шумо ваъда дода шуда аст, мушоҳида кардам, Худамро дидам, ки аз меваҳои биҳишт мечинам, Ва ин ҳамон лаҳзае буд, ки ба пеш рафтам ва оташи дӯзахро дидам, ки аз шиддати ҳарорат якдигарро хурд ва вайрон мекард, Ва ин ҳамон лаҳза буд, ки ман ба ақиб мерафтам.
Дар ҳадиси дигаре аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос дар Бухори омадааст: Дар замони Расули Худо (с) офтоб дучори хусуф шуд (офтоб гирифта шуд) Саҳобагон гуфтанд: Эй паёмбари худо! Туро дидем, ки дар ҷои худ чизеро мегирифти, баъд дидем, ки ба ақиб рафти? Паёмбар фармуд:
 روى البخاري عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ عَبَّاسٍ رضي الله عنهما قَالَ: قَالَ صلى الله عليه وسلم: «‏إِنِّي رَأَيْتُ الْجَنَّةَ،‏ فَتَنَاوَلْتُ عُنْقُوداً،‏ وَ لَوْ أَصَبْتُهُ لأَكَلْتُمْ مِنْهُ مَا بَقِيَتِ الدُّنْيَا،‏ وَ أُرِيتُ النَّارَ،‏ فَلَمْ أَرَ مَنْظَراً كَالْيَوْمِ قَطُّ أَفْظَعَ،‏ وَ رَأَيْتُ أَكْثَرَ أَهْلِهَا النِّسَاءَ »‏.‏ قَالُوا بِمَ يَا رَسُولَ اللَّهِ ؟ قَالَ: «‏بِكُفْرِهِنَّ»‏، قِيلَ: يَكْفُرْنَ بِاللَّهِ؟ قَالَ: «‏يَكْفُرْنَ الْعَشِيرَ،‏ وَ يَكْفُرْنَ الإِحْسَانَ،‏ لَوْ أَحْسَنْتَ إِلَى إِحْدَاهُنَّ الدَّهْرَ كُلَّهُ،‏ ثُمَّ رَأَتْ مِنْكَ شَيْئاً قَالَتْ مَا رَأَيْتُ مِنْكَ خَيْراً قَطُّ»‏
“Дар ҳақиқат ман биҳиштро дидам ва хостам, ки хушае аз онро дар даст гирам ва агар он хушаро дар даст мегирифтам, шумо то поёни дунё аз он мехурдед, Ва дӯзахро дидам ва то ҳол ҳеҷ саҳнаеро ваҳшатноктар аз он надида будам, Ва дидам, ки бештарини аҳли дӯзахро занон ташкил додаанд.
Суол шуд: Эй паёмбари худо! Чаро чунин аст? Паёмбар (с) фармуданд: Ба далили куфру ношукрии онон. Суол шуд: Куфри онон дар ҳаққи худованд? Паёмбар (с) фармуданд: Куфр дар баробари шавҳар ва адами сипосгузори дар баробари эҳсон ва некукори дар миёни занон зиёд мушоҳида мешавад, ки агар дар тули умр дар ҳақи онон неки куни сипас як хаторо аз ту бинанд, мегуянд: Ҳеҷгоҳ амали неку хубро аз ту надидаам”.
Бухорӣ
Дар саҳеҳ муслим аз ҳазрати Анас (р.з) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуданд:
Савганд ба он зоте ки ҷони ман дар ихтиёри ӯст, агар шумо медидед, ончиро, ки ман дидам, бисёр гиря мекардед ва камтар механдидед. Саҳобагон гуфтанд: Эй расули худо чиро дидаи? Фармуданд: Биҳишт ва дӯзахро дидам.
Дар Муваттаъ ва сунан аз Каъб ибни Молик оривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуданд:
Арвоҳи муъминон ба шакли парандагоне бар дарахтҳои биҳишт овезонанд, то инки рӯзи қиёмат худованд онҳоро ба ҷисмҳои муъминон бозгашт медиҳад.
Ин ҳадис ошкоро мегуяд, ки арвоҳ пеш аз фаро расидани рӯзи қиёмат ба биҳишт мераванд.
Дар саҳеҳ муслим, ва сунану  масонид аз ҳазрати Абуҳурайра ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуданд:
     عن أبي هريرة - رضي الله عنه - أن رسول الله - صلى الله عليه وسلم – قال: لما خلق الله الجنة، قال لجبريل: اذهب فانظر إليها، فذهب فنظر إليها، ثم جاء فقال: أي رب، وعزتك لا يسمع بها أحد إلا دخلها، ثم حفّها بالمكاره، ثم قال: يا جبريل اذهب فانظر إليها، فذهب فنظر إليها، ثم جاء، فقال: أي رب، وعزتك لقد خشيت أن لا يدخلها أحد، قال: فلما خلق الله النار، قال: يا جبريل اذهب فانظر إليها، فذهب فنظر إليها، ثم جاء، فقال: أي رب، وعزتك لا يسمع بها أحد فيدخلها، فحفها بالشهوات، ثم قال: يا جبريل اذهب فانظر إليها، فذهب فنظر إليها، ثم جاء، فقال: أي رب، وعزتك لقد خشيت أن لا يبقى أحد إلا دخلها. 
رواه الترمذي وأبو داود والنسائي
“Вақте худованд биҳишту дӯзахро офарид, Ҷибриилро ба суи биҳишт фиристод ва фармуд: Бирав биҳишт ва ончиро дар биҳишт барои муъминон омода кардаам мулоҳиза кун.
Ҷибриил рафт, биҳишт ва тамоми имконоти онро мушоҳида кард ва сипас баргашт ва гуфт: Парвардигоро! Савганд ба ҷалолу азаматат, ҳар кас дар бораи ин неъматҳо бишнавад, барои дохил шудани он худро муҳайё мекунад ва вориди он  мешавад. Пас Худованд амр кард, ки биҳишт ба воситаи мушкилоту сахтиҳо печонида шавад ва ба Ҷибриил амр кард, ки бирав бубин, ки барои аҳли биҳишт чи омода кардаам. Ҷибриил рафт ва баргашт ва гуфт: Парвардигоро! Савганд ба ҷалолу азамати Ту бими он дорам, ки касе вориди биҳишт нашавад.
Баъд Худованд Ҷибриилро ба тарафи дӯзах фиристод ва гуфт: Бирав дӯзах ва ончиро ки барои дӯзахиён омода кардаам мулоҳиза кун. Пас Ҷибриил нигоҳ кард ва дид, ки оташи он руйи ҳам анбошта шуда аст, Вақте баргашт рӯй ба боргоҳи Илоҳӣ оварда гуфт: Савганд ба иззат ва ҷалолат, ҳар кас дар бораи он шунавад, ҳаргиз намехоҳад вориди он шавад, Дастур дод то дӯзах бо лаззатҳо печонида шавад. Баъд ба Ҷибриил амр кард то барои мушоҳидаи имконоти дӯзахиён ба дӯзах биравад. Ҷибриил рафт ва бадон нигарист, сипас баргашт ва гуфт: Савганд ба иззат ва ҷалоли Тӯ, касе аз он наҷот намеёбад ва вориди он мешавад.
Монанди ин ҳадис дар китобҳои ҳадис зиёд аст.
Имом Бухорӣ дар саҳеҳи худ боберо дар ин замина унвон карда, мефармояд:
«باب ما جاء في صفة الجنّه و أنها المخلوقه»
Боб дар баёни сифати биҳишт ва дар баёни инки биҳишт офарида шуда аст. Ривоятҳои зиёдеро, ки ҳикоят аз офарида шудани биҳишт доранд, таҳти унвони мазкур оварда аст, ки маҷмуъи ин ҳадисҳо, ҳадисе аст, ки дар он омадааст:
Ҳангоме ки майит гузошта мешавад, дар биҳишт ё дӯзах манзили худро мушоҳида мекунад.
Ҳадиси нигоҳ кардани паёмбар (с) ба суйи биҳишт ва дӯзах ва ҳадиси дидани Расули Худо (с) қасри Умарро (р.з) дар биҳишт, аз ҷумлаи ин ҳадисҳо ҳастанд. (Фатҳулбори 6/320)
Ибни Ҳаҷар ҳақиқатро гуфта аст, онҷо ки мегуяд: Равшантар аз ончи ки Бухори нақл карда, он аст, ки имом Аҳмад ва Абудовуд бо санади саҳеҳ аз ҳазрати Абуҳурайра (р.з) нақл кардаанд: Расули Худо (с) фармуданд:
«لما خلق الله الجنة، قال لجبريل: اذهب فانظر إليها»
Вақте худованди муттаъол биҳиштро офарид ба ҳазрати Ҷибриил гуфт: Бирав биҳиштро нигоҳ кун.  (Фатҳулбори 6/320)

Дар васфи дӯзах ва киҳо ба он дохил мешаванд ва чигуна азоб мекашанд, чунин омадааст: Оташ: Аввал кофирон, сипас мўъминони саркаш ва туғёнгар ва дар поён мунофиқон ба дохили он фуру меафтанд. Ҷаҳаннам дорои ҳашт дарвоза аст. Оташи он ҳафтод баробар аз оташи дунё шадидтар аст. Бадани инсони кофир дар он бузург мешавад, то азоби бештареро бичашад. Фосилаи байни ду шонааш роҳи се рўза ва дандонҳояш монанди кўҳи Уҳуд аст. Пусташ хашин ва дурушт мешавад. Нўшидании онҳо оби доғе аст, ки рўдаҳояшонро тика-тика мекунад. Хўроки онҳо меваи дарахти заққум, зардоба ва хуноба аст.., осонтарин азоби он иборат аст аз ин ки кафи пои гуноҳкорро рўи ду тика ахгар мегузоранд. Шиддати гармои он ба ҳаде аст, ки мағзи ў ба ҷўш меояд, умқи он ба ҳаде аст, ки агар навзоде дар он андохта шавад, қабл аз он ки ба кафи он бирасад,  ҳафтод сола мешавад. Маводи сўхтании он кофирон ва сангҳо ҳастанд. Ҳавои он боди гарм ва сўзони (самум) ва сояи он бисёр доғ (яҳмум) аст. Ҳама чизро фуру мебарад ва ҳеҷ чизро боқӣ намегузорад. Пўстҳоро месўзонад ва ба устухон мерасад ва бар қалбҳо чира мешавад ва афродро ба сутўҳ ва шукўҳ водор месозад, аз ҳазор  нафар  нуҳсаду наваду нуҳ нафар вориди он мешаванд. Пўшиши он аз оташ аст. Намунаҳое аз азоби он иборатанд аз  варами пўсти бадан, зуб кардан, сўзондан, кашидан ва куштан аст. (Сафари ҷовидонагии масири ту ба суи биҳишт ё ҷаҳаннам 8, сомонаи Дорулислом, тоҷики)
(давом дорад)
Гирифта шуда аз китоби (Рӯзи охират: Ковише пиромуни биҳишт ва дӯзах) Умар Сулаймон Ашқар ва дигар манбаъҳо.
 
Дӯзах (қисми дуввум)
Нигаҳбонони дӯзах   
Бар дӯзах фариштагоне гумоштаанд, ки бисёр тавоно ва бо қувват ҳастанд.
Худовандро, ки офаридгори онҳо аст, нофармони намекунанд ва ончи бар онҳо амр шавад анҷом медиҳанд.
Ҳамонгуна ки Худованд мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ قُوٓاْ أَنفُسَكُمۡ وَأَهۡلِيكُمۡ نَارٗا وَقُودُهَا ٱلنَّاسُ وَٱلۡحِجَارَةُ عَلَيۡهَا مَلَٰٓئِكَةٌ غِلَاظٞ شِدَادٞ لَّا يَعۡصُونَ ٱللَّهَ مَآ أَمَرَهُمۡ وَيَفۡعَلُونَ مَا يُؤۡمَرُونَ ٦﴾ [التحريم: ٦] 
“Эй муъминон! Худ ва хонаводаи худро аз оташи дӯзахе барканор доред, ки афрӯзандаи он инсонҳо ва сангҳо аст, Фариштагоне бар он гумошта шудаанд, дурушт ва сахтгир ва зурманду тавоно ҳастанд, Аз Худо дар ончи ба онон дастур дода аст, нофармони намекунанд, Ва ҳамончизеро анҷом медиҳанд, ки ба он маъмур шудаанд”.
Сураи Таҳрим 6
Бинобар хабари ворид шуда дар Қуръони карим онҳо (нигаҳбонони дӯзах) 19 тан ҳастанд.
Худованд мефармояд:
﴿سَأُصۡلِيهِ سَقَرَ ٢٦ وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا سَقَرُ ٢٧ لَا تُبۡقِي وَلَا تَذَرُ ٢٨ لَوَّاحَةٞ لِّلۡبَشَرِ ٢٩ عَلَيۡهَا تِسۡعَةَ عَشَرَ ٣٠﴾ [المدثر: ٢٦،  ٣٠]
“Ҳарчи зудтар онро дохили дӯзах месозем, ва ба он месӯзонем. Ту чи медони, ки дӯзах чигуна аст? На, (чизеро) боқӣ мегузорад ва на (чизеро) раҳо месозад. (То инсон аз дасти он бо марги ҳамешаги роҳат шавад ва на раҳо месозад, то инсон аз дасти он бигурезад ва наҷот ёбад) Сӯзонандаи пӯст аст. Нуздаҳ фаришта бар он муваккаланд”.
Сураи Муддассир 26-30
Зикри ин адад барои кофирон муҷиби имтиҳон ва азоб гардид. Онҳо гумон карданд, ки бар ин адади кам ғолиб мешаванд ва ба ин матлаб пай набурданд, ки як тан аз онон метавонад бо тамоми фарзандони одам муқобила (мубориза) кунад, бар асоси ҳамин Худованд дар пайи он фармуд:
﴿وَمَا جَعَلۡنَآ أَصۡحَٰبَ ٱلنَّارِ إِلَّا مَلَٰٓئِكَةٗۖ وَمَا جَعَلۡنَا عِدَّتَهُمۡ إِلَّا فِتۡنَةٗ لِّلَّذِينَ كَفَرُواْ ٣١﴾ [المدثر: ٢٧،  ٣١]
“Маъмурони дӯзахро ҷуз аз миёни фариштагон барнагузидаем ва шумораи ононро низ ҷуз озмоиши кофирон насохтаем”.
Сураи Муддассир 31
Ибни Раҷаб мегуяд: Қавли машҳур дар миёни олимони гузашта ва баъдина ин аст, ки: Озмоиш ба ин маъно буд, ки шумораи фариштагон ошкор шуда ва кофирон ба хотири андак будани онон фиреб хурданд ва гумон мебурданд, ки мубориза бо онон дар натиҷа мағлуб карданашон осон аст, Ва ба ин воқеъият пай набурданд, ки як тан аз фариштагон тавони мубориза бо тамоми инсонҳоро дорад. (Ат-тахвиф мин-аннор 147)
Ва ин фариштагон ҳамон касоне ҳастанд, ки Худованд ононро " Хазанаи ҷаҳаннам" ё " Нигаҳбонони дӯзах" номида аст.
Худованд мефармояд:
﴿وَقَالَ ٱلَّذِينَ فِي ٱلنَّارِ لِخَزَنَةِ جَهَنَّمَ ٱدۡعُواْ رَبَّكُمۡ يُخَفِّفۡ عَنَّا يَوۡمٗا مِّنَ ٱلۡعَذَابِ ٤٩﴾ [غافر: ٤٩]
“Дӯзахиён ба нигаҳбонони дӯзах мегуянд! «Шумо аз Парвардигоратон бихоҳед, то як рӯз(бале фақат як рӯз) аз азоби мо кам кунад» .
Сураи Ғофир 49

Дар баёни сифати Дӯзах
Дӯзах дар куҷост?
Дӯзах дар ҳоли ҳозир дар куҷо қарор дорад?(дар қисми аввал гузашт, ки дӯзах халқ кардашуда аст ва феълан вуҷуд дорад).
Олимон дар ин бора ихтилофи назар доранд. Баъзе бар ин боваранд, ки дӯзах дар поинтарин табақаи замин аст, Бархе дигар бар ин ақидаанд, ки дӯзах дар осмонҳо аст, Ва баъзеи дигар дар ин бора таваққуф намудаанд(Яъне, ҷои онро мушаххас накардаанд ва аз ҷоеро барои он муаян кардан худдори намудаанд) ва ин беҳтарин раъй аст. Зеро ҳеҷ матни саҳеҳу ошкоре дар ин хусус наомадааст.
Аз ҷумлаи касоне ки ин раъйро ихтиёр намудааст ҳофиз Суюти мебошад, ки мегуяд:
«وتقف عن النار، أي تقول فيها بالوقف، أي محلها، حيث لا يعلمه الا الله، فلم يثبت عندي حديث اعتمده في ذلك»
Дар бораи маҳали вуқуъи дӯзах таваққуф мекунем, чун ба ҷуз Худованд каси дигаре маҳали вуқуъи онро намедонад ва ҳадиси мустанаде дар ин бора назди ман вуҷуд надорад. (Яқзат улил-эътибор, Сиддиқ Ҳасанхон 47)
Шайх Валиюллоҳ Деҳлави мефармояд: Дар ҳеҷ нассе ба макони дӯзах ва биҳишт тасреҳ нашудааст- макони он ҷое аст, ки худованд онро хоста аст- чун мо инсонҳо ба офаридаҳои Худованд ва ҷаҳони ҳасти иҳота надорем. (Яқзат улил-эътибор, Сиддиқ Ҳасанхон 47)

Густурдагии дӯзах ва чуқурии он
Дӯзах густарда ва бисёр васеъ аст, Чуқурияш хеле зиёд ва атрофу завоёаш аз ҳам бисёр фосилаи зиёд доранд, Ва далелҳои зиёде дар ин бора ворид шудааст.
Аз ҷумлаи он далелҳо:
1-    Адади касоне ки вориди дӯзах мешаванд. Адади онҳо аз ҳадду ҳисоб берун аст ва илова бар зиёди адади онҳо ҷисмҳои ҳар кадоми онон ба қадре бузург мешавад, ки дандони ҳар кадоми аз онҳо ба андозаи кӯҳи Уҳуд аст. Ва фосила миёни ду шона баробари масофаи се рӯз мегардад, Ва дар айни ҳол дӯзах ҳамаи кофирон ва муҷримони тули таърихи ҳаёти башариятро дар худ ҷой медиҳад ва ҳанӯз барои дигарон низ ҷой боқи хоҳад буд. Худованд дар сураи " Қоф  ق) моро аз ин воқеъият огоҳ месозад ва мефармояд:
﴿يَوۡمَ نَقُولُ لِجَهَنَّمَ هَلِ ٱمۡتَلَأۡتِ وَتَقُولُ هَلۡ مِن مَّزِيدٖ ٣٠﴾ [ق: ٣٠]
“Рӯзе ба дӯзах хоҳем гуфт: Оё пур шудаи? (Қатъан, ки пур шудаи ва мо ба ваъдаи худ вафо кардаем) ва дӯзах мегуяд: магар афзун бар ин ҳам ҳаст?”
Сураи Қоф 30
Дӯзах монанди осиёбе аст, ки садҳо ҳазор гандум дар он мерезад, дона, дона ҳамаро ба орд табдил медиҳад ва хаста намешавад, Ва маломатро намешиносад, Гандумҳо тамом мешаванд ва сангҳои осиёб ҳанӯз дар интизори донаҳои дигар мечарханд.
Ҳазрати Анас (р) аз расули Худо (с) ривоят мекунад, ки фармуданд:
«لا تزال جهنم يلقي فيها و تقول: هل من مزيد حتى يضع رب العزة فيها قدمه فينزوي بعضها إلى بعض، فتقول قط، قط، بعزتك و كرمك» (متفق عليه)
“Ҳар андоза гунаҳкорон дохили дӯзах шаванд, пур намешавад, ҳамеша мегуяд: Оё афроди бештаре ҳаст? То инки худованд қадамашро бар рӯйи он мегузорад, Онгоҳ мегуяд: Ба иззати шумо кофи аст, ба иззати шумо кофи аст. Ва атрофаш бар рӯйи ҳам ҷамъ мешавад (ва кучак мегардад)”.
Муттафақун алайҳи
2-     Бар зиёд чуқур будани дӯзах ин нукта низ далолат мекунад, ки ҳаргоҳ санге дар он андохта шавад , барои расидан ба қаъри он ба муддати замони тулони ниёз дорад.
Дар саҳеҳ Муслим аз Абуҳурайра (р.з) ривоят шудааст, ки мефармуд: Бо расули Худо (с) ҳамроҳ будем, ногоҳ расули Худо (с) садои афтодани чизеро шунид, Онгоҳ фармуд: “Оё медонед ин садои чист?” Гуфтанд: Аллоҳ ва расулаш беҳтар медонанд. Фармуданд: “Ин санге аст, ки ҳафтод сол пеш ба дӯзах партоб шуда ва то ҳанӯз ба тарафи қаъри дӯзах дар ҳоли суқут будааст”. (Муслим, китоби ҷаннат, боби, дар сахтии гармои дӯзах 4/3484 шумораи 2844)
3-    Зиёдии адади фариштагоне ки рӯзи қиёмат ба суи дӯзах меоянд, Дӯзахе ки Худованд дар бораи он мефармояд:
 ﴿وَجِاْيٓءَ يَوۡمَئِذِۢ بِجَهَنَّمَۚ ٢٣﴾ [الفجر: ٢٣]
“Ва дар он рӯз ҷаҳаннамро ҳозир оранд”
Сураи Фаҷр 23
Ва расули Худо (с) дар бораи он чунин фармудааст:
«يؤتى بجهنم يومئذٍ لها سبعون الف زمام مع كل زمام سبعون ملك» ( مسلم)
“Рӯзи қиёмат барои дӯзах ҳафтод ҳазор фармондеҳ, ки бо ҳар кадом ҳафтод ҳазор фаришта ҳамроҳ аст, оварда мешавад”.
Муслим
4-    Аз ҷумлаи чизҳое ки ба бузургии дӯзах далолат дорад, ин аст ки моҳу офтоб бо васф ва ҳаҷми бузурге ки доранд дар миёни оташи дӯзах монанди ду барзагови гирду куравишакл ҳастанд, Дар китоби " Мушкилулосор" таълифи имом Таҳовӣ аз Салама ибни Абдурраҳмон (р.з) ривоят шудааст, ки мегуяд: Абуҳурайра(р.з) аз паёмбар ривоят кард, ки гуфт: Рӯзи қиёмат офтобу моҳ монанди ду барзагов гирд ва куравишакл ҳастанд.
Байҳақи дар китоби "Албаъсу ва-аннушур" ва Баззор ва Хуттоби низ бо санади саҳеҳ ва бино бар шартҳои Бухори барои ҳадиси саҳеҳ ривояти болоро гузориш додаанд.
Имом Бухори дар саҳеҳи худ ривояти болоро ба таври ихтисор ва бо лафзи зер ривоят кардааст.
«الشمس و القمر مکوران فی النار» ( البخاري)
“Офтобу моҳтоб дар миёнаи оташ(дӯзах) куравишакл ҳастанд”.
Бухорӣ

Дараҷаҳои дӯзах
Дӯзах аз лиҳози шиддати гарми ва навъи азобе ки Худованд барои аҳли он дар назар гирифтааст, мутафовиту мутанавиъ аст, Ва азобу шиддати ҳарорати он якнавъ намебошад.
Худованд мефармояд:
﴿إِنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ فِي ٱلدَّرۡكِ ٱلۡأَسۡفَلِ مِنَ ٱلنَّارِ وَلَن تَجِدَ لَهُمۡ نَصِيرًا ١٤٥﴾ [النساء : ١٤٥]
“Бегумон мунофиқон дар аъмоқи дӯзах ва дар поинтарин макони он ҳастанд, Ва ҳаргиз ёваре барои онон нахоҳи ёфт”.
Сураи Нисо 145
Вожаи "дарк" дар забони араби бар ҳар чиз табақаи поинашро мегуянд. Ва "дараҷ" бар ҳар чиз табақаи болояш гуфта мешавад. Бинобарин барои биҳишт, дараҷа ва дараҷаҳои биҳишт мегуянд, ва барои дӯзах, дарк ва даракоти дӯзах- ро ба кор мебаранд.
Дӯзах бар ҳар мизоне ки поинтар бошад, ҳарорат ва шуълаҳояш ба ҳамон мизон шадидтару сахттар мешавад. Мунофиқон баҳраи бештаре аз оташи дӯзах мебаранд ба хотири ҳамин дар дарки асфали дӯзах қарор хоҳанд гирифт.
Гоҳе ба маротиби дӯзах " дараҷа " низ итлоқ мегардад, Худованд дар сураи Анъом баъд аз зикри аҳли биҳишту дӯзах мефармояд:
﴿وَلِكُلّٖ دَرَجَٰتٞ مِّمَّا عَمِلُواْۚ ١٣٢﴾ [الانعام: ١٣٢]
“Ва ҳар як (аз некукорон ва бадкорон) дорои дараҷоте (ва даракоте аз подош ва иззат ва зиллат дар ҷаҳони дигар) бар мувофиқи амалҳои худ ҳастанд”.     
Сураи Анъом 132
Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:
﴿أَفَمَنِ ٱتَّبَعَ رِضۡوَٰنَ ٱللَّهِ كَمَنۢ بَآءَ بِسَخَطٖ مِّنَ ٱللَّهِ وَمَأۡوَىٰهُ جَهَنَّمُۖ وَبِئۡسَ ٱلۡمَصِيرُ ١٦٢ هُمۡ دَرَجَٰتٌ عِندَ ٱللَّهِۗ وَٱللَّهُ بَصِيرُۢ بِمَا يَعۡمَلُونَ ١٦٣﴾ [آل عمران: ١٦٢،  ١٦٣]
“Оё касе ки ба роҳи хушнудии Худо меравад, монанди касест, ки ба хашми Ӯ боз мегардад  ва макони ӯ ҷаҳаннам аст ва он бадтарин бозгаштгоҳ аст.
Ин ду гурӯҳро назди Худо дараҷотест гуногун ва ӯ ба корҳояшон огоҳ аст!”
Сураи Оли Имрон 162-163
Абдурраҳмон ибни Зайд ибни Муслим мегуяд: Дараҷаҳои биҳишт ба суйи баланди ва дараҷаҳои дӯзах ба суйи баланди ва пасти мераванд. (Ат-тахвиф минан-нор, ибни Раҷаб 50)

Дарҳои дӯзах
Худованд мефармояд: Дӯзах ҳафт дарвоза дорад.
﴿وَإِنَّ جَهَنَّمَ لَمَوۡعِدُهُمۡ أَجۡمَعِينَ ٤٣ لَهَا سَبۡعَةُ أَبۡوَٰبٖ لِّكُلِّ بَابٖ مِّنۡهُمۡ جُزۡءٞ مَّقۡسُومٌ ٤٤﴾ [الحجر: ٤٣،  ٤٤] 
“Ва ҳатман дӯзах миъодгоҳи ҷумлагии онон аст, Дӯзах дорои ҳафт дар аст, ва ҳар даре бахши хос ва вижаи аз онон дорад (ки аз он ба дӯзах дар меоянд ва мутаносиб бо амалҳои зишти эшон аст)”
Сураи Ҳиҷр 43-44
Ибни Касир дар тафсири ояти боло чунин баён дошта аст:
Рӯйи ҳар даре аз дарҳои дӯзах номи баъзе аз пайравони шайтон навишта шудааст. Онон чорае надоранд, ҷуз инки аз ҳамон дар ворид шаванд. – Худованд моро аз азоби он паноҳ диҳад – дӯзахиён, ҳар кас мувофиқи амалҳои худ аз як дар ворид мешаванд, ва мувофиқи амалҳои худ дар як ҷой қарор мегиранд.
Аз ҳазрати Али (р.з) чунин ривоят шудааст: Дарҳои дӯзах табақаҳои гуногуне доранд, ки рӯйи ҳамдигар қарор гирифтаанд. Боз аз Ҳазрати Али (р.з) ривояд шудааст, ки: Дӯзах ҳафт дар дорад, ки баъзе рӯбарӯи баъзеи дигар қарор гирифта аст. Аввал аз дарвозаи аввали ворид мешаванд, сипас дарвозаи дуввум, баъд севум, то охир бо ҳамин тартиб пур хоҳанд шуд. (Тафсири ибни Касир 4/162)
Ва замоне ки кофирон вориди дӯзах мешаванд, дарҳои он боз хоҳанд шуд,
Дар Қуръони карим чунин омадааст:
﴿وَسِيقَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ إِلَىٰ جَهَنَّمَ زُمَرًاۖ حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءُوهَا فُتِحَتۡ أَبۡوَٰبُهَا وَقَالَ لَهُمۡ خَزَنَتُهَآ أَلَمۡ يَأۡتِكُمۡ رُسُلٞ مِّنكُمۡ يَتۡلُونَ عَلَيۡكُمۡ ءَايَٰتِ رَبِّكُمۡ وَيُنذِرُونَكُمۡ لِقَآءَ يَوۡمِكُمۡ هَٰذَاۚ قَالُواْ بَلَىٰ وَلَٰكِنۡ حَقَّتۡ كَلِمَةُ ٱلۡعَذَابِ عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ ٧١﴾ [الزمر: ٧1]
“Ва кофиронро гурӯҳ-гурӯҳ ба ҷаҳаннам  биронанд. Чун ба ҷаҳаннам расанд, дарҳояш кушуда шавад ва нигаҳбонони оташ гӯянд: «Оё паёмбароне аз худи шумо бар шумо фиристода нашудаанд, то оёти Парвардигоратонро бароятон бихонанд ва шуморо аз дидор бо чунин рӯзе битарсонанд?» Мегӯянд: «Бале»(паёмбарон барангехта шуданд ва авомир ва навоҳии Худоро бар мо расониданд ва аз азоби охират тарсамон доданд). Вале бар кофирон азоб муҳаққақ  шуда буд (ва мо роҳи куфр дар пеш гирифтем ва бояд ҳам товони  онро бипардозем ва чунин сарнавишти шуме дошта бошем)”.
Сураи Зумар 71
Баъд аз ин эътироф ба онон гуфта хоҳад шуд:
﴿قِيلَ ٱدۡخُلُوٓاْ أَبۡوَٰبَ جَهَنَّمَ خَٰلِدِينَ فِيهَاۖ فَبِئۡسَ مَثۡوَى ٱلۡمُتَكَبِّرِينَ ٧٢﴾ [الزمر: ٧2]
“Бад-эшон гуфта мешавад: аз дарҳои дӯзах дохил шавед, Ҷовидона дар он мемонед, Ҷойгоҳи мутакаббирон, чи бад ҷойгоҳе аст”.
Сураи Зумар 72
Ва тамоми дарҳои дӯзах рӯйи муҷримин баста хоҳанд шуд, Ва онон ҳеҷгуна чашмдоште барои берун шудан аз он нахоҳанд дошт.
Худованд мефармояд:
﴿وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بَِٔاоيَٰتِنَا هُمۡ أَصۡحَٰبُ ٱلۡمَشۡ‍َٔمَةِ ١٩ عَلَيۡهِمۡ نَارٞ مُّؤۡصَدَةُۢ ٢٠﴾ [البلد: ١٩،  ٢٠] 
“Ва касоне, ки ба оёти (китобҳои осмони ва далоили густарда дар саросари ҷаҳон) Мо кофиранд, аз аҳли шақоватанд (бадбахтанд).
Насиби онҳост оташе, ки аз ҳар сӯ сараш пӯшида аст. касоне ки оёт  моро напазиранд”.
Сураи Балад 19-20
Ибни Аббос (р.з) "Муъсада"-ро ба маънои "дарҳои баста", тафсир намудааст, Муҷоҳид мегуяд: "Асудду ал-лбоб" дар забони арабӣ ба маънои " дарро қуфл кардам" мебошад.
Худованд дар сураи Ҳуммаза мефармояд:
﴿وَيۡلٞ لِّكُلِّ هُمَزَةٖ لُّمَزَةٍ ١ ٱلَّذِي جَمَعَ مَالٗا وَعَدَّدَهُۥ ٢ يَحۡسَبُ أَنَّ مَالَهُۥٓ أَخۡلَدَهُۥ ٣ كَلَّاۖ لَيُنۢبَذَنَّ فِي ٱلۡحُطَمَةِ ٤ وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلۡحُطَمَةُ ٥ نَارُ ٱللَّهِ ٱلۡمُوقَدَةُ ٦ ٱلَّتِي تَطَّلِعُ عَلَى ٱلۡأَفۡ‍ِٔدَةِ ٧ إِنَّهَا عَلَيۡهِم مُّؤۡصَدَةٞ ٨ فِي عَمَدٖ مُّمَدَّدَةِۢ ٩﴾ [الهمزة: ١،  9]
“Вой бар ғайбаткунандаи айбҷӯе, он ки моле ҷамъ кард ва ҳисоби он нигаҳ дошт. (Чаро ки аз шуморидани пулу дороии худ лаззат мебарад ва фикру зикраш амвол ва маъбуду масҷудаш дирҳаму динор аст, Ин бут ӯро ғарқи шоди мекунад ва на танҳо шахсияти худ, балки тамоми шахсиятҳоро дар он хулоса мекунад)
Мепиндорад, ки дороияш ҷовидонаш гардонад. (Пас чаро чунин бути мушкилкушоро напарастад ва шахсияти ҳамагопро дар пойи он қурбони накунад)
На  чунин аст, ки албатта, ӯро дар ҳутамаҳ (дарҳамшикананда ва хурдкунанда) андозанд.
Ва ҳаройна, ту чӣ донӣ, ки ҳутамаҳ чист?
Оташи афрӯхтаи Худост,
ки бар дилҳо ғалаба меёбад. (дилҳое ки конуни куфру кибру фисқ ва маркази ҳубби сарвату қудрат ва манзилати дуняви будааст)
Ва ҳаройна, аз ҳар сӯ (оташ) дар миёнашон гирифтааст,
дар (ҳоле, ки онҳо ба) сутунҳои дарози оташин баста мешаванд”.
Сураи Ҳуммаза 1-9
Худованд хабар додааст, ки дарҳои дӯзах бар рӯйи онон (кофирон) баста аст.
Ибни Аббос (р.з) мегуяд: فِي عَمَدٖ مُّمَدَّدَةِۢ   Яъне дарҳои басташуда, Қатода мегуяд: Қироати ин оят дар назди ибни Масъуд (р.з) чунин омадааст:
«إنها عليهم مؤصدة بعمدٍ ممددة»    Он оташе эшонро дар бар мегирад, ки сарпушида ва дар баста аст, др ҳоле ки онон ба сутунҳои дарозе баста мешаванд.
Атияа мегуяд: Он сутунҳо аз оҳан ҳастанд. Муқотил мегуяд: Дарҳо бар рӯйи онон часпида ва баъд бо мехҳои оҳанин баста шудаанд. "Мумаддадаҳ" сифати "амад" аст. Яъне инки: Сутунҳое ки дарҳо ба воситаи он баста шудаанд, дарозанд ва сутунҳои дароз аз сутунҳои кутоҳ муҳкамтар ва боқувваттаранд. (Ат-тахвиф минан-нор, ибни Раҷаб 61)
Дарҳои дӯзах (пеш аз воқеъ шудани қиёмат) гоҳе боз ва гоҳе баста мешаванд.
Расули Худо (с) фармудаанд, ки дарҳои дӯзах дар моҳи рамазон баста мешаванд.
Аз ҳазрати Абуҳурайра (р.з) ривоят шудааст, ки расули Худо (с) фармуданд:
«إذا جاء رمضان فتحت أبواب الجنة و غلقت أبواب النار و صفدت الشياطين و مردة الجن» (التخويف من النار, ابن رجب 66)
Бо фарорасидани моҳи рамазон, дарҳои биҳишт боз ва дарҳои дӯзах баста хоҳанд шуд. (Ат-тахвиф минан-нор, ибни Раҷаб 66)

Сузишвории дӯзах
Сангҳо ва кофирон сузишвориҳои дӯзах ҳастанд.
Худованд мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ قُوٓاْ أَنفُسَكُمۡ وَأَهۡلِيكُمۡ نَارٗا وَقُودُهَا ٱلنَّاسُ وَٱلۡحِجَارَةُ عَلَيۡهَا مَلَٰٓئِكَةٌ غِلَاظٞ شِدَادٞ لَّا يَعۡصُونَ ٱللَّهَ مَآ أَمَرَهُمۡ وَيَفۡعَلُونَ مَا يُؤۡمَرُونَ ٦﴾ [التحريم: ٦]
“Эй муъминон! Худ ва хонаводаи худро аз оташи дӯзахе барканор доред, ки афрӯзандаи он инсонҳо ва сангҳо аст, Фариштагоне бар он гумошта шудаанд, дурушт ва сахтгир ва зурманду тавоно ҳастанд, Аз Худо дар ончи ба онон дастур дода аст, нофармони намекунанд, Ва ҳамончизеро анҷом медиҳанд, ки ба он маъмур шудаанд”.
Сураи Таҳрим 6
Худованд дар ҷои дигар мефармояд:
﴿فَٱتَّقُواْ ٱلنَّارَ ٱلَّتِي وَقُودُهَا ٱلنَّاسُ وَٱلۡحِجَارَةُۖ أُعِدَّتۡ لِلۡكَٰفِرِينَ ٢٤﴾ [البقرة: ٢٤]
“Пас (лозим аст, ки бо анҷоми корҳои неку ва дури аз бадиҳо) худро аз оташе, ки (бархе аз) сӯзишвории он инсон ва санг (бутҳо) аст, дур нигоҳ доред. Оташе,ки барои (шиканҷаи) кофирон омода гаштааст”.
Сураи Бақара 24
Манзур аз мардумоне ки оташи дӯзах бо онон афрухта мешавад, кофирон ва мушриконанд. Аммо навъи санге ки сӯзишвории дӯзах аст ва оташи дӯзах бо он афрухта мешавад, ҳақиқат ва моҳияти онро Худованд беҳтар медонад. Бархе аз олимон бар ин боваранд, ки он санг аз навъи кибрит ва гугирд аст. Абдуллоҳ ибни Масъуд (р.з) мефармояд:
«هي حجارة من كبريت، خلقها الله يوم خلق السموات و الأرض في السماء الدنيا،‌ يعدها للكافرين».( تفسير ابن كثير 1/ 107)
Он санг ҳамон санги кибрит аст, ки Худованд дра рӯзи хилқати замину осмонҳо, онро низ офарида ва онро барои кофирон омода сохта аст. (Тафсири ибни Касир 1/107)
Аз онҷое ки ин сухан гирифташуда аз Расули Худо (с) мебошад, онро бечунучаро мепазирем, Ва агар мавзӯъи истинботи ва иҷтиҳоди мешуд, ки сарчашма аз табиъат ё заминшиносии фард мебуд, ҳаргиз мулзам бар пазируфтани он намебудем, Зеро сангҳое вуҷуд дорад, ки ба лиҳози қудрати иштиъол ва шуълавар шудан аз сангҳои кибрит истеъдоди бештаре доранд. Дар оғоз бар ин ақида буданд, ки санги кибрит аз хосиятҳое бархурдор аст, ки дар дигар сангҳо дида намешавад. Бинобарин мегуфтанд: Он санг сӯзишвории оташи дӯзах аст. Инбни Раҷаб (р) мегуяд: Аксари муфассирон бар ин назаранд, ки "ҳиҷора- сангҳо" кибрит аст ва оташи дӯзах ба воситаи он шуълавар мешавад. Дар бораи санги кибрит гуфта мешавад, дорои панҷ навъи азоб мебошад, ки дигар сангҳо фоқиди чунин хусусиятҳо ҳастанд.
1-    Суръати шӯълавар шудан
2-     Бӯйи бад
3-    Дуди фаровон
4-    Шиддати часпидан ба бадан
5-    Қуввати ҳарорат бо маҳзи рӯшан шудан.  (Ат-тахвиф минан-нор, ибни Раҷаб 107)
Худованд қодир аст сангҳоеро халқ кунад, ки ба лиҳози вижаги аз санги кибрит муҳимтар бошанд. Ва мо муътариф ҳастем, ки чизҳои ҷаҳони охират мутафовит ва муғоир бо чизҳои дунё ҳастанд.
Ва аз ҷумлаи чизҳое ки оташи дӯзах бо он рӯшан мешавад, маъбудони ботиле аст, ки дар дунё мавриди ибодат қарор мегирифтаанд.
Худованд мефармояд:
﴿إِنَّكُمۡ وَمَا تَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ حَصَبُ جَهَنَّمَ أَنتُمۡ لَهَا وَٰرِدُونَ ٩٨ لَوۡ كَانَ هَٰٓؤُلَآءِ ءَالِهَةٗ مَّا وَرَدُوهَاۖ وَكُلّٞ فِيهَا خَٰلِدُونَ ٩٩﴾ [الانبياء: ٩٨،  ٩٩]
“(Эй кофирони ситамгар) Шумо ва он чизҳое, ки ғайри Аллоҳ мепарастидед, ҳезумҳои ҷаҳаннамед. Шумо ба ҷаҳаннам хоҳед рафт!Агар инҳо худоён мебуданд, ба ҷаҳаннам намерафтанд ва ҳол он ки ҳама дар ҷаҳаннам ҷовидонанд”.
Сураи Анбиё 98-99
"Ҳасаб" сӯзишвори ва ҳезумро гуянд. Ҷавҳари мегуяд: Ҳар чизе ки оташ бо он рӯшан ё шуълавар шавад, ба он "ҳасаб" гуфта мешавад.
Шиддати гармӣ, ғализии дуд ва шарораи оташ
Худованд мефармояд:
﴿وَأَصۡحَٰبُ ٱلشِّمَالِ مَآ أَصۡحَٰبُ ٱلشِّمَالِ ٤١ فِي سَمُومٖ وَحَمِيمٖ ٤٢ وَظِلّٖ مِّن يَحۡمُومٖ ٤٣ لَّا بَارِدٖ وَلَا كَرِيمٍ ٤٤﴾ [الواقعة: ٤١،  ٤٤]
“Аммо аҳли шақоват, аҳли шақоват (бадбахт)  чӣ ҳол доранд?
Дар боди гарм ва оби ҷӯшонанд,
дар сояе аз дуди сиёҳ,
на сарду на хуш (фоиданок)”.
Сураи Воқеъа 41- 44
Абдурраҳмони Саъди дар тафсири ин оят мегуяд: Мақсад аз асҳоби шимол (ё касони дар тарафи чап буда) дӯзахиёнанд, касоне ки амалҳои бад анҷом додаанд.
Худованд ҷазоҳоеро баён кард, ки дӯзахиён сазовори он ҳастанд, ва баъди он Худованд хабар дод, ки онҳо дар оташи боди ҷаҳаннам хоҳанд буд ва ин боди сӯзон онҳоро ба шиддат ошуфта ва нороҳат мекунад ва оби бисёр гармеро хоҳанд нӯшид, ки рудаҳояшонро қатъ мегардонад.
Боз Худованд хабар дод, ки онҳо дар сояи оташи ҷаҳаннам, ки омехта бо дуд аст қарор хоҳанд гирифт, ки (он сояги) хунук ва хуб намебошад. Яъне ғаму андуҳ онҳоро дар миёни ин дуд фаро гирифта ва ҳеҷ хайру хубие барояшон надорад, зеро нафйи зид ва муқобил ба монанди исботи зидди он мебошад. (Тафсири Саъди сураи Воқеъа)
Ин ояти боло баёнгари мавзӯъе аст, ки оромиши руҳи ва равониро барои инсон ба армуғон меоранд, ки онҳо иборатанд аз: об, ҳаво ва соя.
Оят ҳикоят аз он дорад, ки ҳеҷгуна сарди барои аҳли дӯзах вуҷуд дорад. Пас ҳавои дӯзах "самум" аст ва он иборат аст аз боди гарму сӯзоне ки шиддати ҳарораташ фавқулода мебошад. Ва оби дӯзах оби ҷушида ва бисёр гарм аст ва сояи он "яҳмум" ном дорад, ки аз дуди оташ ташкил шудааст. (Ат-тахвиф минан-нор, ибни Раҷаб 85)
Ҳамонтавр, ки дар ояти боло дар бораи бархурди дурушту хатарнок бо асҳоби шимол (дӯзахиён) баҳс шудааст, дар ояти баъди низ қазияи дӯзах бисёр ваҳшатнок муъаррифи шудааст.
Худованд мефармояд:
﴿وَأَمَّا مَنۡ خَفَّتۡ مَوَٰزِينُهُۥ ٨ فَأُمُّهُۥ هَاوِيَةٞ ٩ وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا هِيَهۡ ١٠ نَارٌ حَامِيَةُۢ ١١ ﴾ [القارعة: 8،  ١٢]
“Ва аммо касе ки тарозуи(ҳасанот ва некиҳои) ӯ сабук шавад. Модари (меҳрубони) ӯ ҳовия (жарфи дӯзах) аст. (Ва барои дар оғуш кашидани ӯ  даҳони худро ба суяш боз намудааст). Ту чи медони ҳовияи дӯзах чист ва чигуна аст? Оташи бузурги бисёр гарму сӯзоне аст.
Сураи Қориъа 8-12
Сояе ки дар ояти боло зикр шудааст « ﯡ  ﯢ  ﯣ  »  ва ба он ишора шуд, сояе аз дуди оташ аст. Ва соя усулан ҳикоят аз рутубат ва сарди дорад, ба ҳамин хотир табиъати инсон ба он тамоюл дорад ва ба вуҷуди он эҳсоси оромиш мекунад. Аммо ин соя фоқиди хунуки ва холи аз ҳолати дилписанд аст, Зеро ин соя, сояи сӯзон мебошад.
Ин соя, ки дар воқеъ аз дуди дӯзах аст, Қуръон дар бораи он сухан ба миён оварда мефармояд:
﴿ٱنطَلِقُوٓاْ إِلَىٰ ظِلّٖ ذِي ثَلَٰثِ شُعَبٖ ٣٠ لَّا ظَلِيلٖ وَلَا يُغۡنِي مِنَ ٱللَّهَبِ ٣١ إِنَّهَا تَرۡمِي بِشَرَرٖ كَٱلۡقَصۡرِ ٣٢ كَأَنَّهُۥ جِمَٰلَتٞ صُفۡرٞ ٣٣﴾ [المرسلات: ٣٠،  ٣٣]
“Биравед ба суйи сояи сешоха (дудҳои хафақони бори оташ) на соядори хунуку осоишбахше аст, ва на аз сӯзандагии шуълаҳои оташ ҷилавгири мекунад (чаро ки худ аз оташ бархеста аст) Оташе ки (чунин дуди маргбор аз он бармехезад) оташпораҳое аз худ берун медиҳад, ки монанди кушк (бузург ва барафрошта) ҳастанд. Оташпораҳое, ки монанди (аз лиҳози рангу ҳаракату суръат) шутурони зард ҳастанд”.
Сураи Мурсалот 30-33
Аз ин оят чунин истинбот мешавад, ки: дуде ки аз ин оташ боло меравад ба сабаби ғализии он ба се даста тақсим мешавад: Соя дорад, аммо фоқиди сарди ва салқини аст ва наметавонад инсонро аз шуълаҳои барафрухта маҳфуз нигоҳ дорад. Аммо шарораҳои барафрухтаи аз ин оташ монанди қалъаҳои бисёр бузург аст, Ва ба шутурҳои сурхранг мемонад.
Худованд дар мақоми қудрати ин оташ ва ниҳояти таъсири он бар аҳли дӯзах мефармояд:
﴿سَأُصۡلِيهِ سَقَرَ ٢٦ وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا سَقَرُ ٢٧ لَا تُبۡقِي وَلَا تَذَرُ ٢٨ لَوَّاحَةٞ لِّلۡبَشَرِ ٢٩﴾ [المدثر: ٢٦،  ٢٩]
“Ҳарчи зудтар ӯро дохили дӯзах месозем ва бадон месӯзонем. Ту чи медони , ки дӯзах чигуна аст? Дӯзах на мемиронад ва нобуд мекунад (то инсон аз дасти он бо марги ҳамешаги роҳат шавад) ва на раҳо месозад (то инсон аз дасти у бигурезад ва наҷот пайдо кунад) пусти танро ба кулли сиёҳ ва дигаргун месозад.
Сураи Муддасир 26-29
Ин оташ ҳар чизе, ҳатто пусти инсонро низ туъмаи ҳариқи худ мекунад ва ба устухон мерасад ва ончики дар шикам дорад, ҳамаро берун меафканад ва ба дилҳо мерасад. Дӯзах ҳар касеро ки ба доми худ андохт, дигар наҷот пайдо нахоҳад кард, на мемиронад ва нобуд мекунад ва на раҳо месозад.
Расули Худо (с) мефармояд:
«نارنا جزء من سبعين جزءاً من نار جهنم» قيل يا رسول‎الله ان كانت لكافيه. قال: فضلت عليها بتسعة و ستين جزءاً كلهن مثل حرها» ( البخاري 6/330)
Ҳарорати оташи дунё ҳафтод баробар камтар аз ҳарорати оташи дӯзах аст.
Асҳоби паёмбар (с) гуфтанд: Эй паёмбар! Агар ба андозаи ҳамин оташи дунё ҳам гарм бошад боз барои азоби гунаҳгорон кофи аст. Расули Худо (с) фармуд: Ҳарорати оташи дӯзах ба ҳафтод қисм тақсим шудааст, ки шасту нуҳ қисми он барои оташи дӯзах боқи аст ва ҳар қисми аз онҳо ба андозаи оташи дунё гарм мебошад.
Ин оташ бо гузашт ва мурури замон ҳарораташ кам нахоҳад шуд.
Худованд мефармояд:
﴿فَذُوقُواْ فَلَن نَّزِيدَكُمۡ إِلَّا عَذَابًا ٣٠﴾ [النبا: ٣٠]
“Пас бичашед! Мо ҳаргиз чизе ҷуз азобу дарду ранҷ бароятон намеафзоем”.
Сураи Набаъ 30
Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:
﴿كُلَّمَا خَبَتۡ زِدۡنَٰهُمۡ سَعِيرٗا ٩٧﴾ [الاسراء: ٩٧]
“Ҳар замон, ки забонаи оташ (ба сабаби сӯхтани гушту устухони эшон) фурукаш кунад (бо таҷдиди гушту устухонашон) бар забонаи оташашон меафзоем”.
Сураи Исро 97
Бинобарин таҳлил кофирон ҳаргиз нафаси роҳат ва оромишро нахоҳанд кашид ва азоби онҳо бо гузашти замон кам намешавад.
Худованд мефармояд:
﴿فَلَا يُخَفَّفُ عَنۡهُمُ ٱلۡعَذَابُ وَلَا هُمۡ يُنصَرُونَ ٨٦﴾ [البقرة: ٨٦]
Пас шиканҷаи онон тахфиф дода намешавад ва эшон ёри нахоҳанд шуд (ва ёварону кумаккунандагоне нахоҳанд ёфт, то барои наҷоташон бикушанд)”.
Сураи Бақара 86
Тибқи ривояте ки имом Муслим онро аз Амр ибни Абса ривоят кардааст, Расули Худо (с) фармуданд:
«قال: صل صلاة الصبح ثم اقصر عن الصلاة حتى تطلع الشمس و ترتفع فإنها تطلع بين قرني الشيطان وحينئذ يسجد لها الكفار، ثم صل فإن الصلاة مشهودة حتى يستقل الظل بالرمح ثم اقصر عن الصلاة فانه حينئذ تسجر جهنم، فإذا اقبل الفيء فصل» (مسلم)
Намози субҳро бихон сипас то тулуъи офтоб аз хондани намоз худдори кун, Зеро офтоб миёни ду шохи шайтон тулуъ мекунад. Кофирон дар он лаҳза барои у саҷда мекунанд. Сипас намоз бихон, то ки ба андозаи як найза баланд шавад ва дигар намозро ба ҷой наёвар, зеро дар он вақт дӯзах афрухта мешавад, Ва баъд аз заволи офтоб метавони намозро адо намои.
Муслим
Дар Бухори ва Муслим аз Абуҳурайра (р.з) риривоят аст, ки расули Худо (с) фармуданд:
«إذا اشتد الحر فابردوا بالصلاة، فان شدة  الحر من فيح جهنم»( البخاري, و مسلم)
Ба ҳангоми шиддати ҳарорати офтоб ба рӯй овардан ба намоз худро оромиш бидиҳед. Зеро шиддати гарми аз осори нафаси дӯзах аст.
Бухорӣ, Муслим
Оташи дӯзах барафрухта мешавад. Худованд мефармояд:
﴿وَإِذَا ٱلۡجَحِيمُ سُعِّرَتۡ ١٢ وَإِذَا ٱلۡجَنَّةُ أُزۡلِفَتۡ ١٣﴾ [التكوير: ١٢،  ١٣]
“Ва ҳангоме ки дӯзах комилан барафрухта ва шуълавар мешавад. Ва ҳангоме ки биҳишт(барои парҳезгорон) наздик оварда мешавад”.
Сураи Таквир 12,13

Оташ гап мезанад ва мебинад
Касоне ки нусуси Қуръону суннатро мехонанд, иттилоъ ва огоҳи доранд, ки оташ (дӯзах) офаридашудае аст, ки мебинад ва гап мезанад ва шикоят мекунад.
Оятҳои Қуръон ҳикоят аз он дорад, ки дӯзах баъд аз инки аз дур ёрони худро мушоҳида мекунад ба ғазаб дармеояд ва садои ваҳшатнокеро аз худ нишон медиҳад, ки баёнгари хашму ғазаби он нисбат ба аҳлаш мебошад.
Худованд мефармояд:
﴿إِذَا رَأَتۡهُم مِّن مَّكَانِۢ بَعِيدٖ سَمِعُواْ لَهَا تَغَيُّظٗا وَزَفِيرٗا ١٢﴾ [الفرقان: ١٢]
“Ҳангоме ки (ин оташи фурузони дӯзах) эшонро аз дур мебинад (ва онон чашмашон бадон меафтад) садои хашмолуд ва ҷушу хуруши онро мешунаванд”.
Сураи Фурқон 12
Ибни Ҷарир аз ибни Аббос (р.з) чунин ривоят мекунад:
«إن الرجل ليجر إلى النار، فتنزوي و ينقبض بعضها إلى بعض, فيقول الرحمن: ما لك؟ فتقول: إنه يستجير مني،‌ فيقول: أرسلوا عبدي, و إن الرجل ليجر إلى النار، فيقول: يا رب ما كان هذا ظنّي بك، فيقول الله‌: ما کان ظنک؟ فيقول: إن تسعنی رحمتک. فيقول: أرسلوا عبدي, و إن الرجل ليجر إلى النار،‌فتشهق إليه النار، شهق البغلة إلى البعير و تزفر زفرة أخرى لا تبقي أحدا إلا أخافته». (النهاية برواية ابن كثير2/12, و سنده صحيح)
Марде ба суи дӯзах кашонида мешавад, дӯзах худро ҷамъ карда ва ба худ мечаспад. Худованд аз у мепурсад: Туро чи шудааст? Мегуяд: Он мард аз азоби ман паноҳ металабид. Худованд мефармояд: Бандаи манро раҳо кунед. Шахсе ба суи дӯзах кашонида мешавад, дар он лаҳза мегуяд: Парвардигоро дар ҳақи Ту чунин намепиндоштам, Худованд мефармояд: Гумонат чи буд? Мегуяд: Гумонам бар ин буд, ки раҳмати ту шомили ҳоли ман мешавад. Худованд мефармояд: Бандаи манро раҳо кунед. Шахси дигаре ба суи дӯзах кашонида мешавад, Дӯзах бо дидани он мард ҳамонанди қотири модае наъра мекашад, ки қотири нарро дида аст. Барои бори дуввум чунон ба овоз дармеояд, ва дод мезанад, ки ҳамаро дар ҳарос оварда метарсонад. (Анниҳоят, ибни Касир 2/12, санади ҳадис саҳеҳ аст)
Имом Аҳмад ва Тирмизӣ аз тариқи Аъмаш аз Абусолиҳ аз Абуҳурайра (р.з) ривоят мекунанд, ки Расули худо (с) фармуданд:
«يخرج يوم القيامة عنق من النار لها عينان تبصران و أذنان تسمعان و لسان ينطق، تقول: إني وكلت بثلاثة: بكل جبار عنيد، و بكل من دعا مع الله إلها آخر، و بالمصورين».
Рӯзи қиёмат гардане аз оташ мерун меояд, ки дорои ду чашми бино, ду гуши шунаво ва забони гуё мебошад. Забонаш ба сухан дар меояд ва мегуяд: Ман ба се нафар гумошта шудаам: Ҳамаи ситамгарон ва саркашон, Ҳар касе ки ҳамроҳи Худо худои дигареро хонда ва дуъо кардааст, ва сураткашон.
(Ат-тахвиф минан-нор, ибни Раҷаб 179, Ҷомеъ ал-усул 10/518, Муҳаққиқ роҷеъ ба ин ҳадис гуфта: Дорои санади саҳеҳ аст, ва Тирмизӣ гуфтааст: Ин ҳадис ҳасан, саҳеҳ ва ғариб аст )

Хоби ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар
Бухори ва Муслим ривоят кардаанд, ки Абдуллоҳ ибни Умар (р.з) гуфт: Дар хоб ду фариштаро дидам, ки ҳар кадом дар даст тозиёнаи оҳанин доштанд ва ба назди ман омаданд. Сипас фариштае ба ман расид, ки тозиёнаи оҳанин дошт. Хитоб ба ман гуфтанд: Натарс! Ту одами хубе ҳасти, кош ба намозҳои шаб меафзуди. Пас манро ҳамроҳи худ ба канори дӯзах бурданд. Ногаҳон дидам ки монанди чоҳи чиндор ва лулашуда аст. Дорои шохҳое монанди шохҳои чоҳ аст. Миёни ҳарду шохаш фариштае бо тозиёнаи оҳанин гумошта шуда буд. Дар лобалои оташ касонеро мушоҳида кардам, ки руйи сарҳояшон овезон буданд, Дар миёни онҳо мардоне аз Қурайшро шинохтам, Сипас манро ба тарафи рост баргардонданд.
Ҷараёни ин хобро бо хоҳарам Ҳафса дар миён гузоштам. Ҳафса низ онро барои расули Худо (с) бозгу намуд. Паёмбари худо (с) фармуд: Ҳамоно Абдуллоҳ инсон ва бандаи шоистае аст.

Оё қабл аз фаро расидани қиёмат касе дӯзахро мебинад?
Ончики барои мо равшан аст, ин аст ки Расули худо (с) дӯзахро дидааст, чигунае ки биҳиштро мушоҳида кардааст.
Дар саҳеҳайн аз Абдуллоҳ ибни Аббос нақл шуда, ки паёмбар (с) фармуданд:
«إني رأيت الجنة، و تناولت عنقودا و لو أصبته‌  لأکلتم منه‌ ما بقيت الدنيا، و رأيت النار، فلم أر منظرا کاليوم قط أفظع، و رأيت اکثر أهلها النساء».
     Биҳиштро мушоҳида кардам ва хостам, ки хушае аз онро дар даст гирам ва агар он хушаро дар даст мегирифтам шумо то поёни дунё мехурдед, Ва дӯзахро дидам ва то ҳол ҳеҷ саҳнаеро ваҳшатноктар аз он надида будам, Ва дидам, ки бештарини аҳли дӯзахро занон ташкил додаанд.
Дар саҳеҳ бухори аз ҳазрати Асмо (с) ривоят шудааст, ки расули худо фармуданд:
«قد دنت منی الجنة، حتى لو اجترأت عليها لجئتکم بقطاف من قطافها، و دنت منی النار حتى قلت: أي رب و انا معهم؟ فإذا امرأة تخدشها هرة. قلت: ما شأن هذا؟ قالوا: حبستها حتى ماتت جوعا، لا هی أطعمتها و لا أرسلتها تأکل من خشاش الأرض».
Биҳишт чунон аз ман наздик шуд, ки агар мехоста мметавонистам хушаи ангуреро аз онҷо биёварам. Дӯзах низ ба ман чунон наздик шуд, то инки гуфтам: Парвардигоро! Ва ман ҳамроҳи онҳо ҳастам? Ногаҳон занеро дидам, ки гурбае ӯро мехарошид, Гуфтам: Чаро ин зан гирифтори чунин азобе аст? Гуфтанд: ин зан он гурбаро назди худ асир карда то аз гуруснаги ҷон додааст, Ӯ на худ ғизое ба гурба додааст ва на онро раҳо кардаст, то аз ҳашароти рӯйи замин ғизо гирад. ( Саҳеҳ ал-ҷомеъ 4/133 рақами 4247)
Дар муснади Аҳмад аз Муғира ибни Шуъба нақл шудааст, ки паёмбари худо(с) фармуд:
«إن النار أدنيت مني حتى نفخت حرها عن وجهی، فرأيت فيها صاحب المحجن، والذی بحر البحيرة و صاحب حمير، و صاحبة الهرة». (صحيح الجامع 2/174, رقم 1968)
Дӯзахро то ҷое аз ман наздик карданд, ки гармии онро дар рӯям эҳсос кардам. Дар лобалои он соҳиби миҳҷан, роиҷгари буҳайра, соҳиби ҳамир ва соҳиби гурбаро дидам. (Саҳеҳ ал-ҷомеъ 2/174 рақами 1968)
 Дар саҳеҳ Муслим аз ҳазрати Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят шуда , ки расули худо (с) фармуданд:
«إنه عرضت علي الجنة والنار، فقربت مني الجنة حتى لقد تناولت منها قطفاً، قصرت يدي عنه، و عرضت علي النار فجعلت أتأخر رهبة ان تغشاني، و رأيت امرأة حميرية سوداء طويلة، تعذب في هرة لها ربطتها، فلم تطعمها، و لم تسقها، و لم تدعها تأكل من خشاش الأرض، و رأيت فيها أبا ثمامة, عمر بن مالك يجر قصبة من النار».(صحيح مسلم 2/298, رقم 2394)
Биҳишту дӯзах ба ман нишон дода шуданд, то онҷо ки ки қасд кардам хушаи ангуреро аз он бичинам. Аммо аз он даст кашидам. Ва дӯзах ба ман нишон дода шуд, аз тарси онки оташи у манро дар бар гирад, аз он дур гаштам. Зани ҳимярии қаддарози сиёҳеро дидам, ки ба сабаби гурбаи худаш шиканҷа мешуд. Ӯ гурбаро назди худ асир кард то ҷон дод, На онро раҳо кард то аз ҳашароти рӯйи замин бихурад ва на худ онро обу таъом медод. Ва АбуСумома, Умар ибни Моликро дар он дидам, ки домани оташинро бо худ мекашид.
Пас аз марг, ки ба олами барзах мунтақил мешавем, ҳар инсони муъмин ҷойгоҳи худро дар биҳишт, Ва ҳар инсони кофир ҷойгоҳи худро дар дӯзах, барояш нишон дода мешавад.
Таъсири дӯзах бар дунё ва аҳли он
Дар саҳеҳ Бухори аз Абуҳурайра (р.з) нақл шуда, ки:
«اشتكت النار إلى ربها، فقالت رب أكل بعضي بعضاً، فأذن لها بنفسين: نفس في الشتاء ونفس في الصيف فاشد ما تجدون من الحر و اشد ما تجدون من الزمهرير».
Дӯзах пеши Парвардигораш шикоят кард ва гуфт: Парвардигоро! Пораи аз ман пораи дигарамро мехурад (яъне: аҷзои ман аз шиддати гарми худамро аз байн мебарад)
Худованд ба у иҷозат дод то ду маротиба нафас бикашад. Як нафас дар зимистон, ва як нафас дар тобистон. Шиддати гарми ё шиддати сардие ки шумо онро эҳсос мекунед, аз они ин ду нафас аст.
Бухори аз Абусаъид (р.з) низ нақл карда, ки паёмбар (с) фармуданд:
Ҳангоми шиддати ҳарорати нури офтоб бо рӯй овардан ба намоз худро оромиш диҳед, зеро шиддати гарми аз осори нафаскашии дӯзах аст. (Фатҳулбори 6/330)

Гирифта шуда аз китоби (Рӯзи охират: Ковише пиромуни биҳишт ва дӯзах) Умар Сулаймон Ашқар ва дигар манбаъҳо.

Дӯзах

Бор кунед

Дар бораи китоб

Муаллиф :

مصعب حمزة

Publisher :

www.islamhouse.com

Категория :

The Hereafter