Омилҳои устуворӣ дар дини Аллоҳ

Китобчаи мухтасаре ки омилҳои устуворӣ ва пойдори дар динро ки барои ҳар як мусулмон матлабӣ асоси аст, муъаррифи ва баён мекунад.

Омилҳои устуворӣ дар дини Аллоҳ

وسائل الثبات على دين الله
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >


        
Муҳаммад Солиҳ Ал-Мунаҷҷид



Тарҷумаи форсӣ:
Абдулқуддус Деҳқон
Баргардон ва таҳияи матни тоҷикӣ
Дорул-ислом/ Тоҷикӣ

 


وسائل الثبات على دين الله
        

محمد صالح المنجد



ترجمة: دار الإسلام/ طاجيكي


Оғози сухан

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон
Ба Аллоҳ таъоло истиъона ва таваккул карда ба сӯи Ӯ бар мегардам, Ва дуруду салом бар Паёмбари Худо, ки беҳтарини бандагони Худост, ва бар ҳама олу асҳобаш.
Итоъат намудан аз дастуроти Аллоҳ таъоло ва суннати Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод) зомини хушбахтии дунё ва охират, ва ягона роҳи расидан ба авҷи иззат ва камол аст. Дини мубини ислом аз пайравони худ хоста аст, ки дар тамоми марҳалаҳои зиндаги бар таъолими руҳбахши он амал кунанда бошанд ва ононро ингуна тавсия намуда аст:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱتَّقُواْ ٱللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِۦ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنتُم مُّسۡلِمُونَ ١٠٢﴾ [ال عمران: ١٠٢]
“Ва аз дунё наравед магар ин, ки мусалмон бошед”.
Сураи Оли Имрон, ояти 102
Боз Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿وَٱعۡبُدۡ رَبَّكَ حَتَّىٰ يَأۡتِيَكَ ٱلۡيَقِينُ ٩٩﴾ [الحجر: ٩٩]
“Парвардигоратро ибодат кун то яқин (маргат) фаро расад”.
Сураи Ҳиҷр, ояти 99
Худованди мутаъол касонеро, ки то дами охир бар дини ислом устувор мемонанд ба биҳишти барин мужда дода аст. Чуноне, ки мефармояд:
﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ قَالُواْ رَبُّنَا ٱللَّهُ ثُمَّ ٱسۡتَقَٰمُواْ فَلَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ ١٣ أُوْلَٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡجَنَّةِ خَٰلِدِينَ فِيهَا جَزَآءَۢ بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ١٤﴾ [الاحقاف: ١٣،  ١٤]
“Касоне, ки гуфтанд: Парвардигори мо Аллоҳ аст, сипас устувор монданд, на тарсе барои онҳост ва на ғаме доранд, ва онҳо аҳли биҳиштанд ва ҷовидона дар он мемонанд, ин подоши амалҳое аст, ки анҷом медоданд”.
Сураи Аҳқоф, оятҳои 13-14
Аммо шайтон, он душмани дерина ва қасам хурдаи башар барои мунҳариф намудани инсон аз ҳеҷгуна талош дареғ намеварзад ва барои расидан бар ин ҳадаф (гумроҳ намудани инсон аз роҳи ҳақ) аз омилҳои гуногун ва барномаҳо ва тарҳҳои мухталиф истифода мекунад, то шояд битавонад инсонро ба гумроҳи бирасонад.
Ба ҳамон роҳҳое, ки Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод) уммати хешро аз он огоҳ сохта аст, инчунин бисёре аз уламои гузашта ва ҳозираи ислом роҳҳои гумроҳ кардани шайтонро дар китобҳои хеш баён намудаанд.
Аммо барои пойдор ва устувор мондан бар дини ислом чи омилҳое ҳастанд?
Нависандаи ин рисола устод Муҳаммад Солеҳи Мунаҷҷид баъзе аз омилҳоеро, ки инсонро кумак мекунад то бар дини илоҳи устувор бимонад муаррифи намуда аст, ва инак тарҷумаи тоҷикии он ба алоқамандон ва хонандагони гироми тақдим мегардад, Умедворам Худованди муттаъол ин амалро аз нависанда ва мутарҷим бипазирад ва онро сабаби аҷр ва подоши охират қарор диҳад.
Абдулқуддуси Деҳқон
Мутарҷим

Муқаддима
Ҳамду санои бе ҳисоб, ва дуруду салом бар Паёмбараш Муҳаммад салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод ва бар олу асҳобаш, ва пайравонаш то рӯзи қиёмат.                   
Ва баъд:
Барои мусалмоне, ки бо иродаи қавӣ қасди паймудани роҳи ҳақ ва мустақимро дорад, диндори ва истиқомату пойдори дар дин муҳимтарин ва асостарин кор мебошад, аҳамияти ин мавзӯъ дар умури  зер баён карда мешавад:
Якум: Вазъияти номатлуби кунунии ҷомиъаҳое, ки дар он мусалмонон зиндаги мекунанд, Фитнаҳои гуногун ва авомили фиребандае, ки гребонгири онҳост, Вуҷуди шаҳавот ва шубуҳоте, ки бар асари он дин ғариб гашта ва диндоронро мисдоқи ин мисол қарор гирифтаанд:
"القابض على دينه كالقابض على الجمر"
“Диндор ҳамонанди касе аст, ки шуълаи оташе ба даст гирифта аст”.
Бар ҳеҷ инсони фаҳмида ва оқил пушида нест, ки ҳоҷати мусалмонони имрӯза ба сабабҳои устувор ва пойдори дар дин ба маротиби шадидтар аз ҳоҷати мусалмонони гузашта ва мусалмононе, ки дар аввали ислом буданд, аст.
Ва ба хотири фасоди замон ва кам будани бародарони дилсӯзу ёри расон, барои таҳаққуқ ёфтани он ба кушишҳои зиёде ҳоҷат дорем.
Дуюм: Бисёр баргаштани мардум аз дини мубини ислом (муртад шудан) ҳатто дар миёни баъзе аз коргузорони дин, ки ин кор ҳар мусалмонеро бар он медорад то аз вуқуъи чунин оқибатҳои бад дар тарс бошад ва барои ёфтани василаҳои устувори ва пойдори дар дини ислом кушиш кунад.
Сеюм: Пайваст будани ин амр бо дил, он диле, ки Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод) дар бораи он мефармояд:
«قلب ابن آدم أشد انقلاباً من القدر إذا اجتمعت غلياً". مسند أحمد 6 \ 4 .
“Дили бани одам ҳатто аз деге, ки дар ҳолати ҷушидан бошад ҳам бештар дар маърази (ҳолати) дигаргуни қарор дорад”. Аҳмад 6/4
Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод) барои қалб мисоли дигаре низ баён фармудаанд, чуноне мефармояд:
«إنما سمي القلب من تقلبه، إنما مثل القلب كمثل ريشة في أصل شجرة يقلبها الريح ظهراً لبطن».  مسند أحمد 4 \ 408 .
“Ҳамоно сабаби номгузории қалб ба ин ном барои тақаллубии (дигаргун шавии) он аст, мисоли қалб ҳамонанди паре аст, ки канори дарахте афтода ва шамол онро зеру ру (ҳар лаҳза ругардон) мекунад”. Аҳмад 4/408
Шоъире ин матлабро ингуна баён намуда аст:
وما سمي الإنسان إلا لنسيه      ولا القلب إلا أنه يتقلب
"Инсонро танҳо ба хотири фаромушкорияш инсон номидаанд, ва қалбро низ ба хотири дигаргун шуданаш қалб номидаанд".
Пас собит ва устовор нигоҳ доштани қалби дигаргун шаванда, ки бо бодҳои шаҳавот ва шубуҳот дигаргун мешавад амри хатарноке аст, ки ба васоили қавӣ ва неруманде ниёз дорад, то ки аз уҳдаи бузурги ва мушкилии ин амри муҳим бароянд.

Сабабҳои устуворӣ ва пойдорӣ
Аллоҳ таъоло бино ба раҳмат ва шафақати хеш бисёре аз сабабҳои устувори ва пойдориро дар Қуръон ва бар забони Паёмбараш ва сирати вай (салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод)  барои мо баён намуда аст, ки баъзе аз онҳоро бо ҳамдигар барраси менамоем.

Якум: Руй овардан ба Қуръон
Қуръони карим нури мубин аст, ки ҳар кас ба он чанг занад Аллоҳ таъоло ӯро паноҳ медиҳад, Ва ҳар кас, ки аз он пайрави кунад Аллоҳ таъоло ӯро наҷот медиҳад, Ва ҳар кас ба суи Қуръон фаро хонад ба роҳи рост ҳидоят хоҳад шуд.
Аллоҳ таъоло сароҳатан баён намуда аст, ки ҳадафи нозил намудани тадриҷии Қуръон чизе ҷуз тасбит (мустаҳкам карданаш) набуда аст.
Аллоҳ таъоло дар мақоми тардиди шубуҳоти кофирҳо мефармояд:
﴿وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَوۡلَا نُزِّلَ عَلَيۡهِ ٱلۡقُرۡءَانُ جُمۡلَةٗ وَٰحِدَةٗۚ كَذَٰلِكَ لِنُثَبِّتَ بِهِۦ فُؤَادَكَۖ وَرَتَّلۡنَٰهُ تَرۡتِيلٗا ٣٢ وَلَا يَأۡتُونَكَ بِمَثَلٍ إِلَّا جِئۡنَٰكَ بِٱلۡحَقِّ وَأَحۡسَنَ تَفۡسِيرًا ٣٣﴾ [الفرقان: ٣٢،  ٣٣]
“Кофирон гуфтанд: Чаро Қуръон якҷо бар Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод) нозил нашуд ҳамин гуна (мо Қуръонро ба сурати оятҳои ҷудогона ва бахш бахш  мефиристем) то бо он дили туро побарҷо ва устувор созем ва онро ором ором мехонем ва (кофирон) ҳеҷ мисолеро ба миён намекашанд магар ин, ки мо ҷавоби рост ва дурустро ва беҳтарин ваҷҳ ва зеботарин баён ва тафсирро ба ту менамоёнем”.
Сураи Фурқон, оятҳои 32-33

Чаро Қуръон масдари устуворӣ аст?
Ҷавоб: Қуръони карим бо сабабҳои зерин сабаби устувори мебошад:
1) Зеро Қуръон имонро дар дил ҷойгир менамояд, ва бо иртибот бо Аллоҳ таъоло нафсро тазкия мекунад.
2) Зеро оятҳои Қуръон сукунат ва оромиш ба дили мусалмон мебахшад, ки туфонҳои фитна дигар ба он зараре намерасонанд ва дилаш ба ёди Аллоҳ таъоло ором мегардад.
3) Зеро Қуръон ба мусалмон усул ва қонунҳои дуруст меомузад, ки ба сабаби он метавонад авзоъи атрофи худро сомон диҳад ва низ мавозине дар ихтиёраш мегузорад, ки бар асоси он ҳукм кунад, ба тавре, ки ҳукмаш суст нагардад ва бо тафовути воқеъаҳо ва шахсҳо таноқузе (зидиятие) дар суханҳояш пеш наёяд.
4) Зеро Қуръон шубҳаҳое, ки душманони ислом аз кофирҳо ва мунофиқҳо пайдо мекунанд рад мекунад ба монанди мисолҳои возеҳе, ки дар аввали ислом рух дод, ба таври мисол:
﴿مَا وَدَّعَكَ رَبُّكَ وَمَا قَلَىٰ ٣﴾ [الضحى: ٣]
“Парвардигорат туро раҳо накарда аст ва душмани надошта ва мавриди қаҳр қарор надода аст”.
Сураи Зуҳо, ояти 3
Бар Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод) чи таъсире дошт онгоҳ, ки мушрикон мегуфтанд Муҳаммад тард шуда аст (Парвардигораш ӯро тарк карда аст).  
Таъсири ин ояти карима:
﴿وَلَقَدۡ نَعۡلَمُ أَنَّهُمۡ يَقُولُونَ إِنَّمَا يُعَلِّمُهُۥ بَشَرٞۗ لِّسَانُ ٱلَّذِي يُلۡحِدُونَ إِلَيۡهِ أَعۡجَمِيّٞ وَهَٰذَا لِسَانٌ عَرَبِيّٞ مُّبِينٌ ١٠٣﴾ [النحل: ١٠٣]
“Забони касе, ки (омузиши Қуръонро ба он) нисбат медиҳанд ғайри арабӣ аст ва ин (Қуръон) ба забони арабии гуё ва равшан аст”.
Сураи Наҳл, ояти 103
Чи буд онгоҳ, ки кофирҳои Қурайш даъво мекарданд, ки инсоне Муҳаммадро таълим медиҳад ва Қуръонро аз  дуредгари руми дар Макка меомузад?
Таъсири ин оят:
﴿أَلَا فِي ٱلۡفِتۡنَةِ سَقَطُواْۗ ٤٩﴾ [التوبة: 49]
“Бидон, ки дар фитна афтодаанд”.
Сураи Тавба, ояти 49
Бар муминон чи буд онгоҳ, ки мунофиқе гуфт:
﴿ٱئۡذَن لِّي وَلَا تَفۡتِنِّيٓۚ ٤٩﴾ [التوبة: 49]
“Манро иҷозат бидеҳ ва дар фитна ва фасод наяндоз”.
Сураи Тавба, ояти 49
Оё магар таъсири он устувор ва тақвияти дилҳои муъминон ва ради шубуҳоти ва хомуш гардонидани аҳли ботил нест? Оре, ба Худо савганд.
Шигифт онҷост, ки Аллоҳ таъоло муминонро ҳангоми бар гаштан аз Ҳудайбия ба ғаниматҳои зиёде (ғаниматҳои Хайбар)  ваъда медиҳад, ки Аллоҳ таъоло он молҳоро дар ихтиёрашон хоҳад гузошт ва онҳо ба танҳои барои гирифтани он ғаниматҳо мераванд ва ҳангоме, ки мунофиқҳо аз онон мехоҳанд, ки онҳоро низ бо худ бибаранд мусалмонон ҷавоб медиҳанд, ки шумо ҳаргиз бо мо нахоҳед омад ва мунофиқҳо барои рафтан бо мусалмонон исрор меварзанд ва мехоҳанд гуфтаи Аллоҳ таъолоро табдил кунанд. Ба мусалмонон мегуянд шумо ба мо ҳасад меварзед, ва Аллоҳ таъоло бо ин оят мунофиқонро ҷавоб дод:
﴿بَلۡ كَانُواْ لَا يَفۡقَهُونَ إِلَّا قَلِيلٗا ١٥﴾ [الفتح: ١٥]
“Балки онон ҷуз андаке намефаҳманд”.
Сураи Фатҳ, ояти 15
Сипас ин ҳама марҳала ба марҳала, калима ба калима дар ҷалави руй мусалмонон иттифоқ афтод.
- Ва аз инҷо метавонем, ки фарқро миёни ононе, ки зиндагияшонро ба Қуръон пайваст кардаанд ва бо тиловату ҳифз, ва тафсиру тадаббури он руй овардаанд ва дар ҳар ҳол ба он амал мекунанд ва байни ононе, ки ба каломи башар иҳтимом варзидаанд ва худро саргардони он кардаанд, дарёбем.
- Кош толибилмҳо ба омухтани илми Қуръон ва тафсираш иҳтимоми бештаре меварзиданд.

Дуюм: Пайрави аз шариъати илоҳӣ ва амали нек
Худованди муттаъол мефармояд:
﴿يُثَبِّتُ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱلۡقَوۡلِ ٱلثَّابِتِ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَفِي ٱلۡأٓخِرَةِۖ وَيُضِلُّ ٱللَّهُ ٱلظَّٰلِمِينَۚ وَيَفۡعَلُ ٱللَّهُ مَا يَشَآءُ ٢٧﴾ [ابراهيم: ٢٧]
“Аллоҳ таъоло муъминонро дар зиндагонии дунё ва охират ба сабаби сухани устувор пойдор намуда ва ситамгоронро гумроҳ ва саргашта сохта ва ҳарчи бихоҳад анҷом медиҳад”.
Сураи Иброҳим, ояти 27
Қатода (р) дар тафсири ин оят мегуяд: "Аллоҳ таъоло ба василаи хайр ва амали нек муъминонро собит нигоҳ медорад, ва мақсад аз охират қабр мебошад, ин матлаб низ аз бисёри уламои гузашта нақл шуда аст" Тафсири ибни Касир 4\421 .
Ва инчунин Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿وَلَوۡ أَنَّهُمۡ فَعَلُواْ مَا يُوعَظُونَ بِهِۦ لَكَانَ خَيۡرٗا لَّهُمۡ وَأَشَدَّ تَثۡبِيتٗا ٦٦﴾ [النساء : ٦٦]
“Ва агар андарзҳое (насиҳатҳое) ро, ки ба онон дода мешуд анҷом медоданд барои онон беҳтар буд ва  (имон) эшонро побарҷотар мекард”.
Сураи Нисо, ояти 66
Оре, оё аз афроди суст ва тамбале, ки аз анҷом додани амалҳои нек қафо мондаанд дар ҳангоми баромадани фитнаҳо ва ҳодисаҳои гуногун метавон интизори истиқомат ва пойдори дошт? Аммо ононе, ки имон оварданд ва амали нек анҷом доданд Аллоҳ таъоло ононро ба роҳи рост ҳидоят мекунад, Аз инҷо буд, ки Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод) бар анҷоми амалҳои нек истиқомат меварзид. Ва писандидатарин амал наздашон давомноктарини он буд, гарчи дар зоҳираш андак ва ночиз ҳам ба гумон мерафт.
Ва асҳоби Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод) ҳаргоҳ амалеро шуруъ мекарданд бар он давом медоданд, ва ҳазрати Оиша (р.з) чун амалеро анҷом медод онро бар худ лозим мегирифт, Ҳазрати Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод) фармуданд:
يقول النبي – صلى الله عليه وسلم -: «من ثابر على اثنتي عشرة ركعة وجبت له الجنة» الترمذي 1\13 .
“Ҳар кас рӯзона бар хондани 12 ракаъат намоз (суннатҳо) давомнок бошад дохил шудани биҳишт барояш ҳатми аст”. Тирмизӣ 1\13
Дар ҳадиси қудсӣ омада аст, ки Аллоҳ таъоло мефармояд:
في الحديث القدسي :«ولا يزال عبدي يتقرب إليَّ بالنوافل حتي أحبه» فتح الباري 11\340 .
“Бандаам онқадар бо тоъатҳо  ба ман наздики меҷуяд, ки сар анҷом маҳбуби ман мегардад”. Фатҳул-бори 11\340

Сеюм: Хондан ва тааммул намудан дар қиссаҳои Паёмбарон
Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿وَكُلّٗا نَّقُصُّ عَلَيۡكَ مِنۡ أَنۢبَآءِ ٱلرُّسُلِ مَا نُثَبِّتُ بِهِۦ فُؤَادَكَۚ وَجَآءَكَ فِي هَٰذِهِ ٱلۡحَقُّ وَمَوۡعِظَةٞ وَذِكۡرَىٰ لِلۡمُؤۡمِنِينَ ١٢٠﴾ [هود: ١٢٠]
“Ва яко як аз ахбори Паёмбаронро бар ту мехонем, ахборе,ки ба он дилатро устувор медорем ва дар ин (Қуръон)  ҳақ ва панд ва ёд овари барои муъминон бароят омада аст”.
Сураи Ҳуд, ояти 120
Ин оят барои саргарми бар Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод)  нозил нашуда, балки барои ҳадафи бузурге ки он устувор сохтани дили Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод) ва муъминон мебошад, нозил шуда аст.
Аллоҳ таъоло дар қисаи ҳазрати Иброҳим (а) мефармояд:
﴿قَالُواْ حَرِّقُوهُ وَٱنصُرُوٓاْ ءَالِهَتَكُمۡ إِن كُنتُمۡ فَٰعِلِينَ ٦٨ قُلۡنَا يَٰنَارُ كُونِي بَرۡدٗا وَسَلَٰمًا عَلَىٰٓ إِبۡرَٰهِيمَ ٦٩ وَأَرَادُواْ بِهِۦ كَيۡدٗا فَجَعَلۡنَٰهُمُ ٱلۡأَخۡسَرِينَ ٧٠﴾ [الانبياء: ٦٨،  ٧٠]
“Гуфтанд: Ӯро бисузонед ва Худоёни худро ёри кунед, агар коре аз шумо сохта аст. Гуфтем: Эй оташ! Бар Иброҳим сард ва саломат бош, онҳо мехостанд Иброҳимро бо ин нақша нобуд кунанд, вале мо онҳоро зиёнкортарини мардум қарор додем”.
Сураи Анбиё, оятҳои 68-70
Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос (р.з) мефармояд: "Охирин сухани ҳазрати Иброҳим ҳангоме, ки дар оташ андохта шуд чунин буд:
«حسبي الله ونعم الوكيل» فتح الباري 8 \ 229.
Оё ҳангоме, ки бо тааммул дар ин оят фикр мекуни ва бо тааммул ин қиссаро мехони маънои устувори ва истиқоматро дар баробари туғён ва шиканҷа ва азоб эҳсос намекуни?.
Дар ояти зер, ки саҳнае аз қиссаи ҳазрати Мусо (а)-ро баён мекунад, тадаббур кун:
Худованд мефармояд:
﴿فَلَمَّا تَرَٰٓءَا ٱلۡجَمۡعَانِ قَالَ أَصۡحَٰبُ مُوسَىٰٓ إِنَّا لَمُدۡرَكُونَ ٦١ قَالَ كَلَّآۖ إِنَّ مَعِيَ رَبِّي سَيَهۡدِينِ ٦٢﴾ [الشعراء : ٦١،  ٦٢]
“Ҳангоме, ки ду гуруҳ якдигарро диданд, ёрони Мусо (а) гуфтанд: Бегумон (онон) ба мо расидаанд. Гуфт: (ҳазарти Мусо) чунин нест, албатта Парвардигорам бо ман аст, ба зуди манро роҳ хоҳад намуд (роҳнамои барои наҷот хоҳад кард)”.
Сураи Шуъаро, оятҳои 61-62
Оё бо тадаббур дар ин достон ва дар назар доштани мавқеъияти ҳассоси ҳазрати Мусо (а) дар лаҳзаи расидани золимон ва дар миёни фарёдҳои ноумед кунандаи қавми бани Исроил бузургтарин маъноҳо ва суратҳои устувори ва истиқомат дар зеҳн ба пеш намеояд?
Оё баррасии қиссаи ҷодугарони Фиръавн намунаи шугуфта аз гуруҳе, ки пас аз шинохти ҳақ бар он устувор монданд сурати бузурге аз истиқомат ва истодаги дар баробари таҳдидоти Фиръавни золим дар қалб ба вуҷуд намеояд? Онгоҳ, ки ӯ мегӯяд:
﴿قَالَ ءَامَنتُمۡ لَهُۥ قَبۡلَ أَنۡ ءَاذَنَ لَكُمۡۖ إِنَّهُۥ لَكَبِيرُكُمُ ٱلَّذِي عَلَّمَكُمُ ٱلسِّحۡرَۖ فَلَأُقَطِّعَنَّ أَيۡدِيَكُمۡ وَأَرۡجُلَكُم مِّنۡ خِلَٰفٖ وَلَأُصَلِّبَنَّكُمۡ فِي جُذُوعِ ٱلنَّخۡلِ وَلَتَعۡلَمُنَّ أَيُّنَآ أَشَدُّ عَذَابٗا وَأَبۡقَىٰ ٧١﴾ [طه: ٧١]
“Оё пеш аз он, ки ба шумо иҷозат диҳам ба ӯ имон овардаед? Мусалламан ӯ бузурги шумост, ки ба шумо ҷодугари омухта, ба яқин даст ва пойҳои шуморо бар хилофи ҳамдигар қатъ мекунам (мебурам) ва бар фарозшохаҳои хурмо ба дор меовезам ва хоҳед донист кадом яке аз мо муҷозоташ дардноктар ва пойдортар аст”.
Сураи Тоҳо, ояти 71
Оре ба истиқомат ва истодаги гуруҳе аз муъминон пай мебарем, ки андак тардиде ба дил роҳ надоданд, онгоҳ, ки ҳама як садо гуфтанд:
﴿قَالُواْ لَن نُّؤۡثِرَكَ عَلَىٰ مَا جَآءَنَا مِنَ ٱلۡبَيِّنَٰتِ وَٱلَّذِي فَطَرَنَاۖ فَٱقۡضِ مَآ أَنتَ قَاضٍۖ إِنَّمَا تَقۡضِي هَٰذِهِ ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَآ ٧٢﴾ [طه: ٧٢]
“Туро ба далоили равшане, ки ба мо аст ва бар касе, ки моро офарида аст муқаддам нахоҳем дошт, ҳар ҳукме, ки мехоҳи бикун ту танҳо метавони дар ин зиндаги дунё довари куни”.
Сураи Тоҳо, ояти 72
Ҳамчунин шояд бузургтарин дарсе, ки аз қиссаи муъмин дар сураи Ёсин ва муъмини Оли Имрон ва асҳоби Ухдуд ва ғайра мегирем, истиқомат ва истодаги аст.

Чаҳорум: Дуъо
Яке аз сифатҳои бандагони муъмини Худованд ин аст, ки ба Ӯ рӯй меоранд ва дуъо мекунанд, ки Аллоҳ таъоло ононро собит қадам ва устувор нигоҳ дорад. Аллоҳ таъоло мегуяд:
﴿رَبَّنَا لَا تُزِغۡ قُلُوبَنَا بَعۡدَ إِذۡ هَدَيۡتَنَا وَهَبۡ لَنَا مِن لَّدُنكَ رَحۡمَةًۚ إِنَّكَ أَنتَ ٱلۡوَهَّابُ ٨﴾ [ال عمران: ٨]
“Парвардигоро! Дилҳои моро пас аз он, ки ҳидоят карди (аз роҳи ҳақ) мунҳариф магардон”.
Сураи Оли Имрон, ояти 8
Дар ҷои дигар Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿رَبَّنَآ أَفۡرِغۡ عَلَيۡنَا صَبۡرٗا وَثَبِّتۡ أَقۡدَامَنَا وَٱنصُرۡنَا عَلَى ٱلۡقَوۡمِ ٱلۡكَٰفِرِينَ ٢٥٠﴾ [البقرة: ٢٥٠]
“Парвардигоро! (борони) шикебоиро бар (дилҳои) мо фуру рез ва қадамҳои моро устувор бигардон”.
Сураи Бақара, ояти 250
Ва чун тамоми дилҳои бани Одам дар миёни ду ангушт, аз ангуштони Худованди муттаъол аст ва ба ҳар ҷиҳате, ки бихоҳад онҳоро мегардонад.
(Ин матлабро имом Аҳмад ва Муслим марфуъан аз ибни Умар ривоят кардаанд).
Паёмабри Худо (салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод) ҳамеша ингуна дуъо мекарданд:
«يا مقلب القلوب ثبت قلبي علي دينك» تحفة الأحوذي 6\249.
"Эй дигаргун кунандаи дилҳо диламро бар дини хеш устувор бигардон". Туҳфатул аҳвазӣ 6\249.

Панҷум: Ёди Аллоҳ таъоло
Зикр (ёди Аллоҳ таъоло) аз бузургтарин сабабҳои истиқомат ва истодаги аст, Бубин, ки Худованд дар ояти зер чигуна истиқомат ва зикрро қарини ҳамдигар қарор дода аст. Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِذَا لَقِيتُمۡ فِئَةٗ فَٱثۡبُتُواْ وَٱذۡكُرُواْ ٱللَّهَ كَثِيرٗا لَّعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ ٤٥﴾ [الانفال: ٤٥]
“Эй муъминон! Чун бо гуруҳе (аз кофирон) рӯ ба рӯ шудед собит қадам бимонед ва Худовандро бисёр ёд кунед”.
Сураи Анфол, ояти 45
Аллоҳ таъоло дар ин оят зикрро аз бузургтарин сабабҳои водор кунанда ба истиқомат дар ҷиҳод қарор додааст.
Тааммул кун, ки лашкарҳои Форс ва Рум бо аҷсоми танумандашон чигуна дар муқобили гуруҳи андаки зокирин шикаст хурданд.
Ҳазрати Юсуф (а) барои истиқомат дар баробари фитнаи зани соҳиби ҷоҳу ҷамол, ки ӯро ба фаҳшо даъват кард ба чи чизе паноҳ бурд? Оё магар дар паноҳи (маъозаллоҳ) дохил нашуд, дар натиҷа амвоҷ ва лашкари шаҳавот дар муқобилаш шикаст хурд. Оре азкор дар тасбити муъминон чунин тасири бузург  дорад.

Шашум: Интихоби роҳи дуруст
Роҳи дурусте, ки бар ҳар мусалмон лозим аст, ки онро бипаймояд, роҳи аҳли суннат ва ҷамоъат аст, роҳи гуруҳи растагор ва гуруҳи наҷот ёбанда, аҳли ақидаи дуруст ва равиши дуруст ва пайравони суннати Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод) бар ҳар мусалмон аст, ки аз душманони Худованд ва аҳли ботил дури ҷуяд.
Агар мехоҳи, ки таъсир ва ҷойгоҳи ин нуқтаро дар тасбити дилҳо дарк куни, бияндеш ва аз худ савол кун, ки чаро бисёре аз гузаштагон ва баъдиҳо гумроҳ ва ҳайрон гаштанд ва то охир бар роҳи рост собит намонданд, ва чаро баъзе аз онон баъд аз вақтҳои гаронбаҳои тоза ба ҳақ расиданд?
Мебини, ки онон аз бидъат ва гумроҳи ба бидъат ва гумроҳии дигар ҳамчун эътизол, таҳрифу таъвили (бе асос) тафвиз, ирҷо ва пайрави аз гуруҳҳои муддаъиёни тасаввуф гузаштанд.
Аҳли бидъат ҳамвора дар ҳайрат ва изтироб ба сар мебаранд ва бисёре аз онон ҳангоми марг низ дучори шак ва тардид мешаванд.
Аммо оё то кунун касе аз пайравони ҳақ пас аз шинохт ва фаҳми комил аз равиши хеш нохушнуд шуда ва баргашта аст? Оре!  Имкон дорад касе ба пайрави аз хоҳишот ва шаҳавоти нафси ва шубуҳоте, ки бар ақли заъифаш ҷори гашта баргардад, аммо на ба хотири ин, ки равиши беҳтар аз онро ёфта ва ё бутлони он барояш  собит гашта аст.
Мисдоқи ончи зикр шуд саволҳое аст, ки Ҳирақл дар бораи Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод) аз Абусуфён пурсид,
Ҳирқал аз ӯ пурсид: Оё касе аз пайравони ӯ ба норозиги аз дин баргашта аст? Абусуфён ҷавоб дод: Хайр (не). Сипас Ҳирқал гуфт: Ингуна аст имон ҳангоме, ки дар дилҳо ҷой мегирад. Фатҳулборӣ 1\32 .
Бисёр шунидаем, ки бузургони аҳли бидъат аз бидъате ба бидъати дигаре руй овардаанд, Ва ё баъзеро Худованд ҳидоят дода ботилро раҳо кардаанд ва ба мазҳаби аҳли ҳақ пайваста ва аз мазҳабҳои пешини хеш пушаймон шудаанд, аммо оё акси онро суроғ доред? (яъне: Оё касеро дидаед, ки аз роҳи ҳақ пушаймон шуда ба роҳи ботил ва гумроҳи пас гашта бошад?). Пас агар мехоҳи собит ва устувор бимони роҳу равиши муъминонро интихоб кун.

Ҳафтум: Тарбият
Тарбияти имонӣ, илмӣ, ва тадриҷи омили асоси аз авомили истиқомат ва пойдори дар дин ба шумор меояд.
Тарбияти имонӣ, ки қалбу виҷдонро бо хавфу раҷо (умед) ва муҳаббати илоҳӣ зинда мегардонад, тарбияти мунофи бо бунбасте аст, ки бар асари дури аз Қуръон ва ҳадис ва маҳсур будан бар назарияҳо ва ақволи афрод ба вуҷуд омадааст.
Тарбияти илми ва устувор бар далели саҳеҳ ва мунофи бо тақлиди кур  курона аст.  
Тарбияти огоҳона ва дур аз роҳу расми муҷримон,  тарбияти тавъам бо баррасии тарҳҳо ва барномаҳои душманони ислом ва ҳамроҳ бо мутолиъаи дақиқи авзоъи кунуни ва фаҳми муносиби воқеъаҳо ва рӯйдодҳои иҷтимоъӣ, тарбияти комил ва мунофи бо инҳисор ва маҳдуд будан бар муҳитҳои кучак ва сарбаста.
Тарбияти тадриҷи, ки мусалмонро оҳиста оҳиста ва ба тадриҷ бо барномарезии дақиқ ба мароҳили камол пешравӣ диҳад, тарбияти мунофи бо бе барномаги ва шитобзадагӣ ва ҷаҳишҳои бе маврид ва табоҳ кунанда аст.
Барои ин, ки аҳамияти ин унсур аз аносири субот  ва пойдориро беҳтар дарк кунем ба сирати ҳазрати Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод) боз гардем ва ин саволҳоро аз худ бипурсем:
* Чи чиз сабаб шуд, ки асҳоби Паёмбари Худо дар Макка дар он даврони ранҷу азоб истиқомат ва истодаги кунанд?
* Ҳазрати Билол, Хабоб, Оли Ёсир, ва дигар мустазъафин ва бузургони асҳоби Бани Ҳошим чигуна дар таҳрими иқтисоди дар шаъби (водии) Абу Толиб ва ҳолатҳои душвори дигар сабр ва истиқомат намуданд?
* Оё имкон дошт, ки онон бидуни тарбияти амиқе, ки шахсияти ононро сайқал додааст ингуна сабр ва истиқомат кунанд?
* Ба таври мисол бинигарем ба ҳазрати Хабоб ибни Арат (р.з) он ҳангоме, ки соҳибаш сихҳои оҳанинро дар оташ мегудохт ва чун сурх мегаштанд ҳазрати Хабобро  бараҳна ва ба пушт меандохт ва танҳо чизе, ки сихҳоро сард мекард бадани ҳазрати Хабоб буд, Оре! Чи чизе ӯро ингуна собир ва бо истиқомат нигоҳ дошта буд?
* Чи чиз сабаби истиқомати ҳазрати Билол (р.з) дар сангҳои бузург дар регистони доғ ва сӯзони Макка буд, ва чи чизе ҳазрати Сумая (р.з) ро бар он дошт то дар тавқҳои оҳанин ва занҷирҳои кофирҳо сабр ва истиқоматро пеша кунад?.
* Ва саволи дигаре аз даврони зиндагии Мадани, Онон, ки дар ҷанги Ҳунайн ҳангоми ҳазимат (нокоми) бо ҳазрати Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод) побарҷо монданд, чи касоне буданд?  Оё онҳо афроди нав мусалмон буданд, ки ҳануз зери тарбияти Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод) қарор нагирифта буданд ва бисёре аз онон танҳо бо ҳадафи ҷамъоварии ғанимат бо ҳазрати Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод) ҳамроҳ шуда буданд? Ҳаргиз... Балки бисёри онон муъминони бузурге буданд, ки муддати тулони тавассути Паёмабри Худо (салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод) тарбият ёфта буданд. Агар онон афроди тарбият ёфта намебуданд, оё ингуна истиқомат меварзиданд?.

Ҳаштум: Итмиънон ба роҳ
Бадиҳи аст, ки ҳар чанд эътимоди мусалмон ба роҳе, ки мепаймояд бештар бошад бар сабру истиқоматаш дар он роҳ афзуда хоҳад шуд, ва эҷоди эътимод низ асбобе дорад, аз он ҷумла:
* Эҳсоси ин, ки роҳе ки ту онро дар пеш гирифтаи роҳи ҷадид ва зоидаи ин қарну замон нест, балки роҳест бисёр қадим ки пеш аз ту Паёмбарон,  сиддиқон, олимон, шаҳидон, ва солиҳон низ паймудаанд. Ва ингуна эҳсоси ғурбат аз ту дур мешавад ва ваҳшати ту ба унс ва андуҳат ба хушӣ ва хурсанди табдил мегардад, Зеро ту дар ин ҳолат эҳсос мекуни, ки ҳамаи онон дар паймудани ин роҳу манҳаҷ ҳамроҳ ва муниси ту ҳастанд.
* Эҳсоси баргузидаги, Аллоҳ таъоло мефармояд:
"Ситойш барои Худост ва салом бар он бандагонаш, ки (ононро) баргузида аст" Намл 59.
Боз Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿ثُمَّ أَوۡرَثۡنَا ٱلۡكِتَٰبَ ٱلَّذِينَ ٱصۡطَفَيۡنَا مِنۡ عِبَادِنَاۖ فَمِنۡهُمۡ ظَالِمٞ لِّنَفۡسِهِۦ وَمِنۡهُم مُّقۡتَصِدٞ وَمِنۡهُمۡ سَابِقُۢ بِٱلۡخَيۡرَٰتِ بِإِذۡنِ ٱللَّهِۚ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلۡفَضۡلُ ٱلۡكَبِيرُ ٣٢﴾ [فاطر: ٣٢]
“Онгоҳ китоби (осмониро) ба онон ба ирси доим додем, ки аз (миёни) бандагонамон баргузидем”.
Сураи Фотир, ояти 32
Инчунин Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿وَكَذَٰلِكَ يَجۡتَبِيكَ رَبُّكَ وَيُعَلِّمُكَ مِن تَأۡوِيلِ ٱلۡأَحَادِيثِ ٦﴾ [يوسف: ٦]  
“Ва ингуна Парвардигорат туро бармегузинад ва аз таъбири хобҳо туро меомӯзад”.
Сураи Юсуф, ояти 6
Ҳамонгунае, ки Аллоҳ таъоло Паёмбаронро баргузидааст, солиҳин ва некукорон низ баҳрае аз ин гузиниш доранд, зеро бахше аз улуми анбиёро ба ирс бурдаанд.
* Агар Худованд туро ба сурати ҷамод ва ё ҳайвон ва ё кофири мулҳид ва ё даъватгаре ба суй гумроҳи ва ё ба сурати фосиқ ва ё мусалмони ғайри доъӣ ба ислом ва ё даъватгаре ба роҳи пур аз хато ва иштибоҳ меофарид, онгоҳ чи эҳсосе медошти?.
* Оё эҳсос ба баргузидаги ва ин, ки Аллоҳ таъоло туро мусалмони даъватгар ба суй аҳли суннат ва ҷамоъат қарор дода аст, аз сабабҳои субот ва истиқомати ту ба роҳу равише, ки баргузидаи нест?.

Нуҳум: Даъват кардан
Агар нафс ҳаракат ва фаъолияте надошта бошад бадбӯй мегардад (мепусад), Даъват ба суй Аллоҳ таъоло яке аз бузургтарин майдонҳои ҳаракат ва сароғози нафс аст, Даъват вазифаи Паёмбарон ва раҳо кунандаи нафс аз азоб аст, Дар даъват неруҳо ва истеъдодҳо шукуфо мегардад ва корҳои бисёр бузурге анҷом мешавад.    Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿فَلِذَٰلِكَ فَٱدۡعُۖ وَٱسۡتَقِمۡ كَمَآ أُمِرۡتَۖ ١٥﴾ [الشورى: ١٥]
“Пас ба (суи) ин дин даъват кун ва ончунон, ки маъмур шудаи истиқомат намо”.
Сураи Шуро, ояти 15
Ва ин гуфтае, ки "фалони аслан тағйир накарда аст" ба ҳеҷ унвон дуруст нест, зеро агар нафсро ба тоъати Парвардигор машғул насози бегумон туро ба маъсият водор хоҳад намуд ва имон кам ва зиёд мегардад.
Даъват ба василаи забон ба суй роҳи рост, тавъам бо талоши фикри ва ҷисмони ба гунае, ки даъват танҳо ғаму машғулияти инсон бошад, талошҳои шайтон барои гумроҳ кардани ӯро хунсо месозад.
Илова бар ин ҳангоме, ки даъватгар дар майдони даъват кор мекунад, дар нафси ӯ эҳсоси мубориза бо мушкилот ва мухолифон ва аҳли ботил эҷод мегардад, Ва ба ин сабаб тараққи ёфта дар кори хеш устувортар мегардад.
Пас ингуна даъват илова бар савоби бисёр бузурге, ки дар он наҳуфта аст, яке аз сабабҳои субот ва истиқомат ва омили муҳим аст, ки инсонро аз бозгашт ва сайри қаҳқарои боз медорад, зеро касе, ки барандаи ҳуҷум аст ниёзе ба дифоъ надорад, Ва Худованд ҳамроҳи даъватгарон аст, ононро собит ва устувор нигоҳ медорад, Даъват кунанда ба монанди табиб аст, ки бо илму огоҳи ва таҷрибаи худ бо касалҳо мубориза мекунад ва бо таваҷҷуҳ ба илму таҷрибааш худ камтар дар иттифоқи гирифтор шудан бо касалҳо қарор дорад.  

Даҳум: Наздик шудан ба василаҳое ки инсонро устувор нигоҳ медорад
Унсурҳое, ки Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод) дар бораи хусусияти онҳо фармудаанд:
يقول النبي – صلى الله عليه وسلم :«إن من الناس ناساً مفاتيح للخير مغاليق للشر» ابن ماجه 237 وكتاب ابن أبي عاصم 1\127 .
“Аз ҷумлаи мардум касоне ҳастанд, ки боз кунандаи дарвозаҳои хайр, ва пушандаи дарвозаҳои бад ҳастанд”. Ибни Моҷа 237, ва инчунин дар китоби Суннати ибни Аби Ъосим 1\127 зикр шуда аст.
Ҷустуҷуй олимҳо, некукорон ва даъватгарони муъмин ва ҷамъ шудан дар атрофи онҳо сабаби ёри диҳанда бар сабр ва истиқомат аст, Дар таърихи исломӣ фитнаҳое барпо шудааст, ки Аллоҳ таъоло ба василаи мардони муъмин, мусалмононро дар он фитнаҳо устувор нигоҳ дошта аст, Монанди мавриде, ки Али ибни Алмадини (р)  дар бораи он мегуяд: "Аллоҳ таъоло дар Баҳрон иртидоди динро (аз дин руй гардонданро)  ба василаи ҳазрати Сиддиқ (р.з), ва дар фитнаи халқи Қуръон ба василаи имом Аҳмад ибни Ҳанбал (р) ёри намуд" Сияр аъломи нубало 11\196.  
Бубин ибни Қайим (р) дар мавриди нақши устодаш шайхул ислом дар тасбити афродаш чи мегуяд: "Ҳаргоҳ тарс бар мо ғалаба мекард ва аз шикаст метарсидем чораи дигаре намеёфтем, магар инки ба шайх муроҷиъат мекардем ва ба муҷаради мулоқот бо ӯ ва шунидани суханонаш он тарс ва ваҳмҳо аз байн мерафт ва ба тавонои ва яқину итмиънон табдил мегашт.
Пок аст Худое, ки биҳиштро дар дунё ба бандагонаш нишон дод ва дарвозаҳояшро дар сарои амал ба рӯяшон кушод ва ононро аз насими атрогинаш баҳра дод, ки шефтаи он гаштанд ва бо тамоми тавон ва неруй хеш дар талаби он баромаданд ва барои расидан ба он бо ҳам ба мусобиқа пардохтанд". Алвобилу ссайиб  97.
Бино бар ин бародарии исломи яке аз сабабҳои асосии устувори ва пойдори ба шумор меояд, пас бародарони некукор ва афроди баргузида ва мурабиёни исломӣ  дар ин роҳ ёвари ту ва пойгоҳи мустаҳкаме ҳастанд, ки метавони ба онҳо паноҳ бибари ва онон бо илму донише, ки доранд туро собит ва уствор нигоҳ медоранд, Пас ҳамроҳиро бо онҳо ба худ лозим бидон ва аз танҳои бипарҳез, мабодо ки шайтон туро шикор кунад, зеро гург ҳамеша гусфандеро шикор мекунад, ки аз гала (рама) дур афтода бошад.

Ёздаҳум: Мутмаъин будан ба ёрии Аллоҳ таъоло ва ин ки оянда (пирӯзии оянда) аз ислом аст
Ҳангоме, ки пирӯзи дер мешавад хеле бештар ба истиқомат ниёз дорем то мабодо дар лаҳазоти сахт мутазалзил (дигаргун) шавем.
Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿وَكَأَيِّن مِّن نَّبِيّٖ قَٰتَلَ مَعَهُۥ رِبِّيُّونَ كَثِيرٞ فَمَا وَهَنُواْ لِمَآ أَصَابَهُمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ وَمَا ضَعُفُواْ وَمَا ٱسۡتَكَانُواْۗ وَٱللَّهُ يُحِبُّ ٱلصَّٰبِرِينَ ١٤٦ وَمَا كَانَ قَوۡلَهُمۡ إِلَّآ أَن قَالُواْ رَبَّنَا ٱغۡفِرۡ لَنَا ذُنُوبَنَا وَإِسۡرَافَنَا فِيٓ أَمۡرِنَا وَثَبِّتۡ أَقۡدَامَنَا وَٱنصُرۡنَا عَلَى ٱلۡقَوۡمِ ٱلۡكَٰفِرِينَ ١٤٧ فَ‍َٔاتَىٰهُمُ ٱللَّهُ ثَوَابَ ٱلدُّنۡيَا وَحُسۡنَ ثَوَابِ ٱلۡأٓخِرَةِۗ وَٱللَّهُ يُحِبُّ ٱلۡمُحۡسِنِينَ ١٤٨﴾ [ال عمران: ١٤٦،  ١٤٨]
“Ва чи басо Паёмбароне, ки мардони илоҳии фаровон ба ҳамороҳи онҳо ҷанг карданд, онҳо ҳеҷгоҳ дар баробари ончи дар роҳи Худо ба онҳо расид суст нашуданд ва нотавон нагардиданд ва забуни нишон надоданд ва Худованд истиқомат кунандагонро дӯст медорад, Гуфтори онҳо танҳо ин буд, ки Парвардигоро моро бибахш ва аз тундравиҳои мо дар корҳо сарфи назар кун, қадамҳои моро собит бидор ва моро бар гуруҳи кофирон пирӯз бигардон, лизо Худованд подоши ин ҷаҳон ва подоши неки он ҷаҳонро ба онҳо дод”.
Сураи Оли Имрон, оятҳои 46-48
Дар даврони шиканҷа ва азоб ҳангоме, ки Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод) мехост ёрони азоб кашидаи хешро дилгарми диҳад ва бар роҳи ислом собит нигоҳ дорад, ононро башорат медод, ки оянда аз они ислом аст. Дар ҳадиси Хабоб дар саҳиҳи Бухорӣ омада аст:
في حديث خباب – رضي الله عنه -  في صحيح البخاري أن النبي – صلى الله عليه وسلم – يقول :«و ليتمنَّ اللهُ هذا الأمر حتي يسير الراكب من صنعاء إلي حضرموت ما يخاف إلا الله والذئب علي غنمه» فتح الباري 7 \165 .
“Худованд ин динро истиқрор хоҳад бахшид то ин, ки  савора (мусофир) масофаи миёни Санъо то Ҳазрамавтро бидуни ҳеҷгуна тарс аз душмане мепаймояд, магар тарси Худованд ва тарс аз гург барои гусфандон”. Фатҳулбори 7\165.
Пас баёни ҳадисҳое, ки дар онҳо башорат дода шуда, ки оянда аз ислом аст барои тарбияти наврасон бар суботу истиқомат бисёр муҳим аст.

Дувоздаҳум: Шинохти моҳияти ботил
Аллоҳ таъоло барои дилҷуй ва тасбити муминон мефармояд:
﴿لَا يَغُرَّنَّكَ تَقَلُّبُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ فِي ٱلۡبِلَٰدِ ١٩٦﴾ [ال عمران: ١٩٦]
“Омаду рафти кофирҳо дар шаҳрҳо туро нафиребад”.
Сураи Оли Имрон, ояти 196
Дар ояти дигар низ мефармояд:
﴿فَأَمَّا ٱلزَّبَدُ فَيَذۡهَبُ جُفَآءٗۖ ١٧﴾ [الرعد: ١٧]
“Ва аммо кафки болои об берун партофта мешавад ва аз байн меравад”.
Сураи Раъд, ояти 17
Дарсе аст барои оқилон, ки набояд аз ботил битарсанд ва таслими он шаванд.
* Яке аз равишҳои Қуръон расво намудани аҳли ботил ва баён сохтани ҳадафҳо ва нақшаҳои он аст. То мусалмонон бидонанд, ки душман аз куҷо дохил мешавад ва мабодо, ки мусалмонон ғофилгир шаванд. Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿وَكَذَٰلِكَ نُفَصِّلُ ٱلۡأٓيَٰتِ وَلِتَسۡتَبِينَ سَبِيلُ ٱلۡمُجۡرِمِينَ ٥٥﴾ [الانعام: ٥٥]
“Ва инчунин оятҳоро ба равшани баён мекунем то роҳи муҷримҳо ошкор гардад”.
Сураи Анъом, ояти 55
*Ва чи бисёр шунида ва дидаем, ки ҳаракоте аз ҳам пошида ва даъватгарони аз пой дар омада ва истиқомати хешро аз даст додаанд, Зеро бар асари ношинохтани душманон, душманон ононро ғофилгир намуда ва аз ҷое дохили амал шудаанд, ки онон ҳаргиз намепиндоштанд.

Сенздаҳум: Сифатҳои водор кунанда ба истиқоматро ба худ ҷалб кардан
Дар аввали ин сифатҳо сабр қарор дорад, Дар ҳадисе, ки саҳиҳайн онро ривоят кардаанд омада аст, ки:" Ба ҳеҷ кас атои беҳтар ва комилтар аз сабр дода нашуда аст" Бухори китоби закот, боби: Истиъфоф аз суол кардан, Муслим китоби закот, боби: Фазли таъаффуф ва сабр.
Ва душвортарин сабр ҳангоми садамаи аввал ва дар ибтидои мусибат аст, ва ҳаргоҳ инсон ба мусибати ғайри мунтазир гирифтор шавад агар сабр надошта бошад парешон ва музтариб мегардад ва истиқомату суботи хешро аз даст медиҳад.
*Дар ин воқиъа, ки аллома ибни Ҷавзи (р) зикр намудааст тааммул кун, мегӯяд: "Мардеро дидам, ки тақрибан 80 сол дошт ва бар намоз дар ҷамоъат пойбанд буд, Рӯзе наберааш мурд, Ӯ (ки набераашро аз даст дода буд) бе саброна ва бо оҳу фиғон чунин мегуфт: Ҳеҷ кас набояд ба даргоҳи Аллоҳ таъоло дуъо кунад зеро Худованд дуъоҳоро иҷобат намекунад, Ва сипас афзуд: Худо бо мо зидӣ карда аст ва фарзандони моро зинда нигоҳ намедорад. Ас-субот индал-мамот, ибни Ҷавзӣ 34 (албатта Худованд аз ин гуфтор пок ва муназзаҳ аст)
Ҳангоме, ки мусалмонон дар ҷанги (Уҳуд) шикаст хурданд онон ҳаргиз тавақкуъи ин мусибатро надоштанд, Зеро Аллоҳ таъоло ононро ба пирӯзи ваъда дода буд. Аллоҳ таъоло ононро ба василаи хунҳои шаҳидон дарси муҳиме дод.
Чуноне ки Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿أَوَلَمَّآ أَصَٰبَتۡكُم مُّصِيبَةٞ قَدۡ أَصَبۡتُم مِّثۡلَيۡهَا قُلۡتُمۡ أَنَّىٰ هَٰذَاۖ قُلۡ هُوَ مِنۡ عِندِ أَنفُسِكُمۡۗ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ ١٦٥﴾ [ال عمران: ١٦٥]
“Оё ҳангоме, ки (дар майдони ҷанги Уҳуд) мусибате ба шумо расид дар ҳоле, ки ду баробари онро (дар майдони ҷанги Бадр бар душман) ворид сохта будед гуфтед ин мусибат аз куҷост? Бигу аз тарафи худи шумост”.
Сураи Оли Имрон, ояти 165
Магар аз ҷониби онон чи иштибоҳе сурат гирифта буд? Онон суст шуда буданд ва ихтилоф намуда ва пас аз он, ки амволи ғаниматро мушоҳида карданд бо раҳнамудҳои таъкидии Паёмбари Худо мухолафати варзиданд, ва бархе аз онон умеди дунёро доштанд.

Чаҳордаҳум: Тавсияи мардони солиҳ
Ҳангоме, ки Худованд мусалмонеро дар мусибат гирифтор мекунад ва ӯро меозмояд то ба ин васила ӯро аз гуноҳон пок созад, Ҳамнишинии солиҳе, ки ӯро ба сабр ва рости тавсия кунад, яке аз авомили муҳими субот ва истиқомат ба шумор меояд. Марди солиҳе, ки бо ёд оварии Аллоҳ таъоло ва лиқои Ӯ ва биҳишту ҷаҳаннам ва гуфтори муфид муҷиботи сабру истиқомати ӯро фароҳам намояд.
Акнун гушае аз саргузашти имом Аҳмадро гузар мекунем, ки ба меҳнат ва бало даромад ва саранҷом аз он ҳамчун тилои ноб берун омад.
Имомро дар ҳоле, ки ба занҷир баста буданд ба сӯи Маъмун бурданд, Маъмун имомро сахт ваъид (ваъдаи ҷазо) дода буд ва ҳатто яке аз ходимон ба имом гуфт: (Эй АбуАбдуллоҳ ман бисёр нигаронам, зеро Маъмун шаммерашро аз ниём баркашида ва бо қаробате, ки бо Паёмбари Худо дорад савганд хурдааст, ки агар ба махлуқ будани Қуръон иқрор накуни туро бо шамшераш хоҳад кушт. Албидоя ва  ниҳоя, ибни Касир 1\332 .
Дар он лаҳазоти ҳасос мардони зирак фурсатро ғанимат шумурда аз имом дилҷуй намуданд ва ӯро ба сабру истиқомат ташвиқ карданд,
Дар китоби (Сияру аъломи нубало)-и Аллома Заҳабӣ аз АбуҶаъфари Анбори нақл шуда ки мегӯяд: Ҳангоме, ки имомро назди Маъмун мебурданд ба ман хабар расид, ва дар паи онон аз Фурот гузаштам дар корвонсарое ба онҳо расидам, дидам имом Аҳмад нишаста буд, наздаш рафтам ва салом гуфтам, аммо пас аз ҷавоби салом гуфт: Эй Ҷаъфар дар тангно афтодаам.
Гуфтам: Эй мард ту имрӯз дар раъс (аввали гуруҳи касоне ки Қуръонро махлуқ намегуянд) қарор дори ва мардум аз ту пайрави мекунанд ба Худо савганд агар ту махлуқ будани Қуръонро бипазири бисёри мардум низ ба он қоил хоҳанд шуд ва агар ту онро  напазири мардум низ аз пазируфтани он имтиноъ меварзанд, аз ин гузашта агар Маъмун туро накушад марг ҳатми аст ва ҳатми рӯзе хоҳи мурд пас аз Худо битарс ва ақидаи халқи Қуръонро напазир.
Имом Аҳмад (р) мегирист ва мегуфт: Ҳар чи Худованд бихоҳад, сипас гуфт: Эй Абуҷаъфар: Ончи гуфти ду бора бароям боз бигу, ва ман низ суханамро такрор кардам ва ӯ мегуфт: Ҳарчи Худованд бихоҳад.
Имом Аҳмад (р) мефармояд: "Дар торикии шаб аз Раҳба ҳаракат кардем дар роҳ ба марде бархурдем, ки аз мо пурсед: Аҳмад ибни Ҳанбал кист? Мардум ба ман ишора карданд. Ӯ ба сарбон гуфт, ки андаке сабр кун ва хитоб ба ман гуфт: Эй мард! Агар дар онҷо ба хотири ин масъала кушта шави дохили биҳишт хоҳи шуд.
Сипас аз мо Худо ҳофизи намуд ва рафт. Пурсидам он шахс ки буд?  Гуфтанд: Марде аст некукор ва бодия нишин аз қабилаи Рабиъа, ки пашм мефурушад, номаш Ҷобир ибни Омир аст". Сияри аъломи нубало 11 \241.
Дар китоби (Албидоя ва ниҳоя) омада, ки марде бодия нишин ба имом гуфт: Эй мард! Ту намояндаи мардум ҳасти, пас барои онҳо намояндаи шуме мабош. Ту имруз дар раъс қарор дори мабодо ба ончи аз ту мехоҳанд тан дардиҳи, онгоҳ мардум низ пайрави онон хоҳанд шуд ва дар он сурат дар рӯзи қиёмат бори гуноҳи ононро низ ба душ хоҳи кашид ва агар Худоро дӯст дори дар меҳнат ва балое, ки дар он гирифтор омади сабрро пеша кун. Дар миёни ту ва биҳишт мониъе ҷуз кушта шуданат нест.
Имом Аҳмад гуфт: Гуфтори ин шахс азму иродаамро барои имтиноъ аз пазируфтани халқи Қуръон маҳкамтар ва қавитар сохт. Албидоя ва ниҳоя 1\332.
Дар ривояти дигаре омадааст, ки имом Аҳмад фармуд: Аз ҳангоме, ки дар мусибат афтодам гуфтори қавитар аз гуфтори бодия нишине, ки дар Раҳба  ба ман гуфт нашунидаам. Ӯ ба ман гуфт: "Эй Аҳмад! Агар дар роҳи ҳақ кушта шави ба мақоми шаҳодат мераси ва агар зинда бимони бо иззат зиндаги мекуни". Ин гуфтор қалбамро тақвият дод.
Имом Аҳмад дар бораи Муҳаммад ибни Нуҳ навҷавоне, ки дар ин фитна ба ҳамроҳи имом Аҳмад истиқомат карда буд, мегӯяд: Ҷавоне (кам умр ва бо илми андакаш) шикеботар ва устувортар бар дин аз Муҳаммад ибни Нуҳ надидаам, Умедворам хотимааш ба хайр шуда бошад. Ӯ рӯзе ба ман гуфт: Эй Абуабдуллоҳ! Аз Худо битарс, ту ҳамонанди ман нести, ту марде ҳасти, ки мардум ба ту иқтидо мекунанд, мардум ба ту чашм духтаанд, ки чи мекуни пас аз Худо битарс ва бар ин амр истиқомат кун. Он ҷавон даргузашт ва бар ӯ намоз хондам ва дафнаш кардам. Сияри аъломи нубало 11\242.
Ҳатто зиндониёне, ки имом Аҳмад бо дасту пой ба занҷир кашида ононро намоз медод ӯро ба сабр ва истиқомат тавасия мекарданд.
Имом Аҳмад рӯзе дар зиндон гуфт: "Ман ба зиндон парвое надорам, хонаи ман ва зиндон фарқе надоранд, ва аз кушта шудан ба шамшер низ тарсе надорам, аммо аз зарбаҳои шаллоқ тарс дорам, яке аз зиндониён гуфт: Аз он низ тарс надошта бош пас аз ду зарбаи шаллоқ (баданат бе ҳис мешавад) ва намедони, ки зарбаҳои дигар ба куҷо исобат мекунанд. Бо ин гуфтор ғам ва андуҳи имом бартараф шуд. Сияри аъломи нубало 11\240.
Пас бародари азиз дар талаби насиҳат ва тавсия аз некукорон бикуш, Ва ба тавсияи онон бо ҷону дил гуш фаро деҳ, қабл аз сафаре ки иттифоқоте, ки дар он бароят меафтад тарс дори, Ва дар ҳангоми ибтило ва мусибат ва қабл аз мусибати нигаронкунанда аз некукорон талаби насиҳат ва тавсия кун, Ва ҳамчунин ҳангоме, ки ба мансаб ва мақоме баргузида шуди ва ё ба мол ва сарвате даст ёфти тавсияи неконро фаромуш макун, Ва худу дигаронро дар ин роҳ собит ва устувор нигоҳдор ва Худованд ёри ва мададгори муъминон аст.

Понздаҳум: Андешидан ба неъматҳои биҳишт ва азоби ҷаҳаннам ва ёд оварии марг
Биҳишт сарзамини хӯшиҳо ва роҳатҳо, ва раҳои аз ғаму андуҳ, ва манзилгоҳи муъминон аст.
Табиъати нафс ба роҳат талаби ва адами кору талош сиришта шуда аст. Магар дар ҷое, ки ба подоши бузург чашм духта бошад, ки дар ин сурат таҳаммули мушкилот ва машаққатҳо барояш осон мегардад.
Касе, ки подош дар назараш муҷассам бошад, кор барояш осон мегардад, Ӯ дар вақти талош ва заҳмат медонад, ки агар дар ин роҳ истиқомат наварзад биҳиштеро аз даст хоҳад дод, ки паҳноияш ҳамчун паҳноии осмону замин аст,  Нафс ниёз ба чизе дорад, ки ӯро аз замини хокӣ баланд намуда ба олами улвӣ бирасонад.
Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод) барои собиту устувор сохтани асҳобаш биҳиштро ёд овари менамуд, Дар ҳадиси саҳеҳ омада, ки Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод) бар Ёсир ва Аммор ва Сумая (р.з) гузашт ва ононро дар азобу шиканҷа дид, Рӯй ба онон намуд ва фармуд:
قال عليه الصلاة والسلام :«صبراً آل ياسر، صبرا آل ياسر، فإن موعدكم الجنة» (أخرجه الألباني في فقه السيرة ص 103 )
“Эй оли Ёсир! (бар ранҷу азоби дунё) сабр кунед ваъдагоҳи шумо биҳишт аст”. "Фиқҳи сират" Албонӣ 103
Ҳамчунин Паёмбари Худо ба ансор фармуданд:
قال عليه الصلاة والسلام -:«إنكم ستلقون بعدي أثرة، فاصبروا حتى تلقوني على الحوض» متفق عليه.
“Пас аз ман шоҳиди табъизоте хоҳед шуд, дар он сурат сабрро пеша кунед, то ин ки дар ҳавзи Кавсар бо ман мулоқот мекунед”. Муттафақун алайҳӣ.
Ҳамчунин андешидан дар аҳволи ҳар ду гуруҳ (некукорон ва бадкорон) дар қабр, ҳашр, ҳисоб, мизон, сирот, ва дигар манозили қиёмат низ бар сабру истиқомат меафзояд.
Ёди марг низ мусалмонро аз суқут ҳифз мекунад ва ӯро аз таҷовуз бар ҳудуди илоҳӣ боз медорад, Зеро агар ӯ бидонад, ки марг аз тасмаи кафши ӯ бар вай наздиктар аст ва шояд қиёмати ӯ баъд аз лаҳазоте барпо шавад , чигуна нафс метавонад ӯро фиреб диҳад? Ва чигуна ӯ метавонад бар инҳирофи хеш исрор варзад? Бад-ин сабаб аст, ки Паёмбари Худо пайравонашро ингуна тавсия фармуданд:
 قال عليه الصلاة والسلام -: «أكثروا من ذكر هادم اللذات» (ترمذي، 2/50 و إرواء الغليل 3/145) .
“Нобуд кунанди лаззатҳо (маргро) бисёр ба ёд оваред”. (Тирмизӣ 2\50, Ирвоул ғалил 3\145).
Мавқеъҳои истиқомат ва росткори
Мавқеъҳои истиқомату росткори бешуморанд, Ва ниёз ба тафсил доранд, Мо дар инҷо мухтасаран ба баъзе аз он маворид ишора мекунем.

Якум: Асоси дигаргуниҳое, ки дар қалб ба вуҷуд меояд фитнаҳост
Ҳангоме ки қалб ба фитнаҳои гуногун дучор мегардад, фақат онҳое метавонанд дар баробари он истиқомат кунанд, ки қалбҳояшон саршор аз имон аст.  

Фитнаҳои ҳамчун:
•    Фитнаи мол: Аллоҳ таъоло мефармояд:
"Ва касоне аз онҳо ҳастанд, ки бо Худованд паймон бастаанд, ки агар аз фазли хеш ба мо (чизе) бидиҳад ҳатман садақа медиҳем ва аз дурусткорон  хоҳем буд, Онгоҳ вақто, ки Аллоҳ таъоло аз фазли хеш ба онон бахшид, дар он бухл варзиданд ва дури карда рӯй бартофтанд". Тавба 75\76.
•    Фитнаи ҷоҳ: Худованди мутаъол мефармояд:
﴿وَٱصۡبِرۡ نَفۡسَكَ مَعَ ٱلَّذِينَ يَدۡعُونَ رَبَّهُم بِٱلۡغَدَوٰةِ وَٱلۡعَشِيِّ يُرِيدُونَ وَجۡهَهُۥۖ وَلَا تَعۡدُ عَيۡنَاكَ عَنۡهُمۡ تُرِيدُ زِينَةَ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۖ وَلَا تُطِعۡ مَنۡ أَغۡفَلۡنَا قَلۡبَهُۥ عَن ذِكۡرِنَا وَٱتَّبَعَ هَوَىٰهُ وَكَانَ أَمۡرُهُۥ فُرُطٗا ٢٨﴾ [الكهف: ٢٨]  
“Ва ҳамроҳ бо касоне, ки ҳар субҳу шом Парвардигорашонро мехонанд ва хушнудии ӯро меҷӯянд, худро ба сабр водор. Ва набояд чашмони ту барои ёфтани зебу зиннатҳои ин зиндагии дунявӣ аз инҳо як сӯ гардад. Ва аз он, ки дилашро аз зикри худ бехабар сохтаем ва аз паи ҳавои нафси худ меравад ва дар корҳояш исроф меварзад, пайравӣ макун”.
Сураи Каҳф, ояти 28
Ҳазрати Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод) дар бораи зиёни ду фитнаи собиқ мефармоянд: "Зиёни ҳирси мол ва шараф дар дин ба маротиб бештар аз зиёни ду гурги гуруснае аст, ки дар галае раҳо шаванд".
•    Фитнаи ҳамсар: Худованди муттаъол мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِنَّ مِنۡ أَزۡوَٰجِكُمۡ وَأَوۡلَٰدِكُمۡ عَدُوّٗا لَّكُمۡ فَٱحۡذَرُوهُمۡۚ ١٤﴾ [التغابن : ١٤]
“Эй касоне, ки имон овардаед, баъзе аз ҳамсарон ва фарзандонатон душманонатон ҳастанд аз онҳо бар ҳазар бошед”.
Сураи Тағобун, ояти 14
•    Фитнаи фарзандон: Ҳазрати Паёмбари Худофармуданд:
قال عليه الصلاة والسلام: «الولد مجبنة مبخلة محزنة» (أبو يعلى 2 \ 305, وله شاهد آخر في صحيح الجامع 7037)
“Фарзанд сабаби кам дили, бухл ва андуҳ аст”.
Абуяъло 2\305, ин ҳадис шоҳиди дигаре дорад дар Саҳеҳул ҷомеъ 7037.
•    Фитнаи шиканҷа ва туғёну ситам: Ояти зерин ин матлабро ба хуби баён намуда аст:
﴿قُتِلَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡأُخۡدُودِ ٤ ٱلنَّارِ ذَاتِ ٱلۡوَقُودِ ٥ إِذۡ هُمۡ عَلَيۡهَا قُعُودٞ ٦ وَهُمۡ عَلَىٰ مَا يَفۡعَلُونَ بِٱلۡمُؤۡمِنِينَ شُهُودٞ ٧ وَمَا نَقَمُواْ مِنۡهُمۡ إِلَّآ أَن يُؤۡمِنُواْ بِٱللَّهِ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡحَمِيدِ ٨ ٱلَّذِي لَهُۥ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ شَهِيدٌ ٩﴾ [البروج: ٤،  ٩]
“Ки асҳоби ухдуд ба ҳалокат расонида шуданд. Оташе афрӯхта аз ҳезумҳо. Он гоҳ ки бар канори он оташ нишаста буданд. Ва бар он чӣ бар сари мӯъминон меоварданд, шоҳид буданд. Ва ҳеҷ айбе дар онҳо наёфтанд, ҷуз он ки ба Худои пирӯзманди лоиқи ситоиш, имон оварда буданд. Он Худое, ки фармонравоии осмонҳову замин аз они ӯст ва бар ҳар чизе нозир аст”.
Сураи Буруҷ, ояти 4-9
Имом Бухорӣ аз ҳазрати Хабоб (р) ривоят намуда, ки эшон фармуданд: Ҳазрати Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод) дар сояи Каъба ба чодаре такия дода буданд, мо (аз ранҷу азобе, ки ба мо мерасид) ба эшон шикоят намудем, эшон фармуданд: Дар миллатҳои қабли афроди муъминро мегирфтанд ва дар чолаҳое қарор медоданд сипас арраро  бар косаи сарашон мегузоштанд ва ононро ба ду ним тақсим мекарданд ва бо шонаҳои оҳанин гушти баданашонро аз устухон ҷудо мекарданд, Аммо ин амр низ ононро аз динашон боз намедошт. Фатҳул бори 12\315.
•    Фитнаи Даҷол: Ва ин бузургтарин фитнаи ҳаёти
 дунявӣ аст, ҳазрати Паёмбари Худо фармуданд: "Эй мардум ҳеҷ фитнае дар руй замин аз замони пайдоиши Одам то кунун аз фитнаи Даҷол бузургтар набуда аст, Эй бандагони Худо! Эй мардум! Дар он фитна истиқомат кунед, ман Даҷҷолро ба гунаи возеҳу комил бароятон муъаррифи мекунам, ки ҳеҷ Паёмбаре қабл аз ман ӯро ингуна муъаррифи накарда аст.." Ибни Моҷа 2\1359, Саҳиҳиул ҷомиъ 7752.
Ҳазрати Паёмбари Худо дар бораи мароҳили субот ва адами он дар рубару бо фитнаҳо мефармоянд: "Фитнаҳо ҳамонанди торҳои ҳасир (бурё, фарш) яке пас аз дигаре бар қалбҳо зоҳир мегарданд, ҳар қалбе, ки онро бипазирад, нуқтаи сиёҳе, ва ҳар қалбе ки онро напазирад нуқтаи сафеде бар он нақш мебандад, то ин ки бархе қалбҳо ҳамонанди куҳи Сафо сафед мегарданд ва то осмону замин барпост ҳеҷ фитнае ба он зиёне намерасонад ва бархе дигар сиёҳ ва торик мегарданд ва ҳамонанди кузае сарнагун, на маъруфро маъруф медонанд ва на мункарро мункар, магар ончи бо ҳавову ҳаваси ӯ созгор бошад" Муснади имом Аҳмад 5\386, Муслим 1\128.

Дуюм: Истиқомат дар ҷиҳод:
Худованд мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِذَا لَقِيتُمۡ فِئَةٗ فَٱثۡبُتُواْ ٤٥﴾ [الانفال: ٤٥]
“Эй муъминон! Ҳангоме, ки бо гуруҳи (кофирон дар майдони ҷанг) рубару шудед собит қадам бошед”.
Сураи Анфол, ояти 45
Фирор аз ҷабҳа ва майдони ҷанг дар дини мо яке аз гуноҳони кабира маҳсуб мегардад, ҳазрати Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод) ҳангоми кандани (Хандақ) хокҳоро бар пушти хеш мебардошт ва ҳамроҳ бо муъминон ингуна дуъо мефармуданд: "Ҳангоми рубару бо душман моро собит қадам нигаҳдор".

Сеюм: Истиқомат ба роҳи рост:
Худованди муттаъол мефармояд:
﴿مِّنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ رِجَالٞ صَدَقُواْ مَا عَٰهَدُواْ ٱللَّهَ عَلَيۡهِۖ فَمِنۡهُم مَّن قَضَىٰ نَحۡبَهُۥ وَمِنۡهُم مَّن يَنتَظِرُۖ وَمَا بَدَّلُواْ تَبۡدِيلٗا ٢٣﴾ [الاحزاب : ٢٣]
“Дар миёни муъминон мардоне ҳастанд бар аҳде, ки бо Худо бастаанд содиқона истодаанд, баъзе паймони худро ба охир бурданд (ва дар роҳи ӯ шарбати шаҳодат нушиданд) ва баъзеи дигар дар интизоранд ва ҳаргиз тағйир ва табдиле дар аҳду паймони худ надоданд”.
Сураи Аҳзоб, ояти 23
Бар усул ва мабодии хеш бештар аз арвоҳашон арзиш қоиланд, Ва чунон бар он устуворанд, ки ҳаргиз аз он даст нахоҳанд кашид.

Чоҳорум: Истиқомат ҳангоми марг:
Аҳли куфру фоҷирон дар ҳассостарин лаҳазот аз истиқомат маҳрум мемонанд ва ҳангоми марг наметавонанд шаҳодатайнро бар забон биёваранд, ки ин яке аз нишонаҳои хотимаи бад аст.
Ба марде, ки дар ҳоли марг буд гуфтанд бигу "Ло илоҳа иллаллоҳ" аммо ӯ сарашро такон медод ва аз гуфтани "Ло илоҳа иллаллоҳ" имтиноъ меварзид.
Ва дигаре ҳангоми марг мегӯяд: Ин коло бо арзиш ва он дигаре беарзиш аст. Ва шахси дигаре муҳраҳои шатранҷро ном мебурд ва дигаре ҳангоми марг овоз ва тарона (мусиқӣ) мехонд ва дигаре аз маъшуқаш ёд мекард. Ин ҳама ба он хотир аст, ки дар дунё ин корҳо ононро аз ёди Аллоҳ таъоло ғофил карда буданд, Ва гоҳе чеҳраҳои баъзе аз ин афрод ҳангоми марг сиёҳ ва баданашон бадбӯй мегардад ва ҳангоми ҷон додан рӯяшон аз қибла бар мегардад. Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ.
Аммо некукорон ба фазли Худованд ҳангоми марг собит қадам мемонанд ва шаҳодатайнро ба забон меоваранд ва чеҳраҳои баъзешон хуш ва равшан мегардад ва буй хуше аз онон истишмом (бӯй кашида) мешавад, ки ин худ навъе мужда маҳсуб мегардад.
Ва дар охир намунае аз афроде, ки дар ҳангоми марг устувор монданд, меоварем.
Имом Абузуръаи Розӣ яке аз имомҳои ҳадис.
Абуҷаъфар ибни Али котиби Абузуръа мегӯяд: Ман ва Абуҳотим ва ибни Вора, Мунзир ибни Шодон ва дигарон ҳангоми эҳтизори (вақти ҷон додан) Абузуръа дар Моҳшаҳр назди вай будем, Ҳозирон мехостанд ӯро талқин кунанд, (Тақин кардан: Вақти ҷон додани шахс ӯро мегӯянд, ки калимаи шаҳодатро бигӯ, калимаи Ло илоҳа иллаллоҳро бигӯ). Аммо ба хотири рафъати шаъни Абузуръа ба ин кор ҷуръат намекарданд, Саранҷом тасмим гирифтанд то бо ҳам ҳадиси талқинро музокара кунанд ва ба ингуна Абузуръаро талқин кунанд. Ибни Вора суханро оғоз намуд ва гуфт: Ҳадасано Абуъосим, ҳадасано Абдулҳамид ибни Ҷаъфар ан Солеҳ, аммо аз ҳайбати Абузуръа забонаш банд омад ва натавонист, ки ҳадисро бихонад пас аз ӯ Абуҳотим шуруъ намуд ва гуфт: Ҳаддасано Абуъосим, ҳаддасано Абдулҳамид ибни Ҷаъфар ан Солеҳ, ӯ низ натавонист ҳадисро бихонад, дигарон хомуш монданд. Абузуръа, ки дар ҳолати ҷон додан буд чашмҳояшро кушод ва ҳадисро бо санад ингуна баён намуд:
 حدثنا بندار حدثنا أبو عاصم حدثنا عبد الحميد عن صالح، ابن أبي عريب عن كثير بن مرة عن معاذ بن جبل قال: قال رسول الله  - صلى الله عليه وسلم -: «من كان آخر كلامه لا إله إلا الله دخل الجنة» سير أعلام النبلاء 13/8576.
“Ҳар кас, ки охирин суханаш (дар дунё) Ло илоҳа иллаллоҳ бошад, дохили биҳишт мегардад”. Сияри аъломи нубало 13\8576.
Имом Абузуръа (р) чун ин ҳадисро хонд руҳаш ба малаъи аъло пайваст.
Дар бораи инчунин афрод Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ قَالُواْ رَبُّنَا ٱللَّهُ ثُمَّ ٱسۡتَقَٰمُواْ تَتَنَزَّلُ عَلَيۡهِمُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ أَلَّا تَخَافُواْ وَلَا تَحۡزَنُواْ وَأَبۡشِرُواْ بِٱلۡجَنَّةِ ٱلَّتِي كُنتُمۡ تُوعَدُونَ ٣٠﴾ [فصلت: ٣٠]
“Касоне, ки гуфтанд Парвардигори мо Худованди ягона аст, сипас истиқомат карданд, фариштагон бар онҳо нозил мешаванд, ки натарсанд ва ғамгин набошнад, ва мужда бод шуморо ба он биҳиште, ки ба шумо ваъда дода шуда аст”.
Сураи Фуссилат, ояти 30
Парвардигоро моро низ аз ин афрод бигардон, Парвардигоро! Моро бар дини ислом ва роҳи мустақим ҳидоят ва истиқомат насиб бифармо.
Ва охиру даъвоно анил ҳамдулиллоҳи раббил ъоламин ва саллалоҳу ало набийно Муҳаммадин ва ало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин.
Муҳаммад Солеҳи Мунаҷҷид

МУНДАРИҶА
Оғози сухан    1
Муқаддима    4
Сабабҳои устуворӣ ва пойдорӣ    8
Якум: Руй овардан ба Қуръон    8
Дуюм: Пайрави аз шариъати илоҳӣ ва амали нек    13
Сеюм: Хондан ва тааммул намудан дар қиссаҳои Паёмбарон    16
Чаҳорум: Дуъо    20
Панҷум: Ёди Аллоҳ таъоло    22
Шашум: Интихоби роҳи дуруст    23
Ҳафтум: Тарбият    25
Ҳаштум: Итмиънон ба роҳ    28
Нуҳум: Даъват кардан    30
Даҳум: Наздик шудан ба василаҳое ки инсонро устувор нигоҳ медорад    32
Ёздаҳум: Мутмаъин будан ба ёрии Аллоҳ таъоло ва ин ки оянда (пирӯзии оянда) аз ислом аст    35
Дувоздаҳум: Шинохти моҳияти ботил    37
Сенздаҳум: Сифатҳои водор кунанда ба истиқоматро ба худ ҷалб кардан    38
Чаҳордаҳум: Тавсияи мардони солиҳ    41
Понздаҳум: Андешидан ба неъматҳои биҳишт ва азоби ҷаҳаннам ва ёд оварии марг    46
Мавқеъҳои истиқомат ва росткори    49
Якум: Асоси дигаргуниҳое, ки дар қалб ба вуҷуд меояд фитнаҳост    49
Дуюм: Истиқомат дар ҷиҳод:    54
Сеюм: Истиқомат ба роҳи рост:    55
Чоҳорум: Истиқомат ҳангоми марг:    55
МУНДАРИҶА    60