Занони лахчабадаст

Занони лахчабадаст: Муаллиф мегӯяд: Ин номае аст барои хонумони лахчабадаст.
Номае ба он духтарон ва занони некӯкор ва парҳезгор.
Суханест бо ононе, ки Худованд бо тоъатӣ худ бузургворашон дошта ва таъму лаззати муҳаббати Худро ба онон чашонидааст.
Ба наберагони Хадиҷа ва Фотима.... Хоҳарони Ҳафса ва Оиша.
Ин чанд сатр, эҳсосоте аст барои ононе, ки модарони муъминонро улгуи худ қарор додаанд.
Ононе, ки ҳадафашон хӯшнудии Парвардигори оламиён аст...
Ин васиятҳое аст барои он духтарони покдоман...
Ин нома барои он зани муъмин ва покдоман аст.
Ин нома, барои хонумоне, ки ба даст лахча доранд, ононе ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) дар бораи онҳо фармуда буд:
"يأتي على الناس زمان يكون فيه القابض على دينه كالقابض على الجمر".
“Замоне фаро мерасад бар мардум, ки нигоҳдоштани дин ба монанди нигоҳ доштани оташ бар кафи даст аст”
Ин номае аст, барои он зани некӯкор ва парҳезгоре... ......
Ин суханоне аст бо занони лахчабадаст... то ононро бо достони дигар заноне, ки пеш аз онон ба роҳи биҳишт пой гузоштаанд ошно созам.


Занони лахчабадаст

[ طاجيكي –  Tajik – Тоҷикӣ ]
    
        
Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Ал-Арифӣ





Мутарҷим: Абу Аҳмад
 


القابضات على الجمر

    
    
محمد بن عبد الرحمن العريفي



ترجمة: أبو أحمد


Ба номи Худованди баншанда ва меҳрубон

Сано ва ситоиш мар Худоеро, ки ин дорро барои бандагонаш ҷои сукунат ва зиндагӣ қарор дод ва онро барояшон ба манзилати корвонсарое дар ин сафар қарор дод. Ва хонаи охиратро барояшон ҷои истиқрор ва оромиш қарор дод. Пас пок ва беайб аст, он ки ҳар чи бихоҳад меофаринад ва бармегузинад ва бо бандагонаш ҳар ҷо ки бошанд бо муҳаббат ва нармӣ рафтор мекунад. Ва раҳматаш бар бандагонаш муқаддам ва пештар аз ғазабаш аст ва Ӯст он меҳрубону омурзанда.
Ӯро барои неъматҳои фаровонаш сипос мегуям, ки фазли Ӯ барои шукргузорон пай дар пай аст. Ва гувоҳӣ медиҳам, ки маъбуде ба ҳақ нест ба ҷуз Аллоҳ, ки якто ва бешарик аст ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва Паёмбари баргузидаи Ӯст, ки башоратдиҳанда ва ҳушдордиҳанда ба сӯи бандагон фиристода шудааст. Ва дуруди пай дар пай, ки баракатҳои он субҳгон ва шомгоҳон идома ёбад.

Аммо баъд
Ин номае аст барои хонумони лахчабадаст.
Номае ба он духтарон ва занони некӯкор ва парҳезгор.
Суханест бо ононе, ки Худованд бо тоъатӣ худ бузургворашон дошта ва таъму лаззати муҳаббати Худро ба онон чашонидааст.
Ба наберагони Хадиҷа ва Фотима.... Хоҳарони Ҳафса ва Оиша.
Ин чанд сатр, эҳсосоте аст барои ононе ки модарони муъминонро улгуи худ қарор додаанд.
Ононе, ки ҳадафашон хӯшнудии Парвардигори оламиён аст... касоне, ки нафсҳояшон ононро ба воқеъ шудан дар корҳои шаҳватомез ва нигоҳ кардан ба ҳаромҳо ва шунидани мусиқӣ ва таронаҳо ҳавасманд мекунад, аммо ҳамаи инҳоро раҳо карданд ва ба онҳо аҳамияте надодаанд.... На  ба хотири он ки наметавонистанд! Балки, тавони онро доштанд, аммо аз тарси рӯзе, ки қалбҳо ва чашмҳо дар он зеру рӯ мешаванд, раҳо карданд.
Ин васиятҳое аст барои он духтарони покдоман... он занони мубораке, ки ба некиҳо амр мекунанд ва аз бадиҳо боз медоранд ва дар баробари сахтиҳои амри маъруф ва наҳй аз мункар, сабрро пеша мекунанд.
Суханоне аст, ором ба он маҳбуби Худованд, ки фикру зиҳнаш на дар каналҳои моҳвораи аст, ва на аз дунболи модел ва моҳномаҳост, балки ҳамаи ғамму андуҳаш дар фикри охират аст.
Ин нома барои он зани муъмин ва покдомане аст, ки ҳар вақто, ки фасод дар гирди ӯ ҷамъ шавад, чашмонашро ба сӯи осмон бардошта мегӯяд: Эй дигаргункунандаи дилҳо, дили манро бар динат устувор гардон.
Ин нома, барои хонумоне, ки ба даст лахча доранд, ононе, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)  дар бораи онҳо фармуда буд:
"يأتي على الناس زمان يكون فيه القابض على دينه كالقابض على الجمر".
“Замоне фаро мерасад бар мардум, ки нигоҳдоштани дин ба монанди нигоҳ доштани оташ бар кафи даст аст”.
Ин номае аст, барои он зани некӯкор ва парҳезгоре, ки муҳаббати Худованд ва фармонҳояшро бар тақлиди ин ва он тарҷиҳ дода ва дар натиҷа ба сабаби солиҳии худ ва фасоди дигарон, дар миёни онон ғариб шудааст. Чуноне, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)  фармудаанд:
"إن الإسلام بدأ غريباً وسيعود غريباً كما بدأ فطوبى للغرباء". قيل: ومن الغرباء يا رسول الله؟ قال: "الذين يصلحون إذا فسد الناس".
“Ислом ғарибона оғоз шуд ва дубора -монанди оғозшавиаш- ба ғурбат боз мегардад, пас хуш ба ҳоли ғарибон”... Гуфтанд: Ғарибон чи касонеанд эй Расули Худо? Фармуданд: “Касоне, ки ҳангоми фасоди мардум рӯ ба ислоҳкунӣ меоваранд”.
Ин суханоне аст бо занони лахчабадаст... то ононро бо достони дигар заноне, ки пеш аз онон ба роҳи биҳишт пой гузоштаанд ошно созам. Ононе, ки лаззати зиндагиро тарк карданд ва ғамму андуҳи динро ба душ гирифтанд, то ин ки Худованд некиҳои ононро чанд баробар намуд ва аз гуноҳонашон даргузашт ва дараҷоти онҳоро зиёд кард ва аз бисёре аз мардон низ сабқат ва пешрафта буданд.

Аввалини он лахчабадастон
Зани солиҳае буд, ки дар зери сояи подшоҳии Фиръавн бо ҳамроҳии шавҳараш зиндагӣ мекард... Шавҳараш аз наздикони Фиръавн буд ва худи ӯ хидматгори шахсӣ ва мураббии духтарони Фиръавн буд.
Худованд ӯро аз неъмати имон бархурдор сохт ва вақте нагузашта, ки Фиръавн шавҳарашро барои имондориаш ба қатл расонд. Ва худи ӯ дар хонаи Фиръавн боқӣ монд ва ороишгар ва шоназанӣ духтарони Фиръавн буд ва аз ин роҳ харҷи панҷ фарзанди худро мебаровард.
То ин ки рӯзе дар ҳоли шона задани мӯйҳои духтари Фиръавн шона аз дасташ афтод, пас гуфт: Бисмиллоҳ (Ба номи Худо).
Духтари Фиръавн гуфт: Аллоҳ, яъне падари ман?
Ӯ гуфт: Ҳаргиз! Парвардигори ману ту ва падарат.
Духтар аз ин ки касе ҷуз падараш ибодат шавад тааҷҷуб кард... Сипас ин ҳодисаро ба падараш гуфт.... Падараш низ тааҷҷуб кард, ки дар қасраш касе низ ҳаст, ки ғайри ӯро мепарастад.
Фиръавн ӯро дархост кард ва гуфт: Парвардигори ту кист?
Гуфт: Парвардигори ману ту Аллоҳ аст.
Фиръан ӯро дастур дод то аз дини худ баргардад... ва зиндониаш кард... ва азобаш дод... аммо ӯ аз динаш барнагашт. Сипас Фиръавн дастур дод дегеро пур аз равған кунанд ва бар оташ гузоранд то ба ҷуш ояд.
Сипас ӯро ба назди дег оварданд... ҳангоме, ки он азоби дарднокро ба чашм дид, донист, ки танҳо як ҷон бештар надорад, ки онро аз даст хоҳад дод ва сипас ба мулоқоти Худованд хоҳад шитофт.
Аммо Фиръавн, ки медонист маҳбубтарини касони ӯ панҷ фарзандонаш мебошанд, панҷ фарзанде, ки барояшон заҳмат мекашад ва ба онҳо таъом медиҳад, хост шиканҷа ва азоби ӯ сахттар шавад. Пас дастур дод панҷ кӯдаки ӯро, ки аз ҳама чиз бехабаранд биёваранд.
Ҳангоме, ки модари худро диданд, ба ӯ овезон шуданд ва гиря карданд... ӯ низ ононро бӯсид ва хурдтарини онҳоро ба оғуш гирифт ва синаашро дар даҳони ӯ гузошт.
Фиръавн, ки ин саҳнаро дид, дастур дод то сарбозонаш фарзанди бузурги ӯро ба сӯи деги ҷӯшон бибаранд... он писар модарашро садо мезад ва илтимос мекард ва аз сарбозон мехост ба ӯ раҳм кунанд ва кушиш мекард аз дасти онон бигурезад... бародарони хурдтарро садо мезад ва бо дастонӣ хурдаш сарбозонро мезад... онон низ ӯро мезаданд ва мекашиданд....
Ва модараш ба ӯ нигоҳ мекард ва бо вай видоъ мекард.
Лаҳазоте накашид, ки кудакро дар дег андохтанд... модар мегирист ва саҳнаро тамошо мекард ва бародарону хоҳаронаш чашмони худро баста буданд то он саҳнаро набинанд... равған гуштҳоро аз он бадани кучак ва хурд ҷудо кард ва устухонҳои сафедранг дар рӯи равған намоён шуд.
Фиръавн ба сӯи он зан нигоҳе кард ва дастур дод то ба Худованд куфр варзад, аммо ӯ қабул накард. Фиръавн хашмгин шуд ва дастур дод фарзанди дуюмашро аз ӯ гирифтанд ва дар ҳоле, ки гиря ва илтимос мекард, дар равғани ҷушон андохта шуд... лаҳзаҳои баъд устухонҳои ӯ низ дар баробари чашмони модар ба рӯи равған омад ва бо устухонҳои бародараш дарҳам омехтанд.
Модар дар дини худ устувор буд ва ба дидори Парвардигораш яқин дошт.
Сипас Фиръавн дустур дод то фарзанди саввумро ба сӯи дег бибаранд ва дар он андозанд... бо ӯ низ ҳаммонанди ду бародари дигар рафтор карданд.
Модар ҳамчунон дар дини худ собит буд... пас Фиръавн дастур дод фарзанди чаҳорумро низ дар равған биандозанд.
Сарбозон ба сӯи ӯ омаданд, ӯ ки синну солаш кам буд, худро ба модараш овезон карда буд... сарбозон хостанд, ки ӯро бибаранд, аммо кӯдак гирифт ва худро ба пойҳои модар андохт ва ашкҳои модар ба рӯи пойҳояш мерехт ва дар ин ҳол саъй ва кушиш мекард ӯро низ ҳамроҳ бо бародараш ба оғуши худ гирад. Ва саъй мекард пеш аз фироқ ӯро бибусад ва бӯй бикашад... аммо ӯро аз модар ҷудо карданд.
Кӯдак дар ин ҳол мегирист ва сухонони номафҳуме ба забон меовард... аммо ба ӯ раҳм накарданд ва ӯро низ дар деги равғани ҷӯшон андохтанд... бадани кӯдак дар равған нопадид шуд ва садояш қатъ шуд.
Модар бӯи гушти фарзандро эҳсос мекард ва устухонҳои сафеди ӯро, ки бар рӯи равған баромада буд медид ва барои фироқаш мегирист... борҳо ӯро ба синаи худ фишурда буд ва аз синааш ба ӯ шир дода буд... чи шабҳое, ки барои ӯ нахобида буд ва барои гиряаш гиря карда буд.
Чи шабҳое, ки дар домани ӯ мехобид ва бо мӯйҳои ӯ бозӣ мекард ва ба ӯ бозичаҳо тақдим мекард ва либосҳояшро мепӯшонид.
Аммо саъй кард то устувории худро аз даст надиҳад ва сабрро пеша кунад.
Боз сарбозон ба сӯи ӯ омаданд ва охирон фарзанди ӯро, ки кӯдаки ширхор буд аз ӯ гирифтанд... кӯдак ба шиддат гиря мекард... модар низ ашк мерехт... Худованд, ки шикастагӣ ва мусибатӣ модарро дид фарзанди ширхораро ба сухангӯи даровард... кӯдак ба модар гуфт:
Модар сабр кун... ту барҳақ ҳастӣ...
Сипас садои ӯ низ қатъ шуд ва монанди дигар бародарон ва хоҳаронаш дар дегӣ равған доғ нопадид шуд...
Ӯро дар равған андохтанд дар ҳоле, ки ҳануз боқӣ мондаи шири модар дар даҳонаш буд... ҳануз чанд тор аз мӯйҳои модар дар дастонаш буд... ҳануз ашкҳояш бар рӯи лабосаш буд...
Ҳарчанд фарзандаш рафт... ва танҳо устухонҳои онон бар рӯи равғани ҷӯшон шиновар буд... ва гушташон дар дег пухта мешуд.
Модари доғдида ба ин устухонҳо нигоҳ мекард... устухонҳои чи касоне? Фарзандонаш... касоне, ки ҳамеша хонаро пур аз шодӣ ва ханда мекарданд. Ҷигаргушаҳояш, ки агар каме аз ӯ ҷудо мешуданд гуё қалбаш тоқатӣ боқи монданро дар синааш надошт... фарзандонаш, ки барои рафтан ба оғӯшӣ ӯ медавиданд, ки ононро ба синаи худ мефишурд ва онҳоро бо дастонӣ худ либос мепӯшонд ва ашкҳояшонро пок мекард.
Ва ин ки ҳамаро якояк аз ӯ гирифтанд ва дар назди чашмонаш куштанд, ва ӯро танҳо гузоштанд ва ба зуди низ ба онҳо хоҳад пайваст.
Метавонист бо гуфтани як калимаи куфрӣ ононро аз ин азоб наҷот диҳад, аммо донист, ки он чи дар назди Худованд аст беҳтар ва мондагортар аст.
Акнун танҳо ӯ монда буд... фиръавниён ҳамонанди сагони ваҳшӣ ба ӯ ҳамла карданд ва ба сӯи дег ронданд ва ҳангоме, ки ӯро баланд карданд то дар даруни дег ӯро андозанд, ба устухонҳои фарзандонаш нигоҳ кард ва ба ёди бо ҳам буданашон дар зиндагии дунё фикр кард. Рӯ ба Фиръавн кард ва гуфт: Аз ту хоҳише дорам
Фиръавн ба ӯ дод зада гуфт: Чи хоҳише?
Гуфт: Ин ки устухонҳои ман ва кӯдаконамро дар як қабр дафн куни.
Сипас чашмонашро баст ва ӯро дар дег андохтанд... баданаш сухт ва устухонҳояш бар равғани доғ боло шуд.
Чихел он зан собит монд ва чи аҷреро соҳиб шуд.
Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)  дар шаби меъроҷ қисмате аз неъматҳои ӯро ба чашм дид ва барои ёрони худ бозгӯй намуд. Байҳақӣ ривоят мекунад, ки Расуди Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)  фармуданд:
"لما أسري بي مرت بي رائحة طيبة .. فقلت: ما هذه الرائحة؟ فقيل لي: هذه ماشطة بنت فرعون وأولادُها".
“Ҳангоме, ки манро ба Исро бурданд бӯй хушеро эҳсос кардам, гуфтам: Ин бӯй чист? Гуфтанд: Ин (бӯй) шоназанӣ духтари Фиръавн ва фарзандони ӯст”.
﴿وَلَا تَحۡسَبَنَّ ٱلَّذِينَ قُتِلُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ أَمۡوَٰتَۢاۚ بَلۡ أَحۡيَآءٌ عِندَ رَبِّهِمۡ يُرۡزَقُونَ ١٦٩ فَرِحِينَ بِمَآ ءَاتَىٰهُمُ ٱللَّهُ مِن فَضۡلِهِۦ وَيَسۡتَبۡشِرُونَ بِٱلَّذِينَ لَمۡ يَلۡحَقُواْ بِهِم مِّنۡ خَلۡفِهِمۡ أَلَّا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ ١٧٠ ۞يَسۡتَبۡشِرُونَ بِنِعۡمَةٖ مِّنَ ٱللَّهِ وَفَضۡلٖ وَأَنَّ ٱللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجۡرَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ١٧١ ٱلَّذِينَ ٱسۡتَجَابُواْ لِلَّهِ وَٱلرَّسُولِ مِنۢ بَعۡدِ مَآ أَصَابَهُمُ ٱلۡقَرۡحُۚ لِلَّذِينَ أَحۡسَنُواْ مِنۡهُمۡ وَٱتَّقَوۡاْ أَجۡرٌ عَظِيمٌ ١٧٢ ٱلَّذِينَ قَالَ لَهُمُ ٱلنَّاسُ إِنَّ ٱلنَّاسَ قَدۡ جَمَعُواْ لَكُمۡ فَٱخۡشَوۡهُمۡ فَزَادَهُمۡ إِيمَٰنٗا وَقَالُواْ حَسۡبُنَا ٱللَّهُ وَنِعۡمَ ٱلۡوَكِيلُ ١٧٣ فَٱنقَلَبُواْ بِنِعۡمَةٖ مِّنَ ٱللَّهِ وَفَضۡلٖ لَّمۡ يَمۡسَسۡهُمۡ سُوٓءٞ وَٱتَّبَعُواْ رِضۡوَٰنَ ٱللَّهِۗ وَٱللَّهُ ذُو فَضۡلٍ عَظِيمٍ ١٧٤﴾ [ال عمران: ١٦٩،  ١٧٤]
«Ҳаргиз касонеро, ки дар роҳи Худо кушта шудаанд, мурда мапиндор, балки зиндаанд ва назди Парвардигорашон рӯзӣ дода мешаванд. (169) Аз фазилате, ки Худо насибашон кардааст, шодмонанд. Ва барои онҳо, ки дар паяшон ҳастанд ва ҳанӯз ба онҳо напайвастаанд, хушдиланд, ки биме бар онҳо нест ва андӯҳгин намешаванд! (170) Ононро муждаи неъмату фазли Худо медиҳанд ва Худо подоши мӯъминонро бекор намекунад. (171) Аз миёни он касон, ки пас аз захм хӯрдан боз ҳам фармони Худо ва расулашро иҷобат карданд, онон, ки некӯкор бошанд ва аз Худой битарсанд, музде бузург доранд. (172) Касоне, ки мардум гуфтандашон, ки мардум барои ҷанг бо шумо гирд омадаанд, аз онҳо битарсед ва ин сухан бар имонашон бияфзуд ва гуфтанд: «Худо моро басанда аст ва чӣ некӯ ёварест!» (173) Пас аз ҷанг бозгаштанд, дар ҳоле ки неъмату фазли Худоро ба ҳамроҳ доштанд ва ҳеҷ осебе ба онҳо нарасида буд. Инҳо ба роҳи хушнудии Худо рафтанд ва Худоро бахшоише азим аст! (174)».
Сураи Оли Имрон, оятҳои 169-174
Он зани бузург ба сӯи парвардигори худ шитофт ва ҳамҷиворӣ ӯ шуд.
Умед аст, ки имрӯз дар бишиҳтҳо ва дарёҳо бошад ва дар ҷойгоҳӣ сидқ, назди он подшоҳӣ тавоно бошад.
Имрӯз ҳоли ӯ беҳтар аз ҳоле аст, ки дар дунё дошт ва дар неъматҳо ва хушҳолиҳои бештар аз дунёст.
Назди Бухорӣ ривоят аст, ки Расули Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)  фармуд:
"لو أن امرأة من أهل الجنة اطلعت إلى أهل الأرض لأضاءت ما بينهما ولملأته ريحاً .. ولنصيفها على رأسها خير من الدنيا وما فيها".
“Агар зане аз занҳои биҳишт ба дунё биёяд, мобайни он дуро (машриқ ва мағрибро) нурони мекунад ва бўи хуши ӯ онро (дунёро) мегирад ва чодари сараш аз дунё ва он чи дар он аст беҳтар аст»
Ва имом Муслим ривоят кардааст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)  фармуданд:
"من دخل الجنة ينعم لا يبؤس، لا تبلى ثيابه، ولا يفنى شبابه. وله في الجنة ما لا عين رأت، ولا أذن سمعت، ولا خطر على قلب بشر ..ومن دخل إلى الجنة نسي عذاب الدنيا".
“Ҳар касе вориди ҷаннат шавад, ба хушҳоли ворид мешавад ва ҳеҷгоҳ дучори сахти ва мусибат намешавад, либосаш куҳна намешавад, ва ҷавониаш нобуд намешавад ва барои ӯ дар биҳишт чизе аст, ки на чашм дида ва на гуше шунида ва на ба қалби инсоне хутур карда... ҳар ки вориди биҳишт шавад ҳамаи сахтиҳои дунёро фаромуш мекунад”.
Аммо сокинони биҳишт киҳо ҳастанд?
Онон касоне ҳастанд, ки аҳли рӯзаву намози шаб ва суханони зебоянд ва онон некӯкорон мебошанд.
Чи хуш аст зиндагии зани мусалмон дар он биҳишт.
Ҳангоме, ки дар дарёҳои зебои он сайру гашт мекунад ва аз асали равони он менушад.
Ва балки ҳангоми назар кардан ба ҷеҳраи Парвардигор!
Чи қадар хуш аст, ва чи қадар гуворост зиндагии ту ҳангоме, ки парвардигорат аз ту бипурсад: Эй фалонӣ... Оё хушнуд шудаи? Оё аз неъмате, ки дар он ба сар мебарӣ рози ҳастӣ?
Ва ту мегуй: Чаро рози набошам дар ҳоле, ки он чизеро, ки умед доштам ба ман ато намудӣ ва аз он чи метарсидам дар амонам доштӣ?
Ва хоҳад гуфт: Бузургтар аз онро ба ту хоҳам дод.. Сипас ҳиҷобро аз чеҳрааш бармедорад ва ба сӯяш нигоҳ хоҳи кард... ва то ҳангоме, ки машғул ба нигоҳ кардан ба чеҳраи Ӯ (Аллоҳ) мебошӣ ба дигар неъматҳо таваҷҷуҳе ва фикре нахоҳӣ кард.
﴿كَلَّآ إِنَّ كِتَٰبَ ٱلۡأَبۡرَارِ لَفِي عِلِّيِّينَ ١٨ وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا عِلِّيُّونَ ١٩ كِتَٰبٞ مَّرۡقُومٞ ٢٠ يَشۡهَدُهُ ٱلۡمُقَرَّبُونَ ٢١ إِنَّ ٱلۡأَبۡرَارَ لَفِي نَعِيمٍ ٢٢ عَلَى ٱلۡأَرَآئِكِ يَنظُرُونَ ٢٣ تَعۡرِفُ فِي وُجُوهِهِمۡ نَضۡرَةَ ٱلنَّعِيمِ ٢٤ يُسۡقَوۡنَ مِن رَّحِيقٖ مَّخۡتُومٍ ٢٥ خِتَٰمُهُۥ مِسۡكٞۚ وَفِي ذَٰلِكَ فَلۡيَتَنَافَسِ ٱلۡمُتَنَٰفِسُونَ ٢٦ وَمِزَاجُهُۥ مِن تَسۡنِيمٍ ٢٧ عَيۡنٗا يَشۡرَبُ بِهَا ٱلۡمُقَرَّبُونَ ٢٨﴾ [المطففين: ١٨،  ٢٨]
«На чунин аст; дар ҳақиқат китоби некон дар иллийин (мактуб) аст. (18) Ва ту чӣ медонӣ, ки иллийин чист? (19) Китобест навишта! (20) Ки муқаррабони (наздикшудагони) Худо дар он менигаранд. (21) Албатта некон дар неъматанд, (22) бар тахтҳо нишаста ва назора мекунанд. (23) Бар чеҳраҳошон таровати неъматро бишиносӣ. (24) Аз шаробе холис, ки бар сари он мӯҳр ниҳодаанд, сероб мешаванд. (25) Мӯҳри он аз мушк аст ва пешдастӣ кунандагон дар он бар якдигар пешдастӣ кунанд, (26) Омезаи он (аз чашмаи) тасним аст, (27) чашмаест, ки муқаррабони (наздикони даргоҳи) Худо аз он меошоманд. (28)».
Сураи Мутаффифин, оятҳои 18-27
Аммо ҳеҷ кас ба биҳишт нахоҳад расид, магар бо муқовимат дар баробари шаҳватҳои худ.. чаро, ки биҳишт бо нохушиҳо пушонда шуда ва оташ бо шаҳватҳо? Бинобарин пайрави аз шаҳватҳо дар пушиш ва ғизо ва нӯшиданӣ ва хариду фуруш... роҳе аст ба сӯи оташи дӯзах.
Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)  дар ҳадисе, ки имом Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд мефармояд:
"حفت الجنة بالمكاره .. وحفت النار بالشهوات".
“Биҳишт бо нохушиҳо пӯшонида шудааст ва оташи дӯзах бо шаҳватҳо”.
Бинобарин хоҳарам, имрӯз аз амри Худо ва Паёмбараш пайрави кун ва сабр кун то фардо осуда ва оромиш дошта бошӣ, чаро ки дар рӯзи қиёмат ба биҳиштиён хитоб карда ва гуфта мешавад:
﴿سَلَٰمٌ عَلَيۡكُم بِمَا صَبَرۡتُمۡۚ فَنِعۡمَ عُقۡبَى ٱلدَّارِ ٢٤﴾ [الرعد: ٢٤]
«Салом бар шумо ба хотири он ҳама сабре, ки кардаед. Сарои охират чӣ сарое некӯст!».
Сураи Раъд, ояти 24
Аммо аҳли оташ... ба онон гуфта мешвад:
﴿أَذۡهَبۡتُمۡ طَيِّبَٰتِكُمۡ فِي حَيَاتِكُمُ ٱلدُّنۡيَا وَٱسۡتَمۡتَعۡتُم بِهَا فَٱلۡيَوۡمَ تُجۡزَوۡنَ عَذَابَ ٱلۡهُونِ ٢٠﴾ [الاحقاف: ٢٠]
«...дар зиндагии дунявӣ аз чизҳои покиза ва хуш баҳраманд шудед, имрӯз ба азоби хори ҷазоятон медиҳанд...».
Сураи ал-Аҳқоф, ояти 20
Ӯ аввалин зани лахча бадаст буд...
Ки бо вуҷуди фитнаи бузурге, ки дар он қарор гирифт, бар дини худ собит қадам боқи монд.
Аммо аҷиб аст кори он духтароне, ки ҳатто тавони пойбанди бар намозро надоранд ва ҳамчунон дар адои он саҳлангорӣ ва аҳамият намедиҳанд то ба кулли онро тарк намуда худро дар хатари куфр қарор медиҳанд.
Чуноне, ки имом Тирмизӣ аз Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)  ривоят карда мефармояд:
"العهد الذي بيننا وبينهم الصلاة فمن تركها فقد كفر".
“Аҳду паймоне, ки миёни мо (мусалмонон) ва онҳо аст, намоз аст, пас ҳар ки онро тарк кунад кофир шудааст”.
Ва ҳар касе, ки намозро тарк кунад, Худованд ӯро дар оташ ҷовидона месӯзонад ва дар ҷаҳаннам ҳамроҳи бо шайтон азоб медиҳад ва аз неъматҳояш дур месозад ва аз ҳамим менушонадаш.
﴿تِلۡكَ حُدُودُ ٱللَّهِۚ وَمَن يُطِعِ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ يُدۡخِلۡهُ جَنَّٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَاۚ وَذَٰلِكَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ ١٣ وَمَن يَعۡصِ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ وَيَتَعَدَّ حُدُودَهُۥ يُدۡخِلۡهُ نَارًا خَٰلِدٗا فِيهَا وَلَهُۥ عَذَابٞ مُّهِينٞ ١٤﴾ [النساء : ١٣،  ١٤]
«Инҳо аҳкоми Худост. Ҳар кас аз Худо ва паёмбараш фармон барад, ӯро ба биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дароварад ва ҷовидон дар он ҷо хоҳад буд ва ин комёбии бузургест! (13) Ва ҳар кӣ аз Худову расулаш фармон набарад ва аз аҳкоми ӯ таҷовуз кунад, ӯро дохил дар оташ кунад ва ҷовидон дар он ҷо хоҳад буд ва барои ӯст азобе хоркунанда (14)».
Сураи Нисо, оятҳои 13,14
Заҳабӣ дар китоби худ “ал-Кабоир” овардааст, ки зане даргузашт ва бародараш ӯро ба хок супорид... дар ҳоле, ки ӯро дафн мекард, як халтае аз мол дар он қабр афтод ва ӯ таваҷҷуҳе накард... Ҳангоме бозгашт халтаро наёфт ва донист, ки дар қабр афтодааст... ба қабри хоҳари худ баргашт ва онро кофта боз кард то ин ки ба ҷасади хоҳараш расид ва дид, ки қабри вай пур аз оташаст.
Тарсид ва хокҳоро бар вай рехт ва дар ҳоле, ки ба шиддат мегирист ба назди модараш рафт ва гуфт: Ба ман бигӯ хоҳарам ба чи коре машғул буд?
Модараш гуфт: Барои чи инро мепурсӣ?
Гуфт: Модар! ман дидам, ки қабраш пур аз шуълаҳои оташ буд.
Модар, ки чунин шунид, гирист ва гуфт: Хоҳарат дар бораи намоз саҳлангорӣ ва бепарвои мекард ва онро дар вақташ намехонд ва аз вақташ дер мекард.
Ин аст ҳол ва рӯзи касе, ки намозро аз вақташ дер мекунад ва дар вақташ намехонад... намози субҳро (бомдодро) намехонад магар пас аз баромадани офтоб.... ё дигар намозҳоро ба ҳамин сурат ба таъхир меандозад...
Ҳоло фикр кунед, вазъияти касе, ки аслан намоз намехонад чи хоҳад буд?!
Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) хоберо ки дар бораи азоби касоне, ки намозро дар вақташ намехонанд хабар дода буд ва фармуданд:
“Ду шахс ба наздам омаданд ва маро бо худ бурданд, пас ба марде расидем, ки хобида буд... ва марди дигаре бо санге дар даст болои сараш истода буд... ногаҳон бо санг бар сараш зад ва сипас санг ғалат хурд ва он мард рафт ва сангро овард... вақте бозгашт сари марде, ки хобида буд дубора ба ҳолати солими бозгашт, ва дубора ҳамон корро бо ӯ такрор мекунад.
Гуфтам: Субҳона Аллоҳ! Инҳо кистанд? Ду фаришта гуфтанд: Ин мард касе буд, ки Қуръонро фаро мегирифт, аммо онро рад мекард (ба он амал намекард) ва дар намозҳои фарзӣ мехобид (онҳоро дар вақташ адо намекард).
﴿كَذَٰلِكَ ٱلۡعَذَابُۖ وَلَعَذَابُ ٱلۡأٓخِرَةِ أَكۡبَرُۚ لَوۡ كَانُواْ يَعۡلَمُونَ ٣٣﴾ [القلم: ٣٣]
«Инчунин аст азоб! Ва агар бидонанд, азоби охират бузургтар аст!».
Сураи Қалам, ояти 33

Дуввумин зани лахчабадаст
Ӯ маликае буд дар тахтӣ хуб
Бар арикаи (ҷойгаҳ) нарм ва болиштҳои чида шуда...
Миёни хидматгороне, ки дар хидмати ӯ буданд ва хонаводае, ки гиромиаш медоштанд...
Аммо бо ин ҳама муъмин буд ва имони худро пинҳон нигоҳ дошта буд...
Ӯ  Осия аст... зани Фиръавне, ки дар нозу неъмат зиндагӣ мекард...
Аммо, ҳангоме корвони шаҳидонро дид, ки ба осмон мераванд ва аз ҳама пеши мегиранд, муштоқи ҳамҷивории парвардигораш шуд ва ҳамҷивории Фиръавнро бад донист.
Ҳангоме, ки Фиръавн он зани муъмин ва мусалмонро кушт, назди ҳамсараш, Осия рафт ва неруи худро ба нишон медод.
Осия бар сари ӯ фарёд зад ва гуфт: Вой бар ту! Чи қадар бар Худованд ҷуръат мекунӣ?
Сипас имондории худро эълон ва ошкор кард...
Фиръавн хашмгин шуд ва савганд хурд, ки ӯро шиканҷа диҳад ё ин ки ба Худованд кофир шавад.
Сипас дастур дод то ӯро дар баробараш бар тахте бихобонанд ва дастон ва пойҳояшро ба мехҳои оҳанин бибанданд ва ба задани ӯ шуруъ кунанд.
Он қадар ӯро заданд, ки хун аз бадани ӯ равон шуд ва гуштҳо аз устухонӣ вай ҷудо гардид...
Ҳангоме, ки дардаш зиёд шуд ва маргро наздик дид, чашмони худро ба осмон бардошт ва гуфт:
﴿رَبِّ ٱبۡنِ لِي عِندَكَ بَيۡتٗا فِي ٱلۡجَنَّةِ وَنَجِّنِي مِن فِرۡعَوۡنَ وَعَمَلِهِۦ وَنَجِّنِي مِنَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلظَّٰلِمِينَ ١١﴾ [التحريم: ١١]
«Парвардигоро! Бароям хонае назди худат дар биҳишт бисоз ва манро аз Фиръавн ва кори ӯ наҷот бидеҳ ва манро аз қавми ситамгорон наҷот бидеҳ».
Сураи Таҳрим, ояти 11
Дуои Ӯ ба осмон боло рафт...
Ибни Касир (р.ҳ) мегуяд: Худованд хонаи вайро дар биҳишт ба ӯ нишон дод...
Пас лабханде зад ва ҷон дод...
Бале, малика ҷон дод...
Маликае, ки миёни атрҳои хушбӯй ва бо шодиву сурур зиндагӣ мекард...
Либосҳои зебо, атрҳо ва хидматгорону дӯстони худро раҳо кард...
Ва маргро ихтиёр кард...
Аммо имрӯз дар ҳар неъмат ва хӯшие, ки бихоҳад зиндагӣ мекунад...
Чаро чунин набошад?
Сабри ӯ бар тоатҳо ва муқовимат бар зидди шаҳватҳои ҳаром ба суду фоидаи ӯ тамом шуд:
﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ إِنَّا لَا نُضِيعُ أَجۡرَ مَنۡ أَحۡسَنَ عَمَلًا ٣٠ أُوْلَٰٓئِكَ لَهُمۡ جَنَّٰتُ عَدۡنٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهِمُ ٱلۡأَنۡهَٰرُ يُحَلَّوۡنَ فِيهَا مِنۡ أَسَاوِرَ مِن ذَهَبٖ وَيَلۡبَسُونَ ثِيَابًا خُضۡرٗا مِّن سُندُسٖ وَإِسۡتَبۡرَقٖ مُّتَّكِ‍ِٔينَ فِيهَا عَلَى ٱلۡأَرَآئِكِۚ نِعۡمَ ٱلثَّوَابُ وَحَسُنَتۡ مُرۡتَفَقٗا ٣١﴾ [الكهف: ٣٠،  ٣١]
«Касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, бидонанд, ки Мо мукофоти некӯкоронро барбод намекунем. (30) Барояшон биҳиштҳое ҷовид аст. Аз зери пойҳошон наҳрҳо ҷорист. Биҳиштиёнро ба дастбандҳои зар меороянд ва ҷомаҳое сабз аз шоҳии нозуку дебои дурушт мепӯшанд ва дар он ҷо бар тахтҳо такя мезананд. Чӣ мукофоти некӯе ва чӣ оромгоҳи некӯе! (31)».
Сураи Каҳф, ояти 30-31
Аммо имрӯза занони мо куҷоянд?
Куҷоянд занони мо, ки дар навъи либос, сухан гуфтан ва нигоҳ кардан ва...... гирифтори гуноҳ ва хилофи шариат мешаванд ва вақте, ки касе ононро насиҳат мекунад, мегӯянд: Ҳамаи занон ин корҳоро мекунанд ва ман наметавонам мисли бақия набошам! СубҳонаАллоҳ!!
Куҷост нерӯи диндорӣ ва куҷост пойдорӣ бар усул ва арзишҳо:
Агар духтар бо хурдтарин фитнае аз тоати Парвардигораш даст бардорад ва пайравӣ шайтон шавад, пас таслим шудан дар баробарии Худованд куҷост? Дар ҳоле, ки Худованди мутаъол мефармояд:
﴿وَمَا كَانَ لِمُؤۡمِنٖ وَلَا مُؤۡمِنَةٍ إِذَا قَضَى ٱللَّهُ وَرَسُولُهُۥٓ أَمۡرًا أَن يَكُونَ لَهُمُ ٱلۡخِيَرَةُ مِنۡ أَمۡرِهِمۡۗ وَمَن يَعۡصِ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ فَقَدۡ ضَلَّ ضَلَٰلٗا مُّبِينٗا ٣٦﴾ [الاحزاب : ٣٦]
«Ҳеҷ марди мӯъмину зани мӯъминро нарасад ки чун Худову паёмбараш дар коре ҳукме карданд, онҳоро дар он корашон ихтиёр бошад. Ҳар ки ба Худову паёмбараш нофармонӣ кунад, сахт дар гумроҳӣ афтодааст».
Сураи Аҳзоб, ояти 36
Куҷоянд духтарони камтаваҷҷуҳ? Касоне, ки худро дар рӯ ба рӯи нафрин ва ғазаби Худованд қарор медиҳанд?
Заноне, ки абрӯи худро борик мекунанд ва хилқати Худовандро тағйир медиҳанд, дар ҳоле, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) занонеро, ки абрӯи худро борик мекунанд ва заноне, ки ин корро барояшон анҷом медиҳанд нафрин ва лаънат кардааст.
Ва куҷост он зане, ки бар чеҳра ё бадани худ хол мегузорад? Зеро, ки ин кор дар воқеъ кори занони бадкор мебошад. Ва Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) занеро, ки дар бадани худ холкуби мекунад ва занеро, ки барояш чунин кореро анҷом медиҳад лаънат кардааст.
Ва ё куҷост он зане, ки муйҳои маснуъӣ бар сари худ мечаспонад, дар ҳоле ки Худованд мутаъол касеро, ки бар сари худ мӯй мечаспонад ва ё касе, ки ин корро анҷом медиҳад лаънат намудааст.
Ин занон лаънат шудаанд... Оё медонед лаънатшуда яъне чи? Маънояш инаст, ки аз раҳмати Худованд ронда шуда... аз роҳи биҳишт ронда шудаанд.
Оё розӣ мешавӣ, ки аз роҳи биҳишт ронда шавӣ? Он ҳам бо сабаби чандтори мӯйе, ки аз абрӯят бичинӣ ё чанд хат ва холе бигзорӣ?
Оё зебоиро мехоҳӣ?
Ба Худо ин зебои нест, ки бо он худро дар лаънат ва хашми Худованд қарор бидиҳӣ...
Зебоии ҳақиқи он аст, ки бо тоати Худованд ба даст ояд.
Ва зебоиеро барои занони мусалмон дар биҳишт ба камол мерасонад.
Агар Худованд ҳурулайнро чунон васф намуд (васфи бисёр хуб) дар ҳоле, ки на шабро бо намоз бархостааст ва на рӯзро рӯза гирифтааст ва на дар рӯ ба рӯи шаҳватҳо сабр кардааст... Фикр кун, ки зебои ва ҳусну ҷамоли ту чигуна хоҳад буд? Туӣ ки дар торикии шабҳо бо парвардигори худ халват кардай... наҷво ва дуои туро шунида ва онро иҷобат кардааст.
Туӣ ки барои хушнудии Ӯ аз лаззатҳо дур шудаи ва шаҳватҳоро тарк кардаи.
Башоратат бод ҳангоме, ки малоика канори дарҳои биҳишт ба пешвозат меояд ва туро ба неъматҳои абадӣ ва подоши нек башорат медиҳад, дар ҳоле, ки зебоият афзудааст.
﴿وَعَدَ ٱللَّهُ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ جَنَّٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَا وَمَسَٰكِنَ طَيِّبَةٗ فِي جَنَّٰتِ عَدۡنٖۚ وَرِضۡوَٰنٞ مِّنَ ٱللَّهِ أَكۡبَرُۚ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ ٧٢﴾ [التوبة : 72]
«Худо ба мардони мӯъмин ва занони мӯъмин биҳиштҳоеро ваъда додааст, ки ҷӯйҳо дар он ҷорист ва биҳиштиён ҳамеша дар он ҷоянд ва низ хонаҳое некӯ дар биҳишти ҷовид. Вале хушнудии Худо аз ҳама бузургтар аст, ки пирӯзии бузург хушнудии Худованд аст!».
Сураи Тавба, ояти 72
Ин подоши бузург куҷост ва он духтарони ноком куҷоянд, ки аз шунидани оятҳо ва сураҳо рӯй гардонӣ мекунанд ва ба садои таронаҳо гуш медиҳанд ва худро дар азоби Худованд гирифтор мекунанд. Ва худро аз шунидани таронаҳои биҳиштӣ маҳрум месозанд.
СубҳонАллоҳ!!! Шуниданӣ Қуръон бароят кофи набуд ва онро тарк кардаи ва аз қафои таронаҳо шудӣ?
Муҳаммад ибни Мукандир мегӯяд: Дар рӯзи қиёмат, нидозанандае нидо мезанад, ки куҷост касоне, ки гушҳои худро аз маҷлисҳои лаҳву мизморҳои шайтонӣ нигоҳ медоштанд? Ононро дар риёзи миск (номи биҳишт) ҷой кунед... Сипас Худованд ба фариштагонаш мегӯяд: Тамҷид ва ҳамди манро ба онон бишнавонед...
Аз Шаҳр ибни Хавшаб ривоят аст, ки гуфт: Аллоҳ ҷалла саноуҳу ба фариштагони худ мегӯяд: Бандагони ман садои хушро дар дунё дӯст доштанд, аммо онро барои ман тарк мекарданд... Пас (садои хуш)-ро ба гуши бандагонам бирасонед.
Сипас садоҳое аз тасбиҳу такбир ба гуши онон мерасонанд, ки ҳаргиз ба хушии он нашунидаанд.
Занон ва духтарони лахчабадаст танҳо бар сабр ва таҳаммули сахтиҳо кифоят намекунанд, балки ҳамчунин кумакрасон дар пирӯзии дин ва муқовимати ботил низ доранд.
Сафия духтари Абдулмуталлиб, аммаи Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) пиразане буд, ки умраш аз 60 сол зиёд буд.
Ҳангоме, ки кофирони Қурайш ва дигар қабилаҳои кофир барои ҳуҷум ба Мадина ҳамдаст шуданд, Мусалмонон барои ҷилавгирӣ аз ворид шудани онон ба Мадина дар як тарафи Мадина хандақ тайёр карданд... дигар атрофи Мадинаро куҳҳо маҳкам карда буд.
Теъдоди мусалмонон кам буд ва Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ҳамин теъдоди камро барои ҷилавгири аз нуфузи кофирон дар баробарии хандақ ба сурати омодабош қарор дода буд.
Вай занон ва кӯдаконро дар қалъаи мустаҳкам ҷамъ карда буд ва ба сабаби камбудани теъдоди мусалмонон касеро барои нигаҳбонии онон нагузошта буд.
Дар ҳоле, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ва саҳобагонаш ба набард дар баробари хандақ машғул буданд, бархе аз яҳудиён худро ба қалъа расониданд ва аз тарси ин ки шояд касе аз мардони мусалмон онҷо бошад ҷуръати ворид шудан ба онро надоштанд.
Бинобарин беруни қалъа саф кашиданд ва яке аз ҳамроҳонашонро барои хабар гирифтан фиристоданд.
Ва он яҳуди дар атрофи қалъа давр мезанад, то ин ки роҳе барои дохил шудан ба онро пайдо кард ва вориди он шуд. Ва сипас маконро ҷустуҷӯ мекард. Сафия (р.з) ӯро дид ва ҳаросон шуда бо худ гуфт: ин яҳуди дар дохили қалъа мебошад ва Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ва ёрони ӯ низ машғули набард дар муқобили қофирон дар хандақ ҳастанд... ва агар фарёд бизанам занону кӯдакон хоҳанд тарсид ва яҳуди низ хоҳад донист, ки марде дар қалъа нест.
Бинобарин корчаеро бардошт ва ба камари худ баст... Сипас чубе ба даст гирифт ва аз қалъа поён омад ва дар камини он яҳуди нишаст... сипас дар як фурсати муносиб он яҳудиро ғофилгир кард ва бо чуб ба фарқи сараш зад ва ӯро кушт. Онгоҳ бо корд сарашро бурид ва ба беруни қалъа партофт.
Яҳудиён бо дидани сари буридаи ҷосуси худ фикр карданд, ки мардоне дар қалъа ҳастанд ва гурехтанд, ва инчунин қалъа аз ҳуҷуми яҳудиён дар амон монд.
Худованд Сафия... он зани обид ва бо тақворо раҳмат кунад, ки бо ин кори худ занону кӯдакони мусалмонро наҷот дод.
Бубин Сафия барои хидмат ба ин дин чи фидокори ва исоре кард.
Ту барои амри ба маъруф ва наҳй аз мункар чи қадар талоше кардаи?
Чи қадар дар нишастҳои занона, занонеро мебини ки абрӯи худро борик карда, ва чи қадар дар бозорҳо ва арусиҳо занони худнаморо мебини,  барои онон чи коре кардаи?
﴿وَٱلۡمُؤۡمِنُونَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتُ بَعۡضُهُمۡ أَوۡلِيَآءُ بَعۡضٖۚ يَأۡمُرُونَ بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَيَنۡهَوۡنَ عَنِ ٱلۡمُنكَرِ وَيُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُؤۡتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ وَيُطِيعُونَ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥٓۚ أُوْلَٰٓئِكَ سَيَرۡحَمُهُمُ ٱللَّهُۗ إِنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٞ ٧١﴾ [التوبة: 71]
«Мардони мӯъмин ва занони мӯъмин дӯстони якдигаранд. Ба некӣ фармон медиҳанд ва аз ношоист бозмедоранд ва намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва аз Худову паёмбараш фармонбардорӣ мекунанд. Худо инҳоро раҳмат хоҳад кард, Худо пирӯзманду ҳаким аст!».
Сураи Тавба, ояти 71
Аммо ҳар ки амри ба маъруф ва наҳй аз мункарро тарк кунад мустаҳиққи лаънати Худованд хоҳад шуд.
﴿لُعِنَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنۢ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ عَلَىٰ لِسَانِ دَاوُۥدَ وَعِيسَى ٱبۡنِ مَرۡيَمَۚ ذَٰلِكَ بِمَا عَصَواْ وَّكَانُواْ يَعۡتَدُونَ ٧٨ كَانُواْ لَا يَتَنَاهَوۡنَ عَن مُّنكَرٖ فَعَلُوهُۚ لَبِئۡسَ مَا كَانُواْ يَفۡعَلُونَ ٧٩﴾ [المائ‍دة: ٧٨،  ٧٩]
«Аз банӣ-Исроил онон, ки кофир шуданд, ба забони Довуд ва Исо бинни Марям лаънат шуданд ва ин лаънат ҷазои исён ва таҷовузашон буд (78) Аз кори зиште, ки мекарданд, якдигарро манъ намекарданд ва албатта бадкорӣ мекарданд (79)».
Сураи Моида, оятҳои 78,79
Аз кори амри ба маъруф ва наҳй аз мункар хиҷолат накаш чаро, ки даъват дар оғоз ниёз ба шуҷоат дорад, аммо дар поён эҳсоси шодӣ ва хушбахтӣ хоҳи кард.
Занони некукор... ононе, ки лахча ба даст гирифтанд... агар фармоне аз фармонҳои шариатро бишнаванд, итоат мекунанд ва таслими фармони Худованд мешаванд ва ба он эътироз намекунанд ва роҳе барои гурехтан аз амри Худованд ҷустуҷӯ нахоҳанд кард.

Тааммул кунед дар достони ин арӯси покдоман ва шариф
Анас (р.з) мегуяд: Марде аз саҳобагони Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) Ҷулайбиб ном дошт... чеҳраи ӯ зишт буд, пас Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ба ӯ пешниҳоди издивоҷ дод... Ҷулайбиб гуфт: Маро “Косид” (касе манро ба домодӣ нахоҳад пазируфт) хоҳӣ ёфт...
Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармуданд: Аммо ту назди Худованд косид нестӣ.
Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ҳамчунон дар ҷустуҷӯи фурсате барои ба издивоҷ даровардани Ҷулайбиб буд.
То он ки рӯзе марде аз Ансори назди Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) омад ва ба ӯ пешниҳод дод то бо духтараш издивоҷ кунад.... Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ба ӯ гуфт: Бошад духтарро ба издивоҷи ман дарор...
Падар гуфт: Оре ба рӯи чашм эй расули Худо.
Сипас Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармуд: “Ман ӯро барои худам намехоҳам”.
Гуфт: Пас барои чи касе мехоҳӣ?
Фармуд: “Барои Ҷулайбиб”.
Гуфт: Ҷулайбиб?! Эй Расули Худо бигзор аз модараш иҷозат бигирам.
Он мард назди ҳамсараш омад ва гуфт: Паёмбари Худо аз духтарат хостгори кардааст.
Гуфт: Бошад ва ба рӯи чашм... Ӯро ба издивоҷи Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) даровар.
Мард гуфт: Барои худаш намехоҳад...
Зан гуфт: Пас барои чи касе мехоҳад?
Гуфт: Барои Ҷулайбиб!
Зан гуфт: Дур шавад Ҷулайбиб! Ба Худо ба ӯ духтар намедиҳам дар ҳоле, ки ӯро ба фалонӣ ва фалонӣ надодаам...
Падар ғамгин шуд ва бархост то ба назди Расуди Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) биравад.
Ногаҳон духтар аз пушти парда ба падар ва модараш гуфт: Чи касе манро аз шумо хостгорӣ кардааст?
Гуфтанд: Расули Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод).
Гуфт: Оё фармони Расули Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)-ро рад мекунед? Маро ба Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) бисупоред, ки ба Худо савганд ӯ маро зоеъ намесозад.
Бо ин суханони духтар, гуё падар ва модараш қонеъ шуданд...
Падар ба назди Расули Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) рафт ва гуфт: Эй Паёмбари Худо... ӯро ба ту супоридам... ӯро ба издивоҷи Ҷулайбиб даровар... Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) низ ӯро ба ҳамсарии Ҷулайбиб даровард ва барояшон чунин дуо кард: “Худовандо хайрро бар онон фаровон бирезон ва зиндагиашонро сахт ва нохуш нагардон”.
Чанд рӯзе аз издивоҷи онон гузашта буд, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) барои ғазвае берун рафт ва Ҷулайбиб низ бо ӯ ҳамроҳ шуд.
Пас аз поёни набард мардум дар пайи гумшудаҳои худ буданд.
Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) аз онон пурсид: Оё касеро гум кардаед? Мегуфтанд: Оре, фалон ва фалонеро намеёбем...
Сипас фармуд: Оё дар ҷустуҷӯи касе ҳастед? Гуфтанд: Оре, фалони ва фалониро намеёбем...
Сипас боз фармуд: Оё дар ҷустуҷӯи касе ҳастед? Гуфтанд: Оре, фалони ва фалонӣ...
Сипас фармуд: Аммо гумгаштаи ман Ҷулайбиб аст...
Ба ҷустуҷӯи ӯ баромаданд ва дар миёни кушташудагон ҷустуҷӯ карданд ӯро дар майдони набард наёфтанд...
Сипас ӯро дар наздикӣ набардгоҳ ёфтанд дар ҳоле, ки ҳафт мушрикро кушта буд ва худ низ кушта шуда буд... Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) муддате истод ва ба ӯ назар мекард.
Сипас фармуд: “Ҳафт касро кушта ва сипас ӯро куштаанд... ҳафт танро кушта ва сипас ӯро куштаанд... ин аз ман аст ва ман аз ӯям”.
Сипас Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ӯро бо дастонаш бардошт ва фармон дод барояш қабре бикананд...
Анас (р.з) мегуяд: Дар ҳоли кандани қабр будем, дар ҳоле, ки Ҷулайбиб тахте надошт ҷуз дастони Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) то он ки қабраш омода шуд ва ӯро дар лаҳадаш гузоштанд.
Анас (р.з) мегуяд: Ба Худо савганд дар миёни ансор бевае набуд, ки монанди ӯ (Ҳамсари Ҷулайбиб) инфоқ намояд... ва мардон пас аз Ҷулайбиб барои хостгории ӯ бо ҳам мусобиқа медоданд...
﴿إِنَّمَا كَانَ قَوۡلَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ إِذَا دُعُوٓاْ إِلَى ٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ لِيَحۡكُمَ بَيۡنَهُمۡ أَن يَقُولُواْ سَمِعۡنَا وَأَطَعۡنَاۚ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ ٥١ وَمَن يُطِعِ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ وَيَخۡشَ ٱللَّهَ وَيَتَّقۡهِ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡفَآئِزُونَ ٥٢﴾ [النور : ٥١،  ٥٢]
«Чун мӯъминонро ба Худову паёмбараш даъват кунанд, то миёнашон ҳукм кунад, суханашон ғайри ин нест, ки мегӯянд: «Шунидем ва итоъат кардем», инҳо наҷотёфтагонанд (51) Ва касоне, ки ба Худову паёмбараш фармонбардоранд ва аз Худо метарсанд ва парҳезгорӣ мекунанд, наҷотёфтагонанд (52)».
Сураи Нур, оятҳои 51,52
Ва Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) чуноне, ки дар саҳеҳ ворид аст мефармояд:
"كل أمتي يدخلون الجنة إلا من أبى قالوا يا رسول الله ومن يأبى قال من أطاعني دخل الجنة ومن عصاني فقد أبى"
“Ҳамаи уммати ман ба биҳишт ворид мешавад магар касе, ки худ нахоҳад”. Гуфтанд: Чи касе аст, ки худ (ба биҳишт ворид шуданро) намехоҳад эй Расули Худо?
Фармуд: “Ҳар касе аз ман итоат кунад вориди биҳишт мешавад ва ҳар касе аз амри ман сарпечи кунад, нахостааст”.
Пас куҷоянд он духтарони некӯкор... ононе, ки муҳаббати Худо ва Паёмбарашро бар хостаҳои худ тарҷиҳ медиҳанд? Агар фармонеро аз сӯи Худованд бишнавад онро бар фармон ва хостаи ҳар каси дигаре тарҷиҳ медиҳанд... ва онро бар корҳое, ки дӯстонаш зебо ҷилва медиҳанд ё он чи нафсашон ба онон васваса мекунад, муқаддам медоранд?
﴿وَلَا يُبۡدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا مَا ظَهَرَ مِنۡهَاۖ وَلۡيَضۡرِبۡنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَىٰ جُيُوبِهِنَّۖ وَلَا يُبۡدِينَ زِينَتَهُنَّ ٣١﴾ [النور : ٣١]
«...ва зинатҳои худро ҷуз он миқдор, ки пайдост, ошкор накунанд ва миқнаъаҳои (рӯймолҳои) худро то гиребон бипӯшанд  ва зиннатҳои худро ошкор накунанд...».
Сураи Нур, ояти 31
Мардони Ансор ин оятро аз Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) шуниданд ва ба назди занон рафтанд ва он чи Худованд нозил намударо барояшон хонданд... ҳар мард барои зани худ ва духтари худ ва хоҳари худ ва занони хешовандони худ ин оятро хонд...
Ҳеҷ зане набуд, магар он ки бо шунидани ин оят ба сӯи чодарҳои худ шитофтанд ва онро бар худ печониданд... бархе аз ононе, ки фақир буданд, аз рӯи тасдиқ ва итоати амри Худованд, эзорҳои худро ба ду ним карданд ва як ними онро бар сари худ андохтанд.
Оиша (р.з) мегуяд: Субҳ ҳангоме занон пушти сари Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) чунон худро дар чодарҳои худ печонда буданд, ки гуё бар сарҳояшон зоғ нишаста буд”.
Аллоҳу Акбар! Ин буд ҳоли занон дар он даврон, дар мавриди ҳиҷоб ва пушонидани зиннатҳо... худро мепушониданд то мардон ононро набинанд.
Медонед чи заноне амр шуда буданд, ки худро бипушонанд? Оиша модари муъминон, Фотима духтари Расули Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод), Асмоа духтари Абубакр ва дигар занони солиҳа ва бо тақво.
Ва медонед зинат ва зебоии худро аз чи касе пинҳон мекарданд? Аз Абубакру Умар ва Усмону Алӣ ва дигар саҳобагон... поктарини мардони ин уммат ва афифтарин ва покдомантарини онон... Аммо бо вуҷуди ин он занон амр шудаанд, ки дар он ҷомеъаи солиҳ худро бипушонанд.
Балки Худованд Абубакру Умар ва Талҳаву Зубайр ва дигар саҳобагонро аз ихтилот бо занон наҳй намуд ва фармуд: “Ҳар гоҳе аз онон чизе хостед”. Яъне аз занони Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод), ки поктарин занонад “Аз пушти парда аз онон бихоҳед” чаро? “Зеро, ки он барои дилҳои онон ва дилҳои шумо поктар аст”. Сураи Аҳзоб, ояти 53
Бинобарин ҳолати занон ва мардони мо дар ин замонаи фосид чи хоҳад буд?
Ба занони имрӯза чи хоҳем гуфт, ки бо роҳати комил бо фурушандагон гарм мегиранд, гуё шавҳар ё бародари онон аст ва шояд бо ӯ шӯхи ва ханда кунад, то инки нархро арзон кунад?
Ва илова бар ин шояд бо ронандаи такси хилват кунад, дар ҳоле, ки “Ҳеҷ марде бо зане хилват накард магар он ки шайтон сеюмини онон аст” (Ҳадиси Набавӣ бо ривояти Тирмизӣ)... Ҳамаи ин гуноҳонро анҷом медиҳад дар ҳоле, ки медонад кораш гуноҳ аст. Аммо бо вуҷуди ин бо неъматҳое, ки худи Худованд ба ӯ дода ба маъсият ва гуноҳи Ӯ мепардозад...
Гуё инки Худованд аз ин ки ӯро азоб диҳад, нотавон ва оҷиз аст.
СубҳонАллоҳ... Агар Худованд бихоҳад ин неъматро, ки бо он маъсияташро мекунӣ аз ту хоҳад гирифт!
Саре ба бемористонҳо бизан то занонеро бубинӣ, ки саломатии худро аз даст додаанд.
Саре ба онҷо бизан, то духтаронеро бубини, ки бархе аз онон ба ҷуз чашмони худ ҳеҷ кадоми аз аъзои бадани худро наметавонанд биҷунбонанд... ва агар дигар аъзояшро бо корд бибури ҳатто эҳсос намекунад... Аз Худованд барои онон шифо ва офият ва аҷр хоҳонем...
Ҳар кадоми аз онон орзу мекунад, кош ҳадди ақал тавоноии берун овардани пешоби худро дошта бошад... ва бархе дигар ҳатто намедонад, ки қазои ҳоҷат кардааст... барои ҳамин маҷбуранд ба онҳо монанди кӯдакон ҳаффоза (пушак - памперс) бибанданд ва гоҳо ин ҳаффоза се ё чаҳор рӯз дар бадани онон мемонад.
Ӯ низ монанди ту буд... мехурд, менушид... механдид ва бози мекард... дар бозорҳо роҳ мерафт... Аммо ногаҳон...
Беягон ҳушдор, дучори ҳодиса ё сактаи дил ё мағзи сар шуд ва дар натиҷа акнун зиндааст, аммо ҳаммонанди як мурда... даҳ сол... бист сол... ё шояд си сол дар ҳамин ҳолат дар рӯи тахти бемористон бимонад.
﴿قُلۡ أَرَءَيۡتُمۡ إِنۡ أَخَذَ ٱللَّهُ سَمۡعَكُمۡ وَأَبۡصَٰرَكُمۡ وَخَتَمَ عَلَىٰ قُلُوبِكُم مَّنۡ إِلَٰهٌ غَيۡرُ ٱللَّهِ يَأۡتِيكُم بِهِۗ ٱنظُرۡ كَيۡفَ نُصَرِّفُ ٱلۡأٓيَٰتِ ثُمَّ هُمۡ يَصۡدِفُونَ ٤٦ قُلۡ أَرَءَيۡتَكُمۡ إِنۡ أَتَىٰكُمۡ عَذَابُ ٱللَّهِ بَغۡتَةً أَوۡ جَهۡرَةً هَلۡ يُهۡلَكُ إِلَّا ٱلۡقَوۡمُ ٱلظَّٰلِمُونَ ٤٧﴾ [الانعام: ٤٦،  ٤٧]
«Бигӯ: «Оё медонед, ки агар Оллоҳ гӯшу чашмони шуморо бозситонад ва бар дилҳоятон мӯҳр ниҳад, чӣ худое ғайри Оллоҳ онҳоро ба шумо бозмегардонад? Бингар, ки оёти Худоро чӣ гуна ба шеваҳои гуногун баён мекунем. Боз ҳам рӯй барметобанд (46) Бигӯ; «Хабар диҳед, агар азоби Худо ба ногоҳ ё ошкоро бар шумо фурӯд ояд, оё ғайри ситамкорон ҳалок мешаванд? (47)».
Сураи Анъом, ояти 46,47
Маънои ин сухан албатта ин нест, ки ҳар касе дучор ва гирифтори беморие аст ба сабаби уқубат ва муҷозоти Худованд аст... Ҳаргиз, аммо бо ин вуҷуд касе ҷуз зиёнкорон худро аз бадбинии Худованд дар амон намедоранд.
Ва занҳои лахчабадаст бо якдигар ба суи корҳои хайру нек мусобиқа мекунанд... чи он кори нек бузург бошад ё хурд... онон дар ҳар майдоне саҳме доранд ва ту намедонӣ бо кадом корат биҳиштӣ хоҳи шуд.
Шояд як навор ва ё сидии муфид бошад, ки дар мактаб ба дигарон тақсим кардаи... ё ба касе насиҳате кардаи..., ки сабаби хушнуди ва мағфирати Худовандро ба даст овардан гардад.
Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) чуноне, ки дар саҳиҳайн омада, барои мо достони зани бадкоре аз бани Исроилро баён намуда, ки рӯзе дар саҳрое мерафт... ногаҳон дар канори чоҳе сагеро дид, ки гоҳ ба рӯи чоҳ меравад ва гоҳе гирди он мечархад. Он рӯз бисёр гарм буд ва забони саг аз ташнагӣ овезон буд ва ташнагӣ наздик буд он сагро аз байн бибарад.
Ҳангоме, ки он зани гунаҳкор онро дид... зане, ки борҳо ба фаҳшо даст зада буд ва шахсони зиёдеро иғво карда буд ва моли ҳаром хурда буд...
Ҳангоме, ки он сагро дар он ҳолат дид, кафши худро бароварда ва онро ба русарии худ баст ва барояш аз чоҳ об кашид ва он сагро об дод.
Худованд низ ба сабаби ҳамин кораш ӯро мағфират кард... Аллоҳу Акбар! Ӯро ба сабаби чи чизе мағфират кард?
Оё шабро ба намоз меистод ва рӯзро рӯза мегирифт? Оё дар роҳи Худо ба ҷиҳод мерафт?
На, ӯ танҳо ба як саг об дод ва Худованд низ ба ҳамон сабаб ӯро мағфират кард.
Имом Муслим аз Оиша (р.з) ривоят карда, ки зани фақире, ки ду духтарашро дар даст дошт ба назди ӯ омад ва гуфт: Эй модари муъминон! Ба Худо савганд се рӯз аст ҳеҷ ғизое нахурдаем...
Модари муъминон хонаи худро ҷустуҷӯ кард ва ба ҷуз се дона хурмо чизе наёфт ва онро ба ӯ дод... он зан бисёр шод шуд ва ду дона аз хурмоҳоро ба духтаронаш дод... Аммо ҳамин ки хост он донаи хурморо ба даҳонаш наздик кунад духтаронаш, ки аз шиддати гуруснагӣ хурмои худро хурда буданд, дастони худро ба сӯи хурмои модар дароз карданд.
Модар нигоҳе ба онон кард... сипас хурмои боқимондаро ба ду ним тақсим кард ва ба онон дод.
Оиша (р.з) мегуяд: Муҳаббат ва дилсузии ӯ сабаби тааҷҷуби ман шуд, пас он чиро дида будам барои Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) нақл кардам... фармуд (Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)) “Худованд ба сабаби ин кораш биҳиштро бар ӯ воҷиб гардонд” ё “ӯро аз оташи дӯзах озод кард”...
Занон ва духтарони лахчабадаст ба сӯи анҷоми тоату ибодат бо ҳам мусобиқа мекунанд, ҳатто агар он тоат кори хурде бошад... ва аз ин ҳам бузургтар аз гуноҳон дури меҷӯянд.
Худованд ба касоне, ки гуноҳонро хурд мешуморанд, хитоб мекунад:
﴿وَتَحۡسَبُونَهُۥ هَيِّنٗا وَهُوَ عِندَ ٱللَّهِ عَظِيمٞ ١٥﴾ [النور : ١٥]
«...ва мепиндоштед, ки коре хурд аст ва ҳол он, ки дар назди Худо коре бузург буд».
Сураи Нур, ояти 15
Дар саҳеҳайн омадааст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) занеро дид, ки дар оташи ҷаҳаннам азоб дода мешавад... аммо чи чиз сабаб шуда буд, ки он зан аз аҳли дӯзах шавад?
Ба буте саҷда карда буд? Ё паёмбареро кушта буд? Ё шояд молҳои мардумро дӯздида буд?
На, он зан ба сабаби як гурба дӯзахӣ шуда буд! Ӯ як гурбаро зиндонӣ кард ва на худ ба ӯ ғизо дод ва на озодаш кард, ки аз хассу хошоки замин бихурад, то он ки аз гуруснагӣ ҷон дод...
Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) мефармояд: Ӯро дар оташ дидам, ки он гурба ӯро мехарошид...
Ҳамчунин Бухорӣ ривоят карда, ки ба Расули Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) гуфтанд: Фалони зан шабро бо намоз мегузаронд ва рӯз рӯза мегирифт... ва чунину чунон кори хайр анҷом медод...
Аммо ҳамсояҳои худро бо забонаш озор медод!
Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармуд: “Хайре дар ӯ нест... Ӯ аз аҳли оташ аст”.
Гуфтанд: Фалони зан низ танҳо намозҳои фарзиро мехонад ва як миқдори каме хурок садақа мекунад ва ба касе озоре намерасонад...
Фармуд: “Ӯ аз аҳли биҳишт аст”...
Ва занҳои лахчабадаст дар ин вақту замон медонанд, ки ҷанги бузурге ба сӯи ӯ аст, аз сӯи касоне, ки мехоҳанд ӯро ба ғуломӣ бигиранд ва каромати ӯро ба номи озоди ва баробарӣ зери по бигзоранд.
Аммо маънои озодие, ки муфсидон ба сӯи он даъват мекунанд чист?
Ё чаро ба озодии коргаронӣ ситамдида ва қурбониёни ҷангҳо ва ятимоне, ки аз муҷтамаъ дур карда шудаанд даъват намекунанд?
Чаро исрор ва кушишашон рӯи занони покдоман аст? Заноне, ки дар хонаи валияшон (падар, шавҳар, бародар) зиндагӣ мекунанд ва агар бадхоҳе ба сӯи онон даст дарозӣ кунад, дасташ кутоҳ мешавад... Чаро исрорашон барои ин аст, ки занон ба озоди ниёз доранд?
Оё ин ки занон либоси муносиб бипушанд ва ҳиҷоб дошта бошанд, то аз нигоҳҳои заҳролуд дар амон бошанд, навъе аз ғуломӣ аст, ки ниёз ба озод кардан дошта бошанд?
Оё таъини макони махсус барои кори занон, ба ва дур аз ихтилот бо мардон, ғуломӣ ва зиллат аст?
Оё ин ки занон масъули тарбияи фарзандони худ ва муҳаббат ба онон бошанд ва дар хонаи ороми худ зиндагӣ кунанд, ғуломӣ аст?
Чаро аксари касоне, ки барои озодсозии занон кушиш мекунанд ва иддиъо мекунанд, ки ҳиҷоби ӯ қайд ва бандаст ва бояд аз он халосӣ ёбад, ва онҳо аз олимон ва муслиҳон нестанд, балки бештарашон аз зинокорон ва шаробхурон ва аҳли шаҳватҳоянд?
Чаро инҳо даъват ба озодии занон мекунанд?
Чаро барои хориҷ сохтани занони покдоман аз хонаҳо исрор ва кӯшиш мекунанд? Посух ва ҷавоб возеҳ аст...
Дилашон мехоҳад занонро беҳиҷоб ва раққоса бубинанд, барои ҳамин рақсро барояшон зебо ҷилва додаанд... ва пас аз он ки занон лучу урён шуданд ва бар рӯи саҳна омаданд ва рақсиданду худнамои карданд, аз онон лаззат бурданд ва гуфтанд: Бубинед мо шуморо озод кардем!
Ҳаргоҳ дилашон хост аз занон истифода баранд, барои ҳамин дӯсти бо мардон ва ихтилотро барои занон зебо ҷилва доданд...
То ҷое, ки зан барояш монанди ҳамоми ҳамроҳ шуда буд, ки ҳаргоҳ хостанд ва ҳар ҷо, ки дӯст доштанд аз ӯ истифода ва лаззат баранд... дар ҷойгаҳ... дар боғҳо... дар борҳо... ва дар клубҳои шабона...
Ва ҳангоме, ки занонро ба фаҳшо ва наҷосат кашонданд фарёд заданд, ки: Озодат кардем!
Дилашон хост, ки ӯро урён дар канори соҳил бубинанд... ё пешхидмат (пешкаш кунандаи арақ) ва ё меҳмондори ҳавопаймо ва ё монанди духтари дӯстдошта... ҳамаи инҳоро зебо ҷилва доданд ва ӯро фиреб доданд.
Ва ҳангоме, ки ӯро ба ботлоқӣ фисқу фуҷур кашонданд ба ҳамдигар лабханде заданд ва гуфтанд: Ин як хонуми озод аст!
Аммо ӯро аз чи чизе озод карданд?
Аҷиб аст... магар занон дар зиндон буданд?
Ва магар озоди, яъне кутоҳ шудани лабос ва бардоштани ҳиҷоб аст?
Ё ханда кардан бо писарон ва мардон дар бозор... ё шаб берун рафтан бо дӯстдоштааш аст?
Ё шояд озодӣ, яъне тамоси телефонӣ бо як ҷавони бадкор... ва ё хилват бо гурги хиёнаткор?
Магар озодии воқеъи ва хурсанди ин нест, ки покдоман ва пушида бошӣ?
Падаре, ки ба ту муҳаббат мекунад ва ҳамсари нек?
Ва бародаре, ки аз ту постдорӣ мекунад ва фарзанде, ки ба поят меафтад?
Чаро, ки Худованд дар мавриди ту ба падар ва модарат тавсия карда ва Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) мефармояд:
"من عال جاريتين حتى تبلغا .. جاء يوم القيامة أنا وهو وضم أصابعه"
“Ҳар касе (тарбияти) ду духтарро бар уҳда гирад то он ки бузург шаванд, рӯзи қиёмат дар ҳоле хоҳад омад, ки ман ва ӯ ингунаем” ва ду ангушти худро ба ҳам часпонд...
Фарзандонатро дар бораи ту амр кардааст, чуноне ки Расули Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) дар ҳадисе, ки имом Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд, хитоб ба марде, ки аз Ӯ пурсид: Чи касе беш аз ҳама шоистаи дӯсти ва ҳамсуҳбати бо ман аст? Фармуд: “Модарат, сипас модар, ва сипас модар, ва сипас падарат”...
Балки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) дар бораи зан ба шавҳараш васият намудааст (барои ҳимояти ӯ) ва касонеро, ки сабаби хашм ва ғамгинии занонашон шаванд ё ба онон бадие кунанд мазаммат кардааст. Назди Муслим ва Тирмизӣ ривояте аст, ки Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) дар ҳаҷҷатул вадоъ бархост дар ҳоле, ки садҳазор тан дар баробараш буданд... сиёҳ ва сафед... бузург ва хурд... бой ва камбағал. Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) бо садои баланд ба ҳамаи онон гуфт: Огоҳ бошед... дар ҳаққи занон ба неки тавсия кунед.... Огоҳ бошед! Дар ҳаққи занон ба неки тавсия кунед.
Ҳамчунин Абудовуд ва дигарон ривоят кардаанд, ки рӯзе занони бисёре ба назди ҳамсарони Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) омаданд ва аз дасти шавҳарони худ шикоят карданд... ҳангоме, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) аз мавзуъ бохабар шуд, бархост ва хитоб карда ба мардум гуфт: “Имрӯз занони бисёре ба назди Оли Муҳаммад омадаанд ва аз ҳамсарони худ шикоят кардаанд... онон беҳтарини шумо нестанд?...
Ва назди Ибни Моҷа ва Тирмизӣ ривоят аст, ки Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармуд:
"خيرُكم خيرُكم لأهله وأنا خيركم لأهلي".
“Беҳтарини шумо касе аст, ки бо хонаводааш беҳтар бошад, ва ман беҳтарини шумо нисбат ба хонаводаам ҳастам”.
Ислом он қадар занро гироми доштааст, ки гоҳо бо сабаби обурӯ ва ҳайсияти як зан ҷангҳо барпо мешавад ва ҷумҷумаҳо мешиканад ва баданҳо бесар мемонад.
Сиратнависон овардаанд, ки яҳудиён бо ҳамроҳии мусалмонон дар Мадина (Мадинаи Мунаввара) зиндагӣ мекарданд...
Онон аз нозил шудани фармони Худованд ба пушиданӣ ҳиҷоб барои занони мусалмон нороҳат буданд ва саъй мекарданд, ки фасод ва бараҳнагиро дар ҷомиъаи мусалмонон паҳн кунанд... аммо натавонистанд.
Яке аз рӯзҳо зане бо ҳиҷоб ба бозори бани Қайнуқоъ, ки аз тоифаи яҳуд буд, омад... зани покдоман ва бо ҳиҷоб.... ва барои коре, ки дошт назди яке аз тиллосозон нишаст...
Яҳудиён ки аз сатр ва иффати ӯ хашмгин буданд ва орзу доштанд кош метавонистанд ӯро бубинанд ё бадани ӯро ламс кунанд чуноне, ки пеш аз ислом ин корро мекарданд, саъй карданд ташвиқаш кунанд, ки ниқоби худро аз чеҳрааш бардорад ё ҳиҷоби худро аз сар бигирад...
Аммо он зан напазируфт ва хостаи онҳоро рад кард.
Аммо он тиллосози хоин дар ҳоле, ки он зани мусалмон мутаваҷҷиҳ набуд аз пушт сари поёнӣ либосашро ба русариаш гиреҳ кард...
Ҳангоме, ки зан бархост, либосаш боло рафт ва бахше аз баданаш намоён шуд.... яҳудиён хандиданд ва он зани мусалмони покдоман аз нороҳати фарёде зад... орзу мекард ӯро мекуштанд аммо баданашро намедиданд...
Вақто, ки яке аз мардони мусалмон ин ҳодисаро дид, шамшери худро баркашид ва он тиллосозро кушт. Яҳудиён низ бар он мусалмон ҳуҷум карда ва ӯро куштанд.
Ҳангоме, ки Паёмбар (с) аз ин ҳодиса бо хабар шуд ва донист, ки яҳудиён аҳду паймонро шикастанд ва ба занони мусалмон даст дароз карданд, ононро ба муҳосира гирифт, то он ки таслими ҳукми ӯ шаванд.
Ҳангоме, ки Паёмбари Худо (с) хост барои обуруи он зани мусалмон ононро ҷазо бидиҳад, ногаҳон сарбозе аз сарбозони шайтон, ки ҳайсият ва номуси занони мусалмон барояш аҳамияте надошт ва танҳо ба лаззати шикам ва поёнтар аз он фикр мекард, аз ҷои худ бархост.
Вай касе набуд ба ҷуз саркардаи мунофиқон, Абдуллоҳ ибни Убай ибни Салул...
Гуфт: Эй Муҳаммад... Ба ҳампаймонони яҳудон неки кун... ва онҳо дар ҷоҳилият ёрони вай буданд.
Аммо Паёмбар (с) аз ӯ ру гардонд ва напазируфт...
Он мунофиқ бори дигар бархост ва гуфт: Эё Муҳаммад! Ба онон неки кун...
Паёмбар (с) барои ҳифз аз ҳайсият ва номуси занони мусалмон ва ғайрат бар онон, ба вай таваҷҷуҳе накард.
Пас он мунофиқ хашмгин шуд ва дасташро дар гиребонӣ Паёмбар (с) гузошт ва Ӯро ба сӯи худ кашид ва гуфт: Ба ҳампаймонони ман неки кун! Паёмбар (с) хашмгин шуд ва ру ба ӯ кард ва гуфт: Маро раҳо кун.
Аммо ӯ барнамедошт ва ҳамчунон аз Паёмбар (с) мехост даст аз муҷозоти онон бардорад.
Пас Паёмбар (с) ру ба ӯ оварда ва гуфт? Онон аз ту.
Сипас аз куштани онон мунсариф шуд, аммо дастур дод аз Мадина бираванд ва ононро аз сарзаминашон ронд.
(Давом дорад)


Занони лахчабадаст: Муаллиф мегӯяд: Ин номае аст барои хонумони лахчабадаст. Номае ба он духтарон ва занони некӯкор ва парҳезгор. Суханест бо ононе, ки Худованд бо тоъатӣ худ бузургворашон дошта ва таъму лаззати муҳаббати Худро ба онон чашонидааст.
Ба наберагони Хадиҷа ва Фотима.... Хоҳарони Ҳафса ва Оиша. Ин чанд сатр, эҳсосоте аст барои ононе, ки модарони муъминонро улгуи худ қарор додаанд.

 

 

 

 

 

 

Занони лахчабадаст

Бор кунед

Дар бораи китоб

Муаллиф :

محمد بن عبد الرحمن العريفي

Publisher :

www.islamland.com